.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҷомеъа

«Ҳафтбурҷ» рафт! «Кюнет» чӣ?

Окт 02, 2017
Хонданд: 1255

Ё чаро бо гузашти 3 сол ҳанӯз ҳам шикояти муштариёни “Кюнет” баррасӣ намешавад?

Ахиран Суди ноҳияи Синои шаҳри Душбанбе баъд аз чор соли манъи фаъолияти ширкати «Ҳафтбурҷ» ва баҳсу мурофиаҳои судии он шаш масъули ин ширкатро аз 8 то 11-солӣ маҳкум кард. Суд ба Осимҷон Маъруфов 8 сол, ба Олим Маъруфов, Ориф Расулов 10-солӣ ва ба Саидҷон Саъдуллоев, Раҳимбек Саидов, Шарифбек Хушмаҳмадов 11-солии зиндон ҷазо таъйин намуд. Гуфта мешавад, раҳбарияти ширкати «Ҳафтбурҷ» дар тӯли се соли фаъолият бештар аз як миллион доллар маблағи мизоҷони худро тасарруф намудааст.
Прокуратураи генералии Тоҷикистон моҳи июли соли 2013 зимни санҷиши прокурорӣ дар кори ширкати «Ҳафтбурҷ» амалҳои қаллобӣ ва сӯйистифода аз бовариро ошкор намуда, фаъолияташро дар кишвар манъ кард ва ҳисобҳои онро баст. Ҳамчунин, гуфта мешуд, ки «роҳбарони ин ширкат бо машварати пешакӣ бо мақсади фиреб додан ва сӯйистифода аз боварӣ тасарруф намудани молу мулки ғайр, фаъолияти корхонаро дар шакли пирамидаи молиявӣ ба роҳ монда, якчанд хизматрасониҳо, аз қабили маркетинги шабакавӣ, хизматрасонии маркетингӣ, омӯзиши забонҳои англисӣ, дарсҳои компютерӣ, ронандагӣ ба шаҳрвандон пешниҳод намудаанд. «Ҳафтбурҷ» аз рӯи қоидаҳои пирамидаи молӣ кор мекунад ва фаъолияти минбаъдаи он боиси зарари бештари мизоҷонаш хоҳад шуд».

Шикояти муштариёни «Кюнет»
Боздошт, ба қаллобӣ муттаҳам ва пушти панҷара кардани масъулони ширкати «Ҳафтбурҷ» дар ҳолест, ки се сол қабл муштариёни ширкати ба ҳамин монанд - «Кюнет» низ аз фаъолият ва тарзи ҷалбнамоии даъватшавандагон ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон шикоят бурда буданд. Муштариёни ширкати “Кюнет” аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки масъулони он зимни ҷалби онҳо аз роҳи фишори равонӣ истифода намудаанд ва бо сӯйистифода аз боварӣ маблағҳояшонро кашида гирифтаанд. Бино ба гуфтаи ин фиребхӯрдагон, онҳоро наздикони худашон, ки қаблан ба ин ширкат аъзо шудаанд, ҷалб кардаанд, зеро дар сурати дигар пешниҳоди чунин ҷои корро аз ҷониби шахси бегона қабул намекарданд. Ба андешаи ин нафарон, вазифаи нафари даъваткунанда танҳо даъват аст, на бештар аз он. Дигар боқимонда корро масъулон иҷро мекунанд.

Алишер: Дар “Кюнет” 2800 доллар “сӯхтам”
Алишер, як нафар аз фиребхӯрдагон, сокини ноҳияи Варзоб, ки мегӯяд аввалҳои соли 2013 духтари холааш ӯро ба ин дом афтондааст, бо маблағи 1900 доллар ба ширкат аъзо шудааст. Ӯ, ки он вақтҳо ба хариду фурӯши мева дар бозор машғул будааст, мегӯяд, рӯзе духтари холааш ба наздаш омад ва гуфт, ки як кори озодаву беҳтаре барояш пайдо кардааст ва зуд бояд рафта, онро бубинад. Ба гуфтаи ӯ, аввалҳо духтари холааш либоси оддӣ ва хоксорона ба бар мекард ва бо гузашти чанд вақт тарзи либоспӯшиаш дигар шуду бо ҳар гуна занҷираву дастбандҳои ба қавле тиллоӣ худашро оро додан гирифт ва ҳатто тарзи гапзаниаш ҳам дигар шуд: “Ҳарчанд мепурсидам, ки дар куҷо кор карда истодааст, вале чизе намегуфт. Танҳо мегуфт, ки дар як ширкати хориҷӣ фаъолият дорад ва дар сурати холӣ шудани ягон ҷой, агар хоҳӣ, номзадиатро пешниҳод мекунам”.
- Рӯзи дигар якҷоя бо духтари холаам барои дидани «ҷойи кор» рафтем. Он дар як бинои 12-қабата, дар ошёнаи 2-юм дар маҳаллаи «Театри ҷавонон» воқеъ будааст. Ростӣ, ҳайрон шудам, ки ин чӣ хел ширкати хориҷист, ки дар бинои истиқоматӣ ҷойгир аст ва аз духтархолаам пурсидам. Ӯ аз кунҷкобии ман дар бораи ҷойи кори нав ба ҷон омада бошад ҳам, вале сир бой намедод. Баъдтар фаҳмидам, ки ин як шарти масъулони ширкат будааст, ки то овардани мизоҷ дар бораи кор ба ӯ чизе нагӯянд. Хулоса, ба ин хона ворид шудем. Хона аз се ҳуҷра иборат буд. Дар ҳар як ҳуҷра чанднафарӣ бо кадом коре банд буданд. Моро дар дарун як марди тоҷик пешвоз гирифт ва маро ба як ҳуҷраи дигар гузаронданду ба муддати 5-6 дақиқа танҳо гузоштанд. Муҳит ором, касе бо овози баланд гап намезанад. Баъдан, он мард бо духтари холаам ворид шуд ва чунон бо самимият аҳволпурсиям кард, ки гумон кардам, солҳо боз маро мешиносад. (Ин ҳам як роҳу усули ба боварии одам даромадани намояндагони чунин ширкатҳо аст). Ин масъул ширкати «Кюнет»-ро таърифу тавсифҳои зиёде кард. Гуфт, ки ин ширкат тиҷоратӣ аст, ба фурӯши маҳсулоти бриллиантӣ ва тиллоӣ машғул аст ва пас аз хариди ин маҳсулот метавонӣ аъзо шуда, одам ҷалб намоӣ ва бо ин роҳ тиҷорат карда, фоида ба даст орӣ. Ба гуфтаи масъул, дар ширкат судяҳо, адвокатҳо, милисаву духтурони ботаҷриба ҳам аъзо ҳастанд, ки баъдан маро бо кори эшон низ шинос хоҳанд кард. Ҳамин тавр, маро се рӯз пайи ҳам ба ҳамон хона бурданд, ҳамин хел карданд, ки пурра ба онҳо бовар кардам ва 1900 доллареро, ки тайи чанд сол бо азобу машаққати савдогарӣ ҷамъ карда будам, бароварда ба онҳо додам. Ана пас аз ин сарсониву саргардониям сар шуд. Баъди гузаштани чанд дарс оид ба чи гуна ҷалб кардани нафарон, маҷбурам карданд, ки барои шохаҳои чапу ростам одам биёрам. Маслиҳатам доданд, ки аввал ҳамон нафаронеро даъват кунам, ки зиёд ба ман боварӣ доранд. Дигар илоҷ надоштам ва модари 60-солаамро бо худ бурдам ва маҷбур шудам, ки барои аъзо кардани ӯ аз бонк 1000 доллар қарз гирам. Ва ҳамин тавр, бо вуҷуди кӯшишҳои зиёд дигар касе аз хешу табор ҳозир нашуданд, ки маро ҳамроҳӣ кунанд ва пас аз чанде «кор» дар ин ширкат 2800 доллар «сӯхтам». Ҳозир дар як ширкати сохтмонӣ дар шаҳри Душанбе сохтмончӣ шуда кор карда истодаам,- мегӯяд он рӯзҳоро бо ҳаяҷон ба ёд оварда, Алишер.

