.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҷомеъа

Шумо дар Ҷомеъа

Макони касбу ҳунар дар Роғун

Дек 01, 2018 Хонданд: 116
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Макони касбу ҳунар дар Роғун

Коллеҷи муҳандисию техникии шаҳри Роғун

16 ноябр, дар рӯзи таҷлили ҷашни ба истифодадиҳии нахустин агрегати НБО-и Роғун мо тасмим гирифтем, ки аз муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию техники шаҳри Роғун, ягона муассисе, ки махсус барои НБО-и Роғун мутахассис омода менамояд, дидан кунем. Зеро ҳунаристони мазкур яке муассисаҳои миёнаи касбии машҳури кишвар буда, ҳамқадами нерӯгоҳи бузурги Роғун аст ва чун ин нерӯгоҳ дар ҳолати рушду нумӯ қарор дорад. Қоллеҷи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31декабри соли 2008 №672 таъсис дода шуда аз 31 августи соли 2009 №38-ф аз тавозуни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавозуни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО-и Роғун” гузаронида шуда, моҳи декабр аз таъсиси он 10 сол пур мешавад.

Дар коллеҷ 28 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд, ки аз ин миқдор 2 нафар дотсент, 11 нафар муаллими калон ва 15 нафари дигар ассистент мебошанд.

 

Факултетҳо ва ихтисосҳо

Дар муассисаи таълимии Коллеҷи муҳандисию техникии шаҳри Роғун

2 факултет: - факултети таҳсилоти рӯзона ва факултети таҳсилоти ғойибона фаъолият дорад. Дар пояи ин ду факултает коллеҷ мутахасисонро аз рӯи ихтисосҳои зерин ба таҳсил фаро гирифтааст:

2 -36 10 01.02 - Мошинҳои куҳӣ ва таҷҳизот, 

2-43 0101 - Нерӯгоҳҳои барқӣ,

2-56 02 01.31 Геодезияи дар сохтмон.

Шумораи умумии муҳассилини муассиса 385 нафар мебошад, ки аз ин миқдор 145 нафар донишҷӯёни гуруҳҳои рӯзона ва 240 нафар донишҷӯёни гуруҳҳои ғойбона мебошанд. Аз ин шумора 155 донишҷӯ ба таври буҷавӣ ва 230 донишҷӯ ба таври шартномавӣ таҳсил менамоянд.

Ба хатмкунандагони коллеҷи номбурда ҳангоми хатм тахассуси техник - электрик, техник-заминсоз ва техник-механик дода мешавад.

 

Дарсҳои таҷрибаомӯзӣ

Коллеҷи муҳандисию техникии шаҳри Роғун ҳамасола дар асоси нақшаҳои таълимӣ донишҷӯёни гуруҳҳои рӯзона ва ғойибонаро ба таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ фаро гирифта, ба ҶСК “НБО-и Роғун” ва корхонаву сохтмонҳои зертобеи он равона месозад. Муҳассислин аллакай дар давраи таҳсил бевосита дар худи нерӯгоҳ фаъолият карда, ҳам дар пешрафти кори нергӯгоҳ саҳм мегиранд ва ҳам тахассуси худро боло мебаранд. 

Дарсҳои таҷрибавӣ дар нерӯгоҳи Роғун дар такмили маҳорати дарсазхудкунӣ ва сайқали савияи дониши донишҷӯ нақши муҳим бозида, барои мукаммал гардони тарбияи меҳнатӣ, омӯхтани таҷрибаи пешқадам, алоқаи донишҳои назариявӣ дар амал ва дар минбаъда фаъолияти кориву касби интихобкардаи ӯ нақши бориз мегузорад. 

 

Тағйироти ҷиддии 2 соли охир

Мушоҳидаи мо нишон дод, ки тайи ду соли охир бо сохтану ба истифода додани биноҳои комилан наву ҳозиразамон дар муассисаи таълимӣ тағйиротҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд. Аз ҷумла, дар шафати синфхонаи таълимӣ сохта ва ба истифода додани биноҳои иловагии дуошёна, бинои ҳуҷраи бойгонӣ, утоқи кории шуъбаи кор бо ҷавонон, хонаи омӯзгорон барои ҳайати профессорӣ-омӯзгорӣ, хонаи набатдории посбонҳои муассиса, хонавагонҳои ҳозиразамон барои утоқҳои корӣ, шуъбаи китобдорӣ, таъмир ва тармими бинои таълимӣ ва утоқи алоҳида бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, таъмир ва тармими пурраи хобгоҳи донишҷӯён аз навгониҳое буданд, ки ба ҳусни коллеҷ ҳусни нав зам намуда аст. Ҳамаи ин гувоҳ аз он аст, ки коллеҷи мазкур чун нерӯгоҳи Роғун пеш меравад ва рушд мекунад.

 

Иштирок дар олимпиадаҳо

Донишҷӯёни Коллеҷи муҳандисию техникии шаҳри Роғун тайи ду соли охир дар олимпиадаҳои фаннӣ, ки байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ баргузор гардида буд, ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, бо диплому ифтихорномаҳо сазовор гардонида шудаанд.

Зиёда аз ин дар дигар самтҳои фаъолияти корҳои назаррас низ пуркунандаи ҳаёти рангини коллеҷ буданд. Ишғоли ҷойи якум дар мусобиқаи варзишии “Волейбол” бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун, дарёфти Ҷоми Раиси шаҳр бахшида ба 20-солагии Ваҳдат миллӣ,-раҳматномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз, раҳматнома барои иштироки фаъолона дар мизҳои гирди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, ишғоли ҷойи дуюм дар мусобиқаи “Волейбол” байни ҷавондухтарони варзишгари шаҳри Роғун, ифтихорнома барои иштироки фаъолона дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ-“Андалеб-2018”, ифтихорнома барои иштироки фаъолона дар Фестивал-озмуни шаҳрии эҷодиёти халқ-“Бустон-2018” бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, диплом барои ишғоли ҷойи дуюм дар фестивал озмуни шаҳрии эҷодиёти халқ “Бӯстон 2018” бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, диплом барои ишғоли ҷойи дуюм дар Фестивали ҷумҳуриявии “Наввоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон” тахти унвони “Ҷавонон созандагони Ватан” аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷкистон муваффақиятҳое буданд, ки инъикосгари фаъолияти бомароми ҳайати профессорӣ-омӯзгорон ба донишҷӯён гардиданд.

