.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҷомеъа

Ҷавонони “номаълум”

Окт 28, 2017
Диданд: 603

- Занак, агар маро касе суроғ кард, бигӯй, ки дар чойхонаи “Чақ - Чақ” ҳастам.

- Хубу, аммо шумо дигар кор надоред? О, писарамонро дар “Соли ҷавонон” ба ягон ҷо кор намондед, охир! Бечора 5 сол азоб кашида хонду ҳоло бекор,- ғур-ғур намуд ҳамсари Беҳвар.
Аммо ӯ гӯё нафаҳмид, ки аз дар баромаду кулоҳи офтобзадаашро яктарафа намуда, ба самти чойхонаи дӯсдоштааш равон шуд. Дар назди бино бо дӯсти ҳамнафасу “беғамаш” Меҳвар рӯ ба рӯ шуданду ба чойхона даромаданд.
- Пешхизмат, ҳой, пешхизмат, як чойи кабуди талх биёр!,- гӯён, Беҳвар садо баланд кард.
Пешхизмат ба садои Беҳвар аҳамияте надода, аз пайи кори худ рафт. Меҳвар бошад, ба сӯи дӯсташ рӯй оварда, гуфт:
- Ба инҳо бо забони худашон бояд гап зад.
- “Э дхта, карӣ намефаҳмӣ, чойи кабуд биёр гуфтестам, фаҳмидестай мара!?”.
Пешхизмат чойро ба зудӣ назди Меҳвар оварду бахшиш пурсид ва “боз чӣ хизмат кунам?” гуфт. Беҳвар бо як саросемагӣ ба пешхизмат гуфт:
- Бра, ҳоли фарёд мекнамта.
- Хуб, дӯстам, чаро парешонҳолӣ?,- гуфта, Меҳвар пурдсид аз дӯсташ.
Беҳвар гуфт:
- Гӯш кун, ҷӯра, ҳамин сол - “Соли ҷавонон”, о писари ман ҳаст-ку, Булбулхон, 5 сол донишгоҳро хонду ҳозир дар ким-кадом бозор носфурӯшӣ мекунад. Мегум, дар ҳамин “Соли ҷавонон” ягон ҷо кор монамаш.
- Фикри хуб,- гуфта, Меҳвар гапро аз даҳони “бесчётчики” Беҳвар гирифт:
- Хуб, аммо писарат “тағо”, э не, савод дорад? Худат медонӣ, агар “тағосавод” надошта бошӣ, ҳатто аз носфурӯшият мемонӣ.
- Э не, биё мон, имсол “Соли ҷавонон” аст, писари ман дониши хуб дорад. Писарам соҳиби кори сазовор мешавад, мебинӣ ҳолӣ.
- Эҳ, дӯстам Беҳвар, дар мақомоти маҳаллӣ агар худатро кушӣ ҳам, барои писарат кор намеёбӣ, охир, худат як назар кун, раиси фалон ноҳия худаш раис, писараш раиси дастгоҳ, духтараш раиси чим-чӣ бало... Э, боз медонӣ, падарарӯси 75-солаашро оварда боғбон мондааст. Ба қавле, ҳар раис ноҳияашро “захват” карда гирифтагӣ. Ту мегӯӣ, ки ман писарамро кор мемонам... Хобата ба об гӯ, дӯстам!!!
- Меҳвар, охир имсол “Соли ҷавонон” аст, ту сафсатта хонда истодаӣ!
Ногоҳ пешхизмат омад:
- Э, шумо дига ҳичӣ намехрен, фақат чой?
Меҳвар аз пешхизмат пурсид:
- Чӣ доред?
Пешхизмат номгӯи хӯрокҳоро номбар карду илова намуд:
- Нӯшокиҳои спиртӣ ҳам дорем.
- Ба мара ясаду панҷота ай сафедуш кати як сих шашлик.
Беҳвар дар навбати худ гуфт:
- Ман наменӯшам, ба ман шашлик биёред мешавад.
Пешхизмат рафт.
- Хуб, ҳозир чӣ гуфта истода будем?
- Дар бораи “Соли ҷавонон” гуфта истода будем.
- Ман як чизро нафаҳмидам: дар кишвари мо аз чандсола то чандсола ҷавонанд?
- Эҳ, Меҳваршоҳ, ҳаминро ҳам намедонӣ?
- Мардак борин гӯям, намедонам, ку, ту бигӯ.
- Аз 18 то 35-соларо ҷавон мегӯянд, фаҳмидӣ?
- Эҳее... о ихелӣ бошад, мо хело ҷавон доштаем-а?
- Чи хел, чи хел, нафаҳмидам?
- Мисол, бештар аз 1 миллион муҳоҷир дорем, ки аз ним зиёдаш ҷавон будаанд-ку! Ҳамин донишҷӯён ҳам ба табақаи ҷавонон медаромада бошанд?
- Э-э, каллаварами Меҳвар, о онҳо аз 18 боло-ку, чи хел ҷавон набошанд-а?
- Ваҳ, инҳо ҳам ҷавон? Пас, ин қадар вазифае, ки дар “Соли ҷавонон” ба “ҷавонон” доданд, инҳо аз кадом табақа?,- гуфта, дар тааҷҷуб монд Меҳвар.
- Ман аз куҷо медонам?!,- гуфта, Беҳвар “ҳой, пешхизмат” гӯён садо баланд кард.
Пешхизмат хӯрокро оварду “иштиҳои таом” гуфту рафт.
- Канӣ, сар кардем, шашликҳои бомазза дорад-да ин чойхонаи “Чақ -Чақ”, бай - бай,- гӯён ба таомхӯрӣ оғоз намуданд Беҳвару Меҳвар.

