.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҷомеъа

Шумо дар Ҷомеъа

Ришва! Садди чинӣ дар рушди сайёҳӣ

Фев 17, 2018 Диданд: 433
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Соли 2018 бо Фармони президенти кишвар дар Тоҷикистон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид. Ин далели таваҷҷуҳи хосаи ҳукумат ба ин соҳа аст. Пас масъулин ва сокинони кишвар бояд ба ин соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд ва дар рушди туризм дар кишвар саҳми босазо гузоранд.

Тоҷикистон бо табиати зебо ва қуллаҳои осмонбӯсаш таваҷҷуҳи сокинони хориҷиро ҷалб намудааст. Таваҷҷуҳи бештари сайёҳони хориҷиро Бадахшон - бо унвони “Боми Ҷаҳон”, водии Зарафшон, аз ҷумла Искандаркӯл, Ҳафткӯл, Кӯли Аловиддин, шаҳраки Саразм, шаҳри Душанбе, минтақаи Хатлон ва ғайраҳо, ки дар гузашта аз ин мавзеъҳо хатсайрҳои шоҳроҳи бузурги Абрешим мегузашт, ҷалб менамоянд.
Мувофиқи маълумоти пешниҳодкардаи Кумитаи рушди сайёҳӣ, давоми соли 2017 ба Тоҷикистон 490 888 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ворид гардидаанд, ки аз ин нишондод 430 992 нафарашон ба ҳайси сайёҳ омадаанд. Ин шумора нисбат ба соли 2016-ум 86019 нафар ё ба андозаи 24,9% зиёд мебошад. Соли 2015 ба кишвар 414 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ворид шуда буданд, ки нисбат ба соли 2014 ду баробар зиёд буд.
Аммо на ҳамаи сайёҳони хориҷӣ аз сафари худ ба Тоҷикистон ризо ҳастанд. Қисме аз сайёҳон дар блогу видеоблогҳо ва ё саҳифаи иҷтимоияшон дар ин бора навишта, аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва гумрук шикоят мекунанд. Тамаъҷӯии кормандони милиса аз сайёҳони хориҷӣ дар расонаҳои хабарии ватанию хориҷӣ низ борҳо ба нашр расида буд. Ҳатто Вазорати корҳои дохилӣ 25 нафар аз кормандонашро дар пайи шикояти як сайёҳи турк ҷазо дода буд. Ин сайёҳи турк дар саҳифаи фейсбукияш навишта буд: “Агар дар Тоҷикистон ҳама ҳуҷҷатҳо дуруст ҳам бошад, маҷбуред ба милисаҳо 1-2 доллар бидиҳед... Дар роҳ ба сӯи Бадахшон, қариб ҳар соат нақлиётро кормандони БДА манъ мекарданд ва ронанда ба онҳо ришва медод”.
Навори ришва гирифтани милисаҳои тоҷик дар сомонаҳои интернетӣ, махсусан портали видеои «Ютуб» рӯз ба рӯз меафзояд.

“Норизогии сайёҳонро медонем”
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотиаш чунин гуфт: “Мо норизогии сайёҳонро аз кормандони мақомоти қудратӣ медонем, барои ин чораҳои зарурӣ андешида истодаем”. Раҳимзода боз қайд намуд, ки «имсол ҳама кӯшишамонро барои беҳтар намудани муносибати коркунони милиса бо меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ равона хоҳем намуд».

“Меҳмондорӣ”
Як сайёҳи хориҷии дигар дар интернет натиҷаи сафари худро ба Тоҷикистон дар шакли видеоӣ пахш намудааст. Дар навор сайёҳ мегӯяд, ки ӯро корти муҳоҷиратии Тоҷикистон хеле ҳам ба завқ овардааст, дар паси корт рекламаи кушод (аз «Мегафон») ҷойгир кардаанд. Дар давоми сабт сайёҳ ба шикоят аз кормандони милиса оғоз менамояд, ки ӯро дар роҳ дошта, бесабаб мавриди пурсиш қарор додаанд: «Маро ба милисахона бурданд, ҳама кормандон ба гирди ман ҷамъ шуданд. Ман ҳуҷҷатамро ба онҳо нишон дода гуфтам, яке аз сайёҳони машҳур ҳастам. Баъд яке аз онҳо ба ин ду милисае, ки маро оварда буданд, хитоб карда гуфт, барои чӣ ту ӯро инҷо овардӣ? Вай меҳмони кишварамон аст. Рав бародар, рав, гуфта маро ҷавоб дод. Он нафаре, ки мегуфт, ба мисли Украина ҳал намоем, гуфт: Ман дар Украина будам, милисаҳои онҷо маро дошта аз ман пул гирифта буданд...”.
Монанди ин видеоҳо дар интернет хеле зиёд ҳастанд, ки онҳоро зиёда аз садҳо, миллионҳо нафар тамошо мекунанд. Ин ба имиҷи кишвари мо таъсири манфӣ мерасонад.

