.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҷомеъа

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Саломатии миллат боигарии давлат аст”. Бале, ҷомеаи солиму тандуруст баҳри беҳбудии рӯзгори худ ва мардум кӯшиш ба харҷ медиҳад. Баҳри табобати беморон дар кишвари маҳбубамон бемористонҳои зиёде бо бунгоҳҳои тиббӣ хизматрасонӣ менамоянд. Ҳафтаномаи “Фараж” бо масъулони соҳаи тиб тасмими хуб гирифтааст, ки дар ҳар шумораи ҳафтанома дар бораи ин ё он табиб, беморхона ё бунгоҳи тиббӣ маълумотҳои саҳеҳ ба хонандагон пешниҳод карда мешавад.

Чанде қабл ба аёдати яке аз наздикони худ ба Бемористони ҷумҳуриявии “Ёрии таъҷилӣ” ташриф овардам. Дар ҷараёни суҳбат бо муносибати хуби кормандон ва табибони беморхона ошно гаштам. Вақте ки бемори бистаригашта Зокиров Маҳмадносирро аёдат намудам, нақли худро чунин оғоз кард: “Ман зодаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд, аз деҳаи дурдасттарини куҳистони ин мавзеъ - Вашан мебошам. Дарде маро азият дода, аз хоб бедор намуд. Фарзандон рӯзона ба беморхонаи минтақавии ҷамоати Урметан оварданд. Бо сӯзандору дардро таскин бахшида, ба хона ҷавоб доданд. Дарди ҷонкоҳ торафт маро азоб дода, бо амри тақдиру мададгории Худованд фарзандонам маро аз ҳамин қадар роҳи дур ба ин бемористон оварданд. Соатҳои 2 ё 3-и шаб ба ин даргоҳи бузург расидам. Табибони ҳозиқи беморхона зери сарварии ҷарроҳ Бобоев Баҳодур ташхис гузаронида, ҳамон вақти шаб таъҷилан узвҳои ҳозимаро ҷарроҳӣ намуданд. Дар шуъбаи эҳё ва наҷоти беморхона якчанд рӯз хобидам. Зери роҳбарии мудири шуъбаи эҳё ва наҷот Қосимов Зайниддин Каримович табибон Тоҷибоев Боирҷон, Ҳакимов Илҳомҷон, Халифаев Умед ва ҳамшираҳои шафқат Раҳматова Гулдаста, Аҳмадова Дилором, Алимуродова Мадина, кормандони тиб Қодирова Нигина, Хоҷаева Фотима ва чанде дигарон шабонарӯзӣ ба беморон хизмат мерасонанд. Сарвари бемористон, табиби дараҷаи олӣ Абдураҳимов Бобохон Исматович ҳар пагоҳӣ бо ҳамроҳии табибони навбатдор аз ҳоли беморон огоҳ гашта, дастурҳо медиҳад. Ман ба ҳама шифокорони ин беморхонаи номдори Тоҷикистон, хусусан ба сарвари он муҳтарам Абдураҳимов Бобохон, ҷарроҳ Бобоев Баҳодурҷон арзи сипос намуда, гуфтаниам, ки дасташон дардро набинад ва Худованд ҳамеша ба онҳо баҳри ҳифзи саломатии ҷомеа мададрасон бошад”.
Дар ҳақиқат табибони ин даргоҳ бо муносибату муомилаи хуб ва дониши пухтаашон ном баровардаанд. Вақте мо бо сардухтур, шахси ҳалиму хоксор, хушмуомила, донандаи касби худ Абдураҳимов Бобохон ҳамсуҳбат гаштем, аён гардид, ки таҷрибаи бойи сарварӣ дошта, нисбати кормандон серталаб мебошад. Дар бемористон дар як муддати кӯтоҳ байни ҳамкорон обрӯ ва эътибори баланд пайдо карда, тартиби хизматрасониро бо тарзи намунавӣ ташкил намудаанд. Инро аз суханронии беморон ва шахсони ба аёдат омада борҳо шунидаем.
Сарвари бемористон дар бораи дастгирии ниёзмандон нақл намуда, баъзан ба таври ройгон табобат намудани онҳоро бо дастгирии дӯстони саховатманди худ зикр карданд. Суҳбати мо дар ҳуҷраи кории сардухтур хело тӯл кашид, чунки самимӣ ва хотирмон буд. Вақте аз он кас пурсон шудем, ки «ҳангоми асабоният ба эҳсосот дода мешавед?», дар ҷавоб табиби номдор акаи Бобохон сурати модари худро нишон дода, гуфтанд: «Дар ҳолатҳои асабоният ба сурати модарам назар мекунаму пандҳои ӯ ва падари бузургворам ба ёд омада,¸аз вазъияти нобоб халос мегардам».
Дар ҳуҷра камераи назоратӣ ҷорйгир буда, мудом аз ҳоли беморон ва табибони бемористони худ огоҳ мегарданд. Муносибати хуби инсониро аз ин шахс омӯхта, барои худ як ҷаҳон маънӣ гирифтам. Барои сарвари бемористон кулли табибон, кормандони беморхона аз Худованд тансиҳатӣ, муомилаи нек, хотирҷамъӣ хоҳонанд ва орзу доранд, ки ин панди Ҳофизи бузургвор доим пеши назарашон бошад:
Зинҳор, то тавонӣ, аҳли назар маёзор,
Дунё вафо надорад, эй нури ҳарду дида.

