.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҷомеъа

НАФАҚАХӮРӢ БАРҶОМОНДАГӢ НЕСТ

Окт 07, 2017
Диданд: 555

ЭҲДО БА 110-СОЛАГИИ ҲАБИБУЛЛО НАЗАРОВ

Дилу ҷон ва дасти ба кор одат карда ҳеҷ гоҳ ором буда наметавонад ва соҳибашро низ ором намегузорад. Одаме, ки ҳамеша бо одамон ва дар байни ҷомеа буд, магар метавонад «акнун ман дар нафақа, бояд давлати пирӣ ронам» гуфта дар хонааш бишинад? Не, наметавонад. Гили Ҳабибулло Назаровро ҳам аз хоке шурида будаанд, ки гили ба худаш монанд одамонро шӯридаанд. Ин буд, ки ӯ баъди ба нафақа баромадан ҳам натавонист, ки хонанишинӣ кунад, дар шароити зебою гуворо ва роҳатбахши шаҳр бошад. Бинобар ин зуд-зуд ба деҳа – Тӯдаи азизи ба ҷону дил баробараш, ки макони рехтаи хуни нофаш мебошад, меомад.

Меомаду аз боду ҳавои тоза ҳарисона нафас мегирифт, шушашро пур-пури ҳавои пок мекард, аз тамошои дарахтон ва манзараҳо нури чашм меафзуд. Шунидани шилдироси оби ҷӯйчаҳо, садои чир-чиру хондани паррандагон бошанд, гӯшҳояшро навозиш мекарданд. Вале аз ҳама беш дидани ҳавлии бобоӣ ва тамошои дарахтони пурсамару сояафкани он барояш ҷолибтар, гуворотар ва дилпазиртар буд. О…! Дидани тути куҳансоли бо дастони қиблагоҳаш шинонидашуда барояш чӣ шодию сурур мебахшид? Тасвирнопазир аст. Ҳангоми гирдо ба гирди он гаштан ва тавофкунии танаю шохҳояш чиҳоеро аз овони кӯдакию наврасию ҷавонӣ ба ёд меовард? Худаш медонисту Худо…
Овозхони шинохта Ҳасани Ҳайдар месарояд:
«Одам ба одам зинда аст, мегуфт модар ҳар замон,
Ман бо шумоён зиндаам, эй одамон, эй одамон».
Ҳабибулло Назаров ҳам аз ҳамин хелҳо буд. Бе одамон буда наметавонист ва зиндагии одамиро бо одамӣ медонист. Боре дар хонаи яке аз пирамардони муътабару соҳиби эътибори деҳа, дӯсти бачагию ҷавониаш меҳмон шуд. Баъди суҳбати дуру дароз ба ҷойгоҳҳои хоб даромадан, вале ҳанӯз хоби меҳмону соҳибхона набурда, шамоли сахт ба гардиш омад. Борон шуд, пас аз фурсате он ба барф табдил ёфт. Ҳамин вақт аз паси дарвозаи даромадгоҳи боғ садои ташвишомезе ба гӯш расид:
- Тағо, ҳо тағо!
- Кистӣ? Касе бошӣ, омадан гир! – дар ҷавоб овоз баровард соҳибхона.
Шахси номаълум ба хоначаи торик даромада, салом дод.
- Абдуллоӣ? – аз овозаш шинохта пурсид соҳибхона…
Ташрифи дӯсти солҳои бачагию ҷавонӣ ва суҳбаторову ширинсуханаш, гарчи бемаҳал буд, устодро шод кард.
- Канӣ, гӯй дӯстам, кору аҳволат чӣ тавр? – бо хурсандӣ пурсид устод.
- Аҳволам? Умуман бад не, аммо корам дар ҳамин лаҳза бисёр бад.
- Чӣ шудааст? – дар ташвиш шуда пурсид устод.
- Ман хирманбонам. Дар хирман, ҳоло ҳозир зиёда аз 50 тонн гандуми аз бод бароварда, зери барфу борон монда расво мешавад. Бод накардаю резу чош хобидааш аз сад тонн зиёдтар. Дар саҳро аз ин ҳам беш…
- Чаро ҷамъ карда напӯшондед?
- Бо кӣ? Як мани чӯлоқи якдаст?
- Дар хирман худат танҳоӣ?
- Бале, роҳбарони колхоз ҳамаро ба чидани пахта сафарбар карданд, пахта зарур, «Тавакали ғалла ба Худо гуфтанд»…
- Дар дашт боз ғаллаи нодаравида ҳаст?
- Ба хирман аз чор як ҳиссаашро ҳам наовардаем. Ғаллаи даравидаву нодаравида тамоман дар саҳро хобидааст. Ду рӯз аст, ки дар киштзори самти офтобнишин пода даровардаанд, - бо дард гуфт Абдулло…
Барои фикркунӣ дигар вақт набуд. Бинобар ин, устод зуд хесту ба либоспӯшӣ оғоз карда, ҳамзамон гуфт:
- Ману тағои Мулло Маҳмуд ҳозир ба хирман меравем, шумо ба ҳар хонае ки дуруст омад, даромада аз номи ман гӯед, ки ҳар кас гилеме, намаде гирифта ба хирманҷо ҳозир шаванд. Ман дар он ҷо мунтазир мешавам… (Дар ин бахши нигоштаҳо баъзе ҷумлаю ибораҳои худи Ҳ. Назаров ҷое айнан, ҷое мазмунан истифода шудаанд. Ҳ. Ю.)
Новобаста ба дерии шаби тор, вазиши шамоли сахт, резиши барфу борони бошиддат одамон ҷойгоҳи гарми хобашонро тарк карда, ба ҳифзи ғаллаи колхоз шитофтанд. Ҷанги одаму табиат оғоз шуд. То субҳгоҳ 15-20 нафар, 50 тонна гандумро ҷамъ ва гилемпӯшу намадпӯш намуда, аз нобудшавӣ эмин доштанд. Ин ғалаба буд, ғалабаи қудрати инсонӣ. Ин натиҷа буд, - натиҷаи дилсӯзии чанд пири рӯзгор, натиҷаи обрӯйи онҳо дар байни мардум, натиҷаи бедор карда тавонистани ҳиссиёти одамон нисбат ба нигоҳдорӣ ва ҳифзи моликияти ҷамъиятӣ, натиҷаи ташкил карда тавонистани меҳнати дастҷамъонаи одамон. Ҳамаи ин аз туфайл ва ташаббуси меҳмони он шаба, устоди сухан Ҳабибулло Назаров муяссар гардид. Ин буд, ки дӯсти ҷавониаш, маҷруҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, посбони хирмани ғаллаи колхоз мӯйсафеди Абдулло ба ӯ самимона изҳори сипос кард:
- Ман медонистам. Медонистам, ки ту агар аз асли воқеа хабардор шавӣ ором намеистӣ, ба меҳмониат нигоҳ накарда, аз пайи чораи оҷилӣ мешавӣ ва ягон илоҷ меёбӣ. Бинобар, ин ба нимшаби торик ва ба барфу борон нигоҳ накарда ба наздат рафтам ва хато накардам. Э, кош роҳбарони имрӯза ақалан як чанд фоизи он масъулият, он ташаббус ва он ғайратеро ки шумо ва шумо баринҳо доред медоштанд…
- Шумо, дӯстам аз ман не, ана аз ин бародарон, ки дар шаби торику хунук, пурбарфу борон, аз кӯчаҳои пасту баланди пурлой, албатта дар чандин ҷойҳо пешпо хӯрдаю лағжида бо гилему намадҳояшон омаданд, миннатдор шавед. Маҳз аз онҳо сипосгузор бошед, ки ба рехтани барфу борон ва аз оби он шип-шилта шуданашон нигоҳ накарда, то субҳ гандумро пӯшонда тавонистанд.
- Мо ба хотири шумою гапатон омадем, - садо баровард касе аз ҳозирин.
- Ҳа, ба хотири шумо! Ба хотири обрӯйи шумо! - шунида шуд, садои боз чанд нафари дигар.
Устод ба ҳамаи ҳозирин, ки суханашро ба замин намонда омаданд, изҳори миннатдорӣ намуда, фикрашро бо чунин мисраҳо ҷамъбаст кард:
Ҳиммат баланд дор, ки мардуми рӯзгор,
Аз ҳимматбаландӣ ба ҷое расидаанд.
Ин коре ки ҳамаи шумо кардед, ҳиммат аст ва одамгарӣ аст. Ҳиммати баланд ва одамгарии арзанда! Одамӣ барои он одам аст, ки ҳиммат дорад, иродаю ҷасорат дорад. Бе ин сифату хислатҳо зиндагӣ кардани одамон мушкил аст, бас мушкил. Одамоне ки чунин сифату хислатҳоро доранд, бузурганд ва одаманд бо ҳарфи калон. Ҳамаи шумо бузургед!...
Устод Ҳабибулло Назаров ҳанӯз соли 1923 дар гарнизони ҳарбии дар деҳаашон будаи аскарони сурх ба сафи комсомол дохил шуда, обутоби руҳию ҷисмонӣ ёфт. Ӯ аввалин котиби ячейкаи (бахш, созмон. Ҳ.Ю.) комсомолии ҷамоат буд. Соли 1927 (дар 20 солагӣ!) раиси Иттифоқи камбағалон, соли 1928 аввалин раиси Ширкати хоҷагии қишлоқ (дар миқёси 5 ҷамоат(!)» ва муовини раиси ҷамоат буд. (Маълумотҳо аз китоби «Садоқат»-и худи устоданд. «Ирфон», 1997). Дар ташкили хоҷагиҳои коллективӣ (колхозҳо) ва устуворгардонии ҳокимияти наву фақирпарвар ҳиссаи сазовор дошт. Ба муқобили душманону бадхоҳони сохти нав муборизаи оштинопазир мебурд. Ҳар як пешниҳод, дархост ва супориши ҳизб ва ҳукуматро содиқона иҷро менамуд. Соли 1931, дар замони бисёр пурошуби муқобилияти дастаҳои Иброҳимбек ӯро прокурори ноҳия таъин карданд. Баъди фаъолияти пурсамар дар ин вазифа, боз солҳои зиёд дар зинаҳои хеле баланд ва бо нуфузи ҳифзи ҳуқуқ ва назорати иҷрои қонун (сатҳи ҷумҳурӣ. Ҳ.Ю.) фаъолият намуд. Хулоса, ки таҷрибаи бойи зиндагию корӣ дошт, алалхусус таҷрибаи ташкилотчигию роҳбарикуниаш бой буд. Бо вуҷуд, аз дидани ҳолати имшаба, аз шунидани ҳамаи он чизи нақл кардаи дӯстонаш Абдуллою Мулло Маҳмуд ва дигарон ба ташвиш, ҳатто ба изтироб омад. Бисёр фикр кардаву андеша ронда, худ ба худ гуфту худ аз худ пурсид:
- Ман ку ҳоло дар нафақа, яъне «бекор». Оё наметавонам, ки дар ин шароити вазнин ба колхоз ва роҳбарони он ёрӣ расонам? Ба фикрам метавонам. Лекин, танҳо не, бо дигарон, дар ҳамдастии пирони кор. Фақат эҳсосоти ватандории онҳоро рӯ занонда, ташаббусашонро ба даст гирифтанам лозим. Ба ҳар ҳол бо мӯйсафедон маслиҳат карда мебинам. Он гоҳ маълум мешавад, ки бо ҳам ягон коре карда метавонем ё не.
Ҳабибулло Назаров чанд дӯсти бисёр қарини замони наврасию ҷавониашро, ки нафақахӯр буданд, вале ҳанӯз ҳам боғайратию ташаббускорӣ нишон медоданд, таъин кард, ки дар хирман ҷамъ шаванд, ҳангоми омадан боз чанд нафар нафақахӯреро ки меёбанд бо худ биёранд. Мӯйсафедони ҷамъ шуда, то ба сари мақсад омадани Ҳабибулои дӯсташон аз ину он чақ-чақ карданд, чун ҳамеша байни худ шӯхӣ кардаю латифаҳои намакин гуфта, хуб хандиданд. «Ин хурсандию дилхӯшии мӯйсафедон фоли нек аст. Худо хоҳад маро мефаҳманд ва дастгирӣ мекунанд» - аз дил гузаронд Ҳабибулло Назаров ва бо истифода аз омади гап хеле устокорона истифода бурда, аз ҳозирин пурсид:
- Ҳамаи мову шумо акнун нафақахӯр-а? Ҳамин тавр?
- Ҳамин тавр, - чун ҳамеша «пешпуртакӣ» кард Абдуллои хирманбон.
- Ҳамин тавр, ки бошад, оё нафақахӯрии мо он маъноеро дорад, ки одамони тамоман барҷомондаему дигар аз дастамон ҳеҷ кор намеояд?
- «Пӯсти пиргов ба ҷавонагов бор аст». Чаро мо барҷомонда будаем? Чаро аз дастамон дигар коре намеомадааст? Ҳатто мани чӯлоқу якдаста ҳам бисёр корҳоро карда метавонам,-андаке ба нанг омада гуфт Абдулло.
