.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҷомеъа

Шумо дар Ҷомеъа

ТУТИ БОБОИ ИСКАНДАР

Сен 09, 2017 Диданд: 774
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Мо бачаҳои деҳа медонистем, ки охирҳои моҳи май меваҳои туту олуча мепазанд. Ва як даста шуда, ба хонаи бобои Искандар мерафтем. Аҷоибаш дар он буд, манзили бобои Искандар дар сегӯшаи кӯчаҳо ҷойгир буд ва ҷойи ҷамъшавии мо бачаҳои шӯху беқарор маҳз майдончаи пушти бинои ин мӯйсафеди нуронии хушсуҳбат маҳсуб меёфт.
Дар тамоми русто танҳо дар ҳавлии ӯ як адад дарахти тут буд. Тути ягона. Ниҳоли ин тутро бобои Искандар (он солҳо албатта амаки Искандар) соли 1953 баъди барҳам додани ноҳияи Кангурт ва муҳоҷир кардани мардуми он ба водии Вахш аз шаҳраки Кангурт оварда, дар ҳавлияш шинонда буд. Ва ин чи хел дарахт буд? Чунон баланд қад кашида буд, ки мо аз чор тарафи деҳа онро бе малол дида метавонистем. Шохаҳояш рӯи ҳавлиро бо тамом пӯшонида буданд. Меваҳояш сафеду калону ширин. Бобои Искандар одате дошт. Таги дарахт шолчае мепартофт. Ба болишт такя карда, рӯ ҷониби раста дароз мекашид. Ва ҳамин ки роҳгузареро медид, дарҳол овоз медод.
- Ҳой, марди Худо! Ба ин тараф гузаред ва аз ин тути ман даҳонро ширин кунед.
Баъзан ба нею нестони роҳгузари муғамбир аҳамият надода, аз дасташ гирифта, ба ҳавлӣ медаровард ва ба мо бачаҳои бесари ба ишора маҳтал, ба тарзи шӯхӣ дӯғ мезад:
- Канӣ, сарлучу пойбараҳнаҳо! Ба болои тут бароед ва як онро ларзонед ва сурудашро бо каме тағйирот оғоз мекард:
Тута ларзонед баргаш нарезад,
Пӯхтагиш резад, хомаш нарезад.
Албатта мо ҳамин лаҳзаро мепоидем ва дар як зум бо шавқуну ғалоғула ба дарахт мечаспидем. Худи бобои Искандар дар ин дам гилеми калонеро паҳн мекард. Мо тут мешапидему тут мехӯрдем. Даҳ дақиқа нагузашта болои гилемро меваи ширин пахш мекард. Ва галабачаҳои пойида истода онро дар косаю табақҳо мебардоштанд. Баробари пой бар замин гузоштан бобои Искандар тоқию кисаю доманҳоямонро аз тут пур мекарду бо фиреби таҳдидомез ба сарамон дод мезад:
- Ку, сағираҳо! Аспҳоро чу буген!
Ва ҳар боре, ки ба деҳа мерафтам, ҳатман ба дидорбинии бобои Искандар мешитофтам ва албатта аз лаззати тути ширинаш баҳра мебурдам.
Чи шуду чи монд, ки ин дафъа қариб пас аз бист сол ба деҳа омада, онро нашинохтам. Акнун ҳавлиҳоро бо девори баланду дарвозаҳои оҳанину нақшин печонида буданд. Агар солҳои пеш бачаҳо дар кӯчаҳо даву тоз карда гарданд, ҳоло растаҳо холӣ ва деҳа намуди ҳузнангезе дошт.
Дар ин муддат бобои Искандар ин ҷаҳонро падруд гуфта будааст. Ба ҳар ҳол дар муқобили дарвозаи боҳашамат истода, дил мекашид, ки як ба тути бобои Искандар назар андозам ва дар таги он нишаста, хеҷ набошад як панҷа тути қанд баринашро ба даҳон барам ва ба арвоҳи ин марди хайрхоҳ ояте хонам. Бо ҳамин андешаҳо ғутида будам, ки дарбачаи дарвоза кушода шуда, ҷавонмарди ношиносе дар рӯ ба рӯям рост шуд ва бе такаллуф гуфт:
- Хизмат?
- Медонӣ чӣ, ҷавони нағз, - дар ҳолати ногувор мондам. - Бобои Искандар туте дошт…
- Тутро буридем, - ва ҳоло суханамро тамом накарда, бо тундӣ ҷавоб гардонд ҷавонмард.
- Сад ҳайф?! - овозам ларзид.
- Чӣ ҳайф? - ҷавоби ҷавонмард дурушт баромад. - Як дарахти тут будааст. Зимистон сард омад. Ҳезум надоштем. Бурида алов кардем, то ки бачаҳоро хунукӣ назанад.
- О, ин дарахт умри 50 - сола дошт, - дилам ба ҳоли дарахт сӯхт.
- Хайр, баъд чӣ? - писханд зад соҳиби манзил. - Онро бояд ба мазор табдил медодам.
- Дарахти тути шумо таърихи бобои Искандар, таърихи деҳа ва таърихи мо бачаҳо ба шумор мерафт, - бо алам овоз сар додам. - Шумо мефаҳмед, ки дар Ғарб ин гуна дарахтонро ба ҳимояи давлат мегиранд.
- Э, шумо ҳам бофтед - да, - заҳрханда кард ҷавонмард. - О, ҳамон давлат агар маро бо ҳезум таъмин мекард, ман ҳеҷ гоҳ тути падарамро бурида, ба коми оташ намеандохтам.
Донистам, ки бо ин ҳол ақидаамро ба ин сокини деҳа бор карда наметавонам. Охирин далеламро истифода бурдам.
- Дарахти тут нишоне аз хайру эҳсони бобои Искандар буд, - гуфта қафо гаштам ва ин фикр дар сарам чарх зад.
- Дар ҳақиқат ин ҷаҳонро фаҳмида намешудааст. Ҳеҷ боварам намеояд, ки чунин ҷавонмарди дуруштмуомилаи бадқавоқро бобои Искандари саховатпеша, ки мардуми деҳа аз барои ҳамин дарахти туташ бо эҳтиром Ҳотами Тойаш ном мебурданд, ба воя расонида бошад.
Дар тасдиқи ҳамин андешаам аз қафоям садои сахт пӯшида шудани дарбачаи дарвозаро шунидам.

Зариф ҒУЛОМ, адиб

Тағйироти охир Шанбе, 09 Сентябр 2017 12:49
Хонданд 774
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.