.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҷомеъа

Шумо дар Ҷомеъа

Аз сӯхтан то сохтан

Дек 28, 2018 Хонданд: 49
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Аз сӯхтан то сохтан

Барои инсон хислат, дил, эҳсоси нек муҳимтар аз ақл аст. Зеро ин ҳамаро ақл идора мекунад.

(Ф. Достоевский)

 

Дафтари аввал:

Қаҳрамон

Зиндагӣ қаҳрамонҳое зиёд дорад, 

ки бо таъсири сабақи ҳаёт 

давраи наверо дар 

зиндагии хеш оғоз кардаанд.

(Генри Торо)  

Мо онҳоро ҳар рӯз мебинем: дар роҳ, дар мағоза, дар бозор, дар маҳалли кор…

Аммо кам мешавад то бипурсем: кисту аз куҷост, ва чӣ гуфтание дораду бо кӣ гуфтанист.

Зеро мо қаҳрамонҳоямонро одат кардаем бо ситоиши ину он, баъди васфномае дар рӯзномаеву шабакае интихоб кунем. Зеро мо қаҳрамонпарастем ва зоҳирбин, шахси одиро мебинему намебинем.

Гоҳе ҷуръатамон намерасад, гоҳи дигар ҳарфи гуфтанӣ надорем, гоҳе наметавонем қаҳрамонамонро барои хонанда шиносонем.

Шояд ба ин сабаб буд, ки ҳангоме мақсади сафарамро ба Сабоҳатулло Музаффаров, намояндаи Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» ва роҳбаладамон, журналисти соҳибном Шаҳноз Комилзода фаҳмониданӣ шудам, як каме дасту пой хӯрдам:

- Барои ман як ҳамсуҳбате ёбед, ки тақдири монанд ба дигарон надошта бошад, аз сӯхтану сохтан натарсад, бо навмедию шикасти роҳ панҷа нарм карда бошад, як инсони заминӣ, одӣ бошад.

Ва онҳо қаҳрамони маро барои ман шиносониданд:

Атоева Давлатпочои шастудусоларо, ки чашмонаш аз нақли рӯзгори имрӯз аз ғояти ифтихор медурахшад ва меҳнату ранҷро чун ганҷи худодод мепазирад, аз дирӯзаш бо андуҳ ёдовар мешаваду қисса мекунад, ки чӣ гуна қадам ба қадам қомати навмедию танҳоиро шикастааст.

Шиораш ҳам дар зиндагӣ содаву одӣ буда: Ба манзил мерасад ҳар раҳнавард рӯзе…

Дафтари дуюм:

Ҷанг

Ба хотири онҳое, ки дӯст медорӣ 

ва ба хотири онҳое, ки дӯстат медоранд, 

метавон машаққату азияти гӯшношунидро 

таҳаммул кард ва зиндагии хешро ба гарав гузошт.

(Грэм Грин)

«… Нуҳуми марти соли 1955 дар ноҳияи Вахш, деҳаи Советобод таваллуд шудаву соли 1962 таҳсилро дар мактаби миёнаи рақами 10 оғоз карда, онро соли 1970 ба итмом расонидам. Соли 1973 бо Атоев Салмон оиладор гардидаву соҳиби чор фарзанд - 1 духтар ва 3 писар шудам. Хушбахту хонаобод будам. Бовар доштам, ки чун аксар фарзандони деҳ зиндагии орому бомаром насибам гаштааст. Аммо…

Як субҳи сиёҳи балохези соли 1992 садои тир зиндагии маро баҳам зад. Ноҳияи Вахш ба дарёи хун бадал гардид. Бародар қотили бародар шуду зоғи сиёҳи шумхабар ҳоким ба кулбаи осудаи мардум. Фавҷ-фавҷ мардумро дар ҳаммоми ноҳия мекуштанд, даста-даста мардум худро ба коми дарёи Панҷ мезаданду аз ҳамдеҳаи дирӯза мегурехтанд.

 Камон ҳокими замон шуда буд!

Дарёи хун мавҷ мезад, умедро мекушту навмедиро истиқбол мекард.

… Рӯзе сояи марг ба кулбаи ман ҳам афтод: Шавҳарамро куштанд! 