- Гуфтаи Абдулло дуруст аст. Агар зарур бошад, аз дастамон бисёр корҳо меояд, - бо ҷасорат ва бе дудилагӣ гуфт бобои Олим Раҷабов ва давом дод: - Кори дишаб кардаамонро дидӣ-ку Ҳабибулло.
- Ҳабибулло! Зарур бошад, акот думи филро меканад, - даст ба кундаи сина зада шӯхиомез гуфт Бозорбой-ота Бобоев, - аввалин колхозчие, ки ба Ифтихорномаи фахрии Шӯрои Олӣ сазовор шуда буд.
- Хайр ман думи филро нею домани ҷавонкампираконро сахт дошта метавонам, - шӯхиро баз ба авҷи баландтар бурд Абдулло Азимов. Ин шӯхӣ мавҷи хандаро ба вуҷуд овард. Хушҳолии мӯйсафедон боз ҳам бештар шуд.
- Асосаш, мо ғайрат дорем, ташаббус дорем. Таҷрибаамон ҳам зиёд аст, - бо оҳанги ҷиддӣ ва қатъӣ гуфт боби Саидалӣ Сатторов, ки яке аз фаъолтарин поягузорони сохти Шӯравӣ буд. Лекин, мақсад аз моро ҷамъ кардану чунин пурсиданат чист, Ҳабибулло?
- Ҷӯраҳо, ростӣ, намедонам. Як андешаеро дар сар дорам. Дуруст бошад ё не, ҳанӯз номаълум аст. Ҳатто хавотирам, ки оё ба шумоён маъқул мешуда бошад? Барои ҳамин ҳам илтимос кардам, ки ҷамъ шавед, то маслиҳат кунем.
- Маслиҳат бошад, маслиҳат мекунем. Бигӯ андешаатро Ҳабиб, - шунида шуд садои Мулло Маҳмуд Исматов, ки дар рӯзҳои пурошуби ҷанги босмачиён роҳбалади аскарони сурх буд.
- Ҳабибулло. Маслиҳататро бигӯ бародар, ҳама ҳушу гӯш ба туем, бигӯ, - бо эҳсоси эҳтиром бурро ва фаҳмо гуфт Назри Одинаеви қариб 80 сола.
- Ростӣ, баъди дидани ҳолати қариб бо пуррагӣ зери барфу борон мондани ғаллаи халқ, ҳамчунин баъди фаҳмидани гуфтаҳои дардовари бисёрии шумоён фикр кардам, ки агар мову шумо бо ҳам бошем ва агар қасд кунем, албатта хеле корҳоро анҷом дода метавонем. Андеша он аст, ки чаро мо бо умеди роҳбарони хоҷагию ҷамоат бошем? Чаро интизор шавем, ки онҳо меоянду кореро дар деҳаи мо мекунанд? Худ гуфтед-ку: Агар онҳо ғамхору уҳдабаро мебуданд, магар иҷозат медоданд, ки ғаллаи пухтарасидаи халқро ба чорво хӯронанд?
- Чунин кирдори онҳо ҷиноят аст, қабоҳату разолат аст, убол, ноодамӣ ва Худонотарсӣ аст, - бо эҳсосот ва бо овози ларзон қариб гириста гуфт Ҳабиб-халифаи 90-сола.
- Ин гапҳоятон пурра дурустанд, падар. Рӯзаш мерасад, ки онҳо барои чунин амали хеш аз рӯйи қонун ҷавоб медиҳанд, - хеле бо ташвиш гуфт Ҳабибулло Назаров. - Лекин, бародарон, агар мову шумо барин пирони рӯзгор ҳам чораи оҷилӣ наандешему талафёбии нони мардумро пешгирӣ накунем, фарқи байни мову он роҳбарони фориғболи бепарвофалак хеле кам мемонад.
- Маслиҳатат дар ҳамин бора аст? - пурсид мӯйсафеди бас муътабар Сайидалӣ Сатторов.
- Бале, дар ҳамин бора.
- Худат чӣ пешниҳод дорӣ, Ҳабиб?
- Ман аввал фикри шумоёнро донистан мехостам.
- Фикри мо…, аз ҷумла фикри ма…н, ҳамин, ки чора андешидан зарур. Ле…кин чӣ чора? - суханро ғоз дода гуфт як мӯйсафеди андаке ҳардамхаёл.
- Ман фикр дорам, ки чораро худи Ҳабибулло пешниҳод мекунад, - боз овоз баланд кард Абдуллои хирманбон.
- Хайр, агар ҳамаатон интизори фикру пешниҳоди ман бошед, пас ман андешаамро мегӯям. Баъд шумоён маъқул будан ё набуданашро гуфта муҳокима мекунед.
Ҳама гӯшу ҳуш ҷониби Ҳабибулло Назаров шуданд. Ӯ давом дод:
- Фикри ман ҳамин, ки аз ҳисоби нафақахӯрони қобили меҳнат, як бригадаи зарбдор ташкил кунем. Лекин, ҳар як узви бригада бояд ихтиёрӣ, аз рӯйи хоҳиши дил ва хости виҷдонаш аъзо шавад. Ба эътибор гирад, ки бригада, дар асосҳои ҷамъиятӣ, яъне бемузд кор мекунад.
Ҳама хомӯш шуданд. Баъзеҳо сар хам карда ба фикр фурӯ рафтанд. Баъзеҳо нигоҳи худро дур андохта, андешаманд ба таллу теппаҳои атрофи хирман нигаристанд. Баъзе дигарон, андуҳомез ҷониби ғаллазорон чашм дӯхтанд. Ин замон, чашми Абдулло Азимов ба чорвои мардум бархӯрд.
- Бародарон, ана бинед, подаро бинед! - бо ангӯшти ишоратиаш подаи ба ғаллазорон даромадаро нишон дода, бо ҳаяҷон гуфт ӯ. - Нони тайёрро нобуд карда истодаанд!
Ҳама ба он сӯ нигаристанд. Ҳабибулло Назаров тобу тоқатро аз даст дод. Аз ҷой ҷаста хесту ба муйсафедон рӯ оварда гуфт:
- Илтимос, то баргашти ман интизор шавед. Зуд меоям.
Инро гуфту бо як кӯшиш худро болои асп гирифт ва онро ҷониби чорвои ба ғалладаромада тозонд. Абдулло ҳам ба асп савор шуда аз пайи ӯ равон шуд. Ҳабибулло дар назди пода бо марди лоғарандоми чашмонаш обчакон вохӯрда, салому алайк карду пас бо мулоимӣ пурсид:
- Сардори ин подабонҳо кӣ бошад?
- Ман, - гуноҳи худро эҳсос карда, бо овози ларзон ҷавоб дод подабон.
- Дасти ростатон куҷо шуд? - пурсид Ҳабибулло Назаров.
- Дар озод кардани Украина гум кардам, - ҷавоб дод подабон.
- Барои чӣ ҷангидед? - боз ҳам мулоимтар пурсид.
Подабон мақсади саволи Ҳабибулло Назаровро фаҳмида, ба худи савол не, ба мақсади он ҷавоб дод:
- Ба чорво хӯрондани ғалларо худи калонҳо иҷозат доданд.
- Калонҳо иҷозат доданд, лекин рӯзаш мешаваду худи ҳамон калонҳо айбро ба гардани шумо мезананд ва ҷавобгар шуморо мекунанд, - бо мулоимӣ ва бо оҳанги насиҳат гуфт Ҳабибулло Назаров. - Охир, иҷозати хаттии он калонҳо канӣ? Нест. Пас дар зӯромад, гунаҳкор шумо мешавед ва бо ягон роҳ худро ҳимоя карда наметавонед. Хуб, агар онҳо чунин иҷозати аблаҳонаро дода бошанд, магар худи шумо ақл надоред? Зери по кардану ба чорво хӯрондани нонро кадом қонун ё кадом қоидаи шариат иҷозат додааст?
Подабон хомӯшона сар фурӯ кард ва лаҳзае пас ҳамроҳонашро садо намуда фармуд, ки ҳам подаи халқ ва ҳам подаи колхозро аз ғаллазор бароранд.
Ҳабибулло Назаров ба назди мӯйсафедон баргашт. Чашмонаш хаста, ҳолаташ ғамгин. Дард мекашид. Дарди бетамизӣ, беғамӣ, ноуҳдабароии баъзе роҳбарон, дарди нофаҳмӣ ва беандешагии он чӯпон барин одамони нофаҳму бефаросат. Баъди нишастанаш мӯйсафеди Иноятулло Бобоев ба Ҳабибулло пиёлаи чойи гармро дароз карда бо дилсӯзӣ гуфт:
- Чойро гир, Ҳабиб. Чой куфтатро мебарорад, хастагиатро рафъ мекунад, асабатро ором месозад.
- Хуб, дар набудани ман албатта ба ягон хулоса омадагистед, - пиёлаи чойро гирифта, бо кӯшиши пинҳон кардани ҳолати руҳиаш, гӯё бо хушҳолӣ гуфт Ҳабибулло Назаров.
- Муйсафеди бас муътабар Сайидалӣ Сатторов ба сухан оғоз кард:
- Ҳабибулло. «Он чӣ ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест». Росташ, ҳоло, ҳозир ба нишастану маслиҳат карданамон ҳам вақт нест. Биё, пешниҳоди туро ба овоз мемонем. Касе ки розӣ бошад, даст мебардорад ва аъзои бригада мешавад. Розӣ набошад, зид мебарояд. Тамом. Мо бояд, ҳар чи имкон аст, тезтар ин бригадаро ташкил кунем ва нонро аз зери по бардорем.
Пас аз ин гуфтори Сайидалӣ Сатторов чунин садоҳо баланд шуданд:
- Дуруст!
- Дуруст!
- Ҳақ!
- Ба овоз монед!
- Ҳа, ба овоз монед!
- Хуб. Модоме ки чунин мехоҳед, ман масъаларо ба овоз мемонам. Лекин пеш аз овоз додан чун одамони рӯзгордида ва деҳқонони асил, чун одамоне ки бисёр гармию сардиҳоро дидаед ва бисёр пастию баландиҳоро гузаштаед, фикр кунед, ки дар пеш зимистон, дар саҳро қариб 800 гектар ғаллаи нодаравида. Миқдори ғаллае, ки даравида шудааст, аммо онро ҷамъ накардаанд ва ба хирман наовардаанд, низ кам нест. 50 ҳазор тонн гандуми аз барфу борон наҷот додаи худамон ҳам ҳанӯз дар хирман. Бинобар ин, агар бригадаамон ташкил шавад, мо чун одамони ҷиддӣ ва ба қадри суханамон мерасидагӣ «…миёнро маҳкам баста, мардона ба майдон, ки даромадем, аз осмон санг борад ҳам, бояд нангу номусро ба ҷо оварем, барои ин шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта кор кунем». (Ҳамон китоб). Агар ана дар ҳамин гуна шароит кор карда метавониста бошем ва нангро ба дӯш мегирифта бошем, барои ташкилшавии бригада овоз диҳед. Агар не, беҳтараш, ки бригадаро ташкил накунему худро байни мардум ва назди фарзандону набераҳоямон шармсор нагардонем.
Ҳамаи мӯйсафедон барои ташкилшавии бригадаи зарбдори нафақахӯрон овоз доданд. Баъди ин ҳама хурсандона ва бо руҳияи баланд кафкӯбӣ карданд, чун солҳои ҷавониашон «Ура!!!», «Ура!!!», «Ура!!!», гуфтанд. Ақалан як нафаре пайдо нашуд, ки худро аз чунин кори хайру савоб дар канор гирад. Сардории бригада ба зиммаи худи Ҳабибулло Назаров гузошта шуд. Номи бригадаро «Бригадаи мӯйсафедони ташаббускор» ниҳоданд.
- Мана бригада ҳам ташкил шуд. Акнун биёед, маслиҳат кунем, ки кори онро чӣ тавр ба роҳ мемонем. Масалан, илоҷи истифодаи ягон комбайн бошад?
- Комбайни колхоз бекор хобидааст-ку - гуфт касе аз нишастагон.
- Комбайнро ба кор даровардан тани ман, - қатъӣ гуфт С. Сатторов.
- Писари ман мошини алафдаравӣ дорад. Як ҳафта боз бекор. Мефармоям, пагоҳ мошинаро гирифта ба дарав барояд. Аз пасаш гандуми даравидаашро бо шоха худамон ҷамъ мекунем, - гуфт мӯйсафед Аҳмад.
