.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Чоршанбе, 22 Август 2018 - || ФАРАЖ

Мутахассиси маъруф Рустам Хоҷаев сармураббии дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъйин шудааст. Дар ин бора Лигаи футболи Тоҷикистон хабар дод.

Рустам Хоҷаев, ки дар соли гузашта беҳтарин мураббӣ эълон шуд, дар мавсими 2017-ум бо дастаи «Хуҷанд» соҳиби медалҳои нуқраи чемпионат ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардида буд.

«Панҷшер» баъди 14 даври чемпионати имсола бо 11 имтиёз дар мақоми 7-ум аст ва ба ин даста тарки Лигаи олӣ таҳдид мекунад.

Рустам Хоҷаеви 45-сола дар вазифаи сармураббии «Панҷшер» 26-уми август аввалин бозиашро ба муқобили дастаи «Хуҷанд» мегузаронад.

Шумо дар Хабари-рӯз

Дар шаҳри Хуҷанд ду духтари ноболиғ, ки дар синфи 9 таҳсил мекунанд, писарбачаеро, ки гуфта мешавад ҳамсинфашон аст, бо задани шаш корд захмӣ кардаанд. 

Муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода дар машварати роҳбарони мактабҳои шаҳри Хуҷанд аз ин ҳодиса бо изҳори нигаронӣ хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, духтарон хонандаҳои синфи 9-уми мактаби №23 шаҳри Хуҷанд мебошанд.

“Ду духтараки ноболиғ, ба як писарбача — хонандаи синфи 9-уми мактаби №23 шаш корд задааанд. Бале, духтар корд задааст”, — гуфт бо таассуф Нуруллозода. Ҳамзамон ӯ мегӯяд, ки чунин ҳодиса дар Хуҷанд бори аввал рух додааст ва  айни замон ҷабрдида дар бемористони шаҳри Хуҷанд ҷарроҳӣ ва бистарӣ шудааст.

“Худоро шукр, ҳоло саломатиаш беҳтар аст ва таҳти назорати табибон қарор дорад”, - афзудааст муовини раиси шаҳр.

Нуруллозода мудирони мактабҳоро вазифадор кардааст, ки ба тарбияву таълими хонандагон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Дар давоми 6 моҳи соли равон дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 558 ҷиноят содир шудааст. 22 ҷиноят аз ҷониби 18 ноболиғ ба қайд гирифта шудааст, ки аксарияти онҳо хонандагони мактабҳои миёнаи Хуҷанд мебошанд.

Шумо дар Слайд

Прокуратураи генералии Ӯзбекистон дар бораи садамае бо иштироки сарвазири ин кишвар хабар медиҳад. Абдулло Орипов, сарвазири Ӯзбекистон дар садама «ҷароҳати сабук бардоштааст», - омадааст дар хабар.

Рӯзи 20-уми август дар километри 92-уми роҳи мошингарди “Қарасӯ-Бука-Бекобод” мошини навъи «Damas» бо мошини «Mercedes-Benz»-и сарвазир бархӯрд намудааст, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳати сабук ва муовинаш Алишер Султонов чанд ҷароҳат бардошта, устухонҳояш шикастааст.

Ба ҷуз ин, масъули дастгоҳи президент У. Қурбонов, ва ронандаи мошин Р. Толипов маҷруҳ шудаанд.

“Ронандаи мошини Damas ва мусофиронаш ҳам маҷруҳ ва дар бемористон бистарӣ шуданд”, - хабар додааст прокуратура.

Шумо дар Хабари-рӯз

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Институти Ҷамъияти Кушода "Бунёди Мадад" дар Тоҷикистон, барои харидории таҷҳизотҳои зерини техникӣ тендер  эълон менамояд.

Номгӯй

Адад

ВидеокамераSonyHXR-NX5E(ё шабеҳ)                

1

Фотокамера Canon 1300D(ё шабеҳ)                                       

1

Дастаи таҷҳизоти равшанидиҳанда (Комплект светительного оборудования)

1

Микрофонҳо  Behringer B-1   (ё шабеҳ)                                 

2

Микрофон-петличка Микрофон Boya BY-WM5  (ё шабеҳ)               

2

Поя (Штатив) Стабилизатор FeiyuTechA1000-SET  (ё шабеҳ)               

1

Поя (Штатив)Штатив Vanguard Alta Pro 2 263AP(ё шабеҳ)               

1

Динамик BEHRINGER B112D  (ё шабеҳ)                           

1

Микшер BEHRINGER X1204USB  (ё шабеҳ)                    

1

Мизи насбкунӣ (Монтажный стол) (ё шабеҳ)               

1

Мӯҳлати пешниҳоди дархост барои ширкат дар музояда то 30 августи соли 2018. Хоҳишмандон метавонанд дархости хешро якҷоя бо ҳуҷҷатҳои расмии тасдиқкунанда(Шаҳодатномаи бақайдгирӣ, РМА ва дигарҳо), ба почтаи электронии sugdnews@gmail.сom ё ба суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ- 16, ошёнаи 8, “Маркази тадқиқоти журналистии Точикистон” фиристанд. Телефонхо барои тамос: 988 -22-13-69, 915-00-99-77.

Шумо дар Хабари-рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 2

Хабари-рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.