Ягона ноновари хона, умеду орзуи хона, чанори соябони чор фарзандам, ки хурдии онҳо ҳамагӣ якунимсола буд.

Маро даҳшат гирифт. Ба ҷасади хунолудаи шавҳарам менигаристаму фардои чор ҷигарбандам маро ба тарсу ларз меандохт. Чӣ кор бояд кунам? Ин чор кӯдакро куҷо мебарам? Додамро ба кӣ мегӯям?…

Бовар кунед, имрӯз пораноне меёфтаму ваҳшати он ки пагоҳи дигар аз куҷо бояд дар миёни оташи ҷангу хун як пора нони дигар ёбам, оромам намегузошт. 

То ҳол ёди он рӯзҳо беихтиёр ашки маро равон месозад. 

То ҳол азоби он гушнагиҳо, рӯзгори зане дар миёни дарёи хун бо чор кӯдаки ноболиғ пеши назарам ҳувайдо мешавад. Гушнагӣ ҳам кашидам, хорӣ ҳам дидам. Фикр мекардам, ки дигар тамом, домони ҷангу гушнагӣ маро раҳо наҳоҳад кард. 

Вале… чашмони умедвори чор кӯдаки гушнаам маро водор мекард, то бархезам, ором нашинам, Пеш аз кушта шудани шавҳарам, гарчи хату савод доштам, маълумоти миёнаи мактабӣ доштам, вале миёни дарёи хун сарҳисоби зиндагиамро гум карда будам, барои чор ҷигарбанди гирёнам дигар ҳам падар будаму ҳам модар. 

Ин рӯзҳои сиёҳи ман, азоби сангини ман баҳри як пораи нон ду сол давом кард. Гоҳо фикр мекардам тамом, ман ва чор фарзандам қурбони ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ шудаем, лек чашмони умедвор, чашмони нонҷӯйи фарзандонам маро водор мекард, то бархезам, бархезаму натанҳо барои худам, балки барои даҳҳо занони бешавҳари дигар дар ноҳия, миёни оташи хоку хокистар  кор кобам, нон кобам»...  

Дафтари саввум:

Талош

Бузургтарин суоли зиндагӣ ин аст: 

Чӣ гуна бояд миёни одамон зист?

 (Албер Камю)

«… Дар ноҳияи Вахш мо 22 нафар занони бе шавҳар монда, аниқтараш, шавҳаронашон дар ҷанг кушташуда, будем. Ёдам меояд, ҷамъ мешудему аввал гардани ҳам гирифта, то холӣ шудани дил мегиристем. Баъд дар андешаи чи гуна зинда мондан, ақаллан зинда мондани фарзандон афтодем. Як созмони ғайридавлатие буд бо номи «Маҳбуба». Дар ҳамон шароит мо 15 нафар ҷамъ шуда, як сехи маҳкам кардани консерв таъсис додем. Аз хайрияҳою дасти мадади ҷомеа истифода мебурдем. Дар баробари ин, ман дар созмони наҷоти кӯдакони Англия кор мекардаму хона ба хона ба заноне, ки мисли худам рӯзу рӯзгоре доштанд, хайрия тақсим мекардам. Занон бовар карда, дар деҳаамон маро роҳбари занон интихоб намуданд. Ман ҳар як хайрия ё кӯмакпулиеро, ки меомад, зери наҷоти ҷиддӣ гирифтам. Нагузоштам, ки касе ё гуруҳе ҳаққи мардуми сағирро хӯрад. Сехи консервмаҳкамкунии мо гардон мешуд, чунки ягона мояи рӯзгузаронии мо буд. Аз соли 1997 созмони байналмилалии АКТЕД ба мо дасти ёрӣ дароз намуд. Бо раҳнамоии сарвари созмони маҳаллии «Маҳбуба», зани оқила Барно Раҳимова аз ин созмон қарз гирифтам ва дойираи фаъолияти сехро васеъ намудам. Оҳиста-оҳиста дар ин тиҷорат муваффақ шудам. Бо мадади «Барномаи умумиҷаҳонии озуқаворӣ», ташкилоти байналмилалии «Кишоварзӣ ва озуқаворӣ», Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкор ва айни замон Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда”, ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ мешавад, ризқи худ ва ин занони бешавҳарро аз замин ёфтем. 

