.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҷомеъа

Шумо дар Ҷомеъа

NGN-ро пурра тафтиш бояд кард!

Фев 03, 2018 Хонданд: 308
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Ростӣ, чизеро, ки намедонам, дар борааш навиштан ҳам намехоҳам, аммо пас аз баҳсҳои журналистони кишвар дар бобати басташавии NGN аз тарафи масъулин, хостам як-ду сухан гӯям.

Худи роҳбарияти Хадамоти алоқа дар нишасти матбуотиаш бо намояндагони ВАО-и кишвар иброз дошт, ки «мо NGN-ро қонунӣ бастаем ва ин низ муваққатӣ аст». Яъне, сабаби баста шудани шабакаи NGN дар ғайриимкон будани назорати зангҳо тавассути интернет, гузаштани зангҳо, истифодашавии рақамгузории маҳаллӣ барои зангҳои байналмилалӣ, пурра фароҳам наовардани шароит барои чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, риоя нашудани талаботи сифати алоқа, бе қайд ва шиноснома пайваст кардани муштариён ва пешгирии истифодаи шабака барои ҷалби ҷавонон ба созмонҳои террористӣ-экстримистӣ мебошад. Аз ин бармеояд, ки басташавии шабака ҳамагӣ аз рӯйи қонун анҷом ёфтааст ва дар баробари ин, хатари беназорат будани NGN ба амнияти кишвар хатар дорад. Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки муҳтарам баъзе аз намояндагони ВАО инро яктарафа баҳо медиҳанд. Барои аслӣ будани беназоратии шабака масъулин далелҳои дақиқро низ пешниҳод карданд, дар мисоли ҳама дар матбуот менависанд, ки истифодабарандагони ин шабака ба 1 миллион нафар мерасад, аммо дар асл ин тавр нест. Ба тафтиши аслии кормандон нигоҳ кунем, шумораи умумии 34 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Пас худ бояд хулоса кард, ки боқимонда шумораи истифодабарандагон ҳамагӣ ғайриқонуниянд. Фаъол будани зиёда аз 60 ҳазор муштарӣ, ки қисми зиёди онҳоро боз муҳоҷирони бурунмарзӣ ташкил медиҳанд, магар хатаре ба амнияти кишвар надорад? Ман сад фисад тарафдори ин тасмими пешгирифтаи Хадамоти алоқа ҳастам, зеро шахс чи тавр бе доштани ҳуҷҷати аслии тасдиқкунандаи шахсияти худ дағдаға карда мегӯяд, ки «ман фалонӣ, бисмадонӣ, фалонзода ҳастам»?
Ба нуқтаи дигари масъала рӯй меорем, ки ин баста шудани қисме аз мессенҷерҳои фаъоли ҷумҳурӣ - Viber, IMО, Telegram ва WhatsApp мебошад. Аввалан бояд таъкид кард, ки аз мессенҷер истифодабарандагони мардуми тоҷик на аз ҷиҳати манфиатовар, балки барои дуздии вақти худ истифода мебаранд. Албатта, гуфтанӣ нестем, ки ҳамаи ин барномаҳо вақдузди мо ҳастанд, аммо на ҳама аз ҷиҳатҳои хуби инҳо истифода мебаранд. Хусусан имрӯз донишҷӯёни тоҷик соатҳо вақти худро дар ин барномаҳо мегузаронанд, ҳатто китобхониро низ қариб ки аз байн бурдааст.
Ҳар тасмиме, ки аз тарафи масъулини мақомоти ҷумҳурӣ гирифта мешавад, танҳо барои беҳбудӣ ва бехатарии мардуми худи мост. Фикр мекунам, зарурати ба кори онҳо дахолат кардан нест. Чун ҳама дар ҷомеа дар мақоми худ масъулу вазифадоранд ва бояд вазифаи худро аз рӯйи виҷдон иҷро кунанд. Зарурате ба валвала ва овозаҳои бардурӯғ паҳн кардан дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ нест. Зеро худи роҳбарияти Хадамоти алоқа иброз доштанд, ки дар ҳолати ба пуррагӣ рафъ кардани камбудиҳои ҷойдоштаи шабакаи NGN, онро аз нав фаъол мекунанд.
Хуб мешуд, ки ҳар яке аз мо кори худро мекард, муаллим муаллимиашро, подабон подабониашро, қассоб қассобиашро… Ин фикру андешаи ман перомуни мушкилот буд, боқӣ, фикру андешаи ҳар яки шумост.

Нуралӣ КАРИМ

Алоқаҳои бе(ҳ)сифат

Роҳбарияти Хадамоти алоқа то имрӯз чӣ хизмате барои беҳтар кардани сифати воситаҳои алоқа кардаанд, ки роҳҳои осону арзони тамосро мебанданд. Бо бастани NGN, Viber, IMO ва дигар роҳҳои тамос чиро муҳофизат кардан мехоҳанд, ҳамаро ҳайрон кардааст?!

Амният
Чунин вонамуд мекунанд, ки мессенҷерҳо ба амнияти кишвар хатар доранд. Чӣ гуна хатар? Ягона хатар ин аст, ки бо ин роҳ ҷавононро ба гуруҳҳои ифротгаро ҷалб мекунанд, аммо ин баҳонае беш нест ва сабаб шуда наметавонад, ки онҳо баста шаванд. Ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои тундрав дар аксар ҳолат тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ (масалан "Одноклассники") сурат мегирад ва маҳдуд кардани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ имконнопазир аст, зеро барномаҳои махсус барои таъмин кардани дастрасӣ мавҷуданд. Ҳама аз ин гуна барномаҳо истифода бурда метавонанд.

Сифат
Сабаби дигари бастани ин воситаҳои тамосро ба сифати пасти онҳо рабт медиҳанд, вале воқеият дигар аст. Дар таҷриба дидаем, ки Viber яке аз босифаттарин воситаҳои алоқа аст. Ба воситаи мессенҷерҳо ҳам маводи садоӣ ва ҳам тасвирию видеоӣ фиристода мешавад. Сифати кори мессенҷерҳо ба ширкатҳои мобилӣ вобаста аст, на ба худи онҳо. Агар суръати интернет хуб бошад, суръати кори инҳо ҳам хеле хуб мешавад. Бар замми ин, мессенҷерҳо бо «суръати сангпуштвор»-и интернет ҳам кор мекунанд.
Тавре мебинем, сабабе вуҷуд надорад, ки ин роҳҳои тамос баста шаванд.
Инро ҳам набояд фаромӯш кард, ки то имрӯз дастрасӣ ба ҳар чизе маҳдуд шуда бошад, он бештар маҳбуб шудааст.

Хайёми САРАХОН

Тағйироти охир Шанбе, 03 Феврал 2018 13:43
Хонданд 308
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.