Ҷамолиддин ҶАЛОЛЗОДА

Хонданд 389

Тарбияти истифодаи пул

Сен 16, 2017
Диданд: 349

Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо омили рушди буҷаи хонавода аст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз қонунҳои муҳими давраи Истиқлолияти давлатист, ки барои танзими муносибатҳои иҷтимоӣ дар самти маросими миллию мардумӣ ва динию мазҳабӣ роҳандозӣ гардидааст. Ин Қонун ҳар гуна тақлидкорӣ ва зиёдаравиро боздошта, роҳро барои расидан ба марҳилаи исрофкорӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқию иҷтимоӣ ҳамвор месозад.
Қонуни мазкур, ки бо мақсади ҳифзу гиромидошти арзишҳои фарҳангии бумӣ ва дар айни замон ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтани урфу одат, анъанаҳои миллӣ ва динии мо ба тасвиб расидааст, дар ин марҳилаи таърихӣ ба тағйиру иловаҳо ниёз дошта, бар асоси таклифу пешниҳодоти мардум бознигарӣ мешавад. Сарчашмаи асосии Қонун Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар боби якум ва моддаи яки он омадааст: «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Дар асоси ин моддаи Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, аз ба тасвиб расидани он даҳ сол пур шуд.
Мусаллам аст, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо таҳоҷуму таъсири фарҳангҳои бегона ба суннату анъаноти миллӣ ва тамаддуни тоҷикӣ аз мушкилоти доғи рӯз маҳсуб меёбад ва ин нукта дар суҳбату суханрониҳои Сарвари давлат ҳамеша бо ҷиддият садо медиҳад. Дар чанд соли ахир баъзе аз унсурҳои фарҳангҳои бегона ба фарҳанги миллии мо ворид шуда, заминаи ифротгароӣ ва тундгароиро дар муҳити иҷтимоӣ ба вуҷуд меоварад, ки ин раванди хатарзо минбаъд боиси доман паҳн кардани зиддияту ихтилофоти гуногун дар ҷомеаи тоҷик мегардад. Ин зиддиятҳо омили асосии носуботӣ ва эҷоди хатарҳо дар ҷомеаи тоҷик ба шумор мераванд. Ин навъи хатару ихтилофот кайҳост дар ҷомеа ва суннатҳои миллии мо бархӯрдҳои иҷтимоиро ба вуҷуд овардааст ва заминаи ҳама гуна муколима ва гуфтугӯҳои фарҳангиро аз миён мебарад. Яъне, ҷаҳонишавӣ, ки бар асоси усули чандфарҳангӣ ва гуногуннавъии тамаддунӣ бунёд ёфтааст, таҳамулпазирӣ ва бардоштҳои иҷтимоиро, ки дар фарҳанги мутамаддини ҷаҳонӣ роиҷанд, тадриҷан аз байн мебарад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо имконият фароҳам меоварад, ки гуфтугӯи фарҳангҳо ва мубодилаи тамаддунҳои пешрафта дар ҷомеаи тоҷик ҷойгоҳ ва равнақ пайдо кунад.
Муҳимтарин ҳадаф дар Қонуни мазкур сарфакорӣ ва хароҷоти оқилонаи захираҳои пуливу молии хонаводаҳои тоҷик аст. Хонавода яке аз ячейкаҳои муҳими давлат ба ҳисоб меравад, ки дар таърихи гузаштаи мо ташаккул ёфтааст ва ҳамеша ҳамчун як мактаби иҷтимоӣ дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон ҷойгоҳи хос дорад. Таҷрибаҳои сарфаю сариштакорӣ дар муҳитҳои хонаводагӣ дар ниҳоят, заминаи рушду такомули ҷомеаи тоҷикро таъмин менамояд. Ҳар қадар захираҳои моливу пулӣ дар хонавода ҳадафмандона барои некуаҳволии афроди он масраф шаванд, ҳамон қадар сатҳи мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ коҳиш меёбад ва барои рушди ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меояд. Агар ҳамаи захираҳои пуливу молии мавҷударо барои беҳдошти сатҳи зиндагии аъзои хонавода сарф кунем, ҳазорон мушкилоти сунъӣ, ки буҷаи хонаводаро ба сифр баробар мекунад, худ аз худ рафъ мегардад. Имрӯз, агар мо барои рушду такомули фарзандони худ сармоягузорӣ кунем, фарзандони худро омӯзишу парвариши дуруст диҳем, онҳоро ба самти дарёфти касбу ихтисосҳои гуногун раҳнамун созем ва билохира бо пешрафтатарин дастовардҳои иттилоотӣ, техникиву технологӣ ошно намоем, минбаъд имконоти насли наврас ва ҷавони мо як бар даҳ меафзояд ва сариштакорӣ меъёри зиндагии мардумӣ қарор гирифта, хароҷоти зиёдатӣ ба унвони хатари буҷаи хонаводагӣ ва дар маҷмуъ, хавфи муҳосиботи иҷтимоӣ шинохта мешавад.
