.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҷомеъа

Ҷарроҳи чирадаст

Сен 02, 2017
Диданд: 536

Муҳаббатро зи моҳи бояд омӯхт,

Ки аз обаш бурун орӣ, бимирад.

(Ҳазрати Ҳофиз)

Бузургворе дуруст фармуда, ҳамин меҳру муҳаббат аст, ки зиндагиро ширинтару гуворотар менамояд. Ҳамин муҳаббат ба касбу кори хеш, муҳаббат ба Ватани хеш аст, ки инсонҳо содиқу ҷовидонианд. Ҳамеша чунин аст, ки инсонҳои бузург бо зиндагии худ роҳҳои чи гуна зистанро ба рӯйи дигарон мекушоянд ва бо руҳи равшани худ торикиҳои нигоҳу виҷдони инсонҳоро аз байн мебаранд. Оре, ҳамин муҳаббату самимият аст, ки зиндагӣ бо ҳама нозукиҳояш давом дорад.
Инҷо мо аз муҳаббатҳову самимиятҳои бонуе, пизишке сухан меронем, ки дар ҳақиқат волову гуворост. Умуман, вақте калимаи воломақоми занро зикр мекунем, пеши назари мо бешубҳа сухани бузургон ҷилвагар мешавад. Файласуфи рус Бердяев фармуда: “Зан бештар табиат аст ва камтар инсон”. Ё нависанда Блейк дар тавсифи бонуе менависад, ки “вақте зан ҳарф мезанад, гӯё овози фариштагонро мешунавам. Вақте ки гом бармедорад, ангор ҳеҷ чизи падид ва нопок ба ӯ наздик намешавад. Ҳар мазраъае бо ӯ гӯшае аз биҳишти адн асту ҳар гӯшае бо вуҷуди шарифаш паноҳгоҳи ором ва ҳар деҳкадае сарзамини муқаддас ба назар мерасад”.
Ин бонуе, ки мо тавсифаш менамоем, дар ҳаққиқат фариштахӯву мушфиқу меҳрубону ғамхор аст. Бонуе ҳалиму меҳрубон, хоксору ботамкин. Инсоне, ки аз чеҳрааш байти воломазмузни Ҳазрати Бедилро метавонӣ хонд, ки гуфта:
Чист иқбол?- пешбин будан,
Осмон доштану замин будан.
Оре, заминӣ будан бахтест бузург, ки Худованд ба ҳар нафаре ин иқболро сазовор намедонад. Ҳарчанд доираи гӯишу биниши ин камтарин ба андозаи дархӯри ҳиматам ҳаст, хостам меҳрномае навишта бошам ба инсони шарифу латиф, инсоне, ки зи чеҳрааш метавонӣ вожаи мубораки одамгариро хонӣ. Инсоне, ки қалби мардона дорад, аммо на қалби сохтаву костаи “мардсимоён”. Қалбе, ки саршори лутфу меҳрубонист, қалбе, ки дар оинаи он чеҳраи мардсифатонро мебинӣ. Зане, ки дар чеҳрааш вожаи одамгарӣ намудор аст. Зане, ки тамоми ҳастии хеш, тамоми муҳаббати хешро барои пешаи худ бахшидааст. Зане, ки маризони худро дӯст медораду бо онҳо механдаду мегиряд. Ин бонуи пешавар Матлуба Ҳоҷиева - мудири шуъбаи омосҳои репродуктивии занонаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” мебошад, ки пайваста бо дониши баланду меҳрубонии модаронаву хоҳаронаву духтарона ва бо ҳилми тоҷикона ба дилу дидаи беморону ҳамкасбон ҷой гирифта.
Матлуба-апа ҳанӯз дар овони мактабхонӣ дар ноҳияи файзбори Файзобод медиду мешунид, ки модару хоҳари мардуми шарифи тоҷик аз бемории саратони узвҳои таносули занона дар азиятанд. Дар тарозуи ақли хеш бармекашид, ки Одамхудои рӯйи замин, яъне Модари Тоҷик имрӯз аз саратони узвҳои занона дард мекашад. Ӯ аз хурдӣ орзу менамуд дар оянда пизишк шуда, барои табобати миллати азияткашидааш аз бемориҳои саратон хизмат мекунад. Зин-рӯ, аз кӯдакӣ аз остонаи дабиристон меҳри пешаи пизишкӣ, билхоса пизишки омосҳои узвҳои занонаро дар замир мепарварид. Ва ҳамин орзуҳо буд, ки ӯро баъди хатми мактаб соли 2001 ба остонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино овард. Пайдост, ки ба ин даргоҳи бонуфуз ва донишгоҳи беҳад серталаб на ҳар кас роҳ меёбад. Ҳувайдост, ки инҷо ба ғайр аз дониши баланд ва маҳорату устуворӣ дигар касеву чизе мусоидат намекунад. Зин-рӯ, пайваста мехонду мехонд ва натиҷаи ҳамин хондан буд, ки сазовори номи баланди донишҷӯй гардид.
Матлуба Ҳоҷиева дар давоми таҳсил ҳамеша дӯстдори пешаи аз хурдӣ интихобнамудаи худ буд. Ҳамин рафтору кирдор, донишу маҳорат ва шавқмандии зиёд ба касби саратоншиносӣ доштаи донишҷӯи бахши панҷуми факултети тиббӣ Матлуба Ҳоҷиева буд, ки ҳини омӯзиши дарси саратоншиносӣ дар кафедраи Донишгоҳ муаллимаи хеле ҳалиму меҳрубон ва нозукбину пуртаҷриба, ки ба банда ҳам ҳақи устоди доранд, д.и.т. Умарзода Саидаи Ғайрат Матлуба-апаро ҳамчун навбатдори шабона ба ҳайси ҳамшира дар шуъбаи омосҳои узвҳои репродуктивии занона ба кор қабул намуданд. Аз ин дастгирии устоди ғамхор шодии ин донишҷӯдухтаро ҳадду канор набуд.
Ҳоҷиева Матлуба Музаффаровна дар баробари донишадӯзӣ дар донишгоҳ таҷрибаомӯзиро низ аз худ мекард ва аз нозукиҳои пешаи интихобнамудааш аз устоди худ пурсон мешуд. Соли 2008-ум Донишгоҳро бо ахлоқи намунавӣ хатм намуда, сазовори номи баланди табибӣ гардид. Давраи такмили ихтисосро ҳамчун интернаи клиникӣ соли 2008 дар заминаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва давраи ординатураи клиникиро солҳои 2009-2010 дар Муассисаи давлатии Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонд. Аз 10-уми сентябри соли 2010 то январи соли 2017 ҳамчун пизишки Омосҳои репродуктивии занона кору фаъолият намудааст. Аз 10-уми январи соли ҷорӣ инҷониб мудирии шуъбаи Омосҳои репродуктивиро дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” ба уҳда дорад.
Ҳоҷиева М. М. дар ҷумҳуриҳои Олмон, Белорусия, Русия, Украина, Қазоқистон ва Хитой такмили ихтисос намудааст.
Бо ин ҳама масъулияти баланд, бонуи ташнаи илму дониш таҳти роҳбарии устоди худ д.и.т. Умарзода Саидаи Ғайрат рисолаи илмии худро дар мавзуи “Пешгирӣ ва табобати барвақти омосҳои тухмдонҳо” пажуҳиш бурда истодааст, ки дар ҷодаи душвори илм ба ин роҳпаймои роҳи илм барору комёбӣ мехоҳем.
Яке аз нобиғагони шеъри форсӣ Фурӯғи Фаррухзод гуфта буд, ки “ман ба иллати хусусияти руҳӣ ва ахлоқии худам ва масалан, хусусияти зан буданам, табиатан масоилро ба шакли дигаре мебинам”.
Ин ҷарроҳи чирадаст, бонуи донишвару меҳрубон, ғамшарики мардум ҳар субҳ бо як нигоҳи ба худ хос вориди ҳуҷраи беморон мешавад, бо лабханди хоҳарона, бо солории модарона ва бо ҳилми духтаронаву бо илми духтурона беморонро бо вуруди Хуршед дуруд гуфта, рӯз ба хайр мегӯяд.
Ҳоҷиева Матлуба Музаффаровна, ки соҳиби оилаи солим ва ду фарзанди дустрӯяк мебошад, ин шабу саҳар зодрӯз дорад. Бо як меҳрубонии додарона «Зодрӯз хуҷаста бод!» мегӯям.