Ҷабрдидагон: «Кюнет» корҳои давлатиро паст мезанад
Қайд кардан бамаврид аст, баҳори соли 2014, пас аз он ки дар ҳафтаномаи «Фараж» маводи силсилавии тадқиқотии журналистӣ дар мавриди тарзу усули ҷалби ғайриқонунии одамон ба ширкати «Кюнет» ба табъ расиданд, нафарони зиёди ҷабрдида низ ба рӯзнома муроҷиат карданд ва сипас дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон низ баёноту ариза ҳам доданд, вале бо гузашти се сол ягон чораҷӯие сурат нагирифтааст. Ҷабрдидагон мегӯянд, яке аз роҳҳои ғайриқонунии ҷалби намояндагони ин ширкат дар он буд, ки эшон кор дар мақомоти давлатӣ, соҳаи маориф ва дигар корхонаҳои давлатиро паст мезаданд ва мегуфтанд, ки онҳо низ дар гузашта коргари давлатӣ буданд ва диданд, ки ба ояндаи дурахшон умед нест, ба ин ширкати хориҷӣ ба кор омаданд.
Миёни фиребхӯрдагон донишҷӯён низ зиёданд, ки мегӯянд намояндагони ширкати «Кюнет» рӯзи онҳоро сиёҳ кардааст ва бо сабаби дар дарсҳо иштироки мунтазам надоштан аз донишкадаҳо ихроҷ карда шудаанд.
Чунин фиребгарӣ ва сӯйистифода аз боварии мардум аз ҷониби намояндагони ширкати «Кюнет» дар ҳолест, ки фиребхӯрдагон мегӯянд, коргарони ин ширкат Сайҳомид Маҳмудов, яке аз наздикони собиқ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоевро роҳбари тоҷикистонии ин ширкат муаррифӣ мекардаанд ва ба ақидаи онҳо, гӯё ахирӣ пуштибони қавии ширкат будаасту касеро зӯраш ба ӯ намерасидааст.

Тим Гарни - ҳуқуқшиноси «Кюнет»: Намояндагон ҳақ надоранд касеро бо фиреб аъзо кунанд!
Пас аз гирудорҳои зиёд ва навис-нависҳои «Фараж» ахиран роҳбарияти «Кюнет» чанд нафар аз журналистони тоҷикро ба кишвари Малайзия бурд, то бо кору фаъолият ин ширкат аз наздик ошно шаванд ва бубинанд, ки ширкати «Кюнет» дар ҳақиқат вуҷуд дорад ва касе сокинони Тоҷикистонро фиреб доданӣ нест. Вале баъди бозгашт кам журналистоне буданд, ки дар бораи фаъолияти ширкат холисона мавод навиштанд. Илова бар ин, соли 2015 ҳуқуқшиноси ширкати «Кюнет» - Тим Гарни аз Малайзия ба Тоҷикистон омад ва бо доираи васеъи журналистон оид ба ширкат ва нофаҳмиҳо миёни шаҳрвандони кишвар нисбат ба «Кюнет» суҳбат кард. Азбаски тарҷумони ин нишаст яке аз намояндагони «Кюнет» буд, барои ҳамагон номаълум буд, ки суханҳои ин намоянда ба ҳозирин ва аз ҳозирин ба намоянда дар кадом шакл ва маъно тарҷума карда шуд. Яке аз нуктаҳои муҳиме, ки дар бораи фаъолияти ин ширкат рӯшан шуд, ин бо розигӣ ва хоҳиши даъватшуда аъзо шуданаш ба «Кюнет» буд. Яъне, намояндагони «Кюнет» ҳақ надоранд касеро бо роҳи зӯрӣ, фиреб ва ваъдаи даромади зиёди муфт аъзо кунанд. Ба андешаи ин намоянда, масъулони ширкат сараввал бояд дар бораи ширкат маълумоти саҳеҳ диҳанд, тарзу услуби ин намуди тиҷоратро фаҳмонанд ва ба навдаъватшудагон муҳлат диҳанд, то бо наздикону пайвандон оид воридшавӣ ба он маслиҳат намоянд.
Суханони Тим Гарни, ҳуқуқшиноси малайзиягии «Кюнет» дар ҳолест, ки намояндагони тоҷикистонии ширкат аз роҳҳои ғайриқонунии ҷалб намудан истифода мекунанд, яъне ба даъватшудагон фишори равонӣ меоранд, ҳар лаҳза занг зада, онҳоро хотиррасон мекунанд, то дар бораи ширкат ба касе лаб накушоянд. Зеро онҳо метарсиданд, ки мардум дар ин бора маълумоти мусбат надоранд ва андешаашонро тағйир хоҳанд дод.
Ҳамин тавр, ахиран масъулони ширкати «Ҳафтбурҷ», ки дар қаллобию мардумфиребӣ муттаҳам мешуданд, пушти панҷара рафтанд, вале шикояти фиребхӯрдагони ширкати «Кюнет» бо гузашти беш аз ду сол ҳамоно беҷавоб боқӣ мемонад.

Прокуратураи генералӣ: Наметавонем бе иҷозати роҳбарият ҳарфе гӯем
Аз Прокуратураи генералии Тоҷикистон, ки тафтишоти пешакии қазияи ширкати «Кюнет»-ро ба зимма доштанд, дар суҳбати телефонӣ бо «Фараж» омода нашуданд, то ҷузъиёти бештареро нисбат ба шикояти ҷабрдидагони «Кюнет» ва тақдири ин ширкат матраҳ намоянд. Онҳо гуфтанд, танҳо дар сурати пешниҳоди мактуби расмӣ ва иҷозати роҳбарият метавонанд маълумот дастрас намоянд.
Ҳамин тавр, дар ниҳоят муштариёни сершумори ширкатҳои “Кюнет” ва “Ҳафтбурҷ” ҳама ду даст дар бинӣ монданд ва дигар ҳатто умеди баргардондани пулҳои дар тиҷорати ин ширкатҳо гузоштаашонро надоранд. Худи Сайҳомид Маҳмудов бошад, тавонист пас аз ин гирудорҳо аз мақоми роҳбарии “Кюнет” ва “Ҳафтбурҷ” озодона канор равад ва ба вазифаи раиси корхонаи фаръии байниноҳиявии бақайдгирии техникии шаҳри Душанбе "МПТИ” таъйин гардад. Вале ахиран шаҳрдори нави Душанбе Рустами Эмомалӣ дар рӯзҳои аввалини корияш, 16-уми январ, Сайҳомид Маҳмудовро аз мақоми раиси “МПТИ” барканор кард.
Маврид ба зикр аст, ки ширкати “Кюнет” дар Тоҷикистон аз соли 2006 ба ин сӯ фаъолият мекунад ва бино ба иттилои расмӣ, бештар аз 2 ҳазор намояндаи мустақил дорад. Аз вижагиҳои фаъолияти ин ширкат фурӯши молҳои хос мебошад, ки ҳеҷ кадомашон маводи ниёзи аввалия нестанд.

Шамсулло ФОЗИЛОВ, “ФАРАЖ”

Хонданд 1255

«Худоихӯрҳо»

Окт 02, 2017
Хонданд: 412

Танзими маросим ва расму оинҳо иқдоми амалии бутшиканиро мемонад ва ин амал бояд пайгирӣ гардад!

