.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҷомеъа

Қурутоб + заҳр = қассос?

Дек 16, 2017
Хонданд: 612

 

Суди вилояти Хатлон пас аз чор мурофиаи судӣ ҳукми зани 37-солаи ноҳияи Панҷ Ҳимматова Моҳпора Сайвалишоевнаро содир кард, ки дар марги ду нафар аз наздикони шавҳар ва заҳролудсозии беш аз 30 каси дигар айбдор дониста шудааст.

Адвокати маҳкумшуда Шералӣ Қарахонов дар сӯҳбат бо «Фараж» гуфт, ки ҳукм рӯзи 9-уми ноябр содир гардидааст ва аз болои ҳукм ба Суди Олии Тоҷикистон шикоят бурдаанд.
- Прокурор барои зерҳимояи ман 28 соли маҳбас талаб кард. Судяи парванда Маҳмудзода Зубайдулло ҳукмро 25 сол эълон кард, вале бо дастрасии Қонун «Дар бораи авф»-и соли 2016-ум аз чор як ҳиссаи ҷазо кам карда шуда, дар умум иҷрои ҳукм ба 18 сол расонида шуд,- гуфт адвокат Ш. Қарахонов.
Муфаттиши Прокуратураи вилояти Хатлон Салимзода Восеъ Саид, ки тафтиши ин парвандаро анҷом додааст, дар сӯҳбат бо мо гуфт, ҷинояти куштори ду нафар аъзои оилаи Насриддиновҳо аз деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфиддини ноҳияи Панҷро бо роҳи заҳролудсозӣ келини хонавода Ҳимматова Моҳпора соли 2014-ум бо мақсади аз худ кардани манзили истиқоматӣ анҷом додааст. Салимзода инчунин гуфт, тафтишот муайян кард, ки Ҳимматова Моҳпора Сайвалишоевна, сокини деҳаи Турдишайхи ҷамоати деҳоти “Озодагон”-и ноҳияи Панҷ аз рӯзҳои аввали оиладоршавӣ бо Насриддинов Мирзошои 38-солаи сокини деҳаи Пахтакори ҳамин ноҳия ва наздикони ӯ хусумат пайдо кардааст. Ба гуфтаи муфаттиш, заҳролудсозиро маҳкумшуда пай дар пай, чанд маротиба анҷом додааст.

Сайлонбӣ: Келинашон рашку ҳасад ва хусумат дошт

Сайлонбӣ Хабирова, холаи ҷавонмаргҳо - Мирзохӯҷа ва Мирзошо, ки дар ноҳияи Вахш зиндагӣ мекунад, дар сӯҳбат бо мо келинашон Моҳпораро дар марги шавҳараш Мирзошо низ гунаҳгор медонад.
Ӯ Моҳпора Ҳимматоваро ба сабукпоӣ муттаҳам карда, мегӯяд, ки то рӯзи келин шуда омаданаш ӯ боз се шавҳари дигар карда будааст ва чанд фарзанд низ доштааст.
- То ба хонаи апаам келин шуда омадани Моҳпора оилаашон тинҷу осуда зиндагӣ доштанд ва ягон хел ҷангу ҷанҷолу нофаҳмиҳо миёни бародарон ва хоҳарон вуҷуд надошт. Як оилаи маъмулӣ буд. Сабаби ба ин кор даст задани Моҳпора рашку ҳасад ва хусумати ӯ нисбат ба Мирхӯҷа ва зану фарзандони ӯ буд. Гап сари он аст, ки моҳи феврали соли 2014-ум худораҳматии Мирхӯҷа «дизентерия» шуда, дар беморхонаи инфексионии ноҳия бистарӣ мегардад. Ҳимматова Моҳпора, ки он вақт ба ҳайси фаррош дар беморхона кор мекард, бо ҳар роҳ мехост бо Мирхӯҷа муносибати маҳрамона дуруст кунад, вале Мирхӯҷа рад мекунад. Ӯ мегӯяд, ки оиладор асту се духтарчаи дӯстрӯяк дорад ва як тори мӯйи духтараконашро ба сад Моҳпора баринҳо намедиҳад. Ҳамин тавр, вақте Моҳпора мебинад, ки бо Мирхӯҷа наметавонад муносибат дуруст кунад, ба бародари Мирхӯҷа - Мирзошо, ки бемордорӣ мекард, «мечаспад». Бо Мирзошо, ки аз Русия омада буду он замон зан надошт, бо ҳар роҳ алоқа пайдо мекунаду ду моҳ пас, моҳи апрел ба хонаашон келин шуда меравад. Келини нав дар дил рашку ҳасаду хусумат ба зану кӯдакони Мирхӯҷа ҳисси бадбинӣ зоҳир мекунад,- гуфт оҳ кашида Сайлонбӣ.

