.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҷомеъа

Шумо дар Ҷомеъа

Ақидаи мардон: Зан бояд таҳаммул кунад!

Сен 02, 2017 Диданд: 421
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Мадина ном сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ба хушунати оилавӣ дучор шудааст, се сол инҷониб ба бемориҳои гуногун гирифтор аст ва сабаби асосии ба ин ҳолат гирифтор шуданашро аз зӯроварии оилавӣ медонад. Бино ба гуфтаи номбурда, дар оғози оиладоршавӣ ӯ бо шавҳараш ҳаёти хушу осоиштае доштанд, аммо бо гузашти айём хушдоманаш бо ҳар баҳона арӯси хонадонро озор дода, пайваста байни Мадина ва шавҳараш низоъ бармеангехт.
- Дар аввал шавҳарам ба суханони модараш он қадар эътибор намедод, аммо бо гузашти вақт бо таъсири суханони хушдоманам дар дилаш нисбати ман бадбинӣ пайдо шуд. Рафта-рафта ба майнӯшӣ одат кард. Менӯшиду ночизтарин сабабҳоро баҳона карда, бо ман ҷангу хархаша мебардошт. Дар аввал тоқат кардам, бо умеди он, ки шояд ин ҳолат бартараф мешаваду муносибати ману шавҳарам ва хушдоманам хуб мешавад. Аммо торафт муносибатҳо тиратар мешуданд ва шавҳарам қариб ҳар рӯз латукӯбам мекард. Аз беҳбудӣ ва хушиву хурсандӣ дар муҳити оила ҳатто бӯи умед намонд. Оқибат дигар косаи сабрам лабрез шуда, аз хонаи шавҳарам рафтам,- мегӯяд Мадина.
Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки барои ислоҳи майхорагиву хушунатхоҳии шавҳараш борҳо кӯшиш кардааст: “Ҳар боре шароб менӯшад, гӯё аз ақл бегона шуда, маро мезанад ва аз хона берун мекунад. Баъди чанд рӯз ба худ меояд ва аз кардааш пушаймон шуда, маро боз аз хонаи модарам гирифта меорад. 3-4 соли охир ҳар сари чанд моҳ ҳамин рафтораш такрор мешавад".
Номбурда соҳиби ду фарзанд аст ва имрӯзҳо, баъд аз он, ки дар оила мавриди фишору зӯроварӣ қарор гирифт, ба маркази занон - “Гулрухсор” муроҷиат намуда, бо кӯмакӣ ҳуқуқӣ ва равонии мутахассисони ин марказ кӯшиш дорад муаммоҳои пеши роҳи худро бартараф созад.
Таҳлилгарони маҳаллӣ мегӯянд, ки агар аҳли ҷомеа ба ҳам оянд ва ба дарду ғам ва мушкили якдигар бепарво набошанд, метавон хушунат ва ҷанҷолҳои оилавӣ ва ҷинояткорӣ дар хонаводаро коҳиш дод.


