.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҷомеъа

Мутахассисони Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА хӯроки зудтайёр, чипсиҳои аз картошка тайёршуда, питса, маҳсулоти макаронӣ ва ҳасибҳоро ҳамчун маҳсулоти ғизоии барои саломатӣ бештар хатарнок ном бурдаанд. Аз рӯи натиҷаи таҳқиқот маҳз ҳамин маҳсулот бемориҳои дилу рагҳоро таҳрик медиҳанд. Аммо хатари асосӣ на дар худи маҳсулот, балки намаки дар таркиби ин маҳсулот мавҷудбуда мебошад. Ҳиссаи зиёди намак дар маҳсулоти зикршуда боиси баландшавии фишори хуни раги варид мешавад.

- Имрӯз дар ҳар қадам фурӯши маҳсулоти зудтайёр ба чашм мерасад - мегӯяд номзади илмҳои тиб Саидҷон Нодирӣ. - На танҳо дар бозор, балки дар мактабу донишкадаҳо низ гамбургу сендвич, ҳотдог, питса, ролтон ва дигар маҳсулоти камвитамину дорои иловагиҳои ғизоӣ мефурӯшанд. Ин гуна ғизоҳои зудтайёр ба организм зараровар буда, табодули моддаҳоро вайрон, миқдори тестостеронро кам ва иммунитетро заиф намуда, хатари сар задани бемориҳои саратонӣ ва диабети қандро меафзояд. Касоне, ки муддати тӯлонӣ ин гуна ғизоҳоро истеъмол кунанд, дучори авитаминоз (норасоии витаминҳо) мегарданд.
Табибон ғизои сервитамини аз меваю сабзавот тайёршударо барои рушду нумуи организм муфид меҳисобанд. Аммо бештари сокинони мамлакат аз манфиати ғизоҳои табиӣ огоҳӣ надоранд.
- Баъзеҳо ба ҷои хӯрокҳои аз сабзавот омодашуда хӯрокҳои зудтайёр ба монанди картошкабирён ё ролтонро дӯст медоранд, - мегӯяд парҳезшинос Нигина Раҳимова.
- Масалан, баъзеҳо чандон ба каду таваҷҷуҳ надоранд. Ҳол он ки дар каду бетакаротинҳо, калий ва магний хеле фаровон аст. Истеъмоли бардавоми каду бемориҳои дилу рагҳоро пешгирӣ менамояд. Аз сабаби дар таркиби каду зиёд будани ғози набототӣ истеъмоли он организмро аз холестерин, металлҳои вазнин, чарби зиёдатӣ ва дигар моддаҳои зарарнок пок месозад. Касоне, ки истеъмоли ғизои кадугиро дӯст медоранд, аз бадҳазмӣ ва қабзият шикоят намекунанд.
Аз рӯи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ҳар сол ба мамлакат барои гирифтани ҳосили баланд аз хориҷа 200000 тонна нуриҳои минералӣ ворид мешавад. Шояд барои гирифтани ҳосили баланди зироатҳои техникӣ ба нуриҳои минералӣ зарурат бошад, вале барои сабзавоту полезиҳо аз нуриҳои органикӣ истифода бурдан беҳтар аст. Зеро ба замин зиёд андохтани нуриҳои минералӣ боиси дар таркиби сабзавот ва зироатҳои полезӣ ҷамъ шудани нитратҳо мегардад, ки ба организм зарар доранд. Дар баробари порӯи пӯсидаи парандаҳо ва ҳайвонот хазону пасмондаи растаниҳоро низ ҳамчун нурии серғизо истифода бурдан мумкин аст.
- Баъзеҳо хазони дарахтон ва баргу пояи хушкшудаи зироатҳоро месӯзонанд, ки ҳаворо ифлос месозад, - мегӯяд сокини деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор, деҳқони собиқадор Саодат Ҳикоятуллоев.
- Дар гӯшаи ҳавлӣ чуқурчае канда, хазону пасмондаи рустаниҳоро дар он гӯронидан ягон хел хароҷот талаб намекунад. Баъди 7- 8 моҳ компости хушсифат тайёр мешавад, ки аз нурии минералӣ дида муфидтар аст. Ҳам маблағ сарфа мешаваду ҳам ҳосили гирифташуда аз лиҳози экологӣ тозаю бехатар мегардад.
Дар баробари истифодаи барзиёди нуриҳои минералӣ истифодаи заҳрхимикатҳо низ ба сифати ҳосил таъсири манфӣ мерасонад. Ҳол он ки ба ҷои заҳрхимикатҳо бар зидди ҳашароти зараррасон бо усули биологӣ мубориза бурдан мумкин аст.
- Дар табиат ҷонваракони муфиде ҳастанд, ки ҳашароти зараррасонро нобуд мекунанд,- мегӯяд устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, номзади илмҳои кишоварзӣ Икром Тешаев - Масалан, канаи сурхи ҳафтхолдор, тиллочашмак, ҳабрабракон ва дигар ҷонваракон шираву кирми ғӯза барин зараррасонҳоро нест мекунанд. Агар дар ҳар минтақа лабораториҳои биологӣ бунёд карда, ҷонваракони фоиданокро парвариш намоем, ҳоҷати бар зидди зараррасонҳо истифода бурдани заҳрхимикатҳо намемонад. Аз ин ҳам манфиати иқтисодӣ ба даст меояду ҳам муҳит тоза монда, меваю сабзавот хушсифат мешавад.
Яке аз собиқадорони соҳаи кишоварзӣ, собиқ раиси хоҷагии овозадори «Бешкент»- и ноҳияи Шаҳритус Раҳимқул Ҳайдаров ҳанӯз дар даврони шӯравӣ гуфта буд: «Заҳрхимикатҳо дар навбати аввал ба зараррасонҳо не, балки ба одамон таъсири манфӣ мерасонанд. Зеро мо аз ҳавои бо заҳрхимикатҳо олуда нафас мекашем, ҳосили бо заҳрхимикат омехташударо менӯшем».
Ҳанӯз на ҳама кишоварзон аз усули биологии муборизаи зидди зараррасонҳо, истифода бурдани нуриҳои органикӣ ва аз як майдон соле 2-3 ҳосил рӯёнидан огоҳанд. Зеро аксари роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ маълумоти олии кишоварзӣ надоранд. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати заминдории аҳолии кишвар ҳоло дар 12 ноҳияи вилояти Хатлон Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» амал мекунад. Ба гуфтаи мутахассиси кор бо ҷомеаи Лоиҳаи мазкур Санавбар Шерова ин лоиҳа ба деҳқонону боғдорон, алалхусус бонувон кӯмак мекунад, то онҳо сатҳи истеҳсолот ва нигоҳдории сабзавот, меваҷот, донагӣ ва маҳсулоти ширии серғизоро бештар кунанд. Инчунин, Лоиҳа ба корхонаҳои хусусӣ ҷиҳати шуруъ намудан, беҳтар сохтан ва ё тавсеа бахшидани фаъолияти марбут ба коркард, нигоҳдорӣ, интиқол ва бозорёбии меваҷот, сабзавот, хӯроки чорво ва маҳсулоти ширӣ ёрии техникӣ пешниҳод карда, онҳоро маблағгузорӣ менамояд. Пешбинӣ шудааст, ки дар натиҷаи амалишавии лоиҳа 33000 нафар кишоварзон, аз ҷумла 23100 нафар бонувон аз омӯзишҳои кӯтоҳмуддат оид ба усулҳои нави кишоварзӣ бархӯрдор мегарданд.
Ҳадаф аз тарғиби коркарду нигоҳдории дурусти меваю сабзавоту маҳсулоти ширӣ ин ҳифзи солимии аҳолии мамлакат, пешгирии маъюбшавии аъзои ҷомеа ва билохира ҳимояи генофонди миллат аст. Зеро танҳо миллати солим ҷомеаи солим месозад.

