.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Сентябр 2018 - || ФАРАЖ
Чоршанбе, 19 Сентябр 2018 09:53

Ошкор шудани одамкушии соли 1993

Ҷинояти одамкушӣ дер ё зуд ифшо мешавад ва гунаҳкорон албатта ҷазои аъмоли худро мегиранд. Ду ҳолати одамкушӣ, ки соли 1993 бо истифода аз яроқи оташфишон содир шуда буд, бо гузашти 25 сол ифшо шуданд ва гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия Р.М., соли таваллудаш 1957, Қ.М., соли таваллудаш 1965 ва А.Н., соли тавалулдаш 1966, сокинони деҳаи 18-ум Партсъезди ноҳияи Хуросон ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти одамкушӣ дастгир шудаанд.

Номбурдагон моҳи феврали соли 1993 бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамроҳии шаҳрвандон А.З., соли таваллудаш 1958, Ф.М., соли таваллудаш 1965, ки айни замон дар қайди ҳаёт нест ва Д.Б., соли таваллудаш 1966, ки айни замон дар қайди ҳаёт нест, ба хонаи ҳамдеҳаи худ Қ.С., соли таваллудаш 1943 даромада аз он ҷо Н.Д., соли таваллудаш 1943-ро маҷбуран ба автомашинаи тамғаи “Камаз”, ки ба шаҳрванд А.Н. тааллуқ дошт, савор карда, ба наздикии қабристони деҳаи Уялӣ бурда, охиронро бо истифода аз силоҳи оташфишони тамғаи “Калашников” ва “Макаров” ба қатл расонидаанд. Барои дастгир кардани шаҳрванд, А.З. чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Оид ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 (таҳрири соли 1961) Кодекси ҷиноятии ҶТ оғоз карда шудааст.

18-уми сентябри соли 2018 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрвандон Н.И., соли таваллудаш 1964, Ҳ.Э., соли таваллудаш 1968 ва Н.Ш., соли таваллудаш 1965, сокинони деҳаи 18-ум Партсъезди ноҳияи Хуросон бо гумони одамкушӣ дастгир карда шуданд.

Номбурдагон, моҳи феврали соли 1993 бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамроҳии шаҳрвандон А.З., соли таваллудаш 1958, Р.Г., соли таваллудаш 1964, бо маслиҳати пешакӣ ба хонаи шаҳрванд Қ.С., соли таваллудаш 1943, сокини деҳаи 18-ум Партсъезд даромада, аз он ҷо шаҳрванд Н.Т., соли таваллудаш 1942-ро маҷбуран ба автомашинаи тамғаи “Урал”, ки ба шаҳрванд Н.Ш. тааллуқ дошт, савор карда, ба наздикии қабристони деҳаи Уялӣ бурда, ӯро оташ зада, баъдан бо истифодаи силоҳи оташфишони тамғаи “Калашников” ва “Макаров” ба қатл расонидаанд.

Барои муайян ва дастгир намудани шаҳрвандон А.З. ва Р.Г. чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Оид ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 (таҳрири соли 1961) Кодекси ҷиноятии ҶТ оғоз гардидаааст.

Шумо дар Хабари рӯз
Чоршанбе, 19 Сентябр 2018 09:22

Ҳарорат 2 дараҷа паст мешавад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои тобеи марказ боридани боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар аст. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳарорат дар бештари ноҳияҳои кишвар нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 2 дараҷа паст мегардад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона +10+15 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Дар водиҳо шабона 18-23 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ гардида, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11, рӯзона 20+25 ва дар шарқи ин вилоят шабона 2-7 ва рӯзона +8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, дар баъзе ҷойҳо боридани борон дар назар аст. Шабона +8 +13 ва рӯзона +25+30 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шабона +11+13 ва рӯзона +26+28 дараҷа гарм мешавад.

Шумо дар Хабари рӯз

Дар маркази фарҳангии “Бохтар” дар шаҳри Душанбе барномаи озмуни миллии “Ҷоизаи мусиқии Бобо” бо иштироки ташкилкуннандагон ва иштирокчиёни ин озмун баргузор гардид. 

Дар барнома қайд гардид, ки барномаи консертии озмуни миллии “Ҷоизаи мусиқии боб” санаи 29-уми сентябр соати 17:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев сурат мегирад, ки даромадан озод ва чиптаҳо ройгон аст. Хоҳишмандон метавонанд чиптаҳоро аз хазинаи филармония дастрас намоянд.  

Гуфта шуд, ки Маркази фарҳангии “Бохтар” бо дастгирии дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, Сафорати Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар ҶТ, Сафорати Фаронса дар ҶТ, Тселл ва Вазорати фарҳанги ҶТ ин озмуни милииро баргузор менамояд.

Ба озмуни мазкур, ки аз 1-уми май то 15-уми августи соли ҷорӣ дархостҳо қабул гардиданд, 45 нафар дархостҳои худро пешниҳод намуданд, ки аксарияти онҳо сокинони шаҳри Душанбе будаанд. Ба гуфтаи менеҷери лоиҳаи мазкур Дина Миллер ба даври ниҳоӣ танҳо 11 нафар аз ҷониби ҳакамон ба даври ниҳоӣ гузаштанд, ки дар барномаи консертӣ ҳунари худро пешкаши шунавандагон мегардонанд.

Ба гуфтаи ташкилкунандагони озмун мақсади лоиҳа дастгирии навозандагон ва сарояндагони ҷавоне, ки бохабар аз услуби мухталифи мусиқӣ ҳастанд, маҳсуб меёбад.  Ҳамзамон, яке аз мақсадҳои асосии лоиҳа илҳом бахшидан ба навозандагон ва сарояндагони ҷавон нисбати навовариҳои бадеӣ, эҷодиёт ва ҳамзамон ҷалби диққат ба фарҳангии милии Тоҷикистон дар сарорсари дунё ба ҳисоб меравад.    

Шумо дар Хабари рӯз

Имрӯз президент Эмомалӣ Раҳмон сафирони Тоҷикистон дар як қатор кишварҳои Аврупоро аз вазифа озод ва ба ҷойи онҳо кадрҳои дигарро таъйин кард.

Дар фармони президент аз 18-уми сентябр омада, ки сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия Неъматов Маликшо Маҳмадшоевич, ки ҳамзамон дар вазифаи сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Полша ва Ҷумҳурии Чехия кор мекард, аз вазифааш озод карда шавад. Ба вазифаи сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия Ғайратшо Соҳибназар Қаноатшо таъйин шудааст

Бо як фармони дигар Халифазода Масуд сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ таъйин гардид.

Дар акс Миликшо Неъматов

Шумо дар Хабари рӯз
саҳ 10 аз 40

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.