.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҷомеъа

Оростаи Ниёз яке аз чеҳраҳоест барои бисёриҳо ошно. Дар мавриди ӯ мақолаҳои зиёде нашр шудаву худи ӯ низ муаллифи чанд китобест.


Ороста хеле ҷавон аст, ҳамагӣ 26 сол дорад, аммо ба қавле, аллакай талхиҳои зиндагиро чашидааст. Аввалин вохӯрию суҳбати мо дар муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак (МИ №3/8) ду сол қабл баргузор шуда буд. Он замон ҳам дар лабони Ороста табассум буд, аммо дар чашмонаш андуҳ. Мо тӯлонӣ суҳбат кардем. Ӯ дар бораи лаҳзаҳои хубу бади зиндагиаш то зиндону дар зиндон нақл карду оид ба нақшаҳояш бо мо қисса намуд.
- Давоми 5 соли дар зиндон буданам, албатта рӯзҳои хуб ҳам буданду рӯзҳои сахт низ. Новобаста ба он, ки дар ин муассиса ҳама муносибати хуб доранд, пушти панҷара будан хело дарднок аст. Он қадар дарднок аст, ки бо сухан иброз карда намешавад,- гуфта буд Ороста.
Имрӯз Ороста яке аз духтарони муваффақ аст. Феълан ӯ дар Амрико кору фаъолият мекунад. Чӣ тавр ӯ тавонист баъди «шикастаболӣ» дубора ба по рост хезад, аз ӯ пурсон шудем.
- Ростӣ, дар мавриди зиндон суҳбат кардан намехоҳам, аммо танҳо ҳаминро гуфта метавонам, ки вақте инсон зиндонист, ҳаққи овози худро дар ҷамъият аз даст медиҳад.
Ягона хушбахтии ман дар он буд, ки замони паси панҷаро буданам, аввалин китобам бо номи «Панҷаи нарми шамол» бо дастгирии собиқ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шуд.
Баъди раҳоӣ аз пушти миллаҳои зиндон, чор китоби дигарам бо номҳои «Аз сафари гиристанҳо», «Муҳаббат бозмегардад», «Ман намемирам» ва «Даст бар захми куҳнаам магзор» рӯйи чоп омаданд. Ду китоби охирам дар Амрико нашр шуданд.
Пешгуфторҳои китобҳоямро маъруфтарин нависандаҳо ва шоирон, амсоли Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, Масъуди Сипанд, Раҳматуллоҳ Раҳимӣ ва Дориюш навиштанд, ки боиси сарафрозии банда аст.
- Вақте бори аввал ба озодӣ баромадӣ, баъди ин муддати тӯлонӣ, чӣ эҳсосе туро фаро гирифт?
- Замоне зиндонӣ шудам, ҳеҷ бовар надоштам, ки ба озодӣ мебароям, чун ҳолати руҳафтодагӣ ва ноумедӣ инсонро хеле пахш мекунад. Ҳар замоне дар назди чашмонам як зане дунёро падруд мегуфт, умедам аз озодӣ боз ҳам аз ман дуртар мерафат. Дар ин ҳама мушкилӣ, падарам маро дастгирӣ мекард, ҳар боре ба дидорбиниам меомад, дилбардориам карда мегуфт, ки бояд бо рағми ин ҳама мушкилию ноадолатиҳо устувор бошам.
Эҳсоси тасвирнашавандае маро фаро гирифт, вақте аз дари зиндон озод шудаму аз ҳавои озодӣ нафас кашидам…
- Агар ҷойи пӯшида нест, кӣ ва чӣ тавр роҳи туро ба Амрико кушод?
- Дар зиндагӣ ду чиз барои ҳар як инсон хеле муҳим аст. То замони зиндон шудан, ман дар курсҳои забонӣ (англисӣ ва русӣ) мехондам. Ва ҳатто дар маҳбас ҳам курсҳои омӯзишӣ буданд, аз қабили курсҳои компютерӣ, дӯзандагию пазандагӣ ва машшотӣ (ороишгари мӯй) ва ман ҳамаи ин курсҳоро низ хондам ва ҳатто шаҳодатнома ҳам гирифтам. Яъне дониш яке аз калидҳои асосӣ барои роҳкушоӣ ба сӯйи муваффақият аст.
Дуюм чизи зарур барои расидан ба мақсад - кӯмаки наздикон, агар ҳатто моддӣ ҳам натавонанд, кӯмаки маънавӣ хеле муҳим аст. Дар мисоли ман, бароям падарам кӯмак карданд, ки ба Амрико сафар кунам. Дар ин ҷо дӯстони зиёд пайдо кардам ва имрӯз шукр аз он мекунам, ки як тиҷорати хурд ҳам дорам ва зиндагиамро пеш мебарам.
- То ҷое огоҳам, дар суҳбати қаблиамон гуфта будӣ, ки баъди ба озодӣ баромадан, он донишу малакаеро, ки дар курсҳои омӯзишӣ (дӯзандагӣ, қаннодӣ) дар маҳбас аз худ карда будӣ, барои пешрафти зиндагиат истифода мекунӣ. Ва ҳатто нияти кушодани як коргоҳи дӯзандагӣ ҳам доштӣ. То чӣ андоза нақшаҳоятро амалӣ кардӣ?
- Ман дар Амрико дар як кошонаи хурде бо ҳашт нафар кор мекунам, тарзи корбурди онро ҳам аз муассиса омӯхта будам. Ҳоло банди китобе ҳастам, ки рӯзҳои наздик бо ду хат (кирилӣ ва форсӣ) нашр мешавад.
- Чӣ нақшаҳо дорӣ ва ба дигар духтарони ҷавон, бонувоне, ки ҳамтақдири ту буданд, чӣ гуфтан мехоҳӣ?
- Нақшаҳо хеле зиёданд. Мехоҳам, ки дар Ватан як китобхонаи хурдакаке аз китобҳои худам боз кунам. Ба дигарон таманно дорам, ки ҳеҷ гоҳ даст ба ягон ҷурме назананд, то аз умри худ солҳои беҳтаринашро паси панҷара нагузаронанд.


