.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҷомеъа

Шумо дар Ҷомеъа

АЗ ДИДАҲОЮ АЗ ШУНИДАҲО

Дек 01, 2018 Хонданд: 19
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

ҒАМХОРӢ

Дар Миси Айнаки вилояти Лугари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  ҷойи корам дар соҳаи аз ҳама баланд-сари Куҳи Айнак буд, ки нисбат ба ҳамвориҳо пурбарфу сардтар аст, дигар дӯстон дар соҳаҳои дар ҳамворӣ воқеъбуда кор мекарданд. Дар зимистони аввал устод Юсуфшоҳ Ёқубшоҳ, ки роҳбари гуруҳ буданд, мегуфтанд, ки бояд як пӯстини ғафс бигирам, ки агар мабодо касал шавам, дар ин мулки мардум чи кор мекунем? Ман ҳам мегуфтам, дар ин куҳ бо чунин пӯстин кор карда намешавад. 

Рӯзе ҳайати моро барои вохӯрӣ бо вазири маъодин ва петролиум ҷаноби Шаҳронӣ ба Кобул даъват карданд. Ҳамон рӯз бо кадом сабабе вохӯрӣ баргузор нагардиду устод Юсуфшоҳ ҳамаи моро ба дӯкони пӯстинфурӯшӣ, кӯчаи Мурғон, ки аврупоиҳо Cheeken Street ном мегиранд, бурд, ки чанде қабл бо фурӯшандаҳо шинос шуда будааст. (Воқеан, дар дӯконҳои ин кӯча тамоми осори атиқа ва ҳарчи аз ҳунарҳои дастӣ аст, пайдо кардан мумкин. Он сиккаҳое, ки дар ватани мо бо машаққат ба даст меоянд, дар он онҷо бо ҷувол рехта шудааст. Ордени Ситораи Сурхи шӯравӣ низ ҳамчунин, бо нархи сад доллар ба фурӯш меравад. Хулоса, дар кӯчаи Мурғон шири мурғ ҳам пайдо кардан имкон дорад.) Баробари ба дӯкон ворид шудан, моро барои интихоби бештар ба таҳхона таклиф карданд. Пӯстини дуввум ё севумро пӯшидам, ки доктор Раҳматшоҳ Маҳмадшоҳ садо кард, ки тамом, мешавад, мешавад. Қиматашро пурсидем. Дӯкондор ду ҳазор афғонӣ гуфту илова кард, ки ин хубаш ҳасту арзон намешавад. 

Дар роҳ ба Кобул кадоме аз ҳамроҳонам ба ман эрод гирифта буд, ки вақти харид кадом нархеро гӯянд, зуд пардохт мекунӣ, ки дӯкондоронро ин хуш намеояд. Бо мардуми ин кишвар агар дурудароз савдо бикунӣ, вақташон хуш мешавад ва молро арзон мекунанд. Ба ҳамин хотир нарху наво кор нагирифтам. Яке аз ҳамроҳон, ки гуфти гапо арзон карданро дӯст медошт, нархро якбора ба яку дусад овард,  вале фурӯшанда аз яку ҳашт поён намефаровард.  

Дӯкондор дид намешавад тасмимро ба устод Юсуфшоҳ ҳавола кард, ки устод ҳар қиматеро гӯяд, розӣ мешавад. Устод, ки аз мо хотирҷамъ шуда буду барои худаш пӯстин интихоб мекард, бепарвоёна гуфт:

- Мешава созай, бдеш ҳаму ҳазору ҳаштсадро, ҳатто тарафи мо нигоҳ накарда.

 

ХАР БИРАФТУ...