РЕВАХШ

Хонданд 603

Масса вазн нест!

Окт 21, 2017
Диданд: 564

Омӯзиши фанҳои табииро Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромадҳои худ қайд намуда, таъкид карданд, ки баҳри баҳравар гардидан аз ин фанҳо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем ва кӯшиш намоем, ки мактабиён аз ин илмҳо дониши кофӣ гиранд. 

Лозим ба ёдоварист, ки ба гуруҳи илмҳои табиӣ математика, физика, химия, биология, география, технология дохил мешаванд. Физика илмест, ки табиатро меомӯзонад, баҳрест беканор, ки ҳар қадар мо сайъ намоему дониш гирем ҳам, қатрае аз баҳр мебошад. Дар физика оид ба ҳодисаҳои табиат, қонунҳои он, кашфиётҳои он аз нуқтаи назари илмӣ баҳои ҳаққонӣ дода шуда, касро ба андешаронӣ водор мекунад. Физика ва математика бо ҳам пайваст буда, бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Тавре гуфтаанд, «физика бе математика нобино аст».
Физики итолиёӣ Галилео Галилей гуфтааст: «Табиат бо забони математика гуфтугӯ мекунад». Омӯзиши физика моро ба сайри табиати нотакрор бурда, оид ба ин ё он мафҳум маълумоти саҳеҳ медиҳад. Агар маънои чизеро надонед, маълумот дар бораи онро қабул мекунед ва ба он такя мекунеду истифодааш мебаред. Аз ин ҷост, ки «Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ, То ба охир меравад девор каҷ». Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҳангоми баёни сухан нуктасанҷ бошем, маънии ҳар як суханро дуруст сарфаҳм равем, хусусан мафҳумҳои илмиро, калимаҳоро аз назари илмӣ дуруст шарҳ диҳем, то хатои илмие рух надиҳад.
Дар физика он чизеро, ки чен кардан ё ҳисоб кардан мумкин аст, «бузургии физикӣ» меноманд ва онро бо ягон ҳарфи юнонӣ ё лотинӣ ишора мекунанд. Масалан вақт бо ҳарфи t (те), масофа - s (ес) суръат - v (ве), масса - m (ем), вазн - р (пе) ва ғайра. Ҳангоми гузаштани машғулиятҳо омӯзгорони физика ба мактабиён чунин таълим дода, оид ба фарқияти ҳар як бузургӣ, чен кардан ё ҳисоб кардани он маълумоти дуруст медиҳанд. Аз ҷумла массаро чун миқдори зарраҳои дар ҷисм ҷойдошта ё бузургии физикие, ки инертнокии ҷисмҳоро тавсиф намуда, бо ҳарфи m (ем) ишора карда мешавад ва бо тарозу чен карда мешавад. Яъне он ҷисмеро, ки аз зарраҳои муайян таркиб ёфтааст, дорои масса мебошад ва он ченкуние, ки мо бо тарозу иҷро мекунем, ҷисмҳоро бармекашем, ёфтани массаи ҷисм аст. Масса дар китоби дарсӣ «ҷирм» номида шудаву ҳамаи он зарраҳое, ки аз он ҷисм таркиб ёфтаанду бо тарозу ҳисоб карда мешаванд, дар назар дошта шудаанд. Аммо дар байни омма, матбуоти даврӣ, таълимотҳои синфҳои поёнӣ (китобҳои дарсӣ, аёниятҳои таълимӣ) вазифаи массаро ба вазн бор кардаанд. Яъне масса ва вазнро гӯё як чиз ҳисобидаанд, ки ин хатоест нобахшиданӣ.