Хонаводаи Насриддиновҳо чор маротиба заҳролуд шудаанд

Номбурда ҳамчунин нақл кард, ки то дар қурутоб заҳри ҳашарот илова кардану куштани Мирхӯҷа, келинашон Моҳпора ду маротибаи дигар онро дар шир илова карда, ба кӯдакон ҳам хӯронида будааст, вале хушбахтона, кӯдаконро сари вақт ба беморхона расониданду аз марг пешгирӣ шудааст.
- Маротибаи сеюм 29-уми июни соли 2014, рӯзи дуюми моҳи Рамазон буд, ки заҳрро дар қурутоб илова кард ва он замон чанд нафар заҳролуд гаштанд, вале танҳо Мирхӯҷа фавтид. Маротибаи чорум 7-уми сентябр ба хамири кулча заҳрро илова кард, ки дар ноҳияи Панҷ духтарчаи 2-солаи раҳматии Мирхӯҷа вафот кард ва аз кулчаҳо, ки Мирзошо ба хонаи мо - ноҳияи Вахш овард, бегоҳи 7-уми сентябр 9 нафар дар оилаи мо заҳролуд гашт ва сари вақт ба бемористони шаҳри Қӯрғонтеппа бистарӣ карда шуданду хушбахтона табобат ёфтанд,- мегӯяд Сайлонбӣ Хабирова.

Сайлонбӣ Хабирова: Моҳпора ба Мирзошо занг зада гуфтааст, ки кулчаҳоро партояд
Сайлонбӣ Хабирова, мегӯяд, яке аз заҳролудшудшудагон худи ӯст, ки ду рӯз дар бемористони Қӯрғонтеппа табобат гирифтааст.
- Пас аз ҳодисаи заҳролудшавӣ муфаттиши Прокуратураи ноҳияи Вахш Мирзошоро даъват карда, дар ҳозирии ман мавриди пурсиш қарор дод. Мирзошо ҳамон ҷо гуфта буд, ки барои чӣ дар роҳ ба ноҳия Вахш ду маротиба занаш ба ӯ занг зада, хоҳиш кардааст, ки кулчаҳоро партояд ва аз бозор нон харида барад. Лекин бо вуҷуди ин ҳама айбҳо муфаттиш Нуриддин Қурбонов, ки он замон дар Прокуратураи ноҳияи Панҷ фаъолият дошту феълан ба Прокуратураи вилояти Хатлон гузаштааст, гуфт, шумо ягон шоҳид барои исботи гуноҳи Ҳимматова Моҳпора надоред ва онҳо низ ягон асос барои эълон кардани айб надоранд,- гуфт Хабирова.
Нуриддин Қурбонов, ки соли 2014-ум дар Прокуратураи ноҳия Панҷ тафтишоти ҳолати заҳролудшавии оилаи Насриддиновҳоро аз қурутоб ба зимма дошт, суханҳои Сайлонбӣ Хабироваро рад карда, гуфт, парванда он замон дар Прокуратураи ноҳия оғоз гардида, мавриди баррасӣ қарор дошт: «Баръакс, ҳукме, ки Суди вилояти Хатлон нисбати маҳкумшуда Моҳпора Ҳимматова эълон кард, дар асоси маводҳои ҷамъовардаи муфаттиши парванда дар ноҳияи Панҷ содир карда шудааст». Нуриддин Қурбонов тариқи телефон нахост дар ин маврид сӯҳбати бештар дошта бошад ва гуфт, ки танҳо пас аз дархости расмӣ метавонад сӯҳбат кунад.
Аз рӯи маълумотҳои расида, соли 2014-ум бо моддаи 207-и Кодекси ҷиноятӣ вобаста ба заҳролудшавии оилаи Насриддиновҳо парванда оғоз гардида буд, ки ин модда «Вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ» ном дошта, дар қисми 1-и он барои вайрон кардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ё заҳролудшавии одамон гардидааст, ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо таъйин шудааст. Дар қисми 2-и ин модда бошад, агар ҳамин кирдор аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон шудааст, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад. Номаълум боқӣ мемонад, ки агар ҳукми Суди вилояти Хатлон аз рӯи маводҳои ҷамъовардаи муфаттиши Прокуратураи ноҳияи Панҷ асоснок шуда, содир шуда бошад, чаро ин ҷиноят танҳо пас аз се сол бо дахолати Прокуратураи вилояти Хатлон рӯи об бароварда шуд? Ин суолест, ки аз роҳбарияти вақти Прокуратураи ноҳияи Панҷ ҷавоб тақозо мекунад.