М. НОЗИМӢ


Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Ҳимояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда дар Тоҷикистон», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии Олмон оид ба рушд ва ҳамкории иқтисодӣ маблағгузорӣ мешавад, ба табъ расидааст. Мундариҷаи маводи мазкур мояи масъулияти муаллиф буда, ифодагари нуқтаи назари маблағгузорон намебошад.

Хонданд 615

Шаҷараи сарватмандӣ

Янв 06, 2018
Хонданд: 341

Ногаҳон назарам ба вожаи “шаҷара” бархӯрду фарҳангро ба даст гирифтам, то бо аслу маънову муҳтаво ва баромади забонии он ошно гардам. Аз шаҷараи растаниҳо сар кардаму баъдан ба шаҷараи одамони бузургу олинасаб ошно гаштам. Хулоса, аз шаҷараҳои моддӣ ба маънавӣ гузаштам. Хело мавзуҳои аҷиб дошт. 

Аз ҳама аҷиб мавзуи “Шаҷараи сарватмандӣ” буд. «Оҳо! Ана инро ҳатман хондан даркор»,- гуфтам дастҳоро каф зада. Кайҳост донистан мехостам, ки асрори бенуқсону бардавом парваридани ин дарахти камёбу серталаб дар чист? Ва чаро он дар боғи ҳама самар намедиҳад?
Хондан даркор, ҳатман хондан даркор! Шояд баъди хондан майнаам хубтар ба кор дарояду имкони парвариши ин нахли нодир дар боғи мо ҳам пайдо шавад...
Хулоса, мавзуъ аз бобҳои зиёд иборат буд, ки ҳар яки онро бодиққат аз назар гузаронидам.

БОБИ 1
Шаҷараи сарватмандиҳои авлодӣ
Агар ба решаву патакрешаҳои ин шаҷара нигоҳ кунем, мебинем, ки ҳанӯз дар зинаҳои аввали инкишоф ба оби он чун ғизо витамини “хасисӣ” илова карда шудааст. Баъдан бо таъсири ин витамин ҳосил хубтар гардида, дар зинаи дуюм барои беҳтар инкишоф ёфтани он шохаҳояшро аз шаҷараҳои аллакай қадафрохта пайванд кардан лозим аст, ки иловаи биологӣ ба ин андаке витамини “лутф” ва андаке “тамаллуқ” мебошад. Дар зинаи сеюм омӯзонидани ин навъи парвариш ба ворисони ҳушёру зирактар лозим меояд, ки он аллакай қомат афрохтану реша давондани “шаҷараи сарватмандии авлодӣ”-ро таъмин менамояд.

