.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҷомеъа

Шумо дар Ҷомеъа

Ту напурсу ман нагӯям

Авг 26, 2017 Хонданд: 716
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Салимҷон дар боғи Ирам нишаста, шаҳу арӯсонро тамошо мекард. Мушоҳида мекард, ки чи тавр онҳо дар оғӯши якдигар акс мегирифтанд. Онҳоро тамошо карда, баъзе пиқ-пиқ механдиданд. Хандаи онҳо ба Салимҷон шинос буд: Он хандаи мазоҳ буд, ки "чаро бинии арӯс ё шаҳ дароз аст?". Дигаре ба шаҳу арӯс назар накарда, акс гирифтан мегирифт, то ки хотираи суратгиракаш зуд пур шаваду корашро тамом кунад. Боғбонҳои боғ дар як сояи ба қавле "ғафс" бо ҷорӯбу сатили партовгирӣ якпаҳлӯ зада, бархе кӯдаконро "ҳой, алафҳоро зер накун писар"- гуфта, худ болои алафи дирӯз коридаашон "дам" мегирифтанд. Як гуруҳи дигар назди яхмосфурӯш, ки дар дохили боғ яхмосашро дубаробар қимат мефурӯхт ҷамъ шуда, барои харидани яхмоси ширхом навбат меистоданд. Бале, яхмоси мерехтаи яхмосфурӯш шири пӯхташуда надорад, балки шири хому бо об якҷо карда дорад. Ин субҳ Салимҷон худаш ҳам аз ҳамон яхмос якто хӯрд ва дигар нахост. Хайр чӣ кунад? Дунё ҳамин хел шудааст. Ҳама ба куҷо равонанд, номаълум? Яке сиёҳро сафед гуфта бо падару модараш ҷанг мекунад, дигаре Интернет гуфта, аз интернат мегурезад. Ана Салимҷон ҳамаи инро мушоҳида карда, давраҳои ҷавонии худро ба ёд овард. Давраи Шӯравӣ. Даврае, ки Салимҷон дар бораи пул, мошин, хона, зан ва технология умуман фикр намекард. Ҳар рӯз назди тағои Ҳалимҷон-Исоҷонамак, ки дар наздикии кӯли Комсомол (имрӯза кӯли Ҷавонон) тарбузҳои калон-калони сурхшуда мефурӯхт. 

-Салом амаки Исоҷон! Савдо чӣ хел? Ягон 1000 рубл савдо кардаед чӣ?
-Ээ нее, чӣ ҷои 1000 рубл. 100-200 рубл худаш ҳам хеле пул аст. Ҳамин русҳо бисёр мехаранд. Тарбуз хеле боқадр аст барои онҳо.
-Оо тарбузҳои шумо ҳам қанд барин ширину олуча барин сурх-дия! Дилхоҳ одама дилаш мекашад, ки аз тарбузҳои шумо якто харида, роҳати ҷон кунад.
-Ҳаа, давра давраи нағз. Тарбуз ҳам арзон, ҳама чиз ҳам арзон ва ҳама чиз ҳам босифату аъло. Халқ медонад, ба чӣ назар кардану накарданашро хуб медонад.
-Ҳаа дуруст мегӯед. Миш-миш аст, ки Ҳукумати Советӣ барҳам мехӯраду ким-чихел як давраи демократӣ меомадааст, рост аст- мӣ?
-Намедонаму аммо, ҳама ҳамин хел гуфта истодаанд. Мегӯянд, ки қимативу нобаробарӣ мешудааст. Ин арзониву софдилӣ аз байн мерафтааст, гӯйё, ки охири замон мерасидааст. Ба фикрам, дигар тарбузҳои ширину суп-сурхи маро дар хобатон мебинед ва ким чи хел тарбузҳои берангу бӯйрро хӯрда, ишкаматонро як дақиқа ҳам дошта наметавонед.
Банди серпечутоби хаёли Салимҷонро дӯсти қимату қиёматияш Ҳалимҷон канд.
-Ҳа дӯсти бемеҳр, дар ин ҷо ба фикр фурӯ рафта, чаро як гардиш намекунӣ?
-Э, ҳавсала надорам. Пир шудаам. Дар ҳамин салқинӣ нишаста, давраҳои ҷавониро ба хотир оварда, ҳайрон мешавам ки чи хел зуд гузашту гуфтаҳои худораҳматии Исоҷонамак рост баромадаанд. Агар он кас то ин замон зинда мебуд, девона шуда мемурд.
-Э нее, наход девона шуда мурад?! Охир ин замона ҳамаро ба коми худ мекашад ва фурсат намедиҳад, ки одам ҳатто девона шавад. Як ба атроф назар бикун, ки чӣ ҳодисаҳо, чӣ равишҳо рух дода истодааст. Ҳодисаҳое, ки аз шуниданаш гӯши майнаи сари одам метаркад.
-Ҳа, мебинӣ, ки на корманди милиса кори худашро мекунаду на муаллимаи мактаб. Яке аз насиҳатношунав туро дар роҳ дошта, насиҳат мекунаду худаш аз гирифтани насиҳат фарсахҳо дур мондааст, дигаре ба ҷои зан гирад "шавҳар" мекунадее, худоё тавба! Яке бошад ҳукуматро фиреб кардаву буҷаро тараву тороҷ мекунад, дигаре ба ҷои ӯ рафта дар кунҷи зиндон нохун мегазад. Якеи дигар боз ҳам ба давлат хиёнат мекунаду механдад, вале дар назди издиҳом мансаб мегираду ба соддагии ҷоизадиҳандагон боз ҳам механдад. Яке аз чинӣ дарро нокуфта, бе иҷозат ба хона ба ҷои "нихао" гуфтан, "тилло" гуфта медарояду дигар намебарояд, дигаре мағзашро ба дараҷаи олӣ расонда аз ватан "ҳуй" мехӯрад. Яке...Эээ ин якеҳоро агар мисол биёрам, хеле зиёд мешавад. Хубаш бас кунаму хеста равам.
-Ҳаҳаҳа. Хез рав, ки ҳозир боз ҳардуи моро дида, фикри бад накунанд?!
-Ту напурс, ҷони бобо...!

ҒУРМАГАС

Тағйироти охир Шанбе, 26 Август 2017 11:21
Хонданд 716
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.