.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҷомеъа

Шумо дар Ҷомеъа

Интизори нақлиёт…

Сен 16, 2017 Хонданд: 420
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Ё сухане чанд аз бузургтарин мушкили рӯзмарраи сокинони шаҳри Душанбе

Вақтҳои охир ба кор омадан ва аз кор ба хона баргаштан барои сокинони пойтахт ба як мушкили хеле ҷиддӣ табдил ёфтааст. Сокинони пойтахтро зарур меояд, ки ҳар субҳ аз гӯшаҳои гуногуни шаҳр вақти зиёди худро дар интизории нақлиёти ҷамъиятӣ сарф намуда, бо хеле душворӣ ба маршруткаҳову автобусҳо савор шаванд ва ё аз ноилоҷӣ барои дар вақти муайяншуда ба кор расидан, таксӣ фармоиш диҳанд. Саволе ба миён меояд, ки чаро дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе сол ба сол ин мушкилӣ ба ҷои кам шудан, бештар мегардад ва чаро масъулини «Душанбенақлиётхадамотрасон» наметавонанд ҳаракати мунтазами нақлиёти мусофиркашониро ба танзим дароварда, мушкилии сокинони пойтахтро каме ҳам бошад, сабук созанд?
Мушкилии роҳпойӣ ва дар интизори нақлиёт будан агарчи қаблан низ ба назар мерасид, вале бо оғози соли нави таҳсил ва баргаштани донишҷӯён ба донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳо ба авҷи аълои худ расид. Чунин ба назар мерасад, ки дар истгоҳҳо истодану соатҳо интизор шудан ва ё ба автобусу маршруткаҳои пур зӯран савор шуда, нафастанг шудан ба як чизи муқаррарӣ ва рӯзмарраи ҳар як сокини пойтахт табдил ёфта истодааст, ки ин воқеан боиси нигаронӣ аст.

1 соату 40 дақиқа - аз 102 то «Садбарг»
Хеле вақт ба самти маҳаллаи 102 сафар накарда будам. Чанде пеш бо зарурате ба маҳаллаи 102 рафтам, вале бозгашти ман аз ин гӯшаи пойтахт ба марказ басо душвор шуд. Аз соати 9:20 то соати 10 дар интизори автобус мондам. Маршруткаҳо аҳён-аҳён мегаштанд, ки ҳамеша пур буданд ва ҳеҷ имкони савор шудан ба онҳо мавҷуд набуд. Таксиҳои 3-сомонӣ умуман ба чашм намерасиданд ва агар ягонто гузарад ҳам, нархаш 5 сомонӣ муайян шуда буд, ки онҳо низ то Фурӯшгоҳи марказӣ (ЦУМ) ҳаракат мекарданд, на то фурудгоҳ.
Баъди 40 дақиқаи интизорӣ, ниҳоят соати 10 ба ман муяссар шуд, ки бо душворӣ ба автобуси №8 савор шавам. Автобус бо вуҷуди хеле пур будан, дар ҳар қадам одам мегирифту дар истгоҳҳо чанд дақиқа интизор мешуд. Ҳаракати мо аз маҳаллаи 102 то «Садбарг» 58 дақиқа тӯл кашид. Баъди фаромадан ба худ гуфтам: «Офарин ба онҳое, ки ҳар рӯз аз ин самт ба марказ ва ё ба дигар гӯшаҳои шаҳр ба кор мераванд».
Агар аз як тараф як соату 40 дақиқа вақт сарф кунанд, пас сокинон маҷбуранд, ки ҳар рӯз зиёда 3 соат вақти пурқимати худро дар роҳ гузаронанд. Ҳол он ки, ин аҳволро банда баъди соати 9 мушоҳида кардам. Субҳ бошад, аҳвол дар ин масир басо вазнинтару даҳшатноктар аст.