БОБИ 2
Шаҷараи сарватмандии дербунёду камҳосил
Дар натиҷаи он, ки соҳибони ин шаҷара андаке дар парвариш коҳилӣ менамоянду саривақт моддаҳои ғизоноки лозимаро ба решааш намерезанд, аз ҳамин хотир, он дер инкишоф меёбаду он қадар ҳосили хуб ҳам намедиҳад. Хайр, ба ҳар ҳол, дар қатори дигар шаҷараҳо мақоме дорад...

БОБИ 3
Шаҷараи сарватмандии тезбунёду серҳосил
Айни ҳол ин навъи шаҷара хело паҳн шудаву зиёд ба чашм мерасад. Лекин парвариши ин ҳам осон ба даст намеояд. Балки парваришгарони онро лозим меояд, ки қоидаҳои зеринро хуб аз худ намоянд, то ҳангоми инкишоф ёфтани он ба хатоӣ роҳ надиҳанд ва аз моддаҳои нолозим истифода нанамоянду ба пӯсиши бармаҳали решаҳои ин нахли нодир рӯ ба рӯ нашаванд.
Қоидаҳои лозима дар аввал:
- Андаке сархамиву гапшунавӣ.
- Бештар дилёбиву чаққонӣ.
- Зиёдтар кордониву “қадрдонӣ”.
Баъдан барои хуб нигоҳ доштани он:
- Андаке ғурур. Маводи содагиву ростӣ тамоман ба кор намеояд. Чунки баъдан ҳар “роҳгузар”-е шохчае аз дарахти бо хуни дил парвардаи шумо шикаста, мевае ба даҳон андохтан мехоҳад.
- Қадре салобату виқор. Бе ин моддаи баландтаъсири “кимиёвӣ” ба муҳити атроф шаҷараи шумо тамоман аз равнақ монданаш мумкин аст.
- Қадре сиёсату шуҷоат. Соҳибони ин шаҷараро лозим меояд, ки ақаллан алови чашми ҳамсару коргарони зердасташонро гирифта тавонанд. Зеро бештари сӯхторҳои бузург дар ин гуна “ҷангалзорҳо” аз ҳамин гуна “оташакҳо” сар мезанад.
Ана, донистани ҳамин қоидаҳо ба шумо имкон фароҳам меорад, ки навъи беҳтарину олии “шаҷараи сарватмандӣ”, яъне шаҷараи сарватмандии тезбунёду серҳосилро дар боғи хеш парваред.
Аҷабо! Ҳамаи ин қоидаҳо осону якеаш мушкил. Охир, ҳар парваришгарро лозим меомадааст, ки моддаҳои асосии барои парвариши шаҷара лозимаро худаш тайёр намояд. Афсӯс, ки банда филологам, кош “биолог” мешудам. Хайр, шояд дар рафти ҳаёт ва таҷрибаи рӯзгор имкони дарёфту ҳосил кардани ин моддаҳо пайдо шаваду ин нахли нодир дар боғи мо ҳам “самар” диҳад.
Хело ҳам мавзуи ҷолиб буд. Дар ҳаётам чунин чизи аҷиб нахонда будам. Лекин дар як чиз ҳайрон шудам. Чаро ин шаҷараро чун дарахте, ки вазнинтарин меваҳоро ба бор меорад, ба китоби рекордҳои «Гиннес» шомил накардаанд? Охир, на ҳар шохаи дарахте имкони бардоштани “меваҳо”-е чун «Лексус», «Хамер», «Лимузин», хонаи се - чорҳуҷрагии этажӣ, ҳавлии дуошёнаи заминӣ ё худ дача, мағозаҳои шахсӣ ва ғайраҳоро дорад. Не, не, ин масъаларо ҳатман дидан даркор. Бояд “шаҷараи сарватмандӣ” ба ин китоби ҷаҳонӣ ворид карда шавад…

ШАҲДНӮШ

Хонданд 341

Орзуи як хонаводаи тоҷик

Янв 06, 2018
Хонданд: 351

Охири соли гузашта вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро як кӯдаки 7-соларо барои истеъдодаш қадрдонӣ кард.