Мирзошои ҷавонмарг зери фишори равонӣ қарор дошт

Ба гуфтаи Сайлонбӣ, пас аз ин муносибати ёру рафиқони Мирзошо бо ӯ дигар мешавад: «Дар ҳар куҷо, ки ӯро бинанд, фишор меоранд, гапҳои ҳархела, ба монанди «занатро саришта карда натавонистӣ, додарат ва духтарчаи бечораашро кушт!», «ҷавоби марги онҳоро дар қиёмат ту медиҳӣ!» мегӯянд. Ҳатто дар ҷамъомаде, ки ӯ пайдо мешуд, ҷӯраҳояш он ҷоро тарк мекарданд, бо ӯ салом намекарданд, хулоса, зери фишори равонӣ қарор дошт».
- Ҷияни бечораам Мирзошо ба ин азобҳои равонӣ тоқат накарда, як бегоҳ дар сари дастурхон дар пеши чашми худам аз ғояти хашму ғазаб бо корди ошхона ба шикамаш зад. Ӯро ба духтур бурдем, духтурон гуфтанд, ки захм чуқур нест, ӯро ҷарроҳӣ карданд, вале субҳи барвақт хабари маргашро оварданд,- холаи Сайлонбӣ бо сӯзу оҳ ва ашки чашмон лаҳзаҳои марги ду ҷигаргӯшаи ҷавонмаргашро ба ёд меорад.
Ҳамчунин, Сайлонбӣ Хидирова гуфт, ки Моҳпора Ҳимматова аз моҳи июни соли 2014, пас аз он, ки ҷиянаш Мирхӯҷа Насриддинов аз қурутоб заҳролуд шуда фавтид, дигар бо шавҳараш набудааст ва дар хонаи падар зиндагӣ мекардааст: «Шаби 23 ба 24-уми сентябр ба шавҳараш Мирзошо паёмак равон мекунад, ки агар ӯро дар қазия гунаҳгор ва зиндонӣ кунанд, ҳатман Мирзошоро низ дар ҳамдастӣ тӯҳмат карда, аз қафояш мебарад».
- Маҳз ҳамин паёмаки Занаш сабаб шуд, ки ӯ дигар тоқат накард ва дар пеши чашми худам корди ошхонагиро гирифта ба шикамаш халонд,-гуфт Хабирова.