Лоиқи СӮФӢ

Хонданд 536

Ҳоҷатхона рӯйи саҳни масҷид

Сен 02, 2017
Диданд: 360

Хонандагони гиромӣ шояд дар хотир дошта бошанд, ки зиёда аз чаҳор моҳ қабл ҳафтаномаи «Фараж» (№14 аз 5.04.2017) ҳадиси мусаввареро бо унвони «Рейдербозӣ дар шаҳраки 101-ум» ба табъ расонида буд. Чун амали солҳои охир мӯдгаштаи чиновникҳои ҳукуматӣ, ки ба аксари маводҳои танқидии матбуот ҷавоб нагардонда, муаллифонро ба таври автоматӣ ба «бадхоҳони ҳаёти имрӯза» нисбат медиҳанд, ба андешаҳои мазкур низ ҷавобе наомад. Баръакс, биное, ки тӯли 11 сол ҳолати (статуси) қонунӣ пайдо карда натавонист, дар як моҳ «қонунӣ» эълон гардидаву соҳибони нав шабу рӯз онро бо қубурпораҳои кӯҳнаву лашу луши зиёде зиракона муҳофизат менамоянд. 

Мухтасари қисса ин аст: беш аз ёздаҳ сол қабл, соли 1995-ум, замоне, ки қариб ҳар як кӯчаи шаҳри Душанбе ошкорову ниҳон бинои «ҷамъиятии» маҳаллаи худро дошт, аҳли бинои нӯҳошёнаи кӯчаи Ҳисор 29\3 (шаҳраки 101-ум) низ наздики 45 ҳазор сомонӣ ҷамъ карда, бо заҳмати зиёде тариқи ҳашар бинои ҳозиразамоне бунёд намуданд. Аз ин баъд кулли маъракаҳо - тӯю азояшон дар ҳамин ҷо баргузор мегардид. Азбаски бинои «ҷамъиятӣ» мисли дигар биноҳои ҳаммонандаш ғайриқонунӣ бунёд ёфта буд, муттасил мавриди тафтиши мақомоти марбути шаҳрдорӣ қарор мегирифт. Ҳатто баъди имзоҳои ҷамънамудаи ташкилотҳои масъул - «Барқи тоҷик», корхонаҳои обу корезӣ ва «Душанбегаз», стансияи эпидемиологӣ ва ғайраҳо Ҳукумати шаҳри Душанбе масъалаи қонунӣ гардондани бинои мазкурро қатъиян рад кард.
Бо гузашти солҳо ҳуҷуми рӯйирост ба чунин биноҳои «ҷамъиятӣ», ки аксаран вазифаи масҷидҳоро адо менамуданд, оғоз гардид. Дар шаҳраки 101-ум низ тамоми ин навъ иморатҳо дар муддати кӯтоҳ аз байн бардошта шуданд. Вале аз чӣ бошад, ки ба иморати «ҷамъиятии» назди хонаи нӯҳошёнаи кӯчаи Ҳисор 29\3 таваҷҷӯҳ он қадар зиёд набуд. Аниқтараш, сардори онвақтаи Муассисаи давлатии идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзили минтақаи 101-ум (собиқ ЖЭУ - 6) Беҳбудов Хайрулло чанд бор назди ин иморат пайдо гашта, эълон дошт, ки онро таҳи пойи булдозер ба хок яксон хоҳад кард. Вале гуфтаҳояш ҳеҷ не ки ҷомаи амал пӯшанд. Баъдтар хабаре паҳн гашт, ки дар ин ҷо барои занони бекори маҳалла, ки хеле зиёданд, коргоҳи дӯзандагӣ барпо мекунанд. Хурсандии бонувонро ҳадду канор набуд, иддае аз онҳо пешакӣ ба машқи дӯзандагӣ пардохтанд. Вале баъде ки ба бинои нӯҳошёна қубурҳои оби гармро пайвастанд, тарбуз аз бағали хонумҳо афтид: маълум гашт, ки ин овозаҳо ҳамагӣ мардумфиребианду бас. Ба ин иморат қисме аз кормандони шабакаи гармигузаронии ноҳияи Сино ва мошинолотҳояшонро мекӯчонанд ва дар ин бора гӯё қарори марбутаи шаҳрдорӣ низ ба имзо расидааст.
Сардори нави Муассисаи давлатии идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзили минтақаи 101-ум Амиров Қурбонхӯҷа дар ин хусус чунин посухдод: «Ин корҳо замони сарварии Беҳбудов Хайрулло дар якҷоягӣ бо раиси шаҳраки 101-ум Баргӣ Қодирова анҷом пазируфтаанд…».
Охир, тӯли 11 сол ин бино ғайриқонунӣ ҳисоб мешуд ва мебоист ин ҷо оқибати кор барои занҳои бекори маҳалла коргоҳи хурди дӯзандагӣ мекушоданд ва ё мувофиқи қавонин аз байн бардошта мешуд. Наход як ҷузъи идораи давлатиро дар иморате, ки бо пулу бо дасти мардуми ин ҷо бунёд ёфтааст, базӯрӣ оварда мустақар созанд? Изофа бар ин, ақли солим магар иҷозат медиҳад, ки ҳамагӣ се метр аз дари даромади саҳни маконе, ки мардум ёздаҳ сол рӯ ба Парвардигор оварда, саҷдаву ибодат менамуданд (панҷ метр дуртар аз бинои чаҳорошёнаи Ҳисор 31), ҳоҷатхонаи бе канализатсия бунёд кунанд? Эй вой бар мо, эй вой бар ман!
Ногуфта намонад, ки бинои мазкур аслан қариб дар болои қубури асосии газгузар ҷой гирифтааст ва то наздикиҳо рӯйи ҳавлии он хоначаи майдаяке вуҷуд дошт, ки бо асбобҳои мураттабкунандаи газ муҷаҳҳаз буд. Таҷдидкунандагони навомада дар як дам онро аз миён бардоштанд ва гирдогирди биноро бо девори баланд печонданд. Ҳамагӣ панҷ қадам дуртар аз ин иморат хоначаи трансформаторие ҷойгир аст, ки биноҳои гирду атрофро бо барқ таъмин намуда, як ҷузъи он шиддатро наздики 10 киловолт (10000 волт) баланд бардошта, ба дигар ҷо интиқол медиҳад. Сими (кабели) ин иморат аз ҳамин трансформатори паҳлуяш барқ мегирад ва шояд аз болои гулӯлаи газ ҳам гузашта бошад.
