.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҷомеъа

Шумо дар Ҷомеъа

ТАЗЗОДҲОИ ЗИНДАГӢ

Янв 05, 2019 Хонданд: 54
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
ТАЗЗОДҲОИ ЗИНДАГӢ

Дар зиндагӣ мо гоҳо шоҳиди таззодҳое мешавем, ки аз фасоди молиявӣ, аз беадолатӣ, аз нобаробарӣ ва аз беэътиноиҳо ҳикоят мекунанд. Ин мушкилот аз мушкилотҳое ҳастанд, ки дар ҳама давру замон ҷомеаи моро ноҷӯр месохтанд, ноҷӯр месозанд ва ба қафо мебаранд. Дар чунин ноҷӯриҳо баъзан ҳолатҳое рух медиҳад, ки онҳо метавонанд барои дигарон панд бошанд. Дар навиштори зер банда лаҳзаҳоеро рӯи коғаз овардаам, ки маҳз дар бораи ана ҳамин мушкилот ҳикоят мекунанд.

 

Мансаб

Баъди чандин солҳо ӯро дар назди бонк дидам. Бисёр сертараддуду серкор менамуд. Аз ӯ пурсидам, ки ба бонк барои чӣ кор омадаӣ? Гуфт, ки қарзи бонкӣ гирифтаниям. Гуфтам, ки чӣ кор мекунед ин қадар пули калонро? Гуфт, як кор аст. Пинҳон дошт. Ба ҳолаш намондам ва сиррашро пурсидам. Оҳиста ба гӯшам гуфт: « - мансаб хариданиям»…

Се сол баъд нохост ҳамсари ӯро бо як фарзанди хурдсолаш дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияе дида, боварам наомад, ки ӯ ҳамсари вай аст. Наздаш рафта, аҳволпурсӣ намудаму гуфтам: « - янга чӣ кор мекунед дар ин ноҳияи дурдаст?».

Гуфт: « - Бонк хонаамонро гирифт, тағоям дар ҳамин деҳа чор сотих замини худро ба мо додааст, то як кулбае созем. Ошноят ба Русия мардикорӣ рафт.»

 

Қурбоқа мепарад?

Ӯ аз овони хурдӣ дӯст медошт, ки дурустии ҳарфи худро ба ҳамагон исбот намояд. Бо падар ва бародарон доир ба ин ё он мавзуъ баҳс менамуду барои дурустии суханони худ ҳар гуна далел меовард.

Боре ҳангоми донишҷӯӣ дар дарси як профессори донишгоҳ сухани устод ба ӯ маъқул нашуду ба баҳс оғоз намуд. Профессор бо як боварии қатъӣ мегуфт, ки қурбоқа мепарад. Ӯ бошад, зид баромада, исбот менамуд, ки қурбоқа пар надорад ва намепарад. Баҳс доман гирифт. Профессор ӯро ба кафедра даъват намуд ва бо дигар устодон дар якҷоягӣ ба ӯ фаҳмониданд, ки қурбоқа мепарад. Бо вуҷуди ин ҳам қабул накард. 

Ба Пажуҳишгоҳи зоология ва паразитологияи Академияи илмҳо омада, дар ин хусус пурсиш намуд. Дар он ҷо ҳам ба ӯ гуфтанд, ки қурбоқа мепарад.

Баъд ба хона омада, чанд шаб фикр кард, саҳифаҳои китобҳои гуногунро варақ гардонд ва як мақолаи калони илмӣ дар бораи қурбоқа навишта, бо далелҳои қатъӣ исбот намуд, ки қурбоқа намепарад. Аммо мақоларо рӯзномҳо чоп накарданд. 

Рӯ ба интернет овард ва дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба исботи суханони худ оғоз намуд. Ҳар рӯз чандин маротиба тариқи паёмакҳо бо далел исбот мекард, ки қурбоқа намепарад. Дар интернет дӯстону тарафдоронаш зиёд мешуд. Бисёриҳо фикри ӯро қабул мекарданд, ки қурбоқа намепарад.

Аммо рӯзе субҳи содиқ нафарони номаълум аз хона, аз назди падару модараш ӯро маҷбурӣ бурданд…

Пас аз се моҳ ӯ аз боздоштгоҳи муваққатӣ баромад ва акнун фаҳмида буд, ки қурбоқа барои чӣ мепаридааст.

