.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҷомеъа

Бадкардаро даво нест!

Нояб 11, 2017
Хонданд: 469

Духтар аз он, ки волидонаш ба ӯ иҷозаи таҳсил дода буданд, хеле хушҳол буд, зеро дар маҳаллае умр ба сар мебурд, ки қисми зиёди мардумаш аз илму дониш бехабару аз ҳаёти маънавӣ дур буданд.
Аз сабабе, ки падари Садбарг соҳибмаълумот буд, мехост духтараш низ маълумоти олӣ дошта бошад. Ҳамин тавр, падар ҳамеша ба дарсҳои Садбарг таваҷҷуҳи зиёд медод ва аз ину он мавзуъ саволу ҷавоб ҳам мекард. Садбарг, ки дар дил орзуҳои ширину бузургро мепарварид, ҳанӯз дар вақти талабагиаш худро донишҷӯ тасаввур мекард.
Аз байн моҳҳову солҳо гузашт. Дар зиндагии Садбарг ҳамон баҳори сабзу хурраме, ки ҳамеша интизораш буд, фаро расид. Яъне, ӯ мактабро хатм карда, ҳуҷҷатҳояшро ба мактаби олӣ супорид. Баъд аз чанд вақти бедорхобию интизорӣ бохабар шуд, ки ба номи донишҷӯ сазовор гардидааст. Бо шунидани ин хабар аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид, дилаш гумм-гум мезад ва хоб аз чашмонаш парида буд. Аммо сад афсӯс, ки ӯ аз ҳаёти воқеӣ дида ба тахайюлоти худ бештар гарқ шуда буд. Садбарг дар давоми донишҷӯӣ дарк кард, ки ба орзуҳои зиёд дода шудааст. Ӯ кам-кам ба ҳаёти воқеӣ ворид мешуду дилаш аз зиндагӣ хунук мегашт, зеро бо воқеаҳое рӯ ба рӯ шуд, ки дар хобаш ҳам надида буд.
Садбарг духтаре буд хурдҷуссаву чашмкабуд. Ягон каси ношинос ӯро талабаи мактаб фикр мекард. Ӯ дар зиндагӣ ҳамеша мехост худро созаду тамоми мушкилиҳояшро худаш ҳал кунад. Ҳатто намехост, ки аз волидонаш маблағ пурсад. Ҳамин гуна, хост кор пайдо карда, ҳам кор кунаду ҳам таҳсилро идома диҳад. Бо ҳамин қарори қатъӣ ба ҷустуҷӯйи кор баромад. Ба чанд ҷой муроҷиат кард ва билохира, аз ҷое ҷавоб омад. Ҷавоб чунин буд: «Ман духтареро ба кор қабул мекунам, ки дар ҳама ҷо ҳамроҳам бошад, ҳатто дар осоишгоҳҳо». Баъд аз шунидани чунин ҷавоб Садбарг шах шуд ва чанд дақиқа аз ҷояш наҷунбида монд, зеро ӯ бори аввал мешунид, ки ҳамсоли падараш ба ӯ чунин пешниҳод мекунад. Ҳарчанд он нафарро надидаву ин суханонро танҳо аз забони масъулини корхона шунида буд, чунин посух дод:
