.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҷомеъа

Аз ин ба баъд сокинони Тоҷикистонро зарур аст аз рӯи тартиби нави маросими азодорӣ ва таъзия амал намоянд, ки аз ташхиси давлатии диншиносӣ гузаштааст ва бар асоси мазҳаби ҳанафӣ таҳия шудааст. Бино ба гуфтаи масъулини Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии кишвар, тартиби маросими азодорӣ ва таъзия тамоми амалҳоро аз лаҳзаи вафоти шахс то маросимҳои азодории ӯ дар бар мегирад.

Мувофиқи тартиби нав, минбаъд дар маросимҳои дафн дод гуфтан, навҳа кашидан, хок бар сар задан, фиғон бардоштан, мӯйканию рӯйканӣ кардан ва овозхон (навҳагар) овардан манъ аст. Ба наздикони шахси вафоткарда дар вақти видоъ барои тасаллии ботинашон танҳо гиря ва ашкрезонӣ иҷозат дода шудааст. Тибқи ин муқаррарот ҳаққи қабркан ва мурдашӯй низ танзим шудааст, ки он дар мувофиқа бо масъулони ваколатдори маҳалла муайян карда мешавад ва соҳибони майит бояд онро пардохт намоянд. «Шабона ҳеҷ кас дар хонаи мурдадор, ба истиснои фарзандон ва хешу табори наздик, ҳуқуқи истодан надорад»,- омадааст дар тартиб.
Инчунин, ба ҷанозагоҳ ва қабристон рафтани занҳо, беҳуда ба назди соҳибони майит даромадану баромадан, баланд садо баровардану ҳарф задан, хандидан, дар маросим пӯшидани либоси сиёҳ аз мамнуоти дигари маросими азодорӣ буда, пӯшидани ҷомаи кабуду дар сар гузоштани тоқӣ ва бо рӯймол бастани миён барои марди азодор, бастани рӯймоли калони кабудча (докаи сафед), куртаю поҷомаи васеи кабуд барои зани азодор (модар, духтар, амма, хола, янга) аз тавсияҳоеянд, ки масъулони кумита ба мардум пешниҳод намудаанд.
Танҳо чизе, ки дар он маҳдудият ҷорӣ нест, шумораи иштирокчиёни маросими ҷаноза аст, ки тибқи мазҳаби ҳанафия савоб шуморида мешавад.
Муовини раиси Кумита Азизулло Мирзозода дар суҳбат бо «Фараж» вобаста ба он, ки дар сурати нақзи тартиб ва муқаррароти маросими азодорӣ ва таъзия сокинонро чи қадар ҷарима интизор аст, гуфт, он чизе дар қонун аст, возеҳ навишта шудааст, вале тартиби маросими азодорӣ тавсиявӣ аст ва истифода аз он ба худи сокинон вобаста мебошад.
Инчунин, гуфта мешавад, намози ҷанозаро сархатиб, имомхатиб, имомхатиби масҷиди панҷвақта бо тартибе, ки мазҳаби ҳанафӣ муқаррар намудааст, мехонанд. Ин дар ҳолест, ки қаблан аз рӯи расму анъанаи миёни мардум роиҷбуда, агар нафаре пеш аз маргаш хондани намози ҷанозаашро ба ягон шахсияти бузург васият намояд, он ҳатман бояд иҷро мешуд. Тибқи ин русум дар сурати иҷро нагардидани васияти марҳум ӯ аз пайвандон норозӣ хоҳад шуд.
Сухангӯи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшин Муқим гуфт, дар ин маврид қарори Шӯрои уламо аз соли 2004-ум қабул шудааст ва дар маросими ҷаноза пеш аз ҳама авлавият ба эмоми ҳай, яъне эмоми маҳалла дода мешавад. Афшин Муқим мегӯяд, мувофиқи мазҳаби ҳанафия аввал султон метавонад пеш даромада, ҷанозаи майитро хонад. «Аммо аз он ки дар мо султон нест, метавонад раиси Шӯрои уламо пеш дарояд. Дар ҳар сурати дигар авлавият ба эмоми маҳал дода мешавад ва васияти майит ба инобат гирифта намешавад».
Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия дар ҳоле қабул мешавад, ки бар асоси тағйироти ахир ба қонуни танзим тамоми маросимҳои азодорӣ дар кишвар бидуни забҳи чорво гузаронида мешаванд.
Ин тавсияҳо шакли қонунӣ мегиранд ё на, вақт нишон медиҳад.