 

Тарс

Ба ҳуҷраи духтури руҳшинос дар бемористони Қарияи боло бемори ғайриодиеро оварданд. Беморро аз он ҷиҳат ғайриоддӣ мегӯем, ки аввалан ӯ худ духтури ҳамин бемористон буд, баъдан ӯро ҳеҷ як узв дард намекард, фақат ғайримуқаррарӣ метарсид. Тарси ӯ дар ду ҳолат хуруҷ мекард: якум дар ҳолати дар назди ӯ пул шумурдан, дуввум дар вақти ҳуҷҷатеро аз ҷайб бароварда нишон додан. Дар ин ду ҳолат дили ӯ ба таппиш медаромад, ранги рӯяш мепарид ва худро сусту беқувват ҳис менамуд.

Наздикони ӯ таърихи ба ин касалӣ гирифтор шудани беморро ба духтур нақл намуданд: Аз афташ боре ба ин бемори ғайриоддӣ дар ҳуҷраи кориаш кадом як муштарие барои иҷро намудани як коре ишораи порадиҳӣ мекунад ва духтур низ гӯё барои ин чиз розигии худро нишон медиҳад. Муштарӣ аз кисааш сесад сомонии шарақосиро ҳисоб намуда, ба дасти вай медиҳад ва ҳанӯз пул дар дасташ ним дақиқае наистода, муштарӣ аз ҷайби дигараш ҳуҷҷати худро, ки корманди Агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ будааст, нишон медиҳад. Ин дам вай ончунон метарсад, ки карахту шох дар болои курсӣ меғалтад. Ранги рӯи парида ва тарси ғайримуқаррарии ӯро дида, ҳатто корманди агентӣ ба ташвиш меояд ва дигар духтуронро барои мадад намудан ба ӯ даъват мекунад. Духтурони дигар ба ҳамкорашон ёрии аввалия мерасонанд ва хешу таборону бародаронаш ин ҳодисаро дар ҷояш ба қавле «ҳал» намуда, корро то бинои агентӣ намебаранд. Тамоми корҳо хуб мешавад, даҳони ҳама гӯё нисбати ин ҳодиса «баста» мегардад, вале худи духтур ҳеҷ не, ки сиҳат шавад. Ӯ доим аз шумурдани пул, аз нишон додани ҳуҷҷат метарсад.

Боре дар мусофиркаши хурд то ҷои кор омада, ҳар маротибае, ки мусофире барои пардохти роҳкиро даст ба ҷайб мебурду пул мегирифт, дили ӯ меларзид. Як дафъаи дигар дар бозор низ ҳангоми хариду фурӯши савдогарону харидорон ин ҳолат ба ӯ рух додааст. Яъне дар ҳар куҷое, ки пул мешумурданд ва даст ба киса бурда, ҳуҷҷатеро нишон доданӣ мешудаанд, бемории ӯ хуруҷ мекардааст…

Духтури руҳшинос ҳаматарафа беморро ташхис карда, намуди бемориро муайян сохт ва қайд кард, ки ин беморӣ дар натиҷаи тарси сахти инсон ба вуҷуд меояд ва тарзи муътадили кори дилу асабро вайрон мекунад, руҳро хаставу мариз мегардонад. 

Ҳамчунин, духтури руҳшинос беморро тасалӣ дода, машварат медиҳад, ки «дар бораи ҳодисаи ба сараш омада бояд фикри зиёд накунад. Имрӯзҳо ин корро ҳар сари қадам дар ҳар як корхона мушоҳида кардан мумкин аст. Порадиҳию порагирӣ ба авҷи аъло расидааст. Одамонро бо панҷсад ҳазор доллар пора дастгир намуданд, парвое накарданд, аммо ту барои 300 сомонӣ пора гирифтан тарсида бемор шудаӣ». Духтур бо ҳамин ба бемор дорухат навишта дод…

Аз байн чанд ҳафта гузашт. Тавсияҳои духтури руҳшинос ба бемор фоидае накарданд. Ҳамоно ӯ метарсид. Шахсе ба наздикони бемор тавсия дод, ки ӯро ба назди домуллои ҷинхон баранд. Ба назди кадом муллои ҷинхоне, ки барои дуохонӣ мерафтанд онҳо дуо хонданро рад мекарданд ва иброз медоштанд, ки фаъолияти онҳо тибқи қонун манъ шудааст ва агар онҳо ҷинхонӣ кунанд мақомот онҳоро даъват карда,  ҷарима мебандад.