 

Кор дар нерӯгоҳи Роғун

Коллеҷи муҳандисию техникии шаҳри Роғун аз он ҷиҳат машҳур аст, ки барои бузургтарин нерӯгоҳи барқии обии Роғун мутахассис омода мекунад ва аксари кулли хатмкунандагони он асосан ба нерӯгоҳи Роғун ба кор медароянд. Ҳатто аксари онҳое, ки баъд аз хатми коллеҷ ба донишгоҳҳову донишкадаҳои олии кишвар ҳуҷҷат месупоранд, асосан шакли ғоибонаи таҳсилро интихоб намуда, ғоибона таҳсил мекунанд ва дар нерӯгоҳ ба кор фаро гирифта мешаванд. Инро ҳам устодон ва ҳам донишҷӯён тасдиқ карда, дилпурона иброз доштанд, ки хамткунандагони муассисаи мазкур дар пайдо намудани кор ҳеҷ мушкилие надоранд. Маҳз ҳамин муҳассилинро водор менамояд, ки аз тамоми гӯшаву канори кишвар ба коллеҷи мазкур ҳуҷҷат супоранд. Зеро боиси ифтихори муҳассилин аст, ки пас аз хатми муассиса ба корхонаву сохтмонҳои зертобеи ҶСК “НБО- Роғун” ба кор таъмин карда мешаванд.

 

Холиқи Муҳаммадназар

Тағйироти охир Шанбе, 01 Декабр 2018 17:42
Хонданд 116
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