Шамсулло ФОЗИЛОВ, «ФАРАЖ»

Хонданд 1096

Муддати 9 моҳ аст, ки лоиҳаи “Солимии ҷомеа” бо дастгирии Маркази хайриявии «Малик Салмон»-и Арабистони Саудӣ тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) амалӣ мегардад. Ин лоиҳа яке аз самтҳои муҳими ҶҲАТ буда, он баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷомеаҳои ниёзманди ноҳияҳои Рӯшон, Дарвоз, Ванҷ ва Роштқалаи ВМКБ ва ноҳияи Рашт мусоидат менамояд. 

Лоиҳаи “Солимии ҷомеа” дар муддати 3 сол фаъолияташро дар самтҳои кор бо ҷомеаҳои маҳал оид ба муайян намудани мушкилоти ҷойдоштаи сатҳи маҳаллӣ ва банақшагирии якҷоя дар бартараф намудани онҳо пеш мебарад. Ҳамчунин, ин лоиҳа пурқувват намудани иқтидори бахшҳои ҶҲАТ ва устувор намудани робитаи байни марказҳои саломатӣ, сохторҳои тиббӣ ва дигар сохторҳоро дар ин ноҳияҳо дар назар дорад.
Дар доираи лоиҳа омӯзонидани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, ёрии аввал ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулоддаи тиббӣ ва беҳтар гаштани сифати саломатӣ дар сатҳи маҳал пешбинӣ шудааст. Ин услуб ҷомеаҳо ва ихтиёриёнро барои истифодаи воситаҳои оддии мутобиқ ба шароити маҳал, ҷиҳати ҳалли эҳтиёҷоти солимии ҷомеа сафарбар намуда, ба онҳо имкон медиҳад, ки масъули афзалияти рушд ва натиҷаҳои солимии худ бошанд. Чунин лоиҳаҳо дар саросари ҷаҳон барои таъсис додани ҷомеаҳои солим ва устувор мусоидат мекунанд. Тавассути ин лоиҳа ҶҲАТ ба беҳтар намудани дастрасии аҳолии осебпазир ба оби ошомидании тоза, кашидани хати оби нӯшокӣ ё таъмири қубурҳои мавҷуда, сохтани ҳоҷатхонаҳо барои одамони имконияташон маҳдуд, баланд бардоштани сатҳи огоҳии марбут ба саломатӣ, таълими беҳдоштӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, дастгирӣ ва ҷалби одамони имконияташон маҳдуд дар фаъолияти барнома мусоидат менамояд.
Аз оғози татбиқи ин лоиҳа, мувофиқи нақшаи амал дар 5 ноҳияи фарогири барнома вохӯриҳо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҳар як ноҳия гузаронида шудааст. Ҳамчунин, бо намояндагони сохторҳои давлатии ҳар як ноҳия мизи муддавар доир гардид, ки дар он тибқи талаботи барнома аз ҳар як ноҳия 10 деҳа барои амалисозии барнома интихоб гардид. Дар асоси қадамҳои барнома аллакай дар ноҳияҳои мақсаднок фасилитаторон ва ихтиёриёни барнома интихоб гардида, дар амалӣ сохтани барнома кӯмаки худро расонида истодаанд.
Дар барқарорсозии робитаи байни ҶҲАТ ва Маркази хайриявии «Малик Салмон»-и Арабистони Саудӣ ин мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон, ҳолатҳои фавқулодда ва ҳодисаҳои табиие, ки дар кишвар тез-тез рух медиҳанд, сабабгор гашт. Яке аз ин ҳодисаҳои табиӣ заминларзаи ВМКБ буд. Дар натиҷаи ин заминларза, ки 7-уми декабри соли 2015 дар водии Бартанг, ноҳияи Рӯшони ВМКБ рух дод, зиёда аз 750 хоҷагӣ зарар дида, манзили зисти қисми зиёди хоҷагиҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд. ҶҲАТ баҳри сари вақт кӯмак расонидан ба аҳолии зарардидаи ин минтақа бисёр талошҳо карда, ҳамеша мекӯшид, ки ягон ташкилоти сарпарасти хориҷие дарёфт намояд. Дар натиҷаи ҷустуҷӯи зиёд тавассути расонаҳои интернетӣ муваффақ гашт, ки бо намояндагони Маркази хайриявии «Малик Салмон»-и Арабистони Саудӣ мулоқот ва гуфтушунид намояд ва дар натиҷа Ёддошти тафоҳум байни ҶҲАТ ва ин Марказ оид ба расонидани кӯмаки хайриявӣ ба зарардидагони офатҳои табиии ВМКБ ва ноҳияи Рашт ба имзо расид. Дар доираи ин Ёддошти тафоҳум намояндагони ин марказ тасмим гирифтаанд, ки ба 1500 оилаи ниёзманди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва водии Рашт, ки тақрибан 7500 нафарро ташкил медиҳанд, кӯмаки ҳам озуқаворӣ ва ҳам ғайри озуқавории худро расонанд.