Аммо асоси нороҳатии мардуми ин маҳалла нопурсидаву ғайрихтиёрӣ, яъне бо усули «рейдерӣ» бешармона ба амбори идораи обгармкунӣ ва кормандони он табдил додани рӯйи ҳавлии онҳост. Мавзунаи хурдсоли ҳафтсоларо соати дуи рӯз дар пеши ҳамин иморат пахш кардани мошини сабукрав ва дар ҷояш аз дунё даргузаштан ҳанӯз аз хотираҳо зудуда нашудааст. Наход ноинсофӣ то дараҷае бошад, ки ба ҷойи осудагиву оромии мардум, бинои сохтаашонро дар як моҳ «қонунӣ» гардонда, бепулу бепурсиш аз дасташон кашидаву рӯйи ҳавлиашон мошинбозор ташкил намоянд?
Албатта, мардум ба ин беадолатии ҳукуматдорон гардан нафуровард. Наздики 70 хонаводаи бинои Ҳисор 29\3 рӯзи 10.04.2017 ба унвони мири шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ ариза навишта, ба шӯъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандон супурданд. Дар он талаб ба миён гузоштанд, ки ё барои занони бекори маҳалла коргоҳи хурди дӯзандагии ваъдагиро барпо кунанд, ё иморатро чун дигар иморатҳои ҳаммонанд аз миён бардоранд. Мутаасифона, бо кӯшиши иддае аз кормандон ариза ба дасти Раиси шаҳр нарасида, яке аз муовинон рӯяш амр навиштаанд, ки ба се Раёсати Ҳукумати шаҳр ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ирсол гардад. Баъди мӯҳлати якмоҳаи Қонун «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» муайяннмуда 70 оилаи аризадода ҷавоби онро дарёфт накарда, ба даводавиву телефонбозиву коғазҷамъкунӣ сар карданд. Дар шӯъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони Ҳукумати шаҳр фаҳмонданд, ки аризаҳоро назорат намекунанд ва ба иҷрокунандаҳо мефиристанд, то онҳо худашон ба соҳибони ариза ҷавоб диҳанд.
- Охир, мардум ба унвони мири шаҳр ариза навишта, ҷавобро аз Ҳукумати шаҳр интизоранд…
- Не, қатъӣ изҳор намуданд ин ҷо.- Ҷавобро аз кумитаҳо ва раёсатҳо рафта ҷамъ мекунед. Почта кор намекунад ва онҳо барои ин кор қосиди алоҳида надоранд…
Кумитаи замини шаҳри Душанбе дасташро ба оби хунук наандохта, дар ҷавобаш (№589 аз 5.05.2017 бо имзои раиси Кумита Т. Иброҳимов) аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки «муроҷиати шаҳрвандони кӯчаи Ҳисор, бинои 29\3-ро дар асоси Нақшаи кулли тараққиёти шаҳр ва мутобиқ ба қонунҳои амалкунанда баррасӣ намуда, хулосаатонро ба дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоед». Маълум аст, ки ҳеҷ гуна хулосае пешниҳод нагардидааст.
Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ (№1322 аз 17.05 2017 бо имзои сардор Қ. Усмонов) амалҳоеро, ки бояд анҷом медод, як сӯ гузошта, иттилоъ медиҳад: «Иншооти мазкур дар замимаи 1-и таъсиси Муассисаи давлатии «Ҳунарҳои мардумӣ» шомил буда, ба Муассисаи давлатии шабакаи гармдиҳии ш. Душанбе вобаста гардидааст». Оид ба мувофиқ будан ё набудани бино ба Нақшаи кулли тараққиёти шаҳр, озмойишҳо, ҳоҷатхонаи бе канализатсия байни ду бинои истиқоматии 20 метр масофадошта ва ғайраҳу ғайра Сарраёсат ба даҳон об гирифта, хомӯш мондааст. Воқеан, бо яке аз кормандони ин идора, ки аз гирифтани номаш худдорӣ кард, суол кардам, ки чӣ навъ назди даромади бинои ба ҳар ҳол 11 сол чун масҷид хизматкарда ҳоҷатхонаи беканализатсия бунёд кардаанд?
- Ака, ҳамааш аз рӯйи Генпланай…
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино (№17/3 – 700 аз 15. 05.2017 бо имзои муовини раис М. Маҳмурзода) ба ҷуз аз чизҳои маълум илова кардааст, ки «ҷиҳати таъсиси ҷойи нави корӣ иншоот ба тавозуни Муассисаи давлатии «Ҳунарҳои мардумӣ» гузаронида шуд». Кадом ҳунарҳои мардумӣ? Магар ба ҷойи амбори Муассисаи давлатии шабакаи гармидиҳӣ табдил додан бонувони бекори маҳалларо бо ҷойи кор таъмин намудан, ки оилаҳояшон дар сохтани ин бино ширкат варзида, пулу хароҷот кардаанд, аз рӯйи қонун набуд?
Аз рӯзи қабули ариза (10.04.2017) то ба имрӯз зиёда аз чаҳор моҳ мегузарад, вале Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи шаҳри Душанбе то ҳанӯз ҳам дар тараддуди ба мардум ҷавоб гардондан аст. Сардори идора ҳамаи қоғазҳои мавҷударо (аз соли 1995 сар карда) нусхабардорӣ намуданд ва… пас аз имрӯзу фардоҳои бисёре аввали моҳи август оҳистакак хеста рухсатӣ баромаданд. Акнун ёбу гир!
Аммо, муҳимтар аз ҳама, аҳли 70 хонаводаи бинои нӯҳошёнаи Ҳисор 29\3 ақибнишинӣ карданӣ нестанд. Тайёрӣ барои иншои ариза ба унвони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оҷонсии зидди коррупсия идома дорад.