С. СУННАТӢ

Хонданд 365

ЛАҚАБ

Фев 24, 2018
Хонданд: 398

Мардуми деҳаи мо, зану мард, шӯхтабиатанд. Ҳамин гуна хислат аст, ки нисфи бошандагонаш - ба ғайри занҳо - лақаб доранд. Лақаб, албатта, беҳуда ба номи кас часпонда намешавад. 

Лақабҳое ҳастанд, ки соҳибонашон аз онҳо ифтихор мекунанд: «Саиди паҳлавон», «Довуди ошпаз», «Алии шикорчӣ», «Содиқи муштзан», «Обиди олуфта» ва ғайра. Лақабҳое, ки аз рӯйи феълу хӯ пайдо мешаванд, таҳмаънӣ доранду бо мазоҳу масхара ва танзу киноя баён мешаванд. Бо риояи «Изои муъмин ҳаром» ин қабил лақабҳо дар ғоиби кас садо медиҳанд.
Ҳикоя мекунанд, ки вақте Ғаюр ном марде аз шаҳр ба ин ҷо кӯчида омад, дар аввалин маъракае, ки иштирок мекард, раиси кумитаи маҳалла аз ӯ маънидорона маслиҳат мепурсад:
- Бародар, дар ин қишлоқ бо исми Ғаюр шумо чорум одамед. Ҳамаи се ҳамноматон лақаб доранд: «Ғаюри Ширингул» - лақабаш бо номи янгаамон; - «Ғаюри шалғам»,- ӯ аз шалғам қимоб аст; табибе барои рафъи варами рӯдаҳои ҳамсари бемораш шалғам мефармояд. Ба ин бечораи дар умраш шӯрбои шалғамӣ нахӯрда дар бозор қасдан турб мефурӯшанд. Аз турб шӯрбо мепазанд. Бемор аз шӯрбои турбӣ як пиёла хӯрам-нахӯрам дилаш тагу рӯ мезанад, ба ҳадде, ки қариб рӯдаҳояш аз даҳанаш биёянд; - «Ғаюри бодиринг»,- дар бозор ӯро мазоҳ карда ба ҷои тухми бодиринг тухми каду додаанд. - Бо розигии худатон ба шумо чӣ гуна лақаб монем?
Марди навомад, ки аз табиати шӯхи инҷоиён аллакай огоҳ буд, дасти рост пеши бар гирифта, мегӯяд:
- Акаҷонҳо, ба ман ягон хел лақаб лозим нест. Ман Проста Ғаюрам.
Аз ҳамон рӯз ӯ «Проста Ғаюр» унвон мегирад.
Одами шаҳрӣ, акнун «Проста Ғаюр», зуд ба табиати ҳамдеҳаҳо даромад. Дигар илоҷ надошт. Охир, шаҳри якчашма рафтӣ, якчашма бош, мегӯянд, ё ки «Хар аз харгала монд, ёлу думаш мерезад». Ӯ ба ягон-ягон одам лақаб мечаспондагӣ шуд. Масалан, ба Шарифи дар даврони шӯравӣ мудири анбори ҷамъияти матлубот «Шарифи ҳайвон» лақаб гузошт, ба он сабаб, ки гови ҳамсояаш тирамоҳ аз зери баргҳои боғи ҳавлӣ дар гулӯяш себи биҳӣ дар мемонад ва Шариф маслиҳат медиҳад, ки ба нӯги дастаи бел латта печонаду чизи дармондаро ба шиками гов тела диҳад. «Дарун, ки рафт, - дилпурӣ медиҳад ӯ, - дар ҳазорхонааш ҳал шуда меравад». Ҳамсояи Шариф аз рӯи маслиҳат амал мекунад. Вале латта аз нӯги дастаи бел кушода шуда, дар гулӯи гов руст мешавад. Ҳайвони то ин вақт дар талвосаи ҷон чашм ало карда, аз почакзанӣ мемонад. Шариф дасту по гум карда, амр медиҳад, ки ҳадаҳа корд биёранд. Ва ӯ каллаи говро аз бадан ҷудо мекунад.
«Проста Ғаюр» аз ин воқеаи дар асл хандаовар огаҳ шуда, ба собиқ мудири анбори ҷамъияти матлубот, ки «Сатанг»-аш мегуфтанд, лақаби нав - «Шарифи ҳайвон» медиҳад.
Лақаби Салим ҳам «маҷбурӣ» ба гардани ӯ бор карда нашудааст. Лақаб, урусӣ карда гӯем, дар протсесси кор пайдо мешавад.
… Салим, мисли «Проста Ғаюр», сокини шаҳр буд. Ҳамсараш, ки бо хушдоманаш, модари Салим, соз наомадааст, хусури Салим ӯро ба қишлоқ кӯчонда овард. Хусури Салим раиси калони як хоҷагии на он қадар хурд аст. Фермаи деҳа қисми калонтарини хоҷагии ӯ ҳисоб мешавад. Хусури Салим мегуфтааст, ки ӯ, яъне домодаш, дар хонаи падар «як одами муфтхӯр» будааст. Ӯ мактаби миёнаро дар бистсолагиаш хатм карда, аз камсаводӣ ҳаваси давом додани таҳсил намекунад, пайи омӯхтани касбе намеравад. Падару модари Салим дар фирмаи хусусии ҳасиббарорӣ яке посбон, дигаре фаррош шуда аз ҳамин ҷо «зиндагиашонро радду бадал» мекардаанд.
Ҳамсари Салим, ба даъвои худаш, «духтари оилаи серу пур», дар хонаи камбизоат, чӣ тавре дар афсонаҳо мегӯянд, умр ба сар бурданро раво надида, ҳар дафъае, ки ба хонаи падари раисаш меомадааст, зуқ-зуқкунон шиква мекардааст, ки дар ин хел хона зиндагӣ карда наметавонад. Чунки хусуру хушдоманаш «мағзи чормағро бо сӯзан кашида мегирифтаанд». Оқибат пеши чашми хушдоман норозигию хонабезорӣ карда, «аз балои гушнагӣ» худро раҳо мекунад.
Салими беихтисосро хусураш дар фермаи говҳои калони шохдору бешох барқчӣ, ба ифодаи маъмул, монтёр мемонад. Агар ҳамон ягона пойгоҳи обкашро, ки дар лаби чашмаи наздик шинонда шудааст, истисно кунем, беҳунартарин подабони ферма метавонад, ба ҳисоб сездаҳ адад фурӯзонаки оғилҳоро, дар сурати аз кор монданашон, алиш кунад. Азбаски домоди раиси хоҷагӣ ягон хел ҳунар надораду подабонӣ барои ӯ «айби калон мешавад», ӯро лоиқи ҳамин вазифа донистааст. Салим аз касби барқчигӣ фақат иваз кардани фурӯзонакро медонисту халос. Аз рӯи таънаи ҳамсараш, ҳини дар шаҳр зистан ҳамин корро ҳам аз бехушӣ бисёр вақт ба модараш мефармудааст.
Салим ҳар рӯз ба ферма омада, дар «Хонаи дамгирии чорводорон» оби чой мемонд, чой дам мекард, баъди «нӯши ҷон» кардани чанд пиёла чой рӯйи кӯрпачаи чиркини беболишт якпаҳлу мезад ва зуд хобаш мебурд. Ҳама мерафтанд. Дар ферма ӯву як подабон мемонд. Тахмин соатҳои як ё якуним ӯро подабон аз хоб бедор мекард, то пойгоҳи обкаширо ба кор дарорад. Ҳавзи обхӯрии чорпоён дар ду соат пур мешуд. Салим аз ин зиёд шуғле надошт.
Рӯзе пойгоҳи обпарто аз кор монд. Ҳамон рӯз раиси хоҷагӣ, хусури Салим, ба ферма омад. Раис Салимро наздаш хонда гуфт: «Аз рӯзи аввали корат нуҳ моҳ гузашт. Боварӣ дорам, ки монтёриро ёд гирифтаӣ - ва таъкид кард: - Дасту остин бар зану насосро ба кор андоз».
Салим «Сар равад, сир наравад» гуфтагӣ барин, даст пеши бар гирифт ва ба ислоҳи пойгоҳи обпарто шуруъ кард.
Ӯ ҳарчанд майна об кард, иллати обкашакро наёфт. Кадом одами беҳунар аз уҳдаи кор баромадааст, ки Салим барояд?
Ҳар вақте сарподабон назди Салим омада, аз соз шудан ё нашудани пойгоҳ пурсон мешуд, ӯ сар боло накарда ҷавоб медод: «Гап дар саломатӣ».
Салим як рӯзашро дар моломол бо ҳамин обпарто гузаронд. Аз чойхӯрии ҳамарӯзаи «Хонаи дамгирии чорводорон» маҳрум гашт. Лекин асбоб соз нашуд. Раиси хоҷагӣ рӯзи дигар усто оварда дастгоҳро ба кор дароварду ба қавле домодашро аз ин ғам халос кард.
Аз ҳамон вақт домоди раис «Салими саломатӣ» лақаб гирифт. Гап сари он ки мардум аз рӯйи ноуҳдабароияш ба ӯ лақаб гузоштанд, бехабар аз он ки занаш, духтари раис, Саломат ном дорад…