Паҳлуи дигари ин масъала заминаи худтакмилдиҳии шахсияти ҳар як аъзои хонаводаро фароҳам меоварад ва онҳоро аз ахлоқи дастнигарӣ наҷот медиҳад. Барои фаҳмонидани ин нукта мо метавонем чунин мисолеро матраҳ кунем: вақте ки барои ҳар фарзанд суратҳисобҳои бонкии алоҳида дар бонкҳо кушода мешавад, онҳо дар тӯли зиндагии худ ҳазинаи махсусеро ҷамъоварӣ мекунанд ва ин ҳазина метавонад дар фаъолияти минбаъдаи онҳо таъсир гузорад. Замоне ки ба камолот мерасад ва соҳиби касб мешавад, ё ин ки дар донишгоҳҳо таҳсили худро ба роҳ мемонад, аз ин захираи бонкии худ самаранок истифода карда, дастнигар ва муҳтоҷи касе намешавад. Ва ин захираи молиявӣ-пулӣ, аз як тараф, ба ӯ кумак мекунад, ки озодиву истиқлолияти шахсии худашро ҳифз кунаду интихоби солим дошта бошад ва, аз тарафи дигар, сарфакориро омӯхта, дар зиндагии шахсиаш мавриди истифода қарор медиҳад. Зиёда аз ин, аз назари молиявӣ худкифо будани шахсият, қабл аз ҳама, ба сарфакорӣ ва масрафпарҳезии фард бастагӣ дорад. Ин гуна фард аз ҳар гуна бадахлоқиву ҷиноят барои ба даст овардани пул даст мекашад ва мустақилияти иқтисодӣ ва молиявии худро ҳамеша ҳифз мекунад. Албатта, дар инҷо тарбияти истифодаи пул бисёр муҳим аст, ки агар аз ин тарбият бархӯрдор набошад, метавонад натиҷаи баръакс ба бор оварад.
Воқеан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тайи даҳ соли ахир тавонист дар ташаккул ёфтани руҳияи сарфакорӣ ва сариштакорӣ дар умури иҷтимоӣ ва иҷрои ҷашну маросимоти миллӣ-мардумӣ ва динӣ-мазҳабӣ нақши боризе адо намояд ва ҷомеаро ба марҳилаи сифатан нави муносиботи иҷтимоӣ раҳнамун созад. Илова бар ин, шароити муосири муносибатҳои иҷтимоӣ дар самти иҷрои маросимоти миллию динӣ тақозо мекунад, ки ба Қонуни мазкур тағйироту иловаҳо ворид гардад. Ин аст, ки давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим дар маҳзари мардум табодули афкор доир намуд ва тӯли чанд моҳ аз тариқи васоити ахбори омма, махсусан телевизиону радио, расонаҳои расмию мустақил ва матбуоти даврӣ масоили гуногун ва баҳсбарангези марбута мавриди радду бадали ҷомеа қарор гирифт. Намояндагони табақа ва ниҳодҳои гуногуни иҷтимоӣ фикру мулоҳизоти худро дар робита бо масъалаи танзими ҷашну маросимҳо ироа дошта, дар ин замина тасмимоти ниҳойӣ дар сатҳи қонунгузории миллӣ гирифта хоҳад шуд. Дар тағйиру иловаҳо ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақозои замон ва зиндагӣ аст. Қонуни мазкур барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар заминаи мустаҳкам фароҳам меоварад. Агар имрӯз мо тариқи сарфаҷӯйиву сарфакорӣ дар бонкҳо захираҳои пулии худро зиёд ҷамоварӣ намоем ва дар асоси ин маблағҳо ташкилоту муасиссаҳои саҳҳомӣ ва корхонаҳои хурдро вобаста ба талаботи мавриди ниёзи мардум таъсис диҳем, заминаи асосии худкифоии иқтисодиро дар ҷомеа метавонем ба вуҷуд оварем. Таҷрибаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки дигар корхонаҳои бузург наметавонанд иқтидори иқтисоди миллии ҳар кишварро таъмин кунанд, аз ин сабаб, танҳо таъсиси корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ заминаи асосии рушди ҳар кишвар мебошад, ки мисоли зиндаи он Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошад.
Ба сухани дигар, мо тавассути риояи Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ва дар ин замина, сарфа кардани буҷаи хонавода на танҳо дар ғанӣ гардонидани сармоя ва солим сохтани муҳити молиявии хонавода, балки дар рушди иқтисоди кишвар низ саҳми муносиб гузошта метавонем.