Мавлоно дар яке аз достонҳои “Маснавӣ”, ки онро аксар мардум медонанд, дар бораи пазироии дарвеше аз ҷониби дарвешони дигар чунин меорад. Дарвеши харсаворе ба шаҳре мерасад ва ӯро дарвешони дигар дида, ваъдаи меҳмондорӣ мекунанд. Вале чун мебинанд, ки барои зиёфат чизе надоранд, хари ӯро фурӯхта, шабона хеле базму бозӣ мекунанд. Ва яке аз дарвешон дар ҳоли шӯру шавқу рақсу бозӣ “хар бирафту хар бирафту хар бирафт”, гуфта, сурудхонӣ мекунад. Дарвеши меҳмон низ аз ин ҳолат ба ваҷд омада, аз ҷой бармехезад ва ба байни дарвешон даромада, ба қавле сари овозашонро гирифта, “хар бирафту хар бирафту хар бирафт”-ро суруда, давр мезанад. Субҳ дарвеши меҳмон аз хоб бармехезад ва мизбононро хаставу дар хоб дида, мехоҳад ба сафараш идома диҳад. Вақте ба сарой назар мекунад, мебинад, ки хар дар ҷояш нест. Аз саройбон ин аҳволро пурсон мешавад. Саройбон дар ҳайрат шуда мегӯяд, ки о, шаб ин қадар бо шӯру шавқ рақсидаву хар бирафтро хонда, магар хабар надорад, ин зиёфату базму бозӣ аз ҳисоби фурӯши хари худи ӯ буд... 

Пас аз ҳаштсад соли навишта шудани ин достон ҳамин ҳолат айнан дар деҳаи мо, деҳаи Дашти Гулҳои ноҳияи Ҳамадонӣ такрор шуд.

Муаллим Ҳасан Давлат додарарӯси муаллим Назар Талбак буда, ҳарду дар як мактаб аз фанни забон ва адабиёти рус дарс медиҳанд. Рӯзе мӯйсафеде ба Назар Талбак, ки аз дарвозаи мактаб берун мешуд, вохӯрда, аз пойи пиёда монданаш шикоят ва хоҳиш мекунад, ки агар аз ягон хари фурӯшӣ дарак ёбад, ҳатман хабараш кунад. Муаллим зуд ба Ҳасан Давлат, ки гоҳо ба хариду фурӯши чорво сару кор дорад, яъне говбизнес аст, занг мезанад ва аҳволро мегӯяд. Ҳасан Давлат дар ҷавоб мегӯяд, ки хар дар хонаи худаш аст ва харидорро гирифта биёрад, ҳоҷаташонро бароварда мекунад. 

Назар Талбак ҳамроҳи мӯйсафед ба хонаи, гуфти гапо, хардор меравад. Харро яксаду панҷоҳ сомонӣ нарх мекунанд. Ба қавле бо инобати ҷамъу тарҳи хешутаборию нонунамакхӯрӣ ва рустодорӣ хар бо сарафсору банд ва туқуму хурҷин ба сад сомонӣ ба савдо меравад. Пас аз он ки мӯйсафед қаноатмандона харро чорхез мезанонад, муаллими Талбакро як эҳсосе фаро мегирад ва то аз назар нопадид шудани мӯсафеду харро наззора мекунад. Каме баъд як панҷоҳ сомониро ба ҷайбаш халидани харфурӯш ӯро ба худ меорад ва гумони дар дилаш пайдо шударо дучанд мекунад. Гирифтани ҳаққи далолиро рад карда, ба хонааш бармегардад. 

Назар Талбак вақти ба ҳавлиаш ворид шудан, ба ҳамсараш, ки барои пешвозаш мебарояд, хушхабар мерасонад, ки хари бародарашро дар фурти чой фурӯхтаву, акнун хӯрокро биёрад ҳам мешавад. Вале баръакси чашмдошти ӯ ҳамсараш аз нишонаҳои хар пурсон мешавад. Пас аз гуфтани ранги хару хурҷину туқумаш, маълум мешавад, ки ӯ далолӣ карда хари худашро фурӯхта будааст. 

Гап сари он ки чанд муддат ин хари нобакор ба зироати Ҳасан Давлат медаромадааст ва ӯ харро гаравгон гирифта.

Аз чунин ранг гирифтани кор муаллими Талбак дарғазаб шуда, шарт мегузорад, ки ҳамсараш ё харро бармегардонад ё бо зиндагиаш падруд хоҳад гуфт. 

Ҳамсари Назар Талбак бо оби чашм дар бари рӯ назди додараш омада мегӯяд, ки шавҳараш сари талоқ хестаасту ба ҳар навъе бошад, бояд харро баргардонанд. Вале Ҳасан Давлати дар гапдонӣ моҳир апаашро дилбардорӣ мекунад, ки ҳаргиз ӯ ғам нахӯрад, агар сари талоқ, ки хест, ин бор худаш барои ӯ харидор пайдо мекунад ва мардаки аз хар халосхӯрда аз зан ҳам халос мешавад...