Тавре дар боло қайд намудем, «вазн» бузургии физикиест, ки бо ҳарфи р (пе) ишора карда шуда, бо асбоби қуввасанҷ - динамометр чен карда мешавад ё аз рӯи формулаи Р=m.g ҳисоб карда мешавад. Вазни ҷисм - ин қувваест, ки ба такягоҳ ё овеза таъсир мекунад. Мисол, боре, ки шумо ба болои тарозу мегузоред ва миқдори онро тарозу муайян мекунад, вазн набуда, масса мебошад, аммо бори шумо гирифта бо ягон қувва ба такягоҳ таъсир мекунад. Масалан, дар замини мулоим гузорем, он бо қуввае ба замин таъсир карда, из ё пайи худро мегузорад. Ё агар ба рӯи тахтаи дар болои ҷӯй гузошташуда гузорем, тахта каме хам мешавад, ки ин таъсири вазни ҷисм мебошад. Агар ҷисм овезон бошад, танобро меканад.
Дар физика ҳар як бузургии физикиро бо воҳиде чен мекунанд. Яъне бузургиҳои физикӣ воҳид доранд. Масалан воҳидҳои вақт - 1 сония, 1 дақиқа, 1 соат, 1 шабонарӯз, масофа - 1 метр, 1 км, 1 см ва ғайра, масса – 1 кг, 1 сн, 1 m, 1 гр ва ғайра, вазни ҷисм - 1 нютон, 1 килонютон, 1 дина мебошад.
Худ ба хулоса оед, ки чи хел мо воҳиди вазнро кг, тонна, сентнер гӯем ё бо тарозу баркашем? Оё ин хато намешавад? Ин хатои илмӣ мешавад ва хонандаро ба роҳи нодуруст ва таълимоти хато мебарад. Тавре гуфтаанд:
Агар бинӣ, ки нобиною чоҳ аст,
Агар хомӯш биншинӣ, гуноҳ аст.
Омӯзиши физика дар муассисаҳои таълимӣ аз синфи 7 оғоз мегардад. Аллакай хонандагон дар бораи вазн маълумоти хато доранд ва баҳри ислоҳи он омӯзгори физикаро зарур аст, ки хело заҳмат кашад. Ҳатто мактабиён ба маълумотҳои дар зинаҳои поёнӣ гирифтаи худ такя карда, вазнро бо масса якҷо меҳисобанд. Ҳатто китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ ва аёниятҳои хаторо оид ба воҳидҳои вазн ба мо пешкаш менамоянд. Вақти он расидааст, ки мо массаро масса ҳисобему воҳидҳояшро 1 m, 1 сн, 1 кг, 1 грамм номем ва вазнро чун қувваи ба такягоҳ ё овеза таъсиркунанда ҳисобида, воҳидҳояшро 1 нютон, 1 килонютон, 1 дина ҳисоб намоем. Бояд фарқияти байни масса ва вазнро дуруст фаҳмида, ба хонанда таълими дақиқ диҳем.
Аз ин рӯ, лозим аст, мутахассисоне, ки китобҳои дарсиро тартиб медиҳанд ва абабиёти методиро нашр мекунанду ба мактабиён таълим медиҳанд, байни масса ва вазн фарқ гузоранд, ба ҷои бузургии физикии «масса» бузургии тамоман дигар - «вазн»-ро истифода набаранд.
Нағз дар хотир доред, ки:
1. Масса бо ҳарфи «m», вазн бо ҳарфи «р» ишора карда мешаванд.
2. Массаро ҷирм, ё ба гуфти физики англис Нютон, миқдори зарра меноманд. Вазни ҷисм қувваест, ки ба такягоҳ ё овеза таъсир мекунад.
3. Воҳидҳои масса 1 m, 1 сн, 1 кг, 1 грамм буда, воҳидҳои вазн 1 н, 1 кн, 1 дина мебошанд.
4. Массаро бо тарозу чен мекунанду вазнро аз рӯи формулаи Р=m.g ё динамометр.