- Ман ҳеҷ гоҳ дар чунин корхона кор намекунам!!!
Баъди ин воқеа Садбарг чанд рӯз ба худ наомад. Ҳамеша он суханон мисли захми ҷонкоҳ дили ӯро ба дард меоварданд. Муддате гузашт ва Садбарг хост, ки боз як бори дигар бахти худро санҷад. Ин бор ӯ худаш бо мансабдори як корхона суҳбат кард, аммо сад афсӯс, ки баъд аз суҳбат дили ӯ тамоман аз ин дунё монд.
Ӯ вақте дуюм бор ба ҷустуҷӯйи кор баромад, дар дил орзу мекард, ки воқеаи пеш аз ин рухдода боз такрор нашавад. Вақте дуюм бор рафт, пас аз суҳбат мансабдор ба ӯ гуфт, ки баъди чанд рӯз биёяд. Баъд аз чанд рӯз Садбарг барои фаҳмидани натиҷа омад. Аз дар даромаду ба он мансабдор даҳонакӣ салом дод, лекин ӯ дасташро тарафи Садбарг дароз кард. Садбарг ҳарчанд намехост, аммо маҷбур шуд дасташро дароз кунад. Мансабдор бо баҳонаи салом дасти Садбаргро фишурд. Баъд аз он ба нишастан даъват кард. Вақте нишаст, ба Садбарг чунин гуфт: «Имрӯз хеле зебо шудаӣ, меҳрам ба ту зиёд шуда истодааст, рақами мобилиатро ба ман те, шаб наздат меоям».
Баъди шунидани ин суханҳо пеши чашми Садбарг дунё торик гашт ва аз ҷояш хесту ягон калима ҳам нагуфта, аз дар берун шуд. Аммо ба ваҷҳи ҳар як сухане, ки шунида буд, рӯз ба рӯз нафраташ на танҳо ба мансабдорон, балки ба тамоми мардҳо зиёд мешуд. Аз ҳама чизи дунё дилаш монд, ҳатто орзуҳояшро фаромӯш кард. Дигар шабҳо хоб карда наметавонист, ҳар гоҳ, ки чашмонашро мепӯшид, чеҳраи он мард ба назараш менамуд. Дар бораи тақдири духтарҳои чунин касон зиёд фикр мекард. Зеро, «ҳар амали баде, ки нисбати дигарон анҷом медиҳӣ, ба худат бармегардад». Тавре мегӯянд, «бадкардаро даво нест».
Садбарг дигар ба ҳеҷ кас бовар намекард ва ҳамаро як хел медонист. Аммо бо гузашти вақт дарк кард, ки хато мекунад, зеро бо нафароне вохӯрд, ки нодурустии фикрашро собит мекард. Яъне, дар давоми зиндагиаш бо инсонҳои хеле хуб вохӯрд ва онҳо аз одамгарӣ бохабар буданд.
Вале Садбарг ҳеҷ вақт фаромӯш намекард, ки бо ӯ чунин рафтор карда буданд. Доғ дар кунҷи дилаш ҳамешагӣ боқӣ монда буд ва дилаш ба духтару занҳои чунин инсонҳо месӯхт.