Ҷӯрабек МУЪМИН

Хонданд 398

Барои ҳар як нафар касбу кор асоси пешбурди рӯзгор буда, бештар майлу рағбат ва дилбастагӣ ба пеша инсонро дар ҷодаи интихобнамуда устувор нигаҳ медорад. Садбарг Саидова, ки зиёд мехост бо касби барои мардум манфиатбор амали некеро барои ҷомеа анҷом диҳад, курси ронандагиро хондаву ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ шуд. Зеро медонад, ки пешаи интихобнамудааш барои мардум хеле зарур аст.
Аз гуфтаи Садбарг Саидова бармеояд, ки ӯ аз наврасӣ мехост ҷойе таҳсил кардаву соҳиби маълумот бошад. Аммо, баробари оиладор шудану чанд фарзанд ёфтан, ин хаёлро аз сар дур кард. Чун вазъи оилавӣ имкон надод, то ин мақсадашро амалӣ созад. Баъдан, ки шароити зиндагияшон вазнин гардид, ӯ ба қароре омад, то хонда соҳибкасб гардад ва ба ҳайси ронанда бо кор дар нақлиёти ҷамъиятӣ, дақиқан троллейбуси хатсайри №1 тавонист рӯзгори хешро қадри имкон беҳбуд бахшад. Инак, ҳафт сол боз ӯ аз рӯйи касби хеш кору фаъолият дорад. Баробари фаъолияти корӣ ӯ ба ду писараш, ки мебояд минбаъд дар зиндагӣ роҳу равиши худро пайдо намоянд, таълиму тарбия дода, онҳоро барои кори ҷамъиятӣ ва манфиат расонидан ба мардум тарғиб мекард. Ин буд, ки писари калонӣ касби ронандагиро интихоб намуду писари дуюм низ ният дорад касби модарро биомӯзад. Чун талқини модар ҳар замон ба онҳо ҳамин аст, ки касбу кор андӯхта, дар пешбурди ҷамъият андаке бошад ҳам, саҳм гузоранд.
Садбарг Саидова медонад, ки пешаи интихобкардааш бар нафъи мардум ва хеле муфид буда, як «раҳмат, духтарам!» гуфтани пирамард ва ё зани солманде ӯро боз ҳам ба касбу кор дилгарм месозад. Гарчанде, ба изҳораш, ӯ бо ду писар ва келину набераҳояш дар хонаи иҷораи якҳуҷрагӣ, ки аз тарафи коргоҳ барояшон ҷудо гардидааст, зиндагӣ намуда, шароити начандон мувофиқ доранд. Ба қавли мусоҳиби мо, ин як ҳуҷра барои зисти онҳо, ки оилаи чандиннафараанд, номусоид ва хурд аст. Илова бар ин, агар хоҳад, ки писари дуюми худро оиладор намояд, умуман шароити будубош имкон намедиҳад. Бинобар ин, бону Садбарг ба роҳбарияти ҳукумат ва шаҳрдорӣ муроҷат карда, хоҳиш дорад, то дар дарёфти замини наздиҳавлигӣ ва ё хонаи истиқоматӣ барояш ёрмандӣ намоянд. Ӯ итминон дорад, ки роҳбарияти Ҳукумати кишвар нафарони корашон бар нафъи мардумро дастгирӣ менамояд ва ин дархосташ мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад. Садбарг Саидова изҳор медораду дархост дорад:
- Ман ободии кӯчаву хиёбонҳо, роҳу гузаргоҳҳо ва бешу муҷаҳҳаз гаштани нақлиёти ҷамъиятиро дида, хушҳол мешавам, ки кишвари мо, хоса шаҳри Душанбе аз пештар дида, бештар ободу зебо шуда истодааст. Имрӯз раиси шаҳри Душанбе, ки ба ободкорӣ таваҷҷуҳи хоса дода истодаанд, дар пайи тадбирҳои судманди Сарвари давлат барои манфиати мардум сидқан азм дошта, умеди моро афзун мегардонанд.
Меҳрони МАТИН

Хонданд 396

Парвандаи қалбакӣ

Фев 24, 2018
Хонданд: 1006

Собиқ раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон чӣ тавр “говсуд” шуд?

Парвандаи Сайфиддин Назарзода шабоҳатҳое ба “хон”-ҳои Рустаму Исфандиёри “Шоҳнома” дорад. Танҳо фарқ ин аст, ки агар заминаҳои пирӯзии ҳақиқат ва адолати қаҳрамонони устураӣ ба салоҳдиди Фирдавсии бузург буд, мағлубияти собиқ раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистонро на қонунгузорӣ, балки воқеиятҳои талхи низоми адолати судӣ дар Тоҷикистон муайян карданд. Аз ин хотир, бо тамоми ҳақиқате, ки Сайфиддин Назарзода дошт, ҳеҷ ба адолат нарасид...
Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон (МТЖТ) парвандаҳои баҳсангези зиёдеро дидаву таҳқиқ кардааст, аммо он чӣ ҳангоми пайгирии ин парванда ошкор шуд, болотар аз як “кашфиёт” дар низоми адолати судии Тоҷикистон аст. Шояд ягона парвандае бошад, ки ҳеҷ кадом ваҷҳаш асос надорад ва ягон гуноҳаш исбот! МТЖТ ҳуқуқи маънавии гузаштан аз канори онро надошт...

28-уми сентябри соли 2017 Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сайфиддин Назарзода, собиқ мудири Китобхонаи миллиро ба пардохти 12,5 ҳазор (ҳудуди 1,5 ҳазор доллар) ва қудои ӯ - Тоҷиддин Ҳабибуллоев, як собиқадори меҳнатро ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима кард. Ҳарду аз рӯи моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон - риоя накардани қонунгузории танзими анъана ва ҷашну маросимҳо гунаҳкор дониста шуданд. Аммо ҳарду худро айбдор нашумурда, парвандаро “сохта” ва баррасии онро “ғайримунсифона” хонданд. Ба Суди шаҳри Душанбе шикоят бурданд, ки қарорро тағйир надод. Аризаи онҳо ҳоло дар Суди Олии Тоҷикистон баррасӣ мешавад...
Қисса ба соли 2017 бармегардад. 29-уми июл дар тарабхонаи “Сарез”-и шаҳри Душанбе оши никоҳ ва 30-юми июл дар тарабхонаи «Шоира-люкс» базми тӯйи арӯсии писари Назарзода - Фирдавс ва духтари Ҳабибуллоев - Ҳусноро баргузор шуд. 1-уми август Назарзодаро ба Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия (минбаъд - Агентӣ) даъват карда, ӯро ба нақзи Қонуни танзим муттаҳам карданд. Он ҷо ӯ фаҳмид, ки қудояшро низ ба ҷавобгарӣ кашидаанд...
Аз ҳамон рӯз то ба ҳол, Сайфиддин Назарзода, вакили маҷлиси шаҳри Душанбе, доктори илми филология, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳо, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур омадааст, ки дар ба дари мақомот гашта, на фақат бегуноҳӣ, балки сохтакорӣ будани парванда алайҳи худро исбот кунад.