Ҷамолиддин ҶАЛОЛЗОДА,
омӯзгори фанни физика ва математикаи МТМУ №68-и ноҳияи Рӯдакӣ

Хонданд 564

Истиқболи марг бо табассум

Окт 21, 2017
Диданд: 460

ШАҲИДИ НАХУСТИН

Мулло Аъзам дар рӯзҳои охирини моҳи апрели соли 1992 аз минбар ваъз мегуфт. Ба воситаи баландгӯяк ба намоздорони шаҳраки Туғаланг даъвати ситодро мерасонд.
- Бародарони аҳли ислом! Ба ҳукмронии ҳизби бехудоён рӯзҳои башумор мондааст. Имрӯз ё пагоҳ онҳо аз арсаи сиёсат барканор мешаванд. Боз як зӯри дигар занем, ҳокимият ба дасти худамон мегузарад. Моро лозим аст, ки муборизони роҳи исломро, ки тайи як моҳ дар пойтахт гирдиҳамоӣ доранд, дастгирӣ намоем. Аз ин хотир, ҳамаро бо қасами занталоқ ба майдон даъват менамоям. Касе, ки аз амри ман сар мепечад, кофираш эълон мекунам ва ба ҷазои сангсор маҳкумаш мекунам. Ҳама ба пойтахт, ҳама ба майдон!
- Ба майдон!,- овози мардум дар саҳни масҷид даҳшатнок садо дод ва пиру ҷавон аз дарвоза баромаданӣ шуданд.
- Ба куҷо?,- пеши роҳи онҳоро марди сиёҳҷурдаи резапайкар бо чеҳраи ҷиддӣ ва чашмони оташбор дар назди дари баромад баст ва худаш ҷавоб дод: «Ба майдон!». Шумо ба гапи кӣ гӯш дода истодаед? Сафсатагӯиҳо ва варсоқихониҳои мулло Аъзамро! Ҳамон савдогари ҳаннотро! Оё медонед, ки ӯ дар тӯли умри 40-солааш ба меҳнати ҳалол даст назадааст? Ду маротиба барои дуздии моликияти ҷамъиятӣ ба зиндон афтида буд. Ду сураро дар дорулахлоқ азхуд карда, сари шумоёнро бо шиорҳои ҳангомаҷӯёна пур намуда, як маҳалро бо маҳали дигар муқобил гузошта истодааст.
Мо, коммунистон чӣ гуноҳ кардем? Ман намегӯям, ки мо моҳи беайб набудем. Вале ҳамин мо коммунистон набудем, ки шумоёнро аз куҳу дара ба водӣ муҳоҷир намудем ва ин чӯли биёбон бо дастони заркори шумо ба сарзамини обод табдил ёфт? Мо, коммунистон набудем, ки шумо соҳиби як бурда нони ҳалол гаштед? Имрӯз ин муллои чалласавод мо, коммунистонро наҳ зада, аз номи Худо мардумро ба тафриқа андохта, мехоҳад, ки давлати ором ва кишвари ободро ба мисли Афғонистон оғӯштаи ашку хун намояд. Ба ҳеҷ куҷо намеравед!...
- Чаро маҳтал шудед?,- овози марғуладори мулло мардумро аз ҳолати карахтӣ баровард. Мулло Аъзам одамонро ба ду тараф тела дода, ба пеш баромада, яке аз собиқ роҳбарони ноҳияро дида, якбора оташ гирифт.
- А-а, Ҳомид Бадриддинов! Коммунисти ашаддӣ!,- гуфт ӯ ва дарҳол аз дил гузаронд: «Агар бо ин марди донишманди бо дилу гурда ба баҳс дарояд, ин касофат чанд саҳифаи сиёҳи ҳаёташро варақгардон карда, обрӯяшро дар байни ҳомиёни дин ду пул мекунад. Илоҷи ягона ӯро аз сари роҳ дур андохтан аст». Аз кисаи хилъати кабудаш силоҳро бароварда, дод зад:
- Бо хубӣ мегӯям, ки ба пешаи интихоб кардаи диндорон монеагӣ накун ва ба иҷрои супориши ситод халал нарасон!
- Ман намегузорам, ки ту муллои ҳангомаҷӯ, дузду ҳанноти ҳаромхӯр мардуми гумроҳро ба майдон кашида, зиндагии осудаи одамонро ба мусибат табдил диҳӣ!,- далерона посух гардонд Бадриддинов.
Ибораи «дузду ҳанноти ҳаромхӯр» мулло Аъзамро аз худ бехуд кард ва ӯ худаш надонист, ки чи тавр куланги силоҳро зер кард. Тир ба синаи Ҳомид расид. Мардум аз овози тир тарсида, худро як тараф гирифтанд.
Бадриддинов даст ба рӯи сина гузошта, бо табассум суханони пеш аз маргашро баланду шунаво ба забон овард:
- Ҳой, мардум! Ба гапи ин дунёбехабар гӯш надиҳед! Ӯ шуморо ба сӯи ғаму кулфат мебарад. Аз Ватан маҳрум гардида, дар ғарибӣ хору залил гашта, баъд суханони маро ба ёд меоред. Вале дер мешавад.
Ва ӯ болои хоки роҳ пуштнокӣ афтид.
Мардум аз бари шаҳиди нахустини дар лаб табассум гузашта, симтӯрҳои сарҳадро канда, худро ба оби сарди дарё ҳаво дода, дар соҳили муқобил суханони ҳикматомези нахустин шаҳидро ба хотир оварданд…