Тақсимоти кӯмак аз се марҳила иборат буда, марҳилаи аввалини он дар таърихи 28-уми декабри соли 2015 оғоз гардида, марҳилаи ниҳоии он рӯзи 5.05.2016 ба итмом расид. Ҳамаи кӯмакҳо аз ҷониби ихтиёриёни бахши ҶҲАТ дар ВМКБ ва ноҳияи Рашт дар ҳамдастӣ бо намояндагони ҳокимиятҳои маҳал ба мардуми зарардида бо муваффақият тақсим карда шуд.
Баъди иҷрои босамари ин амали хайр ҳамкории ҶҲАТ бо намояндагони Маркази хайриявии «Малик Салмон»-и Арабистони Саудӣ равнақ ёфт. Аллакай рӯзҳои 20-23-юми ноябри соли 2016 намояндагони Марказ ҷиҳати оғоз бахшидан ва ривоҷ додани ҳамкориҳо байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва ин Маркази хайриявӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, зимни он ду Созишнома оид ба татбиқи лоиҳаи “Солимии ҷомеа” ва лоиҳаи “Пешгирии нашъамандӣ ва норасоии масунияти одам” ба имзо расид.
Баъдан, санаи 21-уми феврали соли 2017 дар бинои сафорати Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чор Созишномаи дигар байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази хайриявии «Малик Салмон»-и Арабистони Саудӣ дар самтҳои баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон оид ба фаъолияти башардӯстӣ, пешгирӣ ва омодагии аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва ҳодисаҳои табиӣ, парвариши чорвои нодир дар ВМКБ ва баланд бардоштани иқтидори иқтисодиву иҷтимоии ҷамъият ба имзо расид. Яъне дар умум, Маркази хайриявии «Малик Салмон»-и Арабистони Саудӣ 6 лоиҳаи пешниҳоднамудаи Ҷамияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд.
Бояд қайд намуд, ки Маркази хайриявии «Малик Салмон»-и Арабистони Саудӣ санаи 13.05.2015 бо ташаббуси аълоҳазрат шоҳи Арабистони Саудӣ ҷиҳати расонидани иқдоми хайриявӣ ба ниёзмандон ва шахсони аз ҳолатҳои фавқулодда зарардида таъсис дода шудааст. Мақсади асосии фаъолияти ин Марказ пеш аз ҳама расонидани кӯмаки байналмилалӣ ва густариши фаъолияти башардӯстона мебошад. Дар ин марказ фаъолият тавассути як гуруҳи барномаҳои тарҳрезишуда ҳамчун як ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки метавонанд баҳри иҷрои ҳадафҳо ва нақши муҳими марказ бо пиёда сохтани барномаҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои расонидани кӯмаки байналмилалӣ ва фаъолияти башардӯстона ба ҷомеаҳои осебдида ва барои дастгирию раванди зиндагии осоиштаи мардуми ниёзманди сайёра равона гардидааст, ба роҳ монда шудааст.
Мақсади дигари ин марказ муттаҳид сохтани фаъолияти кӯмаки берунӣ ва ҳамоҳангсозӣ байни тамоми кӯмаккунандагони дахлдор (ҳам давлатӣ ва ҳам ғайридавлатӣ) ва истифодабарии оқилонаи он барои ҷомеаҳои ниёзманд мебошад.
Маркази хайриявии «Малик Салмон» дар умум 231 лоиҳаро тавассути 108 шариконаш дар кишварҳои Амрикои Марказӣ, Осиёи шарқӣ, марказӣ ва ҷанубӣ, Африқои ғарбӣ ва шимолу шарқи Аврупо дастгирӣ менамояд.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) яке аз куҳантарин созмонҳои башардӯстона дар кишвар буда, сар аз соли 1927 ба мардуми ниёзманд дасти ёрӣ дароз мекунад. ҶҲАТ дар ироаи ёрии башардӯстона ба қурбониёни офатҳои табиӣ, ба мисли сел, лағзиши замин, хушксолӣ ва зилзилаҳо, ки мутаассифона, зуд-зуд дарТоҷикистон рух медиҳанд, нақши асосӣ мебозад. Ҷамъият ҳамчунин дар омодагӣ ва вокуниши саривақтӣ ба офатҳо дар Тоҷикистон саҳми арзанда дорад. ҶҲАТ шабакаи бузурге иборат аз 69 бахш дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар буда, беш аз 10 000 ихтиёрӣ дорад.