Танзими маросимҳо - ин зоҳиран як маъракаи сиёсӣ-иҷтимоӣ аст, ки ҳадафи он сабукӣ овардан ба зиндагии рӯзмарраи мардум мебошад. Он дар рӯзгори кунунии мо ба манфиат мебошад, аммо дар асл, як ҳодисаи ба маротиб амиқтар нисбат ба як ҳодисаи сиёсӣ-иҷтимоӣ аст, ки бо кулли раванди таърихи маънавиёти мо алоқамандӣ дорад. Аз ин ҷиҳат, мо ҷанбаҳои сиёсӣ-иҷтимоии онро сарфи назар мекунем ва аҳамиятнокии онро дар озодсозии зеҳнияти инсонҳо аз маъниҳои дар асли худ бемаънӣ ва дар бедорсозии маънии воқеии инсонӣ дар ҷомеа мавриди таҳлил қарор медиҳем.
Назари асосии мо он аст, ки маънии инсонӣ чи дар зиндагии рӯзмарраи иҷтимоӣ ва чи дар тӯли зиндагии иҷтимоии мо онгуна, ки мебоист, ношинохта монда ва баҳри бедорсозии ин маънӣ ва пиёдасозии он дар огоҳии инсонҳо иқдоме ҳам сурат нагирифтааст. Тоҷик танҳо ба хотири маъниҳои дорои табиати мутлақгаро будаи осмонӣ ва заминӣ нафас кашидааст, ба онҳо бовар кардааст ва сабурона асорати онҳоро тоқат намудааст. Бояд ба ин ҳақиқати талх тан дод, ки аз рӯзгоре, ки оини бутпарастӣ роиҷ буд, то ба рӯзгори мо дар маънавиёти инсон камтар таҳаввуле ба вуҷуд омадааст. Ягона меросе, ки оинҳои бутпарастӣ ба вуҷуд оварда буданд, ин “инсони боимон” ва ё “инсони боэътиқод” буд, яъне навъи инсоне, ки набояд ба худ ҳамчун аввалин ҳақиқат, арзишгузор ва инкоркунанда муроҷиат намояд, балки бояд маънии зиндагии худро ҳамеша дар берун аз худ ҷустуҷӯ намояд, аз ҷониби мазҳабҳо ва идеологияҳои ҷаҳонӣ ҳифз ва неруманд гардидаанд.
Тамоми динҳои ҷаҳонии ҷойгузини таълимотҳои бутпарастӣ гардида ва дигар таълимоти фалсафӣ ва идеологияҳои ҷаҳонӣ ба он андоза, ки мебоист натавонистаанд мероси офаридаи оинҳои бутпарастиро аз байн баранд. Онҳо ин меросро фақат обу ранги дигар дода ва ба ҷои бутҳои куҳна бутҳои нави чи воқеӣ ва чи мавҳумӣ ба вуҷуд овардаанд. Бутҳои чӯбин ва гилин дар марҳалаҳои минбаъда ба бутҳои осмонӣ ва заминӣ ва бутҳои беҷон ба бутҳои ҷондор табдил ёфтанд, яъне худо ҳамчун бути осмонӣ ва инсон ҳамчун бути заминӣ. Акнун инсон барои инсон бут буд, яъне инсон ба сифати фиръавн, пайғамбар, шоҳ, президент, раис, файласуф, шоир, устод ва ғайра мебоист мавриди парастиши инсонҳои дигар қарор гирад. Дар тӯли садсолаҳо объекти парастиш тағйир ёфт, аммо субект ва принсипи парастиш, ки ҳамоно имон ва эътиқод мебошанд, бетағйир боқӣ монданд.
Агар аз диди равоншиносӣ ба раванди боэътиқодгардонии инсон назар андозем, онро метавон ба як ҳодисаи беморгуна гардонидани инсон ифода намоем. Ба хотири он, ки инсон бо имон ва эътиқод зиндагӣ намояд, бояд тамоми эҳсосҳои табиӣ ва ҳаётӣ ва ҳамингуна тамоми ғаризаҳои ҳаётии ӯ бояд хунсо, якранг ва дар як нуқта сарҷамъ ва саркӯб гарданд. Дар ин муносибат инсон чи дар поинтарин ва чи дар олитарин ҳадди худ бояд ҳамчун як фармонбардор ва мутеъ амал намояд, ки чунин хосиятҳо фақат хоси як ғулом ҳастанд. Ғаризаи парастиш қадимтарин ғаризаи инсоният мебошад ва инсон ҳанӯз наметавонад бидуни ин ғариза ҳаёт ба сар барад. Таърихи башарият ҳамон қиссаи Мӯсо ва қавми ӯро ба хотир меоварад, ки чун Мӯсо он қавмро аз бутпарастӣ, дақиқтараш аз парастиши гӯсола раҳонида буд, аммо чун андаке аз онҳо фосила мегирад ва чун дубора бармегардад, боз ҳама дар пайи парастиши ҳамон гӯсола қарор доштанд. Имон ва эътиқод овардан ба ҳар чизе, ки фаротар аз худи инсон қарор дорад, маънии худро қурбонӣ кардан, худинкоркунӣ ва бемаънигардонии зиндагии инсонро дорад. Дар чунин вазъият инсон дар бегонагии мутлақ аз воқеияти худ зиндагӣ мекунад ва барои ӯ ҳамагуна дигаргунӣ, дигарандешӣ, такомул ва тағйир ғайри қобили қабул ва тасаввури олами ҳастӣ ва бахусус ҳаёт, ҳамагуна “шудан” ваҳшатовар мебошад. Барои чунин навъи инсон хоҳиш кардан, ирода кардан, “на” гуфтан бемаънӣ мебошад. Сабаби пойдории чунин марҳала агар аввалан танбалии ботинии худи инсон бошад, ки аз фармонбардори дигарон будан лаззат мебарад, дувум ин моҳияти тамоми таълимотҳои динӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва бевосита худи инсонҳои алоҳида мебошад, ки дӯст медоранд худро ба як бут ва инсонҳоро ба бутпараст табдил диҳанд.
Он чизе, ки дар мавриди инсони эътиқодманд номбар намудем, албатта заминаи ноогоҳи шуури моро ташкил медиҳанд ва шояд аксари хонандаҳо худро ба ин навъи инсон мансуб намедонанд, ки ин худфиребии маҳз аст. Он ҳаракатҳои бутпарастонае, ки имрӯзҳо дар сари ҳар қадам аз мо сар мезананд, ба мисли он қисматҳои ниҳоят андаки куҳҳои яхине (Айсберг) аст, ки дар чашм намоён ҳастанд ва дар қадами аввал инсон гумон мекунад, ки ҳақиқати куҳи яхин ҳамон қисмати ба чашм намоён аст, ҳол он ки, қисмати азими ин куҳҳои яхин дар зери оби уқёнусҳо ҳастанд, ки мо бо чашм дида наметавонем, аммо медонем, ки онҳо вуҷуд доранд. Ҳамин тавр, ҳақиқати бутпарастонаи мо хело азимтар аст нисбат ба оне, ки мо тасаввураш мекунем. Маросим ва расму оинҳои зиёди мо ҳамон бутҳое ҳастанд, ки маънии инсонии мо дар назди онҳо холӣ аз ҳаргуна арзиш ва мо дар фармонбардорӣ аз онҳо зиндагӣ мекардем.
Ҳеҷ як аз маросим ва расму оинҳои мавриди танзим қароргирифта асоси ақлонӣ ва мантиқӣ надоранд, онҳо на реша дар ягон дин доранд ва на дар ягон идеология. Пас онҳо аз куҷо ва чигуна ба вуҷуд омадаанд? Онҳо маҳсули офаридаи инсони эътиқодманд мебошанд. Онҳо офарида мешаванд, то ин ки ин навъи инсон худро ба онҳо бубахшад, худро дар гирудори онҳо машғул дорад, воқеияти худро то имкон дорад, фаромӯш созад ва ҳамин тавр, ба осоиши хотир бирасад. Барои инсони эътиқодманд он маънии инсоние, ки бевосита танҳо ба худи ӯ тааллуқ дорад, вуҷуд надорад, ӯ қодир ба ҳадафгузорӣ, маънигузорӣ ва ирода кардан ба хотири фаротар аз ҳақиқати имрӯзаи худ рафтан нест. Аз ҳамин ҷиҳат, бути маросим ва оинҳои хурофотиаслро ҳамчун ҷузъе аз маънавиёт ва фарҳанги худ муаррифӣ мекунад. Мо дар баробари маросимҳо ва расму оинҳои мавҷуда ҳамонгуна рафтор менамудем, ки як инсони бутпараст дар назди худо, ё худ бути худ ва он маросимҳое, ки хоси шеваи парастиши онҳо буд, анҷом медиҳад. Бояд донист, ки ҳанӯз замони инсони эътиқодманд ба анҷом нарасидааст ва чунин навъи инсон наметавонад бидуни бут, хоҷа ва фармонраво зиндагӣ намояд. Аз ин рӯ, чун бутҳои ӯ шикаста мегарданд, ӯ дар пайи офаридани бутҳои нав мегардад. Вуҷуди ин навъи инсон танҳо замоне дорои ҳастӣ мегардад, ки агар буте барои парастиш вуҷуд дошта бошад.
Агар мо каме зиракона таваҷҷуҳ намоем, дар ин ҷо як айният ва шабоҳати азимро миёни ҳақиқати ботинии худамон ва он расму оинҳое, ки хоси ҷомеаи мо буданд, мушоҳида менамоем. Ҳардуи ҳақиқатҳо, яъне ҳам он эътиқод ва имони беморгуна ва ҳам маросимҳои бемаънии хатна, чил, сол, ид ва ғайра, ки дар вуҷуди инсон ва ҷомеа намебоист вуҷуд медоштанд, аммо вуҷуд доранд, ниёз ба зудудан доранд. Ба ҷои онҳо он ҳақиқатҳое бояд зинда гардонида шаванд, ки мебоист вуҷуд дошта бошанд, аммо вуҷуд надоштанд. Бидуни шубҳа, он иқдоми амалие, ки барои танзими расму оин ва маросимҳо роҳандозӣ гардидааст, дар ниҳоят бо шифоёбии навъи инсони эътиқодӣ ва ҷойгузини ӯ гардидани инсони солим ва озод аз биму ҳароси кадом як маросим, бо ирода ва нерӯи офарандагии шахсии худ меанҷомад.
Дар таърихи тамаддуни мо овардани саҳифае, ки инсон ченаки ҳама чизҳо қарор гирифта бошад, бисёр душвор аст. Новобаста аз дастовардҳои сиёсӣ ва иҷтимоии солҳои охир рухдода, то дирӯз ҳамин маросимҳои хурофотасл ченаки зиндагии мо ба ҳисоб мерафтанд. Барои як биниши хурофотӣ маҳаки асосӣ ҳамеша ин садоқат ва эътиқод ба ҳар маънии ғайр ва бегона мебошад, на худи инсон. Аммо барои як ҷомеаи солим маҳаки асосӣ ҳамеша инсон, озодии ӯ ва саодати ӯ ба ҳисоб меравад. Дорои истиқлолияти сиёсӣ будан маънии азбайнравии ингуна маросимҳоро надорад, аммо он шароит фароҳам меоварад, то ин ки ин бутҳо шиносоӣ ва мавриди нобудӣ қарор гиранд. Аз ҳамин ҷиҳат, дар идомаи баҳс мо масъалаи танзимро дар алоқамандӣ бо масъалаи нодири дигар, яъне истиқлолияти сиёсӣ матраҳ мегардонем.
