.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Душанбе, 20 Август 2018 - || ФАРАЖ
Душанбе, 20 Август 2018 11:05

ТАНТАНА ДАР ВОРУХ

ё худ назаре меҳрангез ба як сафари таърихӣ

Дуруд ба дустони меҳрубон!

Тавре огаҳӣ доред, дар нишасти матбуотӣ  (31.07.2018) раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба "ҷазираи Ворух" даъват карда будем. 

Санаи 7августи соли 2018 дар таърихномаи навин бо ҳарфи заррин сабт мешавад: раиси вилояти Суғд, муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода марзи деҳаи қирғизнишини Тангиро дустона убур карда, бо лафзи "Ал ваъдаю дайн" қадами муборак ба хоки зарнисори Ворух ниҳод. 

Зимни суҳбати муқаддимавӣ ба собиқадорону фаъолони ҷамоат пешниҳоди моро хотиррасон карда, бо табассуми самимӣ гуфт, ки ба куҳистони душворгузари Ворух маҳз барои ҳаллу фасли мушкилоти мардум омадааст. 

Хушбахтона, аз руи гапи худ амал карда, тамоми пешниҳоду муроҷиати мардум ва душвортарин масъалаҳоро фавран, бо камоли нуктасанҷӣ ва ҳатто бештару беҳтар аз чашмдошти умедворон ҳал кард. Яъне, фазои хира равшан гашту аз иборахои рехтаю бехтаи Раис -"суст набошед, аммо густохӣ накунед" ва "як аз шумо - даҳ аз мо!" дили мардуми ваҳдатшиор ва меҳнатқарини Ворух ба ояндаи нек даҳчанд гарм шуду азмашон ба ободонӣ қавӣ гардид...

Замоне ки Раиси вилоят ба Ворух ташриф оварданд, хушхабаре дар ВАО пахн шуд: 

-Сокини нохияи Ашт Турсунбиби Одибоева бо харчи 40 хазор сомони .пули мошингузар бунёд кард!

Зимни сухбати сарирохии Раис бо гурухи бонувон ин икдоми начиб хотиррасон гардид. Андактар чунин акси садо ба гуш расид:

-Як сокини махаллаи Гулистон барои ободии рох 41 хазор сомони бахшид...

Харчанд кушидем, ки будани он саховатманд маълум нашуд. Хочидомулло Мукомиддин Суннатов, ки ин маблаг дар дасти уст, бо лабханд гуфт:

- Ворухихои мо шухратпараст нестанду чунин мегуянд: "Неки куну ба дарё андоз.Агар об надонад-мохи медонад. Агар мохи надонад- Худо медонад"...

Некуи кун, агар туро дастрас аст,

К-ин олам ёдгори бисёр кас аст!

Аз натичаи хуби ин сафари хотирмон сари ман ба осмон расид ва лаҳзаи гусел ба меҳмони арҷманд навтарин шумораи газетаи ҷумҳуриявии "Минбари халқ"-ро ҳадя кардам, ки дар он мақолаи публитсистии банда бо номи "Зиёгустар ё худ назаре ба сад рузи аввали фаъолияти Раиси нави вилояти Суғд" чоп шуда буд. Шеъри Шоҳинро ба забон оварда, гуфтам:

Туҳфаи шоир чӣ бошад? Шеъри нав.

Пеши ҳоким ораду бинҳад гарав.. 

Ҷавобан ба меҳрубониҳои  раиси вилояти  Суғд нисбати ворухиён фарзанди эҷодкори Ворух ваъда медиҳад, ки муҳимтарин лаҳзаҳои ин сафари пурбаракатро мисли марворид дар Меҳрномаи навин гирд меорад, то боби нави қиссаи мустанади "ЗИЁГУСТАР" шавад...

Ҳолиё дар Ворухи зебоманзар бо табъи болида ва хотири осуда хома бар сафҳаи сапед меронам. 

Аз Худованд илтиҷо дорам, ки ба сарварони халқпарвару зиёгустар, зиёиёни ватанпарвар ва мардуми равшангуҳар тани сиҳату умри бардавом ва кушоиши кор диҳад...