Муҳаммади СУЛТОН

Хонданд 360

Ҳаҷ ва аҳкоми он

Сен 02, 2017
Диданд: 495

Рукни панҷум, яъне рукни охирини дини мубини ислом ҳаҷ мебошад. Ҳадаф аз ҳаҷҷи бандаи мӯъмину мусулмон қасд ба самти хонаи Худо ба хотири иҷрои маносики хос дар замони муайян аст. Тавоноии молӣ, болиғу оқил ва сиҳату тандуруст будан аз шартҳои асосии воҷиб гардидани анҷоми ҳаҷ маҳсуб мешаванд. Як бор анҷом додани ин маносик ба бандагони мусулмон фарз гардонида шудааст.

Фарзиёти ҳаҷ иборат аст аз: эҳром бастан, вуқуфи Арафот ва тавофи зиёрат. Дар баробари ин, ба бандаи мусулмон иҷрои ин воҷиботи ҳаҷ ҳатмӣ аст: вуқуф дар Муздалифа баъд аз дамидани субҳи содиқи рӯзи ид, саъй кардан миёни Сафо ва Марва, ҷимор партофтан (санг задан ба шайтон), тавофи видоъ, анҷоми ибодат дар Арафот ва истодан то нишастани офтоб, қурбонӣ кардан, анҷоми тавофи зиёрат дар рӯзҳои ид (се рӯз), тарошидан ё кӯтоҳ кардани мӯи сар дар Ҳарам дар айёми ид. Илова бар ин, ҳаҷ дорои суннатҳои зер аст: тавофи қудум, рамал (бошитоб паймудани роҳ дар се даври аввали тавофи Каъба), рафтан ба самти водии Мино дар рӯзи ҳаштум ва сипарӣ намудани шаби оянда дар онҷо, берун шудан аз Мино ва ҳаракат ба қасди Арафот пас аз тулӯи офтоб дар рӯзи Арафа, сипарӣ намудани шаби ид дар водии Муздалифа, ғусл дар Арафот ва ниҳоят сипарӣ кардани шабҳои ид дар Мино.
Барои ворид шудан ба Маккаи мукаррама дар шариати ислом миқотгоҳҳоеро муайян кардааст, ки бояд шахси ҳаҷгузор аз он ҷо либоси махсуси ҳаҷро, ки эҳром ном дорад, ғусл ё таҳорат карда пӯшад ва дар масҷид ду ракъат намоз хонад. Ин миқотгоҳҳо, ки мусулмонон аз ҳар гӯшаи дунё меоянд, чунин ном доранд:
Зулҳулайфа миқоти мардуми Мадина ва мардуме мебошад, ки аз роҳи Мадина меоянд.
Зотуирқ миқоти мардуми Ироқ аст.
Ҷуҳфа миқоти мардуми Шом аст.
Қарнулманозил миқоти мардуми Наҷд аст.
Яламлам миқоти мардуми Яман аст.
Чунонки қайд кардем, либоси махсуси ҳаҷро эҳром гӯянд, ки пӯшидани он барои зиёрати хонаи Худо таъйин шудааст. Он аз ду чодар ё матои нодӯхта иборат буда, якеро ҳамчун доман ва дигареро бар дӯш пӯшанд.
Ҳаҷро се фарз ва умраро ду фарз бошад. Эҳром бастан, вуқуф дар Арафот ва тавофи фарзӣ аз аркони ҳаҷ буда, ба умра эҳром ва тавоф фарз аст. Чун шахс ба яке аз миқотҳо расид, бо нияти анҷом додани маносики ҳаҷ ё умра таҳорат ё ғусл мекунад ва эҳромро мепӯшад. Баъдан ду ракъат намоз мегузорад ва эҳромбаста мегардад. Ҳангоми бастани эҳром бояд чунин дуо кунад: «Лабайка умратан ва ҳаҷҷан, лабайка умратан ва ҳаҷҷан».
Агар ҳоҷӣ нияти ҳаҷи таматтӯъ дошта бошад, чунин дуо кунад: «Аллоҳумма, иннӣ уриду-л-умрата, фаяссирҳо лӣ ва тақаббалҳо миннӣ».
«Худоё! Инак, ман иродаи умраро дорам, пас онро бароям осон бигардон ва онро аз ман бипазир».
Агар ҳоҷӣ нияти ҳаҷҷи ифрод дошта бошад, дуои он чунин аст: «Аллоҳумма, иннӣ уриду-л-ҳаҷҷа, фаяссирҳу лӣ ва тақаббалҳу миннӣ».
Агар ҳоҷӣ нияти ҳаҷҷи қирон намояд, барои ҳаҷ ва умра ҳарду ният намуда, бигӯяд: «Аллоҳумма, иннӣ уриду-л-ҳаҷҷа ва-л-умрата, фаяс-сирҳумо лӣ ва тақаббалҳумо миннӣ». Ҳамин ки ният кард, ба талбия гуфтан (бо овоз) шурӯъ намояд: «Лаббайка-л-лоҳумма лаббайк, лаббайка ло шарика лака лаббайк. Инна-л-ҳамда ва-н-ниъмата лака ва-л-мулк, ло шарика лак».
Баъд аз он, ки ҳаҷгузор эҳром баст, аз аъмоле, ки дар аснои эҳром манъ шудааст, аз қабили ғайбат кардан, ҷангу пархош кардан, корҳои фисқро анҷом додан, хушбӯӣ (атр) задан, нохун гирифтан, пӯшонидани сару рӯй ва ба сар мондани салла, пӯшидани пероҳан, туфлӣ, маҳсӣ, тарошидани мӯи сар ва бадан, равғанмолии бадан ва ғайра парҳез кунад. Мамнуоти эҳром барои марду зан як ҳукмро дорад, танҳо дар як ҳолат занон фарқ доранд. Онҳо дар эҳром низ, ҳамчун пеш аз эҳром, либоси дӯхташуда мепӯшанд ва сари худро низ мепӯшонанд, вале рӯяшонро кушода медоранд.
Баъд аз ин барои ҳаҷгузор тарзи анҷом додани ҳаҷ фарз мегардад ва ба Макка ба самти Хонаи Худо ворид мешавад. Хонаи Худо, яъне Каъбаи мушаррафа барои мусулмонони ҷаҳон қибла мебошад. Каъбаро ҳаҷару-л-асвад низ меноманд. Каъба аз қисмҳои зерин иборат аст: дар, новдони хонаи Каъба, шозарвон (қисмати берунии пойдевор), ҳиҷри Исмоил (Ҳатим), мултазам, мақоми Иброҳим, бурҷи Ҳаҷару-л-асвад, бурҷи ямонӣ, бурҷи шомӣ, бурҷи ироқӣ, чодари Каъба ва хати қаҳваранге, ки оғози тавофро нишон медиҳад.