Падари Моҳпора: Духтарамро хонаводаи шавҳараш тӯҳмат карданд

Дар ҳамин ҳол, Ҳимматов Сайвалӣ, сокини ҷамоати «Озодагон»-и ноҳияи Панҷ - падари Моҳпора Ҳимматова ҳама иттиҳомотро нисбати духтараш беасос Хонда, мегӯяд, Моҳпораро хонаводаи шавҳараш тӯҳмат кардаанд.
Номбурда дар сӯҳбат бо мо иброз дошт, ки духтараш Моҳпора Ҳимматова қаблан бо бародари шавҳараш - Мирхӯҷа ягон хел муносибат ва хусумату бадбинӣ нисбат ба зану кӯдакони ӯ надошт.
- Ин гапҳо дар ҳаққи духтари ман ҳамааш тӯҳматанд. Ҳодиса моҳи июни соли 2014-ум, ду моҳ пас аз шавҳар кардани Моҳпора рух дода буд. Он замон аз ҷониби прокуратура ва идораи санитарӣ-эпидемиологии ноҳияи Панҷ парванда боз шуда, тафтиш гузарониданд. Пас аз чанд муддати таҳлилу тафтиш муайян шуд, ки орде, ки ин оила аз он истифода кардаанд, кӯҳна шуда, таркибаш вайрон будааст. Инчунин, дар ганҷуре, ки орд ва дигар анвои хӯрдании хонавода нигоҳдорӣ мешудааст, як таҷҳизоти дорӯпошии олуда бо заҳри ҳашароти зараррасон низ будааст. Умуман, мақомоти тафтишотии прокуратураи ноҳия ва идораи санитарӣ-эпидемиологии ноҳия ҳолати санитарии ганҷурро бад арзёбӣ кардаанд ва бо сабаби наёфтани ягон далел бар зидди духтари ман, парвандаро муваққатан боз доштанд. То ҳол он халтаи орд дар Прокуратураи ноҳияи Панҷ нигоҳдорӣ мешавад. Бояд бигӯям, ки он замон Моҳпора низ ҳамроҳ бо аҳли хонавода заҳролуд шуда, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ шуда буд. Ба ин нигоҳ накарда, аҳли оила ҳама айбу гуноҳро ба гардани духтари ман бор карданд,- мегӯяд С. Ҳимматов.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли равон Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти шаҳрванд Ҳимматова Моҳпора Сайвалишоевна, сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бо гумони куштори бародари шавҳараш - Насриддинов Мирхӯҷаи 36-сола, духтарчаи 2-солаи ӯ Насриддинова Таҳмина ва заҳролуд сохтани 30 нафар афроди пайванд ба ин оила дар соли 2014 хабар дода буд.
Дар гузориши муфассали ВКД гуфта мешуд, ки як зани 37-солаи зодаи деҳаи Турдишайхи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлонро ҳамчун гумонбар дар одамкушӣ дастгир кардаанд. Бино ба ин гузориш, ин зан аз рӯзҳои аввали издивоҷаш бо як сокини 38-солаи деҳаи Пахтакори ноҳияи Панҷ нисбат ба шавҳар ва хешу табори шавҳараш хусумат пайдо карда, дар фикри ҷисман нобуд кардани онҳо шудааст.
Ҳамин тавр, “рӯзи 29-уми июни соли 2014, вақте аҳли ин оила дар саҳро машғули кор буданд, ин зан барои онҳо қурутоб тайёр намуда, ба он доруи ҳашароти зараррасон ҳамроҳ кардааст. Баъди истеъмоли қурутоб бародари шавҳараш марди 36-сола, ҳамсари ӯ зани 34-сола, фарзандонашон духтарчаҳои 9-сола, 6-сола, 2-сола, ҷиянҳояш ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Душанбе, марди 38-солаи сокини деҳаи Сафедорон ва марди 36-солаи сокини шаҳраки Панҷ заҳролуд шуда, дар Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ бистарӣ гардидаанд. Дар натиҷа бародари шавҳараш марди 36-сола дар беморхонаи мазкур ба ҳалокат расидааст”.
Вазорати корҳои дохила менависад: «Баъдан, зани гумонбаршуда кирдори ҷинояткоронаи худро давом дода, рӯзи 7-уми сентябри соли 2014 ба хамири нон доруи ҳашароти зараррасонро ҳамроҳ кардааст. Баъди истеъмоли нон ҳамсари бародари шавҳараш зани 34-сола бо фарзандонаш ва хоҳари шавҳараш зани 26-сола заҳролуд шуда, дар Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ бистарӣ гардида, духтарчаи 2-солаи ӯ дар беморхонаи мазкур ба ҳалокат расидааст”.
Худи ҳамон рӯз ин зан барои маъракаи себегоҳаи тағои шавҳараш 20 кулча пухтааст. Албатта, боз ҳам бо ҳамроҳ кардани доруи ҳашарот ба хамири ин кулчаҳо: «Аз истеъмоли кулчаҳо шахсони дар он ҷо ҳузурдошта: зани 38-сола, ҷавондухтари 21-сола, зани 52-сола, ҷавондухтари 23-сола, зани 54-сола, зани 55-сола ва писарбачаи 7-сола заҳролуд шуда, дар Беморхонаи шаҳри Қӯрғонтеппа бистарӣ гардиданд”.
Бино ба гуфтаи адвокати маҳкумшуда, аз болои ҳукми Суди вилояти Хатлон ба Суди Олии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ бурда шудааст, ки рӯзҳои наздик мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт, аммо маълум нест, ки Суди Олии кишвар ба ҳукми Моҳпора Ҳимматова, ки бо айби куштори 2 нафар аз пайвандони шавҳар ва заҳролудсозии 30 нафар аз наздикони оила ба 18 сол маҳкум гардидааст, чӣ тағйироте ворид хоҳад кард.

Шамсулло ФОЗИЛОВ, “ФАРАЖ”

 

Хонданд 612

Аксар вақт аз ҷониби муроҷиаткунандагон ба ташкилотҳои ҷамъиятии ҳомии ҳуқуқ мушоҳида мешавад, ки на ҳама муроҷиаткунандагон нозукиҳои тартиби таҳия, қабул, иҷрои санадҳои ҳуқуқии маъмурӣ, ҳамкории мақомоти маъмуриро намедонанд. Аз ин хотир мо тасмим гирифтем, маълумоти асосӣ дар бораи тартиби дастрасӣ ба иттилоот тибқи расмиёти маъмуриро, дар шакли Инфографика ба хонанда пешниҳод кунем.