 

ФОТЕҲАХОНӢ

Салими Зарафшонфар ҳамроҳи чанд нафар аз ҳамкорон барои фотеҳахонӣ ба хонаи суратгири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” Нурулло Исобоев мераванд, ки чанд рӯз қабл ҳамсараш вафот карда буд.

Баъди изҳори тасаллият ва хондани оят ҳамагӣ сукут меварзанд ва ба мурооти хонадор “нон шиканед”, “насибу қисмат” будааст гуфта, боз ба ҳамон ҳолати пешина сарҳо хам хомӯш мешинанд. 

Нурулло Исобоев ба ин аҳвол дигар тоқат накарда, норозиёна мегӯяд:

- О, ақаллан як пиёла чой гиретон, охир, шумо чи ин қадар мотам гирифтед. Як нафараш гузашта бошад, ҳам шукр боз се нафари дигараш зиндааст-ку...  

 

СИЁСАТ

Адиб ва рӯзноманигор Салими Зарафшонфар, ки мӯйи сари ҷингилаи дарозу мудаввару ба худ зебандае дошт, пас аз солҳои тӯлонӣ онро бо поку поки пок метарошад. Вақти ба ҳавлӣ ворид шудан, падараш дар аввал ӯро намешиносад ва баъдтар мегӯяд.

- Эҳ бачам, ҳамаи сиёсатат дар ҳамон мӯйи сарат будааст-ку. Бе мӯйи сарат, ҳатто худи ман нашинохтамат.

 

РӮЗИ МАВЛОНО

Соли 2009, соли аввали ба сифати мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе фаъолият карданам буд. Моҳи сентябр ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз ин Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-сентябрро Рӯзи Мавлоно тасдиқ кард. Ва чун яке аз вазифаҳои шуъба навиштани шиорҳо буд, мебоист фақат як шиор ба шарафи ин рӯз омода мекардам ва ҳам ба таври оҷил. Онро омода кардам: МАВЛОНО-САРОЯНДАИ ВАҲДАТИ ИНСОНҲО. Назди муовини идеологӣ бурдам. Қабул карду гуфт як бор бо Додихудо Саймуддинов (Ёдаш ба хайр!) мувофиқа бикунам. Ба устод Саймуддинов дар тамос шудам, ӯ инро навишта гирифту гуфт субҳ фикрашро хоҳад гуфт. Субҳи дигар барвақт ба устод занг задам чун ҳамон рӯз 29-сентябр буд ва шиор бояд дар баннери 4 ба 5 дар назди муҷассамммаи Исмоили Сомонӣ гузошта мешуд. Яъне вақт хеле кам буд. Устод гуфтанд, ки шаб қариб тамоми осори Мавлоноро дида баромаданду ба назараш аз ин беҳтар шиор буда наметавонад, ва навиштаи моро қабул карданд.

Хулоса, яке аз ширкатҳо шиорро омода карду кормандони Раёсати ободонии шаҳр дар майдон насб карданд. Вақте аз гузоштанаш ба ман хабар доданд, ба зудӣ  рафта онро дидам. Дар навишта ягон ғалат не, вале ба ҷойи тасвире, ки ҳамчун тасвири Мавлоно қабул шудааст, тасвири ба қавле як мӯсафеди дигаре аст. Дар ҳоле ки бо роҳбари ширкат суҳбат карда будам, гуфта буд, ки ҳама аксҳои шоирон нависандагони классику муосирро дар ихтиёр доранд. 

Аҳволро ба Самандар Бобоев, сардори Раёсати ободонии шаҳр гуфтам, ки бо ширкат қарордод дошт. Ӯ ҳам супориш дод, ки шиорро аз сари нав нашр кунанд ва бо тасвири аслии Мавлоно. 

Чун дар ҷойи кор интернет надоштем, зуд ба рӯноманигор Нуралӣ Давлат занг зада хоҳиш намудам, ки тасвири Мавлоноро пайдо карда ба ҳамон ширкат расонад ва худам ҳам ба ҳамон ҷо рафтам. 

Тақрибан давоми як соат шиор ба таври зарурӣ ва дар ҷойи муайяншуда насб гардид.