“Сари калоба”
Ин парванда аз як санади хурде шуруъ мешавад, ки 29-уми июл (дар асл 1-уми август) бо имзои ду масъули агентӣ - Парвиз Одинамаҳмадзода, сарнозир ва Ҳасан Розиқзода, нозири калони Сарраёсати пешгирии коррупсия, ҳамчунин ду иштирокчӣ - Ҷамшед Қодиров ва Фахриддин Ҷумаев (сокинони шаҳри Душанбе) тартиб дода шудааст. Дар ин санад омадааст, ки ҳангоми гузаронидани маъракаи оши никоҳи фарзандаш Сайфиддин Назарзода 40 кг биринҷ андохта, зиёда аз 300 меҳмонро аз соати 8:00 то 11:00 қабул намудааст. Бино ба он, тамоми маҳсулоти оши никоҳ ва ҳаққи хизмати тарабхонаи «Сарез»-ро худи Сайфиддин Назарзода пардохт карда, аммо иҷозатномаи маърака ба номи қудояш Тоҷиддин Ҳабибуллоев гирифта шудааст.
Ҳамин тавр, Сайфиддин Назарзода ва қудояш барои нақзи моддаи 10-и Қонуни танзим муттаҳам шуданд. Агентӣ барои собит кардани ин иттиҳом баёноти Бухорӣ Аҳёев, маъмур ва Аҳтам Насриддинов, ошпази тарабхонаи «Сарез» ва ҳам сабти видеоӣ аз маъракаро замима карда, 3-юми август санадро ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон (минбаъд - Кумитаи дин) - нозири асосии иҷроиши Қонуни танзим пешниҳод кард.
Кумитаи дин низ ба умқи мавзуъ нарафт. Бар асоси бандҳои 1 ва 2-и моддаи 84-и Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон (минбаъд - КМҲМ) протокол ва қарор бароварда, парванда боз кард. 8-уми августи соли 2017 телевизиони Тоҷикистон дар пайи Агентиву Кумитаи дин низ бидуни ҳеҷ мӯшикофӣ ва ҳалномаи суд як гузоришеро пахш карда, дар он Сайфиддин Назарзода, як чеҳраи оммавиро ба нақзи Қонуни танзим муттаҳам намуд.
Ба хотири дифоъ аз шаъну шараф ва эътибори шахсӣ Назарзода ба раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон мактуб навишт. Аммо кор ранги дигар гирифт. Назарзода мегӯяд: “Рӯзи 15-уми август ёрдамчии Президент оид ба кадрҳо ба ман занг зад, ки соати 10:00 дар толори умумӣ кормандонро ҷамъ кунам. Асадулло Раҳмон, сарвари шуъбаи кадри Дастгоҳи Президент ва Абдусалом Мирализода ба Китобхона омаданд. Асадулло Раҳмон ҷаласаи кӯтоҳе гузаронд, сипас амри Президент дар бораи барканории банда ва таъини Мирализода ба ҳайси мудирро эълон кард. Аз камбудиҳои Китобхонаи миллӣ танҳо аз чанд дарахте гуфт, ки гӯё аз бефаъолиятии банда хушк шуда бошанд. Ин ниҳолҳоро аз Боғи Рӯдакӣ хушк оварда буданд, ки дар ҷойи нав сабз нашуданд. Санади зарурии онро ҳам таҳия карда будем. Ба банда сухан доданд. Аз роҳбарият ва махсусан Президенти кишвар ташаккур ва аз кормандон хоҳиш кардам, ки роҳбари нави Китобхонаи миллии Тоҷикистонро дар татбиқи сиёсати фарҳангии ҳукумат дастгирӣ кунанд. Ин як ҳодисаи ногаҳонӣ буд. Аввал даступо хӯрдам. Қариб ду ҳафта сари калобаи худро гум кардам...”.
Дар асл ин зарбаи дуюм ба Назарзода буд. Ӯ ҳанӯз ҳам дарк намекард, ки чӣ мегузарад. Агентӣ кори худро анҷом дод. Кумитаи дин жарф нарафт. Назарзода ҳамоно бар ин буд, ки ин як сӯитафоҳум аст. Охирин умедро ба суд баст. Профессор намедонист, ки “армуғону муъҷизаҳо” ҳанӯз дар пешанд.

“Вакили халқ”
Як вакили дифоъ ба номи Зафар Ҳафизовро ба парвандаи худ ҷалб кард. Аммо мавсуф пас аз ҳамон рӯзи мурофиаи аввал дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ғайб зад. То ҳол хабаре аз ӯ нест. Назарзода маҷбур шуд худ худро ҳимоят кунад. Судя Хуршед Исозода ба ӯ иҷозаи ошноӣ бо сабтҳои видеоии Агентиро надод, ба ин далел ки ҳама наворҳо аз тӯйи худи ӯянд. Судя баъди ду мурофиа огоҳ шуд, ки Назарзода вакили халқи Маҷлиси шаҳри Душанбе аст ва инро Агентӣ ва Кумитаи дин намедонистаанд! Парвандаро ба Кумитаи дин баргардонд. Азизулло Мирзозода, муовини раиси Кумитаи дин, иштибоҳи худу кормандонашро ба сари Назарзода зад, ки огоҳ накардааст: тибқи Қонун ҳар парвандаи марбут ба вакили халқро прокуратура баррасӣ мекунад!
Ин ҷо “роҳ”-и қудоён ба суд ҷудо шуд. Парвандаи Ҳабибуллоев дар Кумитаи дин монд ва кори Назарзода ба прокуратура рафт. Кумитаи дин парвандаи Назарзодаро ба Прокуратураи шаҳри Душанбе, ахирӣ ба Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ фиристоданд. Ин ҷо қонун ҳам нақз шуд: баррасии парвандаи вакили халқи шаҳрро бояд прокуратураи шаҳр, на ноҳия анҷом диҳад.
Бо ин вуҷуд, Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ корро ҷиддӣ гирифт, аз ҷумла далоили 40 кило ош ва баёноти шоҳидонро рад кард. Дуввум нуктае, ки прокуратура таваҷҷуҳ кард, муҳлати тартиб додани протокол буд. Онро на 29-уми июл (рӯзи тӯй) ё се рӯз баъди он (тибқи талаботи моддаи 84-и КМҲМ), балки 7-уми август - 10 рӯз пас омода карданд! Дигар ин ки, ҳангоми омода кардани протокол намояндагони Кумитаи дин бояд ширкат мекарданд (тибқи моддаи 118-и КМҲМ, салоҳияти омода кардани ҳуҷҷату асноди нақзи Қонуни танзимро фақат Кумитаи дин дорад), ки дар мавриди мо - тартиб додани санади нақзи қонун - дар тӯйи Назарзода умуман ҳузур надоштанд ва идораи масъули назорати қонун ин корро 10 рӯз пас кард!
Агентӣ илоҷи корро ёфт. Ба прокуратура 53 акс аз маъракаро ҳамчун далел пешниҳод намуд, ки гӯё қонуншикании Назарзодаро исбот мекарданд. Хилофи интизор прокуратураи ноҳия онҳоро асос намуда, маводро такмил дод ва ба Прокуратураи шаҳр фиристод. Ахирӣ ҳам зуд қарор қабул кард ва маводро ба суд таслим намуд. Ҳамзамон ба муроҷиати Назарзода дар ин маврид, ки Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳам ба тақаллубкорӣ ҳамроҳ мешавад, чашм пӯшид.
“Охирин умеди мо ба суд буд, аммо он чӣ дар суд иттифоқ афтод, комилан дасту дили моро аз адолати судӣ шуст,- мегӯяд Сайфиддин Назарзода.- Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе амалан қонуншиканиҳои Агентӣ, Кумитаи дин ва Прокуратураи шаҳри Душанберо қонунӣ кард...”.