 

Хонданд 397

Футбол як намуди сермухлистарини варзиш буда, дар ҷаҳон хеле рушд кардааст. Дар Тоҷикистон низ ин намуди варзиш амал менамояд ва дар байни аҳолии кишвар маҳбубияти зиёд касб намудааст. Дар ин маврид назарпурсие гузаронидем, ки фишурдаи онро пешкаши хонанда менамоем.

Муҳаммадалӣ ОДИЛОВ, донишҷӯи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино:
- Ба фикри ман, то ҳол дар Тоҷикистон футболи касбӣ вуҷуд надорад, зеро клубҳои касбӣ каманд ва бисёре аз футболбозони мо истилоҳоти футболро намедонанд. Ба хотири беҳ намудани футболи тоҷик бояд аз хориҷи кишвар мураббиҳои варзидаро даъват намуда, футболро ба наврасону ҷавонони футболбоз омӯзонем.

Шаҳобиддин СУЛТОНОВ, сокини шаҳри Душанбе:
- Мушкили асосии футболи мо маблағ аст. Агар ба ин намуди варзиш маблағи хуб ҷудо карда шавад, футболи тоҷик дар муддати кӯтоҳ рушд мекунад. Чунки мо футболбозони хуб дорем, аммо шароитҳои хуб надорем.

Соҳибназар ОЛИМОВ, донишҷӯи ДМТ:
- Барои пешрафти футболи тоҷик аввал бояд дар мактабҳои миёна бештар ба ин намуди варзиш аҳамият дода шавад. Ман дар ду мактаби миёнаи ноҳияи худ таҳсил кардам, аммо дар ҳар дуяш ба фанни тарбияи ҷисмонӣ диққат намедоданд. Муаллимоне, ки аз ин фан ба мо дарс мегуфтанд, дар бораи футбол тасаввуроти хеле кам доштанд. Мо чӣ тавре ки мехостем, бозӣ мекардем. Хуб мешуд, ки муаллимони фаъол омода намуда, ба ноҳияҳо фиристонанд.

Насиба НОСИРОВА, донишҷӯи ДСРТ:
- Барои рушди футболи тоҷик дар баробари мардҳо барои занҳо низ бояд шароитҳо муҳайё шаванд. Бахусус падару модарон ба духтарони худ иҷозат диҳанд, то онҳо ин риштаи варзишро интихоб кунанд. Зеро бисёре аз волидон иҷозат намедиҳанд, ки духтарон ба варзиш рӯй оранд.

Ҳомид КАРИМОВ, сокини шаҳри Душанбе:
- Ман як пешниҳод дорам. Барои рушди футболи тоҷик гурӯҳе ташкил намуда, ба тамоми минтақаҳои кишвар барои дарёфти наврасону ҷавонони болаёқат равона бояд кард. Масалан, монанди “Овози тиллоӣ” ва “Бӯстон” - фестивалҳое, ки дар соҳаи фарҳанг ҷавонони боистеъдодро меҷӯянд.

Шафоат САИДОВА, магистранти ДТТ:
- Дар шаҳру ноҳияҳо бояд майдонҳои варзишӣ бештар сохта шаванд. Мусобиқаҳо байни хурсолон гузаронида, беҳтаринҳояшонро интихоб карда, тарбия намудан даркор.

Муҳиддин АЗИЗОВ, ронандаи тоҷик:
- Пеш аз ҳама футболбозон бояд бо маоши хуб таъмин гарданд. Дар ҳама ҳолат ба онҳо ёрӣ расонида шавад. Мураббиёни корозмудаю варзидаро бештар ҷалб кардан лозим аст.