Танзими маросимҳо - ин натиҷаи дорои истиқлолияти сиёсӣ гардидани мо мебошад, аммо моҳиятан боаҳамияттар аз худи истиқлолияти сиёсии мо мебошад. Ҳадафи асосӣ аз бадастоварии истиқлолият ва ё озодӣ - ин раҳо гардидан аз ҳамагуна бандҳо мебошад, ки инсонро чи маънаван ва чи ҷисман ғулом гардонида буданд. Одатан, ҳаракатҳои озодихоҳӣ танҳо қабати ниҳоят болоии омилҳоеро асос қарор медиҳанд, ки хусусияти маъмурӣ ва сиёсӣ доранд, масалан ба хотири раҳоӣ ёфтан аз зулми ягон абарқудрати истеъморгар, системаи зиддиинсонӣ, ё идеология мубориза мебаранд, аммо он бандҳое, ки дар тӯли асрҳо суфта ва маънавӣ гардидаанд ва бо зебогии фиребанда на ҳамчун душман ва омили бадбахтии воқеӣ, балки як бахше аз зиндагии воқеӣ ва як маънии зиндагӣ ва обуранги он гардидаанд, аз қазоватҳо берун мемонанд. Агар таърихи ба истиқлолияти сиёсӣ расидани худро таҳлил намоем, ба хубӣ дармеёбем, ки касе ба ин расму маросимҳо аҳамият надодааст ва баръакс, ҳамчун мероси фарҳанги миллӣ шояд мавриди пуштибонӣ низ қарор гирифта бошанд. Шояд дар рӯзгоре, ки мо ба истиқлолияти сиёсӣ расидем, даст задан ба масъалаҳое чун танзими маросимҳо як кори бемаънӣ ва ғайрисаривақтӣ низ буд. Дар рӯзгоре, ки кӯшишҳо барои ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ мерафтанд, ҳадафи асосӣ “тоҷик ҳамчун миллат” дар назар дошта мешуд ва мебоист он ҳамчун миллат дорои истиқлолият бошад, аммо дар мавриди сиёсати танзим бошад, тоҷик ҳамчун фард ҳадаф қарор гирифтааст ва он бояд ба сифати як фарди иҷтимоӣ ба истиқлолияти маънавӣ расад, ки дар умум ба тағйири сифатӣ дар тоҷик ҳамчун миллат меанҷомад.
Аз ҳамин сабаб, танзими маросимҳо ва расму оинҳо идомаи мантиқии ҳарақати истиқлолхоҳӣ мебошад. Дорои истиқлолияти формалии сиёсӣ, аммо бо инсонҳои сар то по гирифтори бандҳои маънавии ғуломона будан арзиши чашмрасе надорад. Истиқлолияти сиёсӣ замоне арзиш ва зебоӣ дорад, ки онро инсонҳои ба маънии воқеии калима озод, озодандеш, нотарс дар баробари ҳамагуна беадолатиҳои иҷтимоӣ ва новобаста аз банду қайдҳои хурофотӣ ва маънавӣ муаррифӣ намоянд. Дар як вақт бояд донист, ки танзим ин як пирӯзӣ ва анҷоми кор нест, он танҳо як иқдоми аввалини амалӣ мебошад, ки метавон онро ҳамчун даромад ва ё муқаддимае дар роҳи озод сохтани инсон аз банди хурофотҳо ва бедорсозии маънии инсонӣ дар ҷомеа номид.
Аз байн бурдани маросим ва оинҳои хурофотиасл пеш аз ҳама дар муносибат бо воқеияти рӯшанфикр ва донишмандони мо боаҳамият ҳастанд. Ин бутҳо пеш аз ҳама бо афкори озодандешӣ зиддият меварзанд. Вақте ки рӯшанфикр бо чунин бутҳо созиш намудааст, пас ӯ аз асолати рӯшанфикрӣ маҳрум аст.
Дар ин ҷо кӯшиш мекунем маънии танзими маросимҳоро дар баробари воқеияти рӯзмарраи рӯшанфикр ва донишмандон мухтасаран таҳлил намоем. Вобаста ба шеваи андеша, биниш ва мавқеияте, ки нисбат ба худ доранд, инсонҳо ба замонҳои гуногун тааллуқ доранд. Масалан, баъзе инсонҳо ба ояндаҳои дур тааллуқ доранд, баъзеи дигар ба гузаштаҳои дур ва гуруҳи дигаре ба замони худ. Ҷомеаҳо низ дар ҳукми инсонҳо мебошанд, вобаста ба воқеиятҳои мавҷудаи худ ва арзишҳое, ки аз ҷониби аксарият қобили қабул мебошанд, ҷомеаҳо низ ба ояндаҳо ва гузаштаҳо тааллуқ доранд. Зоҳиран мо ҷомеаи худро бо мафҳумҳое чун “дунявӣ”, “модерн” ва мисли инҳо тавсиф менамудем, аммо ин забон ва қонунмандиҳои хоси забон аст, ки ҳамагуна ҳақиқатҳоро хаспӯш ва ҳаргуна дурӯғро ҳамчун ҳақиқат ҷилва медиҳад. Новобаста аз он мафҳумҳои зебое, ки барои муаррифии ҷомеаи худ истифода мебарем, он расму оинҳое, ки вуҷуд доштанд ва он эҳтироме, ки нисбат ба онҳо доштем, ба ҷомеаи мо асолати асримиёнагӣ мебахшид. Дар худ таҷассум намудани мероси солими гузашта албатта айб нест, аммо ҳифз намудани олудагиҳои хурофот ва беморгунагиҳои гузашта ғайри қобили қабул аст. Ҷомеае, ки дар худ баъзе таъсирҳои ҷомеаҳои пешрафтаро касб кардааст ва дар як вақт унсурҳоеро дар худ зинда нигоҳ медорад, ки дорои хусусияти хурофотӣ ва оқибмондагӣ дорад, аз инсонҳое бархӯрдор аст, ки дорои ду шахсият ва ё умуман бешахсият ҳастанд. Расму маросимҳо бо зоҳири бегуноҳона ва ҳатто зебои худ дар як бархӯрди сатҳӣ ва рӯякӣ гӯё вобастаи мо мебошанд, аммо дар ҳақиқат мо батамом аз онҳо вобаста будем, ҳар қадар ки имкон доштанд, онҳо инсонҳоро хаста, мутеъ, ғулом ва дар айни ҳол ба онҳо осоиши хотир мебахшиданд. Ин бутҳои ноаён то ба андозае боаҳамият буданд, ки ҳеҷ як пешрафти илмӣ ё сиёсӣ наметавонист аз ҷиҳати арзиш ва эътироф бо онҳо баробарӣ намояд. Масалан, як муҳандис, ки дар ҷомеаи мо зиндагӣ мекунад, дар тамоми ҳаёт агар ягон кашфиёте намекард, ҳеҷ вақт азоби виҷдон намекашид, аммо агар ягон маросими анъанавиро анҷом намедод ва ё дар маросимҳои ҳамдиёрон, ё ҳаммаҳаллаҳо иштирок намекард, ин амал ба як фоҷеа баробар буд ва чунин ҳодисаро ӯ тасаввур карда наметавонист. Ва ё баръакси он, агар як нафар дар ягон соҳаи илм ба тозакориҳои нав муваффақ меагрдид, аммо расму русумҳои мавҷударо нодида мегирифт, боз ҳам ӯ дар назди омма аз ҳеҷ арзише бархӯрдор набуд. Новобаста аз он, ки чунин шахс дар ҷодаи касби худ муваффақ аст, дар ҳаёти оилавӣ низ камбудие надорад, боз кадом як унсури ноаёне бар вуҷуди ӯ фишор меовард, эҳсоси худкамбинӣ ва муттаҳамӣ дар назди чизеро неруманд мегардонид, ки он албатта ҳамон ҳама чиз, ё худ ҳеҷ чиз, яъне “бовариҳо ва интизориҳои умум дар баробари маросим ва расму оинҳои мавҷуда” мебошад.
Зеҳнияти моро маросимҳо ва расму оинҳои хурофотиамон идора ва такурӯ менамуданд ва маҳз онҳо асолатнокии моро муайян мекарданд. Ҳар қадар, ки дар ин маросимҳо худнамоӣ менамудем, ҳамон андоза аз пуштибонии омма ва инсонҳои мазҳабӣ бархӯрдор мегардидем ва воқеан ҳам дар мо ҷасорати пушти по задани ин ҳама хурофотҳо камёфт ва фидоӣ будан дар роҳи илм тасаввурношуданӣ буд. Агар аз ҳақиқат нагузарем, маҳз ба хотири ҳамин маросимҳо буд, ки ҳар як корманди илм, фалсафа, фарҳанг ва ҳар ҷодаи дигар худро дар назди як инсони мазҳабӣ мутеъ меёфт. Ҳамин маросим ва расму оинҳо рӯшанфикри моро гипноз карда буданд ва ба рӯшанфикр талқин менамуданд, ки ҳамагуна пешрафти илм дар баробари онҳо бемаънӣ аст.
Сухани яке аз дӯстон дар мавриди рӯшанфикрони имрӯза дуруст аст, ки мо дар маънии ростини калима “худоихӯрҳо” будем. На ба сифати як инсон, балки ҳатто ба сифати як рӯшанфикр мо дар ҷомеа аз озодии воқеӣ бархӯрдор набудем. Ин расму маросимҳо ҳамон қудратҳои ноаёне буданд, ки душахсиятӣ, дурӯягӣ, худфиребӣ, бешармӣ ва беасолатиро дар вуҷуди рӯшанфикрон парвариш медоданд.
Равоншиносон бар он ақидаанд, ки собиқаи инсонҳо дар фаъолияти илмӣ ва эҷодии донишмандон таъсири бунёдӣ мерасонад. Муваффақ нагардидани баъзе инсонҳо ва ҳатто баъзе миллатҳо дар роҳи азхудкунии илм ва технологияи пешрафта ва ё ҳар шохаи илми дигар низ аз он вобастагӣ дорад, ки чӣ ҳақиқатҳо заминаи ноогоҳи он инсонҳо ва он миллатҳоро ташкил медиҳад, онҳо маҳсули чигуна тарбия ҳастанд.
Эътиқоди кӯркӯрона ба маросимҳо ва расму оинҳо, ки ҳама хурофотӣ ҳастанд ва дар як вақт ба фалсафа ва илм машғул гардидан, боиси бавуҷудоии душахсиятӣ мегардад. Он нафаре, ки мебояд сари ягон парадигмаи математикӣ, ё биологӣ машғул гардад, шояд танҳо 20 ё 40 фоизи захираи зеҳнии худро ба он равона карда тавонад ва боқимондаи нерӯи зеҳнии худро ӯ ба он маросим ва расму оинҳои хурофотиасл равона месозад, зеро маҳз онҳо ченаки эътибор ва мақоми ӯ дар маҳалла ва миёни ёру дӯстон ба ҳисоб мераванд.
Манфиати маънавие, ки танзими расму оинҳо меоварад, ғайри қобили муқоиса бо манфиати иқтисодии он мебошад. Ин амалро набояд дар доираи як чорабинии иҷтимоӣ-сиёсӣ маҳдуд намуд. Ҳамаи он маросим ва расму оинҳои акнун азбайнрафта худ аз худ ба вуҷуд омада, дорои шакли муайяне гардида буданд ва як тоифаи муайян аз бутҳои маънавии моро ташкил карда буданд. Амали бутшиканӣ бояд ба як шеваи андеша табдил ёбад ва тадриҷан неруманд гардад ва мо бояд эътироф намоем, ки бутҳои аз онҳо қавитар ва устувортар ҳаёти моро фаро гирифтаанд, ки ниёз ба шикастан доранд. Инҳо бути мазҳаб, бути маҳал, бути ҳизб, бути бузургон ва ҳазору як бути дигар. Инсон вақте тавлид мегардад, аз ҳеҷ як аз ин бутҳо ва ҳазору як таълимоти дигаре, ки бутҳои зикргардида ба вуҷуд овардаанд, вобаста нест ва ҳеҷ рабте бо онҳо надорад, аммо ин бутҳо тавассути таълиму тарбия ва одобомӯзӣ ҳақиқати ҳаётӣ ва инсонии ӯро аз худи ӯ меситоянд ва то имкон доранд, ӯро дар бегонагӣ ва бехабарӣ аз ҳақиқати ӯ нигоҳ медоранд.
Ҳамагуна пешрафт ва дигаргунии воқеӣ маҳз аз шикастани бутҳои маънавӣ ва вуҷудии худамон, озод сохтани маънии инсонӣ аз банди хурофотҳо ва ниҳоят парвариши озодандешӣ оғоз мегардад. Танзими маросим ва расму оинҳо моҳиятан ҳамон иқдоми амалии бутшиканиро мемонад ва ин амал бояд пайгирӣ гардад.

