.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҷомеъа

Шумо дар Ҷомеъа

Зани гирифтори ВНМО: Ин беморӣ танҳо хоси занони сабукпо нест! (чандрасонаӣ)

Дек 08, 2017 Диданд: 646
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

6566

Мувофиқи омори Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО, имрӯз дар Тоҷикистон 9839 гирифторони ВНМО зиндагӣ доранд. Аз ин шумора 6542 нафарашонро мардон ва 3297 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Шумораи кӯдакони гирифтори ВНМО ба 906 нафар мерасад.


Ба нақли гирифторон, зиндагӣ бо ин беморӣ дар Тоҷикистон бисёр мушкил аст, зеро ҳар қадам дучори табъиз мешаванд. Занони гирифтори ВНМО бештар аз табъиз дар оила, наёфтани ҷойи кор, нобаробарии ҳуқуқҳо шикоят мекунанд, зеро ҷомеаи мо ба ҳамзистӣ бо гирифторони ин беморӣ одат накардааст. Шаҳрвандони мо дар бораи ин беморӣ маълумоти кофӣ надоранд ва фикр мекунанд, ки ҳамзистӣ низ метавонад сабаби сироят ба ин беморӣ гардад.


 

Муҳаббат (номи зан тағйир дода шудааст) - як ҷавонзани гирифтори ВНМО мегӯяд, ки ҳарчанд маълумоти тиббӣ дорад, наметавонад ҷойи кори муносиб пайдо кунад: «Ман модари танҳо, 34-солаам ва бо волидайнам зиндагӣ мекунам. Маълумоти тиббӣ дорам, аммо, мутаассифона, бекорам. ҳолномаамро барои пайдо кардани ҷойи кор ба чанд муассисаи тиббӣ супоридам, вале бо сабаби гирифтори ВНМО буданам, маро дар ҳеҷ куҷо ба кор қабул намекунанд. Аксари вақт дар хона мешинаму ба нигоҳубини фарзандам машғулам».


Муҳаббат мегӯяд, ки вирус аз шавҳараш ба ӯ сироят кардааст. Аммо волидайни шавҳараш ӯро бо кӯдаконаш аз хона пеш кардаанд: «Дар бораи гирифтори вирус буданам 7 сол қабл дар Федератсияи Русия, ҳангоми ҳомиладорӣ огоҳ шудам. Он замон 27-сола будам. Шавҳарам, ки муҳоҷири корӣ буду тавассути сӯзандору маводи мухаддир истеъмол мекард, боиси сироят ёфтанам гардид. Вақте фаҳмидем, ки ҳар ду гирифтори ВНМО ҳастем, ба Тоҷикистон баргаштем. Ҳамсарам дар ин ҷо аз дунё гузашт. Маро бо тифли хурдсол волидайни шавҳарам аз хона пеш карданд».


 

Шумораи гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон ҳамасола меафзояд, аммо ҳуқуқҳои онҳо ба таври бояду шояд ҳимоя намешаванд.


Коршинос Лариса Александрова мегӯяд, ки муайян кардани сарчашмаи сироят барои ҳимояи ҳуқуқи гирифторон лозим аст, на барои баррасии ҳаёти шахсии касе. Ӯ мегӯяд, ки сироятёфтагон метавонанд аз сарчашмаи сироятшавӣ зарари моддӣ-маънавӣ талаб кунанд, аммо ин бисёр мушкил аст: “Шахси ба ВНМО сироятёфта ҳақ дорад аз ҷониби дигар ҷуброни моддӣ - маънавӣ талаб кунад. Зеро ин аллакай зарар ба саломатӣ аст. Дар ҳолати сироят ёфтан дар беморхона ва муассисаҳои тиббӣ “Кодекс дар бораи саломатӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷуброни моддию маънавӣ ва ҳамчунин таъмин бо манзили зистро муқаррар кардааст. Аммо сарчашмаи сироятро исбот кардан лозим аст. Ва ин бисёр мушкил аст”.

 

Таҳмина Ҳайдарова, директори ташкилоти ҷамъиятии Шабакаи тоҷикистонии занони мубталои ВНМО мегӯяд, ки табъизи гирифторони ВНМО аз оила оғоз меёбад ва сабабаш дониши кофӣ надоштан дар бораи ин беморӣ аст: «Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бештар занони хонашин бо роҳи алоқаи ҷинсӣ бо шавҳарашон, ки ё муҳоҷир ҳастанд ва ё истеъмолкунандаи маводи мухаддир, ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Мутаассифона, бештар ҳуқуқи онҳо дар оила поймол мешавад. Баъди он, ки огоҳ мешаванд, аъзои оила онҳоро қабул карда наметавонанд. Бо онҳо муомилаи дурушт мекунанд. Ҳарчанд онҳо аз шавҳарашон сироят ёфтаанд ва ду-се кӯдак доранд, аз хона меронанд. Буданд ҳолатҳои даст ба худкушӣ задани занони гирифтори ВНМО».