 

ГАВАНА

Мудири редаксияи географияи Энсиклопедияи Советии Тоҷик Олим Ӯлмасов ба Адушукур Раҷабзод (Тошев), ки акнун ба кор омадааст, навиштани мақолаи “Гавана”-ро супориш медиҳад. Мақола омода мешавад, вале ҳеч не ки мудир ба он имзо гузорад. Ҳамин тавр, ӯ мақоларо панҷ маротиба мегардонад. Аз таҳрири зиёд мудир ба ҷон расида, бори шашум онро худаш навишта бо имзои А.Тошев ба редаксияи назорати таҳрири адабӣ месупорад. Дар ҷамъбасти ҳафта мудири редаксияи таҳрири адабӣ устод Мутеулло Наҷмиддин корманди ҷавон, А. Раҷабзодро тавсиф карда, мегӯяд, мақоларо он қадар хуб таълиф карда, ки ҳатто ҷойе қалам назадааст, ин ҷавон ояндаи хуб дорад. 

Воқеан, имрӯз мудири редаксияи биология, химия, тиб Абдушукури Раҷабзод яке аз рукнҳои устувори Энсиклопедияи Миллии Тоҷик буда, муаллифи Энсиклопедияи мухтасари тиб (дар панҷ ҷилд), “ДДТТ-70 сол” “Фарҳанги тибби қадим” ва даҳҳо луғатномаи дигар аст.

 

ТААҶҶУБ

Лутфулло Давлатро замони дар синфи даҳум таҳсил карданаш падараш аз касби интихобкардааш мепурсад. Ӯ, ки ба санъат ҳавас дошту дар маҳфилҳои ҳунарии мактаб фаъолона иштирок мекард, дилбастагиашро ба санъат изҳор мекунад.

- Актёр мешам, ота. Дур ҳам бошам маро ҳамеша дар телевизор дида, зиқ намешавед.

Лутфулло, ки дар наврасӣ лоғару болобаланд буд, ин гуфтааш боиси таааҷҷуби падараш мегардад:

- О, бачам ту агар актиёр, ки шавӣ, бо ин қаду қоматат дар телевизор меғунҷида бошӣ...  

 

ЁДОВАРӢ

Лутфуллои Давлат мошини нав харида, бо он барои аёдати пайвандонаш ба ноҳияи Темурмалик меравад. Дар роҳи бозгашт ҳамсараш ба ӯ ёдоварӣ мекунад:

- Э мардак, ҳамон калиди мошинатро гирифтӣ, не. Боз фаромӯш накарда бошӣ, ки моро дар бало монӣ...

 

ПАРАШЮТ

Як ҳамдеҳаам дар хушанҷомию сариштакорӣ ном баровардааст. То он ҳаде, ки агар моли майдаро ба бозор бубарад, аввал ҳатман онро дар тарозу бармекашад ва қимати онро дақиқ муайян мекунад, то як мӯй ҳам аз он зарар набинад.

Ӯ боре аз касе мешунавад, ки агар дарахт камҳосил шавад ва ё аз ҳосил бимонад, танаи онро сӯрох карда чӯб ё ягон оҳан гузаронанд, соли дигар ҳатман борвар мегардад. Вақте дарахтони чормағзи ҳавлиаш камҳосил мегарданд, ӯ ин шунидаашро мехоҳад таҷриба бикунад. Баҳор дар ҳар кадом дарахтҳо ду-се оҳан мегузаронад. Тирамоҳ ба хотири он ки барояш маълум шавад, ки таҷрибааш то кадом андоза самар овардааст, ҷамъоварии чормағзро чун солҳои пешин ба касе аз аҳли хонадонаш бовар накарда, худаш ба болои дарахт мебарояд. Вақти чидани охирин чормағзҳо аз шохи баланд, яъне ҳаққи зоғон, навдаи нимахушкида садо мебарорад, ки ӯ дигар он тарафашро ба хотир надорад. Пас аз рехтани чандин сатил об ба сару рӯяш ва доду фиғони пайвандонаш ба ҳуш меояд. Аввалин нафареро, ки баъди чашм кушоданаш мебинад, ин ҳамон табиби ҳамсояи шиғдармиёнаш аст, ки ҳарду ҳаргиз якдигарро чашми дидан надоранд. Ва бехудона мепурсад, ки ӯ чи кор кардааст (манзур ба ӯ чӣ шудааст) ва дар куҷост. Посухи ҳамсояи табибаш ӯро бештар ба ҳуш меорад:

- Дар он дунё.