Созмони занони “Гулрухсор” дар шаҳри Хуҷанд чанд сол боз ба занони дучори хушунат ва зӯроварӣ ёрӣ мерасонад. Наргис Ҷӯраева - ҳуқуқшиноси маркази занон - “Гулрухсор” дар суҳбат бо мо гуфт, ки «мавҷудияти зӯроварӣ дар ҷомеаи мо аз паст будани сатҳи маърифативу ахлоқии баъзе қишрҳои ҷомеа дарак медиҳад. Решаи муноқишаҳои оилавӣ аз муҳити носолим ва тарбияи нодуруст маншаъ мегирад». Хонум Ҷӯраева якдигаронофаҳмӣ, набудани эҳтиром байни зану шавҳар ва дигар аъзои оила, дахолати аъзои оила ва дигар хешовандон ба муносибати зану шавҳар, мавҷудияти ҳисси нобоварӣ ва бадбинӣ, рашк, маҷбур намудани иҷрои рукнҳои динӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ тобеъ будани зан ба шавҳар, яъне соҳиби ягон касбу кори муайян набудан, бекорӣ ва камбизоатиро сабабҳои асосии пайдоиши муноқишаҳои оилавӣ ва минбаъд, ба вуҷуд омадани зӯроварӣ дар оила медонад. Мусоҳиби мо зимни суҳбат афзуд, ки теъдоди муроҷиаткунандагони ҷабрдида ба маркази занон - “Гулрухсор” сол то сол рӯ ба афзоиш ниҳода истодааст. Ин маълумот аз як ҷониб мавҷудияти сатҳи хушунати оилавиро дар ҷомеа то андозае муайян намояд, аз ҷониби дигар аз баландшавии сатҳи маърифати ҳуқуқии занҳо далолат медиҳад. Зеро як қисми занҳо аллакай аз ҳуқуқҳои худ огоҳӣ пайдо карда, барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ ба ин марказ ва ё дигар мақомоти дахлдор муроҷиат карда истодаанд.
- Мо бо мақсади дастгирии занҳои ҷабрдида фаъолият мебарем. Ҳамарӯза ба маркази мо занҳои дар муҳити оилавӣ аз зӯроварӣ ва хушунат ҷабрдида муроҷиат мекунанд ва мо кӯмакҳои ройгони равонӣ ва ҳуқуқии худро ба муроҷиаткунандагон саривақтӣ мерасонем,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Таҳлилгарони соҳа мавҷудияти зӯроварӣ ва муноқишаҳои оилавиро яке аз омилҳои афзоишёбии ҷиноятҳо ва хоса ҷиноятҳои махсусан вазнин, аз қабили куштор бо бераҳмии махсус медонанд. Боиси изтироб аст, ки аз соли 2011 то соли 2016 ва 6 моҳи аввали соли 2017 дар миқёси ҷумҳурӣ 698 ҷинояти одамкушӣ ба қайд гирифта шуда, аз ин теъдод 243 ҷиноят дар вилояти Суғд ба амал омадааст, ки ин 34,82%-и ҷиноятҳои одамкушӣ дар миқёси ҷумҳуриро дар ин давра ташкил медиҳад ва таҳлилҳо дар ин самт нишон медиҳанд, ки нишондоди ҷиноятҳои одамкушӣ дар вилояти Суғд дар қиёс ба дигар минтақаҳои кишвар зиёд аст. Танҳо дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ дар миқёси вилоят 8 ҷинояти куштор ба қайд гирифта шуда, 5 адади он аз сабаби муноқишаҳои оилавӣ ба амал омадааст.

- Яке аз омилҳои асосии афзоиши ҷиноятҳои одамкушӣ, қасдан расонидани зарари вазнин, миёна ва сабук ба саломатӣ маҳз муноқишаҳои оилавӣ ба шумор меравад. Аз 243 кушторе, давоми солҳои 2011-2016 ва шаш моҳи аввали 2017 ба амал омадааст, 94 адад бино ба муноқишаҳои оилавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин 36,68%-и кушторҳои ин давраро дар вилоят ташкил медиҳад,- мегӯяд сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон.