1 Назар

  • АБДУНАБИЕВ ХУРШЕД Паём аз АБДУНАБИЕВ ХУРШЕД Душанбе, 10 Декабр 2018 08:07

    Бо баробари муроҷиати худ ба Шумо маълум мекунам, ки то соли 1996 дар шаҳри Душанбе ноҳияи Фрунзе ҳоло ноҳияи Сино, кӯчаи А-Навои хонаи 25/4 ҳуҷраи 42, истиқомат намуда дар Мактаби таҳсилотии миёнаи умумии №94, таҳсилоти миёна гирифтам. Вале бо сабаби иҷрои хизмати давлатии марҳум падарам Абдунабиев Қурбонбой дар мақомоти тафтишотии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мо оилавӣ ба ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, кучида омада то инҷониб зиндагони дорем. Пас аз ҳатми мактаби миёна, ман факултаи ҳуқуқшиносиро дар Донишноҳи андоз ва ҳуқуқи назди Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ҳатм намудам. Аз соли 2013 то соли 2018, бо фаъолияти адвокатӣ машғул шудам.
    Аммо дар соли 2017, дар рафти иҷрои вазифаҳои адвокатиам бо собиқ корманди прокуратураи ноҳияи Спитамен Нурзода М., бо сабаби аз болои амалҳои ӯ ба прокуратураи генералӣ навистанам, инчунин дар мурофиаҳои судӣ ба айбдории ӯ зидд баромаданам, муносибатҳоям вайрон шуд.
    Бо ҳамин прокуратураи ноҳияи Спитамен нисбатам адоват пайдо кард ва дар моҳи декабри соли 2017, аз ҷониби собиқ корманди прокуратураи ноҳияи Спитамен Нурзода М., нисбатам аризаи тӯҳматӣ ташкил мекунад. Яъне дар моҳи декабри соли 2017, мизоҷам Сангинова Муҳайё, сокинаи ноҳияи Спитамен бо ҳамроҳии холааш Расулова Азада, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад бо мақсади иҷозат гирифтан барои хариду фуруши хонаи истиқоматии меросӣ аз ҷониби ворисони ноболиғ ба Комиссияи ҳифзи кудаки МИҲД-и ноҳияи Спмитамен, мераванд ва дар онҷо бо кормандаш Пиримқулова Азиза гапзанон мекунанд. Охирин бо сабаби доштани хусумати шахсӣ нисбати ман, дархол ба шиносаш Нурзода М., ба прокуратураи ноҳияи Спитаман занг зада ҳолатро нодуруст мефаҳмонад. Дар навбати худ, собиқ корманди прокуратураи ноҳияи Спитамен Нурзода М. аз Пиримқулова Азиза илтимос мекунад, ки онҳоро ба прокуратураи ноҳия фиристонад. Дар прокуратураи ноҳияи Спитамен ҳолатро аз муносибатҳои гражданӣ ба аломати ҷиноят мегардонанд ва нисбати ман аз суханони бардуруғи шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Расулова Азада Раҳмоналиевна, ариза тартиб дода бе ягон шоҳид ва далел нисбатам парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 банди «а»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғоз мекунанд. Аз санаи 25.12.2017 сол, маро дар асоси аризаи тӯҳматӣ ба маҳкамаи муввақатии ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен, дастгир карда дар онҷо бо роҳи ҳар хунар (мо нисбати ту ҚҶТ “Дар бораи авф” аз 24.08.2016 солро татбиқ карда парвандаи ҷиноятиро дар тафтишот қатъ мекунем гуфтанд) ва иръоб маро барои ба гардан гирифтани ҳолатҳои дар аризаи тӯҳматӣ дарҷшуда, маҷбур мекунанд. Ҳамин тавр ба тӯҳматгарон аз хисоби хешавандони ман маблағи 21000 сомониро гирифта медиҳанд ва дар натиҷа маро бо моддаи 247 қисми 3 банди «а»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, говсуд карда ба маблағи 45 600 сомонӣ ҷарима мекунанд.
    Айни хол бо сабаби амалҳои номуносиби судяҳои марҳилаи назоратии суди вилояти Суғд ва судяи Коллегияи марҳилаи назоратӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон З.Азиззода, яъне бо мақсади дастгири намудани санади судии судҳои поёнӣ (ҳукми беасоси суди ноҳияи Спитамен аз 12.04.2018 сол, бо моддаи 247 қисми 3 банди «а»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, Таъиноти коллегияи судӣ оид парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд аз 10.05.2018 сол ва Қарори суди вилояти Суғд аз 28.06.2018 сол,) сунъи ваҷчҳои дар шикояти назоратии ман дарҷшударо ва далелҳои аз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Узбекистон ҷамъовари шударо сарфи назар намуда, аз ҳукми айбдоркунии яктарафа матни онро бардошта дар Қарори худ оиди беқаноат мононидани шикояти назоратӣ аз санаи 16.11.2018 сол онро асоснок намудааст ва бо ин амали сунъи барои моҳиятан баррасӣ шудани шикояти назоратиам монеаги эҷод шуда истодааст, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ин масъалаи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудани шахси бегуноҳро зери назорати шасии худ гиред.
    Зеро айни хол парвандаи ҷиноятӣ, ки нисбати ман аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Спитамен аз санаи 25.12.2017 сол бо моддаи 247 қисми 3 банди «а»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, беасос танҳо дар асоси як аризаи бардуруғи тӯҳматгар шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Расулова Азада Раҳмоналиевна, оғоз карда шуда буд, дар истеҳсолоти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор дорад.
    Чи тавре дар боло қайд намудам, судяи Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон З.Азиззода дар Қарори худ оиди беқаноат мононидани шикояти назоратӣ аз санаи 16.11.2018 сол, матни айбдоркунии яктарафаро аз ҳукми айбдоркунии суди ноҳияи Спитамен бардошта бо ин амал санади судии худро асоснок намуда аз ирсол намудани шикояти назоратии ман, барои моҳиятан баррасӣ шудани он дар Коллегияи марҳилаи назоратӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рад кардааст. Далелҳои исботкунандаи бегуноҳии маро, ки аз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Узбекистон ҷамъовари шудааст, сарфи назар мондааст. Илова бар ин дар вақти ирсол намудани нусхаи Қарори қабул намудааш, судя З.Азиззода ин санади судиро ба суроғаи ман бо таври нусхабардорӣ (ксерокопия) бе тасдиқ намудан бо муҳри Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактуби ҳамроҳии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №20-785/18 аз санаи 16.11.2018 сол, замима намуда равон кардааст. Ба ин ҳолат аз ҷониби шахсони холис дар вақти кушода дидани лифофаи почта санади даҳлдор аз санаи 23.11.2018 сол, тартиб дода шудааст. Бо ин амали худ, судяи Коллегияи марҳилаи назоратӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон З.Азиззода аз ҳуқуқи такроран пешниҳод кардани шикояти назоратӣ, маро маҳрум кардааст.
