.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҷомеъа

Шумо дар Ҷомеъа

«Мачитон»: Ҳуҷраи бозӣ барои кӯдакони гирифтори сил

Янв 20, 2018 Хонданд: 399
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Рӯзи ҷумъаи 12-уми январ аз ҷониби Лоиҳаи ҲОУП (Project HOPE) дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯдакони гирифтори бемории сил дар беморхонаи ҷумҳуриявии «Мачитон» дар шаҳри Ваҳдат ҳуҷраи бозӣ кушода шуд. Чунин ҳуҷраи муҷаҳҳаз бо бозичаҳои ҳархела ва мизу курсиҳои зебои кӯдакона барои кӯдакони синну соли гуногун туҳфаи хубе гардид. Ин кӯмаки хайрия тавассути Лоиҳаи ҲОУП аз ҷониби мардуми Амрико ба хотири дастгирии кӯдакони гирифтори сил расонида шуд.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ директори беморхонаи «Мачитон» Фирӯз Шарипов барои чунин туҳфаи хайрхоҳона ва кӯмакҳои доимӣ ба дастандаркорони Лоиҳаи ҲОУП дар кишвар арзи сипос намуда, миннатдории самимии тамоми аҳолии Тоҷикистон, бахусус гирифторони бемориҳои силро ба мардуми Амрико барои кӯмаку дастгириҳои ҳамешагӣ ба беморон ва дар самти пурра решакан кардани сарчашмаҳои пайдоиши беморӣ дар ҷумҳурӣ иброз дошт.
- Мо барои чунин туҳфаи хайрхохона ва кӯмакҳои доимии Лоиҳаи ҲОУП миннатдории самимӣ баён менамоем. Кӯдакони бемор акнун аз бозичаҳои зебо ва ин фазои гарм бо ризоият ва самимияти тамом истифода хоҳанд бурд. Ифтитоҳи гӯшаи кӯдакон дар бемористони ҷумҳуриявии бемории сил - «Мачитон» нишондиҳандаи талошҳои қобили таваҷҷуҳест, ки Лоиҳаи ҲОУП ба хотири дастгирии кӯдакони бемори сил анҷом медиҳад, то онҳо зудтар шифо ёбанд,- гуфт Ф. Шарипов.
Ҳамчунин, директори Лоиҳаи ҲОУП дар Тоҷикистон Ҷамила Исмоилова зимни супоридани бозичаҳо ва ҷиҳози кӯдакона ба ин дармонгоҳ дар баробари дигар кӯдакони солими кишвар аз ҳаққи зиндагии хушбахтона доштани гирифторони бемории сил, бахусус кӯдакони бемори сили беморхонаи «Мачитон» бо қатъият ёдовар гардид.
- Ҳамаи кӯдакон, чи бемору чи солим, ҳаққи зиндагии хушбахтонаро доранд. Маҳз ба ин хотир мо барои кӯмак ба кӯдакони гирифтори бемории сил ин гӯшаи кӯдаконаро боз намудем. Ин бозичаҳо ва ҷиҳози кӯдакона, ки дар ин гӯша фароҳам оварда шудаанд, бо шарофати кӯмакҳои саховатмандона ва хайрхоҳонаи мардуми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико расонида шудаанд. Ифтитоҳи ин гӯша кӯдакони беморро хушҳолу машғул нигоҳ медорад. Онҳо метавонанд бо якдигар бозиҳои гуногун дошта бошанд ва бо кӯдакони дигар ҳамсуҳбат шаванд, ки ин ҳатман боиси шифоёбиашон мегардад. Мо ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳо дар мубориза бар зидди бемории сил ва беҳбуд бахшидан ба саломатии аҳолии Тоҷикистон миннатдории худро баён менамоем,- қайд кард Ҷ. Исмоилова. Номбурда ҳамзамон гуфт, ки ин лоиҳа аз оғози фаъолияташ дар Тоҷикистон бо беморхонаи «Мачитон» ва дигар беморхонаҳои минтақаҳои кишвар ҳамкории зич дорад ва мекӯшад, то дар самти солимгардонии аҳолӣ, махсусан вобаста ба бемории сил саҳми беғаразона гузорад.
Тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), дар соли 2016 тақрибан як миллион кӯдак дар тамоми ҷаҳон гирифтори бемории сил гардидаанд, ки 250 000 аз ин беморӣ фавтидаанд. Ҳадафи асосии Лоиҳаи ҲОУП низ беҳтар намудани саломатӣ ва беҳбудии ҷомеа, аз ҷумла гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ - занон, кӯдакон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигарон тариқи фаъолиятҳои мақсаднок дар мубориза бар зидди бемории сил мебошад.
Мутахассисон мегӯянд, дуруст аст, ки ин беморӣ сироятёбанда аст, аммо табобатшаванда аст. Фақат табобати пурраву ҳаматарафаи он дар асоси таҳлилу ташхисҳои дурусту саривақтӣ метавонад то ду солро дар бар гирад. Бемории сил бемории иҷтимоӣ аст. Қисми зиёди кӯдакони бемор аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ мебошанд, ки дар натиҷаи шароити пасти зиндагӣ, нарасидани витаминҳо дар ғизои истеъмолкардаи онҳо ва нӯшидани обҳои ифлоси ҷӯю каналҳо гирифтор гардидаанд. Илова ба ин, волидони онҳо сари вақт ба табибон муроҷиат намекунанд ва ба худтабобаткунӣ машғул мешавад. Ба андешаи коршиносони соҳа, яке аз омилҳои дигари ба мутахассисони соҳа муроҷиат накардани волидон аз беморшавии фарзадонашон, махсусан духтарбачаҳо - ин аз рӯи шарм ва таъсири манфӣ ба ҳаёти шахсии минбаъдаи онҳо мебошад. Волидони зиёд ҳам дар суҳбатҳо бо мутахассисон сабаби муроҷиат накарданашонро дар он гуфтаанд, ки пас аз ошкор гардидани беморӣ дар бадани духтарбачаҳо дари бахти онҳо комилан баста мешавад ва умеди бунёди оилаи солими духтарҳояшонро аз даст медиҳанд, зеро пас аз ин духтарҳо «бадном» мешаванд ва касе барои хостгорияшон нахоҳад омад. Аз ин рӯ, дар деҳот новобаста аз шакли гирифторӣ ва ҳатто баъди табобат низ одамон аз гирифторшудагон ҳазар мекунанд ва ҳатто наздиконашон низ аз онҳо ҷудо зиндагӣ мекунанд.
Лоиҳаи ҲОУП - «Хазинаи нигаҳдории тандурустии Инсон - ба - Инсон» соли 1958 таъсис ёфтааст. Ин Лоиҳа дар Тоҷикистон барои ҳалли дарозмудати масоили бемории сил равона шудааст. Бори аввал ташкилоти мазкур бо номи «SS HOPE» - киштӣ барои беморон фаъолият кард.
Лоиҳаи ҲОУП аз соли 1996, дар замоне, ки Тоҷикистон давраҳои мушкилро аз сар мегузаронд, фаъолияти худро оғоз кард. Он дар давоми 15 сол кӯмакҳои башардӯстонаи моддию техникиро ба Тоҷикистон тавассути тақдим намудани дорувориҳои зарурӣ ва таҷҳизоти тиббӣ бо арзиши бештар аз 300 миллион доллари ИМА расонидааст. Аз соли 2001 Лоиҳаи ҲОУП яке аз аввалин шарикони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сил равона шудаааст. Дар муддати тақрибан ду даҳсола Лоиҳаи ҲОУП дар шарикӣ бо Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили Ҷумҳурии Тоҷикистон, USAID, Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди ВНМО, сил ва табларза, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, мақомоти маҳаллӣ ва ҷамоатҳо назорати ҳадафмандона ва ташхиси босифати бемории сил, муолиҷа ва дармони онро барои ҳамагон амалӣ намудааст. Ин талошҳо дар давоми фаъолият дармон ва кӯмак барои 17 000 бемор мебошад, ки зиёда аз 80 фоизи гирифторони сил дар Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
Мутахассисон мегӯянд, Тоҷикистон кишвари дорои сатҳи баланди шакли мутобикгаштаи бемории сил мебошад ва кӯдакон метавонанд аз ин беморӣ бештар зарар бинанд.

Шамсулло ФОЗИЛОВ, «ФАРАЖ»

Тағйироти охир Шанбе, 20 Январ 2018 12:22
Хонданд 399
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.