.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4 2018)

Янв 29, 2018
Хонданд: 8461
Гуфтед? Мегӯянд! (№4 2018)

Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо

- Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба қонуни танзим ворид шуд, мардум аз асли дин беҳтару бештар огоҳӣ ёфт. Акнун ҳама маросимҳои сӯгу сур, ҳама ойинҳову анъанаҳо тибқи муқаррароти аслашон баргузор мешаванд ва инро як гардиши куллие дар мафкураи динии мардум бояд донист.

Cуол: Мо ҳам шукр мегӯем, ки қонуни танзим қабул шуд, аммо ҳайронем, ки чаро Шумо то қабули ин қонун «ретсепт»-и маъракаҳоро мисли имрӯз, ки қонун муайян кардааст, намегуфтед? Ва ё нав ба фикри Шумо ҳам зад, ки исрофкор бародари шайтон аст?

 

Доналд ТРАМП, президенти Амрико

- Ин чӣ низомест? Онҳо ба воситаи пирӯзӣ дар бахтозмоӣ ба кишвари мо меоянд. Кишварҳо бароямон шаҳрвандони пасттаринашонро медиҳанд, онҳоро мисли “партов” мепартоянд.

Нешханд: Омадани мардум ба Амрико ҷои Шуморо танг карда истодааст, ҷаноби Трапм? Дар Амрико амрикоиро ёфтан мушкил, бахилӣ накарда, шукр кунед, ки ҳамон “партов”-ҳо Амрикоро обод карда истодаанд.

 

ЗАМИРА, маслиҳатҷӯ

- ... Аммо аз набудани ӯ истифода бурда, волидони ман ба сари ишқи мо об рехтанд.

Маслиҳат: Ба ишқи шумо оби қайтарма рехтанд ва бояд шумо назди мушкилкушое рафта, мушкили коратонро кушоед, вагарна кор аз кор мегузарад.

 

Абдуқодир АБДУҚАҲҲОР, директори Китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ

- Оқибат барф борид, хостам бо ояте ё ҳадисе ин неъматро ситоиш кунам, вале на дар Қуръон ва на дар Ҳадис вожаи барф нест.

Шубҳа: Ааа, мо нав сабаби барф набориданро фаҳмидем. Наход мулло Абдуқодир як оят ё ҳадисе наёфта бошанд дар бораи барфу борон!? Кобед устод, мардум ба умеди Шумо!

 

Аслиддин ДОСТИЕВ, рӯзноманигор

- Ба назар чунин мерасад, ки ҳамаи шабакаҳои ТТ гӯё 1 диски сужавӣ омода карда, онро бо навбат ба манзари тамошо мемонанд.

Пешниҳод: Оғои Аслиддин! Чуқуртар кобед, шояд ҳамон диски мегуфтаатонро телевизионҳои мо аз интернет «скачат» карда бошанд.

 

Мулло ҲАЙДАР, имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Кӯлоб

- Шарт аст, ки дар паҳлуи ҳар хона як масҷид бошад?

Луқма: Рақобати носолим домулло! Ҳамагӣ масҷиди ҷомеъ раванд гуфтанӣ будед?

 

Таҳияи Ҳафизуллоҳи ТОҲИРӢ

Хонданд 8461

Гуфтед? Мегӯянд! (№3 2018)

Янв 20, 2018
Хонданд: 7784

Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:
- Ман қарорамро бекор накардаам.
Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег Сабур! Агар шумо қарорҳоятонро бекор кунед, ҳама дар Тоҷикистон террорист мешаванд. То охирин нафас зиди NGN мубориза баред!

Фирӯза САТТОРӢ, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Оила”:
- Оё беҳтар нест, ки ба ҷойи ин қадар маблағи калон сарф кардану 4-5 соли умри худро беҳуда гузаронидан, ҷавонони мо касбу ҳунар омӯхта, харрот, дуредгар, кафшергар, ошпаз, ронандаи автобус, метро, поезд ё мошинҳои боркаш шаванд.
Тассало: Хонум Фирӯза! Инҷо гап сари имиҷи ҳамсоягии деҳа меравад, имиҷ, мефаҳмед? Агар тавсияҳои додаи Шуморо қабул кунанд, "занакои лаби об" бо таъна мегӯянд, ки писар ё духтарашон дар “университет” неву дар коллеҷ мехонад.