    Чунончи бо ҳукми беасоси суди ноҳияи Спитамен аз 12.04.2018 сол, ман бо моддаи 247 қисми 3 банди «а»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудам ва ба ман ҷазои ҷарима ба андозаи 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо- 45 600 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат ва ҷазои иловагӣ маҳрум кардан аз машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ ба мўҳлати 2 сол таъин карда шудааст, ки он нисбатам беасос ва ғайриқонунӣ мебошад.
    Санаи 20.04.2018 сол аз болои ҳукми суди ноҳияи Спитамен аз 12.04.2018 сол бо шикояти кассатсионӣ ба коллегияи судӣ оид парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд, муроҷиат намудаам. Аз суди ноҳияи Спитамен бо мактуби расмии таҳти № 701 аз санаи 03.05.2018 сол, ба ман хабар дода шуд, ки парвандаи ҷиноятӣ барои баррасӣ дар толори суди вилояти Суғд ба санаи 16.05.2018 сол соати 10:00 дақиқа, таъин карда шудааст. Санаи 14.05.2018 сол бо сабаби оилавиам имконнопазир будани иштирокам дар мурофиаи кассатсионӣ, ман бо ариза дар бораи ба дигар руз гузаронидани баррасии парвандаи ҷиноятӣ аз қабули судяи навбатдори суди вилояти Суғд Воситзода А., баромада ба дафтархонаи суди вилояти Суғд омадам. Дар онҷо ба ман фаҳмонидаанд, ки шикояти кассатсиониам аз ҷониби коллегияи судӣ оид парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд, алакай санаи 10.05.2018 сол баррасӣ карда шуда, бо таъиноти суд ҳукми суди ноҳияи Спитамен аз 12.04.2018 сол, бетағиӣр ва шикояти кассатсиониам беқаноат мононида шудааст.
    Таъиноти коллегияи судӣ оид парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд аз 10.05.2018 сол, бармаҳал ва беасос мебошад.
    Аз болои ҳукми беасоси суди ноҳияи Спитамен аз 12.04.2018 сол ва таъиноти коллегияи судӣ оид парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд аз 10.05.2018 сол, бо шикояти назоратӣ ба Раёсати суди вилояти Суғд, муроҷиат намудаам.
    Шикояти назоратиам аз ҷониби суди вилояти Суғд, дар санаи 28.06.2018 сол баррасӣ карда шуда, бо Қарори суд ҳукми суди ноҳияи Спитамен аз 12.04.2018 сол, бетағиӣр ва шикояти кассатсиониам беқаноат мононида шудааст.
    Қарори суди вилояти Суғд аз 28.06.2018 сол, беасос ва яктарафа мебошад.
    Пас, баъди чандин муроҷиатҳо ба унвони Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо тавсияи онҳо такроран дар санаи 25.08.2018 сол аз болои ҳукми беасоси суди ноҳияи Спитамен аз 12.04.2018 сол, таъиноти коллегияи судӣ оид парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд аз 10.05.2018 сол ва Қарори суди вилояти Суғд аз 28.06.2018 сол, бо шикояти назоратӣ ба Раёсати суди вилояти Суғд ва қабули бевоситаи Раиси суди вилояти Суғд, муроҷиат намудаам.
    Мутасифона дар санаи 10.10.2018 сол аз почта мактуби Раиси суди вилояти Суғдро таҳти № 4-ҷ-212/т аз санаи 21.09.2018 сол гирифтам, ки дар он ҷавоб дода шудааст, ки барои бекор кардани санадҳои судӣ асос мавҷуд набудааст, аз ин рӯ шикояти назоратии такрориам беқаноат мононида шудааст.
    Бо мактуби беасоси Раиси суди вилояти Суғд таҳти № 4-ҷ-212/т аз санаи 21.09.2018 сол, розӣ шуда наметавонам. Зеро дар замимаҳои шикоятҳои назоратии пешниҳод намудаам, асосҳои муҳим барои бегуноҳ будан, мавҷуд мебошад.
    Ҳукми беасоси суди ноҳияи Спитамен аз 12.04.2018 сол, бояд бо асосҳои зерин бекор карда шавад ва пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 банди “а”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нисбати ман беасос оғоз карда шудааст, бо сабаби мавҷуд набудани ҳодисаи ҷиноят, қатъ карда шавад:
    1. Дар ҳукми беасоси суди ноҳияи Спитамен аз 12.04.2018 сол ва парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 банди “а”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нисбати ман беасос оғоз карда шудааст, созишнома дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқии таҳти №00003 аз 12.08.2016 сол, ки муносибатҳои граждании тарфҳоро ба танзим медарорад, умуман ба инобат гирифта нашудааст. Инчунин ба пурра иҷро шудани талабот ва шартҳои созишномаи мазкур аз эътибор дур монда рафтааст.
    2. Дар ҳукми суд бе ягон асос қайд карда шудааст, ки ҷабрдида Расулов Раҳмоналӣ автомашинаи шахсиаш тамғаи “Даевоо-Матиз”-ро фурухта, моҳи январи соли 2017, маблағи 2000 доллари ИМА-ро ба воситаи духтараш намояндаи ҷабрдида Расулова Азада аз шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, гуё ба ман ба ноҳияи Спитамен фиристодааст ва дар навбати худ намояндаи ҷабрдида Расулова Азада, гуё бо ман санаш номаълум (аз гуфти намояндаи ҷабрдида Расулова Азада дар миёнаи моҳи январи соли 2017) дар ҳудуди сарҳадии бахсии байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳаллаи Горный, (дар ҳукми суд ин ҳудуд бо маҳаллаи Доманакуҳи Ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамен нишон дода шудааст) вохӯрда маблағи 2000 доллари ИМА-ро ҳисоб карда супорида будааст. Дар асл дар ноҳияи Спитамен ҳудуд ё маҳаллаи ба номи Доманакӯҳ вуҷуд надорад. Мувофиқи маълумотҳои дар Сарраёсати бехатарии харакати