- Бисёр хуб. Кор аз панҷоҳ фоиз зиёдтар иҷро шуд гуфтан гиред, - худ хурсанд шудаю ҳозиринро руҳбаланд карда гуфт Ҳабибулло Назаров. – Аз механизатори пуртаҷриба Нозим Қосимов хоҳиш мекунем, ки собиқ тракторчиёну шофёрони нафақахӯри ин ҷо бударо ҷамъ намуда, ана он трактори тасмачархи калон ва трактори хурдро таъмир намуда, ба кор дароранд, - ба тракторҳои вайрон хобидаи назди хирман ишора карда гуфт Ҳ. Назаров. - Бигзор бинанд, ки мо бо ин тракторҳо аз саҳро чӣ тавр ғалла мекашонему дар хирман чӣ сон ғалла мекӯбем, - бо оҳанги тантана давом дод ӯ.
Ҳамин тавр аъзоёни бригада тарзи ба роҳмонии фаъолияташонро ҳамаҷиҳата маслиҳат карданд. Понздаҳ нафар бо сардории Абдулло Азимов ба кори хирман вобаста шуданд. Ба доираи вазифаи онҳо кӯфтану бод додан ва тоза намудани ғаллаю посбонии хирман медаромад. Корҳои хоҷагидорӣ ва таъминот ба зиммаи мӯйсафедони муътабар Муло Маҳмуд Исматов, Сайидалӣ Сатторов ва амаки Бозорбой супорида шуданд. Иноятулло Бозоров бо гуруҳи ташаббускори техникиаш ба ихтиёри онҳо гузашт. Қарор доданд, ки зудтар даравидану ҷамъовардан ва ба хирман расонидани ғалла ба худи Ҳ. Назаров, Бобонур, Аҳмад Азим ва дигар аъзоёни боқимондаи бригада супорида шавад.
Фаъолияти бригада ҳамон лаҳза, аниқтараш баробари ба охир расидани ҷамъомад оғоз ёфт. Масалан, Нозим Қосимов ҳамкоронашро интихоб намуда, зуд аз пайи таъмири тракторҳо шуданд. Мӯйсафед Қудрат Азимов ваъда кард, ки ҳарчи имкон аст, дастгоҳи барқистеҳсолкунии (движок) ду сол боз дар назди фермаи гӯсфандпарварӣ бекорхобидаро зудтар ба кор омода намуда, ба ихтиёри ситоди бригада месупорад. Бале ситод. Зеро аъзоёни бригада аз рӯйи низоми фавқулода ва қатъӣ кор мекарданд. Ҷойи корашон саҳро буду ҷойи хӯрок ва хобашон ситод - хирман. Дар ҳамин ҷо маслиҳат мекарданд, дар ҳамин ҷо қарор қабул менамуданд ва аз ҳамин ҷо ба иҷрои корҳо сафарбар мешуданд.
Дар шаби сеюми баъди машварат ҳолати хирман ношинохтанӣ шуд. Дастгоҳи барқӣ ба кор даромада, 25 фурӯзонак майдони васеи хирманро машъалистон кард. Акнун кор дар хирман - ситоди «Бригадаи мӯйсафедони ташаббускор» таҳти роҳбарии Ҳабибулло Назаров шабонгоҳҳо низ авҷ дошт. Дар саҳро ҳам кор ҷӯш мезад. Комбайнчӣ Хурсандмурод Сайидалиев дар дарави ғалла қаҳрамонӣ нишон медод ва то метавонист, майдони бештарро дарав мекард. Таъмирчиён, механизаторони пуртаҷриба таҳти роҳбарии Нозим Қосимов ҳам тракторҳои вайронаро ба кор дароварданд. Механизатори 25-сола Убайд Нарзуллоев, ки ба нанг омада, ихтиёран ба бригадаи мӯйсафедон ҳамроҳ шуда буд, аз фаъолияти худ меболид ва руҳбаланд шуда мекӯшид, ки ҳарчи қудрат дорад, беҳтару бештар кор кунад. Писари мӯйсафеди Аҳмад ҳам бо трактори алафдаравиаш гандумро медаравиду чанд нафар аз гуруҳи худи Ҳ.Назаров он гандумро ҷамъ карда, ба оҳанаробаҳо (тележка) бор менамуданд ва ба хирман мефиристониданд. Гандуми аз бордони комбайни Хурсандмурод Сайидалиев баромадаро низ бо ҳамин усул ба хирман ирсол мекарданд.
Ташаббуси мӯйсафедон нангу номуси бисёр одамон, аз ҷумла ҷавононро ҳам бедор кард. Ин буд, ки сафи аъзои бригада рӯз аз рӯз меафзуду кор авҷ мегирифт. Натиҷа он шуд, ки пирони кор ғаллаи зиёда аз 800 гектар заминро даравиданд, миқдори зиёди гандуми пешакӣ даравшуда, вале ҷамъ наовардаро ба хирман кашонданд, кӯфтанд, бод доданд, тоза намуданд. Ҳосили заҳматашон ба ҳазор тонна гандум расид. Ҳазор тоннае ки мувофиқи супориши роҳбарони ноуҳдабаро бояд хӯроки чорво мегашт, ё зери барфу борон монда нобуд мешуд.
Ин миқдор гандуми зиёд куҷо шуд? Эҳ, хонандаи азизи ман. Магар нафаҳмидӣ, ки мардуми солҳои 30-юм то 80-уми асри гузашта, аз ҷумла нафақахӯрону пирони рӯзгор барои моли ҷамъиятӣ шуда, ҷон мебохтанд, аммо хасе аз онро гум намекарданд. Магар аҳамият надодӣ, ки ҳамаи аъзои бригадае ки дар борааш нигоштам, маҳз пирон, яъне нафақахӯрон буданд. Оё вақти хондан дарк накардӣ, ки дар он коре Ҳабибулло Назаров ширкат меварзид, бедаракшавии ягон чиз, аз ҷумла ақаллан як кило гандум имконнопазир буд. Он ҷое ки Сайидалӣ Сатторов ва дигар ҳамсафону ҳамсолони ӯ бошанд, рухдиҳии ин гуна ҳодисаҳо аз тасаввур берун буд. Магар намедонӣ, ки - Ҳ.Назаров дар замони кӯдакию наврасию ҷавонии хеш ба як луқма нони беминнат зор буд? Магар хабар надорӣ, ки солиёни зиёд риштаи ҳифзи ҳуқуқ ва иҷроиши қонунҳо дар зинаҳои олии давлатӣ маҳз дар дасти ӯ буд? Акнун бигӯ. Оё ҳамин хел одам мегузошт, ки муште аз гандуми ҷамъият бедарак шавад? Ё ҳамсафони ӯ - одамоне ки ифодакунандаи нангу номуси ватандорию меҳанпарастӣ буданд ва барои рӯзи неки ин халқу миллат ва ободию шукуфоии ин марзу бум ҷоннисориҳо намудаанд, оё мегузоштанд, ки чунин кори нангин рух диҳад?
Саволат беҷавоб монд? Не, ҷавоб дорад. Ҳ.Назаров ва ҳамсафони ӯ ҳамаи он гандумро ҳуҷҷати қонунӣ карда, ба давлат супориданд. Афсона? Ҳай, ҳай, ҳай! Чунин гуфторҳо ин дар замони шумо ва барои шумо афсона менамояд. Ин чизҳо дар замони мо меъёри зиндагӣ буд, бале меъёри зиндагӣ!
Фаъолияти «Бригадаи мӯйсафедони ташаббускор» таҳти роҳбарии Ҳабибулло Назаров бо ҳамин анҷом наёфт. Онҳо аз натиҷаҳои кори худ руҳбаланд шуда, боз заминҳои колхозро ҷуфт карданд ва кишти тирамоҳии ғалладона гузарониданд. Бо ҷалби одамони боз ҳам бештар 7,5 км роҳҳои байни русторо сангфарш намуданд. Ин боис гардид ба халосшавии мардум аз чангу хоки тобистону тирамоҳ ва лою оби зимистону баҳор, ки ҳолашонро бисёр танг менамуд. Чунин роҳ махсусан барои одамони солманду кӯдакони мактабрав мушкилиҳои бисёр дошт. Ҳамаи корҳои иҷро кардаи бригада зарурӣ, назаргир ва арзандаи таҳсин буданд. Аммо онҳо боз як кореро карданд, ки дар он замонҳо амалишавиашро ҳеҷ кас ва ҳеҷ гоҳ ҳатто тасаввур намекард. Бузургии чунин кор дар шароити онвақтаи деҳаю ҷамоати онон ченак надошт ва бесобиқа буд.
Солҳои аввали барқароркунии Ҳокимияти Шӯравӣ буд. Қариб дар ҳама ҷо ошубҳо мешуданд, махсусан аз ҷониби босмачиён, ки худро ҳомиёни ин мулку кишвар медонистанд. Бо сабаби он, ки яке аз гарнизонҳои аскарони сурх маҳз дар деҳаи Тӯда - зодгоҳи Ҳабибулло Назаров ҷойгир буд, босмачиён ба он зуд-зуд ҳуҷум мекарданд. Табиист, ки дар ин гуна маврид, аскарони сурх ба ҳимояи худ ва мардум бар мехестанд ва ҳар бор ҷанги калону хунрезиҳои зиёд ба амал меомад. Яке аз чунин задухӯрдҳои хунин тирамоҳи с. 1922 рух додааст. Барои исботи фикр порчаеро аз суҳбати худи устод бо раиси вақти Кумитаи иҷроияи ноҳия Ҳикмат Рофизода иқтибос мекунам: «Тирамоҳи соли 1922 гуруҳи калони босмачиён ба гарнизон ҳуҷуми ногаҳонӣ оварданд. Ҷанг чанд соат давом кард. Босмачиён шикаст ёфта, ба куҳу пушта гурехтанд. Дар ҳамон ҷанг командиру чанд нафар аскарони сурх ҳалок гардиданд, ки шаҳидонро ана дар ҳамин ҷо (болои деҳаи Тӯда. Ҳ.Ю.) дафн карда буданд. Аз гузашти айём гӯри шаҳидон ба замин ҳамвор шуда, дар назар номаълум шудаанд. Мехоҳам ба онҳо мақбара созам, то ин ки дар оянда, зери по шуда, аз хотири насли оянда, фаромӯш нагардад. («Садоқат», «Ирфон», соли 1997, саҳ. 41).
Чанд ҷумлаеро аз гуфтугӯю машварати устод бо аъзоёни бригадаашон ва роҳбарони хоҷагӣ низ ҷой медиҳам, ки аз аҳамият холӣ нест:
«Бояд ҳама… хотираи муқаддаси шаҳидони Ватанро пос доранд. Онҳо сабаби ин бахту саодати… фирӯз гардидаанд. (Ҳамон китоб, саҳ. 23). Набояд он ҷавононе, ки лаззати умри ҷавонӣ надида, барои бахти мо ҷон додаанд, фаромӯш шаванд! Бояд ҳамеша хотираи онҳоро пос дорем. (Ҳамон китоб саҳ. 38). Чунин одамону воқеаҳоро фаромӯш кардан гуноҳ аст! Таклиф дорам, дар ҷойи дафн гардидаи солдатҳои револютсия мақбара (ба маънои лавҳаи ёдгорӣ омадааст. Ҳ.Ю.) сохта, хотираи қаҳрамонон абадӣ гардонда шавад! (Ҳамон китоб, саҳ. 39).
Ташаббускорону бунёдгарони лавҳаи ёдгорӣ, бо вуҷуди аз ҷониби баъзе одамони нофаҳму бахил, нотавонбину ҳасуд ва душманони собиқи сохти нав халалҳои зиёд диданашон, бо вуҷуди аз ҷониби роҳбарияти хоҷагӣ ва ҷамоату ноҳия дастгирии рӯйи рост надоштанашон, бо вуҷуди пешпохӯриҳояшон, аз азми худ бар нагаштанд. Аз рӯйи лоиҳаи худи Ҳ. Назаров лавҳае бунёд карданд, ки дар замонаш чун рамзи садоқат ба кори ҳаққонии муборизони роҳи озодӣ, ба барпокунандагону устуворгардонандагони ҳокимияти нави халқпарвар дониста шуд. Акнун роҳбарони вақти хоҷагию ҷамоатҳо бо доштани чунин лавҳа ифтихор мекарданд, маъракаҳои сиёсию фарҳангиашонро дар пояи он мегузарониданд. Созмонҳои пионерию комсомолии мактабҳо аъзоёни нави худро дар пояи он қабул мекарданд. Навхонадорон ҳам ба он ҷо меомаданд ва чун рамзи эҳтиром ба пояаш гулдастаҳо мегузоштанд. Ин лавҳа ба ҷойи воқеан дӯстдошта ва нуқтаи сайру саёҳату тамошои одамон табдил ёфта буд. Ҳамаи ин як шингиле буд, аз ташаббускориҳои инсони комилу адиби дилогоҳ, устоди сухану арбоби намоёни давлатӣ, ходими барҷастаи ҳифзи ҳуқуқу иҷроиши қонун, ҳамсару падару бобои меҳрубон ва нафақахӯри боғайрату ташаббуспеша Ҳабибулло Назаров. Албатта, ҳамаи ин низ асоситарин воситаҳои ҷовидмонии номи устоди зиндаёд ҳастанд.