“Амалиёти фаврӣ - ҷустуҷӯӣ”
Инак, суд чиро ба назар нагирифт, ки адолати судӣ таъмин нашуд? Аввал, собит карда натавонист, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сурат гирифтааст. Дуюм, рӯйрост ба ин чашм пӯшид, ки на Сайфиддин Назарзода ва Тоҷиддин Ҳабибуллоев, балки мақомот - Агентӣ, Кумитаи дин ва прокуратура ҳуқуқи инсонии онҳоро барои баргузор кардани маърака поймол кардаанд. Чӣ тавр?
Бахтиёр Насруллоев, вакили дифоъи Назарзода ва Ҳабибуллоев, мегӯяд, парванда бо нақзи қонунгузорӣ ва бар асоси ҳамон тахминҳое, ки аз сӯи Агентӣ пешниҳод шуданд, шуруъ шуда, мақомоти баъдӣ - Кумитаи дин, прокуратура ва суд аслан ба онҳо чашм пӯшиданд: “Бубинед, корманди Агентӣ дар суд гуфт, ки 29-уми июли соли 2017 дар тарабхонаи “Сарез”, яъне ҳангоми маъракаи оши никоҳ, на рейд, балки амалиёти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ гузаронданд. Ин чӣ маъно дорад? Рейдро мақомот алайҳи шахсони номуайян ва холисонаву ошкоро, на махфӣ мегузаронанд, масалан, барои муайян кардани истифодаи ғайриқонунии мошинҳои хизматӣ, ё шишасиёҳ. Барои ошкор кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, нақзи қонунҳои андозу фаъолияти аудиторӣ ва ғайра ҳам, санҷиш ва амалиётҳои тафтишотӣ ошкоро гузаронида мешаванд. Аммо амалиёти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ, тибқи моддаи 1-и Қонуни фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ, махфӣ ва танҳо барои ошкор кардани таҷовузҳои ҷинояткорона гузаронида мешавад. Қонун барои ошкор кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ амалиёти фаврӣ - ҷустуҷӯии махфиро пешбинӣ накардааст”.
Ба қавли вакили дифоъ, ҳолатҳои кор, нишондодҳои корманди Агентӣ дар мурофиаи судӣ, наворҳои видеоӣ ва суратҳо пурра махфӣ ва ғайриқонунӣ анҷом шудани ҷараёни ошкор кардани “қонуншиканӣ”-ро собит мекунанд. Аз ҷумла, кормандони Агентӣ 1) ба тӯйхона махфӣ ворид мешаванд; 2) худро ба соҳибони маърака шинос намекунанд; 3) махфӣ маъракаро ба навор мегиранд; 4) як гуруҳ комилан нохонда, аз ҷумла шахси холис ва шоҳидонро бо худ ҳамроҳ меоранд; 5) дар қатори меҳмонон нишаста, ош мехӯранд... Ҳол он ки, тибқи талаботи моддаҳои 7 (банди 6), 13 (қисми 1) ва 21-и КМҲМ онҳо ҳуқуқ доштанд ошкоро вориди маърака шуда, худро шинос кунанд ва озодона навор гиранд, яъне парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро беғараз ва ошкоро таҳия кунанд.
Ҷараёни пешбурди ғайриқонунии парванда, ба қавли вакили дифоъ, заминаи ғайриқонунии таҳия шудани санад аз сӯи кормандони Агентиро фароҳам сохт. Ба қавли ӯ, ҳангоми таҳияи санад, “ҳуқуқвайронкунандагон” ё “қонуншиканон” - Ҳабибуллоев ва Назарзода иштирок накарданд, яъне санад ҳам махфиёна ва аз роҳи сохтакорӣ тартиб дода шуд: “Сохтакорӣ аз ин ҷо бармало мешавад, ки санад 29-уми июли соли 2017 дар ҷои ҳодиса омода нашудааст. Дар санад баёнотҳои маъмури тарабхонаи “Сарез” Бухорӣ Аҳёев ва ошпаз Адҳам Насриддинов ҳамчун исботи қонуншикании Назарзода ва Ҳабибуллоев замима шудаанд. Аҳёев дар суд ва Насриддинов ба мақомоти Кумитаи дин ва Агентӣ гуфтанд, ки баёноти онҳоро на 29, балки 31-уми июли соли 2017 дар бинои Агентӣ гирифтаанд. Ҳ. Розиқзода, корманди Агентӣ дар суд гуфт, ки санади мазкур дар ҷояш, яъне дар назди тарабхона тартиб дода шудааст, ки мантиқ надорад, зеро ҳангоми маърака ошпаз Насриддинов ба кашидаи ош машғул буд, яъне имконияти додани баёнотро надошт ва ҳатто аз ҳузури кормандони Агентӣ хабар набуд. Далели дигари сохтакорӣ ин аст, ки Агентӣ ба ҳайси далел ба суд сабти телефонии суҳбати кормандаш бо Насриддиновро пешниҳод кардааст ва ин суҳбат рӯзи дигар сурат гирифтааст, на рӯзи маърака”.
Меоем, сари нукоти муҳими санад: 1) 40 кило ош; 2) Вақти маърака; 3) 300 меҳмон ва 4) Иҷозаи баргузории маърака.
Агентӣ санад кард, ки дар маърака 40 кило ош пӯхта шудааст. Аммо санади ташхиси дег (№63 дар парванда) нишон медиҳад, ки дег 35-килоӣ аст ва 40 кило биринҷро намебарад. Фурӯшандаи биринҷ ҳам баёнот дод, ки ба Ҳабибуллоев 35 кило биринҷ фурӯхтааст. Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ далели “35 - 40 кг биринҷ” барои “зиёда аз 300 нафар меҳмон” (1 кг ош барои 8 нафар x 40 кг = 320 нафар) аз сӯи Агентиро рад кард. Аммо судя Хуршед Исозода баёнотҳои пешниҳодкардаи прокуратура, ду ҳуҷҷати расмӣ (маълумотномаи тарабхонаи “Сарез” ва санади ташхиси дег)-ро рад карда, танҳо “мушоҳида” ё маълумоти тахминии Аҳёев дар бораи “на кам аз 250 нафар”-ро ба эътибор гирифт.