ГАҲВОРАЮ ҲИКОЯИ СӮЗОН

Адиб Нур Табаров аз дур дар назди дари бино ҷавонмарди болои аробаи маъюбӣ нишастаро дида, дар тааҷҷуб монд. Наздик омада, ӯро шинохт.
- Давронҷон,- рӯзноманигори варзида бо як дилсӯзии махсус номи шогирдашро ба забон овард.- Ин чӣ ҳолест, ки мебинам?
- Устод,- дар чашмони Даврон ашк ҳалқа зад.- Якбора ба сарам ду фоҷиа фаромад.
- Якеро бо чашмони сарам дида истодаам,- Нур Табаров дасти дӯсташро бо меҳр фишурд.- Мусибати дуюмаш чист?
- Шаҳноза аз қавли додааш рӯй тофт,- овози ҷавон ларзид.- «Ба ман марди маъюб даркор нест» гуфта, ба як хеши дураш ба шавҳар баромад.
- Ана, инаш кулфати вазнин аст.
Дар зери нигоҳҳои тааҷҷубу ҳайратангези зердастонаш сардабир аробаи маъюбиро тела дода, ба дафтари кориаш даровард. Ба котиба чойи сабзи баланд фармуда, дар ин муддат пайваста фикр мекард, ки бо кадом роҳ рӯҳу қалби ҷавонро ором кунонад. Бесабаб Даврон сад чақрим роҳро тай карда, бо чи қадар азобу машаққат аз деҳаи Узуни ноҳияи Колхозобод маҳз ба дидори ӯ омадааст. Котиба чойники чойро оварда, болои миз гузошт. Соҳиби дафтари корӣ ба пиёлаҳо чой рехт ва оқибат сукути вазнину доманадорро шикаст:
- Давронҷон! Дасту бозуят барҷост, танат сиҳат ва руҳат қавист. Ту бояд пеш аз ҳама дар бораи модари пират ғамхорӣ намоӣ…
- Ба чӣ кор машғул шавам?,- ҷавон пеши сухани адибро бо алам бурид.- Ҳунаре аз дастам намеояд.
- Набояд руҳафтодаю дилшикаста шавӣ,- овози адиб нарму тасаллобахш садо дод ва таваккалан гуфт:
- Ақаллан, чӯбтарошӣ мекунӣ. Бозичаҳои кӯдакона месозӣ.
- Не, беҳтараш гаҳвора метарошам,- бо дили пур ҷавоб гардонд Даврон.
- Ва ҳикоянависиро давом медиҳӣ,- илова кард Нур Табаров.- Хиёнати Шаҳноза бояд дар маркази қисса бошад…
- Ҳатман…
Деҳаро гӯё бо ҷорӯб рӯфта бошанд. На овозе мебаромаду на садое ба гӯш мерасид.
- Очаҷон, чӣ кор мекунем?,- Даврон рандаро як тараф гузошт.
- Ба масҷид меравем, ҷони оча,- кампир аробаро тела дод.- Ба фикрам силоҳбадастон ба хонаи Худо кордор намешаванд…
Сарбоз ба дари масҷид наздик шуд. Сараш аз ғояти кайфи мавод ғуввос мезад. Ба назараш ҳама чиз бадвоҳимаю сеҳрангез менамуд. Касе аз қафо фарёд зад:
- Онҳо дар масҷид пинҳон шудаанд ва аз он ҷо ба сарамон борони тирро мерезанд. Чолак, бо гранатаандоз қабри онҳоро бикан!
Таркиши мудҳиш аробаи маъюбиро як тараф ҳаво дод. Пас аз паст шудани чанги хок ва парокандаю хомӯш шудани дуду оташ Чолак шоҳиди манзараи даҳшатнок гардид. Ҷавонмард бо лабҳои пуртабассум сар дар оғӯши модар гузошта, модар рӯй ба меҳроб ҷон дода буданд. Дар рӯи дастони мард пораҳои коғази нимсӯхта чун боли парандагон дар лапиш буданд. Аз гаҳвора дуди борик чун мори печон рӯ ба боло ҳаракат дошт…