Нуриддин ШАҲОБИДДИНОВ

Хонданд 412

Эҳсоси ифтихор аз як ҳамватан

Бандаи камтарин баъди ба вуқуъ пайвастани ҳодисаҳои террористии сентябри соли 2001 дар Амрико ва шуруи муборизаи эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ алайҳи даҳшатафканон дар Афғонистон асосан ба хотири инъикоси ин мавзуъ соле ду-се маротиба ҳамчун журналист ба ин кишвари ҳамсоя сафар мекардам. Баъдан аз миёнаҳои соли 2004 то соли 2006 ба ҳайси хабарнигори бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» дар Кобул фаъолият намудам. Тӯли ин муддат бо бархе аз ашхосу афроди шинохтаву маъруфи Афғонистон суҳбату мулоқотҳои сершуморе доштам. Қариб аксарияти мусоҳибони банда, махсусан онҳое, ки калонсол буданд, вақте мефаҳмиданд, ки аз Тоҷикистонам, аз ман суол мекарданд, ки «Оё Савлатшоҳ Мергануфро мешиносед? Зиндагониаш чӣ тур аст? Ҳоло чӣ кор мекунад?». Росташро бигӯям, ман он вақт бо устоди шодравон Савлатшоҳ Мерганов аз наздик шинос набудам. Дар борааш чандон маълумоти кофӣ ҳам надоштам. Вале ному насабашро ҳамчун мутахассиси хуби соҳаи шарқшиносӣ, ки мавзуи Афғонистонро пайгирӣ менамуд, дар расонаҳо мехондам ва аз мутахассисони ин соҳа тавсифашро бисёр мешунидам. Ҳамсуҳбатҳои ман дар Афғонистон чун мефаҳмиданд, ки камина устод Савлатшоҳ Мергановро ҳанӯз аз наздик нашинохтаам, ба таърифу тавсифи ӯ мепардохтанд. Мегуфтанд, ки «ӯ пеш аз ҳама як инсони хуб буд. Мардуми Афғонистон ва адабиёту фарҳанги онро хеле зиёд дӯст медошт. Донандаи хуби забонҳои дарӣ, пашту, русӣ ва тарҷумони бесобиқа буд. Замоне дар Афғонистон ӯро аз шоҳ то гадо ҳама мешинохтанд. Барои мустаҳкам шудани равобити дӯстии байни Афғонистону Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон хидматҳои арзандае кардааст». Хулоса, аз ин суханҳо дар ман эҳсоси ифтихор аз як ҳамватан, ки бо як муҳаббати самимӣ зикри корҳои хайри ӯро дур аз ватанаш дигарон мекарданд, бедор мешуд…

Шонздаҳ соли умр сарфи чӣ шуд?
Бо марҳум Савлатшоҳ Мерганов камина 10 сол муқаддам дар яке аз ҷаласаҳои Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон, ки ҳарду он вақт аъзои ин созмон будем, шинос шудем. Дар суҳбати нахустинам бо ӯ дарк кардам, ки устод Савлатшоҳ на танҳо вазъи кунунии Афғонистонро хеле хуб медонанд, балки таъриху адабиёт ва фарҳанги онро хубтар аз муҳаққиқон, таҳлилгарони дигари тоҷик арзёбӣ мекунанд. Дар ин ҳеҷ ҷои муболиға нест. Баъди шиносоӣ бо зиндагиномаи ӯ эҳсоси тааҷҷубу ҳайрат аз ин донишу ҷаҳонбинии васеи устод дигар дар ман намонд. Охир, устод Савлатшоҳ Мерганов аз ҳама муҳаққиқони дигар, донишмандони дигар дар Афғонистон тӯлонитар, дарозмуддаттар кору фаъолият кардаанд. Шонздаҳ соли умри бобаракати ин инсони шариф дар ин кишвари пурошӯб сипарӣ шудааст. Бори аввал дар замони шоҳӣ - дар давраи сари қудрат будани Муҳаммад Зоҳиршоҳ, солҳои 1967-1972 ба ҳайси сартарҷумони гуруҳи мушовирони шӯравӣ дар назди Вазорати банақшагирии Афғонистон фаъолият кардааст. Баъдан аз соли 1974 то соли 1979 дар мусташорияти иқтисодии Сафорати Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сусиёлистӣ дар Кобул ҳамчун узви шуъбаи иқтисодӣ ва сартарҷумон заҳмат кашидааст. Дафъаи саввум ба Афғонистон соли 1988 меравад ва то соли 1994 дар он ҷо ба сифати мушовири ҳукумати Афғонистон оид ба ҳамкориҳои мустақим байни Афғонистон ва Иттиҳоди шӯравӣ ва баъди фурӯпошии СССР байни ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ва Афғонистон ва инчунин мушовири раҳбари Академияи улуми Афғонистон кор кардааст. Ин шаш сол як давраи хеле пурошӯби Афғонистон буд. Барои намояндагони шӯравӣ, ки он солҳо дар Афғонистон кор мекарданд, ин давра низ давраи хеле душвор буд. Артиши советӣ соли 1989 бояд тибқи шартнома аз Афғонистон беталафот ихроҷ мешуд. Ҳукумати Наҷибуллоҳ, ки Иттиҳоди Шӯравӣ аз он ҳимоят мекард, таҳти фишори нируҳои муҷоҳиддин қарор дошт. Хатари суқути эҳтимолии ин ҳукумат низ вуҷуд дошт. Хулоса, бо нируҳои муҷоҳиддин низ бояд дар тамос мешуданд ва корҳоеро анҷом медоданд, ки зиёну зарари фаъолияти онҳо ба давлати шӯравӣ ва баъди фурӯпошии он ба Русия ва дигар кишварҳои ИДМ, минҷумла Тоҷикистони азизи мо нарасад ва ё камтар бирасад. Дар ин кор Савлатшоҳ Мерганов ҳамеша дар сафи пешоҳангон буд. Зеро ӯ мутахассисе буд, ки ҳарду забони давлатии Афғонистонро хуб медонист. Чунин тарҷумонҳо дар Афғонистон ангуштшумор буданд. Ин гуна мутахассисон бештар аз дигарон шиносу дӯсту рафиқ ва мусаллам аст, ки бештар аз дигарон иттилооту маълумоти муфид медоштанд. Барои ҳамин забондониву инсони хуб буданашон ӯро на танҳо рафиқон дӯст медоштанд, балки душманони ҳукумати вақти Афғонистон ҳам Савлатшоҳ Мергановро мешинохтанд ва эҳтиром мекарданд.