Ҳасан Юсуфи ФАЙЗБАХШ

 

Хонданд 555

«Ҳафтбурҷ» рафт! «Кюнет» чӣ?

Окт 02, 2017
Диданд: 1153

Ё чаро бо гузашти 3 сол ҳанӯз ҳам шикояти муштариёни “Кюнет” баррасӣ намешавад?

Ахиран Суди ноҳияи Синои шаҳри Душбанбе баъд аз чор соли манъи фаъолияти ширкати «Ҳафтбурҷ» ва баҳсу мурофиаҳои судии он шаш масъули ин ширкатро аз 8 то 11-солӣ маҳкум кард. Суд ба Осимҷон Маъруфов 8 сол, ба Олим Маъруфов, Ориф Расулов 10-солӣ ва ба Саидҷон Саъдуллоев, Раҳимбек Саидов, Шарифбек Хушмаҳмадов 11-солии зиндон ҷазо таъйин намуд. Гуфта мешавад, раҳбарияти ширкати «Ҳафтбурҷ» дар тӯли се соли фаъолият бештар аз як миллион доллар маблағи мизоҷони худро тасарруф намудааст.
Прокуратураи генералии Тоҷикистон моҳи июли соли 2013 зимни санҷиши прокурорӣ дар кори ширкати «Ҳафтбурҷ» амалҳои қаллобӣ ва сӯйистифода аз бовариро ошкор намуда, фаъолияташро дар кишвар манъ кард ва ҳисобҳои онро баст. Ҳамчунин, гуфта мешуд, ки «роҳбарони ин ширкат бо машварати пешакӣ бо мақсади фиреб додан ва сӯйистифода аз боварӣ тасарруф намудани молу мулки ғайр, фаъолияти корхонаро дар шакли пирамидаи молиявӣ ба роҳ монда, якчанд хизматрасониҳо, аз қабили маркетинги шабакавӣ, хизматрасонии маркетингӣ, омӯзиши забонҳои англисӣ, дарсҳои компютерӣ, ронандагӣ ба шаҳрвандон пешниҳод намудаанд. «Ҳафтбурҷ» аз рӯи қоидаҳои пирамидаи молӣ кор мекунад ва фаъолияти минбаъдаи он боиси зарари бештари мизоҷонаш хоҳад шуд».

Шикояти муштариёни «Кюнет»
Боздошт, ба қаллобӣ муттаҳам ва пушти панҷара кардани масъулони ширкати «Ҳафтбурҷ» дар ҳолест, ки се сол қабл муштариёни ширкати ба ҳамин монанд - «Кюнет» низ аз фаъолият ва тарзи ҷалбнамоии даъватшавандагон ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон шикоят бурда буданд. Муштариёни ширкати “Кюнет” аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки масъулони он зимни ҷалби онҳо аз роҳи фишори равонӣ истифода намудаанд ва бо сӯйистифода аз боварӣ маблағҳояшонро кашида гирифтаанд. Бино ба гуфтаи ин фиребхӯрдагон, онҳоро наздикони худашон, ки қаблан ба ин ширкат аъзо шудаанд, ҷалб кардаанд, зеро дар сурати дигар пешниҳоди чунин ҷои корро аз ҷониби шахси бегона қабул намекарданд. Ба андешаи ин нафарон, вазифаи нафари даъваткунанда танҳо даъват аст, на бештар аз он. Дигар боқимонда корро масъулон иҷро мекунанд.

Алишер: Дар “Кюнет” 2800 доллар “сӯхтам”
Алишер, як нафар аз фиребхӯрдагон, сокини ноҳияи Варзоб, ки мегӯяд аввалҳои соли 2013 духтари холааш ӯро ба ин дом афтондааст, бо маблағи 1900 доллар ба ширкат аъзо шудааст. Ӯ, ки он вақтҳо ба хариду фурӯши мева дар бозор машғул будааст, мегӯяд, рӯзе духтари холааш ба наздаш омад ва гуфт, ки як кори озодаву беҳтаре барояш пайдо кардааст ва зуд бояд рафта, онро бубинад. Ба гуфтаи ӯ, аввалҳо духтари холааш либоси оддӣ ва хоксорона ба бар мекард ва бо гузашти чанд вақт тарзи либоспӯшиаш дигар шуду бо ҳар гуна занҷираву дастбандҳои ба қавле тиллоӣ худашро оро додан гирифт ва ҳатто тарзи гапзаниаш ҳам дигар шуд: “Ҳарчанд мепурсидам, ки дар куҷо кор карда истодааст, вале чизе намегуфт. Танҳо мегуфт, ки дар як ширкати хориҷӣ фаъолият дорад ва дар сурати холӣ шудани ягон ҷой, агар хоҳӣ, номзадиатро пешниҳод мекунам”.
- Рӯзи дигар якҷоя бо духтари холаам барои дидани «ҷойи кор» рафтем. Он дар як бинои 12-қабата, дар ошёнаи 2-юм дар маҳаллаи «Театри ҷавонон» воқеъ будааст. Ростӣ, ҳайрон шудам, ки ин чӣ хел ширкати хориҷист, ки дар бинои истиқоматӣ ҷойгир аст ва аз духтархолаам пурсидам. Ӯ аз кунҷкобии ман дар бораи ҷойи кори нав ба ҷон омада бошад ҳам, вале сир бой намедод. Баъдтар фаҳмидам, ки ин як шарти масъулони ширкат будааст, ки то овардани мизоҷ дар бораи кор ба ӯ чизе нагӯянд. Хулоса, ба ин хона ворид шудем. Хона аз се ҳуҷра иборат буд. Дар ҳар як ҳуҷра чанднафарӣ бо кадом коре банд буданд. Моро дар дарун як марди тоҷик пешвоз гирифт ва маро ба як ҳуҷраи дигар гузаронданду ба муддати 5-6 дақиқа танҳо гузоштанд. Муҳит ором, касе бо овози баланд гап намезанад. Баъдан, он мард бо духтари холаам ворид шуд ва чунон бо самимият аҳволпурсиям кард, ки гумон кардам, солҳо боз маро мешиносад. (Ин ҳам як роҳу усули ба боварии одам даромадани намояндагони чунин ширкатҳо аст). Ин масъул ширкати «Кюнет»-ро таърифу тавсифҳои зиёде кард. Гуфт, ки ин ширкат тиҷоратӣ аст, ба фурӯши маҳсулоти бриллиантӣ ва тиллоӣ машғул аст ва пас аз хариди ин маҳсулот метавонӣ аъзо шуда, одам ҷалб намоӣ ва бо ин роҳ тиҷорат карда, фоида ба даст орӣ. Ба гуфтаи масъул, дар ширкат судяҳо, адвокатҳо, милисаву духтурони ботаҷриба ҳам аъзо ҳастанд, ки баъдан маро бо кори эшон низ шинос хоҳанд кард. Ҳамин тавр, маро се рӯз пайи ҳам ба ҳамон хона бурданд, ҳамин хел карданд, ки пурра ба онҳо бовар кардам ва 1900 доллареро, ки тайи чанд сол бо азобу машаққати савдогарӣ ҷамъ карда будам, бароварда ба онҳо додам. Ана пас аз ин сарсониву саргардониям сар шуд. Баъди гузаштани чанд дарс оид ба чи гуна ҷалб кардани нафарон, маҷбурам карданд, ки барои шохаҳои чапу ростам одам биёрам. Маслиҳатам доданд, ки аввал ҳамон нафаронеро даъват кунам, ки зиёд ба ман боварӣ доранд. Дигар илоҷ надоштам ва модари 60-солаамро бо худ бурдам ва маҷбур шудам, ки барои аъзо кардани ӯ аз бонк 1000 доллар қарз гирам. Ва ҳамин тавр, бо вуҷуди кӯшишҳои зиёд дигар касе аз хешу табор ҳозир нашуданд, ки маро ҳамроҳӣ кунанд ва пас аз чанде «кор» дар ин ширкат 2800 доллар «сӯхтам». Ҳозир дар як ширкати сохтмонӣ дар шаҳри Душанбе сохтмончӣ шуда кор карда истодаам,- мегӯяд он рӯзҳоро бо ҳаяҷон ба ёд оварда, Алишер.