Тухмӣ мегирифтем, каланд мезадем, ҳосил сабз мекардем ва нолаҳои ҷигарсӯзи азияти бешавҳарии моро танҳо саҳро шоҳид буду каланди дасти мо.

Гарчанд маълумоти миёна доштаму аз занони рӯзномаву маҷаллахон ҳисоб меёфтам, кори ҳисобу китоб, талош барои рӯёнидани ҳосил, кор бо созмонҳои муътабари ҷаҳонӣ душворӣ мекард. Вале навмед нашуда, меомӯхтам, маслиҳат мепурсидам. Агар як масъаларо нафаҳмам, даҳҳо бор, садҳо бор савол медодаму медиҳам. Дар ин байн замин гирифтаму хона сохтам ва ду фарзандамро хонадор кардам. Духтарамро шавҳар додам. Ин андешаи нодуруст аст, ки агар дар ҷое навмеду интизор нишастӣ, маблағу кӯмак ба пойи худаш меояд. Ҳеҷ гоҳ! Ҳамеша бояд ба пеш қадам занӣ, навмед нагардӣ, як қадами дигар, як дари дигар бигӯӣ! Умедворро Худованд ноумед намекунад, ҳарчанд гуфтааст, ки «аз ту ҳаракат, аз ман баракат»…  

Дафтари чорум:

Хайриниссо

Аз нафароне, ки боварии Шуморо

 ба худи Шумо мешикананд, гурезед.

 Ин одати шахсони кӯчак аст. 

Шахсони бузург баръакс, дар ботини Шумо эҳсосеро

 бедор мекунанд, ки метавонед шахсияти бузург,

 қаҳрамони даврони худ шавед! 

(Марк Твен)

«… Соли 1999 аз ёдам намеравад. Бароям соли душворе буд. Барои рушди тиҷорат бояд ба ҳар роҳе набошад, маблағ меёфтам. Эълоне шунидам, ки Кумитаи кор бо занон барои занони соҳибкор грант ҷудо мекунад. Даст ба таваккал задаму лоиҳа навиштам. Як бегоҳи соли 2000 бонуи ношиносе зангам зад. Бо овози малеҳу ширин худро Хайриниссо Юсуфӣ, раиси Кумитаи занон муаррифӣ кард. Хабар расонд, ки дархости ман дастгирӣ ёфтааст ва ман метавонам 16 000 сомониро дарёфт кунам. Бовар кунед, номи ин бонуро шунида будаму худашро надида будам. Ин як пайки хуше буд бароям. Ин барои мо, 15 зане, ки он замон кор мекардем, нӯшдоруро мемонд. Журналистон омада, мепурсиданд, ки чи гуна ман, як зане бо маълумоти миёна соҳиби гранти президентӣ шудаам. Аз мақомот меомаданду мепурсиданд, ҳеҷ кас бовар надошт, ки як зани деҳотӣ чунин муваффақият ба даст овардааст.

Ман аввалин зан, соҳибкоре дар вилояти Хатлон будам, ки соҳиби гранти президентӣ шудааст! Аниқтараш, Хайриниссо Юсуфӣ тақдирҷунбони ман гардид!»…

Дафтари панҷум:

Украина

Вақте инсон тағйир намеёбад, 

аслан ҳодисоти зиндагии ӯ маъно надорад.

(Дуглас Коупленд)

Бародарони ман аз соли 1992 ба минтақаи Херсони Украина муҳоҷир шуда буданд. Баъди анҷом ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ ҳам барнагаштанд. Меҳри бародарони раҳдур ранҷам медод. Бо кӯмаки Ассотсиатсияи занони соҳибкор дар ҷустуҷӯйи бародаронам афтодам. Ба қавли Муъмин Қаноат дар ҷустуҷӯйи бародарон “замини Украинаро зи сару бар қадам задам”. Пайдояшон кардам. Бародаронам дар мулки ғурбат ҳам болонишин буданд. Пахта мекориданд, аз дасти раҳбарони вақти ин кишвар мукофотҳо гирифта будаанд. Тарбузу харбуз мекориданд, ризқи хешро мисли хоҳарашон аз замин меёфтанд. Ҳоло ҳам ҷигарбандони онҳо дар Херсон пахта мекоранд. 