Додохони Эгамзод,  журналист

Шумо дар Минтақа

- Агар мехоҳем зиндагии аврупоӣ дошта бошем, бояд пеш аз ҳама тафаккурамонро аврупоӣ кунем,- ин суханонро чанд сол қабл яке аз сиёсатмадорони кишвар гуфта буд. Шояд барои баъзеҳо, ки бӯе аз ҳикмат, рамз ва мантиқ набурдаанд, ин суханони оддӣ бошад. Вале агар онро ба риштаи таҳлил кашем, маънӣ ва мантиқи ин гуфта амиқ ва фарохтар аз оне мепиндорем, ҳувайдо мегардад. 

Эътироф бояд кард, ки бардошту шинохти мо доир ба Аврупо, мардуми Аврупо ва демократияи аврупоӣ ба таҳлилу хулосаи асоснок камтар рабт дорад. Дар баъзе маврид нодида мегирем, ки “чизе барои мағрибӣ қобили қабул аст, барои машриқӣ ба нобудӣ баробар мебошад”. Матлаби зер кӯшиши банда баҳри бозгӯйӣ намудани одамият ва демократияи аврупоӣ аст...

 

Чаро зиндагии ғарбӣ бо тафаккури шарқӣ “орзӯи мушкил” аст?

Барои мардуми Аврупо лозим нест, ки ҷиҳати танзими ҷашну маросим қонуни алоҳида қабул кунад. “Дар замоне, ки ба моҳ бояд рафт”, ғарбиҳо дар фикри он нестанд, ки андозаи риш бояд чӣ қадар бошаду тобутро бояд аз кадом гӯшааш бардошт?

 Аз андешарониҳои ашхосе, ки зиёд ба Аврупо сафар кардаанд, метавон хулоса кард, ки аврупоиҳо вожаҳои дӯстӣ, самимият, садоқат ва амсоли онҳоро моли таърих ва сюжети филмҳои ҳиндӣ намедонанд.

 Ғарбӣ баробари аз мансаб рафтани соҳибмансаби қаблӣ, бо ӯ аз салом намудан ҳазар намекунад. Мардуми Аврупо замони мақомдор буданаш, ба ҳеҷ ваҷҳ атрофи нафаре парвона намешаванду баробари аз мансаб канор рафтанаш, дурӣ намеҷӯянд. Ангуштшуморанд нафароне, ки бо вуҷуди мувофиқи матлаб набудани ақлу идрокашон, аҳли фазлро эрод гиранд ва аз он ки ҳамкорашон нисбат ба онҳо муваффақтару соҳибмуътабар аст, «хобу хӯр барояшон ҳаром намешавад». 

Талаботи қонунро риоя мекунанд ва иддао надоранд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҳадди ваколатҳои хизматиашон мебароянд. Шояд набошад аврупоие, ки агар нафаре аз пайвандони соҳибмансаби “зарурӣ” фавтад, «хун гиря кунад»-у ба ҷанозаи нодоре рафтанро, бо вуҷуди қаробат доштанаш, чандон зарур надонад.

 

Демократияи аврупоӣ. Чаро оби даҳони баъзеҳо барои он мерезад?

Мушоҳида мекунам, ки зиёданд ашхосе, ки аксар вақт дар қиболи дастоварду пешравиҳои кишвари худ «нобино» мешаванду ба зиндагиву усули давлатдории мамлакатҳои ғайр бо ҳавас менигаранд. 

Манзурам «рехтан»-и «оби даҳон»-и баъзеҳо барои демократияи кишварҳои Аврупо мебошад, ки аксари вақт дар баъзе воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ бозгӯйӣ мегардад. 