Қиссаи мулоқоти нахустин
Хулоса, ман бо чунин шахсияти нодир аз наздик шинос шудам ва минбаъд талош кардам, ки аз ин шиносоӣ ҳарчи бештар ба манфиати хонандаи хеш истифода намоям. Борҳо бо ӯ суҳбатҳои хеле тӯлониву ҷолиб доштам ва аксари онҳо дар матбуоти даврӣ ва расонаҳои электронӣ ба нашр расиданд. Дар ёдам ҳаст, ки дар суҳбати нахустинамон банда ба он кас гуфтам, ки ҳар мавзуеро, ки дилашон мехоҳад, матраҳ кунанд. Мо дар ҳамон мавзуъ суҳбат хоҳем кард. Ва эшон гуфтанд, ки «ман дар хона рубоби садафкоришудаи шоҳи вақти Афғонистон Абдураҳмонхонро дорам. Мехоҳам қиссаи ба дасти ман чӣ гуна расидани ин рубоби таърихиро нақл кунам». Ва шуруъ карданд ба ҳикоя кардани қиссаи рубоби Абдураҳмонхон. Ин қиссаи танҳо рубоби Абдураҳмонхон набуд. Қиссаи пурфоҷиае буд аз рӯзгори набераи ӯ Сардор Муҳаммад Раҳимхон, шоири шинохтаи Афғонистон, ки бо тахаллуси «Шеван» ашъоре гуфтааст, инсоне, ки аз дасти шоҳони вақти Афғонистон зану фарзандашро дар ватан гузошта, ба шӯравӣ фирор мекунад. Дар Тошканд ба русдухтаре издивоҷ менамояд. Аз ӯ соҳиби духтаре мешавад. Вале гуреза буданаш ба мақомоти дахлдор маълум мегардад ва ӯро ҳабс карда, ба Сибир бадарға менамоянд. Дар табъид ба духтари гурҷие ошиқ мешавад ва саранҷом издивоҷ мекунанд. Духтари гурҷӣ баъди озод шудан аз табъид талош меварзад, ки Сардор Муҳаммад Раҳимхонро низ аз он ҷо озод кунад. Бо кӯмаки ин духтари гурҷӣ ӯ аз табъид озод мешавад ва барои кору зиндагӣ ба назди завҷааш ба Маскав меояд. Бо кӯмаки аллома Бобоҷон Ғафуров Сардор Муҳаммад Раҳимхон дар Маскав дар Институти шарқшиносии Академияи улуми Иттиҳоди Шӯравӣ соҳиби ҷои кор ва хонаву дар мегардад. Ҳатто ашёи хонаашро бо ҳамон рубоби бобоияш бо хоҳиши Бобоҷон Ғафуров кормандони сафорати шӯравӣ аз Кобул барояш меоранд. Дар ҳамин Маскав Савлатшоҳ Мерганов бо Сардор Муҳаммад Раҳимхон риштаи дӯстӣ мебанданд.
То дар қайди ҳаёт будани Сардор Муҳаммад Раҳимхон ҳар боре, ки Савлатшоҳ Мерганов ба Афғонистон сафар мекард, пайғоми ӯро ба духтараш Парвина, ки акнун овозхони маъруфи Афғонистон шуда буд, мебурд ва ҷавобан пайғоми ӯро ба падараш меовард. Он рубоби таърихиро маҳз дар ҳамин давраҳо Сардор Муҳаммад Раҳимхон ба Савлатшоҳ Мерганов ҳадя менамояд.
Воқеан, Парвин борҳо ба Маскав барои дидани падараш омада буд.
Сардор Муҳаммад Раҳимхон соли 1986 дар синни 91-солагӣ дар Маскав вафот мекунад. Ҷасади ӯро завҷаи гурҷиаш Александра ба зодгоҳи худ Тифлис мебарад ва дар он ҷо ба хок месупорад. Тибқи васияташ, писараш Аминҷон Александраро низ дар паҳлуи шавҳараш гӯр мекунанд. Ин қисса аввал дар ҳафтаномаи «Фараж» ва баъдан дар дигар расонаҳо ва ҳатто дар як китоби дастҷамъӣ дар бораи Афғонистон бознашр гардид.

Донишномаи зиндаи рӯзгори Афғонистон
Савлатшоҳ Мерганов аз матбуоти даврӣ хеле хуб бохабар буд. Зеро ӯ баъди анҷоми рисолати хеш дар Афғонистон аз соли 1995 то соли 2004 қариб даҳ сол ба ҳайси таҳиягари барномаҳои адабии радиои «Садои Россия» ба забонҳои дарӣ ва пашту фаъолият кардааст. Яъне аз кори рӯзноманигорӣ огоҳии комиле дошт. Аз ин рӯ, бо у суҳбат оростан чандон кори душворе набуд. Ба назари банда, мусоҳибаҳое, ки бо устод Савлатшоҳ Мерганов дар бораи чанд рухдоди муҳими таърихии Афғонистон, аз ҷумла табаддулоти давлатии Муҳаммад Довуд, инқилоби саври соли 1978, сабабҳои ба Афғонистон ворид шудани Артиши шӯравӣ, аз байн бурдани ҳукумати Ҳафизуллоҳ Амин баргузор намудам ва ба нашр расондам, барои хонандагон хеле муфид буданд. Дар ҳамаи ин мусоҳибаҳо нуктаҳои ҷолибе вуҷуд доштанд, ки қабл аз ин дар матбуоти мо ё бори аввал инъикос мешуданд ва ё дар бораи онҳо аз ин пеш дигарон камтар гуфта буданд.
Савлатшоҳ Мерганов на танҳо тарҷумони бесобиқа буданду масоили сиёсиву иқтисодии Афғонистонро хуб медонистанд, балки донандаи хуби адабиёту фарҳангу мусиқии ин кишвар ба ҳисоб мерафтанд. Бо як ибора агар васфашро бикунем, пас ӯро дар замони дар қайди ҳаёт буданашон метавонистем «Донишномаи зиндаи рӯзгори Афғонистон» ном бибарем. Зеро дар ҳар мавзуе, ки бо ӯ суҳбат барпо мешуд, ҳатман қиссаеро, хотираи ҷолиберо нақл мекарданд. Махсусан ёддоштҳои ӯ дар бораи шуарои машҳури Афғонистон шодравонҳо устод Халилуллоҳи Халилӣ, Зиё Қоризода, Сулаймон Лоиқ, дар бораи овозхонҳои маъруфи ин кишвар устод Сароҳанг, Ҳафизуллоҳ Хаёл, Абдуҷалил Залонд, Абдураҳим Сорбон, хонум Парвин, устод Маҳваш, Аҳмад Зоҳир ва мутриби хеле машҳур - «султони рубоб» Муҳаммад Умар хеле арзишманд буданд. Хотираҳои ӯро дар бораи Муҳаммад Умар, ки дар суҳбат бо бандаи камтарин иброз доштааст, мисол меорам. «Боре яке аз дӯстони ӯзбактабори афғонам маро барои истироҳат ба Пағмон даъват намуд. Гуфт, ки имрӯз дар маҳфили мо танҳо овози рубоб садо хоҳад дод. Ва он ҳам дар иҷрои мутриби машҳури кишварамон «султони рубоб» Муҳаммад Умар… Баъди хӯрдани хӯроки чошт устод рубобашро гирифт ва ба навохтан шуруъ кард. Дар муддати шаш соате, ки ӯ рубоб менавохт, боре ҳам оҳангеро такроран иҷро накард. Ӯ чунон моҳирона рубоб мезад, гумон мекардӣ, ки як оркестар ҳамроҳи ӯ буд. Гӯё дастаи даҳ - понздаҳнафарае оҳанг менавохт. Мо ҳама масту шайдои навозиши ӯ шуда будем. Вақте ӯ рубоб менавохт, сарашро меҷунбонд, чашмонашро гоҳе нипӯш мекарду баъдан боз менамуд, абрӯвонаш болову поин мешуданд ва ҳамаи ин амалҳо гӯё бозгӯи маънии мусиқӣ буданд. Вақте ки навохтани як оҳангро ӯ тамом мекард, дар инсон ҳиссиёте ба вуҷуд меомад, ки маъмулан дар ашхоси сернашуда аз хӯроки лазизе пайдо мешавад, хӯрокашон тамом шудааст. Муҳаммад Умар дар ҳамин муддати шаш соат ҳамагӣ як маротиба барои чанд лаҳза моро тарк гуфт».