Ниёзӣ Ёрмаҳмад БОБО,
директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ

Хонданд 349

Зоб бемории оддӣ нест

Сен 16, 2017
Диданд: 1592

Чӣ бояд кард?

Яке аз бемориҳое, ки дар солҳои охир дар ҷомеа паҳн гардидааст, ин бемории ҷоғар ва ё бо истилоҳ «зоб» мебошад. Ҳар яки мо дар зиндагӣ бо ин беморӣ рӯ ба рӯ гардидаем ва ё то андозае бобаташ маълумот дорем. Аввалин ҳарфе, ки бобати ин беморӣ ба мо мегӯянд, ин нарасидани йод дар организм мебошад. Вақте ин хабарро мо мефаҳмем, дарҳол ба суроғи йод мешитобем. Бархеҳо дар ин ҳол йодро ба хӯрок ҳамроҳ менамоянд ва ё аслан гиёҳоеро меҷӯянд, ки дар таркибашон йод бошанд. Бояд изҳор дошт, ки ин кор на ҳамеша ба кор меояду ҳар касе ин бемориро дар худ эҳсос менамояд бояд пеш аз ҳама ба табибон муроҷиат намояд.
Дар ҳақиқат асоситарин омили гирифторӣ ба ин беморӣ, имрӯз норасоии йод дар хӯрок ба шумор меравад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар кишварҳое, ки намакро бо йод омехта намекунанд, ҳолатҳои бемории ҷоғар зиёдтар ба назар мерасад. Аммо ба ин нигоҳ накарда, паҳншавии ин беморӣ дар навоҳии кишвар бо йод бой низ дида мешавад. Дар кишвари мо бошад аз хоки ҳосилхез ,ки мо онҷо сабзавот мешинонем йод надоштааст ва ё кам доштааст. Ба ин хотир дар даҳсолаи охир миёни ҷомеаи мо беморони ҷоғар зиёд шудаанд.
Табибон чанд намуди ин бемориро омӯхта пешниҳод намудаанд.
Эндемикӣ - ин намуди бемории ҷоғар дар кишвари мо хеле зиёд дида мешавад. Омили асосӣ он аст, ки қисмати зиёди аҳолии кишвар дар куҳистон зиндагӣ мекунад. Ин намуди бемории ҷоғap асосан дар натиҷаи нарасидани йод дар хок, об ва дар хӯроке, ки мо истеъмол менамоем пайдо мешавад. Меъёри йоде, ки барои одами солим пешниҳод мешавад, дар як шабонарӯз 1МF мебошад. Дар ҳолати нарасидани йод дар организми инсон ҳисси бемадориву асабишавӣ пайдо мешавад.