Ба ҳеҷ ваҷҳ мавҷудияти демократияро дар мамлакатҳои фавқуззикр инкор намуданӣ нестам. Вале ашхоси аз набзи ҷомеа огоҳ, хуб медонанд, ки на дар ҳама ҳолат демократияи Аврупо он демократияе аст, ки роҳбарияти давлатҳои мавриди назар ва ташкилоту созмонҳои «муваззафгардида» тарғиб, талқин ва таҳмил менамоянд. Ин амри табиӣ аст, зеро сиёсат ва бархӯрди тамаддунҳо инро тақозо дорад. Масъулини кишварҳои фавқуззикр дар ҳоле аз нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар мамлакатҳои дигар, хоса ҷумҳуриҳои рӯ ба инкишоф изҳори «нигаронӣ» менамоянд, ки дар ин давлатҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бидуни мавҷудияти ҳолатҳои пешбинишуда, нафарони бегуноҳро қатл мекунанд.

Дар ин росто, кишварҳои Аврупо алайҳи вуруди муҳоҷирон ба мамлакатҳояшон муборизаи «оштинопазир»-ро, ки тибқи он ҳатто бо истифода аз неруҳои низомӣ нобуд намудани киштиҳое, ки дар он муҳоҷирони ғайриқонунӣ қарор доранд, пешбинӣ шудааст, шурӯъ намудаанд. 

Тибқи маълумоти дастрасшуда, дар давоми соли ҷорӣ аз кишварҳои ғайр тариқи роҳи баҳрӣ зиёда аз 100 000 нафар тасмими вуруд ба давлатҳои Аврупоро намудаанд. Нуктаи муҳим ва ҷолиб он аст, ки аз ин миқдор ба шарофати «чораандешӣ» - ҳои сохторҳои марбутаи кишварҳои Аврупо, зиёда аз 2000 нафар зимни убури сарҳад дар баҳр ба ҳалокат расиданд. Онҳоеро, ки бо сад азоб ба кишварҳои Аврупо мерасанд, мисли рамаи гӯсфандон як муҳлати муайян дар боздоштгоҳҳои махсус нигоҳдорӣ намуда, сипас ба макони зисташон «интиқол» медиҳанд. Барои роҳбарияти давлатҳои мавриди назар, ки аз «пиш» гуфтани «пишак»-и баъзеҳо дар мамлакатҳои дигар «нороҳат» гардида, онро нақзи ҳуқуқҳои инсон арзёбӣ менамоянд, ин омил падидаи маъмул буда, касеро ба ташвиш наовардааст. Баръакс, ин давлатҳо дар заминаи баргузории чорабиниҳои гуногун, аз қабили ҳамоиши сохторҳои марбута тадбирандеширо дар ин ҷода вусъат бахшиданианд.

Вақте усули давлатдории кишварҳои абарқудратро, ки аксарашон давлатҳои аврупоӣ маҳсуб меёбанд, амиқтар мавриди пажӯҳиш қарор диҳем, «махсусият»-ҳои зиёд ҳувайдо мегарданд. Ин андешаи инфиродии банда набуда, дар заминаи таҳлилҳои амиқу доманадор аз ҷониби коршиносони сатҳи байналмилалӣ низ ошкор ва бо роҳу василаҳои гуногун ироа гардидаанд. Яке аз «махсусият»-и мавриди назар дар он зоҳир мегардад, ки ҷомеаи Ғарб ҳанӯз сесад сол пеш зарурати бунёди давлати дунявиро таври бояду шояд дарк намудаву то имрӯз ба он устувор аст. Вале дар ҳамин ҳол, давлатҳои Аврупо гӯё ба арзишҳои динии давлатҳои ақибмондае, ки қисми аъзами сокинонашонро мусулмонон ташкил медиҳанд, «арҷгузорӣ» намуда, ба ҳеҷ ваҷҳ «роҳ намедиҳанд», ки онҳо дар ҷодаи эъмори давлати воқеан ҳам дунявӣ собитқадам бошанд, зеро замоне, ки чунин кишварҳо рӯй ба дунявият оварданд, аз муноқишаву низоъҳои динӣ дур мешаванд. Тамоми имконоту захираҳои дар ихтиёрбудаи ин мамлакатҳо, барои амалисозиии ниятҳои нек, ки моҳияти бунёдкориву созандагӣ доранд, равона мегардад. Табиист, чунин ҷараён гирифтани вазъият ба манфиати абарқудратҳо набуду нест. Чунки онҳо мехоҳанд, ки мусалмонон таври ҳамешагӣ машғул ба мушкилоти дохилии хеш, ки он низ ба «шарофат»-и абарқудратҳо рӯи кор омадааст, бошанд. 