Ҷомеашинос Муҳаббат Қодирова дар ин маврид чунин андеша дорад: “Дар ҳолате, ки зан дар муҳити оилавӣ мавриди латукӯб ва фишору хушунат қарор мегирад, саривақтӣ ба мақомоту идораҳои дахлдор муроҷиат накардани ӯ метавонад дар оянда боиси оқибатҳои нохуш, чун ҷиноятҳои куштор гардад”. Бино ба таъкиди ӯ, агар нофаҳмиҳои оилавӣ дар муҳити оила бартараф нашаванд, бояд шахсони рӯзгордида, нафарони таҷрибадида ва ё дар дигар ҳолатҳо намояндагони мақомот ва ташкилоту идораҳо барои ба созиш овардани оилаҳо корҳои фаҳмонидадиҳиро ба роҳ монанд.
Гулбаҳор ном сокини шаҳри Хуҷанд, ки имрӯз ду фарзанди маъюб дорад, сабаби асосии бо нуқсонҳои мухталиф таваллуд шудани фарзандонашро маҳз дар зӯроварӣ медонад, ки шавҳараш ҳангоми ҳомиладорӣ нисбат ба ӯ раво дидааст: “Ҳангоме ки нахустин бор ҳомиладор будам, шавҳарам пайваста маро мезад. Баъд аз он, ки аввалин фарзандам ориза таваллуд шуду духтурон сабаби нуқсондор тавлид ёфтани кӯдакро аз таъсири зарба ҳангоми ҳомиладорӣ шарҳ доданд, ин боис гардид, ки муносибати шавҳарам бо ман боз ҳам бадтар гардад. Ҳангоми ҳомиладории дувуминам, ӯ боз маро латукӯб мекард ва ин буд, ки фарзанди дуюмам низ нуқсондор таваллуд шуд”. Мавсуф мегӯяд, новобаста аз он, ки солҳои тӯлонӣ мавриди хушунати шавҳар қарор гирифтааст, боре ҳам ба ягон мақомот дар бораи зӯроварӣ ва латукӯб аз ҷониби шавҳараш шикоят накардааст, бо мақсади он, ки сирри хонаводааш даҳон ба даҳон нашавад.
Таҳлилгарон бар онанд, ки дар кишвар ҳолатҳои зиёди поймолшавии ҳуқуқҳои зан ба назар мерасад ва қисми муайяни занони тоҷик дар оилаҳое зиндагӣ доранд, ки дар он муҳит нисбат ба онҳо зӯроварӣ вуҷуд дорад. Аммо, азбаски дар ҷомеаи Тоҷикистон бисёр сокинон аз тарси муҳокимаву таънаи атрофиён мушкилоти оилавии худро пинҳон мекунанд ва аз ёриву мадад хостан аз атрофиён шарм медоранд, ин боиси нақзи ҳуқуқҳои занон мегардад.
Садоқат ном зан дар суҳбат бо мо дар мавриди зӯроварӣ афзуд, ки “мо занҳо зӯроварию ноҳақӣ ва поймолшавии ҳуқуқҳоямонро дар оила ба хотири ҳифзи оила ва ояндаи фарзандон таҳаммул мекунем”.
Мавриди зикр аст, ки тибқи маълумоти баъзе аз сарчашмаҳо, аз миқдори умумии занҳои дар муҳити оила мавриди хушунат қароргирифта танҳо 13%-и занҳое, ки ҷабрдидаи хушунати хонаводагӣ ҳастанд, ба мақомоти дахлдор ва ё дигар ниҳоду ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекунанд. Яъне инҷо гап сари он аст, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳамоно бисёриҳо ба ин фикранд, ки мушкилоти дохили хонавода набояд аз чаҳорчӯби хона берун равад, вале ин пинҳонкориҳо гоҳо бо фоҷиа меанҷомад.
Тибқи маълумоти баъзе аз сарчашмаҳо, 97%-и мардҳо дар Тоҷикистон ақида доранд, ки зан барои нигоҳдошти оила бояд зӯровариро тоқат кунад ва дар кишвар ҳар як 4-умин зан ҷабрдидаи хушунати хонаводагӣ аст. Ба андешаи мо, яке аз роҳҳои коҳиш додани зӯроварӣ дар оила ин тақвият бахшидани механизмҳои амалишавии Қонун “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” маҳсуб меёбад ва бо ин роҳ метавон бо мусоидати мақомоти ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҳамаи шаклҳои хушунати хонаводагиро бартараф сохта, ёрии ҳуқуқиро ба ҷабрдидагони зӯроварии хонаводагӣ бештар ва дастрастар намуд. Гузашта аз ин, дастгирии ҳамаҷонибаи ташкилотҳои ҷамъиятие, ки аз ҳуқуқҳои инсон дар ҷомеа ва муҳити оилавӣ дифоъ мекунанд, самти дигари афзалиятноки таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, хоса занҳо маҳсуб меёбад.

Ҷаҳонгир МИРСАЛИМОВ

Тағйироти охир Шанбе, 02 Сентябр 2017 10:13
Хонданд 421
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.