Гипертиреоз - намуди дигари бемории ҷоғар мебошад. Нишонаи оддии ин беморӣ калоншавии ғадуди сипаршакл мебошад. Мо ин ҳолатро гоҳ-гоҳ дар ноҳияи гулуи одамон мебинем. Калон шудани ғадуд ба зершавии узвҳои нафасгирӣ оварда мерасонад. Дар бисёр ҳангом бемориҳои онкологӣ низ одамро ба ин ҳолат меоранд. Чанд аломати норасоии йод маълум гардидааст, ки инҳо аз ҷумлаи онҳоянд:

- Бемадорӣ;
- Паст шудани қобилияти меҳнатӣ ва aқлӣ;
- Сустшавии зеҳн;
- Нафасгир шудан ҳангоми кори сабук;
- Хушкшавии пӯст ва ё арақкунии барзиёд.

Вақте ин ҳолатҳоро дар худ, фарзандон ва ё наздикон эҳсос менамоед, ҳатман ба табибони соҳа муроҷиат намоед.
Аслан, ин ҳолат барои занони ҳомиладор хатарнок аст, зеро фарзандашон камақл тавлид мешаванд.
Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки худсарона худатон ба намак вa ё хӯрок йод ҳамроҳ нанамоед. Зеро ин ҳолат ба саломатии Шумо хатарнок аст.
Имрӯз дар дунё зиёда аз 1 миллиард одам дар навоҳии аз йод камчин зиндагӣ мекунанд. Ба ин навоҳӣ қариб ҳама ҳудуди Қафқоз, Русия, Аврупо, навоҳии марказии Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ дохил мешаванд. Норасоии йод дар организм ба зиёд гаштани ҳуҷайраҳои ғадуди сипаришакл мусоидат мекунад. Ин ҳуҷайраҳо йодро ҷабида гирифта, ҳормонҳои ғадуди сипаришаклро ба вуҷуд меоранд. Дар миёни ин ҳуҷайраҳо ҷамъ шудани каллоид (маҳсули ҳуҷайраҳои ғадуди сипаришакл, ки аз он саранҷом ҳормонҳои ғадуди сипаришакл ба вуҷуд меоянд) ба вуқуъ мепайвандад.
Дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ назар ба мардон дида бештар ба ин беморӣ занон гирифторанд. Дар кишвари мо низ бештари беморони чоғар занон мебошанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри пешгирии ин беморӣ тамоми имконияҳоро муҳайё намудааст. Махсус беморхонаҳое мавҷуданд, ки ба ҳар як шаҳрванд мадад карда метавонанд, ҳамзамон дар тамоми беморхонаҳои кишвар табибони соҳибтаҷриба фаъолият менамоянд, ки метавонанд дар дилхоҳ вақт ба Шумо мадад расонанд. Танҳо аз Шумо хоҳиш карда мешавад, то дар вақти пайдо шудани ин беморӣ саривақт ба табибон муроҷиат намоед.