роҳи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон, мавҷуд буда дар номи Расулов Раҳмоналӣ, сокини шаҳри Бекободи вилояти Тошкент кӯчаи Ҷомӣ хонаи №3А, аз соли 2016 то 09.04.2018 сол, ягон намуд воситаи нақлиёт бақайд гирифта нашудааст. Қаблан ба номи Расулов Раҳмоналӣ ба давраи солҳои 2005-2009, 4 адад автомашинаи сабукрав (3 адад ГАЗ-24 “Волга” ва М412“Москвич”), бақайд гирифта шуда буд. Ҳамчунин тибқи мактуби расмии раёсати адлияи вилояти Тошкент таҳти №11-7-259/3-2 аз санаи 25.05.2018 сол ба номи Расулов Раҳмоналӣ, сокини шаҳри Бекободи вилояти Тошкент кӯчаи Ҷомӣ хонаи №3А, аз соли 2016 то 09.04.2018 сол, ягон намуд аҳд (бегона намудани автомашина) бақайди давлатӣ гирифта нашудааст. Моҳи январи соли 2017 аз ҷониби Расулов Раҳмоналӣ, фурухтани автомашинаи шахсиаш тамғаи “Даевоо-Матиз”, тӯҳмат ва дуруғ мебошад. (ниг. ба мактуби расмии Сарраёсати бехатарии харакати роҳи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти №24/8-7528 аз санаи 12.04.2018 сол )
    3. Мувофиқи мактуби расмии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд таҳти №208/201-1738 аз 27.04.2018 сол ва Кумитаи давлатии гумрукии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти №03-05/15-05094 аз санаи 09.05.2018 сол, аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Расулова Азада Раҳмоналиевна, дар давраи аз 12.08.2016 сол то 12.08.2017 сол, воридоти асъори хориҷӣ-доллари ИМА тавассути дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадии вилояти Суғд, ба қайд гирифта нашудааст. Нишондодҳои Расулов Раҳмоналӣ оиди моҳи январи соли 2017, маблағи 2000 доллари ИМА-ро ба воситаи духтараш Расулова Азада аз шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, гуё ба ман ба ноҳияи Спитамен фиристода шуданаш, тӯҳмат ва дуруғ мебошад.
    4. Ҳамаи нишондодҳои намояндаи ҷабрдида Расулова Азада аз номи дигар хешавандони наздикаш воқеаи бардуруғ мебошад ва аризааш қасдона ва тӯҳмати мебошад. Чунки ҳодиса дар бораи содир шудани ҷинояти иқтисодӣ умуман мавҷуд намебошад.
    Зеро сари моҳи августи соли 2016 ба наздам як шиносам ба ном акои Қудрат, ки дар маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати шаҳраки Навкат истиқомат мекунад, ҳамроҳаш хешавандони додараш, шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекситон, яъне Расулов Раҳмоналӣ, духтараш Расулова Азадаро оварда илтимос мекунад, ки ба онҳо барои барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои хонаи истиқоматии марҳум домодаш Сангинов Шералиро ба номи набераҳояш ноболиғон Сангинова Муҳайё Шералиевна, Сангинов Шахбоз Шералиевич ва Сангинова Маҳлиё Шералиевна, ҳамчун мерос гузаронида додан ёрии ҳуқуқӣ расонам. Ман ба шиносам акои Қудрат бовари намуда байни ноболиғ Сангинова Муҳайё Шералиевна дар намояндагии модараш Расулова Феруза Раҳмоналиевна, созишнома дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқии таҳти №00003 аз 12.08.2016 сол, бастем.
    Бинобар ин пас аз ба имзо расидани созишномаи расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва дар санаи 15.08.2016 сол аз ҷониби модари ноболиғ Сангинова Муҳайё Шералиевна-Расулова Феруза Раҳмоналиевна пардоҳтани қисми маблағи созишномаи байнитарафа ба миқдори 1500 сомонӣ, ман дарҳол аз хисоби маблағи созишномаи байнитарафа ба рӯзномаи “Паёми Спитамен” оиди гум шудани шиносномаи техникии ҳавлидории, воқеъ дар ноҳияи Спитамен Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев деҳаи Нов кучаи Б.Ғафуров хонаи № 80 ва аз эътибор соқит намудани он, эълон додам. Пас аз эълон намудан, аз нав аз хисоби маблағи созишномаи байнитарафа шиносномаи техникӣ тартиб дода шуд. Сипас ҳамаи ҳуҷҷатҳоро ҷамъовари намуда бо аризаи даъвогӣ “оиди эътирофи ҳолати воқеияти қабули мерос аз ҷониби вориси қонунии навбати аввал, муқаррар намудани воқеияти қабули мерос аз ҷониби наслҳои вориси қонунии навбати аввал ва тақсими мерос”, ба суди ноҳияи Спитамен ҳамроҳи намояндаи қонунии ноболиғон Сангинова Муҳайё Шералиевна, Сангинов Шахбоз Шералиевич ва Сангинова Маҳлиё Шералиевна – Расулова Фируза, муроҷиат намудем. Дар асоси ҳалномаи суди ноҳияи Спитамен аз 23.01.2017 сол аз руи даъвои намояндаи қонунии ноболиғон Расулова Фируза, ҳолати аз ҷониби вориси қонунии навбати аввал марҳум Сангинов Шералӣ воқеияти қабули мерос иборат аз ҳавлии истиқоматӣ, воқеъ дар ноҳияи Спитамен Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев деҳаи Нов кучаи Б.Ғафуров хонаи № 80, ҳамчун молу мулки меросӣ аз марҳум падару модараш Сангинов Турсуналӣ ва Сангинова Хурматой, эътироф карда шудааст. Инчунин ҳолати воқеияти қабули мерос иборат аз ҳавлии истиқоматӣ, воқеъ дар ноҳияи Спитамен Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев деҳаи Нов кучаи Б.Ғафуров хонаи № 80, аз ҷониби наслҳои вориси қонунии навбати аввал марҳум Сангинов Шералӣ- ноболиғон Сангинова Муҳайё Шералиевна, Сангинов Шахбоз Шералиевич ва Сангинова Маҳлиё Шералиевна, муқаррар карда шудааст. Аз ҳамин лаҳза шартҳои созишнома дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқии таҳти № 00003 аз 12.08.2016 сол, байни ноболиғ Сангинова Муҳайё Шералиевна дар намояндагии модараш Расулова Феруза Раҳмоналиевна ва ман, аз ҷониби ман ба пуррагӣ ба иҷро расида ба охир расида хисобида мешавад. Локин ба ҳамин ҳам нигоҳ накарда ба ваъда ва гапҳои дуруғи хонаводаи Расуловҳо аз ҷумла Расулов Бекзод ва Расулова Азада бовар карда, ман бо мақсади гирифтани маблағи боқимондаи созишномаи байнитарафа ба Сангинова Муҳайё, расонидани ёрии ҳуқуқиро то санаи 12.04.2018 сол, давом дода омадам.