Ва каме баъд боз аз ҳуш меравад.

Ва барои ба ҳуш омаданаш ва дилбардориаш мегӯяд:

- Ҳеч гапе нест, парашют кушода нашудааст, хушбахтона дар ҳавлии худат афтидаӣ.  

 

ИНТУИТСИЯ

Барқ хомӯш шуду ба даҳлез баромадам. Масруршоҳи хазинадор ифтихорномаву ҷоизаҳои Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷикро, ки чанд рӯз қабл ба маъраз гузошта шуда буданд, тамошо мекард.

- Ин кай мешуда бошад, - ишора кардам ба дастгоҳи барқӣ, ки аз қатъ шудани барқ огоҳӣ медод?

Масруршоҳ, ки таваҷҷуҳашро дастовардҳои корхона сахт ба худ кашида буд, зуд ҷавоб дод:

- Панҷ рӯз баъд.

- Чӣ панҷ рӯз баъд,- пурсидам аз ӯ, ҳайрон шуда.

- Маош.

- О, ман дар бораи барқ пурсидам, медонам, ки маош баъди панҷ рӯз мешавад.

- Аз мо фақат дар бораи маош мепурсанд, на дар бораи барқ.

 

ТАФСИР

Барои сафари Кангурт ба хотири иштирок дар гиромидошти 150-умин солгарди Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ мувофиқи эълони пешакӣ дар назди бинои Академияи илмҳо ҷамъ омадем. Мерседеси спиринтер аллакай пур шуда буду дар тараддуди ба роҳ буд. Ману шоир Хайрандеш ва Илҳоми Мискин мондем. Амирхӯҷаи Абдураҳим, ки аз созмондиҳандагони ин маҳфил буд, куҷое занг заду тарафи мо гуфт, ки мерседес мешавад, мо ҳам гуфтем, албатта. Шоир Хайрандеш аз мо пурсид, ки маънои “Мерседес”-ро медонем, не ва маътали посухи мо нашуда, гуфт:

- Мерседес, яъне мир садис!

 

ГУМАНИСТ ВА ДАЛДА

Дар роҳи Душанбе-Кангурт Илҳоми Мискин аз хусуси шавқ доштан ва надоштанам ба варзиш пурсид ва дар бораи он ки ҳарчанд варзиш намекунад, вале мухлиси ҳамаи навъҳои он аст. Хусусан, муҳорибаи омехтаро дӯст медорад. Аз мусобиқаи Ҳабибу Конор бо як ифтихор ёдовар мешуд. Амирхӯҷаи Абдураҳим, ки дар курсии пеш менишаст, баргашта бо Илҳом дар баҳс шуд, ки наход як нафар сару рӯйи як нафари дигарро хунолуд кунаду миллионҳо нафар лаззат баранд. Ва ҷангҳои гладиаторҳоро мисол овард, илова карда, ки ба ҷойи пеш рафтан, ба қафо рафта истодаем. Шоир Хайрандеш, ки ин баҳсро бодиққат гӯш мекард, ба Амирхӯҷа муроҷиат кард:

- Шумо маълум, ки инсонпарвар, яъне гуманист ҳастед, ҳамин хел?

Амирхӯҷа сар ҷунбонида гуфт:

- Албатта, гуманист ҳастам.

Шоир Хайрандеш матлабашро баён дошт:

- Агар у қадар гуманист бошӣ, ку аз тунели дуюм баромаданда барои мо косаӣ далда бигир!

 