Ҳаҷгузор, вақте ки бо ҳаҷҷи ифрод ба Макка ворид мешавад, ҳаҷҷи худро аз Масҷиду-л-ҳаром оғоз мекунад. Чун чашмаш ба хонаи Каъба расад, такбир ва таҳлил гӯяд. Азбаски издиҳоми мардум зиёд аст, агар тавонад Ҳаҷару-л-асвадро бо дастони худ масҳ намояд ва бибӯсад, агар масофаи ӯ дур бошад, такбиргӯён бо дастҳои худ ба сӯи санг ишора кунад, кофӣ аст.
Сипас ба тавофи қудум шурӯъ менамояд. Тарзи анҷом додани он чунин аст: тавофи қудум барои онҳое, ки ҳаҷҷу умраро якҷо анҷом медиҳанд, яъне қорин ва ҳаҷҷи ифрод, ки аз бурун ба Макка меоянд, суннат мебошад. Барои аҳли Макка ин амал зарур нест. Аммо барои онҳое, ки ҳаҷҷи таматтӯъ анҷом медиҳанд ё барои умра дар ғайри моҳҳои ҳаҷ ба хонаи Худо меоянд, инчунин барои сокинони миқотгоҳҳои минтақаи Ҳил ва Ҳарам низ суннат нест. Яъне онҳо ин маносикро анҷом намедиҳанд. Се даври аввали тавоф бояд ҳоҷӣ қадамҳояшро наздик гузошта, босуръат роҳ равад, то китфонаш низ ҷунбанд. Ба ин хотир онро “рамал” номидаанд.
Ҳар касе, ки хоҳ қорин бошад ё муфрид, вориди Каъбатуллоҳ мегардад, бояд таҳорат дошта бошад ва ба самти Масҷидулҳаром равад, чун чашмаш ба Каъба расад, такбиру таҳлил гӯяд. Он гоҳ дар саҳни масҷид дар болои хати қаҳваиранг, ки рукни Ҳаҷару-л-асвадро муайян месозад, қарор гирад. Агар тавонад, ба Ҳаҷаруласвад наздик шуда, сарашро дохили бурҷ намуда, онро бибӯсад. Дар ҳолати зиёд будани издиҳом, бо дасти рост ба сӯи он ишора намояд ва ҳамон дасти худро бибӯсад. Ҳангоми даст расонидан ба Ҳаҷару-л-асвад ё бардоштани даст ба сӯи он «Бисмиллоҳи валлоҳу акбар» бигӯяд.
Пас аз анҷом додани ин амал ба самти дари хона ба тавоф пардозад Дар ин ҳолат Каъба дар самти дасти чапи шахси ҳаҷгузор қарор мегирад. Чун ба даври хона гашт ва ба нуқтаи оғозин, яъне рӯ ба рӯи Ҳаҷару-л-асвад расид, як даври тавоф ба поён мерасад ва ҳаҷгузорро зарур аст, ки ҳамин тавр ҳафт даври тавофро анҷом диҳад.
Аммо онҳое, ки бори дувум ё зиёда аз он ҳаҷ менамоянд, аввал ҳаҷҷи умраро анҷом медиҳанд ва танҳо рӯзи ҳаштум ҳангоми шурӯи маносики ҳаҷ, яъне пеш аз рафтан ба Мино тавофи қудумро ба ҷо меоранд. Баъд аз тавофи қудум саъй вуҷуд надорад, вале агар шахси муфрид ё қорин пас аз он саъйро ба ҷо оварад, ба ҷои саъйи ҳаҷ пас аз тавофи фарзӣ ҷоиз мегардад. Пас аз анҷоми тавофи қудум ду ракъат намоз, ки воҷиб аст, гузорида мешавад. Ин намозро дар мақоми Иброҳим бигузорад, савоби бештар дорад.
Сипас ба самти кӯҳи Сафо ҳаракат намуда, ҳамин ки болои он баромад ва чун чашмаш ба Каъба расид, такбиру таҳлил мегӯяд ва ба Ҳазрати Муҳаммад (с) салавот мефиристад. Баъд аз он дуои зеринро се бор мехонад ва он мустаҳаб аст: «Ло илоҳа илла-л-лоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳу-л-мулку ва лаҳу-л-ҳамду ва ҳува ало кулли шайъин қадир. Ло илоҳа илла-л-лоҳу ваҳдаҳу, анҷаза ваъдаҳу, ва насара ъабдаҳу ва ҳазама-л-аҳзоба ваҳдаҳу». «Нест маъбуди ҳақиқие, ба ҷуз Аллоҳи ягона, ки ҳеҷ шарику анбозе барои Ӯ нест. Аз они Ӯст мулки ҳастӣ ва барои Ӯст ситоиш ва Ӯ бар ҳар чизе тавоност. Нест маъбуди барҳақ, магар Аллоҳ, ки ягона аст. Ба ваъдааш вафо намуд ва бандаашро нусрату пирӯзӣ дод ва Ӯ худ аҳзоб (дастаҳои душман)-ро шикаст дод».
Пас аз он суръати ҳаракати худро коҳиш медиҳад (бе шитоб) ва ба самти Марва роҳ мепӯяд ва ҳамин ки ба нишонаи сабз расид, аз он ҷо то нишонаи сабзи дигар давон - давон мегузарад ва ин дуоро мехонад: «Рабби-ғфир ва-рҳам ва анта-л-аъаззу-л-акраму ва таҷоваз ъаммо таълам».
Ин аст як даври ҳаракат аз Сафо то Марва. Ва ҳамин тавр ҳафт бор саъй менамояд.
Занҳо дар фосилаи миёни ду нишонаи сабз монанди мардҳо намедаванд ва ба сурати одӣ роҳ мераванд.
Агар то анҷоми ҳаҷ чанд рӯзе боқӣ монда бошад, бо ҳамон эҳром дар Макка монда, ҳар қадаре хоҳад, тавофи нафл анҷом медиҳад. Агар вақт намонда бошад, рӯзи ҳаштуми зулҳиҷча пас аз фориғ шудан аз намози бомдод, ба самти Мино раҳсипор мешавад. Дар Мино то ҳангоми тулӯи офтоби рӯзи Арафа ба ибодат машғул мешавад ва баъдан ба самти Арафот ҳаракат намуда, то ғуруби офтоб ба ниёиш машғул мешавад.