Таҷрибаи ҷаҳонӣ далели возеҳи он аст, ки дар сурати зиёд гардидани таъсири созмонҳои динӣ дар дилхоҳ кишвар, рух додани табаддулоти давлатӣ, ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудани мамлакат, нобасомониҳои сиёсӣ, фалаҷ гардидани рукнҳои давлатдорӣ ва дигар омилҳои номатлуб падидаи маъмул хоҳад буд. Ибрози ин андешаҳо аз ҷониби банда асоси воқеӣ дорад ва ҳақиқати бебаҳс аст, ки онро бояд эътироф намоем. 

«Махсусият»-и дигар он аст, ки ин кишварҳо зери «ниқоб»-и арзишҳои демократӣ ҳамон усулҳоеро коркард, омода ва роҳандозӣ мекунанд, ки ба «ҷомаи амал пӯшидан»-и аҳдофашон мусоидат менамоянд. Дар ин сурат пурра имконпазир аст, ки манфиати давлатҳои мавриди чунин «таҷоҳум» қароргирифта, умуман ба инобат гирифта нашавад. Рӯйдодҳои охири ҷаҳони муосир, ки шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳо, дар шакли нав зуҳур намудани гурӯҳҳои ифротгаро ва падидаҳои дигари номатлуб аз ҷузъҳои он мебошанд, далели возеҳи ин гуфта мебошанд. 

Далелу арқоми зиёди тасдиқкунанда мавҷуданд, ки қисмати аъзами падидаҳои номатлуби ҳаёти сиёсии Шарқи Наздик, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Яман, Украина ва дигар нуқоти олам аз «тасмимгирӣ»-ҳои кишварҳои Аврупо маншаъ гирифтаанд. 

Боиси таассуф аст, ки аксари ба ном «коршиносони мустақил» ва сиёсатмадорони мо зимни пешниҳоди шарҳу эзоҳи ин масъала ҳақиқати ҳолро доир ба демократияи Аврупо сарфи назар мекунанд. Мушоҳида намудаам, ки зимни шарҳи масъалаҳои барояшон «зарур» ин «бузургон» ҳатто нафарони марҳумро бо вуҷуди ба кишвари мо умуман рабт надоштанашон, таҳқир намуда, Муаммар Қаззовӣ ва Саддом Ҳусейнро диктатор меноманд.

 Вале имрӯз, бо гузашти вақти на он қадар зиёд, собит гашт, ки нафарони фавқуззикр ҳамон гунае, аз ҷониби «баъзе»-ҳо зикр мешавад, набуда, баръакс қурбонии сиёсат ва манфиатҳои абарқудратҳои ҷаҳон шудаанду ин мамлакатҳо (манзурам Ливия, Миср, Ироқ, Украина, Яман ва ғайра мебошанд) на шумори кишварҳои пешрафтаи демократӣ, балки рӯйхати минтақаҳои даргири оламро зиёд намуданд. 

Қисмати дигари ин «бузургон» дар хориҷи кишвар дар қиболи «чашмбандӣ»-и аврупоиҳо «муҳри хомӯшӣ ба лаб задаанд». Ба назар чунин мерасад, ки ин ашхос намедонанд, ки сохторҳои зиддахл ва ташкилоту созмонҳои аз ҷониби кишварҳои мавриди назар маблағгузоримешуда, зимни ин амали худ «як гул бидиҳему сад баҳорро бибарем»-ро шиори фаъолият қарор додаанд.

 Ё ки медонанду вонамуд мекунанд, ки намедонанд.

Дар маҷмӯъ, «махсусият»-ҳои зикршуда «муште аз хирвор» буда, ҳамватанонамонро мебояд, ки дар қиболи онҳо танҳо аз зовияи ақлу хирад хулосабарорӣ ва ё тафаккурашонро аврупоӣ кунанд...