Фейсбукиён чӣ пешниҳод доранд?
Банда пеш аз таҳияи мақола дар ин мавзуъ ба воситаи гуруҳҳои «Я Душанбенец 2» ва «Ахбор барои афкор» бо суоли «Чӣ бояд кард, то мушкилоти мусофирон ва нақлиёти мусофиркашӣ дар пойтахт ҳалли худро ёбад?» ба фаъолони «Фейсбук» муроҷиат намудам. Дар ин саҳифа зиёда аз 80 нафар мушкилоти мавҷударо дар аксар гӯшаҳои шаҳр тасдиқ карда, барои рафъи он аз ҳукумати шаҳр кӯмак хоста ва пешниҳодҳои гуногуни худро ироа намудаанд. Аксар навиштаанд, ки соли гузашта мушкилоти мазкурро раиси собиқи шаҳри Душанбе Маҳмадсайид Убайдуллоев бо пеш овардани дарси донишҷӯён каме ҳам бошад, ҳал карда буд, вале алъон бинобар он, ки вақти оғози дарси донишҷӯён ва оғози соати корӣ дар муассисаву корхонаҳо ва идораҳои давлатӣ дар як вақт дуруст омадаанд, вазъро хеле муташанниҷтар сохтааст. Аксар ба он назаранд, ки бе тағйир додани вақти дарси донишҷӯён ҳалли ин мушкилот имконнопазир аст.
Ба назар чунин мерасад, ки шаҳрдории Душанбе ин пешниҳоди сокинони пойтахро аллакай қабул карда, дар як номаи расмӣ аз Ҳукумат ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хостааст, ки замони шуруъи дарс дар донишгоҳҳои пойтахтро аз соати 9 таъин кунанд. Мақомоти шаҳрдории Душанбе эътироф кардаанд, ки ба соати 8 гузаронидани оғози дарс мушкили нақлиёт дар пойтахтро дубора печида кардааст.
Вале ба назари аксар сокинони пойтахт, танҳо тағйир додани вақти оғози дарс мушкилиро ҳал нахоҳад кард, зеро мушкилӣ дар хатсайрҳои 8, 14, 22, 25 ва ғайра пеш аз оғози дарсҳо низ вуҷуд дошт ва бе зиёд кардани шумораи автобусу маршруткаҳои мусофиркаш ҳалли он ғайриимкон аст. Агарчи сухангӯи «Душанбенақлиётхадамотрасон» изҳор медорад, ки «шаҳрдорӣ имкони афзоиш додани теъдоди нақлиёт дар пойтахтро дар ихтиёр дорад, вале ин кор ба танбашавии зиёд дар роҳҳо сабаб хоҳад шуд», бояд иқор шуд, ки мушкилии асосӣ маҳз дар кам будани нақлиёти мусофиркашон аст ва ин масъала бояд хеле ҷиддӣ аз тарафи масъулин баррасӣ шавад.

Таксиҳои 3-сомонӣ
Аксар сокинони пойтахт дар саҳифаи «Фейсбук» ба шаҳрдорӣ муроҷиат карда, хостори иҷозат додани таксиҳои 3-сомонӣ шудаанд. Масалан, Izabell Paulo менависад: «Хеле мехоҳам дар хатсайри 15 низ автобус бошад. Субҳ савор шудан ғайриимкон аст, дар дохили мошин аз бисёрии мусофирон нафастанг мешавем. Баъзан ҳатто дар маҳкам намешавад». Ӯ ҳатто ба мири шаҳр муроҷиат карда, менависад (айнан): «Мер наш дорогой!!! Спасите нас!!! Разрешите 3 сомоновские такси пожалуйста, очень просим Вас!!! Мы опоздиваем на работу к 8 часов не успеваем, нас наказывают и уволняют...».
Воқеан, агар шаҳрдорӣ ин навъи таксиҳоро иҷозат дода, барои фаъолияти расмии онҳо мусоидат кунад, ҳам садҳо ҷои кор пайдо мешавад ва ҳам мушкилоти мусофирон даҳчанд сабук мегардад. Аксар бар он андешаанд, ки чунин навъи нақлиёт дар ҳеҷ кишвари дунё вуҷуд надорад ва мо низ наметавонем барои фаъолияти онҳо иҷозат диҳем. Вале фаромӯш набояд кард, ки дар барномаи «Орёл и Решка» маҳз таксиҳои сесомонаи моро таъриф карда, эътироф карда буданд, ки дар ҳеҷ кишвари дунё шаҳрвандон ё мусофирон имконият надоранд, ки бо се сомонӣ аз як гӯшаи шаҳр ба гӯшаи дигари шаҳр рафта тавонанд, вале дар Тоҷикистон ин беҳтарин навъи хизматрасониест, ки ба ҳама дастрас аст».
Истифода аз хизмати таксиҳои сесомона ба ҳар як сокини пойтахт дастрас аст ва мардум онро хеле мехоҳанд. Пас чаро иҷозат надиҳем? Шаҳрдориро фақат зарур аст, ки фаъолияти онҳоро расмӣ карда, бо онҳо шартнома бандад ва аз онҳо андоз ситонад. Он гоҳ ҳам буҷаи шаҳр пур мешаваду ҳам як мушкили ҷиддӣ ҳалли худро меёбад.