«Аз ман ришва талаб намуданд»
Ҷаҳонгарди тоҷик Саид-Аҳмад Давлаҳмадов, ки зиёда аз 100 кишвари дунёро гаштааст, мегӯяд, дар давлатҳои Аврупо ӯ ба ин ҳодиса дучор наомадааст: “То имрӯз ягон корманди ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷӣ аз ман ришва талаб накардааст. Дар Аврупо тамоман ин гап нест. Баръакс, кӯмак мерасонанд. Ин гуна зуҳурот танҳо дар давлатҳои Осиёи Миёна ва Африқо ба чашм мерасад”.
Ин ҷаҳонгард ба он назар аст, ки сабаб шароити иқтисодии паст, маоши ночизи кормандони ҳифзи ҳуқуқ аст.

Ришваситонӣ ба фарҳанги миллӣ табдил ёфтааст?
Коршинос Шокирҷон Ҳакимов оид ба масъалаи мазкур чунин нуқтаи назар дорад: “Ришваситонӣ тамоми соҳаҳои муносибатҳои ҷамъиятиро фаро гирифта, ба воқеияти фарҳанги миллии мо табдил ёфтааст. Бинобар ин, новобаста аз паёмадҳои манфии чунин падидаи номатлуб ба иқтисодиёти миллӣ ва эътибори байналмилалии Тоҷикистон баъзе кормандони ваколатдори давлатӣ бидуни водору моил намудани сайёҳони хориҷӣ ҷиҳати додани пора кори онҳоро ба анҷом намерасонанд. Вақтҳои охир содир шудани ин гуна амалу кирдорҳои ношоиста бештар дастраси воситаҳои ахбори омма мегардад”.

Аробакаш аз сайёҳ пул талаб мекунад
Ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова мегӯяд, ки бархӯрди масъулин бо сайёҳони хориҷӣ дар сатҳи пасттарин қарор дорад: “Кам набуданд сайёҳони хориҷӣ, ки аз муносибати кормандони қудратӣ ва ниҳодҳои интизомӣ шикоят намудаанд ва ҳатто дар шабакаҳои интернетӣ сабти навори бархӯрд бо сайёҳон дар Тоҷикистон ба чашм мерасад. Бубинед, аз фурудгоҳ тамаъҷӯӣ оғоз мешавад, то кормандони гумрук, сарҳадбонон, милиса ва ҳатто аробакашаш аз сайёҳ пул талаб мекунанд. Борҳо бо чашми худ дидаам, ки сифати хизматрасонӣ ва бефарҳангии миллати моро дар фурудгоҳ дида, хориҷиён дар ҳайрат мемонданд. Ин ҳама дар маҷмуъ ба имиҷи давлат ва худи ниҳодҳои қудратӣ таъсири манфӣ мерасонад”.

Ҳар чашмгурусна соҳиби вазифа нагардад
Ин масъала бори аввал нест, ки матраҳ мешавад ва аз коршиносон то ҳукуматдорон тарафдори рушди сайёҳӣ ҳастанду дар ин роҳ назару пешниҳодҳои худро пешниҳод мекунанд. Соли 2018-ро «Соли рушди майёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон кардан низ ба ин мақсад аст. Аммо ба гуфтаи коршиносон, фақат эълон кардани соли сайёҳӣ ва шиорпартоӣ кам аст. Азизи Нақибзод заминаи асосии ислоҳи камбудиро дар интихоби кадрҳо медонад: “Барои пеши роҳи ин амали нанговарро гирифтан ба интихоби кадр бояд аҳамияти ҷиддӣ дод, то ҳар чашмгурусна соҳиби вазифа нагардад. Як нафар масъуле, ки андаке виҷдон дораду каме ғуруру нанги миллӣ, аз мусофиру меҳмон талабу тамаъ намекунад”.
Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик бар он назар аст, ки баробари интихоби кадрҳо маоши онҳоро низ бояд ба назар гирифт, то онҳо аз ҳама ҷиҳат таъмин бошанд: “Агар ба фаъолияти кормандони ниҳодҳои низомӣ дар замони шӯравӣ аҳамият диҳед, онҳо аз як қатор имтиёз бархӯрдор буданд. Барои хизматрасонии коммуналӣ, аз қабили об, барқ, андоз 50 фисад озод буданд. Маоши хуб доштанд. Дар як сол як маротиба роҳхат ба фароғатхонаҳо ройгон дода мешуданд. Нақлиёти ҷамъиятӣ барояшон ройгон буд. Имрӯз онҳо аз ҳамаи ин имтиёзҳо маҳруманд ва маоши ночиз мегиранд”.
Шокирҷон Ҳакимов бошад, пешниҳод дорад, ки барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ курсҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ташкил карда шавад: “Барои пешгирии ришваситонӣ аз сайёҳони хориҷӣ иродаи сиёсӣ, мавриди амал қарор додани меъёрҳои марбутаи Кодекси ҷиноятӣ ва анҷоми корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни кормандони мақомати ваколатдори давлатӣ хеле муҳиму зарур аст».

Мӯсои БОБОҲОҶӢ

Тағйироти охир Шанбе, 17 Феврал 2018 11:19
Хонданд 433
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.