Ниҳоят бародари бемор тавассути шиносаш як домуллоро шабона ба хона оварда, ӯро дуои рафъи ҷин хонд. Баъдан ду маротибаи дигар ин амалро пинҳонӣ дар хонаи домулло анҷом доданд.  

Аммо, ӯ ҳамоно метарсид. Ҳеҷ шифо ёфтани худро эҳсос намекард. Ночор ба хотири саломатӣ аз кор рафт…

 

Инсоф

Дар бинои Бюрои суроғавии маълумотномадиҳии хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД даҳ-понздаҳ нафар одамон дар назди тирезачаи хурдакак ҷамъ шуда, аз баланд шудани нархи маълумотнома ғур-ғуркунон байни ҳам норозигӣ мекарданд. Яке мегуфт: «наход як маълумотномаеро, ки чанд сол пеш бо 1 сомонӣ аз ин ҷо мегирифтем, акнун 20 сомонӣ шудааст?». Дигарӣ илова менамуд: «инҳо нархи маълумотномаеро, ки тайёр намудани он ҳамагӣ як дақиқа вақтро мегирад, аз рӯи кадом меъёрҳо муқаррар намуда бошанд?». Саввумӣ мехост дод занад: «Ақаллан ҳамин 20 сомони сабилиро ҳамин ҷо гирен. Боз ман бояд як соат дар бонк навбат истода, он ҷо пулро супурда, расидашро биёрам».

Ин дам як марди солхӯрдае аз дар даромад. Навбат ва норозигии мардумро дида, ба гуфтаҳои ҳар як нафари он ҷо буда бо диққат гӯш дод ва баъд аз тирезача ба утоқи дарунӣ нигариста, аз ҷавони ҳарбипӯши дар назди миз нишаста пурсид, ки «писарам, дар ҳақиқат нархи маълумотнома 20 сомонӣ шудааст?» Ҷавон гуфт: 

- Бале. Лавҳаи пӯшти деворро хонед.

Мард чанд сонияе фикр карда, баргашт ва оҳиста худ ба худ гуфт: 

- Дирӯз ҳангоми иваз намудани шаҳодатномаи ронандагӣ ӯро наёфтам, имрӯз дар ин ҷо низ ӯро намебинам, оё ягон муассисае бошад, ки ӯро дар он ҷо дидан мумкин бошад?

Баъд баромада рафт. 

Ман, ки ба бонк барои супоридани 20 сомонӣ рафтанӣ будам, аз қафояш баромадам ва дар берун оҳиста аз ӯ пурсидам: 

- Ака дирӯз ва имрӯз киро наёфтед? «Ӯ»-и гуфтаатон ягон шиносатон аст?

Марди солхӯрда ба сӯям як нимнигоҳе карду, оҳи сабуке кашида, гуфт:

- Эҳҳҳ шинос, шинос мегӯӣ. Акнун ӯ барои мо мардум ношинос шудааст.

Ман боз нафаҳмидам ва пурсидам: 

- Ака ман нафаҳмидам, киро ва ё чиро дар назар доред?

Ӯ гуфт:

- Инсофро.

 

Мо мурдаем?      

Як мард аз мақомоти тафтишотӣ ҳамроҳи омӯзгоре дар ошхона хӯроки нисфирӯзӣ мехӯрданд. Нохост телефони корманди мақомоти тафтишотӣ занг зад. Аз рӯи суҳбати корманд пай бурдан мумкин буд, ки ӯ бо ҳамсараш дар бораи пул суҳбат мекунад. Баъди анҷоми гуфтугӯ корманди мақомот ба омӯзгор гуфт:

- Занак буд. Яку ним ҳазор доллар барои кадом як хешашон лозим шудааст. Сағераи хешашон бо касе ҷанҷол хӯрда, дастгир гардидааст. Акнун пул лозим шудааст. Гуфтам диҳед.

Омӯзгор гуфт:

- Хайрият, ки дореду дода, ҳоҷати ҳоҷатмандонро мебароред.

Кормади мақомот гуфт: 

- Эҳ устод, устод. Худатон медонед ку ҳамин шабу рӯз дар хонаи ҳар як одами зинда ҳазор - ду ҳазор доллар барои ягон рӯзи мабодо ёфт мешавад. Аз ҳамон пулҳо гуфтам бидиҳад.

Омӯзгор гуфт:

- Ин тавр бошад ҳамин шабу рӯз мо одами мурдаем.

 

Музди меҳнати ҳалол?