    Низ пас аз ба қувваи қонуни даромадани ҳалномаи суд ман бо ҳамроҳии Сангинова Муҳайё Шералиевна ба Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Спитамен, барои гирифтани шаҳодатномаи ҳуқуқи мерос аз руи қонун, муроҷиат намудем. Нотариуси давлатӣ Солиева Раъно ба ман фаҳмонд, ки ҳалномаи суди ноҳияи Спитамен аз 23.01.2017 солро, бояд рост барои бақайдгирӣ ба КДФ “БММҒ”-и ноҳияи Спитамен, барам ва аз телефони дастиаш ба телефони дастии бақайдгирандаи КДФ “БММҒ”-и ноҳияи Спитамен Абдуқодиров Бахтиёр занг зада оиди бақайд гирифтани ҳалномаи суди мазкур гап мезанад. Ҳамин сабаб, ман ҳамроҳи меросгир Сангинова Муҳайё ба КДФ “БММҒ”-и ноҳияи Спитамен рафтем. Дар онҷо мо аз корманди КДФ “БММҒ”-и ноҳияи Спитамен Қаюмова Мафтуна, оиди бақайд гирифтани ҳалномаи суд ва ба номи меросгир Сангинова Муҳайё барасмият даровардани хонаи меросӣ, маслиҳат намудем. Қаюмова Мафтуна ба мо маслиҳат дод, ки пеш аз бақайд гирифтани ҳалномаи суд, бояд зарур аст ба унвони Раиси ноҳияи Спитамен бо ариза оиди гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин ба қитъаи замини наздиҳавлигии хонаи меросӣ бо замимаи ҳалномаи суд, муроҷиат намоем. Аз ин хотир, ман ҳамроҳии Сангинова Муҳайё, нусхаи ҳалномаи судро ба ариза замима карда ба унвони Раиси ноҳияи Спитамен, муроҷиат кардем. Раиси ноҳия аризаро бо замимаҳояш, барои баррасӣ ва пешниҳод намудан ба Кумитаи идораи замини ноҳияи Спитамен, ирсол мекунад. Дар Кумита ариза ба Шарипов Ҷамшед ва Қаюмова Мафтуна, барои санҷидан ва тартиб додани парвандаи заминсозӣ, вогузор карда мешавад. Пас аз санҷида баромадани ҳамаи ҳуҷҷатҳо, Кумита барои қабул намудани Қарори даҳлдор оиди ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ ва додани сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин, ҳуҷҷатҳоро ба унвони Раиси ноҳия пешниҳод мекунад. Пешниҳоди Кумита бо ҳамроҳии ҳуҷҷатҳои замимашуда дар МИМҲД-и ноҳияи Спитамен аз дигар санҷида шуда, барои тасвиби Қарор ба Раиси ноҳия, пешниҳод карда мешавад. Дар асоси Қарори Раиси ноҳияи Спитамен таҳти №660 аз санаи 21.08.2017 сол, қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 972,20 м2, воқеъ дар ноҳияи Спитамен Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев деҳаи Нов кучаи Б.Ғафуров хонаи № 80, ба Сангинова Муҳайё вобаста карда мешавад. Қайд намудан зарур аст, ки барои ҳамаи ҳуҷҷатгузориҳо ман танҳо даво дав карда ҳароҷотҳои гуногунро аз хисоби маблағи шартнома ва аз хисоби худам, пардоҳт кардаги ҳастам.
    Пас аз ин, ман ҳамроҳии Сангинова Муҳайё ба Қаюмова Мафтуна рафта оиди зудтар дар КДФ “БММҒ”-и ноҳияи Спитамен, бақайд гирифтани ҳалномаи суд ва ба номи меросгир Сангинова Муҳайё, барасмият даровардани хонаи меросиро илтимос мекунам. Қаюмова Мафтуна моро ба бақайдгиранда Абдуқодиров Бахтиёр, рӯбарӯ карда мемонад. Мо ба Абдуқодиров Бахтиёр шиносномаи техникии ҳавлии меросиро бо замимаи аслии ҳалномаи суд, барои бақайд гирифтан ба дасти он пешниҳод мекунем. Охирин ҳуҷҷатҳоро азназар гузаронида аз Сангинова Муҳайё аризаашро мегирад ва барои тез бақайд гирифтанаш маблағи 300 сомониро пардоҳт карданро таъкид мекунад. Ман аз баски дар ин кор Қаюмова Мафтуна маслиҳат дода буд, аз ӯ илтимос мекунам, ки барои бақайдгирӣ бояд маблағи ҳамагӣ 125 сомонӣ пардоҳт шавад ва Абдуқодиров Бахтиёр маблағи зиёд пурсида истодааст. Қаюмова Мафтуна бо Абдуқодиров Бахтиёр гапзанон карда аз ман, барои бақайдгирӣ маблағи 250 сомонӣ мегирад. Ҳамин тавр ҳалномаи суд аз ҷониби Абдуқодиров Бахтиёр бақайди давлатӣ гирифта шуда, шиносномаи техникии ҳавлии истиқоматӣ, воқеъ дар ноҳияи Спитамен Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев деҳаи Нов кучаи Б.Ғафуров хонаи №80, ба номи Сангинова Муҳайё барасмият дароварда мешавад.
    Аммо пас аз бақайд гирифта шудани шиносномаи техникии Сангинова Муҳайё, ман якбор ҳуҷҷатҳои хонаи меросиро азназар гузаронида дидам, ки шиносномаи техникии ҳавлии истиқоматӣ, воқеъ дар ноҳияи Спитамен Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев деҳаи Нов кучаи Б.Ғафуров хонаи № 80, ба номи Сангинова Муҳайё, ҳамчун соҳибмулк барасмият дароварда шудааст. Инчунин дар вақти варақ задани шиносномаи техникии хонаи меросии бойгонии, ки дар КДФ “БММҒ”-и ноҳияи Спитамен, нигоҳ дошта мешавад, чашмам ба ҳалномаи суд расид. Дар қисми хулосавии ҳалномаи суди пешниҳод кардаи мо, дар қисмати поёниаш бо шрифти майда матни иловашудаи “ҳалномаи мазкур асос барои ба қайд гирифтани ҳуқуқи моликияти ноболиғони номбурда дар манзили истиқоматии меросӣ, воқеъ дар ноҳияи Спитамен Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев деҳаи Нов кучаи Б.Ғафуров хонаи № 80 мебошад”, илова карда шудааст.
    Аз ин ҳолат хабардор шуда, ман аз суди ноҳияи Спитамен бори дигар нусхаи ҳалномаи судро, дархост кардам. Пас аз гирифтани нусхаи ҳалномаи суд, ҷиҳати қонунӣ барасмиятдарории ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба ҳавлии истиқоматӣ, воқеъ дар ноҳияи Спитамен Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев деҳаи Нов кучаи Б.Ғафуров хонаи № 80, бақайдгирии соҳибмулкӣ ба номи ноболиғон Сангинова Муҳайё Шералиевна, Сангинов Шахбоз Шералиевич ва Сангинова Маҳлиё Шералиевна, аз эътибор соқит карда шавад гуфта бо мактуби содиротиам таҳти №С.КА/110-17 аз санаи 15.11.2017 сол ба КДФ “БММҒ”-и ноҳияи Спитамен, ҳалномаи аслии судро замима карда муроҷиат намудам. Ҳамин сабаб ба КДФ “БММҒ”-и ноҳияи Спитамен, матни пурраи ҳалномаи суди ноҳияи Спитамен аз 23.01.2017 солро, барои корбарӣ аз нав пешниҳод кардам.