Ҷабрдидагон: «Кюнет» корҳои давлатиро паст мезанад
Қайд кардан бамаврид аст, баҳори соли 2014, пас аз он ки дар ҳафтаномаи «Фараж» маводи силсилавии тадқиқотии журналистӣ дар мавриди тарзу усули ҷалби ғайриқонунии одамон ба ширкати «Кюнет» ба табъ расиданд, нафарони зиёди ҷабрдида низ ба рӯзнома муроҷиат карданд ва сипас дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон низ баёноту ариза ҳам доданд, вале бо гузашти се сол ягон чораҷӯие сурат нагирифтааст. Ҷабрдидагон мегӯянд, яке аз роҳҳои ғайриқонунии ҷалби намояндагони ин ширкат дар он буд, ки эшон кор дар мақомоти давлатӣ, соҳаи маориф ва дигар корхонаҳои давлатиро паст мезаданд ва мегуфтанд, ки онҳо низ дар гузашта коргари давлатӣ буданд ва диданд, ки ба ояндаи дурахшон умед нест, ба ин ширкати хориҷӣ ба кор омаданд.
Миёни фиребхӯрдагон донишҷӯён низ зиёданд, ки мегӯянд намояндагони ширкати «Кюнет» рӯзи онҳоро сиёҳ кардааст ва бо сабаби дар дарсҳо иштироки мунтазам надоштан аз донишкадаҳо ихроҷ карда шудаанд.
Чунин фиребгарӣ ва сӯйистифода аз боварии мардум аз ҷониби намояндагони ширкати «Кюнет» дар ҳолест, ки фиребхӯрдагон мегӯянд, коргарони ин ширкат Сайҳомид Маҳмудов, яке аз наздикони собиқ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоевро роҳбари тоҷикистонии ин ширкат муаррифӣ мекардаанд ва ба ақидаи онҳо, гӯё ахирӣ пуштибони қавии ширкат будаасту касеро зӯраш ба ӯ намерасидааст.

Тим Гарни - ҳуқуқшиноси «Кюнет»: Намояндагон ҳақ надоранд касеро бо фиреб аъзо кунанд!
Пас аз гирудорҳои зиёд ва навис-нависҳои «Фараж» ахиран роҳбарияти «Кюнет» чанд нафар аз журналистони тоҷикро ба кишвари Малайзия бурд, то бо кору фаъолият ин ширкат аз наздик ошно шаванд ва бубинанд, ки ширкати «Кюнет» дар ҳақиқат вуҷуд дорад ва касе сокинони Тоҷикистонро фиреб доданӣ нест. Вале баъди бозгашт кам журналистоне буданд, ки дар бораи фаъолияти ширкат холисона мавод навиштанд. Илова бар ин, соли 2015 ҳуқуқшиноси ширкати «Кюнет» - Тим Гарни аз Малайзия ба Тоҷикистон омад ва бо доираи васеъи журналистон оид ба ширкат ва нофаҳмиҳо миёни шаҳрвандони кишвар нисбат ба «Кюнет» суҳбат кард. Азбаски тарҷумони ин нишаст яке аз намояндагони «Кюнет» буд, барои ҳамагон номаълум буд, ки суханҳои ин намоянда ба ҳозирин ва аз ҳозирин ба намоянда дар кадом шакл ва маъно тарҷума карда шуд. Яке аз нуктаҳои муҳиме, ки дар бораи фаъолияти ин ширкат рӯшан шуд, ин бо розигӣ ва хоҳиши даъватшуда аъзо шуданаш ба «Кюнет» буд. Яъне, намояндагони «Кюнет» ҳақ надоранд касеро бо роҳи зӯрӣ, фиреб ва ваъдаи даромади зиёди муфт аъзо кунанд. Ба андешаи ин намоянда, масъулони ширкат сараввал бояд дар бораи ширкат маълумоти саҳеҳ диҳанд, тарзу услуби ин намуди тиҷоратро фаҳмонанд ва ба навдаъватшудагон муҳлат диҳанд, то бо наздикону пайвандон оид воридшавӣ ба он маслиҳат намоянд.
Суханони Тим Гарни, ҳуқуқшиноси малайзиягии «Кюнет» дар ҳолест, ки намояндагони тоҷикистонии ширкат аз роҳҳои ғайриқонунии ҷалб намудан истифода мекунанд, яъне ба даъватшудагон фишори равонӣ меоранд, ҳар лаҳза занг зада, онҳоро хотиррасон мекунанд, то дар бораи ширкат ба касе лаб накушоянд. Зеро онҳо метарсиданд, ки мардум дар ин бора маълумоти мусбат надоранд ва андешаашонро тағйир хоҳанд дод.
Ҳамин тавр, ахиран масъулони ширкати «Ҳафтбурҷ», ки дар қаллобию мардумфиребӣ муттаҳам мешуданд, пушти панҷара рафтанд, вале шикояти фиребхӯрдагони ширкати «Кюнет» бо гузашти беш аз ду сол ҳамоно беҷавоб боқӣ мемонад.

Прокуратураи генералӣ: Наметавонем бе иҷозати роҳбарият ҳарфе гӯем
Аз Прокуратураи генералии Тоҷикистон, ки тафтишоти пешакии қазияи ширкати «Кюнет»-ро ба зимма доштанд, дар суҳбати телефонӣ бо «Фараж» омода нашуданд, то ҷузъиёти бештареро нисбат ба шикояти ҷабрдидагони «Кюнет» ва тақдири ин ширкат матраҳ намоянд. Онҳо гуфтанд, танҳо дар сурати пешниҳоди мактуби расмӣ ва иҷозати роҳбарият метавонанд маълумот дастрас намоянд.
Ҳамин тавр, дар ниҳоят муштариёни сершумори ширкатҳои “Кюнет” ва “Ҳафтбурҷ” ҳама ду даст дар бинӣ монданд ва дигар ҳатто умеди баргардондани пулҳои дар тиҷорати ин ширкатҳо гузоштаашонро надоранд. Худи Сайҳомид Маҳмудов бошад, тавонист пас аз ин гирудорҳо аз мақоми роҳбарии “Кюнет” ва “Ҳафтбурҷ” озодона канор равад ва ба вазифаи раиси корхонаи фаръии байниноҳиявии бақайдгирии техникии шаҳри Душанбе "МПТИ” таъйин гардад. Вале ахиран шаҳрдори нави Душанбе Рустами Эмомалӣ дар рӯзҳои аввалини корияш, 16-уми январ, Сайҳомид Маҳмудовро аз мақоми раиси “МПТИ” барканор кард.
Маврид ба зикр аст, ки ширкати “Кюнет” дар Тоҷикистон аз соли 2006 ба ин сӯ фаъолият мекунад ва бино ба иттилои расмӣ, бештар аз 2 ҳазор намояндаи мустақил дорад. Аз вижагиҳои фаъолияти ин ширкат фурӯши молҳои хос мебошад, ки ҳеҷ кадомашон маводи ниёзи аввалия нестанд.

Шамсулло ФОЗИЛОВ, “ФАРАЖ”

Хонданд 1153

«Худоихӯрҳо»

Окт 02, 2017
Диданд: 380

Танзими маросим ва расму оинҳо иқдоми амалии бутшиканиро мемонад ва ин амал бояд пайгирӣ гардад!