Далер Мерганов,

 журналист

Шумо дар Ҷомеъа
Душанбе, 20 Август 2018 10:52

Биҳишт мехоҳӣ? Ба Тоҷикистон биё!

Бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Соли 2018, «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид ва феълан дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба таври густурда гузаронида мешавад. Омӯзиши кӯтоҳи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон  нишон дод, ки иқдоми мазкур на танҳо аз тарафи соҳибкорон ва онҳое, ки бевосита дар соҳаи сайёҳӣ фаъолият мекунанд, хеле хуб истиқбол шуд, балки ҳар нафаре мехоҳад, дар рушди сайёҳӣ нақши худро гузорад ва дар пешрафти соҳа нақши арзандае дошта бошад. 

 

Рушди сайёҳӣ дар Суғд

Қаблан эълон шуда буд, ки ба ифтихори Соли Рушди сайёҳӣ давлат ба соҳибкороне, ки ширкатҳои нав мекушоянд ва ё дар бунёду сармоягузории инфрасохтори туристӣ саҳм мегиранд, имтиёзҳои зиёде дода, онҳоро аз андозҳои гуногун озод намудааст. Шояд маҳз ҳамин имтиёзҳои додашуда сабаб шуда бошанд, ки ширкатҳои зиёди сайёҳӣ ташкил шуда, бо пешкаши хизматрасониҳои гуногун, як таккони ҷиддие дар рушди соҳа ба вуҷуд оварданд. Чунин як пешравӣ ва як таккони ҷиддӣ дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бахусус дар вилояти Суғд сахт эҳсос мешавад.  Дар ин вилоят бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон, бо дастгирии бевоситаи раиси вилояти Суғд Аҳмадзода чандин ширкатҳои сайёҳӣ ташкил шуда, тамоми идораҳои давлатӣ дар маҳаллҳо вазифадор карда шудаанд, ки бо тартиб додани нақшачорабиниҳо дар хубу босамар гузаронидани соли рушди сайёҳи саҳм гиранд ва бо пуштибонӣ аз ҳамаи ширкатҳои сайёҳӣ, таваҷҷӯҳи асосиро пеш аз ҳама ба бунёди инфрасохтори нав ҷалб кунанд. Тасмим гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2017, дар соли 2018 ба вилояти Суғд як баробар бештар сайёҳон ҷалб карда шавад.  Бо ин мақсад соли равон дар чор шаҳри вилояти Суғд:  - Исфара, Истаравшан, Хуҷанд ва Панҷакент шӯъбаи кор бо рушди сайёҳӣ ташкил карда шудааст. Вазифаи шӯъбаи мазкур ба роҳ мондани ҳамкории зичи хокимияти маҳаллӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ ва сайёҳон, инчунин ба роҳ мондани нақша чорабиниҳои гуногун барои рушди сайёҳӣ гуфта мешавад.  

 

Хатсайрҳои маъруфи сайёҳии Суғд

Нахуст бояд гуфт, ки бинобар асосан кӯҳсор будани табиати вилоят, дар Суғд ба Туризми кӯҳӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шудааст ва сайҳон асосан маҳз бо мақсади сайри кӯҳҳои осмонбӯс ва дидани ҷойҳои таърихӣ меоянд. Бинобар ин соли равон дар баробари хатсайрҳои кӯҳнаи сайёҳӣ чандин хатсайрҳои нав мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки хеле диққатҷалбкунанда ҳастанд.

 Хатсайри “Шоми Душанбе” (Хуҷанд – Истаравшан – Шаҳристон – Айнӣ – Варзоб -Душанбе – Ҳисор - Хуҷанд); 

Хатсайри  “Искандаркӯл” (Хуҷанд - Истаравшан – Шаҳристон - Айнӣ – Искандаркул -Хуҷанд); 

Хатсайри “ Ҳафткӯли мӯъҷизаофар” (Хуҷанд – Истаравшан – Шаҳристон – Айнӣ -Панҷакент – Саразм - Ҳафткӯл - Хуҷанд) 

Хатсайрҳои мазкур аз маъруфтарин хатсайрҳои наванд, ки бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъсис дода шудаанд ва аллакай мавриди таваҷҷӯҳи ҷиддии сайёҳон қарор гирифтаанд.  