    Вале аз ҷониби кормандони ин корхона Абдуқодиров Бахтиёр, бо мақсади пешгирии кирдори ғайриқонунии худ бо маслиҳати пешакӣ нисбатам барои соқит шудан аз ҷавобгарӣ, ба холаи мизоҷам Сангинова Муҳайё Шералиевна-шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Расулова Азада Раҳмоналиевна маълумоти бардуруғ пешниҳод мекунанд, ки гуё аз ҷониби ман ба ҳалномаи суди зикршуда иловагӣ ворид шуда барои бақайдгирӣ ба КДФ “БММҒ”-и ноҳияи Спитамен, пешниҳод карда шудааст.
    Сипас Абдуқодиров Бахтиёр пас аз ба вай дастрас шудани мактуби ман бо замимаи ҳалномаи суд, бо ҳаракатҳои гумроҳкунандаи навбатиаш бо мактуби содиротии КДФ “БММҒ”-и ноҳияи Спитамен оиди пешниҳоди ҳалномаи суд, ба суди ноҳияи Спитамен муроҷиат мекунад ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои ба Сангинова Муҳайё карда додаашро, яъне қайдҳои соҳибмулкӣ аз санаи 25.08.2017 сол ба номи Сангинова Муҳайё Шералиевна, Сангинов Шахбоз Шералиевич ва Сангинова Маҳлиё Шералиевна дар шиносномаи теҳникии ҳавлидории таҳти №795 аз санаи 24.03.2017 сол, ки ба марҳум Сангинов Турсуналӣ тааллуқ дошт, аз ҷумла шаҳодатнома оид ба бақайдгирии давлатии Дараҷаи А №0043925 аз санаи 25.08.2017 сол ва навиштаҷот дар қисми 1-уми саҳифаи якуми шиносномаи теҳникии ҳавлидорӣ аз дасти Сангинова Муҳайё дуруғ карда гирифта нест мекунад ва ба ҷояш иттилот дар бораи қабули мерос аз руи қонун ба Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Спитамен медиҳад.
    Бинобар ин, Сангинова Муҳайё сарсону саргардон шуда такроран ба ман, дар мавзӯи дигар оиди муқаррар намудани ҳуқуқи меросгирӣ ба хонаи истиқоматии, воқеъ дар ноҳияи Спитамен Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев деҳаи Нов кучаи Б.Ғафуров хонаи № 80, муроҷиат намуд.
    Пас аз нофаҳмоиҳо холаи Сангинова Муҳайё-шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Расулова Азада Раҳмоналиевна ба МИМҲД-и ноҳияи Спитамен шикоят карда мераванд. Дар онҷо онҳоро сармутахассиси Комиссияи ҳифзи кудак Пиримқулова Азиза пешвоз гирифта оиди муаммошон пурсон мешавад ва ба як шиносаш ба прокуратураи ноҳияи Спитамен, занг мезанад. Аз прокуратураи ноҳияи Спитамен ба Пиримқулова Азиза овардани Сангинова Муҳайёро ҳамроҳи холааш шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Расулова Азада Раҳмоналиевнаро, пурсон мешаванд. Дар прокуратура аризаи шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Расулова Азада Раҳмоналиевнаро гирифта, нисбати ман беасос парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 банди “а”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғоз мекунанд.
    Бояд қайд кард, ки аз аввал дар рафти муносибатҳои корӣ ман бо Пиримқулова Азиза, ҷанҷол карда будам, ки пас аз он охирин нисбати ман хусумати шахсӣ дошт.
    Инчунин пас аз гирифтани баёноти ман дар прокуратураи ноҳияи Спитамен аз руи аризаи тӯҳматии шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Расулова Азада Раҳмоналиевна, дар санаи 25.12.2017 сол, дар бинои прокуратураи ноҳияи Спитамен маро ба ҳабс гирифта ба дастам кишан зада ба бинои ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен, бурдаанд дар онҷо нисбатам протоколи дастгиркунӣ тартиб дода шуда, маро ба Изолятори муввақатии ШВКД, маҳкам кардаанд. Дар муддати се шабонарӯз нисбатам барои маҳкам кардан ба Маҳкамаи тафтишотии шаҳри Истаравшан №9/5 бо дархост мебаромадани шудаанд. Азбаски вазъи саломатиам нағз набуд, яъне дар солҳои тӯлони ба бемории бронхити обструктивии музмин, гирифтор будам гуноҳам набошад ҳам аз хешавандонам илтимос кардам, ки ба тӯҳматгарон хонаводаи Расуловҳо, шахсан ба аризанавис шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Расулова Азада Раҳмоналиевна, маблағи талаб намудаашро ёфта диҳанд. Зеро ман ягон маротиба
    дар ҳаётам дар маҳкама нишаста набудам. Сипас, аз ҷониби ҳамсарам Маҳкамова Шаҳноза ва холаам Сангинова Замира маблағи талабнамудаи тӯҳматгар шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Расулова Азада Раҳмоналиевна, ёфта оварда шуд. Ба ман фаҳмондаанд, ки барои барқарор намудани зарари накардаам ариза навишта худамро пурра айбдор хисобида аз кардаам пушаймон шавам. Ман ин пешниҳодро қабул накардаам ва розӣ нашудам. Аммо ба ман гуфтанд, ки то ин корҳоро накунам, маро аз маҳкамаи муввақатӣ озод намекунанд. Ман ариза нанавиштам, танҳо дар протоколҳои пурсиши айбдоршаванда имзоҳоямро монда додам. Ҳамин тавр, тафтишоти пешакӣ маро дар содир намудани ҷиноят мутаҳам кард. Аз маҳкамаи муввақатӣ баромада қарзҳои ки ба тӯҳматгар шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Расулова Азада Раҳмоналиевна, гирифташударо соф мекунам гуфта аз Филиали ҶДММ ТАҚҲ “Арванд”-и ноҳияи Ҷ.Расулов, ба мӯҳлати 2 сол (24 моҳ) қарз гирифтам. (нусхаи шартномаи қарз замима карда мешавад.)
    Чунончи дар тафтишоти судии марҳилаи аввал ҳолати баҳсталаб будани даъвои Сангинова Муҳайё ва дигарон, муқаррар шуда буд, вале дар ҳукми суд ин ҳолат умуман қайд карда нашудааст. Зеро баҳси меросӣ байни ворисон Сангинова Муҳайё Шералиевна, Сангинов Шахбоз Шералиевич, Сангинова Маҳлиё Шералиевна ва Сангинов Йигитали, Султонова Гулойим то ҳол дар суди ноҳияи Спитамен давом дорад.
    Дар ҳукми суд қайд карда шудааст, ки гуё ман Расулов Раҳмонали ва Расулова Азадаро бовар кунонидаам, ки дар ҳолати пардоҳт накардани маблағи созишнома корро ба манфиати онҳо ҳал намудан ғайриимкон мебудааст. Ҳамин лаҳза ман, гуё аз Расулов Раҳмоналӣ маблағи 100 доллари ИМА-ро мегирифтам. Ин қайдҳо ба он инкор карда мешавад, ки дар асл ман Расулов Раҳмонали ва Расулова Азадаро ба ягон натиҷаи кор бовар накунонидаам, зеро онҳо дар муносибаттҳои гражданӣ ягон тараф хисобида нмешаванд. Инчунин аз Расулов Раҳмоналӣ ягон маблағи пулӣ нагирифтаам ва оиди доду гирифти маблағ ягон далел, яъне забонҳат ва ғайраҳо мавҷуд намебошад.