Танзими маросимҳо - ин зоҳиран як маъракаи сиёсӣ-иҷтимоӣ аст, ки ҳадафи он сабукӣ овардан ба зиндагии рӯзмарраи мардум мебошад. Он дар рӯзгори кунунии мо ба манфиат мебошад, аммо дар асл, як ҳодисаи ба маротиб амиқтар нисбат ба як ҳодисаи сиёсӣ-иҷтимоӣ аст, ки бо кулли раванди таърихи маънавиёти мо алоқамандӣ дорад. Аз ин ҷиҳат, мо ҷанбаҳои сиёсӣ-иҷтимоии онро сарфи назар мекунем ва аҳамиятнокии онро дар озодсозии зеҳнияти инсонҳо аз маъниҳои дар асли худ бемаънӣ ва дар бедорсозии маънии воқеии инсонӣ дар ҷомеа мавриди таҳлил қарор медиҳем.
Назари асосии мо он аст, ки маънии инсонӣ чи дар зиндагии рӯзмарраи иҷтимоӣ ва чи дар тӯли зиндагии иҷтимоии мо онгуна, ки мебоист, ношинохта монда ва баҳри бедорсозии ин маънӣ ва пиёдасозии он дар огоҳии инсонҳо иқдоме ҳам сурат нагирифтааст. Тоҷик танҳо ба хотири маъниҳои дорои табиати мутлақгаро будаи осмонӣ ва заминӣ нафас кашидааст, ба онҳо бовар кардааст ва сабурона асорати онҳоро тоқат намудааст. Бояд ба ин ҳақиқати талх тан дод, ки аз рӯзгоре, ки оини бутпарастӣ роиҷ буд, то ба рӯзгори мо дар маънавиёти инсон камтар таҳаввуле ба вуҷуд омадааст. Ягона меросе, ки оинҳои бутпарастӣ ба вуҷуд оварда буданд, ин “инсони боимон” ва ё “инсони боэътиқод” буд, яъне навъи инсоне, ки набояд ба худ ҳамчун аввалин ҳақиқат, арзишгузор ва инкоркунанда муроҷиат намояд, балки бояд маънии зиндагии худро ҳамеша дар берун аз худ ҷустуҷӯ намояд, аз ҷониби мазҳабҳо ва идеологияҳои ҷаҳонӣ ҳифз ва неруманд гардидаанд.
Тамоми динҳои ҷаҳонии ҷойгузини таълимотҳои бутпарастӣ гардида ва дигар таълимоти фалсафӣ ва идеологияҳои ҷаҳонӣ ба он андоза, ки мебоист натавонистаанд мероси офаридаи оинҳои бутпарастиро аз байн баранд. Онҳо ин меросро фақат обу ранги дигар дода ва ба ҷои бутҳои куҳна бутҳои нави чи воқеӣ ва чи мавҳумӣ ба вуҷуд овардаанд. Бутҳои чӯбин ва гилин дар марҳалаҳои минбаъда ба бутҳои осмонӣ ва заминӣ ва бутҳои беҷон ба бутҳои ҷондор табдил ёфтанд, яъне худо ҳамчун бути осмонӣ ва инсон ҳамчун бути заминӣ. Акнун инсон барои инсон бут буд, яъне инсон ба сифати фиръавн, пайғамбар, шоҳ, президент, раис, файласуф, шоир, устод ва ғайра мебоист мавриди парастиши инсонҳои дигар қарор гирад. Дар тӯли садсолаҳо объекти парастиш тағйир ёфт, аммо субект ва принсипи парастиш, ки ҳамоно имон ва эътиқод мебошанд, бетағйир боқӣ монданд.
Агар аз диди равоншиносӣ ба раванди боэътиқодгардонии инсон назар андозем, онро метавон ба як ҳодисаи беморгуна гардонидани инсон ифода намоем. Ба хотири он, ки инсон бо имон ва эътиқод зиндагӣ намояд, бояд тамоми эҳсосҳои табиӣ ва ҳаётӣ ва ҳамингуна тамоми ғаризаҳои ҳаётии ӯ бояд хунсо, якранг ва дар як нуқта сарҷамъ ва саркӯб гарданд. Дар ин муносибат инсон чи дар поинтарин ва чи дар олитарин ҳадди худ бояд ҳамчун як фармонбардор ва мутеъ амал намояд, ки чунин хосиятҳо фақат хоси як ғулом ҳастанд. Ғаризаи парастиш қадимтарин ғаризаи инсоният мебошад ва инсон ҳанӯз наметавонад бидуни ин ғариза ҳаёт ба сар барад. Таърихи башарият ҳамон қиссаи Мӯсо ва қавми ӯро ба хотир меоварад, ки чун Мӯсо он қавмро аз бутпарастӣ, дақиқтараш аз парастиши гӯсола раҳонида буд, аммо чун андаке аз онҳо фосила мегирад ва чун дубора бармегардад, боз ҳама дар пайи парастиши ҳамон гӯсола қарор доштанд. Имон ва эътиқод овардан ба ҳар чизе, ки фаротар аз худи инсон қарор дорад, маънии худро қурбонӣ кардан, худинкоркунӣ ва бемаънигардонии зиндагии инсонро дорад. Дар чунин вазъият инсон дар бегонагии мутлақ аз воқеияти худ зиндагӣ мекунад ва барои ӯ ҳамагуна дигаргунӣ, дигарандешӣ, такомул ва тағйир ғайри қобили қабул ва тасаввури олами ҳастӣ ва бахусус ҳаёт, ҳамагуна “шудан” ваҳшатовар мебошад. Барои чунин навъи инсон хоҳиш кардан, ирода кардан, “на” гуфтан бемаънӣ мебошад. Сабаби пойдории чунин марҳала агар аввалан танбалии ботинии худи инсон бошад, ки аз фармонбардори дигарон будан лаззат мебарад, дувум ин моҳияти тамоми таълимотҳои динӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва бевосита худи инсонҳои алоҳида мебошад, ки дӯст медоранд худро ба як бут ва инсонҳоро ба бутпараст табдил диҳанд.
Он чизе, ки дар мавриди инсони эътиқодманд номбар намудем, албатта заминаи ноогоҳи шуури моро ташкил медиҳанд ва шояд аксари хонандаҳо худро ба ин навъи инсон мансуб намедонанд, ки ин худфиребии маҳз аст. Он ҳаракатҳои бутпарастонае, ки имрӯзҳо дар сари ҳар қадам аз мо сар мезананд, ба мисли он қисматҳои ниҳоят андаки куҳҳои яхине (Айсберг) аст, ки дар чашм намоён ҳастанд ва дар қадами аввал инсон гумон мекунад, ки ҳақиқати куҳи яхин ҳамон қисмати ба чашм намоён аст, ҳол он ки, қисмати азими ин куҳҳои яхин дар зери оби уқёнусҳо ҳастанд, ки мо бо чашм дида наметавонем, аммо медонем, ки онҳо вуҷуд доранд. Ҳамин тавр, ҳақиқати бутпарастонаи мо хело азимтар аст нисбат ба оне, ки мо тасаввураш мекунем. Маросим ва расму оинҳои зиёди мо ҳамон бутҳое ҳастанд, ки маънии инсонии мо дар назди онҳо холӣ аз ҳаргуна арзиш ва мо дар фармонбардорӣ аз онҳо зиндагӣ мекардем.
Ҳеҷ як аз маросим ва расму оинҳои мавриди танзим қароргирифта асоси ақлонӣ ва мантиқӣ надоранд, онҳо на реша дар ягон дин доранд ва на дар ягон идеология. Пас онҳо аз куҷо ва чигуна ба вуҷуд омадаанд? Онҳо маҳсули офаридаи инсони эътиқодманд мебошанд. Онҳо офарида мешаванд, то ин ки ин навъи инсон худро ба онҳо бубахшад, худро дар гирудори онҳо машғул дорад, воқеияти худро то имкон дорад, фаромӯш созад ва ҳамин тавр, ба осоиши хотир бирасад. Барои инсони эътиқодманд он маънии инсоние, ки бевосита танҳо ба худи ӯ тааллуқ дорад, вуҷуд надорад, ӯ қодир ба ҳадафгузорӣ, маънигузорӣ ва ирода кардан ба хотири фаротар аз ҳақиқати имрӯзаи худ рафтан нест. Аз ҳамин ҷиҳат, бути маросим ва оинҳои хурофотиаслро ҳамчун ҷузъе аз маънавиёт ва фарҳанги худ муаррифӣ мекунад. Мо дар баробари маросимҳо ва расму оинҳои мавҷуда ҳамонгуна рафтор менамудем, ки як инсони бутпараст дар назди худо, ё худ бути худ ва он маросимҳое, ки хоси шеваи парастиши онҳо буд, анҷом медиҳад. Бояд донист, ки ҳанӯз замони инсони эътиқодманд ба анҷом нарасидааст ва чунин навъи инсон наметавонад бидуни бут, хоҷа ва фармонраво зиндагӣ намояд. Аз ин рӯ, чун бутҳои ӯ шикаста мегарданд, ӯ дар пайи офаридани бутҳои нав мегардад. Вуҷуди ин навъи инсон танҳо замоне дорои ҳастӣ мегардад, ки агар буте барои парастиш вуҷуд дошта бошад.
Агар мо каме зиракона таваҷҷуҳ намоем, дар ин ҷо як айният ва шабоҳати азимро миёни ҳақиқати ботинии худамон ва он расму оинҳое, ки хоси ҷомеаи мо буданд, мушоҳида менамоем. Ҳардуи ҳақиқатҳо, яъне ҳам он эътиқод ва имони беморгуна ва ҳам маросимҳои бемаънии хатна, чил, сол, ид ва ғайра, ки дар вуҷуди инсон ва ҷомеа намебоист вуҷуд медоштанд, аммо вуҷуд доранд, ниёз ба зудудан доранд. Ба ҷои онҳо он ҳақиқатҳое бояд зинда гардонида шаванд, ки мебоист вуҷуд дошта бошанд, аммо вуҷуд надоштанд. Бидуни шубҳа, он иқдоми амалие, ки барои танзими расму оин ва маросимҳо роҳандозӣ гардидааст, дар ниҳоят бо шифоёбии навъи инсони эътиқодӣ ва ҷойгузини ӯ гардидани инсони солим ва озод аз биму ҳароси кадом як маросим, бо ирода ва нерӯи офарандагии шахсии худ меанҷомад.
Дар таърихи тамаддуни мо овардани саҳифае, ки инсон ченаки ҳама чизҳо қарор гирифта бошад, бисёр душвор аст. Новобаста аз дастовардҳои сиёсӣ ва иҷтимоии солҳои охир рухдода, то дирӯз ҳамин маросимҳои хурофотасл ченаки зиндагии мо ба ҳисоб мерафтанд. Барои як биниши хурофотӣ маҳаки асосӣ ҳамеша ин садоқат ва эътиқод ба ҳар маънии ғайр ва бегона мебошад, на худи инсон. Аммо барои як ҷомеаи солим маҳаки асосӣ ҳамеша инсон, озодии ӯ ва саодати ӯ ба ҳисоб меравад. Дорои истиқлолияти сиёсӣ будан маънии азбайнравии ингуна маросимҳоро надорад, аммо он шароит фароҳам меоварад, то ин ки ин бутҳо шиносоӣ ва мавриди нобудӣ қарор гиранд. Аз ҳамин ҷиҳат, дар идомаи баҳс мо масъалаи танзимро дар алоқамандӣ бо масъалаи нодири дигар, яъне истиқлолияти сиёсӣ матраҳ мегардонем.
Танзими маросимҳо - ин натиҷаи дорои истиқлолияти сиёсӣ гардидани мо мебошад, аммо моҳиятан боаҳамияттар аз худи истиқлолияти сиёсии мо мебошад. Ҳадафи асосӣ аз бадастоварии истиқлолият ва ё озодӣ - ин раҳо гардидан аз ҳамагуна бандҳо мебошад, ки инсонро чи маънаван ва чи ҷисман ғулом гардонида буданд. Одатан, ҳаракатҳои озодихоҳӣ танҳо қабати ниҳоят болоии омилҳоеро асос қарор медиҳанд, ки хусусияти маъмурӣ ва сиёсӣ доранд, масалан ба хотири раҳоӣ ёфтан аз зулми ягон абарқудрати истеъморгар, системаи зиддиинсонӣ, ё идеология мубориза мебаранд, аммо он бандҳое, ки дар тӯли асрҳо суфта ва маънавӣ гардидаанд ва бо зебогии фиребанда на ҳамчун душман ва омили бадбахтии воқеӣ, балки як бахше аз зиндагии воқеӣ ва як маънии зиндагӣ ва обуранги он гардидаанд, аз қазоватҳо берун мемонанд. Агар таърихи ба истиқлолияти сиёсӣ расидани худро таҳлил намоем, ба хубӣ дармеёбем, ки касе ба ин расму маросимҳо аҳамият надодааст ва баръакс, ҳамчун мероси фарҳанги миллӣ шояд мавриди пуштибонӣ низ қарор гирифта бошанд. Шояд дар рӯзгоре, ки мо ба истиқлолияти сиёсӣ расидем, даст задан ба масъалаҳое чун танзими маросимҳо як кори бемаънӣ ва ғайрисаривақтӣ низ буд. Дар рӯзгоре, ки кӯшишҳо барои ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ мерафтанд, ҳадафи асосӣ “тоҷик ҳамчун миллат” дар назар дошта мешуд ва мебоист он ҳамчун миллат дорои истиқлолият бошад, аммо дар мавриди сиёсати танзим бошад, тоҷик ҳамчун фард ҳадаф қарор гирифтааст ва он бояд ба сифати як фарди иҷтимоӣ ба истиқлолияти маънавӣ расад, ки дар умум ба тағйири сифатӣ дар тоҷик ҳамчун миллат меанҷомад.
Аз ҳамин сабаб, танзими маросимҳо ва расму оинҳо идомаи мантиқии ҳарақати истиқлолхоҳӣ мебошад. Дорои истиқлолияти формалии сиёсӣ, аммо бо инсонҳои сар то по гирифтори бандҳои маънавии ғуломона будан арзиши чашмрасе надорад. Истиқлолияти сиёсӣ замоне арзиш ва зебоӣ дорад, ки онро инсонҳои ба маънии воқеии калима озод, озодандеш, нотарс дар баробари ҳамагуна беадолатиҳои иҷтимоӣ ва новобаста аз банду қайдҳои хурофотӣ ва маънавӣ муаррифӣ намоянд. Дар як вақт бояд донист, ки танзим ин як пирӯзӣ ва анҷоми кор нест, он танҳо як иқдоми аввалини амалӣ мебошад, ки метавон онро ҳамчун даромад ва ё муқаддимае дар роҳи озод сохтани инсон аз банди хурофотҳо ва бедорсозии маънии инсонӣ дар ҷомеа номид.
Аз байн бурдани маросим ва оинҳои хурофотиасл пеш аз ҳама дар муносибат бо воқеияти рӯшанфикр ва донишмандони мо боаҳамият ҳастанд. Ин бутҳо пеш аз ҳама бо афкори озодандешӣ зиддият меварзанд. Вақте ки рӯшанфикр бо чунин бутҳо созиш намудааст, пас ӯ аз асолати рӯшанфикрӣ маҳрум аст.
Дар ин ҷо кӯшиш мекунем маънии танзими маросимҳоро дар баробари воқеияти рӯзмарраи рӯшанфикр ва донишмандон мухтасаран таҳлил намоем. Вобаста ба шеваи андеша, биниш ва мавқеияте, ки нисбат ба худ доранд, инсонҳо ба замонҳои гуногун тааллуқ доранд. Масалан, баъзе инсонҳо ба ояндаҳои дур тааллуқ доранд, баъзеи дигар ба гузаштаҳои дур ва гуруҳи дигаре ба замони худ. Ҷомеаҳо низ дар ҳукми инсонҳо мебошанд, вобаста ба воқеиятҳои мавҷудаи худ ва арзишҳое, ки аз ҷониби аксарият қобили қабул мебошанд, ҷомеаҳо низ ба ояндаҳо ва гузаштаҳо тааллуқ доранд. Зоҳиран мо ҷомеаи худро бо мафҳумҳое чун “дунявӣ”, “модерн” ва мисли инҳо тавсиф менамудем, аммо ин забон ва қонунмандиҳои хоси забон аст, ки ҳамагуна ҳақиқатҳоро хаспӯш ва ҳаргуна дурӯғро ҳамчун ҳақиқат ҷилва медиҳад. Новобаста аз он мафҳумҳои зебое, ки барои муаррифии ҷомеаи худ истифода мебарем, он расму оинҳое, ки вуҷуд доштанд ва он эҳтироме, ки нисбат ба онҳо доштем, ба ҷомеаи мо асолати асримиёнагӣ мебахшид. Дар худ таҷассум намудани мероси солими гузашта албатта айб нест, аммо ҳифз намудани олудагиҳои хурофот ва беморгунагиҳои гузашта ғайри қобили қабул аст. Ҷомеае, ки дар худ баъзе таъсирҳои ҷомеаҳои пешрафтаро касб кардааст ва дар як вақт унсурҳоеро дар худ зинда нигоҳ медорад, ки дорои хусусияти хурофотӣ ва оқибмондагӣ дорад, аз инсонҳое бархӯрдор аст, ки дорои ду шахсият ва ё умуман бешахсият ҳастанд. Расму маросимҳо бо зоҳири бегуноҳона ва ҳатто зебои худ дар як бархӯрди сатҳӣ ва рӯякӣ гӯё вобастаи мо мебошанд, аммо дар ҳақиқат мо батамом аз онҳо вобаста будем, ҳар қадар ки имкон доштанд, онҳо инсонҳоро хаста, мутеъ, ғулом ва дар айни ҳол ба онҳо осоиши хотир мебахшиданд. Ин бутҳои ноаён то ба андозае боаҳамият буданд, ки ҳеҷ як пешрафти илмӣ ё сиёсӣ наметавонист аз ҷиҳати арзиш ва эътироф бо онҳо баробарӣ намояд. Масалан, як муҳандис, ки дар ҷомеаи мо зиндагӣ мекунад, дар тамоми ҳаёт агар ягон кашфиёте намекард, ҳеҷ вақт азоби виҷдон намекашид, аммо агар ягон маросими анъанавиро анҷом намедод ва ё дар маросимҳои ҳамдиёрон, ё ҳаммаҳаллаҳо иштирок намекард, ин амал ба як фоҷеа баробар буд ва чунин ҳодисаро ӯ тасаввур карда наметавонист. Ва ё баръакси он, агар як нафар дар ягон соҳаи илм ба тозакориҳои нав муваффақ меагрдид, аммо расму русумҳои мавҷударо нодида мегирифт, боз ҳам ӯ дар назди омма аз ҳеҷ арзише бархӯрдор набуд. Новобаста аз он, ки чунин шахс дар ҷодаи касби худ муваффақ аст, дар ҳаёти оилавӣ низ камбудие надорад, боз кадом як унсури ноаёне бар вуҷуди ӯ фишор меовард, эҳсоси худкамбинӣ ва муттаҳамӣ дар назди чизеро неруманд мегардонид, ки он албатта ҳамон ҳама чиз, ё худ ҳеҷ чиз, яъне “бовариҳо ва интизориҳои умум дар баробари маросим ва расму оинҳои мавҷуда” мебошад.
Зеҳнияти моро маросимҳо ва расму оинҳои хурофотиамон идора ва такурӯ менамуданд ва маҳз онҳо асолатнокии моро муайян мекарданд. Ҳар қадар, ки дар ин маросимҳо худнамоӣ менамудем, ҳамон андоза аз пуштибонии омма ва инсонҳои мазҳабӣ бархӯрдор мегардидем ва воқеан ҳам дар мо ҷасорати пушти по задани ин ҳама хурофотҳо камёфт ва фидоӣ будан дар роҳи илм тасаввурношуданӣ буд. Агар аз ҳақиқат нагузарем, маҳз ба хотири ҳамин маросимҳо буд, ки ҳар як корманди илм, фалсафа, фарҳанг ва ҳар ҷодаи дигар худро дар назди як инсони мазҳабӣ мутеъ меёфт. Ҳамин маросим ва расму оинҳо рӯшанфикри моро гипноз карда буданд ва ба рӯшанфикр талқин менамуданд, ки ҳамагуна пешрафти илм дар баробари онҳо бемаънӣ аст.
Сухани яке аз дӯстон дар мавриди рӯшанфикрони имрӯза дуруст аст, ки мо дар маънии ростини калима “худоихӯрҳо” будем. На ба сифати як инсон, балки ҳатто ба сифати як рӯшанфикр мо дар ҷомеа аз озодии воқеӣ бархӯрдор набудем. Ин расму маросимҳо ҳамон қудратҳои ноаёне буданд, ки душахсиятӣ, дурӯягӣ, худфиребӣ, бешармӣ ва беасолатиро дар вуҷуди рӯшанфикрон парвариш медоданд.
Равоншиносон бар он ақидаанд, ки собиқаи инсонҳо дар фаъолияти илмӣ ва эҷодии донишмандон таъсири бунёдӣ мерасонад. Муваффақ нагардидани баъзе инсонҳо ва ҳатто баъзе миллатҳо дар роҳи азхудкунии илм ва технологияи пешрафта ва ё ҳар шохаи илми дигар низ аз он вобастагӣ дорад, ки чӣ ҳақиқатҳо заминаи ноогоҳи он инсонҳо ва он миллатҳоро ташкил медиҳад, онҳо маҳсули чигуна тарбия ҳастанд.
Эътиқоди кӯркӯрона ба маросимҳо ва расму оинҳо, ки ҳама хурофотӣ ҳастанд ва дар як вақт ба фалсафа ва илм машғул гардидан, боиси бавуҷудоии душахсиятӣ мегардад. Он нафаре, ки мебояд сари ягон парадигмаи математикӣ, ё биологӣ машғул гардад, шояд танҳо 20 ё 40 фоизи захираи зеҳнии худро ба он равона карда тавонад ва боқимондаи нерӯи зеҳнии худро ӯ ба он маросим ва расму оинҳои хурофотиасл равона месозад, зеро маҳз онҳо ченаки эътибор ва мақоми ӯ дар маҳалла ва миёни ёру дӯстон ба ҳисоб мераванд.
Манфиати маънавие, ки танзими расму оинҳо меоварад, ғайри қобили муқоиса бо манфиати иқтисодии он мебошад. Ин амалро набояд дар доираи як чорабинии иҷтимоӣ-сиёсӣ маҳдуд намуд. Ҳамаи он маросим ва расму оинҳои акнун азбайнрафта худ аз худ ба вуҷуд омада, дорои шакли муайяне гардида буданд ва як тоифаи муайян аз бутҳои маънавии моро ташкил карда буданд. Амали бутшиканӣ бояд ба як шеваи андеша табдил ёбад ва тадриҷан неруманд гардад ва мо бояд эътироф намоем, ки бутҳои аз онҳо қавитар ва устувортар ҳаёти моро фаро гирифтаанд, ки ниёз ба шикастан доранд. Инҳо бути мазҳаб, бути маҳал, бути ҳизб, бути бузургон ва ҳазору як бути дигар. Инсон вақте тавлид мегардад, аз ҳеҷ як аз ин бутҳо ва ҳазору як таълимоти дигаре, ки бутҳои зикргардида ба вуҷуд овардаанд, вобаста нест ва ҳеҷ рабте бо онҳо надорад, аммо ин бутҳо тавассути таълиму тарбия ва одобомӯзӣ ҳақиқати ҳаётӣ ва инсонии ӯро аз худи ӯ меситоянд ва то имкон доранд, ӯро дар бегонагӣ ва бехабарӣ аз ҳақиқати ӯ нигоҳ медоранд.
Ҳамагуна пешрафт ва дигаргунии воқеӣ маҳз аз шикастани бутҳои маънавӣ ва вуҷудии худамон, озод сохтани маънии инсонӣ аз банди хурофотҳо ва ниҳоят парвариши озодандешӣ оғоз мегардад. Танзими маросим ва расму оинҳо моҳиятан ҳамон иқдоми амалии бутшиканиро мемонад ва ин амал бояд пайгирӣ гардад.