СУРУДИ НОТАМОМ

Марди қоматбаланди зебочеҳрае аз бари роҳи калони мошингард, аз тарафи ҷануб ба сӯи шимол бардамона қадам мезад. Сарҳади ноҳияи Қумсангирро гузашта, пой ба сарзамини ноҳияи Колхозобод гузошт. Ӯ ба деҳаи Айнӣ, ба зодгоҳаш бармегашт. Суханони силоҳбадаст ҳанӯз дар гӯшаш садо медоданд: «Ба хонаат баргард ва сурдхониатро давом деҳ!».
Дар деҳаи Айнӣ, хоҷагии пахтакории ба номи Ленин ва ҳатто дар тамоми гӯшаю канори ноҳияи Колхозобод ин ҳофизи хушовоз, Хуҷаев Азизро ҳама бо эҳтиром Хуҷа Азиз ном мебурданд. Ягон тӯю маъракаи мардум бе иштироки ин ҳунарманди мумтоз намегузашт.
Ба хона даромада, ӯ нахуст дуторашро аз мех гирифт ва ба навохтан даромад. Садои мусиқиро шунида, яке аз паси дигар мардуми деҳа ба ҳавлияш даромаданд. Чеҳраҳо ба шукуфтан даромада, лабҳо ба табассум моил гашт…
Як деҳа поён, аниқтараш дар деҳаи Бешариқ Нурмат базм дошт. Ба қавле аз деҳа фирор кардани Азизро бо ҳаммаслаконаш қайд менамуд. Ёру дӯстонашро ба гирди хони пурнозу неъмати ғораткардааш гирд оварда, худнамоӣ дошт:
- Хуҷа Азиз гурехт. Акнун дар тӯю маъракаҳо ман ҳунарнамоӣ мекунам.
Дӯстони ширакайфаш оташи кибру ғурури Нурматро бод медоданд:
- Нурмат, дар ҳақиқат дар гирду атроф ту барин булбули гӯё нест. Биё, Нурматҷон, ба ин муносибат сад грамм ба гулӯ резем.
Ва қадаҳҳо бо ҳам бармехӯрданд, садоҳои таҳсину офарин ба сақф дакка мезад…
Дар кушода шуда, Қорҷов ҳарсасзанон болои сари майнӯшон рост шуд.
- Шумо дар ин ҷо айшу нӯш доред ва бехабар аз он, ки Хуҷа Азиз ба хонааш баргаштааст.
- Наход?!,- хун ба сари Нурмат зад ва ӯ аввалин шуда аз ҷой хест.- Рафтем, йигитҳо, ҷазои ин ҳофизи дайдуро диҳем!
- Рафтем,- дигарон низ қомат боло карданд.
Хуҷа Азиз оҳанг замзама карда, суруд мехонд:
Сад бор бадӣ кардию ҳайфи ту наомад,
Некӣ чӣ бадӣ дошт, ки як бор накардӣ?…
- Ман ҳеҷ гоҳ некӣ намекунам!,- дар пойгаҳи дар қомати пасти Нурмати маст рост шуд ва мили силоҳро ба синаи Хуҷа Азиз гузошта, дӯғ зад:
- Бархез ва пеш даро!
Суруд нотамом монд…
Нисфи шаб моҳи пура дашти болои деҳаи Бешариқро мунаввар мегардонд. Ҳамдеҳагон болои сари Хуҷа Азиз рост шуда, бо сароҳат аз дил гузаронданд: «Табассум ҳам садақа аст ва ӯ дар дами марг ба сӯи душманаш бо табассум нигоҳ кардааст»…

Зариф ҒУЛОМ

Хонданд 460

АЗОБИ НОДОНҲО

Окт 14, 2017
Диданд: 1323

Забон тарҷумони дилҳост, гуфтаанд бузургон. Ин беҳуда нест, зеро аз ҳарфзании нотиқ шунаванда мақсади ӯро мефаҳмад, ба одобу маданият, саводнокияш баҳо медиҳад. Ҳар кас баробари донистани забони модарии худ, боз забонҳои дигарро бояд омӯзад, аз ҷумла, забонҳои русию англисиро. Тавассути забони русӣ мо ба илму адабиёти ҷаҳон роҳ ёфтем, ҳамчунин бо тақозои замон шаҳрвандони мо ба шаҳрҳои Русия мераванд, кору зиндагӣ ва таҳсил менамоянд. Дар фурудгоҳҳои байналхалқӣ ҳаракати тайёраву қатораҳоро бо забони англисӣ эълон менамоянд. Нафари ба ин забон сарфаҳм нарафта, аз тайёра ё қатора қафо мемонад.