Эмомҳусейн фақат 7 сол дорад, аммо бисёр намуди варзишҳоро иҷро карда метавонад. Ӯ истеъдоди ба як бор иҷро кардани 11 ҳазор болофишорӣ (отжимание)-ро дорад ва ин амалро дар 6 соату 20 дақиқа бидуни ягон танаффус иҷро мекунад. Хонаводаи Эмомҳусейн талош бар он дорад, ки номи фарзандашон дар китоби рекордҳои «Гиннес» сабт шавад. Аммо намедонанд, ки тариқи кадом роҳ ба писарашон кӯмак расонанд.
Охирон нафаре, ки тариқи болофишорӣ ба китоби рекордҳои «Гиннес» ворид шуд, Минор Йошед аз Ҷопон буд, ки бо 10 507 «отжимание» сазовори ин ҷой гардид. Ин ҳолат соли 1980 буд. Аз он вақт то ба имрӯз зиёда аз 37 сол гузашт, аммо ягон нафар пайдо нашуда буд, ки болотар аз ӯ болофишорӣ кунад. Акнун Эмомҳусейн аз ӯ гузашта ва бо 11 ҳазор «отжимание» мехоҳад нафари баъдӣ дар китоби рекордҳои «Гиннес» бошад.
Раҷаб Умаров - падари Эмомҳусейн мегӯяд: «Писарам аз сесолагӣ ба машқ шуруъ карда буд. Вақте худам ҳар пагоҳирӯзӣ ба машқи бадан машғул мешудам, Эмомҳусейн ҳам бо ман машқ мекард. Чун дидам, ки фарзандам ба варзиш бисёр шавқ дорад, худам аз машқ кардан даст кашидам ва талошам он буд, ки ба писарам ҳамаи шароитҳоро муҳайё созам. Дар ҳавлиамон барои ӯ як майдончаи варзишӣ сохтам. Назди худ мақсад гузоштам, ки ҳар коре аз дастам бармеояд, барои Эмомҳусейн анҷом медиҳам, то ӯ тамрин намояд ва дар оянда ба қуллаи баланд расад. Чанд сол пеш дар муҳоҷират қарор доштам. Зиндагии оилаам аз ҳисоби маблоғе, ки аз Русия мефиристодам, пеш мерафт. Вақте ки аз муҳоҷират омадам, Эмомҳусейн се сол дошт. Чун дидам, ки писарам истеъдод дорад, дигар ба муҳоҷират нарафтам».
- Ман тавони онро надорам, ки писарамро ба варзишгоҳ барам, барои ӯ мураббии хуб интихоб намоям. Зеро, ман як ронанда ҳастам ва имконияти онро надорам, ки ҳар субҳ ва шом ӯро ба варзишгоҳ барам. Гарчанде пешниҳодҳо зиёданд. Аз бисёр варзишгоҳҳо занг заданд, ки барои Эмомҳусейнро бея гон маблағ ба тарбияти худ гирифтан розӣ ҳастанд. Вале ман, ки шароит надорам, худам ҳар саҳар ва шом бо ӯ тамрин мекунам. Ҳоло ҳамаи мо орзу дорем, ки номи Эмомҳусейн дар китоби рекордҳои «Гиннес» сабт гардад. Мо намедонем ба кӣ муроҷиат кунем, то кӯмак расонанд. Ҳоло ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ариза додаем. Инчунин, ба раиси шаҳр ҳам муроҷиат кардаем. Вақте 4-сола буд, ҳамон вақт ҳам муроҷиат кардем, лекин ҳеҷ ҷавобе наомад. Мо ҳам дигар аз пайаш нашудем. Ҳозир дидам, ки сазовори китоби рекордҳои «Гиннес» аст, дубора ариза додему ҷавобашро интизорем,- афзуд Р. Умаров.
Аз гуфтаи модари Эмомҳусейн огоҳ шудем, ки вақте ӯ 9-моҳа будааст, дасташ мешиканад ва чун дигар бачаҳо бо даст ҳаракат карда натавониста, бо пой бештар ҳаракат мекардааст.
Шахсоне, ки Эмомҳусейнро мешиносанд, мегӯянд, ин кӯдак истеъдоди худододӣ дорад ва ҳеҷ кас қобилияти онро надорад, ки мисли ӯ дар ҳамаи намуди варзиш моҳир бошад.
Вазири корҳои дохилии Ҷуҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро вақте аз истеъдоди ин варзишгари хурдсол огоҳ шуд, барои дастгирӣ ва руҳбаланд кардан ӯро бо ифтихорнома, медали тилло ва соати дастӣ сарафроз намуд.
Бояд гуфт, ки Эмомҳусейн дар хонаводааш фарзанди нуҳум ва аз ҳама хурд мебошад ва боз бародари дугоник бо номи Эмомҳасан дорад. Ба гуфти падару модараш, Эмомҳасан аз аз Эмомҳусейн фарқ дорад. Ва он гуна шавқе, ки Эмомҳусейн ба варзиш дорад, ӯ надорад.
Ҳамсояҳо мегӯянд, ки Эмомҳусейн як бачаи фавқулодда аст, ҳар пагоҳӣ барвақт ба давидан машғул мешавад ва тақрибан 5-6 км медавад.
Табиби варзишӣ Амирбек Абдулло Чиллаевич ба саволи мо ки «оё ин қадар болофишорӣ метавонад зараре ба саломатии кӯдак расонад?», чунин посух дод: «Мо наметавонем гӯем, ки ин қадар болофишорӣ зарар дорад. Вақте варзишгаронро месанҷем, аввал кори дилашонро мебинем, ки дар ҳолати пеш чи хел кор мекунад ва баъди ягон намуд машқ дар кадом ҳолат қарор мегирад. Аввалан, ин кӯдак бояд ҳатман аз ҷониби табибони варзишӣ муоина карда шавад. Танҳо баъди ин гуфта метавонем, ки зарар мерасонад ё не. Аммо, то ҷое ман огоҳам, ин кӯдак аз сесолагӣ тамрин мекунад, бинобар ин, организмаш мутобиқ шудааст».
Падари Эмомҳусейн мегӯяд, ки «ду сол пеш вақте писарамро аз муоинаи табибони варзишӣ гузарондам, баъди чанде болофишорӣ кори дилашро санҷиданд, бетғйир мондааст».
Худи Эмомҳусейн ба саволи «дар оянда кӣ шудан мехоҳӣ?» посух дод, ки «ман парчамбардори Тоҷикистон мешавам».