Инчунин хатсайрҳои зиёди дигаре мавҷуданд, ки дар қаторкӯҳҳои Фон ва Рӯди Зарафшон ба нақша гирифта шуда, асосан худудҳои ноҳияҳои Панҷакент ва Айниро фаро гирифтаанд. Хатсайрҳои мазкур бо назардошти мӯҳлати сафари сайёҳон тартиб дода шуда, аз як ҳафта то як моҳро дар бар мегиранд. 

Хатсайри аз ҳама дарозтарин, хатсайри - «Искандаркӯл-Санги Сафед» буда, бевосита аз Искандаркӯл оғоз меёбад ва чунин тартиб дода шудааст: - Искандаркӯл – Саратоғ- дараи пули Малик - Суғурхона- Ағбаи Дугдон (баландиаш 3500м аз сатҳи баҳр) – дараи Арчамайдон (Сари Хаданг) - Пушти кӯл - Қайроқсанг – Ғазза - Ағбаи Ғӯйтан (баландиаш 2900м) – ағбаи Чуқурак (баландиаш 2400м) – ағбаи Кӯли Калон  (баландиаш 3260) – ағбаи Аловиддин (баландиаш 3840м) – Кӯли Аловиддин (баландиаш 2700м) - Кӯли хира ( баландиаш 3540м) - Дараи Санги Сафед (баландиаш 2300м) – пиряхи калонтарини кӯҳҳои Фон “Иммат” (баландиаш 3600м) - Санги сафед).

Хатсайри «Душанбе – Зимтуд» (Душанбе – Аловиддин – Кӯли хира - ба воситаи ағбаи Ловдан (баландиаш 3640м)  ба Кӯли калон- Чуқурак-Зимтуд-Душанбе).

Хатсайри «Шӯрмашк – Рашнаи Поён» (Шӯрмашк-Дуоба-ағбаи Ботхона(3500м) –Аловиддин – Кӯли хира– Аловиддин – ағбаи Ловдан - Кӯли калон –кӯли Чуқурак - Чормағззори Ғазза- Ғӯйтан - ё Зурмич (3700м) - Қайроқсанг- ба воситаи Пушти кӯл - ағбаи Манора (3540м) – Оби сафед - ағбаи Тобасанг (3320м)– Кӯли 7-ум ва 6-уми Ҳафткӯл - Рашнаи поён.

 Хатсайри мазкур дар Рашнаи поён ба итмом мерасад ва вобаста ба хоҳиши сайёҳон онҳоро аз Рашнаи поён то Душанбе, Хуҷанд ва ё Ҷартеппа, сарҳади Ӯзбекистон гусел мекунанд.

Хатсайри Ҷартеппа – пиряхи Чимтарға: - (Ҷартеппа (сарҳади Ӯзбекистон) – Лагери туристӣ- алпинистии Артуч - Кӯли Чуқурак - Кули калон - Кӯли Аловиддин- Кӯли хира - пиряхи Чимтарға (баландиаш 4800 м. аз сатҳи баҳр) - кӯли Алои бузург (Болшой ало) –Амшуд). 

Хатсайри мазкур дар дараи Амшуд ба поён мерасад ва сайёҳон аз ҳаминҷо то Хуҷанд, Душанбе ва ё сарҳади Ӯзбекистон гусел карда мешаванд. 

Баъзе гурӯҳҳое, ки ба мӯҳлати кӯтоҳ аз Самарқанд ба Панҷакент ворид мешаванд ва мҳлати 2-3 рӯзаи сафар доранд, онҳо сафари худро аз Саразм оғоз намуда дар Ҳафткӯл ба итмом мерасонанд. 

Инҳо хатсайрҳоеянд, ки асосан дар қаторкӯҳҳои Фон қарор доранд ва тамоми кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Фон, Анзобу Варзоб, Кӯлҳои Искандаркӯлу, Аловиддин, Кӯли калону Чукурак, Ҳафткул ва даҳҳо мавзеъҳои дигари биҳиштосои моро ба сайёҳон муаррифӣ мекунанд ва сайёҳони аз самти Сармарқанд, Хуҷанд ва Душанбе ояндаро тавассути ин хатсайрҳо ширкатҳои сайёҳӣ роҳнамоӣ мекунанд.