Абдурозиқ АБУНАСРЗОДА,
Фирдавс ХОЛОВ,
Мактаби рӯзноманигории назди МТЖТ

Хонданд 432

ҶОЗИБАИ ХОКИ ЗОДГОҲ

Дек 09, 2017
Хонданд: 330

Дар шаҳр ҳодисаи нохуш ва ғайричашмдошт рух дод. Худ аз худ мӯйсафеди 86 сола Ғафурбобо, ки марди камгапи боодоб, насиҳатгӯи ҷавонон бедарак ғайб зад. Писару духтарон ва набераҳояш ба ҷустуҷӯи вай сар карданд: ба ҳавлии хешу табор ва рафиқонаш рафта, дарак ҷустанду наёфтанд ва рӯзи дуюм ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуданд. Сардори шуъба, подполковник Зоҳидов намояндаи фаврии бахши ҷустуҷӯи ҷиноят, майор Собириро вазифадор намуд, ки Ғафурбоборо ҷустуҷӯ намояд.
Собирӣ бо хешу пайвандони Ғафурбобо вохӯрда, ҳамсуҳбат шуду фаҳмид, ки мӯйсафед пештар ягон маротиба ғайб назадааст, фарзандонашро оғоҳ накарда, ҳеҷ куҷо нарафтааст, на ба касе хусумат дошт, на бадбинӣ.
Рӯзҳо мегузаштанд, вале ҷӯяндагон аз бедаракгашта, нишон намеёфтанд. Майор Собирӣ аз субҳ то шом аз Ғафурбобо нишон меҷуст, вай дар ин муддат хулқу хӯи бедаракшударо омӯхт ва ягон хислати манфӣ наёфт. Рӯз ба рӯз ӯ бештар хавотир мешуд. «Рафту зинда бошад, вай аз худ нишоне зоҳир мекард, ба пайвандонаш занг мезад ё ба хонааш бармегашт»…
- Ба ман аз Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, сардори шуъбаи маъмурию ҳуқуқӣ Субҳиддинов телефон карда, аз рафти ҷустуҷӯи Наимов Ғафур пурсон шуд, - гуфт дар машварати фаврӣ сардор Зоҳидов. - Вай таъкид кард, ки аз рафти ҷустуҷӯ розӣ нест, наход дар шаҳр одам гум шаваду милитсия наёбад, агар рӯзҳои наздик бедаракро пайдо накунем ба ҳамаамон ҷазо медодааст…
Собирӣ медонист, ки ҷияни Ғафур Наимов дар Кумитаи Марказӣ шахси масъул аст ва бо Субҳиддинов рафиқ мебошад. Агар рӯзҳои наздик бедаракро наёбанд, вой бар ҳолашон.
- Майор Собирӣ, ба шумо ду рӯз муҳлат, - машваратро ҷамъбаст намуд подполковник. - Дар ин муддат Наимовро наёбед, ҷазои аввал насиби шумо мешавад.
Майор нисфи рӯз ба чойхонаи «Таги Чинор» омад. Вай хаста буд, вале барои кӯфтагиашро баровардан наомада буд. Мехост бо пирамардон суҳбат карда, барои ҷустуҷӯ дастовезе ёбад. Камодам буд чойхона, маълум мешуд, ки ҳанӯз пирамардон наомадаанд. Вай ба чойхоначӣ чой фармуда, ба кате нишасту ба пиёла чой рехт.
Чанде пас ду пирамард ба чойхона даромаданд. Собирӣ онҳоро мешинохт, боре бо ҳарду вохӯрда, аз хулқу хӯи Ғафурбобо пурсон шуда буд. Майор даст пеши бар карда, салом дод ва онҳоро ба кат таклиф намуд. Пирамардон таклифро қабул карда, наздаш нишастанд. Собирӣ ба пиёлаҳо чой рехта, ба онҳо дароз кард.
Аз Ғафур дарак наёфтед? - як қулт чой нӯшида пурсид пирамарди лоғари камонқомат. - Аҷоиб, куҷо шуда бошад?
- Дар паноҳат нигоҳ дор Парвардигор, - гуфт марди дуюм. Зинда бошад кайҳо меомад, вай одати беҳудагардӣ надошт.
- Одам пир шавад, ба куҷо рафтан мехоҳад? - пурсид Собирӣ. - Дилаш чӣ меҷӯяд?
- Истед майор, суолатон беҳуда нест, пир шавад, волидон, фарзандон, хоҳару додаронашро ёд карда, ба ҷустуҷӯи онҳо меравад…
- Хоки диёраш, зодгоҳаш ҳам вайро мекашад,- гуфт марди дуюм.
