.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Душанбе, 13 Август 2018 - || ФАРАЖ

Бар асари рӯйдоди баъд аз зӯҳри рӯзи якшанбе дар поёноби пиряхи Фортамбек  ду нафар аз сарнишини чархбол аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва се нафар кӯнавард - шаҳрвандони Федератсияи Русия ба ҳалокат расидаанд. 12 кӯҳнавард ва яке аз сарнишинони чархбол бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол дода шуданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.

Соати 16: 30 рӯзи 12 - уми августи соли 2018 ҳангоми интиқоли кӯҳнавардоне, ки қуллаи Исмоили Сомониро фатҳ крада буданд, дар поёноби пиряхи Фортамбек дар баландии 4500 метр чархболи Ми-8 изтирорӣ ба замин нишаст. Ҳангоми парвоз дар чархбол 15 нафар кӯҳнавард – 13 шаҳрвандони Федератсияи Русия, 1 шаҳрванди Белорус ва як шаҳрванди Испания, ҳамчунин 3 халабон ҳузур доштанд.

Барои дақиқ муайян кардани ҳолати пешомада аз ҳисоби роҳбарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ВКД, КДАМ, Вазорати мудофиа, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳои марбутаи кишвар Комиссияи давлатӣ созмон дода шудааст. Ҷараёни амалиёт зери назорати шахсии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Тасмим гирифта шуд, ки барои наҷоти одамон ба ҷойи ҳодиса се чархбол бо наҷотдиҳандагон ва кормандони тиб фиристода шавад ва субҳи рӯзи 13-уми август ин се чархбол ба ноҳияи Лахш парвоз карданд. Ситоди фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар фурудгоҳҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Лахш созмон дода шуд.

13–уми августи соли 2018 соати 11:00 бо вақти маҳаллӣ бо кӯҳнавардон иртибот барқарор карда шуд, ҷойи будубоши онҳо ва маҳалли суқути чархбол дақиқ гардид.

Барои интиқоли зарардидагон аз фурудгоҳи Лахш се чархбол бо наҷотдиҳандагон ва кормандони тиб парвоз карданд. Вақте ба ҷойи ҳодиса расиданд, муайян шуд, ки мутаассифона ду нафар аз сарнишинони чархбол аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва се нафар кӯҳнавардон аз ҷумлаи шаҳрвандони Федератсияи Русия бар асари ин фоҷеа ба ҳалокат расидаанд.

Ба кӯҳнавардони боқимонда ва халабони дигар, ки дар ин садама захмҳои гуногун бардоштанд, ёрии тиббӣ расонда мешаванд. Ҳамаи онҳо дар айни замон аз ҷойи офат ба макони амн интиқол дода шудаанд.

Тибқи маълумоти аввалия ва нишондоди халабон сабаби ин фоҷеаи мудҳиш номусоидии боду ҳаво - шамоли сахт буд, ки дидани пеши роҳро ба мушкил рӯ ба рӯ гардондааст.

Дар бораи ҳодиса ва ҷараёни баргузории амалиёти наҷоти кӯҳнавардон Сафоратҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Белорус ва Испания дар Тоҷикистон, ҳамчунин Вазоратҳои ҳолатҳои фавқулоддаи Русия ва Ҷумҳурии Белорус дар ҷараён гузошта шудаанд. 

Гурӯҳи тафтишотӣ барои тафтиши сабабҳо ва ҳолатҳои рӯйдод таъсис ёфтааст.

Шумо дар Слайд

Дастаи мунтахаби бонувони футболбози Тоҷикистон ба шаҳри Палембанг, ки яке аз шаҳрҳои мизбони Бозиҳои Осиё-2018 аст, сафар кард.

Аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё баргузор мегардад.

Бори аввал дар таърихи футболи мамлакат дастаи мунтахаби бонувони футболбози Тоҷикистон дар бозиҳо иштирок мекунад. Футболбозбонувони кишвар дар ҳайати 18 нафар – 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар, 3 ҳамалагар – бо роҳбарии сармураббӣ Қаноат Латипов ба бозиҳо сафарбар гардиданд.