Мунира АМИРХОНОВА,
Мактаби рӯзноманигории назди МТЖТ

Хонданд 351

Чанде қабл дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сеюмин вохӯрии минтақавии сатҳи баланд «Муҳоҷират ва сил» баргузор гардид. Дар чорабинӣ масоили ҳалталаби назорати байнимарзии сил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, беҳтар намудани дастрасии муҳоҷирон ба ташхис дар муддати кӯтоҳ ва муолиҷаи босифат баррасӣ шуд.

Барои иштирок дар вохӯрии сатҳи баланд аз кишварҳои гуногун коршиносони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, Эътилофи «Stop TB Partnership», Федератсияи байналхалқии Салиби сурх ва Ҳилоли аҳмар, намояндагони мақомоти тандурустӣ, хадамоти муҳоҷират, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ВАО ҷамъ омаданд.

Мақсади баргузории Вохӯрии сеюми сатҳи баланд муҳокимаи роҳандозии Накшаи амалиёт, муайян намудани накшаи минбаъда оид ба ворид намудани стратегияи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ «Аз байн бурдани сил» мебошад.

Вохурӣ аз ҷониби Вазорати тандурустии Қазоқистон, Лоиҳаи HOPE, Фонди глобалӣ оид ба мубориза бо СПИД, сил ва малярия, USAID дар доираи амалигардонии маҷмӯи нақшаҳо оид ба мубориза бо сил дар ҶҚ дар солҳои 2014-2020 ва барномаи «Чорабиниҳо оид ба назорати байнимарзии сил, шакли мутобиқгаштаи сил ва сил/ВИЧ байни муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҶҚ» гузаронида шуд.

Директори шуъбаи ташкили ёрии тиббии Вазорати тандурустии Қазоқистон Лаура Ахметниязова дар нутқи ифтитоҳии худ дар чорабинӣ иброз дошт, ки маҷмуи нақшаҳо оид ба мубориза бо сил ин ташкили чорабиниҳо оид ба беҳтар кардани хизматрасонии зиддисилӣ ба муҳоҷирон мебошад. «Ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ дар ин  масъала яке аз рукнҳои муҳими маҷмӯи нақшаҳо аст ва ҳамкорӣ дар асоси манфиатҳо ва ҳавасмандии тарафайн ба роҳ монда мешавад. Ба имзо расонидани созишномаҳои дуҷониба барои ҳадафрас будани ҳамкориҳои минтақавӣ оид ба назорати байнисарҳадӣ, ташхис ва муолиҷаи сил аҳамияти муҳим дорад».