    Оиди қайди дигарӣ дар ҳукми суд, яъне баъдан Расулов Раҳмоналӣ автомашинаи шахсиаш тамғаи “Даевоо-Матиз”-ро фурухта, моҳи январи соли 2017, маблағи 2000 доллари ИМА-ро ба воситаи духтараш Расулова Азада аз шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, гуё ба ман ба ноҳияи Спитамен фиристода будааст, қайд намудан бо маврид аст дар асоси мактуби расмии Сарраёсати бехатарии харакати роҳи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти №24/8-7528 аз санаи 12.04.2018 сол дар номи Расулов Раҳмоналӣ, сокини шаҳри Бекободи вилояти Тошкент кӯчаи Ҷомӣ хонаи №3А, аз соли 2016 то 09.04.2018 сол, ягон намуд воситаи нақлиёт бақайд гирифта нашудааст. Қаблан ба номи Расулов Раҳмоналӣ ба давраи солҳои 2005-2009, 4 адад автомашинаи сабукрав (3 адад ГАЗ-24 “Волга” ва М412 “Москвич”), бақайд гирифта шуда буд. Ҳамчунин тибқи мактуби расмии раёсати адлияи вилояти Тошкент таҳти №11-7-259/3-2 аз санаи 25.05.2018 сол ба номи Расулов Раҳмоналӣ, сокини шаҳри Бекободи вилояти Тошкент кӯчаи Ҷомӣ хонаи №3А, аз соли 2016 то 09.04.2018 сол, ягон намуд аҳд (бегона намудани автомашина) бақайди давлатӣ гирифта нашудааст. Моҳи январи соли 2017 аз ҷониби Расулов Раҳмоналӣ, фурухтани автомашинаи шахсиаш тамғаи “Даевоо-Матиз”, тӯҳмат ва дуруғ мебошад. Мувофиқи мактуби расмии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд таҳти №208/201-1738 аз 27.04.2018 сол ва Кумитаи давлатии гумрукии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти №03-
    05/15-05094 аз санаи 09.05.2018 сол, аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Расулова Азада Раҳмоналиевна, дар давраи аз 12.08.2016 сол то 12.08.2017 сол, воридоти асъори хориҷӣ-доллари ИМА тавассути дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадии вилояти Суғд, ба қайд гирифта нашудааст. Нишондодҳои Расулов Раҳмоналӣ оиди моҳи январи соли 2017, маблағи 2000 доллари ИМА-ро ба воситаи духтараш Расулова Азада аз шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, гуё ба ман ба ноҳияи Спитамен фиристода шуданаш, тӯҳмат ва дуруғ мебошад.
    Дар тафтишоти пешакӣ амалиётҳои азназаргузаронии маҳали додани маблағи дар аризаи тӯҳматии шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Расулова Азада Раҳмоналиевна, нишон додашуда ва озмоиши (эксперименти) тафтишӣ, гузаронида нашудааст.
    Аз ин лиҳоз, бо дастрасии талаботи моддаи 86 қисми 2, моддаҳои 323 ва 324 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз суди марҳилаи якум хоҳиш карда будам, ки азназаргузаронии маҳали додани маблағи дар аризаи тӯҳматии шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Расулова Азада Раҳмоналиевна, нишон додашуда ва озмоиши (эксперименти) тафтишӣ гузаронида шавад, ки дархостам аз ҷониби суди марҳилаи якум беасос рад карда шуда буд.
    Инчунин ба мурофиаи судӣ ба сифати шоҳид ҷалб карда шудани: Ҷабборов Қудрат Маҳмадиевич, Расулов Бекзод Раҳмоналиевич, Маҳкамова Шаҳноза Гаппоровна, дархост карда будам, ки дархостам аз ҷониби суди марҳилаи якум беасос рад карда шуда буд.
    Дар қавати парвандаи ҷиноятӣ ариза ва дастҳатҳои ҷабрдида Расулов Раҳмоналӣ мавҷуд мебошанд, ки имзоҳои он аз они ӯ намебошанд ва онҳо аз ҷониби Расулова Азада Раҳмоналиевна, соҳтакорӣ кардашуда гузошта шудааст.
    Бояд қайд кард, ки қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сўиистифодаи боварӣ мебошад. Ман ягон касро фиреб накардам ва аз боварии ягон кас ҳам бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр суиистифода набурдаам. Ӯҳдадориҳоямро дар муносибатҳои гражданӣ тибқи созишнома ба пуррагӣ ба иҷро расонидаам.
    Ҳамаи нишондодҳои тӯҳматии хонаводаи Расуловҳо, яъне Расулов Раҳмоналӣ, духтараш Расулова Азада Раҳмоналиевна, духтараш Расулова Фируза Раҳмоналиевна ва наберааш Сангинова Муҳайё Шералиевна, ғаразона ва яктарафа мебошад ва онҳо ҳамаш як шахсони манфиатдор шуда ба хисоб мераванд.
    Ҳамаи ин ҳолатҳо ва ваҷчҳои шикояти назоратиам аз ҷониби суди вилояти Суғд ва судяи Коллегияи марҳилаи назоратӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон З.Азиззода дақиқ омухта нашуда беасос бо Қарори шаблонмонанд, беқаноат мононида, барои моҳиятан баррасӣ гардидани шикоятам дар марҳилаи суди назоратӣ сунъи роҳ надода истодаанд.
    Бинобар ин, дар асоси гуфтаҳои боло аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам:
    Ҷиҳати моҳиятан баррасӣ гардидани шикояти назоратиам аз болои Ҳукми суди ноҳияи Спитамен аз 12.04.2018 сол бо моддаи 247 қисми 3 банди “а”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нисбати ман беасос айбдор карда шудааст, Таъиноти коллегияи судӣ оид парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд аз 10.05.2018 сол, Қарори судяи суди вилояти Суғд Сатторзода Ҳ.Р. аз санаи 28.06.2018 сол ва Қарори судяи Коллегияи марҳилаи назоратӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон З.Азиззода аз санаи 16.11.2018 сол, дар Раёсати марҳилаи назоратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат намоед.
    Инчунин то ҳал гардидани масаълаи баррасии шикояти назоратиам, дар мавқуф гузоштани иҷроиши Ҳукми суди ноҳияи Спитамен аз 12.04.2018 сол бо моддаи 247 қисми 3 банди “а”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумаки амали расонед.

    Бо эҳтироми комил,
    Абдунабиев Хуршед.
    10 декабри соли 2018, ноҳияи Спитамен.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.