ЗАНИ ОҲАНИН

Дар чорабинии фарҳангии бахшида ба гиромидошти хотираи Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ дар Боғи фарҳангии ҳамноми ин шоири зарқалам дар Кангурт иштирокдорон то оғози нишасти расмӣ аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ, маҳсули эҷоди хонандагон, хусусан рассомиҳои шогирдони мактаб, ки симои ҳамдиёри ҷовидоносори худро хуб тасвир кардаанд, дидан намуданд. Дар баробари ҳамаи ин, тавҷҷуҳи устод Убайдуллоҳ Раҷабро пироҳани аҷиби зане, ки дар ғурфае дар курсӣ менишаст, ҷалб кард. Вақте устод ба он ғурфа расид, зан ба нишони эҳтиром аз ҷой бархост ва узромез гуфт, ки пироҳан хеле вазнин аст, аз ин рӯ хаста шуда, гоҳе менишинад. Ба гуфти ӯ ин пироҳани арӯсӣ буда, таърихи дусадсола дорад ва бибиву бибикалонҳояш онро дар арӯсиашон ба бар кардаанд ва ҳоло ҳам бонувони ин авлод суннати мазкурро идома медиҳанд. Остину домон ва пеши бари пироҳан ҳама бо нуқра ороиш ёфта. Устод Убайдулло Раҷабов, ба пироҳан, ки гӯё пур аз оҳан буд ва ҳатто ҳангоми суҳбат ҳам ларзида, садо мебаровард, синчакорона наззора карда, гуфт:

- О, баъд домод инро дида талхакаф намешуд, арӯс боз зани оҳанин набошад...

 

ГУМОН

Абдураҳмон Авғонов, мутриби дутор, лабчанг ва аккордеон, ки муддати бист сол навозандаи устод Одина буданд ва табъи шоирӣ низ доранд, мебоист дар барномаи “Субҳ ба хайр, Тоҷикистон” суҳбат мекарду оҳангҳое менавохт. Қабл аз сафар ба Душанбе, ба гумони он, ки мабодо дар бораи устод чи гуфта метавонӣ, суол диҳад, думбраашро ба такяи дари хона гузошта, сари зону ин мисраҳо менависад:

Эй Одина Ҳошим, ту фалак гар бисароӣ,

Сад дарду алам аз дили мардум бизудоӣ.

Овози ту мафтун бикунад халқи ҷаҳонро,

Нозем, ки як марди бузурги Ориёӣ.

 

ШПАРГАЛКА 

Бо ҳамкорам номзади илми филология Алишери Муҳаммадӣ атрофи китоби чанд сол қабл таҳиянамудааш “Ёднома”, ки роҷеъ ба имлои забони тоҷикист, суҳбат кардам. Андешаамро гуфтам, ки “Ёднома” маънии дигарро ҳам ифода мекунад ва пешниҳод кардам, ки дар нашрҳои баъдӣ шояд “Ёдовар” интихоб бикунӣ, беҳтар бошад. Ӯ гуфт, ки атрофи номи китоб зиёд фикр карда буд:

- “Ёднома” як шпаргалка аст. Имкон дорад, номашро ба “Ёдовар” тағйир додан, вале он дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” нест, охир.

Дар идомаи суҳбат гуфтам:

- Тоҷикистон ҳам дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” нест, хушбахтона онро барои мо сохтанд. 

 

ТАМАННИЁТ

Ҳамсояаам, муаллими фанни таърих Сайидаҳмад Сайид, ҳар гоҳ, ки  талабаҳо бидуни омодагӣ ба дарс меоянд, бо даст сӯрохии ҷойи лӯлаи бухориро нишон дода, чунин сарзаниш мекунад: 

- Кошкӣ аз ҳамин сӯрох як мори қреш барояду забонотонро аз ҳалқатон канда гирад. 

 

ҲАЙРАТИ УСТОД БОЗОР

Алишери Муҳаммадӣ дар Китобхонаи миллӣ устод Бозор ва Хайрандешро, ки суҳбати гарме доштанд, дида ба наздашон меравад. Хайрандеш ӯро муаррифӣ мекунад:

- Устод, ин кас ҳамин ҳам шоир аст.

Устод вақти вохӯрдӣ, ба ӯ бо табассум ва нигоҳи ҳайратангез мегӯяд:

- Эҳ бача, дар вақти набудани ман ҳама шоир шудааст-ку...

 

ВАЪДА

Шоир Хайрандеш зимни суханрониаш дар конфронси илмӣ бахшида ба бузургдошти Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ ибтидо аз тасмими зиёрати оромгоҳи шоири ширинкалом ёдовар шуд:

- Чанд сол қабл барои зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба Кӯлоб сафар намуда, назди ин бузургвор чунин ваъда карда будам:

Эй ҳазрати Амирҷон, алваъдаву дайн,

Кангурт мерам, зиёрати Ҳоҷӣ Ҳусайн. 