Сардори як корхонаи давлатиро дидам, ки таъриф мекард:

- Охири ҳар моҳ 800 сомонӣ ба дасти занак медиҳам. Хурсанд мешавад, бечора намедонад, ки музди меҳнати ҳалоли худаш аст.

Пурсидам:

- Чӣ гуна музди меҳнати ҳалоли худаш?

Гуфт:

- Ман ӯро дар корхона ҳамчун фарроши дуввум гузаронидаам. Ӯ кор намеравад, вале ман маошашро охири ҳар моҳ оварда, ба дасташ медиҳам.

 

Туҳфаи солинавӣ

Мансабдореро кайҳо боз барои порагирӣ Агентии зидди коррупсия пайгирӣ менамуд, аммо ҳар дафъа зимни дастгир шудан аз об хушк мебаромад. Шаби соли нав, ӯ ҳангоми таҷлили он дар назди зану фарзандони хурдсолаш ва бобои барфӣ ба даст афтод:

- Писарҷон, бобои барфӣ ба ту чӣ туҳфа намуд?

- Мошинча.

- Ба апаҷонат чӣ туҳфа намуд?

- Арӯсак.

- Ба падарҷонат чӣ?

- Конверт.

- Дар даруни конверт чӣ буд?

- Дадом гуфтанд, ки шоколад аст.

- Ту, апаҷонат ва модарат хурсандиро идома диҳед, мо бо падарҷонат ва бобои барфӣ ба корхонаи мо меравем ва шоколади дар даруни конвертбудаи дадаҷонатро мехӯрем. 

 

Шикояти корманди БДА

Як моҳ баъд аз омадани роҳбари нав як корманди Бозрасии Давлатии Автомобилӣ аз кор рафт. Аз ӯ пурсидам, ки чаро аз кор рафтӣ? Гуфт:

- То омадани сардори нав доим радар дар дасти ман буд ва дар кадом минтақае, ки мехостам навбатдор мешудам. Роҳбари нав акнун манро ё дар ҳуҷраи корӣ нигоҳ медорад, ё дар чорроҳа барои танзими пиёдагузарон мегузорад.

- Акнун ба чӣ кор машғул хоҳӣ шуд?

- Шунидам Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ озмуни қабули кормандони навро эълон намудааст, ҳуҷҷатҳоямро ба ҳамон ҷо супоридам.  

 

Нақшаи гузаро

Қарзгир зимни пешниҳоди ҳуҷҷатҳояш ба бонк ҳамчун бизнес-план ду нақшаро пешниҳод намуд. Якеро ба департаменти қарздиҳии бонк, дигареро ба худи раиси ташкилоти қарзӣ. Бо вуҷуди он, ки нақшаи аввалӣ бинобар мувофиқ набудан ба талаботҳои бонк қабул нагардид, баргардонида шуд, аммо нақшаи дуввумӣ мақбули роҳбари аввал гардид ва боиси қонеъ гардонидани талаботи муштарӣ шуд. Нақшаи аввалӣ нақшаи тиҷоратӣ буд, дуввумӣ нақшаи коррупсионӣ. 

 

Ҷустуҷӯ

Ниҳоят баъди ҷустуҷуҳои зиёд ӯ ҷои кори худро пайдо намуд.

Рӯзи аввали корӣ, ӯ корро аз ҷустуҷӯи камбудиҳои корхона оғоз намуд. Рӯзи дуввуми корӣ, ӯ ин ҷустуҷӯро суръат бахшида, камбудиҳои нав ба навро рӯи коғаз меовард. Рӯзи саввум низ, ӯ дар ҷустуҷӯ буд, аммо дар ҷустуҷӯи камбудиҳо не, балки дар ҷустуҷӯи ҷои кори нав.

 

Ана ҳамин хел раис

Аз нафаре пурсидам:

- Раиси нав чӣ гуна аст?

Нарангушташро рост намуда (класс), ишора кард:

- Ана ҳамин хел Раис аст. Дусад сомонӣ ҳам диҳӣ мегирад.

 

Олимҷон САФОЛОВ

Тағйироти охир Шанбе, 05 Январ 2019 15:04
Хонданд 54
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Январ 2019 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Нигоҳи хос

  • Баҳонаи зистан

    Мақсад доштан маънои баҳонае барои нафас гирифтанро дорад. Соли 2018…
  • МАСЛИҲАТ

    Аз дидаву шунида Салом, хонандагони гиромии ҳафтаномаи «Фараж»! Мо аз…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.