Баҳор (номи зан тағйир дода шудааст) - ҷавонзани 32-сола ва модари ду фарзанд мегӯяд, ки ӯ низ аз шавҳараш ба ин беморӣ гирифтор шудааст, аммо инро хеле дер, баъди вафоти шавҳараш фаҳмидааст: «Як сол қабл ман шавҳарамро аз даст додам. Баъди марги ӯ зиндагӣ бароям чаппаву роста шуд. Тез-тез мариз мешудам, вазнам кам шудан гирифту хеле лоғар шудам. Табибон сабабашро пайдо карда наметавонистанд. Дар охир, яке аз духтурон, ки бо модарам шинос буд, ба ӯ маслиҳат додаанд, ки маро аз ташхиси ВНМО гузаронанд. ҳамин тавр, дар соли 2016, баъди ташхис маълум шуд, ки гирифтори ВНМО мебошам. Сабаби сироят гардиданам шавҳари мӯътодам буд».


Баҳор мегӯяд ӯ ҳамеша бемориашро пинҳон медорад ва кӯшиш мекунад касе огоҳ нашавад, зеро агар ҳамсоягонаш хабардор шаванд, аз ӯ рӯй мегардонанд: «Шаҳри мо начандон бузург аст ва овоза дар ин ҷо зуд паҳн мешавад. Ман намехоҳам дар бораи гирифтори вирус буданам дигарон хабардор шаванд. Охир, онҳо аз ман рӯ мегардонанд! Ҷомеаи мо имрӯз барои қабули ҳамзистӣ бо одамони гирифтори ВНМО омода нест. То ҳол онҳо фикр мекунанд, ки ин бемории занони сабукпо (кӯчагард) аст».

Навор аз ТҶ "Даст ба даст"

Баҳорро низ волидайни ҳамсараш аз хона берун кардаанд ва ӯ дар хонаи падариаш зиндагӣ мекунад. Аммо ба гуфтаи ӯ, зиндагӣ дар хонаи волидайн низ бисёр вазнин аст: «Пас аз марги ҳамсарам волидайни ӯ моро аз манзили зист берун карданд. Бо ду тифли хурдсол ба хонаи падарам омадам, вале ин ҷо ҳам осон нест. Завҷаи бародарам ҳамеша бо ман муноқиша дорад, баҳонаи ҷанҷол меҷӯяд. Чанд рӯз пеш, баъди муноқишаи кӯдакон мавриди латукӯби ӯ қарор гирифтам. Доғҳои сиёҳу кабуди рӯям натиҷаи ҳамон ҳодиса аст».


Баҳор маҷбур аст кӯдаконашро ба хонаи кӯдакон супорида, пайи пайдо кардани маблағи сохтмони сарпаноҳ барои кӯдаконаш ба муҳоҷирати меҳнатӣ равад: «Мехоҳам роҳе пайдо карда, ба Русия барои пайдо кардани маблағ равам. Маҷбурам кӯдаконамро ба хонаи бачагон супорам. Орзу дорам, ки соҳиби маблағ шуда, барои фарзандонам хона бунёд намоям. Орзу мекунам, ки ҳамаи одамон дар ин дунё баробар зиндагӣ кунанд ва аз касе тарс надошта бошанд».


Муҳаббат низ ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода намешавад, боварӣ дорад, ки рӯзе усули табобати ин беморӣ пайдо мешавад ва ӯ табобат меёбад. Ӯ бо муроҷиат ба шахсони гирифтори ВМНО мегӯяд: «Сабур бошед, ҳаётро дӯст доред ва барои худу наздиконатон зиндагӣ кунед. Дунё пур аз мӯъҷиза аст, ман бовар дорам, ки дар кӯтоҳтарин фурсат усули табобати ВНМО-ро пайдо мекунанд ва мо ҳама муолиҷа мешавем!».

 

Баҳманёр НАДИРОВ

 

Тағйироти охир Ҷумъа, 08 Декабр 2017 18:05
Хонданд 646
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…
  • зодРӮЗ

    Андӯҳи ту, ки хуршедро падруд мегӯяд, ба андозаи ҳасрати як…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.