Солҳои охир ҳазорҳо нафар ҳамдиёрони мо барои ёфтани шуғл ба Русия мераванд ва он ҷо солҳо кору зиндагӣ мекунанд, сад афсӯс, ки аксари онҳо забони русиро дуруст намефаҳманд, бинобар ин ба душвориҳо вомехӯранд, гирифтори таъқиби полис ва намояндагони мақомотҳои дигар мешаванд.
Суоле ба миён меояд, онҳо чӣ хел солҳои зиёд дар мактабҳои миёна забони русиро омӯхтаанд? Фақат барои ёд гирифтани чанд калима?
Бо сабаби надонистани забони русӣ чор ҷавони тоҷик дар Русия шарманда шуданд ва мувофиқи гуфти худашон роҳи бозгаштро ба Ватан бастанд.
Онҳо чор нафар шарикдарсон баъди хатми мактаби миёна ба Русия рафтанд, бо сабаби наёфтани шуғл муҳоҷир шуданд. Гумон карданд, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ кори хуб ва сердаромад меёбанд ва зиндагиашонро пеш мебаранд, аммо хаёлашон хом баромад, зеро забони русиро дуруст намедонистанд ва ҳар ҷое мерафтанд, аз суҳбати кордеҳ намегузаштанд. Хеле сарсону саргардон гаштанд ва ниҳоят кор ёфтанд. Марде ба онҳо раҳм карда, ба сохтмонаш ҳамчун коргари оддӣ қабул намуд.
Кор вазнин буд, бетон мекашонданд, бо занбар маҳлул мебурданд, хишт мефароварданд. Нафаре чанд соат бо онҳо дар бораи риояи техникаи бехатарӣ суҳбат гузаронд, вале он суд набахшид, онҳо муҳандисро намефаҳмиданд. Муҳандис дар охир «саратону равғанатон» гуфта барин ба дафтаре имзои онҳоро гирифту рафт.
Ҳамин тавр, аз субҳ то шом кор мекарданд, баъд ба хобгоҳ омада дам мегирифтанд ва бо корҳои беҳуда шомро шаб менамуданд. Калонсолон борҳо насиҳат карданд, ки вақташонро беҳуда нагузаронанд, китоб хонанд, забони русиро омӯзанд, вале ин гуфтаҳо ба эшон намефорид.
- Ба он зарурат нест, - мегуфт Тоҳир, ки нодониашро намедонист. – Мо умрбод ин ҷо намемонем, як миқдор пул захира карда, ба деҳа меравему ягон шуғл меёбем, ҳоло кайф карда, сайру саёҳат менамоем.
Рӯзу моҳҳо ва сол ҳамин минвол мегузаштанд. Дар зиндагии чор ҷавон чизе тағйир наёфт, ҳамон ҳаммому ҳамон тос гуфта барин рӯзро шаб мекарданд. Андаке пулдор шуданд, як миқдори онро ба волидон фиристоданд.
Он рӯзи тирамоҳ чун ҳарвақта ба кор омаданд. Аъзои бригада бинои баландошёнаро андова мекарданд, Тоҳиру Аҳрор ба онҳо маҳлул мекашонданд. Тоҳир шабона дуруст нахуфта буд, аз ин рӯ, хоболудона сатилҳои пурборро бардошта калавида - калавида, бо зинаи сохтмонӣ ба андовачиён маҳлул мекашонд. Як вақт тахтаи зери пояш фурӯ рафт, сатилҳо аз дастонаш афтоданд ва худ сарозер поён фаромаду дод зад. Аҳрор поён нигарист, вай чӣ тавр ба зинаҳои сохтмон бархӯрдани рафиқи хунолуди сару рӯй кафида ва ниҳоят ба замин расидани Тоҳирро коҳилона назорат намуд ва бо пойҳои ларзони беқувваташ поён давид.
Сохтмончиён поён фаромаданду ҷасади Тоҳирро аз назар гузарониданд, онҳо гумон доштанд, ки ба вай ёрӣ мерасонанд, вале дер шуда буд. Ба сохтмон мошинҳои ёрии таъҷилии тиббӣ ва политсия омаданд…
Баъди муоинаи маҳал Тоҳирро ба мурдахона (морг) бурданд, се ҳамдеҳааш низ бо он мошин рафтанд. Ҳар се дасту по гум карда буданд, чӣ кор карданашонро намедонистанд.
- Ба хешовандонаш хабар додед? – пурсид духтури навбатдор.
- Не, - ҷавоб дод Аҳрор. - Тезтар телефон кунед ва аз пайи гӯручӯб шавед, - маслиҳат дод духтур.
Ташхис анҷом ёфт. Ба ҷавонон нусхаи онро пешкаш карда фаҳмонданд, ки Тоҳир Нозимов аз ошёнаи ҳаштуми сохтмон афтода, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифтааст ва аз зарбаҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст… Ҳамчунин навишта шуда буд, ки вай аз ҳодисаи нохуши ногаҳонӣ вафот кардааст… Фалон узвҳояш ҳангоми ҳодисаи нохуш осеб дида, сабабгори марг шудааст.
- Вам сделать кремацию? – аз мурдахона баромада пурсид марди хилъатпӯше.
- Да, да – ҷавоб доданд ҷавонон.
- Хорошо, тогда подпишите здесь, – коғази дар дасташ бударо ба онҳо дароз кард мард.
Аҳрор сатри ишорат кардаро нахонда имзо гузошт, ҳамроҳонаш ҳам ба вай пайравӣ карданд, мард варақҳоро гирифта «ждите» гуфту ба мурдахона даромада рафт.
Ҷавонон қариб ду соат мардро мунтазир шуданд, дар ин муддат ба хешовандони Тоҳир занг зада, гуфтанд, ки дар мурдахона мебошанд, баъди чанд вақт тобутро гирифта ба фурудгоҳ мебаранду тавассути тайёра гусел менамоянд.