Ҳисоботи омории солҳои охир нишон медиҳад, ки таваҷҷӯҳи сайёҳон ба вилояти Суғд сол ба сол зиёд шуда истодааст. Бинобар ин роҳбарияти вилоят тасмим гирифтааст, ки ба ин соҳа хеле бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намояд ва дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ соҳаи туризмро ба як соҳаи аз ҳама пешрафта дар вилоят табдил диҳад. 

 

Ҷангалбонҳо дигар аз сайёҳон пул намегиранд

Ба назар чунин мерасад, ки дар баробари додани имтиёз ба ширкатҳои сайёҳӣ инчунин баъзе монеаҳое, ки ба рушди соҳа халал ворид мекарданд, бартараф шуда истодаанд. Дар шаҳри Панҷакент, мо вақте бо Раиси хоҷагии чангали ноҳияи Панҷакент сӯҳбат мекардем, нахустин суол ин буд, ки Хоҷагии ҷангал хоҷагиест, ки бо сайёҳӣ хеле алоқамандии зич дорад ва ин хоҷагӣ алъон чи саҳме дар рушди сайёҳӣ гузошта истодааст? 

Нарзулло Лӯъмонов, Раиси хоҷагии чангали ноҳияи Панҷакент иброз дошт, ки воқеан Хоҷагии ҷангал аз муҳимтарин хоҷагиҳоест, ки бо сайёҳӣ ва сайёҳон сахт алоқамандӣ дорад. Зеро сайёҳон ба ҳар куҷое, ки меоянд, маҳз дар заминҳои ҳоҷагии чангал қарор мегиранд ва бо ҷангалбонҳо рӯ ба рӯ мешаванд. 

Барои он ки миёни ҷангалбонҳо ва сайёҳон нофаҳмиҳо сурат нагиранд, бо фаро расидани соли Рушди сайёҳӣ  Қарори Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон  № 545 аз 02.11.2007 «Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда» муваққатан боздошта шуда, гирифтани пул аз сайёҳон манъ карда шуд. Дигар ҳеҷ ҷангалбон ҳақ надорад, ки аз сайёҳон барои маскунат дар ин ё он минтақа пул ситонад. Ҷангалбонҳо танҳо назорат мебаранд, ки сайёҳон дарахтҳоро набуранд ва аз ҷангал самаранок истифода баранд. Мо бо ҷангалбонҳо семинарҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида тарзи дурусти муносибат бо сайёҳонро омӯхтем ва дастур додем, ки дар сурати зарурият кормандони мо ба сайёҳон кӯмакҳои худро расонанд. 

Тибқи гузориши Сармутахассиси хоҷагии ҷангали ноҳияи Панҷакент Адҳам Асров, масъулини Хоҷагии ҷангал ҳатто миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода, ба онҳое, ки имконияти бунёди меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори сайёҳиро доранд, пешниҳод намуда истодаанд, ки дар дараҳои сайёҳӣ  замин гиранд ва барои ҷалби сайёҳон иншоотҳои шахсӣ, аз қабили меҳмонхонаву истироҳатгоҳҳо бунёд намоянд. 

 

Ба ҷои хулоса

Тоҷикистони биҳишосои мо сарзамини дорои кӯҳҳои сарбафалаккашида, табиати сарсабзу дилфиред, обҳои мусаффову табобатӣ буда, дар сурати истифодаи босамар метавонад ба кишвар даромади зиёд орад. Боварии комил дорем, ки иқдомҳои пиёданамудаи давлат ва ҳукумат самараи нек меорад ва кишвари азизи мо дар ояндаиназдик ба як кишвари бузурги сайёҳӣ табдил меёбад. 

Холиқи Муҳаммадназар,

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

Шумо дар Иқтисод
  •  << 
  •  < 
  •  4 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 4 аз 4

Хабари-рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.