Исматулло Ҷумъаев, табиби оилавӣ

Хонданд 1592

Интизори нақлиёт…

Сен 16, 2017
Диданд: 382

Ё сухане чанд аз бузургтарин мушкили рӯзмарраи сокинони шаҳри Душанбе

Вақтҳои охир ба кор омадан ва аз кор ба хона баргаштан барои сокинони пойтахт ба як мушкили хеле ҷиддӣ табдил ёфтааст. Сокинони пойтахтро зарур меояд, ки ҳар субҳ аз гӯшаҳои гуногуни шаҳр вақти зиёди худро дар интизории нақлиёти ҷамъиятӣ сарф намуда, бо хеле душворӣ ба маршруткаҳову автобусҳо савор шаванд ва ё аз ноилоҷӣ барои дар вақти муайяншуда ба кор расидан, таксӣ фармоиш диҳанд. Саволе ба миён меояд, ки чаро дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе сол ба сол ин мушкилӣ ба ҷои кам шудан, бештар мегардад ва чаро масъулини «Душанбенақлиётхадамотрасон» наметавонанд ҳаракати мунтазами нақлиёти мусофиркашониро ба танзим дароварда, мушкилии сокинони пойтахтро каме ҳам бошад, сабук созанд?
Мушкилии роҳпойӣ ва дар интизори нақлиёт будан агарчи қаблан низ ба назар мерасид, вале бо оғози соли нави таҳсил ва баргаштани донишҷӯён ба донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳо ба авҷи аълои худ расид. Чунин ба назар мерасад, ки дар истгоҳҳо истодану соатҳо интизор шудан ва ё ба автобусу маршруткаҳои пур зӯран савор шуда, нафастанг шудан ба як чизи муқаррарӣ ва рӯзмарраи ҳар як сокини пойтахт табдил ёфта истодааст, ки ин воқеан боиси нигаронӣ аст.

1 соату 40 дақиқа - аз 102 то «Садбарг»
Хеле вақт ба самти маҳаллаи 102 сафар накарда будам. Чанде пеш бо зарурате ба маҳаллаи 102 рафтам, вале бозгашти ман аз ин гӯшаи пойтахт ба марказ басо душвор шуд. Аз соати 9:20 то соати 10 дар интизори автобус мондам. Маршруткаҳо аҳён-аҳён мегаштанд, ки ҳамеша пур буданд ва ҳеҷ имкони савор шудан ба онҳо мавҷуд набуд. Таксиҳои 3-сомонӣ умуман ба чашм намерасиданд ва агар ягонто гузарад ҳам, нархаш 5 сомонӣ муайян шуда буд, ки онҳо низ то Фурӯшгоҳи марказӣ (ЦУМ) ҳаракат мекарданд, на то фурудгоҳ.
Баъди 40 дақиқаи интизорӣ, ниҳоят соати 10 ба ман муяссар шуд, ки бо душворӣ ба автобуси №8 савор шавам. Автобус бо вуҷуди хеле пур будан, дар ҳар қадам одам мегирифту дар истгоҳҳо чанд дақиқа интизор мешуд. Ҳаракати мо аз маҳаллаи 102 то «Садбарг» 58 дақиқа тӯл кашид. Баъди фаромадан ба худ гуфтам: «Офарин ба онҳое, ки ҳар рӯз аз ин самт ба марказ ва ё ба дигар гӯшаҳои шаҳр ба кор мераванд».
Агар аз як тараф як соату 40 дақиқа вақт сарф кунанд, пас сокинон маҷбуранд, ки ҳар рӯз зиёда 3 соат вақти пурқимати худро дар роҳ гузаронанд. Ҳол он ки, ин аҳволро банда баъди соати 9 мушоҳида кардам. Субҳ бошад, аҳвол дар ин масир басо вазнинтару даҳшатноктар аст.