Нигора САИДБЕКОВА, МТЖТ

P.S. Хонандагони азиз дар бораи фаъолиятҳои дигари ҶҲАТ метавонанд дар шумораи ояндаи ҳафтаномаи «Фараж» матлаби хонданӣ мутолиа намоянд.

Хонданд 661

Тоҷири дирӯза ва муносибати имрӯза

Сен 16, 2017
Диданд: 562

Оё мешавад як инсон барои худ бидуни кӯмаки дигарон шароити хуберо фароҳам созад?

Бо чашми баста ва даҳони хомӯш ба баъзе манзараҳо нигаристан, гумон дорам иштибоҳе беш нест. Зеро он чизеро мебинему дар борааш намегӯем, фардо барои ҷамъият мушкилоти зиёдтаре ба бор меорад.
Ҳар рӯз даҳҳо маротиба мо ба бозору мағозаҳо меравему ошкору ниҳон бо амалҳои тоҷирон ошно мешавем. Ростӣ, аз муомилаи баъзе аз тоҷирони ҳозиразамон ҳайрон мешавӣ, зеро чун барои харидани ашёе ба наздашон равед, аз одоби «хуб»-и онҳо дергоҳ симояшон фаромӯш намешавад. Борҳо ҳангоми харид мушоҳида кардем, ки савдогарони бозорҳои мо ба харидорон кам аҳамият медиҳанд. Масалан, ҳангоми хариди маҳсулот савдогари имрӯза бо ҳамсояи худ суҳбат мекунад ё дар алоқа мебошад. Баъди пурсиши аввалу дувум ҳеҷ гапро на мешунавад, на мебинад, ки барои маълумот додани арзиши молаш имконият намеёбад. Ин гуна хизматрасонӣ мардумро хастаю асабонӣ месозад.
Паҳлуи дигар, ҳарчанд аз солҳои қаблӣ дида, муносибати эшон тағйир ёфтааст, вале ҳар рӯз дар ин самт камбудиҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд, ки ин омили номатлуб боиси косташавии обрӯю нуфузи онҳо гаштааст. Чунончи, ҳангоми муносибат байни ҳам аз дашномҳои кӯчагӣ истифода бурда, табъи харидорон ва атрофиёнро озурда месозанд ва боз гӯё ҳеҷ гапе ё ҳодисае нашуда бошад, ба кори худ идома медиҳанд. Аз ин муносибатҳои фурӯшандаҳо ҳайрон мемонӣ, зеро баъзеашон бо вуҷуди чандин маротиба ба хориҷа рафтан ҳам, мутаассифона, ҳанӯз дарси ибрате нагирифтаанд. Аз ин маълум мешавад, ки дар байни тоҷирони навбаромад ҳанӯз ашхосе ҳастанд, ки аз одитарин одоби муошират бехабаранд. Гоҳо чунин муомилаи сард барои тоҷирон оқибати нохуш меорад. Дар гузашта тоҷирон барои дарёфт ва фурӯхтани мол азият мекашиданд, лекин айни замон, бино ба маълумоти коршиносон, дар ин самт фаъолияти хуби онҳо ба чашм мерасад.