Мусобиқаи футбол миёни бонувон аз 16 то 31 август дар шаҳри Палембанг доир мегардад. 11 даста дар се гурӯҳ барои ҷоизаҳо талош мекунанд. Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои Кореяи Шимолӣ, Ҳонг Конг ва Чин вомехӯрад. Аз гурӯҳҳои “А” ва “В” седастаӣ ва аз гурӯҳи “С” ду даста ба даври чорякфинал роҳ меёбанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби бонувони футболбози Тоҷикистон барои ширкат дар Бозиҳои Осиё-2018:

Дарвозабонҳо: 

Саидова Сайёра (“Динамо”, Душанбе)

Комилова Адолатхон (“Бохтар”, Бохтар)

Шукронаи Азимзода (“Норак”, Норак)

Муҳофизатгарон:

Хоҷаева Шукрона (“Динамо”, Душанбе)

Бобоева Шаҳноза (“Бохтар”, Бохтар)

Мирзоева Нодира (“Регар-ТадАЗ”, Турсунзода)

Файзуллоева Марҷона (“Ласточка”, Душанбе)

Олимова Насиба (“Норак”, Норак)

Саидова Саҳина (“Дӯстӣ”, Дӯстӣ)

Ниммуҳофизатгарон:

Мирзоева Муниса (“Регар-ТадАЗ”, Турсунзода)

Холназарова Сайрамҷон (“Бохтар”, Бохтар)

Сотникова Наталия (“Ласточка”, Душанбе)

Шукронаи Ҷумъахон (“Ласточка”, Душанбе)

Сафарова Мавҷуда (“Бохтар”, Бохтар)

Ҳалимова Лайло (“Бохтар”, Бохтар)

Ҳуҷумкунандаҳо:

Фозилова Мадина (“Ласточка”, Душанбе)

Сафарова Зулайхо (“Регар-ТадАЗ”, Турсунзода)

Худодова Некубахт (“Динамо”, Душанбе)

Бозиҳои гурӯҳии мусобиқаи футболи бонувон дар гурӯҳи “В”:

17 август. Соати 16:30 (вақти Душанбе)

Кореяи Шимолӣ – ТОҶИКИСТОН

20 август. Соати 16:30 (вақти Душанбе)

ТОҶИКИСТОН - Чин

22 август. Соати 16:30 (вақти Душанбе)

Ҳонг Конг - ТОҶИКИСТОН

Шумо дар Хабари рӯз

Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон волидони хонандагони мактабҳои ноҳияи мазкур барои таъмири мактаб беш аз 282 ҳазор сомонӣ супоридаанд. Дар ин бора Раёсати маорифи ноҳияи Вахш иттилоъ медиҳад. 

Як модари сокини ноҳияи Вахш мегӯяд, ки  се фарзанди мактабхон дораду шароиташ вазнин аст, вале барои таъмири мактаб 45 сомонӣ талаб кардаанд. “Аз тарфи мактабе, ки фарзандонам таҳсил мекунанд, дар охири соли хониш маҷбур карданд, 45 сомонӣ барои таъмири мактаб супорам. Музди меҳнамтам дар як рӯз 30 сомонӣ аст. Ин дар ҳолест, ки ман 45 сомониро ду рӯз аз субҳ то шом дар хонаҳои мардум кор карда, ба даст меорам, аммо ин пулро гирифтанд. Ҳоло бошад барои либосҳои мактабӣ ба ҳар се фарзандам 150 то 170 сомонӣ маблағ пардохт кардам, гарчанде ин либосҳоро онҳо намехоҳанд ба бар кунанд, зеро либосҳо матоъаш пастсифат ва духташ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Аммо чӣ илоҷ? Қарз карда барои сару либоси ягонаи онҳо ин маблағро додам”, мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Барои фаҳмидани он ки оё аз тарфи волидон барои пастсифатии либосҳои мактабӣ ва ҷамоварии маблағ барои таъмир ба масъулони шуъбаи маориф ягон шикоят шудааст? Ба назди мудри шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш Маҳмадсайидзода Шаҳноза рафтем. Ин мудир меҳмон дошту моро ба як нафар корманд вобаста кард, ки ҳамон ба шумо маълумотҳои даркориро медиҳад, аммо ин намоянда низ гуфт, ки суҳбат карда наметавонад ва аз суҳбат худро канор гирифт. Билохира, барои суҳбат директори Маркази рушди шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш Шамсулло Самадовро пайёдо кардем, ки ӯ ба мо чунин маълумотро ироа намуд:  “Барои таъмири мактабҳо аз ҳисоби волилон 282 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби омӯзгорон 2700 сомонӣ ва аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ 1136 сомонӣ ҷамоварӣ карда шудааст”.