Фейсбукиён чӣ пешниҳод доранд?
Банда пеш аз таҳияи мақола дар ин мавзуъ ба воситаи гуруҳҳои «Я Душанбенец 2» ва «Ахбор барои афкор» бо суоли «Чӣ бояд кард, то мушкилоти мусофирон ва нақлиёти мусофиркашӣ дар пойтахт ҳалли худро ёбад?» ба фаъолони «Фейсбук» муроҷиат намудам. Дар ин саҳифа зиёда аз 80 нафар мушкилоти мавҷударо дар аксар гӯшаҳои шаҳр тасдиқ карда, барои рафъи он аз ҳукумати шаҳр кӯмак хоста ва пешниҳодҳои гуногуни худро ироа намудаанд. Аксар навиштаанд, ки соли гузашта мушкилоти мазкурро раиси собиқи шаҳри Душанбе Маҳмадсайид Убайдуллоев бо пеш овардани дарси донишҷӯён каме ҳам бошад, ҳал карда буд, вале алъон бинобар он, ки вақти оғози дарси донишҷӯён ва оғози соати корӣ дар муассисаву корхонаҳо ва идораҳои давлатӣ дар як вақт дуруст омадаанд, вазъро хеле муташанниҷтар сохтааст. Аксар ба он назаранд, ки бе тағйир додани вақти дарси донишҷӯён ҳалли ин мушкилот имконнопазир аст.
Ба назар чунин мерасад, ки шаҳрдории Душанбе ин пешниҳоди сокинони пойтахро аллакай қабул карда, дар як номаи расмӣ аз Ҳукумат ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хостааст, ки замони шуруъи дарс дар донишгоҳҳои пойтахтро аз соати 9 таъин кунанд. Мақомоти шаҳрдории Душанбе эътироф кардаанд, ки ба соати 8 гузаронидани оғози дарс мушкили нақлиёт дар пойтахтро дубора печида кардааст.
Вале ба назари аксар сокинони пойтахт, танҳо тағйир додани вақти оғози дарс мушкилиро ҳал нахоҳад кард, зеро мушкилӣ дар хатсайрҳои 8, 14, 22, 25 ва ғайра пеш аз оғози дарсҳо низ вуҷуд дошт ва бе зиёд кардани шумораи автобусу маршруткаҳои мусофиркаш ҳалли он ғайриимкон аст. Агарчи сухангӯи «Душанбенақлиётхадамотрасон» изҳор медорад, ки «шаҳрдорӣ имкони афзоиш додани теъдоди нақлиёт дар пойтахтро дар ихтиёр дорад, вале ин кор ба танбашавии зиёд дар роҳҳо сабаб хоҳад шуд», бояд иқор шуд, ки мушкилии асосӣ маҳз дар кам будани нақлиёти мусофиркашон аст ва ин масъала бояд хеле ҷиддӣ аз тарафи масъулин баррасӣ шавад.