Руқия ҚУРБОНОВА

Хонданд 469

ТОРТ

Нояб 11, 2017
Хонданд: 539

Ҳамроҳ бо дӯсти наздикам ба яке аз ноҳияҳои дурдасти кишвар барои гузаронидани тӯйи домодиву арӯсӣ сафар кардем. Иттифоқан, бо банда ҳодисае рух дод ва шояд пас аз нақл он дар хотираҳо боқӣ монад.

Дар овони ҷавонӣ ҳодисаҳое иттифоқ меафтанд, ки боиси ибрат ва пушаймонии афроди дигар мегарданд. Бисёри онҳоро солҳо ба ёд оварда, баъзеҳо дарун-дарун месӯзанду рӯяшонро ашкҳои чашм мисли оби ҷории дарё мешӯяд. Гуруҳи дигаре ҳодисаи дар даврони ҷавониашон ба вуҷуд омадаро пас аз гузашти замон байни дӯстон нишаста қисса мекунанду чанде аз кардаи худ фахру такаббур мекунанд, ки “ман фалон вақт дар фалон ҷо ҳамин корро кардаам, ки ҳеҷ кас аз уҳдаи иҷрои он намебаромад”. Ҳар чӣ, ки карда буданд, бало ба пасаш, хонанда, аммо воқеаи ба сари ман омадаро касе шунавад ва хонад, албатта, хеле вақти зиёд ба ёд оварда, аз таҳти дил механдаду ба дигарон нақл мекунад.
Мо бо дӯстам ҳар куҷое, ки сафар кунем, ҳатман бо як воқеа ва ё рӯйдоде рӯ ба рӯ мешавем, ки гоҳе бо ман ва гоҳе бо ӯ рух медиҳад. Аммо ин дафъа бахти дӯстам баландӣ карду ин воқеаро ман чашидам.
Ҳамаи мо медонем, ки аллакай дар тӯйҳоямон расм шудааст, ки дар тӯйи домодиву арӯсӣ торти калони фармоишӣ харида, дар пеши мизи нозу неъматҳои муҳайёкардашуда дар сафи аввал гузорем. Дар ин тӯй низ торти калони сеошёна ва ба як дид бомаззаву хело ширин, дар қисми пеши мизи домоду арӯс гузошта шуда буд. Аз сабаби он, ки шириниро дӯст медорам, ҳарчи зудтар мехостам луқмаи насибкардаи худро аз ин торт чашам. Вале дар гумонам ҳам набуд ва ҳатто фикр низ накарда будам, ки ин торти домодиву арӯсиро, ки онро шаҳу келинчак бо умеди ояндаашон «мисли ширинии ин торт ширин шавад» гӯён, бурида ба якдигар медиҳанд, хӯрданаш аввал насиби ман мегардаду баъд насиби дигарон.
Хулласи калом, базму шодии шаби тӯй хотима ёфт. Арӯсро домод таги чодар бурд ва аҳли хонавода ба ҷамъу гирдоварии дастурхонҳову чизҳои дигар гаштанд. Ногоҳ назарам ба хоҳари домод афтод, ки торти дар боло гуфтаро бо як азоб бардошта, ба даруни хона дароварданӣ аст. Худро дарҳол чусту чолок нишон дода, рафта хоҳиш кардам: “Биёед ман дарорам”. Духтар бе ягон дудилагӣ розӣ шуд ва худ пештар аз ман ҳакарат мекард. Аз сабаби он, ки базми домоду арӯс дар саҳни кӯча мегузашт, то хонае, ки ман бояд тортро мебурдам, роҳ каме дароз буд. Сӯхта болои намакоб, дар баробари ин боз торт вазнин буд ва пояҳои ошёнаи торт на он қадар устувор буданд. Аз тарафи дигар, шояд дар ҳавои берун аз яхдон торт каме мулоиму соишхӯрда шуда буд, ки болои лаълии дар пояҳо гузошташуда ин тарафу он тараф рафта меомад. Бо хеле машаққату эҳтиёткорӣ тортро то даруни хона даровардам ва “акнун як монданаш монд” гӯён, ба дил гузаронидаму бо дили пур миёнамро хам карда, дасти аз болои торти сеошёна доштаамро поён бурда, рӯйи қолини кунҷи хона гузоштанамро медонаму халос...
Мебинам, ки қисми торти нисбатан аз дигар қабатҳояш хурд будаи ошёнаи сеюм дар болои қолин, пора шуда хоб рафтааст. Дарҳол торти хурди афтидаро бо дастонам аз замин бардоштаву рӯйи лаълиаш гузошта, ба ҷустуҷӯйи рӯймолча барои тоза кардани қолин шитофтам. Хушбахтона, хоҳари домод, ки хеле духтари вазнину сирпинҳонкунанда будааст, маро чанде дилбардорӣ кард: “Ҳеҷ гап нест, тасаввур намо, ки ин кор нашудааст”.
Духтар бо рӯймолча ҷойи афтидаи тортро тоза мекарду ман чӣ кор карданамро надониста, ангуштони ба торт олудашудаи худро як-як мелесидам. Вале аз хиҷолати афтонидани торт, лаззаташро ҳис намекардам. Пас аз тоза шудани ҷойи афтидаи торт мо ҳамроҳ берун аз хона рафтем ва ман бо дӯстам дар даромадгоҳи меҳмонхона рӯ ба рӯ шудам. Аз афти кор рафиқам одатҳои маро хуб медонист, ки баробари дидани ман “чӣ кореро ба сар кардӣ…”,- гӯён хандид. Каминаи гунаҳкор воқеаи рухдодаро қисса кард ва ҳамроҳ бо дӯстам аз таҳти дил хандидем.
Банда пас аз он, ки бо домод дар як хона нишастему ба мо тортро бурида оварданд, баъд лаззати аслии онро чашидам ва аз дил гузаронидам, ки «шояд касе мисли ман ба ин ҳодиса рӯ ба рӯ шуда бошад ё дар оянда шавад».
Шояд бо касе аз шумо ин воқеа иттифоқ афтад!?