Пешниҳодҳои Нурмуҳаммади Шамс
Ба саволи мо роҷеъ ба ҳалли мушкили нақиёти пойтахт Нурмуҳаммади Шамс бо муроҷиат ба Раиси шаҳр, Вазорати маориф ва илми ҶТ, Вазорати нақлиёт чунин пешниҳодҳо кард:
- Иҷозаи таксиҳои 3-сомона;
- Иҷозаи бо мошин рафтан ба донишгоҳ, чун як донишҷӯ метавонад 4 донишҷӯи дигарро то донишгоҳ барад;
- Баровардани баъзе аз донишгоҳҳо ва факултаҳои соҳавӣ аз дохили пойтахт;
- Дар назди донишгоҳҳо сохтани хобгоҳ;
- Ташкили автобусҳои худӣ аз тарафи донишгоҳҳо.
Пешниҳодҳои ӯро Суҳайлӣ Абдуҳафиззода Қодирӣ дастгирӣ карда, мегӯяд: «Ягона роҳ кӯчонидани баъзе муассисаҳои олии таълимӣ ё факултаҳои онҳо берун аз шаҳр. Барои мисол, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ё факултаҳои соҳавии онро метавон ба минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ кӯчонид. Баъзе факултаҳои Донишгоҳи техникиро низ. Шаҳру ноҳияҳои мувофиқ: Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Данғара, Ваҳдат ва ғайра».
Ба назар чунин мерасад, ки пешниҳодҳои овардашуда низ қобили таваҷҷуҳанд ва воқеан кӯчонидани баъзе аз донишгоҳҳову донишкадаҳо ва ё баъзе аз факултаҳои онҳо ба ноҳияҳои гирду атроф ва бунёди хобгоҳҳо дар назди худи донишгоҳҳо мушкилии нақлиётро хеле осон мекунад, вале ин чораи фаврӣ нест. Чораи фаврӣ он аст, ки дар баробари тағйир додани оғози дарси донишҷӯён, бояд пеш аз ҳама шумораи автобусу троллейбусҳо ва маршруткаҳо дар хатсайрҳои гуногун, аз ҷумла 8, 10, 13, 22, 14, 25, 28 зиёд карда шавад. Зеро, агар масъулини бахши нақлиёти шаҳрдорӣ фавран чораандешӣ накунанду ба доди мардум нарасанд, бо фаро расидани сардиҳо вазъ аз ин ҳам бадтар хоҳад шуд. Бахусус аз минтақаҳои 102, 104, 82, 33, 91, Гипрозем, Политехникум ба марказ омадан басо душвору имконнопазир гашта, тағйироти хеле ҷиддиро талаб мекунад ва чораандешии фавриро мехоҳад.

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР

Тағйироти охир Шанбе, 16 Сентябр 2017 11:46
Хонданд 420
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.