Назарзода дар бораи вақти баргузории маърака, ки тариқи телевизион 3 соат эълон шуд, мегӯяд: “Тибқи санад, бояд маърака аз соати 08:00 то 11:00 мегузашт, вале бо маслиҳати тарафайн на се, балки ду соат - аз 08:00 то 10:00 идома ёфт. Ҳатто ин ҳаққи қонунии моро ҳамчун далел алайҳи мо истифода бурданд ва шарм накарданд”.
Далоили мақомот дар бораи теъдоди меҳмонон ҷолибтарин қисмати парванда аст, ки тамоми сохтакориву саҳлангориҳои онро ба намоиш мегузорад. Агентӣ дар санади худ теъдоди меҳмононро “зиёда аз 300” гуфта буд. Аммо замоне, ки вакили халқ будани Назарзода маълум гардиду парвандааш ба прокуратура рафт ва парвандаи Ҳабибуллоев дар Кумитаи дин монд, арқом ба бозӣ даромаданд. Сухан дар бораи як маърака меравад! Аммо бино ба парвандаи Кумитаи дин алайҳи Ҳабибуллоев, дар он зиёда аз 250 - 300 меҳмон ширкат карда, ин ваҷҳ бо нишондоди шоҳидон ҳам тасдиқ мешавад. Дар қарори прокуратураи шаҳр пас аз баррасии парвандаи Назарзода оварда шудааст, ки дар оши никоҳ 247 меҳмон ширкат кардаанд. Ин ваҷҳро бо санади ҳисоби меҳмонон аз рӯи 37 дона сурати маърака асоснок кардаанд. Аҷобат ҳам дар он аст, ки судя Исозода аслан ба ин рангорангии ду парвандаи як “ҳуқуқвайронкунӣ” таваҷҷуҳе намекунад, балки дар қарори худ ба он як ранги дигар зам намуда, теъдоди меҳмононро беш аз 200 нафар муайян кард ва бидуни ягон санаду далел!
Қиссаи суратҳо боз ҷудост. Агентӣ ва Кумитаи дин теъдоди меҳмононро аз рӯи “мушоҳида”-ву тахминҳои шоҳидон маълум карданд. Вақте Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ асосе барои субути парванда наёфт, Агентӣ ба кӯмакаш шитофт ва 53 аксро пешниҳод кард. Прокуратура 37 адади онро қобили истифода донист, аммо дар ҳисоби меҳмонон ба иштибоҳҳои ҷиддӣ роҳ дод. Аз ҷумла, 1) омӯзиши суратҳо ва амалиёти мурофиавӣ - ҳисоб кардани меҳмононро бо ширкати фарзандони Назарзода ва Ҳабибуллоев, на худи онҳо анҷом дод, ки хилофи қонун (моддаи 26-и КМҲМ) аст; 2) дар аксари суратҳо меҳмонон “такрор” шудаанд ва прокуратура ҳам онҳоро такрорӣ ҳисоб кард; 3) ҳатто одамонро аз як қисми бадан, масалан, даст, қафои сар ва ғайра ҳамчун меҳмон ба ҳисоб гирифт. Тибқи моддаи 15 (қисми 3)-и КМҲМ, шубҳаҳое, ки бартараф нашуданд, бояд ба манфиати ҷавобгари маъмурӣ истифода шаванд. Дигар ин ки, 37 дона сурат бо нақзи қонун ва поймол кардани ҳуқуқҳои Назарзода ҷамъ оварда шудаанд ва бино ба моддаи 48 (қисми 3)-и КМҲМ, истифодаи далелҳои ғайриқонунӣ манъ аст.
Аз рӯи ҳисоби профессор Назарзода, аз 247 нафаре, ки дар суратҳо дида мешаванд, 143 нафар меҳмони даъватшуда, 48 нафар “такрорӣ”, 19 нафар “меҳмони нохонда”, 13 нафар хизматрасон, 7 нафар афроди шубҳанок ва 9 нафар корманди Агентии зидди коррупсия мебошанд. Ба қавли ӯ, 143 меҳмон ва 13 хидматрасон, ҷамъ 156 нафарро фақат метавон ба ҳисоб гирифт ва шахсияти бақия 91 нафар бояд муайян шавад.
Дар аксҳое, ки Назарзода дар ихтиёри мо қарор дод, дида мешавад, ки (ба бовари ӯ) кормандони Агентӣ дар маърака нишаста, мисли меҳмон ош мехӯранду ҳатто хизматрасонӣ ҳам мекунанд ва ба онҳое монанд нестанд, ки дар амалиёти фаврӣ - ҷустуҷӯӣ ё рейд бошанд (баръакс, онҳо дар 4 сурат “такрор” шуда, аз сӯи прокуратура ҳисоб ҳам шудаанд!). Судя Исозода ба ин маворид аслан таваҷҷуҳ накард.
Суоли хеле ҷолиби дигар ин аст, ки оё Назарзода бо ин маърака чӣ рабт дорад? Оши никоҳ расман аз номи қудояш - Ҳабибуллоев гузаронида мешавад. Мавсуф тавсияномаи Кумитаи динро дошт. Аммо Агентӣ санад кард, ки тамоми маҳсулоти оши никоҳ ва ҳаққи хизмати тарабхонаи «Сарез»-ро Сайфиддин Назарзода пардохт кардааст. Оё ин хилофи қонун аст? На. Дар тафсири Қонуни танзим (саҳ. 55. Тафсири моддаи 10. Тӯйи домодию арусӣ) омадааст: «Мумкин аст дар асоси урфи қадима ҷониби писар барои баргузории оши тӯйи духтар саҳмгузор бошад. Яъне барои ташкили ош барои то 200 нафар, ки дар он 40 - 50 кг биринҷ, 20 - 25 кг гӯшт ва дигар маҳсулот сарф мешавад, қисман ҷониби писар саҳмгузор бошад”. Пас гуноҳи Назарзода чист, вақте ҳиссагузорӣ кардааст? Худ ин далел собит мекунад, ки боз кардани парванда алайҳи Сайфиддин Назарзода аз ибтидо ғайриқонунӣ аст, агар он аз рӯи ғараз ё фармоиш набошад.

