.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҷомеъа

Шумо дар Ҷомеъа

Духтар файзи хонадон аст

Июл 30, 2018 Диданд: 131
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Таваллуди фарзанд дар хонавода аз як сӯ мояи бақои насл бошад, аз тарафи дигар боиси гармию таровати хона ва боиси мустаҳкамшавии оила мебошад. Оилае, ки дар он фарзанд нест, он ҳама шуру нишоти зиндагиро надорад.

Аз ин сабаб хонаводае, ки фарзанд надорад, кӯшиш мекунад кӯдакони дигарро ба фарзандӣ қабул намуда онҳоро тарбият намоянд, то ин ки баъди рафтанашон номи онҳоро фарзандонашон зинда нигоҳ доранд.

Вале мутаассифона аксар ҳолатҳо мо одат кардаем, ки агар дар хонадоне фарзанд таваллуд шавад ва чун овозаи ба дунё омадани варо шунаванд, ҳатман мепурсанд; «Писар аст ё духтар». Зеро ҳар як падару модар ба ҷинсияти ояндаи тифл муносибати худро дорад: Модар мехоҳад духтар бошад, то ин ки дар оянда дастгираш бошад, падар мехоҳад писар бошад, ки меросхӯри ояндааш гардад.

Хушбахтона оилаҳое ҳастанд, ки баъди тавлиди фарзанд шукр мегӯянд, зеро онро инъоми Худовандӣ медонанду барояшон муҳимтар аз ҷинси фарзанд солимии ӯ мебошад. Дар ҳамин ҳол, Духтар ё писар талаб кардан хуб нест, - мегӯяд роҳбари хонаи фарҳанги ҷамоати деҳоти Язғуломи ноҳияи Ванҷ Исломбек Доштов, ки соҳиби 9 духтар ва 1 писар мебошад ва меафзояд: - Бисёр вақт мушоҳида мекунам, ки баъзе падарон аз Худованд танҳо писар талаб мекунанд. Ҳол он ки фарзанд новобаста ба ҷинсияташ «бӯи ҷаннат мекунад» Ин оилаи хушбахт худро хушбахтарин инсон мешуморанд, ки соҳиби 9 нафар гулдухтарони зебо: Гулсуман, Сайрам, Саида, Ҷамила, Моҳинав, Маҳбуба, Сулҳия, Олуфта, Шарифа ва як писар Илҳомҷон мебошанд. Шарифамоҳ аз ҳама хурдиашон аст ва Худо хоҳад имсол донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегардад. Ҳашт духтар ва писараш Илҳомҷон хонадор шуда, дар ҳалқаи фарзандони худ хушу хурсандона зиндагӣ доранд.

- Вақте ки Илҳомҷонро хонадор кардем, хеле сабук афтид. Агар ба писар як даркор бошад, ба духтар ҳазор даркор,- гуфт ҳоҷӣ Исломбек ва табассумкунон илова намуд: 8 духтару як писарамро хонадор намудаму келин овардам, нисбати тӯйи духтарон тӯйи писарам хеле сабук афтид. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, шукронаи духтаронам мекунаму аз он ифтихор дорам, ки ҳамаашонро бо ҳамсари меҳрубонам Гулсунбӣ Қурбонова бо меҳнати ҳалоли худ тарбия намудем. Дар тарбияи духтаронам аслан модарашон ҳиссагузоранд. Табиист дар хонаводае, ки духтар ҳаст, хостгор меоянд, ин орзуи ҳар як падару модар аст. Азбаски ҳамсарам духтаронро дар руҳияи накӯкорӣ, парҳезкорӣ, хушмуомилагӣ ва дорои ахлоқи нек тарбия намуда буд, давоми 15-сол тӯй болои тӯй шуд. Албатта, вазнин омад, вале шукри Худованд, чун хушбахтии онҳоро дар ҳалқаи оилаашон мебинам, ҳамаро фаромӯш мекунам.

- Мутаассифона дар баъзе хонаводаҳо ҳангоми таваллуди духтар изҳори нороҳатӣ карда қаҳрӣ мешаванд. Ва борҳо дар деҳа шоҳиди он гаштам баъзе падарон духтар доштанро намехоҳанд. Орзу мекунанд, ки Худованд ба онҳо фақат писар бидиҳад. Мутаассифона онҳо хабар надоранд, ки Аллоҳ таъоло барои падару модаре, ки духтар додааст ва онҳо нисбати фарзандонашон ботаҳаммуланду онҳоро хуб тарбият дода, ба духтарашон меҳрубонанд, чӣ мукофоте тайёр кардааст. Ҳол он ки, писар ё духтар тавлид шудани фарзанд додаи Худованд буда, ҳеҷ кас ҳақ надорад дар кори Аллоҳ таъоло эрод бигирад.

- Хушбахтона ба бахти мо марде афтод, ки аз тавлиди паиҳами духтарҳо шукрона мекарду Моро тасалло бахшида чунин таъкид мекард: «Занакҷон! Касе ки се духтар дошта бошаду онҳоро хуб ба воя расонида меҳр нишон дода, боодоб тарбия намояд, ҷаннат бо ӯ воҷиб мешавад». Ман шухиомез ба ӯ мегуфтам «Иншоаллоҳ ҷаннатро аз худ кардаӣ. Нуҳ духтарро тарбия намуда, хонадор намудан кори на ҳар як мардест»,- мегӯяд Гулсунбӣ Қурбонова. 

Кош ҳамин гуна оилаҳои иттифоқу муросокор, осоиштаву намунаи ибрати ҳамагон дар ҷумҳурии мо зиёд мегашту ҳаёт ҳамеша солим ҷараён мегирифт.

 

Рӯзимади ТОҲИР

Восеъ-Язғулом-Восеъ

Хонданд 131
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…
  • зодРӮЗ

    Андӯҳи ту, ки хуршедро падруд мегӯяд, ба андозаи ҳасрати як…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.