 

ЛАҲЗАҲОЕ БО УСТОД МАРАТ ОРИФ

Соли 2002 ё 2003 буд, ки бо устод Марат Ориф барои рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” суҳбате анҷом додам. Қабл аз нашр, барои мувофиқа наздаш рафтам. Ин дафъа ҳамроҳи суратгири редаксия Маҳмадюсуф Юнусов. Аз суҳбат хушаш омада буд. Ҳамроҳ акс гирифтем.

Соли 2007 дар рӯзномаи “Мароми пойтахт” кор мекардам ва тасмим гирифтам, ки як бори дигар бо устод ҳамсуҳбат шавам. Вақте ба хонааш наздик мешудам, аз дарвоза баромаду канори роҳро аз коғазу пакетҳо пок кардан гирифт. Наздик шуда салом додам. Вохӯрдӣ кардем, табъаш хира, ба сар пораи матои сафед печонида буд, сару рӯяш варам. Аҳволпурсӣ кардам, гуфт чанд рӯз аст, нотоб аст. Хоҳиши ба беморхона рафтан надорад. Гоҳе ба кӯча мебарояд. 

Дудила будам, ки мақсадамро гӯям ё не. Таклифи дар хона нишастан карданд. Вале ман гуфтам вақтам камтар асту саломатиашон беҳтар шавад, барои рӯзнома, ки навтаъсис аст, омада суҳбат анҷом диҳем. Сахт нафорид устодро. Гуфт як бор омада, таги дилам даромада, ҳама гапи нагуфтаамро кашида гирифтӣ, ҳамон бас аст. Дигар гапи гуфтан намондааст дар муддати ин қадар солҳо. Аз ҳунармандони дигар мусоҳиба гиред. 

Дигар ҳеч чиз нагуфтам, ба ҷуз худоҳофизӣ. Барои шумораи оянда як саҳифа монда будам. Ҷойи кор омада, ба рӯзноманигор ва театршинос Муҳаммадуллоҳ Табарӣ дар тамос шуда, матлабамро гуфтам. Хушбахтона, ваъда  кард, ки дар бораи устод як навишта дорад ва онро меорад.

Унвони зебое дошт навиштаи Табарӣ. Вале, онро тағйир додам “Ӯ офарандаи нақшҳои Рӯдакию Синост”.  Ду рӯз баъд устод занг заданд. Аз саломатиашон пурсон шудам. Гуфтанд ҳоло хуб асту вале аз он ки ман ранҷидаам, худро нороҳат ҳис мекунад. Гуфтам, ки ман наранҷидаам, пас аз чопи рӯзнома ҳатман меоям. 

Якчанд рӯзнома гирифта, хонаи устод рафтам. Матлабро дар борааш дида, хурсанд шуд. Гуфт ҳоло ҳар саволе дорӣ, пурсидан гир. 

Дар бораи писараш журналисти маъруф Андрей Бабитский суҳбат кардем, ки соли 2001 бо ӯ таҳти унвони “Андрей Бабитский: Падари ман тоҷик аст” мусоҳибае анҷом дода будам. Дар бораи насаби писараш гуфта буд, ки пас аз ҷудо шудан бо модараш ҳамин насабро ӯ гузоштааст, агар не насаби ӯ низ Орифов будааст. Аз писараш миннатдорӣ карда буд, ки ҳар гоҳ ба Душанбе ояд, ба хабаргириаш меояд.

Андрей Бабитский ҳоло дар Донетск зиндагӣ мекунад.

Он рӯз бо ҳунарманди маъруф суҳбати хубе доштем. 

Ёдаш ба хайр!  

 

ДАБАФКА

Устод Муҳаммад Ғоибро ҳунарманди маҳбуб Баҳодур Неъмат ба оши наҳор даъват мекунад. Ош он қадар хуб пухта шудааст, ки устод аз қанди худро фаромӯш месозад, ки лаълии якумро ба танҳоӣ холӣ карда,  дуюмро пеш мекашад. Ҳамроҳонаш дар ташвиш шуда, мегӯянд:

- Устод, илтимос мондагиашро мева гиред, оши зиёд қандатонро баланд мекунад.

Устод мегӯяд:

- Баҳодурро аз овозашда ҳамин ошаш беҳтар аст, гӯед дабафкаро овардан гиранд. 

 

Ҷумъахон САЙИДАЛӢ

Тағйироти охир Шанбе, 01 Декабр 2018 17:35
Хонданд 19
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.