Дар чанд соли охир сармоягузорони хориҷӣ ва дохилӣ низ афзуда, ки баҳри рушду инкишофи тиҷорат, аз он ҷумла паст намудани шумораи бекорон дар Тоҷикистон шароити хуберо фароҳам овардаанд. Агар дар қиёс ба солҳои пеш бигирем, ҳамкории тоҷирон ба василаи робитаҳои ҳамоҳангсозии худ бо сармоягузорони хориҷӣ бешак бар нафъи кишвар будааст. Сафарҳои тоҷирони тоҷик ба кишварҳои гуногун ба онҳо имконият додааст, ки бо истифода аз таҷрибаи ҳамтоёни хориҷиашон корашонро пеш бубаранд. Вале чизи дигаре аён аст, ки на ҳамаи онҳо дар ин роҳ сабурона гом мебардоранд. Барои он, ки теъдоде аз тоҷирон бо доштани чандин сафарҳои хориҷӣ ҳам натавонистаанд дар усули корашон тағйироте ба вуҷуд оранд. Ба хориҷа ба хотире мераванд, ки бо дастоварде ба меҳан баргарданд. Лекин мо бо доштани имтиёзҳои гуногун наметавонем ҳатто барои коргоҳи худ шароити хубе омода созем. Аз ин бармеояд, ки бо сафарҳои хориҷӣ моли хуб оварда намешавад.
Аз як сӯ, имрӯз тоҷирон байни худ ба рақобат пардохтаанд, ки нишонаи пешравии онҳо ба ҳисоб меравад. Вале то ба ҳол дар байни фурӯшандагон аз усулҳои куҳна кор гирифта мешавад. Тоҷири имрӯза аз мардуми кӯчагӣ бояд фарқ дошта бошад, зеро бо хушмуомилагӣ бояд диққати харидоронро ба худ ҷалб намояд.
Лозим ба зикр аст, ки дар байни харидорон низ чунин муносибати сард ба мушоҳида мерасад. Ҳангоми ворид шудан ба бозорҳои шаҳрамон роҳгардии бошитоб, ностуфкунӣ, баланд хандидан далели ин гуфтаҳост. Агар ба бозори «Корвон» гузоратон афтад, бубинед, ин ҷамъияти бузург чӣ тарз роҳ мегарданд. Яке дигареро бо китфаш тела медиҳаду нафари дигар ба ҷои бахшиш баъзан ҳатто дашном ҳам медиҳад.
Дар давлатҳои пешрафта барои риоя накардани меъёрҳои ахлоқӣ ва ҷамъиятӣ ҷарима ситонида мешавад. Аммо ин меъёрҳо дар ҷомеаи мо болои қоғаз мемонанду бас. Беҳтарин василаи дур гаштан аз корҳои нороҳаткунанда - ин қадршиносӣ намудани шахсияти ҳамдигар мебошад. Ин ҳаракат яке аз омилҳои асосиест, ки метавонад барои фаъолияти самарабахшамон замина гузорад. Зеро фаъолияти хуб вобаста ба муносибатҳое мебошад, ки имрӯз дар ҷомеа ба роҳ монда мешаванд. Ҳар гоҳе муносибатҳои носолим сурат гирад, мардум ҳамон андоза аз ин гирудорҳо азият мекашанд. Аз ин лиҳоз, бояд рафтори худро дар баробари ҷомеа тағйир диҳем. Ҳамеша кӯшиш намоем, то ба вожаҳои «сарват», «қудрат» ва «шуҳрат» дода шуда, одамгариро фаромӯш насозем.
Дар ҷамъияти мо ҳастанд нафароне, ки танҳо ба хотири ба даст овардани ин «ганҷ»-и ноёб ҳама чизро қурбони хостаҳояшон намудаанд. Як идда мардум ҳастанд, ки танҳо имрӯзи худро андеша мекунанду халос.
Анвари ҲОҶИМАНСУР

Хонданд 562

Тӯй аз мотам фарқ дорад!