«Сил сарҳад надорад, Муҳоҷирон гурӯҳи осебпазири аҳолӣ мебошанд. Барои ҳалли масъала ҳамкории байни кишварҳо ногузир аст» -  иброз дошт Сафири ИМА дар Қазоқистон Ҷорҷ Крол.

Боиси зикр аст, ки солҳои охир баъди ба вуҷуд омадани мушкилот бо масъалаи буду боши муҳоҷирони тоҷик дар Россия ва зиёд гаштани сафи аз марзи ин кишвар хориҷ (депортатсия) шудагон сафи муҳоҷирони тоҷик дар Ҷумҳурии Қазоқистон, ки аз лиҳози иқтисодиёт яке аз пешрафтатарин кишварҳои минтақа мебошад, меафзояд. Дар якчанд вилоятҳои пилотии Қазоқистон тӯли се соли охир аз ҷониби вазорати тандурустии ин кишвар, лоиҳаи НОРЕ ва Фонди глобалӣ барномаи назорати байнимарзӣ, ташхис ва муолиҷаи муҳоҷирон дар Ҷумҳурии Қазоқистон амалӣ мегардад. Тибқи барномаи мазкур дар Қазоқистон ҳам муҳоҷирони дохилӣ ва ҳам муҳоҷирони хориҷӣ бо ташхису муолиҷаи ройгон фаро гирифта мешаванд.

Роҳбари Маркази миллии илмии фтизиопулмонологии Қазоқистон Малик Аденов иброз дошт, ки Созишномаи дуҷониба байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар сатҳи вазорату мақомоти дахлдори кишвар баррасӣ гардида, тасдиқ ёфтааст ва дар ояндаи наздик бояд ба имзо рассад. Баъди имзои созишномаи мазкур кишвари мизбон дар ҳолати ошкор гардидани бемории сил дар муҳоҷири меҳнатӣ ба ӯ ташхис ва табобати ройгонро таъмин менамояд.

Коршиносони вохӯрӣ оид ба бастани ин гуна созишнома бо кишварҳои дигар, хусусан Россия, ки қисми зиёди муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба он ҷо мераванд, гуфтанд, ки масъалаи мазкур дар мадди назар аст. Аммо барои амалигардонии он ҳаматарфа санҷида баромадани паҳлуҳои гуногуни масъала дар сари мизи музокирот зарур аст.

Коршинос аз Намояндагии ТУТ дар Аврупо Андрей Даду натиҷаҳои мубориза бо бемориии силро дар Тоҷикистон мусбат арзёбӣ кард. «Ҳарчанд дар давоми се соли охир дарТоҷикистон шумораи беморони сил ба сари ҳар 100 ҳазор нафар аҳолӣ тағйир наёфтааст, аммо нишондиҳандаҳои 10 соли охир аз пастшавии сатҳи беморӣ дар Тоҷикистон далолат медиҳанд», иброз дошт Андрей Даду. Ба иттилои ӯ, сил дар Тоҷикистон дар шумораи бемориҳое, ки боиси марги аҳолӣ мегардад, дар ҷои шашум меистад.

Муовини сардори Маркази миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемори сил дар Ҷумҳурии тоҷикистон Бобоҷон Шарипов, ки иштирокчии чорабинӣ буд, дар мавзӯи таҷрибаи Тоҷикистон дар назорати сил байни муҳоҷирони меҳнатӣ  ҳарф зада, иброз дошт, ки дар соли 2016 нишондони бемории сил ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ 60,2 – ро ташкил медиҳад, ки аз он тақрибан 17%-ро муҳоҷирони ба ватанбаргашта ташкил медиҳанд. Номбурда зикр кард, ки дар Тоҷикистон барои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил мақомоти гуногун мисли Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила низ ҷалб шудаанд.  Дар шарҳи маърузаи Бобоҷон Шарипов намояндаи Лоиҳаи НОРЕ Александр Трусов иброз дошт, ки Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳо мебошад, ки барои мубориза бо сил усули дастаҷамъонаро истифода бурдааст. Инчунин таҷрибаи Тоҷикистон оид ба ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мубориза бо бемории сил баҳои мусбатро сазовор гардид.