Нуралӣ КАРИМ

Хонданд 539

Ба ҷавонони муҳоҷир

Нояб 11, 2017
Хонданд: 477

Ба онҳое мебахшам, ки феълан барои як буридаи нон дар мулки ғарибӣ азият мекашанд, ҳамеша бӯи хатар эҳсос мекунанд ва дар мусофират ҷуз Худо пуштибону такягоҳе надоранд. Албатта, ин шеър нест ва шеъргуна ҳам нест, вале хабари садамаи шаҳри Саратов ва марги 5 нафар аз шаҳрвандони муҳоҷири мо боис шуд, ки чун ҳамдардиву ҳамдилӣ иншо шавад.

Эй ҷавонони муҳоҷир,
Эй ҷавонони мусофир,
Пуштибоне ҷуз Худованди бузург,
Мо надорему шумо низ!
Ҳар саҳар бӯи хатар андар машом,
Меравед аз хона берун то ба шом,
Аз барои луқмаи нон
Гапшунав аз ҳар касу нокас мудом.
Ин чӣ шур аст, ин чӣ аҳвол?
Нест дар кишвар шуморо ҷои кор?
Гарчӣ ин соли ҷавонон аст, аммо,
Чун ҳамеша хору зору бенаво,
Чун ҳамеша дур зи ёреду ватан,
Дур зи фарзандону волидайну зан,
Дур зи айшу ишрату дур аз чаман,
Мешавад ҳатто гаҳе ҳам бекафан.
Ҳеҷ рӯзе нест дар ахбори ом
Нашнавем мо як хабар аз маргатон,
Нашнавем аз офату кушторҳо,
Сӯхтору марги шаҳрвандони мо.
Пиру барно, аҳли мансаб, аҳли ор,
Дошта бошем дар ниҳод ин як шиор:
«Дарди ҳар як навҷавон - ин дарди мост!
Марги ҳар як навҷавон - ин марги мост!».
Кош рӯзе ин ҳама саросониҳо гардад тамом,
Кош дар кишвар ҳама ёбем таъом.
Кош «ғурбат» ҷои мо гардад фано,
Дар ватан монанд фарзандони мо.
Кош доғеро набинад модаре,
Кош дар марге нагиряд хоҳаре,
Кош ҳеҷ тифле намонад бе падар,
Кош ҳеҷ аббе намонад бе писар,
Кошу эй кош ин дуо ёбад асар!
Кошу эй кош ин дуо ёбад асар!

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР

Хонданд 477

 

Роҳбарият ва кормандони “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”, дарвозаи ҳавоии шимоли Тоҷикистон, ба ободониву бунёдкорӣ аҳамияти хосса дода, шароити хуб, бехатарӣ ва хизматрасонии муосирро ба мусофирону ширкатҳои ҳавопаймоӣ вазифаи аввалиндараҷаи худ медонанд. Бо роҳбарии Қурбони Алимардон, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯйи навоварӣ аст, рӯз аз рӯз корҳои ободонӣ вусъат гирифта, ҳар гӯшаи фурудгоҳ азнавсозӣ гардида, ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонида шуда истодаанд.

Роҳбарияти фурудгоҳ ҳамеша кӯшиш мекунад, ки ба ширкатҳои ҳавопаймоии дохиливу хориҷӣ ва ба ин васила ба мусофирони онҳо хизматрасонии сатҳи баланд пешниҳод намояд. Бо ин мақсад, вобаста ба шароит техникаву технолигияи наву муосир харидорӣ ва насб мегардад. Ҳамин тавр, давоми нуҳ моҳи соли 2017 барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба тайёраҳо 1 адад тягачи махсус барои кашидани ҳавопаймо, 11 адад нақлиёти махсус, 15 адад равонакҳои бағоҷкашон ва 100 адад аробачаҳои замонавӣ харида шуданд.

Ҳамчунин барои осон намудани ҳаракати тайёраҳои ҳаҷмашон гуногун дар фурудгоҳ ва бехатарии онҳо хати парвозу нишасти фурудгоҳ то 3200 метр ва қисми кориаш аз 2620 то ба 2908 метр расонида шуда, аз рӯйи лоиҳа 10 адад таваққуфгоҳи ҳавопаймо сохта шуд.