Дар хулоса
Устод Савлатшоҳ Мерганов муаллиф як силсила китобҳое ҳастанд, ки ҳамагӣ бо Афғонистон рабт доранд. Боиси ифтихори ман аст, ки устод Савлатшоҳ Мерганов аз ин силсила се китоби таҳиянамудаи хеш, китобҳои «Таърихи ҳузнулмилали Бухоро»-и Сайид Амир Олимхон, вопасин амири Бухоро, (Душанбе, 2006), «Маҷмуаи адабиёти Дарвоз»-и Ғуломмуҳаммад Ҳиҷрати Дарвозӣ (Душанбе, 2008), «Ояндаи ҷаҳонем» (маҷмуаи шеърҳо)-и Дастгири Панҷшерӣ (2011)-ро бо соядаст ба ин бандаи камтарин тақдим намудаанд. Бояд гуфт, ки сарсуханҳои ба ин китобҳо навиштаи устод Савлатшоҳ Мерганов арзиши ин китобҳоро афзун кардаанд.
Дар бораи устод Савлатшоҳ Мерганов ҳарчи қадаре, ки нависем, ба назари ин банда, боз ҳам кам аст. Кору фаъолияти анҷомдодаи устод имрӯз ҳам сазовори таваҷҷуҳи бештаре мебошад. Зеро таҷрибаи кориеро, ки ӯ дар соҳаи дипломатия, тадқиқоти мавзуҳои илмиву фарҳангӣ, дар радиожурналистика ғун карда буданд, ҳатто баъзе аз мутахассисини варзидаи ин соҳаҳо камтар доштанд. Мутаассифона, мо аз ин таҷрибаи бой ба таври бояду шояд истифода накардем.
Савлатшоҳ Мерганов барин шахсиятҳои донишманду пуртаҷриба худ як мактабанд, як донишгоҳанд, ки дар сурати муҳайё кардани шароити дуруст барояшон садҳо нафар метавонанд дар зиндагӣ аз файзу баракати донишу таҷрибаи онҳо комёб шаванд.
Руҳи устоди бузургвор Савлатшоҳ Мерганов шоду хонаи охираташ обод бод!

Султони ҲАМАД

Хонданд 649

 Ҳамсуҳбати мо Махфират Бозорова - сокини шаҳри Душанбе мегуяд:
Вақте бозори бозичаҳои кӯдаконаро мушоҳида мекунед, ҳолати аҷиберо мебинед: албастиву аҷузкампир ва дигар махлуқоти ғайриоддӣ ва бозичаҳои даҳшатнок онро фаро гирифтааст. Онҳо тадриҷан ба бозичаҳои дӯстдоштаи кӯдакон мубаддал гашта, маликаҳои нексиришт, хирсаку сагча ва гурбачаҳо бошанд, торафт маъруфияти кам пайдо намуда истодаанд. Кӯдакони имрӯза ба бозичаҳои даҳшатовар майл доранд…

Бале, мутаассифона ҳақ бар ҷониби мусоҳиби мост. Воқеан, имрӯз бозори маҳсулоти кӯдакона, хусусан бозичаҳоро молу маҳсулоти пастсифат ва зараровар ишғол намудааст. Қисми зиёди онҳо барои саломатӣ ва рушди зеҳнии кӯдакон осеб мерасонанд. Вале бархе аз тоҷирон ба хотири пули бедарду миён ба ин амалҳои нангин даст мезананд…

Парвиз Муҳибов - муовини сардори нозироти савдои Агентии Тоҷикстандарт мегӯяд, вобаста ба ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти молҳои пастсифат ва хатарнок, аз ҷумла бозичаҳои воридотӣ, ки асосан аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда мешаванд, нозирони Агентӣ дар бозорҳо ва нуктаҳои савдо санҷиш гузаронида, ба миқдори 13 300 дона бозичаҳои ба тариқи кочоқ ба қаламрави кишвар воридшударо ошкор намуда, аз муомилот гирифтанд. Нисбати воридкунандагон ва соҳибкороне, ки бозичаҳоро бе ҳуҷчати тасдиқкунандаи сифат ва бехатарӣ ба муомилот баровардаанд, тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тадбирҳои мушахаас андешида шуданд ва айни замон корҳо дар ин самт идома доранд. Ҳамзамон, дар асоси дархости Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар 27 ҳолат нисбати бозичаҳо барои чораҷӯӣ хулосаи ташхисии ғайристандартӣ пешниҳод карда шудааст. Илова бар ин, ҷиҳати муқаррарнамудани талаботи ҳатмӣ ба бозичаҳо бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатии кӯдакон, ҳамчунин огоҳ намудани амалҳое, ки истифодабарандагони (истеъмолкунандагони) бозичаҳоро нисбат ба таъинот ва бехатарии онҳо ва ҳифзи муҳити зист ба иштибоҳ мебаранд, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба меъёрдарории техникӣ» аз тарафи Агентии Тоҷикстандарт регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бехатарии бозичаҳо» таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016 таҳти № 375 қабул карда шуд, ки аз моҳи феврали соли ҷорӣ мавриди амал қарор дода мешавад ва минбаъд ҳамаи талабот нисбати бозичаҳо тибқи Регламенти техникии мазкур амалӣ карда мешавад. Дар бораи қабул ва татбиқи он тавассути телевизионҳо барномаҳо низ пахш гардид.

Парвиз Мухибов- масъули “Точикстандарт”

Ба гуфтаи масъулини Тоҷикстандарт, бо вуҷуди тақвият додани корҳои назоратӣ дар бозору нуктаҳои савдо то ҳол воридшавии бозичаҳо ба таври коҷоқ аз Чин идома доранд. Хуршед Бобоев - сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омили асосии ғайриқонунӣ ворид намудани молу маҳсулоти пастсифат ба қаламрави гумрукии Тоҷикистон, махсусан бозичаҳои кӯдаконаро ба даст овардани фоида арзёбӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки молҳои мазкур арзиши паст дошта, ба талаботи муқарраргашта ҷавобгӯ нестанд. Аз ин хотир барои ба даст овардани маблағи муайян шахсоне ҳастанд, ки молҳоро ғайриқонунӣ ва бо роҳи кочоқ ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид менамоянд.

Таҳлилҳо бозгӯйи онанд, ки аксари ҳолатҳои интиқоли ғайриқонунии молу маҳсулот ба кишварамон тавассути нуқтаҳои беназорат, назораташон суст ё осебпазири марзи давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон, ки дорои беш аз 40 чапроҳа дар ҳудуди ҳар як ноҳияи наздисарҳадӣ аст, ба назар меарсанд, - мегӯяд Х. Бобоев. Ҳамзамон бо шомил гардидани Қирғизистон ба Иттиҳоди гумрукӣ воридоти ғайриқонунии молҳои ниёзи мардум тавассути сарҳади Тоҷикистон аз тариқи чапроҳаҳо афзоиш ёфтааст, ки ин ба амнияти иқтисодии кишварамон хатар эҷод намуда, боиси болоравии нархҳо дар бозорҳои дохилии ҷумҳурӣ гашта истодааст.
Рустам Шамсиддинов - муовини директор оид ба хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдаки Маркази саломатии шаҳрӣ дар ин масъала чунин изҳор дошт:

Солҳои охир аз кишварҳои хориҷа барои фурӯш ба кишвари мо бозичаҳои гуногун хеле зиёд ворид мешавад. Аз падару модарон хоҳиш мекардем, ки қабл аз харидорӣ ҳатман ба сифат ва таркиби онҳо эътибор диҳанд. Қисми зиёди бозичаҳое, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид мешаванд, бештар пластмассӣ мебошанд. Вақте дар хона мегузоред, ҳавои хонаро низ дигаргун мекунанд. Вақте кӯдак бо онҳо бозӣ мекунад ва ё ба даҳони худ мебарад, метавонад ба бемориҳои сироятӣ оварда расонад. Чунин бозичаҳо ба саломатии кӯдакон хавфи калон доранд. Мутассифона волидони мо имкони харидории молҳои хушсифатро надоранд ва бо бозичаҳои камсифати чинӣ мехоҳанд хотири кӯдакони худро шод намоянд.