- Ғафурамак дар куҷо таваллуд шудааст? - пурсид Собирӣ, ӯ магар дар ҳамин шаҳр ба дунё наомадааст?
- Не, - гуфт камонқомат, вай зодаи Табошар аст, ин ҷо хондан омада, муқимӣ шудааст.
- Он ҷо рафтанаш мумкин? - пурсид Собирӣ.
- Мумкин, - гуфт марди миёнақад. Вале дар зарфи чанд рӯз телефон мекард, ҳолу аҳвол мепурсид. Дилам ғаш мекунад, ба фикрам ягон воқеаи нохуш рӯй додааст. Шумо ба Табошар рафта, аз ӯ нишон ҷӯед, - ба Собирӣ маслиҳат дод камонқомат. Тезтар равед рафиқ майор, худи ҳозир ба роҳ бароед. Боз дар ягон ҷойи беодам афтода намонда бошад…
Собирӣ фаҳмид, ки пирамард беҳуда хавотир нашуд ва бо ҳамсуҳбатонаш хайрухуш карда, аз чойхона баромаду паси чамбараки мошинаш нишаст. Аз дил гузаронд, ки ҳозир ба Табошар меравад, аввал хешу табори Ғафурбоборо меёбад, аз онҳо пурсон мешавад, ки ӯ ба ин маҳал омада буд?
Зебо буд Табошар. Он дар домани қуҳ ҷой гирифтааст ва ба номаш мувофиқ буд, куҳансолон мегӯянд, ки он ба тоба, яъне дег шабоҳат дорад. Кӯчаҳояш ҳамвору мумфарш буданд, биноҳои сангинаш ба хонаҳои Аврупо шабоҳат доштанд. Мегӯянд, ки аксари биноҳои Табошарро бандиҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сохтаанд.
Собирӣ ба шуъбаи корҳои дохилӣ омад ва бо муовини сардори шуъба вохӯрда, мақсадашро гуфт, фаҳмонд, ки Ғафурбоборо меҷӯяд.
- Ман ба шумо нозири минтақа Камоловро роҳбалад таъин мекунам, вай ҷавони ҳушёр аст, маҳалли назоратиашро хуб медонад, ҳамроҳ ба зодгоҳи Ғафурбобо мераведу аз ӯ нишон меҷӯед. Нафари бегона ба шаҳри мо ояд, аз назари сокинон пинҳон намемонад.
Капитан Камолов дар ҳақиқат ҷавони ҳушёр будааст. Вай гуфт, ки Ғафурбобо дар кӯчаи Саноатчиён ҷиян дорад, ҳозир ба хонаи ӯ рафта ҷустуҷӯро оғоз мекунем.
Дари хонаи рақами 46, кӯчаи Саноатчиён маҳкам будааст, ҳамсоязан гуфт, ки соҳиби хона ба осоишгоҳи Сочи рафтааст.
- Кай рафта буданд? - пурсид пиразанро Камолов.
- Даҳ - дувоздаҳ рӯз шуд, - ҷавоб дод ҳамсоязан.
- Ба хонаи ӯ меҳмон наомадааст? - пурсид Камолов. - Шумо ин пирамардро надидед? - сурати Ғафурбоборо ба пиразан нишон дод Камолов.
Пиразан аз кисаи хилъаташ айнакашро гирифта ба хачаки биниаш гузошту бодиққат суратро аз назар гузаронида гуфт:
- Ин сурати Ғафурамак, бобои Абдулло мебошад. Вай дар ҳамин хона таваллуд шуда, ба воя расидааст, футболбози моҳир буд, дар командаи яккачини шаҳр бозӣ мекард, баъд ба маркази вилоят кӯчида рафт…
- Шумо ӯро бори охир кай дида будед? - аз нақли ӯ бетоқат шуда, пурсид капитан.
- Ҳафтаи гузашта, Ғафурамак ин ҷо омада буд, - чашмонашро нимпӯш карда гуфт зан.
- Чӣ хел? Дар куҷо дида будед?
- Вай рӯзи шанбе, қарибии нисфи рӯз омада буд, - гуфт зан. Ман шунидам, ки касе дари Содиқовҳоро мекӯбад, баромада Ғафурамакро дидам, салом - алек кардем, гуфтам, ки писари акояш бо зану бачааш ба истироҳатгоҳ рафтааст, калиди хонаи онҳо дар дасти ман, хоҳад даромада дам гирад, вале ӯ розӣ нашуд.
- Ин хел бошад, ба хонаи мо дароед, ҳамроҳи писарам хӯрок хӯред, - таклиф намудам ман, вале ӯ розӣ нашуда рафт.
- Ба кадом тараф? - суол дод Камолов. - Сӯйи комбинат равон шуд, - ҷавоб дод зан.