Пеш аз намоз имом ба мардум дар хусуси аҳкоми намоз, вуқуф дар Арафоту Муздалифа, тартиби партофтани санг бар шайтон, чи гуна анҷом додани қурбонӣ, тарошидан ва кӯтоҳ кардани мӯи сар ва тавофи зиёрат бояд ду хутба хонад. Вақте офтоб дар ин ҷо завол намояд, имом намози пешин ва асрро бо як азон ва ду қомат бо мардум адо мекунад. Сипас то ғуруби офтоб мусулмонон ба дуову ниёиш машғул мешаванд.
Баъд аз ғуруби офтоб Арафотро ба қасди Муздалифа тарк карда, дар онҷо ҳатман намози шом ва хуфтанро бо як азон ва як иқомат якҷо адо менамоянд. Агар дар миёнаи роҳ, яъне то расидан ба Муздалифа намоз хонда бошад, вақте ки ба онҷо расад, бояд аз сари нав намози худро хонад, то тартиби маносики ҳаҷ вайрон нашавад.
Шабро дар Муздалифа сипарӣ мекунад, намози бомдодро бо ҷамоат дар торикӣ адо намуда, каме пеш аз тулӯи офтоб ба самти Мино ҳаракат мекунад. Дар Мино ба ҷамраи Ақаба наздик шуда, ба он сангреза партоб менамояд. Дар вақти партофтани ҳар сангреза такбир гуфта, ин дуъоро низ мехонад: «Бисмиллоҳи Аллоҳу акбар, ризан ли-р-раҳмони ва рағман ли-ш-шайтони».
Тартиби партофтани сангреза чунин аст: якто-якто партофта шавад, вақте ки сангчаи аввалро партофт, хондани талбияро қатъ кунад, онро тавре партоб намояд, ки ба сару рӯи одамон нарасад, вақте ки сангрезаи ҳафтумро партофт, дигар назди ҷамраи Ақаба наистад.
Ба шахсе, ки ҳаҷҷи ифрод менамояд, қурбонӣ воҷиб нест, вале барояш мустаҳаб аст. Яъне, баъд аз анҷоми ин маросим мӯи сари худро кӯтоҳ мекунад ё метарошад ва аз эҳром берун меояд. Ҳама чиз ба ӯ ҳалол мегардад, ба ҷуз наздикӣ бо зан, метавонад либоси дӯхташуда пӯшад, худро муаттар созад.
Аммо ба шахсе, ки ҳаҷҷи таматтӯъ ё қирон менамояд, баъд аз партофтани санг дар ҷамраи Ақаба қурбонӣ кардан ҳатмист.
Мӯи сар бояд дар ҳудуди Ҳарам кӯтоҳ карда ё тарошида шавад, агар онро дар беруни Ҳарам анҷом диҳад, бар вай дам (хун) воҷиб мешавад. Баъд аз анҷоми ин маносик ба шахси ҳаҷгузор тавофи зиёрат воҷиб мегардад. Ин тавофро дар рӯзи ид анҷом диҳад, афзалтар аст. Тартиби анҷом додани ин маносик мисли тавофи қудум аст, танҳо ин ки агар дар тавофи қудум рамал ва баъд аз он саъйи миёни Сафо ва Марваро анҷом надода бошад, дар тавофи зиёрат ин ду маносикро адо менамояд. Вале агар онҳоро дар тавофи қудум анҷом дода бошад, дар тавофи зиёрат ба ҷо овардани онҳо зарур нест. Изтибоъ низ дар тавофи зиёрат мавҷуд нест, зеро аз ҳолати эҳром хориҷ шудааст.
Бо анҷоми тавофи зиёрат зан низ бар ҳоҷӣ ҳалол мегардад.
Ҳоҷиён пас аз тавофи зиёрат боз ба Мино бармегарданд ва дар рӯзҳои ёздаҳуму дувоздаҳум баъд аз заволи офтоб ба шайтонҳо санг мепартоянд. Сангзаниро аз ҷамраи Суғро сар карда, ба ҷамраи Вусто мегузарад ва ниҳоятан, дар ҷамраи Кубро ба охир мерасонад. Дар ҳар ҷамрае ба миқдори ҳафт сангреза партоб мешавад ва ҳангоми бо сангреза задани рамзҳои шайтон такбир ва таҳлил мегӯяд. Баъд аз партоби сангреза ба ҷамраи аввал ва ҳамчунин ба ҷамраи дуюм дар канори рости онҳо рӯ ба қибла истода, ба дуо ва ниёиш ба даргоҳи Худованди мутаъол мепардозад, вале пас аз задани сангрезаҳо ба ҷамраи бузург, дигар наистода, зуд бармегардад ва дар ҳоли ҳаракат дуо мекунад.
Баъд аз фориғ шудан аз сангрезапартоӣ метавонад ба Макка баргашта, барои анҷоми тавофи видоъ омодагӣ бинад. Ин тавофро пеш аз баргаштан ба ватани худ анҷом медиҳад. Дар ин маросим ҳам ҳафт бор дар атрофи Каъба давр мезанад ва тарзи анҷом додани он ба монанди тавофи қудум аст. Дар ин маносик бо ашку ҳасрат бо хонаи Худо видоъ мекунад ва ба даргоҳи Худо барои насиби дубораи дидори ин сарзамини муқаддас дуо мекунад. Сипас оби Замзам нӯшида, ду ракъат намоз мегузорад ва аз Каъба хориҷ мегардад.
Сипас барои зиёрати қабри Пайғамбар ба самти Мадинаи мунаввара роҳ мепӯяд ва дар Масҷиди набавӣ намоз мегузорад. Инчунин ҷойҳои таърихии ин шаҳрро боздид мекунад.
Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти таърихии худ ба муносибати даҳсолагии қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (11.07.2017) дар хусуси масъалаҳои марбут ба ҳаҷ ва ҳаҷравандагон низ таъкид карда, изҳор доштанд, ки дар ин самт низ баъзе зиёдаравиҳо вуҷуд доранд. Мо кормандони соҳа дар навбати худ дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, барои ислоҳ кардани камбудию норасоиҳои ҷойдошта саъю талош мекунем, то ин ки ҳаҷравандагон пеш аз сафар ва пас аз анҷоми ҳаҷ ба исрофкориҳо роҳ надиҳанд.