Нуриддин ШАҲОБИДДИНОВ

Хонданд 380

Аз шоҳ то гадо ӯро ҳама мешинохтанд

Окт 02, 2017
Диданд: 617

Эҳсоси ифтихор аз як ҳамватан

Бандаи камтарин баъди ба вуқуъ пайвастани ҳодисаҳои террористии сентябри соли 2001 дар Амрико ва шуруи муборизаи эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ алайҳи даҳшатафканон дар Афғонистон асосан ба хотири инъикоси ин мавзуъ соле ду-се маротиба ҳамчун журналист ба ин кишвари ҳамсоя сафар мекардам. Баъдан аз миёнаҳои соли 2004 то соли 2006 ба ҳайси хабарнигори бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» дар Кобул фаъолият намудам. Тӯли ин муддат бо бархе аз ашхосу афроди шинохтаву маъруфи Афғонистон суҳбату мулоқотҳои сершуморе доштам. Қариб аксарияти мусоҳибони банда, махсусан онҳое, ки калонсол буданд, вақте мефаҳмиданд, ки аз Тоҷикистонам, аз ман суол мекарданд, ки «Оё Савлатшоҳ Мергануфро мешиносед? Зиндагониаш чӣ тур аст? Ҳоло чӣ кор мекунад?». Росташро бигӯям, ман он вақт бо устоди шодравон Савлатшоҳ Мерганов аз наздик шинос набудам. Дар борааш чандон маълумоти кофӣ ҳам надоштам. Вале ному насабашро ҳамчун мутахассиси хуби соҳаи шарқшиносӣ, ки мавзуи Афғонистонро пайгирӣ менамуд, дар расонаҳо мехондам ва аз мутахассисони ин соҳа тавсифашро бисёр мешунидам. Ҳамсуҳбатҳои ман дар Афғонистон чун мефаҳмиданд, ки камина устод Савлатшоҳ Мергановро ҳанӯз аз наздик нашинохтаам, ба таърифу тавсифи ӯ мепардохтанд. Мегуфтанд, ки «ӯ пеш аз ҳама як инсони хуб буд. Мардуми Афғонистон ва адабиёту фарҳанги онро хеле зиёд дӯст медошт. Донандаи хуби забонҳои дарӣ, пашту, русӣ ва тарҷумони бесобиқа буд. Замоне дар Афғонистон ӯро аз шоҳ то гадо ҳама мешинохтанд. Барои мустаҳкам шудани равобити дӯстии байни Афғонистону Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон хидматҳои арзандае кардааст». Хулоса, аз ин суханҳо дар ман эҳсоси ифтихор аз як ҳамватан, ки бо як муҳаббати самимӣ зикри корҳои хайри ӯро дур аз ватанаш дигарон мекарданд, бедор мешуд…

Шонздаҳ соли умр сарфи чӣ шуд?
Бо марҳум Савлатшоҳ Мерганов камина 10 сол муқаддам дар яке аз ҷаласаҳои Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон, ки ҳарду он вақт аъзои ин созмон будем, шинос шудем. Дар суҳбати нахустинам бо ӯ дарк кардам, ки устод Савлатшоҳ на танҳо вазъи кунунии Афғонистонро хеле хуб медонанд, балки таъриху адабиёт ва фарҳанги онро хубтар аз муҳаққиқон, таҳлилгарони дигари тоҷик арзёбӣ мекунанд. Дар ин ҳеҷ ҷои муболиға нест. Баъди шиносоӣ бо зиндагиномаи ӯ эҳсоси тааҷҷубу ҳайрат аз ин донишу ҷаҳонбинии васеи устод дигар дар ман намонд. Охир, устод Савлатшоҳ Мерганов аз ҳама муҳаққиқони дигар, донишмандони дигар дар Афғонистон тӯлонитар, дарозмуддаттар кору фаъолият кардаанд. Шонздаҳ соли умри бобаракати ин инсони шариф дар ин кишвари пурошӯб сипарӣ шудааст. Бори аввал дар замони шоҳӣ - дар давраи сари қудрат будани Муҳаммад Зоҳиршоҳ, солҳои 1967-1972 ба ҳайси сартарҷумони гуруҳи мушовирони шӯравӣ дар назди Вазорати банақшагирии Афғонистон фаъолият кардааст. Баъдан аз соли 1974 то соли 1979 дар мусташорияти иқтисодии Сафорати Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сусиёлистӣ дар Кобул ҳамчун узви шуъбаи иқтисодӣ ва сартарҷумон заҳмат кашидааст. Дафъаи саввум ба Афғонистон соли 1988 меравад ва то соли 1994 дар он ҷо ба сифати мушовири ҳукумати Афғонистон оид ба ҳамкориҳои мустақим байни Афғонистон ва Иттиҳоди шӯравӣ ва баъди фурӯпошии СССР байни ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ва Афғонистон ва инчунин мушовири раҳбари Академияи улуми Афғонистон кор кардааст. Ин шаш сол як давраи хеле пурошӯби Афғонистон буд. Барои намояндагони шӯравӣ, ки он солҳо дар Афғонистон кор мекарданд, ин давра низ давраи хеле душвор буд. Артиши советӣ соли 1989 бояд тибқи шартнома аз Афғонистон беталафот ихроҷ мешуд. Ҳукумати Наҷибуллоҳ, ки Иттиҳоди Шӯравӣ аз он ҳимоят мекард, таҳти фишори нируҳои муҷоҳиддин қарор дошт. Хатари суқути эҳтимолии ин ҳукумат низ вуҷуд дошт. Хулоса, бо нируҳои муҷоҳиддин низ бояд дар тамос мешуданд ва корҳоеро анҷом медоданд, ки зиёну зарари фаъолияти онҳо ба давлати шӯравӣ ва баъди фурӯпошии он ба Русия ва дигар кишварҳои ИДМ, минҷумла Тоҷикистони азизи мо нарасад ва ё камтар бирасад. Дар ин кор Савлатшоҳ Мерганов ҳамеша дар сафи пешоҳангон буд. Зеро ӯ мутахассисе буд, ки ҳарду забони давлатии Афғонистонро хуб медонист. Чунин тарҷумонҳо дар Афғонистон ангуштшумор буданд. Ин гуна мутахассисон бештар аз дигарон шиносу дӯсту рафиқ ва мусаллам аст, ки бештар аз дигарон иттилооту маълумоти муфид медоштанд. Барои ҳамин забондониву инсони хуб буданашон ӯро на танҳо рафиқон дӯст медоштанд, балки душманони ҳукумати вақти Афғонистон ҳам Савлатшоҳ Мергановро мешинохтанд ва эҳтиром мекарданд.