Дафтари шашум:

“Ман”-и Ман

Барои он, ки зиндагӣ тоқатфарсо нагардад, 

инсон бояд ба ду чиз одат кунад: 

Захмҳое, ки замон задааст ва беадолатие, ки одамон мерасонанд.

(Николя де Шамфор)

- Рисолати худро дар назди чор кӯдаке, ки аз ҷанг рӯйи дастонатон монда буданд, анҷомёфта меҳисобед?

- Кӯдаки охиринамро, ки ҳамагӣ якунимсола аз падар монда буд, соли ҷорӣ хонадор кардам. Ӯро соҳибмаълумот кардам ва чун омӯзгор дар деҳа таълим медиҳад. Дигар фарзандонамро соҳиби хонаву дар кардам. Фарзандонамро дигар Русия рафтан нагузоштам: бигзор чун дигар авлодонашон ризқи худро аз замин ёбанд. Келинҳоям кӯмакам мекунанд. 

- Набераҳо чӣ? Аллакай дастёри бибӣ шудаанд?

- Нуҳ набера дорам. Ман як духтару се писар доштам, вале набераҳоям ҳама духтаранд. Чанде пеш набераи нуҳумамро, ки духтар буд, аз таваллудхона шодикунон баровардам. Мепурсиданд, ки бибии Давлатпочо, ҳама набераҳоят духтар ҳастанд, аммо ту шодӣ. Гуфтам, ки ҷинсаш муҳим нест, муҳим сиҳату саломат таваллуд шудани онҳо аст. Гуфтанд, ки баробари келини ман зане духтар таваллуд кардааст, аммо на шавҳараш ба аёдат омадаанд на хушдоманаш. Ман зидди ин гуна андешаҳо ҳастам ва ин тойифа одамонро маҳкум мекунам.

- Аз ин зиндагии пурпечу тоб чӣ бардоште доред?

- Бар сари фарзанди одам ҳар чӣ ояд, бигзарад... Барф ҳам мегузаштааст,  муҳим навмед набояд шудан аз гардиши айём...

Ба ҷои хотима

Роҳ ба сӯи Душанбе гирифтем. Дар дохили мошин ба фикру андеша ғӯттавар будам. Ҳофизе таронаеро замзама мекард: “Эй ватан, месозамат... охир худам месозамат”...

Дар ҷомеа хеле зиёданд инсонҳое, ки дар назари аввал чунин падидор мешавад, ки онон барои пешрафт чандон нақши боризро намебозанд. Вале маҳз онҳо ҳастанд, ки ҷомеа месозанду иқтисодро рушд медиҳанду ободгаранд. Оила як хиште аз бинои ҷомеа аст. Ва агар ҳар яке барои устуворию пойдории ин хишт мубориза барад, пас ҷомеа низ пойдор асту устувор аст. Дар мисоли як зани оддии деҳотӣ метавон дид, ки имконпазир аст ҳатто як оилаи калонро аз ҳотаи наздиҳавлигӣ таъмин сохт. Давлатпочо ҳамарӯза дар такопуву ҷустуҷӯ аст. Гармхона месозаду обёрии қатрагӣ истифода мебараду зироатҳои навро кишт мекунаду.... ризқ меофарад. Аз технологияи ҷадиди илму фан истифода мебарад... Тавре шоире мегӯяд:

Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст,

Аз ӯ гоҳ зар, гоҳе бӯстон аст...

Хуршед АТОВУЛЛО,

Душанбе - Бохтар - Вахш - Душанбе

Тағйироти охир Ҷумъа, 28 Декабр 2018 15:41
Хонданд 49
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Январ 2019 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Нигоҳи хос

  • Баҳонаи зистан

    Мақсад доштан маънои баҳонае барои нафас гирифтанро дорад. Соли 2018…
  • МАСЛИҲАТ

    Аз дидаву шунида Салом, хонандагони гиромии ҳафтаномаи «Фараж»! Мо аз…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.