Абдуғаффор ЮСУФОВ,
мудири шӯъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷ

Хонданд 495

Мадина ном сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ба хушунати оилавӣ дучор шудааст, се сол инҷониб ба бемориҳои гуногун гирифтор аст ва сабаби асосии ба ин ҳолат гирифтор шуданашро аз зӯроварии оилавӣ медонад. Бино ба гуфтаи номбурда, дар оғози оиладоршавӣ ӯ бо шавҳараш ҳаёти хушу осоиштае доштанд, аммо бо гузашти айём хушдоманаш бо ҳар баҳона арӯси хонадонро озор дода, пайваста байни Мадина ва шавҳараш низоъ бармеангехт.
- Дар аввал шавҳарам ба суханони модараш он қадар эътибор намедод, аммо бо гузашти вақт бо таъсири суханони хушдоманам дар дилаш нисбати ман бадбинӣ пайдо шуд. Рафта-рафта ба майнӯшӣ одат кард. Менӯшиду ночизтарин сабабҳоро баҳона карда, бо ман ҷангу хархаша мебардошт. Дар аввал тоқат кардам, бо умеди он, ки шояд ин ҳолат бартараф мешаваду муносибати ману шавҳарам ва хушдоманам хуб мешавад. Аммо торафт муносибатҳо тиратар мешуданд ва шавҳарам қариб ҳар рӯз латукӯбам мекард. Аз беҳбудӣ ва хушиву хурсандӣ дар муҳити оила ҳатто бӯи умед намонд. Оқибат дигар косаи сабрам лабрез шуда, аз хонаи шавҳарам рафтам,- мегӯяд Мадина.
Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки барои ислоҳи майхорагиву хушунатхоҳии шавҳараш борҳо кӯшиш кардааст: “Ҳар боре шароб менӯшад, гӯё аз ақл бегона шуда, маро мезанад ва аз хона берун мекунад. Баъди чанд рӯз ба худ меояд ва аз кардааш пушаймон шуда, маро боз аз хонаи модарам гирифта меорад. 3-4 соли охир ҳар сари чанд моҳ ҳамин рафтораш такрор мешавад".
Номбурда соҳиби ду фарзанд аст ва имрӯзҳо, баъд аз он, ки дар оила мавриди фишору зӯроварӣ қарор гирифт, ба маркази занон - “Гулрухсор” муроҷиат намуда, бо кӯмакӣ ҳуқуқӣ ва равонии мутахассисони ин марказ кӯшиш дорад муаммоҳои пеши роҳи худро бартараф созад.
Таҳлилгарони маҳаллӣ мегӯянд, ки агар аҳли ҷомеа ба ҳам оянд ва ба дарду ғам ва мушкили якдигар бепарво набошанд, метавон хушунат ва ҷанҷолҳои оилавӣ ва ҷинояткорӣ дар хонаводаро коҳиш дод.


Созмони занони “Гулрухсор” дар шаҳри Хуҷанд чанд сол боз ба занони дучори хушунат ва зӯроварӣ ёрӣ мерасонад. Наргис Ҷӯраева - ҳуқуқшиноси маркази занон - “Гулрухсор” дар суҳбат бо мо гуфт, ки «мавҷудияти зӯроварӣ дар ҷомеаи мо аз паст будани сатҳи маърифативу ахлоқии баъзе қишрҳои ҷомеа дарак медиҳад. Решаи муноқишаҳои оилавӣ аз муҳити носолим ва тарбияи нодуруст маншаъ мегирад». Хонум Ҷӯраева якдигаронофаҳмӣ, набудани эҳтиром байни зану шавҳар ва дигар аъзои оила, дахолати аъзои оила ва дигар хешовандон ба муносибати зану шавҳар, мавҷудияти ҳисси нобоварӣ ва бадбинӣ, рашк, маҷбур намудани иҷрои рукнҳои динӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ тобеъ будани зан ба шавҳар, яъне соҳиби ягон касбу кори муайян набудан, бекорӣ ва камбизоатиро сабабҳои асосии пайдоиши муноқишаҳои оилавӣ ва минбаъд, ба вуҷуд омадани зӯроварӣ дар оила медонад. Мусоҳиби мо зимни суҳбат афзуд, ки теъдоди муроҷиаткунандагони ҷабрдида ба маркази занон - “Гулрухсор” сол то сол рӯ ба афзоиш ниҳода истодааст. Ин маълумот аз як ҷониб мавҷудияти сатҳи хушунати оилавиро дар ҷомеа то андозае муайян намояд, аз ҷониби дигар аз баландшавии сатҳи маърифати ҳуқуқии занҳо далолат медиҳад. Зеро як қисми занҳо аллакай аз ҳуқуқҳои худ огоҳӣ пайдо карда, барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ ба ин марказ ва ё дигар мақомоти дахлдор муроҷиат карда истодаанд.
- Мо бо мақсади дастгирии занҳои ҷабрдида фаъолият мебарем. Ҳамарӯза ба маркази мо занҳои дар муҳити оилавӣ аз зӯроварӣ ва хушунат ҷабрдида муроҷиат мекунанд ва мо кӯмакҳои ройгони равонӣ ва ҳуқуқии худро ба муроҷиаткунандагон саривақтӣ мерасонем,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Таҳлилгарони соҳа мавҷудияти зӯроварӣ ва муноқишаҳои оилавиро яке аз омилҳои афзоишёбии ҷиноятҳо ва хоса ҷиноятҳои махсусан вазнин, аз қабили куштор бо бераҳмии махсус медонанд. Боиси изтироб аст, ки аз соли 2011 то соли 2016 ва 6 моҳи аввали соли 2017 дар миқёси ҷумҳурӣ 698 ҷинояти одамкушӣ ба қайд гирифта шуда, аз ин теъдод 243 ҷиноят дар вилояти Суғд ба амал омадааст, ки ин 34,82%-и ҷиноятҳои одамкушӣ дар миқёси ҷумҳуриро дар ин давра ташкил медиҳад ва таҳлилҳо дар ин самт нишон медиҳанд, ки нишондоди ҷиноятҳои одамкушӣ дар вилояти Суғд дар қиёс ба дигар минтақаҳои кишвар зиёд аст. Танҳо дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ дар миқёси вилоят 8 ҷинояти куштор ба қайд гирифта шуда, 5 адади он аз сабаби муноқишаҳои оилавӣ ба амал омадааст.