Бо заҳмати шабонарӯзӣ ва софдилонаи кормандон, роҳи нави протоколӣ бо масоҳати 300х13 барои меҳмонони олиқадр сохта шуда, атрофи роҳ бо гулҳои гуногун, шиору овезаҳо ороиш дода шуд. Дар ду тарафи роҳи нави протоколӣ чароғҳои шабафрӯз васлу насб карда шудаанд, ки дар вақти шабона минтақаи мазкурро равшан мегардонанд.

Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 4022м2-и роҳравҳо ва саҳни биноҳо нав карда шуда, бо масолеҳи тахтасафол зебо гардонида шудааст.
Аз моҳи феврали соли 2016 то инҷониб якчанд бинову иншоотҳои фурудгоҳ, аз ҷумла толори вакилони расмӣ, бинои маъмурият, толори маҷлисгоҳ, тарабхонаи «Ҷавонон» ва дигар иншоотҳо пурра навсозӣ шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз ва бо ашёи муосир таъмин гардонида шуданд.

Бинои маъмурияти фурудгоҳ пурра азнавсозӣ шуда, боми бино пурра аз нав сохта шуда, намои бино бо масолеҳи алкопон ороиш дода шудааст. Айни замон дар ошёнаи сеюми бинои маъмурият корҳои таъмиру ороишӣ бо суръат идома доранд.

Толори маҷлисгоҳи фурудгоҳ, ки зиёда аз 40 сол таъмири пурраро надида, шифту фарши он корношоям гардида буд, пурра навсозӣ шуда, бо курсиҳои замонавӣ, фарши гарм ва дигар таҷҳизоти замонавии зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бино бар эълон гардидани соли 2017 чун “Соли ҷавонон” ба толори нави фурудгоҳ «Толори ҷавонон» ном гузоштаанд.

Ҳамчунин бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи роҳбарияти фурудгоҳ дар радифи корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ биное, ки дар шафати толори вакилони расмӣ солиёни зиёд бекор мехобид, таҷдиду азнавсозӣ гардида, ба ифтихори “Соли ҷавонон” тарабхонаи“Ҷавонон”номгузорӣ карда шуд.

Истгоҳи нақлиёт, ки пештар ба соҳибкорони инфиродӣ иҷора дода мешуд, ба тавозуни фурудгоҳ бозгардонида шуда, масоҳати 3510 метри квадратии он бо сарфи 501 тонна асфалт асфалтпӯш карда шуд, ки ба мизоҷони фурудгоҳ имконият медиҳад, нақлиёти худро бе ягон ташвишу хавотирӣ гузоранду аз паси пешвозу гусели пайвандону наздикон ва меҳмононашон шаванд.

Роҳбарияту ҳайати кормандони фурудгоҳ баробари ободу зебо гардонидани биною роҳҳо ва гулгаштҳои назди он ба бехатарӣ ва осон кардани низоми парвозу нишасти тайёраҳо аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Аз 5-уми сентябр дар аэродроми ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" таҷҳизоти нави рӯшноидиҳӣ ва огоҳкунӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Таҷҳизоти мазкур мутобиқ ба талаботи дараҷаи 1-уми ИКАО (Ташкилоти байналхалқии авиатсияи гражданӣ) буда, имкон медиҳад, ки фурудоӣ ва парвози ҳавопаймоҳо дар аэродроми фурудгоҳи Хуҷанд дар вақти шабона дар сатҳи баланд анҷом шавад. Васлу насби чароғҳои шуояшон баланд дар хати парвозу фурудоии аэродроми Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар доираи татбиқи лоиҳаи "Таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии техникии аэродроми фурудгоҳи Хуҷанд" амалӣ гардида, корҳо дар ҳамдастӣ бо ширкати русиягии "Радар Га" бо тариқи тендер ва дар асоси шартномаи дуҷониба аз 20-уми майи соли 2016 оғоз гардида, санаи 1-уми июни соли 2017 ба итмом расонида шудаанд.