Қиссаи мулоқоти нахустин
Хулоса, ман бо чунин шахсияти нодир аз наздик шинос шудам ва минбаъд талош кардам, ки аз ин шиносоӣ ҳарчи бештар ба манфиати хонандаи хеш истифода намоям. Борҳо бо ӯ суҳбатҳои хеле тӯлониву ҷолиб доштам ва аксари онҳо дар матбуоти даврӣ ва расонаҳои электронӣ ба нашр расиданд. Дар ёдам ҳаст, ки дар суҳбати нахустинамон банда ба он кас гуфтам, ки ҳар мавзуеро, ки дилашон мехоҳад, матраҳ кунанд. Мо дар ҳамон мавзуъ суҳбат хоҳем кард. Ва эшон гуфтанд, ки «ман дар хона рубоби садафкоришудаи шоҳи вақти Афғонистон Абдураҳмонхонро дорам. Мехоҳам қиссаи ба дасти ман чӣ гуна расидани ин рубоби таърихиро нақл кунам». Ва шуруъ карданд ба ҳикоя кардани қиссаи рубоби Абдураҳмонхон. Ин қиссаи танҳо рубоби Абдураҳмонхон набуд. Қиссаи пурфоҷиае буд аз рӯзгори набераи ӯ Сардор Муҳаммад Раҳимхон, шоири шинохтаи Афғонистон, ки бо тахаллуси «Шеван» ашъоре гуфтааст, инсоне, ки аз дасти шоҳони вақти Афғонистон зану фарзандашро дар ватан гузошта, ба шӯравӣ фирор мекунад. Дар Тошканд ба русдухтаре издивоҷ менамояд. Аз ӯ соҳиби духтаре мешавад. Вале гуреза буданаш ба мақомоти дахлдор маълум мегардад ва ӯро ҳабс карда, ба Сибир бадарға менамоянд. Дар табъид ба духтари гурҷие ошиқ мешавад ва саранҷом издивоҷ мекунанд. Духтари гурҷӣ баъди озод шудан аз табъид талош меварзад, ки Сардор Муҳаммад Раҳимхонро низ аз он ҷо озод кунад. Бо кӯмаки ин духтари гурҷӣ ӯ аз табъид озод мешавад ва барои кору зиндагӣ ба назди завҷааш ба Маскав меояд. Бо кӯмаки аллома Бобоҷон Ғафуров Сардор Муҳаммад Раҳимхон дар Маскав дар Институти шарқшиносии Академияи улуми Иттиҳоди Шӯравӣ соҳиби ҷои кор ва хонаву дар мегардад. Ҳатто ашёи хонаашро бо ҳамон рубоби бобоияш бо хоҳиши Бобоҷон Ғафуров кормандони сафорати шӯравӣ аз Кобул барояш меоранд. Дар ҳамин Маскав Савлатшоҳ Мерганов бо Сардор Муҳаммад Раҳимхон риштаи дӯстӣ мебанданд.
То дар қайди ҳаёт будани Сардор Муҳаммад Раҳимхон ҳар боре, ки Савлатшоҳ Мерганов ба Афғонистон сафар мекард, пайғоми ӯро ба духтараш Парвина, ки акнун овозхони маъруфи Афғонистон шуда буд, мебурд ва ҷавобан пайғоми ӯро ба падараш меовард. Он рубоби таърихиро маҳз дар ҳамин давраҳо Сардор Муҳаммад Раҳимхон ба Савлатшоҳ Мерганов ҳадя менамояд.
Воқеан, Парвин борҳо ба Маскав барои дидани падараш омада буд.
Сардор Муҳаммад Раҳимхон соли 1986 дар синни 91-солагӣ дар Маскав вафот мекунад. Ҷасади ӯро завҷаи гурҷиаш Александра ба зодгоҳи худ Тифлис мебарад ва дар он ҷо ба хок месупорад. Тибқи васияташ, писараш Аминҷон Александраро низ дар паҳлуи шавҳараш гӯр мекунанд. Ин қисса аввал дар ҳафтаномаи «Фараж» ва баъдан дар дигар расонаҳо ва ҳатто дар як китоби дастҷамъӣ дар бораи Афғонистон бознашр гардид.

Донишномаи зиндаи рӯзгори Афғонистон
Савлатшоҳ Мерганов аз матбуоти даврӣ хеле хуб бохабар буд. Зеро ӯ баъди анҷоми рисолати хеш дар Афғонистон аз соли 1995 то соли 2004 қариб даҳ сол ба ҳайси таҳиягари барномаҳои адабии радиои «Садои Россия» ба забонҳои дарӣ ва пашту фаъолият кардааст. Яъне аз кори рӯзноманигорӣ огоҳии комиле дошт. Аз ин рӯ, бо у суҳбат оростан чандон кори душворе набуд. Ба назари банда, мусоҳибаҳое, ки бо устод Савлатшоҳ Мерганов дар бораи чанд рухдоди муҳими таърихии Афғонистон, аз ҷумла табаддулоти давлатии Муҳаммад Довуд, инқилоби саври соли 1978, сабабҳои ба Афғонистон ворид шудани Артиши шӯравӣ, аз байн бурдани ҳукумати Ҳафизуллоҳ Амин баргузор намудам ва ба нашр расондам, барои хонандагон хеле муфид буданд. Дар ҳамаи ин мусоҳибаҳо нуктаҳои ҷолибе вуҷуд доштанд, ки қабл аз ин дар матбуоти мо ё бори аввал инъикос мешуданд ва ё дар бораи онҳо аз ин пеш дигарон камтар гуфта буданд.
Савлатшоҳ Мерганов на танҳо тарҷумони бесобиқа буданду масоили сиёсиву иқтисодии Афғонистонро хуб медонистанд, балки донандаи хуби адабиёту фарҳангу мусиқии ин кишвар ба ҳисоб мерафтанд. Бо як ибора агар васфашро бикунем, пас ӯро дар замони дар қайди ҳаёт буданашон метавонистем «Донишномаи зиндаи рӯзгори Афғонистон» ном бибарем. Зеро дар ҳар мавзуе, ки бо ӯ суҳбат барпо мешуд, ҳатман қиссаеро, хотираи ҷолиберо нақл мекарданд. Махсусан ёддоштҳои ӯ дар бораи шуарои машҳури Афғонистон шодравонҳо устод Халилуллоҳи Халилӣ, Зиё Қоризода, Сулаймон Лоиқ, дар бораи овозхонҳои маъруфи ин кишвар устод Сароҳанг, Ҳафизуллоҳ Хаёл, Абдуҷалил Залонд, Абдураҳим Сорбон, хонум Парвин, устод Маҳваш, Аҳмад Зоҳир ва мутриби хеле машҳур - «султони рубоб» Муҳаммад Умар хеле арзишманд буданд. Хотираҳои ӯро дар бораи Муҳаммад Умар, ки дар суҳбат бо бандаи камтарин иброз доштааст, мисол меорам. «Боре яке аз дӯстони ӯзбактабори афғонам маро барои истироҳат ба Пағмон даъват намуд. Гуфт, ки имрӯз дар маҳфили мо танҳо овози рубоб садо хоҳад дод. Ва он ҳам дар иҷрои мутриби машҳури кишварамон «султони рубоб» Муҳаммад Умар… Баъди хӯрдани хӯроки чошт устод рубобашро гирифт ва ба навохтан шуруъ кард. Дар муддати шаш соате, ки ӯ рубоб менавохт, боре ҳам оҳангеро такроран иҷро накард. Ӯ чунон моҳирона рубоб мезад, гумон мекардӣ, ки як оркестар ҳамроҳи ӯ буд. Гӯё дастаи даҳ - понздаҳнафарае оҳанг менавохт. Мо ҳама масту шайдои навозиши ӯ шуда будем. Вақте ӯ рубоб менавохт, сарашро меҷунбонд, чашмонашро гоҳе нипӯш мекарду баъдан боз менамуд, абрӯвонаш болову поин мешуданд ва ҳамаи ин амалҳо гӯё бозгӯи маънии мусиқӣ буданд. Вақте ки навохтани як оҳангро ӯ тамом мекард, дар инсон ҳиссиёте ба вуҷуд меомад, ки маъмулан дар ашхоси сернашуда аз хӯроки лазизе пайдо мешавад, хӯрокашон тамом шудааст. Муҳаммад Умар дар ҳамин муддати шаш соат ҳамагӣ як маротиба барои чанд лаҳза моро тарк гуфт».

Дар хулоса
Устод Савлатшоҳ Мерганов муаллиф як силсила китобҳое ҳастанд, ки ҳамагӣ бо Афғонистон рабт доранд. Боиси ифтихори ман аст, ки устод Савлатшоҳ Мерганов аз ин силсила се китоби таҳиянамудаи хеш, китобҳои «Таърихи ҳузнулмилали Бухоро»-и Сайид Амир Олимхон, вопасин амири Бухоро, (Душанбе, 2006), «Маҷмуаи адабиёти Дарвоз»-и Ғуломмуҳаммад Ҳиҷрати Дарвозӣ (Душанбе, 2008), «Ояндаи ҷаҳонем» (маҷмуаи шеърҳо)-и Дастгири Панҷшерӣ (2011)-ро бо соядаст ба ин бандаи камтарин тақдим намудаанд. Бояд гуфт, ки сарсуханҳои ба ин китобҳо навиштаи устод Савлатшоҳ Мерганов арзиши ин китобҳоро афзун кардаанд.
Дар бораи устод Савлатшоҳ Мерганов ҳарчи қадаре, ки нависем, ба назари ин банда, боз ҳам кам аст. Кору фаъолияти анҷомдодаи устод имрӯз ҳам сазовори таваҷҷуҳи бештаре мебошад. Зеро таҷрибаи кориеро, ки ӯ дар соҳаи дипломатия, тадқиқоти мавзуҳои илмиву фарҳангӣ, дар радиожурналистика ғун карда буданд, ҳатто баъзе аз мутахассисини варзидаи ин соҳаҳо камтар доштанд. Мутаассифона, мо аз ин таҷрибаи бой ба таври бояду шояд истифода накардем.
Савлатшоҳ Мерганов барин шахсиятҳои донишманду пуртаҷриба худ як мактабанд, як донишгоҳанд, ки дар сурати муҳайё кардани шароити дуруст барояшон садҳо нафар метавонанд дар зиндагӣ аз файзу баракати донишу таҷрибаи онҳо комёб шаванд.
Руҳи устоди бузургвор Савлатшоҳ Мерганов шоду хонаи охираташ обод бод!

Султони ҲАМАД

Хонданд 617

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…
  • зодРӮЗ

    Андӯҳи ту, ки хуршедро падруд мегӯяд, ба андозаи ҳасрати як…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.