Ба иттилоъи масъулони Раёсати маорифи ноҳияи Вахш имсол аз ҳисоби ҳукумти ноҳияи Вахш барои таъмири муассисаҳои таълимии 167 ҳазору 77 сомонӣ пешбинӣ шудаст, ки дар 7 моҳи соли равон 91 ҳазору 38 сомонӣ пардохт гардидааст. Бо суоле, ки чаро аз омӯзгорон низ барои таъмири мактабҳо маблағ ҷамоварӣ карда шудааст? Шамсуло Самадов чунин посух дод: “Онҳо ҳамон омӯзгороне ҳастанд, ки шароити зиндагиашон хело хуб аст, барои ҳамин маблағ супоридаанд”.

Тибқи нақша имсол бояд 23 ҳазору 989 хонандаи муассиаҳои таълимии ноҳия ба либоси ягонаи мактабӣ таъмин карда шавад, аммо то имрӯз 1600 нафар хонанда бо либоси мактабӣ таъминанду халос. Ба мисли ин волидон садҳо нафар аз сифати пасти либосҳои мактабӣ ва ҷамоварии маблағ барои таъмир изҳори ташвиш карда мегӯянд: “Хуб мешуд, пули таъмир аз оилаҳои камбизоат гирифта нашавад ва нархи либоси мактабӣ арзон карда шавад, зеро бо 170 сомонӣ метавонӣ аз бозор барои фарзандат либоси хуби мактабӣ харидорӣ кунӣ”. 

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Аҳмадҷон Раҳимзода

Шумо дар Слайд

Дар чанд рӯзи охир дар ҳудуди кишвар чанд садамаи нохуши нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки фоҷиабортарини он дар Кӯлоб рух додааст. Дар ин садама ду кӯдак ва ду мард ба ҳалокат расидаанд.

11-уми августи соли 2018, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Фирдавсҷони Худойқул, соли таваллудаш 1991, сокини деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Сангпар ба самти маҳаллаи Ҳ.Аҳмар, дар рӯ ба рӯи оромгоҳи маҳаллаи Гулбоғи ҷамоати деҳоти Зиракӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Абдураҳмонов Ҳабибулло Соҳибназарович, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Муъминобод, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Абдураҳмонов Ҳ.С. ва мусофиронаш Эмомов Муҳаммадҷон Ҷумъахонович, соли таваллудаш 2011, Эмомов Мустафо Ҷумъахонович, соли таваллудаш 2014, сокинони шаҳри Кӯлоб ва Одинаев Абдурозиқ Мусоевич, соли таваллудаш 1961, сокини ноҳияи Муъминобод, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Инчунин, дигар мусофирони автомашинаи мазкур: Қаюмов Абдухолиқ Абдулазизович, соли таваллудаш 1967, сокини н.Муъминобод ва Раҳмонова Муборак Сафаровна, соли таваллудаш 1984, сокини кӯчаи Чармгарони поён, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Фирдавсҷони Х. ва мусофираш Ҳайдаров Ором Баҳромович, соли таваллудаш 1988, сокини деҳаи Сангпар, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи вилоятии ш.Кӯлоб бистарӣ гардидаанд. Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

1-уми августи соли 2018, тахминан соати 00:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Раҳимов Зафар Юнусович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Ғафуров-Конибодом дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагард, Ҳамроев Раҳимҷон Мазбутович, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагард, Ҳамроев Р. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳияи Б.Ғафуров ба ҳалокат расидааст.

12-уми августи соли 2018, тахминан соати 06:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дулон”, Муродов Сафаралӣ Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти ш.Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба кӯҳпора бархӯрдааст.

Дар натиҷа худи ронанда Муродов С.Қ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

11-уми августи соли 2018, тахминан соати 20:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Ашрафбеков Алишер Отамбекович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Хоруғ, ҳангоми ҳаракат аз самти бозори марказии ш.Хоруғ ба самти маҳаллаи ГЭС, дар роҳи автомобилгарди назди Донишгоҳи ш.Хоруғ, қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Зинатшоева Сангинҷон, соли таваллудаш 1939, нафақахӯрро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Шумо дар Хабари рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 2

Хабари рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.