Дар ҷаласаҳои пленарии вохӯрӣ паҳлуҳои гуногуни мавзӯъ, нақшаи чорабиниҳо барои соли оянда баррасӣ гардиданд.  Котиби иҷроияи «Stop TB Partnership» Лучика Дитиу даъват ба миён овард, ки барои аз байн бурдани бемории сил ҳар нафар бояд аз хатари таҳдиди беморӣ ба пайвандону наздикон ва аъзоёни оилааш фикр кунад. «Мақсади мо то соли 2030 аз байн бурдани сил дар ҷаҳон аст. Яъне агар 90 фисади беморон муолиҷа ёбанд, 90 фисади гурӯҳҳои осебпазир барои пешгирӣ фаро гирифта шаванд ва 90 фоизи муолиҷа самарабахш ва бонатиҷа бошад, он гоҳ ба ҳадафи мазкур расидан имконпазир мегардад», - иброз дошт Лучика Дитиу.

Инчунин қайд гардид, ки натиҷаи дилхоҳ дар мубориза бо бемории мазкурро ба воситаи фаъолияти муташаккилона ва якдилонаи сохторҳои гуногун, мақомотҳои тандурустӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ, ҷамъияти шаҳрвандӣ ва васоити ахбори умум ба даст метавон овард.

«Ба хона солим баргардед!»

Чунин ном дошт намоишгоҳи аккосие, ки дар доираи Сеюмин вохӯрии минтақавии сатҳи баланд «Муҳоҷират ва сил: назорати байнисарҳадии сил ва ёрии зиддисилӣ дар Осиёи Марказӣ» дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Аккос Динара Ибраимова қатъи назар аз ҷавонии худ маҳорати баланди касбӣ нишон додаст. Аксҳои ӯ тамошобинро водор мекунад, ки дар бораи солимии муҳоҷирони меҳнатӣ фикр кунад ва муҳим будани масъаларо дарк намояд. 17 аксе, ки дар намоишгоҳ ба маъраз гузошта шудааст, бо забони ҳол аз рӯзгори муҳоҷирон, шароити кор дар сотхмон, тарзи зист ва шароити зиндагии онҳо қисса мекунад. Дар аксҳои ӯ инчунин кормандони соҳаи тандурустӣ ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятиро, ки барои фаро гирифтани муҳоҷирон бо пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории сил, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии онҳо дар бораи ин беморӣ кумак мекунанд, дидан мумкин аст.

«Аксҳо дар минтақаҳои гуногуни Қазоқистон гирифта шудаанд», - гуфт Динара Ибраимова. «Мо бо муҳоҷироне, ки аз дигар кишварҳо омадаанд, вохӯрдем. Онҳо қиссаи худро дар бораи гирифтор шудан ба беморӣ, мушкилиҳои пешомада ва муолиҷаи худ нақл карданд. Ин хеле муассир буд. Ғайр аз ин мавзӯи мазкур махсусиятҳои худро дорад. Муҳоҷирон на ҳама вақт бо одамони ношинос суҳбат мекунанд, фикр мекунанд, ки мо аз мақомоти тафтишотӣ ҳастем. Ҳатто баъди он, ки худро шинос мекунем, хоҳиш мекунанд, ки рӯяшонро дар акс нишон надиҳем ва бо ниқом пӯшонем».

Боиси зикр аст, ки баргузории намоишгоҳи мазкур бори аввал нест. Мақсади асосии баргузории он ҷалби эътибори ҷомеа ба гурӯҳҳои осебпазири бемории сил ва саломатии онҳо мебошад. Нигористон аз ҷониби лоиҳаи «Чорабиниҳо баҳри назорат ва муолиҷаи байнимарзии сил, шакли мутобиқгаштаи сил ва сил ВИЧ байни муҳоҷирони меҳнатӣ», ки аз тарафи Лоиҳаи ҲОУП ва Фонди Глобалӣ амалӣ мегардад, ташкил шудааст.

«Мақсади барномаи мо бартараф намудани монеаҳое ҳастанд, ки дастрасии муҳоҷиронро ба ташхису муолиҷаи бемории сил маҳдуд мегардонанд. Инчунин ҳадафи мо муҳайё намудани имкониятҳо ба муҳоҷирон дар ин ҷода, бунёди механизмҳои самараноки назорат ва муолиҷаи байнисарҳадии сил мебошад», - қайд намуд намояндаи лоиҳаи ХОУП дар Қазоқистон Бахтиёр Бобомуродов.

Таҳмина Убайдуллоева,

рӯзноманигор

Хонданд 324

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.