Хешу табори Тоҳир, ҳамдеҳагонаш ҷамъ шуда, ба ҷаноза тайёрӣ диданд. Дар қабристон қабр кофтанд, муллою мурдашӯро хабар карданд, барои аз фурудгоҳ овардани марҳум мошин киро карданд ва ғайра.
Аҳрору рафиқонаш дар роҳрав беш аз ду соат интизори марди хилъатпӯш шуданд. Онҳо гумон доштанд, ки дар мурдахона ҷасадро ба тобут ҷой мекунанд, сарпӯшашро маҳкам менамоянд.
Ниҳоят марди хилъатпӯш баромад. Вай қуттии чӯбин дар дасташ бударо ба рӯйи миз гузошта, арақи сару рӯяшро пок карда гуфт:
- Заберите труп.
Ҳангу манги ҷавонон канд, онҳо чизеро нафаҳмида саволомез ба мард менигаристанд. Мард аз ҳолати онҳо маънӣ гирифта гуфт:
- Это ваш труп после кремации, заберите и отвезите домой.
- Что? – баробар пурсиданд онҳо, - какой кремации?...
Баҳси тарафайн кашол шуд. Онҳо якдигарро намефаҳмиданд, гӯё аз сайёраҳои дигар омада бошанд. Доду войи ҷавононро шунида, чанд коргари муассиса наздашон омаданд. Марди тоссари шикамхамида, ки сардори коргоҳ будааст, даст бардошта, ҳамаро ба хомӯшӣ даъват намуда, муноқишаро ҷамъбаст кард. Вай фаҳмонд, ки мувофиқи дархости онҳо ҷасадро сӯхта хокистарашро дар ин қуттӣ ҷой карданд, хушӣ ба хушӣ онро гирифта раванд, вагарна политсияро даъват менамоянд.
Ҷавонон политсияро шунида аз шаст фаромаданд, зеро борҳо ба дасти онҳо афтода шатта хӯрда буданд. Саросема қуттичаро гирифта берун баромаданд, зеро дигар илоҷ надоштанд, замин сахту осмон баланд гуфтаанд.
Се ҷавон телефони мобилиашонро хомӯш карда, дар кунҷи боғ нишаста, хеле ашк рехтанд. Чунин ноомадеро дар гӯшаи хаёл ҷой надода буданд, дирӯз рафиқашон Тоҳир зинда буд, ҳамроҳ кору истироҳат мекарданд, имрӯз ба ҷойи ӯ қуттии хокистарашро диданд. Онҳо хеле маслиҳат карда, илоҷи воқеаро наёфтанд.
- Лаби дарё меравему қуттиро ба об мепартоем ва ба ягон шаҳри дигар меравем, - маслиҳат дод Аҳрор.
Азбаски бесавод буданду ба қоидаҳои оддии зиндагӣ ақлашон намерасид, ба ҷойи қуттиро бо тайёра ба деҳа фиристодан, роҳи ҳалли масъаларо ин хел аблаҳона ёфтанд. Қуттиро ба дарё партофта, ба хобгоҳ омаданд ва либосҳояшонро гирифта, ба тарафи рост омада, рафтанд.
Пайвандони Тоҳир дар ҳолати ногувор монданд. Онҳо ба ҷаноза тайёр шуданд, одамонро хабар карданд. Вале аз шарикони марҳум ягон хабар нашуниданд, зеро телефони мобилии онҳо хомӯш буд. Дар охир маслиҳат карданд, ки ба Русия, ҷойи зисти Тоҳиру шариконаш ду намоянда фиристанд, зеро фақат он ҷо асли воқеаро фаҳмидан мумкин буд.
Пайвандони Тоҳир ба ҷойи кор, хобгоҳи марҳум, баъд ба мурдахона рафта бо чанд нафар ҳамсуҳбат шуда, асли воқеаро фаҳмиданд, донистанд, ки бо иҷозати рафиқони Тоҳир мурдаро сӯхта, хокистар кардаанд…
Ҳамдеҳагон аз пайи ҷустуҷӯи се гуреза шуданд. Русия кишвари калон аст, вале одам сӯзан нест, ки бе ному нишон шавад, ҳар куҷое наравад, аз худ нишон мемонад. Онҳо ба политсия муроҷиат намуданд ва мақомоти корҳои доҳилӣ аввал се гурезаро дарёб намуда, лату кӯб намуданд, баъд ба ҳамдеҳагонашон супурданд.
- Кӣ ба шумо иҷозат дод, ҷасадро сӯхта хокистар кунед? – дарафтоданд онҳо ба ҳамдеҳагонашон. Дар куҷо шунидед, ки мурдаи мусулмонро сӯхта хокистар кунанд. Магар дар қабристони деҳа хокистари ягон касро ба хок супурдаанд? Аз санг садо буду аз даҳони онҳо овоз намебаромад, ҳарчанд шаттаборон карда бошанд ҳам, забон гардонида наметавонистанд. Фақат ба саволи «хокистарро куҷо партофтед?» базӯр посух доданд: - Ба дарё, - ҷавоб дод Аҳрор. - Рафтем, он дарёро нишон диҳед!...
Вале аз дарё қуттии хокистардорро ёфта мешавад?! Аз ин рӯ, ҳамдеҳагон хеле се аблаҳро заданду ноилоҷ қафо баргаштанд.
Ба деҳа дигар қадам намонед, ки поятонро мешиканем! - вақти рафт таҳдид карданд онҳо.
Ҳамин тавр се ҷавони бесавод нафақат худашон, балки ҳафт пушташонро бадном карда, ба Русия монданд ва роҳи ба зодгоҳашон баргаштанро умрбод аз даст доданд.
- Ана чунин аст қиссаи талхи се ҷавони бесавод, ки мактаби миёнаро хатм карданду чанд калима забони русиро аз худ карда натавонистанд.

Ромиши Фирдавс

Хонданд 1323

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.