Чилахон ХОЛОВ, ҳунарманд:
- Дар назар дорам бо фонограмма овозхонӣ кардани аксар сарояндаҳоро, ки аз фиреби мардум беш нест.
Суол: Раҳмат ба ҳамон ихтироъгари фонограмма! Фақат росташро гӯед, агар фонограмма набошад, худатон ба садои сарояндаҳои имрӯз тоқат мекунед?

Комил ЁДГОРӢ, рассом:
- Медонед, мардуми мо то ҳол маърифати асари рассомиро харида дар хонааш овехтан надорад. Агар ман ҳоло асарҳоямро ба бозори «Панҷшанбе» барам, 5 сомонӣ ҳам намехаранд.
Маслиҳат: Ҳозир аз ҳама роҳи зӯр барои фурӯхтану фоида ба даст овардан маҷбурӣ обуна кардан аст. Шумо ҳам мардумро обуна кунед ва фарҳанги расмнигоҳдориро дар хонаҳо омӯзонед, ҳамчуноне, ки мардуми мо фарҳанги газетхониро бо ин роҳ аз худ карданд.

Баҳром ҒАФУРӢ, сароянда:
- Бе “Оила” аз дар дароям, занам маро ба хона роҳ намедиҳад.
Шакарханд: Ҳаҳаҳа, аз хандая куштед, акои Баҳром! Маълум мешавад, ки дар як ҳафта як маротиба ба хонаатон меравед, ин ҳам бошад, танҳо рӯзҳои чоршанбе. Зиқ нашавед, мо пешниҳод мекунем, ки ҳафтаномаи “Оила”-ро ба рӯзнома табдил диҳанд.

Нодир ВАЗИРОВ, омӯзгори собиқадор:
- Ман, ки муаллими фанни забони русӣ будам, мушоҳида намудам, муаллимони ҷавони ин фан худашон дуруст бо забони русӣ гап зада наметавонанд...
Гӯшзад: Устод, ҷои нигаронӣ нест, аз ҳамон муаллимони забони русии русе, ки маоши хуб мегиранд, мегӯем як-ду нафарашонро ба мактаби шумо фиристанд.

Таҳияи Ҳафизуллоҳи ТОҲИРӢ

Хонданд 7784

Гуфтед? Мегӯянд! (№2 2018)

Янв 17, 2018
Хонданд: 7787

Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:
- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар бораи нуқсҳои иҷтимоӣ ё камбудии зиндагии мардум суҳбат карда бошад. Магар зиндагии мо дар он замон камбудӣ надошт?

Эътироз: Дошт Устод! Фадеев гуфту аз тарси ҷазо худро овехт, Пӯлод Толис бо дод аз бедод рафт, Ҷумъа Одина бо марги тадриҷӣ кушта шуд, Иззатулло Ҳусайнӣ рӯи мизи корӣ ҷон дод. Имрӯз бошад, аз ин ҳодисаҳо сабақ гирифта, намегӯянду зиёфат мехӯранд. Агар камбудиеро бинанд, дар ба дари суд зарари маънавӣ талаб мекунанд…

Олим БОБОЕВ, доктори илмҳои иқтисодӣ:
- Коррупсия миёни соҳибкоронро мешиканад.

Суол: Аввал аз соҳибкорон бояд пурсид, ки миёни киро шикаста, соҳибкор шуданд?

Ҳасани ЧИЛЛА, ширинкор:
- Саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва намоишҳои зиёди театрӣ дорем, вале ягон телевизион барои сабт ба дарамон намеояд.

Маслиҳат: Кормандони телевизион намеоянд, онҳоро меоранд! Шикамашонро сер кардан лозим, ҳаққи қалам додан лозим, хандондан лозим! То ин ҳикмати корро нафаҳмед, ҳаргиз намеоянд!

Павел ГЛОБА, фолбин:
- Путин курсии президентиро аз даст медиҳад.

Шубҳа: Ҳамин мабодо Трамп ё Навалний барои ин фол гонорар надода бошанд? Бояд решаи ин фоли Шуморо ФСБ кобад!