“Нақш”-и судя
Ҳамоно “ихтиёр ба дасти Бахтиёр” буд. Судя Исозода салоҳияти қонунӣ дошт, то мӯйро аз хамир ҷудо сохта, ҳақро ба ҳақдор расонаду адолати судиро таъмин кунад, аммо накард. Баръакс, ӯ тамоми кӯшишҳояшро ба харҷ дод, то “далел”-ҳои ҷамънамудаи Агентӣ, Кумитаи дин ва прокуратураро ҳимоят намояд, ҳарчанд қонун (моддаи 58-и КМҲМ) талаб мекунад, ки ягон далел барои суд муайянкунанда нест. Аммо Хуршед Исозода дар мурофиа Назарзода ва Ҳабибуллоевро “ҳуқуқвайронкунанда” меномид. Ҳатто ба қавли Назарзода, вақте судя дид, ки далелҳои мақомот “обакӣ”-ву беасосанд, ба таҳрифи нишондоди шоҳидон гузашт: “Масалан, аз номи маъмури тарабхонаи “Сарез” гуфт, ки ману домодам Илҳом ду рӯз пеш ба тарабхона омада, масъалаи баргузории маъракаи оши наҳорро баррасӣ кардем. Ҳол он, ки ин маъмур (Аҳёзода) дар мурофиаи судӣ гуфта буд, ки ду рӯз пеш ману домодам ба тарабхона омада будем, аммо бо маъмурият чӣ гуфтем, намедонад, зеро дар ин суҳбат ширкат накардааст. Маъмур мегӯяд, ки дар суҳбат набуд, судя мегӯяд, ки буд. Дурӯғи маҳз!”.
Судя Исозода ҳама корро кард, ки далелҳои сохтакоришудаи Агентӣ, Кумитаи дин ва прокуратураро на фақат таҳти шубҳа гузорад, балки ҳақ барорад. Ҳамин тавр, рӯйрост ва хилофи қонун 1) ҳатто шоҳидони асосӣ (П. Одинамаҳмадзода, корманди Агентӣ ва шахсони холис - Фахриддин Ҷумъаев ва Ҷамшед Қодиров)-ро умуман ба мурофиа даъват накард; 2) Аз экспертизаи расмҳои пешниҳодшуда даст кашид, зеро дар ҳоли исбот шудани камбудиҳои онҳо дар кул парванда рад мешуд; 3) Ягон далели “ҳуқуқвайронкунанда” (С. Назарзода) ва вакили дифоъашро ба назар нагирифт. Ҳатто вақте ӯро рад намуданд, қабул накард (аз “каромот”-и қонунгузории Тоҷикистон аст, ки рад шудани судя дар дасти худи ҳамон судя аст!) 4) ҳатто инро ба назар нагирифт, ки ҳама актҳои ҳуқуқвайронкунии Агентӣ ва прокуратура бе иштироки Назарзода таҳия шуда, имзои инҳоро надоранд!