Онҳо бо пиразан хайрухӯш карда, сӯйи комбинати маъдани куҳӣ равон шуданд. Афсарон фаҳмиданд, ки Ғафурбобо ин ҷо омада будааст, пас ӯро дар Табошар ҷустан лозим, вале кадом тарафро.
- Аввал аз беморхона сар мекунем, баъд ба комбинат меравем, - маслиҳат дод Камолов.
- Ин ҷо албатта аз ӯ нишон меёбем.
Дар беморхона гуфтанд, ки ин хел бемор ба он ҷо муроҷиат накардааст, дар комбинат ҳам ӯро надидаанд.
- Вай футболбоз будааст, шояд ҷавониашро ёд карда, ба варзишгоҳ рафта бошад? - ақида кард Камолов.
Дар варзишгоҳ доду войи бачаҳо ба фалак мепечид. Онҳо ду тақсим шуда, аз паси тӯб медавиданд, гуруҳе бозиро тамошо мекарданд. Камолов ҷавони дар харак нишастаро наздаш хонда пурсид:
- Ту чаро бозӣ намекунӣ ё мазаат нест?
- Ман бозингари эҳтиётиам, нав баромадам, ҳоло боз медароям.
- Ту ҳар рӯз ин ҷо ҳастӣ? - боз пурсид Камолов.
- Ҳар рӯз баъди дарс меоям, ба наздикӣ мусобиқаи вилоятӣ дорем, ба он тайёрӣ мебинем.
- Ҷойи якумро мегиред?
Мактаби футболи Табошар маълуму машҳур аст. Ин ҷо Краснитский, Стадник, Гесс барин футболбозони номӣ тарбия ёфтаанд ва дар тими яккачини СССР бозӣ кардаанд. Генадий Краснитский дар майдони «Сантос»-и Рио-де-Жанейро ба дарвозаи соҳибони майдон, чемпиони се каратаи ҷаҳон, Бразилия, гол задааст. Эдгар Гесс дар чемпионати ҷаҳон ҳимоятгарону дарвозабонҳои тимҳои машҳурро ба таҳлуқа андохтааст. Станислав Стадник бо зарбаҳои нишонрасаш аз кунҷи майдон ба дарвозаи ҳариф гол мезад… Шумо ҳам анъанаи онҳоро бояд давом диҳед. Фаҳмидӣ? -
- Фаҳмидам,- ҷавоб дод ҷавон.
- Исто, ки ту ин ҷо ягон мӯйсафеди бегонаро надидӣ? - ба чашмони ӯ нигарист Камолов.
- Кадом мӯйсафед? - ҳайрон шуд вай.
- Бозингари собиқ, ана ба сурат нигар.
Ҷавон ба сурат бодиққат нигариста, андаке хаёл кард, баъд ангушт ба чакааш гузошта гуфт:
- Ҳа, ман се - чор рӯз пеш вайро дида будам, хеле бозиро тамошо кард, баъд ба он тараф рафт, - бо ангушт сӯи куҳ ишорат намуд ҷавон.
- Биё, ҳамроҳи мо он тарафро нишон деҳ, хоҳиш намуд Камолов.
Се нафар аз варзишгоҳ баромада, қади новаи об ба тарафи куҳ қадам заданд. Оби тозаи аз куҳ фаромада, чашм мерабуд. Тақрибан ним километр дуртар аз варзишгоҳ даруни нова ҷасади марди дароз хобидаро диданд. Вай рӯйяшро поён карда дароз кашида буд. Дили Собирӣ ҷиғғос зад, вай тахмин намуд, ки ин мурдаи Ғафурбобо аст ва хато накард. Рӯяш варам, пешониаш ғурӣ буд, маълум буд, ки ӯ вақти аз нова гузаштан, афтида сарашро задааст.
Афсарон магасҳои рӯйи мурдаро ронда, ҷасадро аз назар гузарониданд.
- Шумо ин ҷо монед, ман рафта гуруҳи фаврии тафтишотиро меорам, - гуфт Камолов.
Собирию ҷавон монданд. Камолов қад-қади нова поён рафт. Майор гуфтаи пирамарди дар чойхона нишастаро ба ёд оварду худ ба худ гуфт:
- Мӯйсафедро ҷозибаи хоки зодгоҳаш кашидааст.
Дере нагузашта гуруҳи фаврии тафтишотӣ омад ва ташхисгари судию тиббӣ муайян намуд, ки марҳум вақти аз нова гузаштан лағжида афтодаасту ҷароҳат бардоштааст.
Мурдаи ӯро шабона ба хонааш оварданд ва субҳ ба хок супурданд.

Ромиши Фирдавс

Хонданд 330

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.