.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҷомеъа

Шумо дар Ҷомеъа

Муҳоҷират - сабаби пайвастани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ?

Март 10, 2018 Хонданд: 297
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

“Қисми зиёди ҳамлагарон асосан баромади дунявӣ доранд ва дақиқан ба радикализм дар давлате рӯ ба рӯ мешаванд, ки зиндагӣ доранд, на дар Ватани худ”,- зикр кардааст дар як суҳбаташ Ян Матусевич, муфаттиши Маркази байналмилалии коркарди сиёсати мигратсионӣ бо қароргоҳаш дар Вена. Вале ӯ гуфтааст, омили асосии муттаҳид кардани террористоне, ки дар Осиёи Марказӣ таваллуд шуда ва дар инфиҷорҳои Истамбул, Стокголм, Санкт - Петербург ва Ню - Йорк гунаҳкор дониста мешаванд, муҳоҷират ба шумор меравад.

Ян Матусевич ин хулосаро вобаста ба таркишҳои солҳои охир, ки дар якчанд давлатҳо ба амал омадааст ва гунаҳкорони он аксаран шаҳрвандони Осиёи Марказӣ эълон карда мешуданд, баровардааст. Дар таркиши соли 2016 дар метрои шаҳри Санкт - Петербурги Русия, ки ҷони 16 нафарро бурд, шаҳрванди 22-солаи Қирғизистон Акбарҷон Ҷалилов гунаҳкор дониста шуд. Гуфта мешавад, ки Ҷалилов дар 17-солагиаш бо аҳли оилааш ба Русия кӯчидааст.
Саволе ба миён меояд, ки омилҳои пайвастани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ, махсусан “Давлати исломӣ” маҳз муҳоҷират аст?
Хабарнигори тоҷик Муъмин Аҳмадӣ бар он назар аст, ки муҳоҷират сабаби пайвастани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ буда наметавонад, чун даҳҳо ҳазор ҷавонони мо солҳо боз дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанду намешавад гуфт, ки ҳамаи онҳо ба гуруҳҳои ифротӣ пайвастанд. “Аз миёни ҳазорон ҷавон шояд як нафар дар муҳоҷират ба гуруҳи ифротӣ пайвандад, вале ин далел нест, ки маҳз муҳоҷират ӯро ифротӣ кард. Ҷавонони мо, ба хотири беҳбуди вазъи зиндагиашон ба муҳоҷират мераванд ва ҳангоми аз кишвар хориҷ шудан бовар надорам, ки дар сар ҳадафи пайвастан ба кадом гуруҳи тундравро дошта бошанд. Ҳадаф дарёфти як луқма нон аст. Агар чунин ҳадаф дошта бошанд, шарт нест, ки ба муҳоҷират бираванд. Чун дар шароите, ки гуруҳҳои ифротӣ фаъолияти густарада дар шабакаҳои иҷтимоӣ доранд, як ҷавон метавонад дар ҳама ҷои дунё, хоҳ дар ватан ва хоҳ берун аз он ба ин гуна гуруҳҳо бипайвандад”.
Ӯ мегӯяд, решаҳои пайвастан ба гуруҳҳои ифротиро дар дигар ҷо бояд ҷуст. Вақте ҷавон аз ҳаёти ин дунёӣ бинобар мушкилоти зиёд ноумед мешавад ва дар ҷустуҷӯи раҳоӣ аз мушкилот имкони ба дасти гуруҳҳои ифротӣ афтоданаш аз эҳтимол дур нест. ”Дар муҳоҷират ҳам вақте корашро аз даст медиҳад, шароити кораш хуб нест, таҳқир мешунавад ва вақте аз ҳама чиз дилмонда ҳаст, ҳеҷ интихоби дигаре надорад, дар ҳамин шароит агар гуруҳи тундраве ӯро пайдо кунад, эҳтимол ба осонӣ ба онҳо бипайвандад. Чун тамоми гуруҳҳои ифротӣ ба ҳаёти ин дунёӣ нафрат доранд, ба ҷомеаҳои муассир бо нафрат менигаранд ва вақте ҷавон аз ҷомеа чизе надидааст, зуд бо онҳо ҳамфикр мешавад. Албатта, ин ҳама дар либоси дин анҷом мегирад, ки ба ӯ ваъдаи ҳаёти хуб, ҳадди ақал баъди маргаш дар биҳиштро ваъда медиҳанд”,- афзуд ӯ.
Дар ҳамин ҳол Маҳмадалӣ Рӯзиев, ки солҳои зиёд дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, мегӯяд, аввалин сабаби ба гуруҳҳои ифротӣ пайваст шудани ҷавонон бехабар будан аз рисолати дин ва мазҳаб аст: “Сабаби дигар аз ноумедии ҷавонон, чунки бо ҷавонон ягон кас на ташкилот, на муассиса дар шаҳрҳои Русия кор намебарад. Муҳоҷир ҳамчун манбаи даромад истифода бурда мешавад, аз вокзали Душанбе ва даромадгоҳи фурудгоҳи Душанбе то худи Русия. Ширкатҳои туркиро медонам, ки мардумро оварда ба ҷои кор таъмин мекунанд, аз ҳуқуқҳояшон муҳофизат мекунанд ва Худое накунад, ки агар фоҷиае ба амал ояд, онҳоро давлат бепул ба Ватан мерасонад. Сабаби дигари ин масъала нокомиҳо дар зиндагӣ, дучор гаштани ноадолатӣ дар баъзе ниҳодҳои қудратӣ дар кишвар аст, ки ҷавон ҳамчун Робин Гуди афсонавӣ ба қасосгирӣ даст мезанад”.
Коршиноси масоили динӣ Фаридун Ҳодизода мегӯяд, албатта, бархе аз ҷавонон дар Русия ба чунин гуруҳҳо пайвастанд, вале заминаи асосиаш дар Тоҷикистон аст, бояд кори идеологиро хуб ба роҳ монд, бо мактаббачаҳо кор кардан лозим аст. “Ҷавонон бояд доим бо ягон кор машғул бошанд. Пештар озмунҳои шеъри Бедилу Саъдӣ гузаронида мешуданд, ҳоло чунин озмунҳо кам ба назар мерасанд. Барои ҳамин бояд бештар дар кишвар кори идеологиро бо ҷавонон хуб ба роҳ монд”,- зикр кард ӯ.

Рухшона ҲАКИМОВА

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Тағйироти охир Шанбе, 10 Март 2018 10:57
Хонданд 297
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.