Сен 16, 2017
Диданд: 506

Имрӯзҳо дар бисёр мулоқотҳо савол ба миён омада истодааст, ки оё дар маросими азодорӣ таом додан ба мардум дуруст буд ва забҳи чорво дар маросимҳои дафну азодорӣ бо дини мубини ислом чӣ иртиботе дошта бошад?
Аввалан, ҳар яки мо бояд тӯйро аз маросими мотам фарқ карда, хоҳ ҳангоми омодагӣ ба чунин маъракаҳо, хоҳ дар мавриди иштирок дар онҳо талаботҳои дини мубини ислом ва одоби инсонгароиро риоя намоем. Тибқи анъанаҳои аҷдодии миллати мо ва мувофиқи оинҳои динӣ, дар хонаи маит (яъне, шахси фавтида) дар давоми 3 рӯз пухтупази таъомро макруҳ меҳисобанд ва солҳои пеш одати хубе буд, ки ҳамсояҳою хешовандон ба оилаҳои мусибатдошта хӯрок омода карда мефиристоданд.
Солҳои охир дар бисёр минтақаҳо одат шудааст, ки бо баҳонаи бегоҳи охир, бисту чил ва идҳои суннатӣ дар хонаи шахсони мотамдор бо омодасозии чандин намуд таъом, зиёфат дода шавад. Ҳатто дар баъзе маҳалҳо дар рӯзи дафн, пеш аз ҷаноза барои иштирокдорони он аз ҳисоби шахсони азодор хӯрок (оши палав ё дигар таъом) омода карда мешавад, ки он куллан нодуруст буда, танҳо шахсони ягон зарра раҳму шафқат надошта метавонанд чунин зиёфатҳоро хӯранд.
Бо назардошти гуфтаҳои болоӣ, хуб мебуд, ки дар рӯзҳои аввали мотамдорӣ дар хонаи азодорон ташкил намудани ҳама гуна таъомпазӣ (ҳатто барои аҳли ин оилаҳо ва хешовандони наздики онҳо) манъ карда шуда, анъанаи хуби ба чунин оилаҳо дастраскунии таъом аз тарафи ҳамсояву хешовандони наздик барқарор карда шавад.
Ҷоиз ба зикр аст, ки фавран барҳам додани баъзе маъракаҳои анъанавии азодорӣ (40-умин рӯзи вафот, идҳои суннатӣ ва сол) имконнопазир аст, вале бо роҳи танзими қонунӣ ё худ, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ (алалхусус бо ҷалби шахсони барӯманд ва аҳли уламо) қатъиян пешгирӣ намудани "зиёфатороиҳои пурдабдаба" дар маъракаҳои азодорӣ мумкин аст. Мо бояд ба мардум фаҳмонида тавонем, ки аз ташкили зиёфатҳои пурҳашаммат, бо куштани чорво, оростани дастурхони "тӯёна" дар маросимҳои азодорӣ, бо гузоштани шириниҳо, пистаю бодом, меваю обҳои ташнагишикани гароннарх ва худнамоиҳое, ки барои нишон додани қудрату дороиҳоямон мекунем, на Худованд розӣ мешаваду на руҳи гузаштагонамон шод мегардад. Барои фавтидагон дуои фотеҳаи наздикону пайвандонашон кифоя аст ва агар мо ризоияти руҳи онҳоро хоста бошем, аввалан дар вақти зиндагии азизонамон бояд ба қадрашон расида, барояшон парастории ҳаматарафаю меҳрубониҳоро дареғ надорем ва пас аз фавти эшон, бо идомадиҳии корҳои неки онҳо, руҳашонро шод гардонем. Чуноне, ки шоир фармудааст:
Чу мирам, об аз чашмат марезон,
Марав бар турбатам ҳар субҳ нолон.
Ба вақти зиндагӣ гӯйӣ, ки чунӣ?
Маро беҳтар бувад аз чашми гирён.
Хеле хуб шуд, ки бо ибтикори Пешвои миллат ва бо мақсади ҷилавгирӣ намудан аз тамоми зуҳуроти исрофкориҳои мавҷуда дар гузаронидани ҷашну маросимҳои миллӣ, санаи 23-юми августи соли равон аз тарафи парлумони кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, тибқи он минбаъд дар маъракаҳои дафну азодорӣ забҳи чорво ва додани таъом қатъиян манъ карда мешавад, ки ин тадбирҳо ҳам аз нигоҳи шариати ислом ва ҳам аз боби инсонгароӣ хеле бамавриданд.
Олимон исбот кардаанд, ки дар ҳар 3 сония як нафар дар дунё мемирад ва яке аз ин 3 сонияҳо навбати мост.
Дар ҳамин муддате, ки ҷумлаи болоро хондед, ҳадди ақал 2 нафар мурданд.
Пас, биёед қадри сонияҳои ҳаёти ба мо аз тарафи Офаридгор додашударо бидонем ва ба ҳамдигар дар вақти зиндагӣ содиқу меҳрубон бошему баъд аз вафот бо зиёфатороиҳо не, балки бо хондани оятҳо аз Қуръони Карим хотираи онҳоро шод гардонем!
Карамулло ОДИЛОВ,
Аълочии молияи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хонданд 506

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.