Нақша ё фармоиш?
Ҳама далоил ба он ишорат мекунанд, ки парвандаи Сайфиддин Назарзода, собиқ мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон сар то по қалбакӣ ва бофташуда аст. Телевизиони “Тоҷикистон” якуним моҳ пеш аз қарори суд ӯро хилофи усули “эҳтимолияти бегуноҳӣ” гунаҳкор эълон намуд. Прокуратура, Агентӣ, суд ва дигар мақомоти салоҳиятдор ба ягон муроҷиати ӯву қудояш таваҷҷуҳ накарданд. Парвандааш аз “ҳеҷ чӣ” сохта шуд. Чаро? Беобрӯ кардани Назарзода ба кӣ даркор буд?
Яке бар ин аст, ки вазифааш ба касе лозим омад. Аммо худи Назарзода мегӯяд, ин вазифа моли шахсии ӯ нест, балки як мақомест, ки бо фармони худи Президент таъин мешавад: “Таъин карданд, кор кардем, озод карданд, рафтем. Ман бар инам, ки ин кори як гуруҳи маҳдуд аст...”.
Дигарон бар инанд, ки “иҷрои нақша” буд. Он ҳам ин, ки як мансабдори калонро маҳз барои нақзи Қонуни танзим муттаҳам кунанд ва интихоб сари Назарзода афтодааст. Бигзор чунин бошад. Аммо имкон надошт, ки ҳама қонунӣ ва бидуни ҳеҷ баҳсу шак анҷом ёбад? Назарзода мегӯяд: “Ҳама гумон мекунанд, ки ман барои вазифаам мекӯшам. Чунин нест. Обрӯву эътибори шахсии ман матраҳ аст. Ин матраҳ аст, ки як гуруҳи маҳдуд хостанд маро пеши мардум беобрӯ кунанд. Ин гуруҳ зиндагии писару келини навхонадорамро ба мусибат кашиданд. Хуб, агар ҳақ мебуданд, аз ҳамон оғоз ман ҳамаро тан мегирифтам. Аммо ноҷавонмардона буд ва аз ин хотир, то охир мубориза мекунам”.
Мо ҳам дар аҷабем: агар бо вакили маҷлиси шаҳри Душанбе, доктори илми филология, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳо, Корманди шоистаи ҷумҳурӣ ва замони шуруъи парванда мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон чунин карданд, бо як шаҳрванд оддӣ чӣ кунанд?

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

Хонданд 1006

Хабари-рӯз

Календар

« Январ 2019 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Нигоҳи хос

  • Баҳонаи зистан

    Мақсад доштан маънои баҳонае барои нафас гирифтанро дорад. Соли 2018…
  • МАСЛИҲАТ

    Аз дидаву шунида Салом, хонандагони гиромии ҳафтаномаи «Фараж»! Мо аз…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.