Айни замон корҳои сохтмонию васлкунии бинои нави аэровокзали фурудгоҳ аз ҳисоби маблағҳои худии фурудгоҳ амалӣ шуда истодаанд. Аэровокзали нав баъд аз ба истифода додан метавонад дар як соат ба 400 мусофир хизмат расонад.

Мутобиқи лоиҳаи сохтмонӣ бинои мавҷудаи аэровокзал ба 30х64 метр аз тарафи пеш ва 36х64 аз тарафи перрон васеъ карда шуда, тахминан 14 метр баландӣ хоҳад дошт. Мутобиқи лоиҳа аз ду кунҷи тарафи перрон ду галерея бо дарозии 12 метр ва 4 зинаи телескопӣ барои ҳавопаймоҳои калонҳаҷм, ба монанди «Аэробус А320» ва «Боинг 767-300» васл карда мешавад.

Ҳудуди фурудгоҳ бо дарахтони ороишӣ ва гулҳои рангоранг зебо гардонида шудаанд, ки боварӣ дорем мусофирон ҳангоми интизорӣ аз сайри гулгаштҳо ҳаловат мебаранд.

Натиҷаҳои фаъолияти нуҳмоҳаи пурсамари “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” баёнгари ҷидду ҷаҳди роҳбарият ва хизмати софдилонаи ҳайати кормандони онанд, ки бархе натиҷаҳои назарраси онро дар зер манзур менамоем:

Давоми нуҳ моҳи соли равон “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” ба 8 ширкати ҳавопаймоӣ - 2 ширкати ҳавопаймоии ватанӣ (Tajik Air ва Somon Air) ва 6 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ ("Сибирь", "Уральские авиалинии",“China southern airlines”, "Nord Star", "Глобус", "Ют Эйр") хизматрасонӣ намудааст.

Дар ин давра шумораи умумии хатсайрҳои хизматрасонӣ шуда - 1747 ададро дар бар мегирад. Дар 9 моҳи соли 2016 - 1787 адад (нисбати соли гузашта 40 хатсайр кам)-ро ташкил медод.

Шумораи умумии мусофирони қабулу гуселшуда - 421407 (нисбати соли гузашта 27535 нафар ё 7% зиёд)-ро дар бар мегирад. Дар соли гузашта ин нишондод 393872 нафарро ташкил додааст.

Миқдори бору бағоҷи интиқолшуда - 312,2 тонна (дар соли 2016 - 197,8 тонна)-ро ташкил дода, нисбати соли гузашта 114,4 тонна зиёд мебошад.

Миқдори хатсайрҳои маҳаллӣ - 266 адад (дар 9-моҳаи соли 2016-244 адад.)-ро дар бар гирифта, нисбати соли гузашта 22 адад зиёд шудааст.

Шумораи мусофирони хатсайрҳои маҳаллӣ - 50100 нафар. Нисбати нуҳмоҳаи соли гузашта 21000 нафар ё 72,2% зиёд мебошад. (Дар ҳамин давраи соли гузашта - 29100 нафарро ташкил додааст.)

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ фурудгоҳ ба буҷет ба маблағи 25 миллиону 458 ҳазор сомонӣ андоз пардохт кардааст, ки нисбати соли гузашта 7 миллиону 107 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 38,7% зиёд мебошад. Дар ҳамин давраи соли гузашта фурудгоҳ ба буҷет ба маблағи 18 миллиону 351 ҳазор сомонӣ андоз пардохт намуда буд.

Пардохти дивиденд ба буҷет 1 миллиону 450 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбати соли гузашта 450 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 45% зиёд аст. (Дар ҳамин давраи соли гузашта 1 миллион сомониро ташкил дода буд.)

Пардохтҳои гумрукӣ - 2 миллиону 872 ҳазор сомонӣ, ки нисбати соли гузашта 1 миллиону 512 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. (Дар ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 360 ҳазор сомониро ташкил дода буд.)

Музди меҳнати миёнаи кормандон аз 2097 сомонии соли гузашта то 2254 сомонӣ боло бардошта шудааст, ки нисбати соли гузашта 157 сомонӣ зиёд мебошад.

Парвиз АМИНЗОДА

Хонданд 319

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.