Бино ба иттилои раёсати омори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар зарфи 5 моҳи соли 2016 аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ бо маблағи беш аз 1,8 миллион доллар ва зиёда аз 500 тонна бозичаҳои кӯдакона ва дастгоҳҳои варзишию бозӣ ворид шуда буданд. Молҳои содиршуда асосан аз кишварҳои Чин, Россия, Эрон, Олмон, Туркия, Дания, ИМА, Белгия, Латвия, Литва, Испания, Майлайзия, Корея, Аморати Муттаҳидаи Араб ва кишварҳои ИДМ мебошанд.

 

Ба иттилои Холмурод Алиҷонов - Сардори шуъбаи гигиенаи коммуналӣ ва гигиенаи кӯдакону наврасони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ аз тарафи мутахассисони Хадамот ва Марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар давраи соли сипаришуда 274 санҷишҳо дар нуқтаҳои савдои бозичаҳои кӯдакона, хӯрокаю нӯшокиҳо дар намуди бозичаҳо, фӯруш ва истифодаи онҳо дар марказҳои савдою бозорҳо, инчунин дар муассисаҳои таълимию томактабӣ (боғчаҳо, кӯдакистонҳо, хона-интернатҳои кӯдакона) истифода бо усул ва озмоишҳои лабораторӣ гузаронида шудааст.
Бинобар сабаби риоя накардани талаботҳои талаботи моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.08.2012с, №890 “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ” ва регламети техникии бехатарии бозичаҳо ва маҳсулотҳои қаннодӣ дар намуди бозичаҳо, фаъолияти 48 нуқтаҳои савдои кӯчагӣ манъ карда шуда, барои қонунвайронкуниҳо 112 протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода нисбати 112 нафар шахсони масъул қарорҳо оид ба ҷаримабандӣ ба маблағи умумии 16400 сомонӣ бароварда шудааст, ки маблағи номбурда пурра ситонидашуда ба буҷаи давлат ворид карда шудааст.

Инчунин зиёда аз 185 кг маҳсулотҳои пастсифату мӯҳлати истеъмолиашон гузашта ба маблағи 18680 сомонӣ аз муомилот гирифта шудаанд. Тариқи лабораторию инструменталӣ бошад 189 намуна ба озмоишгоҳҳои санитарию кимиёвии МНДСЭ-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас карда шудааст, ки натиҷаҳои онҳо аз ҷиҳати нишондодҳои органолептикӣ, кимиёвӣ ва бактериологӣ манфӣ арзёбӣ шудааст.

Мавриди зикр аст, ки баҳри пешгириии ҳаргуна бемориҳои алергологӣ ва заҳролудшавии кӯдакон аз бозичаҳое, ки ба талаботҳои санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ нестанд, махсусан бозичаҳое, ки истеҳсоли Ҷумҳурии халқии Чин мебошанд, аз тарафи Хадамот мактуби расмӣ ба сохторҳои марбута ирсол гардидааст.

Аз руи таҳлилҳои физикию кимиёвӣ ва бактериологӣ, аз ҷумла зиёд будани фенол дар таркиби баъзе бозичаҳои истеҳсоли Ҷумҳурии Чин Қарори сардори ХНДСЭ аз соли 2011 “Оиди ҳама намудҳои бозичаҳое, ки бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифат ва бехатарии маҳсулот, инчунин бе гузаронидани экспертизаи санитарию гигиении пешакӣ ва бе хулосаи санитарию эпидемиологӣ воридот, истифода ва фуруши онҳо манъ карда шавад” ба тавсиб расидааст.

 Дар озмоишгохи “Точикстандарт”

Новобаста аз ин, ҳаргуна намуди қаннодиҳо ва нӯшокиҳо дар намуди бозичаҳо ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷумҳурии Чин ба таври қоҷоқ ворид мегарданд, ки дар таркибашон ҳаргуна ингредиентҳо мавҷуд буда, барои афзоиш ва солимии кӯдакон хатарнок мебошанд.

Дар баробари ин, аз тарафи мутахассисони Хадамот ва Марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар рафти санҷишҳо баҳри дуруст интихоб намудани бозичаҳо ва тарзи дуруст шустушӯ ва безараргардонии онҳо мунтазам дар муассисаҳои томактабӣ ва хонаҳои кӯдакон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

Мусоҳиби дигари мо М. Каримова- сокини ноҳияи Синои пойтахт мегӯяд:

- Ман бо кӯдакон зиёд сару кор гирифтам ва ба волидон ҳамеша тавсия медиҳам, ки дар интихоби бозичаҳо хато накунанд.. Масалан, дар фурӯш мурғобии гапзананда ҳаст. Барои он, ки аз мурғобӣ садо барояд, бояд кӯдак онро буғӣ намояд. Оё ин амал барои бештар намудани хисси ғазаб ва бераҳмӣ дар кӯдакон мусоидат намекунад? Ё тортанаки азимҷуссае пайдо шуда буд, ки бо пахш намудан чашмонаш медурахшид. Пас аз ин кӯдак то дер аз ваҳшат хоб намерафт. Имрӯз бозичаҳое, ки аз ҷиҳати экологӣ безарар мебошанд, гаронанд ва шояд ҳамин сабаб шудааст, ки падару модарон бештар ба бозичаҳои чинӣ майл доранд.

Ҳуқуқшиноси Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон Шодком Махсумов мегӯяд, боре ҳам ба онҳо муроҷиати шаҳрвандон дар робита ба харидории бозичаи бесифат қайд нашудааст: — Вале иттифоқи мо омода аст, ки дар ин масъала ҳамкориро бо шаҳрвандон ва сохторҳои дигар ба роҳ монад, — афзуд номбурда.

Бозичахои бесифат ба партов мубаддал мегарданд…

Тахлилхо нишон медихад, ки бозичахои пастсифати пластмасси ба кишвар ворид гашта, пас аз шикаста ё корношоям шудан ба партов фиристода мешаванд. Ва зарарнокии онхо дар партовчойхо низ боки монда, боиси олуда гаштани мухити атроф мегарданд. Ин як таъсири дигари бозичахои пастсифат ба мухити атроф аст…
Азза Қаноат- ҳунарманди мардумиест, ки ба сохтани лӯхтакҳо машғул мебшад ва борҳо намоиши ҳунари дастии ӯ доир гаштааст. Номбурда мегӯяд, бозичаҳо дар рушди зеҳният ва завқи эстетикии кӯдакон нақши бузург мебозанд. Ҳар як кӯдак бозичаи дӯстдоштаи худро дорад ва онро ба оғӯш гирифта, мебӯсаду ба даҳон мебарад. Аз ин хотир он бояд бехатар бошад. Бочизаи бехатартарин ин бозичахои миллии точики мебошанд, ки аз карбос омода шудааст.

- Россия аз бочизаҳои бесифати чинӣ халос шуда истодааст, вале дар мо ҳанӯз ин раванд идома дорад. Ба волидон пешниҳод мекардам, ки барои кӯдакони худ аз матои табиӣ, аз қабили карбос бозича дастрас намоянд, — мегӯяд А. Каноат

Аз мушоҳидаҳо:

Вақте ба фурӯшгоҳи “Baby shop”-и пойтахт рафтем, бозичаҳои гарон ва хушсифат дар фурӯш буданд ва таркиби онҳо бо забони тоҷикӣ нишон дода шуда буд. Дар маркази савдои “Рӯдакӣ плаза” бошад, ба мо сертификати сифати бозичаҳоро нишон дода натавонистанд. Фурӯшандагон изҳор доштанд, ки касе аз харидорон ба сифати бозичаҳо аҳамият намедиҳанд ва ё ҳуҷҷате талаб намекунанд…

Тавсия барои харидории бозичаҳо:

Чӣ тавр бозичаро бояд интихоб намуд?

- намуди зоҳирӣ; бозичаи хуб бояд дар кунҷу канори худ сахтӣ надошта бошад. Барои кӯдакони то 3 сола набояд бозичае харид, ки аз ашёҳои хурд иборат бошад. Зеро кӯдак метавонад онро фурӯ барад. Бозичаҳое, ки ранги равшан доранд, шояд дар таркии худ элементҳои свинетс ва кадмий доранд.
- дар бозичаҳо бояд ҳатман рақами тамос ва суроғаи истеҳсоли он, санаи истеҳсол ва муҳлати он қайд гашта бошад;
- ҳангоми хариди бозичаҳо тавассути интернет ба таркиби он аҳамият диҳед. Агар дар таркиби он ягон унсури бароятон нофаҳмо навишта шуда бошад, ҳатман дар бораи он маълумот кобед.


Мутриба ТӮЙЧИЗОДА
Насрулло ТӮЙЧИЗОДА
Маводи мазкур бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо таҳия шудааст. Масъулияти муҳтавои ин мавод ба дӯши муаллифон вогузор шуда, мавқеъи Иттиҳоди Аврупоро инъикос намекунад.

Хонданд 612

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.