Таксиҳои 3-сомонӣ
Аксар сокинони пойтахт дар саҳифаи «Фейсбук» ба шаҳрдорӣ муроҷиат карда, хостори иҷозат додани таксиҳои 3-сомонӣ шудаанд. Масалан, Izabell Paulo менависад: «Хеле мехоҳам дар хатсайри 15 низ автобус бошад. Субҳ савор шудан ғайриимкон аст, дар дохили мошин аз бисёрии мусофирон нафастанг мешавем. Баъзан ҳатто дар маҳкам намешавад». Ӯ ҳатто ба мири шаҳр муроҷиат карда, менависад (айнан): «Мер наш дорогой!!! Спасите нас!!! Разрешите 3 сомоновские такси пожалуйста, очень просим Вас!!! Мы опоздиваем на работу к 8 часов не успеваем, нас наказывают и уволняют...».
Воқеан, агар шаҳрдорӣ ин навъи таксиҳоро иҷозат дода, барои фаъолияти расмии онҳо мусоидат кунад, ҳам садҳо ҷои кор пайдо мешавад ва ҳам мушкилоти мусофирон даҳчанд сабук мегардад. Аксар бар он андешаанд, ки чунин навъи нақлиёт дар ҳеҷ кишвари дунё вуҷуд надорад ва мо низ наметавонем барои фаъолияти онҳо иҷозат диҳем. Вале фаромӯш набояд кард, ки дар барномаи «Орёл и Решка» маҳз таксиҳои сесомонаи моро таъриф карда, эътироф карда буданд, ки дар ҳеҷ кишвари дунё шаҳрвандон ё мусофирон имконият надоранд, ки бо се сомонӣ аз як гӯшаи шаҳр ба гӯшаи дигари шаҳр рафта тавонанд, вале дар Тоҷикистон ин беҳтарин навъи хизматрасониест, ки ба ҳама дастрас аст».
Истифода аз хизмати таксиҳои сесомона ба ҳар як сокини пойтахт дастрас аст ва мардум онро хеле мехоҳанд. Пас чаро иҷозат надиҳем? Шаҳрдориро фақат зарур аст, ки фаъолияти онҳоро расмӣ карда, бо онҳо шартнома бандад ва аз онҳо андоз ситонад. Он гоҳ ҳам буҷаи шаҳр пур мешаваду ҳам як мушкили ҷиддӣ ҳалли худро меёбад.

Пешниҳодҳои Нурмуҳаммади Шамс
Ба саволи мо роҷеъ ба ҳалли мушкили нақиёти пойтахт Нурмуҳаммади Шамс бо муроҷиат ба Раиси шаҳр, Вазорати маориф ва илми ҶТ, Вазорати нақлиёт чунин пешниҳодҳо кард:
- Иҷозаи таксиҳои 3-сомона;
- Иҷозаи бо мошин рафтан ба донишгоҳ, чун як донишҷӯ метавонад 4 донишҷӯи дигарро то донишгоҳ барад;
- Баровардани баъзе аз донишгоҳҳо ва факултаҳои соҳавӣ аз дохили пойтахт;
- Дар назди донишгоҳҳо сохтани хобгоҳ;
- Ташкили автобусҳои худӣ аз тарафи донишгоҳҳо.
Пешниҳодҳои ӯро Суҳайлӣ Абдуҳафиззода Қодирӣ дастгирӣ карда, мегӯяд: «Ягона роҳ кӯчонидани баъзе муассисаҳои олии таълимӣ ё факултаҳои онҳо берун аз шаҳр. Барои мисол, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ё факултаҳои соҳавии онро метавон ба минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ кӯчонид. Баъзе факултаҳои Донишгоҳи техникиро низ. Шаҳру ноҳияҳои мувофиқ: Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Данғара, Ваҳдат ва ғайра».
Ба назар чунин мерасад, ки пешниҳодҳои овардашуда низ қобили таваҷҷуҳанд ва воқеан кӯчонидани баъзе аз донишгоҳҳову донишкадаҳо ва ё баъзе аз факултаҳои онҳо ба ноҳияҳои гирду атроф ва бунёди хобгоҳҳо дар назди худи донишгоҳҳо мушкилии нақлиётро хеле осон мекунад, вале ин чораи фаврӣ нест. Чораи фаврӣ он аст, ки дар баробари тағйир додани оғози дарси донишҷӯён, бояд пеш аз ҳама шумораи автобусу троллейбусҳо ва маршруткаҳо дар хатсайрҳои гуногун, аз ҷумла 8, 10, 13, 22, 14, 25, 28 зиёд карда шавад. Зеро, агар масъулини бахши нақлиёти шаҳрдорӣ фавран чораандешӣ накунанду ба доди мардум нарасанд, бо фаро расидани сардиҳо вазъ аз ин ҳам бадтар хоҳад шуд. Бахусус аз минтақаҳои 102, 104, 82, 33, 91, Гипрозем, Политехникум ба марказ омадан басо душвору имконнопазир гашта, тағйироти хеле ҷиддиро талаб мекунад ва чораандешии фавриро мехоҳад.

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР

Хонданд 382

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.