Шервони УМРИДДИН, рӯзноманигор:
- Яъне, кулли корҷӯёне, ки дар пайи ҷустуҷӯйи кор дар вазоратҳо, кумитаҳо, ширкатҳо, донишгоҳҳо ва муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ мешаванд, тақдир ба рӯйи на ҳамаи онҳо механдад.

Тавсия: О, бародари азиз, «тақдирро тақдирҷунбон мебояд!». Наход ҳамин пандро намедонед, чаро кор мекобед?

Хадамоти алоқа:
- NGN алоқаи пастсифат аст.

Пурсиш: Шояд мушкил дар он аст, ки дар Тоҷикистон ба дасти кадрҳои пастсифат афтидааст?

Таҳияи Ҳафизуллоҳи ТОҲИРӢ

Хонданд 7787

Гуфтед? Мегӯянд! (№1 2018)

Янв 09, 2018
Хонданд: 7652

Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа

Хонандаи беҳтарин
- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал 1 соати холӣ пайдо намуда, нашрияҳои давриро варақ занам, бубинам, ки имрӯз журналистон дар бораи чӣ менависанд, хоса, дар бораи Қӯрғонтеппа чӣ навиштаанд, ба вежа, дар бораи камбудиҳои шаҳри мо.

- Раисбобо, офарин! Дар Тоҷикистон ягон нашрияи ҳаррӯзаи мустақил нест! Маълум мешавад, ки ҳарчӣ дар «Минбари халқ»-у «Садои мардум»-у «Ҷумҳурият» нашр мешавад, мехонед. О, Шумо вақтро беҳуда сарф накарда, гӯшии радиё ё телевизорро тобед, ҳама хурӯсҳо дар расонаҳои давлатӣ як хел ҷеғ мезананд.

 

Ҷонибек МУРОДОВ, овозхони шинохта

Асрори беҳтарин
- Хело хурсандам, ки метавонам дар Украина барномаи консертии нави худро пешниҳод кунам, ки бо гуруҳи ҳунармандони украинӣ омода шуда буд.

- Ана барои чӣ ба Русия ворид шудани Шуморо манъ карда будаанд! Хайр, бандеровчиҳо ва босмачиён як душман доштанд. Натарсида, ин далели таърихиро истифода баред!

 

Бахтиёр ҚУТБИДДИНОВ, устоди ДМТ

Бахилии беҳтарин
- Ӯро дар дили худ “Табибу ҳозиқи дилҳо” меномам.

- Раҳмат устод, ҳам аз номи мо ва ҳам аз номи табиби ҳозиқи дилҳо. Аммо чунин табибонро аз «дилҳо» баровардаву ба мардуми бештар муаррифӣ кунед. Фақат худатон аз хидмати ин гуна табибон истифода набаред!

 

Аҳмади ИБРОҲИМ, сармуҳаррири “Пайк”

Фатвои беҳтарин
- Соли Навро пешвоз гиред, убол нест.

- Ана акнун беташвиш шудем устод, агар ҳамаи муллоҳоро аз фаъолият боздоранд ҳам, медонем, ки барои фатво гирифтан, фақат то идораи «Пайк» рафтан лозим.

 

Фирӯза ҲАФИЗОВА, сароянда

Кунҷковии беҳтарин

- Таъриф нашавад, чунон консерти олиҷанобе додем, ки мардуми араб қоил шуданд!

- Фақат росташро гӯед, ки дар барнома рақси арабӣ буд ё не?

 

Муллораҷаб ЮСУФӢ, рӯзноманигор

Тасаллои беҳтарин
- Тоҷирон мегӯянд, давоми як ҳафта аст, ки дигар гӯшти мурғ дарёфт карда наметавонанд ва захираи маҳсулоташон чанд рӯзи дигар мерасаду бас.

- Парво накунед, Муллораҷаб, соли мурғ ҳам инак паси сар шуд. Аммо, дар соли саг Шумову тоҷирон чӣ кор мекунед, ҳайронам…


Таҳияи Ҳафизуллоҳи ТОҲИРӢ 

Хонданд 7652
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.