.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҷомеъа

Шумо дар Ҷомеъа

Чаро «МегаФон» айби кормандашро ба сари муштарӣ бор мекунад??

Сен 09, 2017 Хонданд: 828
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

(Вой ба ҳоли ояндае, ки аз ин ширкат вобаста бошад!)

Субҳи рӯзи душанбе, чоруми сентябр, барои пардохти пули моҳонаи интернет ба нуқтаи хизматрасонии ширкати «МегаФон», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ рафтам. Вақте навбатам расид, ба корманди ширкат рақамҳои даркориро гуфтам. Корманд рақамҳои гуфтаи маро дар компютер ворид кард ва ман ба ӯ 150 сомонӣ (се панҷоҳсомона) пул додам. Баъди чанде корманд ба ман 50 сомонӣ гардонида дод. Пурсидам, ки чаро? Ҷавоб дод, ки шумо 170 сомонӣ додед. Ҳайрон шуда, дубора гуфтам як маротиба бинед ва худам ҳам болои столашро наззора кардам, ки воқеан ҳам ду панҷоҳсомонӣ ва пулҳои даҳсомонӣ дар наздаш буд.
- Ба ман як сомонӣ диҳед тамом,- гуфт корманди ширкат.
- Чаро?,- пурсидам.
- 80 дирам, барои андоз,- гуфт.
Гуфтам:
- Яксомонӣ надорам, сесомона ҳаст.
- 3 сомонӣ ба ман диҳед, ба ҳисобатон мегузаронам, ду моҳи дигар пули андоз насупоред,- гуфт корманди ширкат.
- Хуб,- гуфта, баромада рафтам.
Вақте аз ҷаласаи назди роҳбар баромадам, дидам, ки аз як рақами ношинос ду маротиба занг шудааст. Се маротиба ба ҳамон рақам занг задам, касе ҷавоб надод. Чун рӯзи душанбе буду кор зиёд, аз пайи иҷрои супоришҳо шудам. Вақти истироҳати нисфирӯзӣ боз як бори дигар ба ҳамон рақам занг задам.
- Ало,- гуфта, ҷавоб дод. Гуфтам, ки шумо ба ман занг задед. Баъди чанд лаҳзаи хомӯшӣ гуфт, ки шумо ин саҳар пули интернет пардохт карда будед?
- Бале,- ҷавоб додам.
- Шумо панҷоҳ сомонӣ зиёд гирифтед,- гуфт он шахс ва илова кард,- ҳозир он духтар танаффуси нисфирӯзӣ баромадааст, мегӯям ба шумо занг мезанад.
Бо ҳамин то бегоҳ аз ширкати «МегаФон» занг назаданд. Аммо вақте рӯзи сешанбе корхона омадам, хизматрасонии интернет қатъ шуда буд. Ба ҳамон рақами дирӯза занг зада пурсидам, ки шумо интернети маро қатъ кардед? Ҷавоб дод, ки «ҳа, шумо пули интернетро надодед, ман дар сабти камера дидам, ба шумо корманди мо 50 сомонӣ гардонда додааст». Ночор ҳама корҳои муҳимро партофта ба идораи «МегаФон», ки дар гардиши хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷойгир аст, рафтам. Корманди он ҷо маро бо хушӣ қабул кард, гӯш кард, гуфт интернети шуморо пайваст мекунам, пулашро месупорӣ?
- Дар ҳамон ҷое, ки дирӯз пул супорида будам, дар ҳамон ҷо медиҳам,- гуфтаму боз ба нуқтаи хизматрасонии дар хиёбони Рӯдакӣ ҷойгирбуда омадам.
- Канӣ сабти камера, биёред нишон диҳед,- гуфтам.
- Агар сабти камераро тамошо кардан хоҳед, ба идораи марказии мо равед,- ҷавоб дод корманди ширкат бо номи Давлат (роҳбари нуқтаи хизматрасонӣ бо номи Темур умуман ба ин баҳси мо ҳамроҳ нашуд, гӯё, ки ӯ аз дигар ширкат бошад).
Кормандони ин нуқтаи хизматрасонӣ ба ивази иштибоҳи кардаашон, ғайриқонунӣ қатъ кардани интернет узру маъзур пурсидан, аз ман талаб карданд, ки 50 сомонӣ ба онҳо диҳам.
- Майлаш ман 50 сомонӣ медиҳам, шумо исбот кунед, ки ман пули шуморо пардохт накардам ва ё ин ки ҳоло барои ин 50 сомоние, ки ман медиҳам, шумо ягон чек медиҳед?,- гуфта, пурсидам. Корманди ширкат оҳанги гапашро дигар карда, бо дашном «Пулат ба ман даркор не» гуфт.
Ба ман интернет зарур буд, қариб 1 соат вақтам бо кормандони ин ширкат беҳуда сарф шуда буд, бинобар ҳамин 50 сомонӣ ба ҷониби камераи нуқтаи хизматрасонӣ нишон дода, «камера, сабт кун, боз 50 сомонии дигар дар пеши кормандат мондам» гуфтаву баромада рафтам.
Зимнан, ман то ҳоло чеки пардохти 121 сомонӣ барои истифодаи интернетро аз нуқтаи хизматрасонии хиёбони Рӯдакӣ -81, бо навишти «МегаФон» - Оянда аз ту вобаста аст!» дар даст дорам.

А. САНГЗОДА,
муштарии ду модем ва 1 сим-корти ширкати «МегаФон»
(Оянда аз ман вобаста нест!) 

Тағйироти охир Шанбе, 09 Сентябр 2017 12:13
Хонданд 828
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.