- Яке аз омилҳои асосии афзоиши ҷиноятҳои одамкушӣ, қасдан расонидани зарари вазнин, миёна ва сабук ба саломатӣ маҳз муноқишаҳои оилавӣ ба шумор меравад. Аз 243 кушторе, давоми солҳои 2011-2016 ва шаш моҳи аввали 2017 ба амал омадааст, 94 адад бино ба муноқишаҳои оилавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин 36,68%-и кушторҳои ин давраро дар вилоят ташкил медиҳад,- мегӯяд сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон.

Ҷомеашинос Муҳаббат Қодирова дар ин маврид чунин андеша дорад: “Дар ҳолате, ки зан дар муҳити оилавӣ мавриди латукӯб ва фишору хушунат қарор мегирад, саривақтӣ ба мақомоту идораҳои дахлдор муроҷиат накардани ӯ метавонад дар оянда боиси оқибатҳои нохуш, чун ҷиноятҳои куштор гардад”. Бино ба таъкиди ӯ, агар нофаҳмиҳои оилавӣ дар муҳити оила бартараф нашаванд, бояд шахсони рӯзгордида, нафарони таҷрибадида ва ё дар дигар ҳолатҳо намояндагони мақомот ва ташкилоту идораҳо барои ба созиш овардани оилаҳо корҳои фаҳмонидадиҳиро ба роҳ монанд.
Гулбаҳор ном сокини шаҳри Хуҷанд, ки имрӯз ду фарзанди маъюб дорад, сабаби асосии бо нуқсонҳои мухталиф таваллуд шудани фарзандонашро маҳз дар зӯроварӣ медонад, ки шавҳараш ҳангоми ҳомиладорӣ нисбат ба ӯ раво дидааст: “Ҳангоме ки нахустин бор ҳомиладор будам, шавҳарам пайваста маро мезад. Баъд аз он, ки аввалин фарзандам ориза таваллуд шуду духтурон сабаби нуқсондор тавлид ёфтани кӯдакро аз таъсири зарба ҳангоми ҳомиладорӣ шарҳ доданд, ин боис гардид, ки муносибати шавҳарам бо ман боз ҳам бадтар гардад. Ҳангоми ҳомиладории дувуминам, ӯ боз маро латукӯб мекард ва ин буд, ки фарзанди дуюмам низ нуқсондор таваллуд шуд”. Мавсуф мегӯяд, новобаста аз он, ки солҳои тӯлонӣ мавриди хушунати шавҳар қарор гирифтааст, боре ҳам ба ягон мақомот дар бораи зӯроварӣ ва латукӯб аз ҷониби шавҳараш шикоят накардааст, бо мақсади он, ки сирри хонаводааш даҳон ба даҳон нашавад.
Таҳлилгарон бар онанд, ки дар кишвар ҳолатҳои зиёди поймолшавии ҳуқуқҳои зан ба назар мерасад ва қисми муайяни занони тоҷик дар оилаҳое зиндагӣ доранд, ки дар он муҳит нисбат ба онҳо зӯроварӣ вуҷуд дорад. Аммо, азбаски дар ҷомеаи Тоҷикистон бисёр сокинон аз тарси муҳокимаву таънаи атрофиён мушкилоти оилавии худро пинҳон мекунанд ва аз ёриву мадад хостан аз атрофиён шарм медоранд, ин боиси нақзи ҳуқуқҳои занон мегардад.
Садоқат ном зан дар суҳбат бо мо дар мавриди зӯроварӣ афзуд, ки “мо занҳо зӯроварию ноҳақӣ ва поймолшавии ҳуқуқҳоямонро дар оила ба хотири ҳифзи оила ва ояндаи фарзандон таҳаммул мекунем”.
Мавриди зикр аст, ки тибқи маълумоти баъзе аз сарчашмаҳо, аз миқдори умумии занҳои дар муҳити оила мавриди хушунат қароргирифта танҳо 13%-и занҳое, ки ҷабрдидаи хушунати хонаводагӣ ҳастанд, ба мақомоти дахлдор ва ё дигар ниҳоду ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекунанд. Яъне инҷо гап сари он аст, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳамоно бисёриҳо ба ин фикранд, ки мушкилоти дохили хонавода набояд аз чаҳорчӯби хона берун равад, вале ин пинҳонкориҳо гоҳо бо фоҷиа меанҷомад.
Тибқи маълумоти баъзе аз сарчашмаҳо, 97%-и мардҳо дар Тоҷикистон ақида доранд, ки зан барои нигоҳдошти оила бояд зӯровариро тоқат кунад ва дар кишвар ҳар як 4-умин зан ҷабрдидаи хушунати хонаводагӣ аст. Ба андешаи мо, яке аз роҳҳои коҳиш додани зӯроварӣ дар оила ин тақвият бахшидани механизмҳои амалишавии Қонун “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” маҳсуб меёбад ва бо ин роҳ метавон бо мусоидати мақомоти ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҳамаи шаклҳои хушунати хонаводагиро бартараф сохта, ёрии ҳуқуқиро ба ҷабрдидагони зӯроварии хонаводагӣ бештар ва дастрастар намуд. Гузашта аз ин, дастгирии ҳамаҷонибаи ташкилотҳои ҷамъиятие, ки аз ҳуқуқҳои инсон дар ҷомеа ва муҳити оилавӣ дифоъ мекунанд, самти дигари афзалиятноки таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, хоса занҳо маҳсуб меёбад.

Ҷаҳонгир МИРСАЛИМОВ

Хонданд 421

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…
  • зодРӮЗ

    Андӯҳи ту, ки хуршедро падруд мегӯяд, ба андозаи ҳасрати як…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.