.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҷомеъа

Раҷабалӣ Юсупов, истиқоматкунандаи кӯчаи Х. Назаров-1-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, бо даъвои он, ки аз тарафи ширкати сохтмонии «Муҳаммад-2009» таҳти роҳбарии Қурбонов Ҳокимҷон, ки дар наздикии манзили зисташ сохтмони бинои бисёрошёнаро оғоз намудаву ҳангоми иҷро намудани корҳои сохтмонӣ, аз он ҷумла кандани таҳкурсии бино, истифодабарии воситаҳои техникии зарбазании таҳкурсии бино, лағжиши замин ба амал омада, боиси вайроншавии қитъаи роҳгузар ва девори ҳавлиаш гардидааст, ба мо муроҷиат намуд.
Раҷабалӣ Юсупов афзуд, ҳамчунин дар натиҷаи чунин амалҳои сохтмонӣ боз деворҳо ва шифти бинои манзили истиқоматии ӯ хароб гардида, ба ҳолати садамавӣ дучор шудааст, ки айни замон дар дохили он истиқомат кардан хатарнок мебошад.
- Ман чандин маротиба ба роҳбари ҶДММ «Муҳаммад-2009» ва масъулини сохтмони мазкур оид ба ҳолати ба миён омада муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш кардам, ки фаъолияти худашонро дуруст ба роҳ монанду бехатарии дигар бошандагони гирду атрофи бинои бунёдкардаашонро таъмин намоянд. Вале онҳо ба муроҷиати ман ягон аҳамияте намедоданд. Ман ба Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи ҶТ муроҷиат кардам ва мувофиқи хулосаи мутахассис таҳти №21-4401/16 аз 9-уми декабри соли 2016-ум, арзиши эҳтимолии зарари расонидашудаи манзили истиқоматии маро, барои барқарор намудани он, бо асъори миллӣ маблағи 9427,38 сомонӣ арзёбӣ карданд. Ғайр аз ин, дар давраи бунёди бинои бисёрошёнаи мазкур, ки муддати қариб се сол давом карда буд, аз тарафи сохтмончиён аз техникаҳои зарбазани мустаҳкамкунии таҳкурсии бино, шабонарӯз реҷаи истироҳатии истиқоматкунандагони гирду атроф ва аз он ҷумла аҳли оилаи моро, ки аз ҳама наздиктар мебошем, вайрон намуда, ҳангоми истифодаи техникаҳо манзили зистамон ба ларза меомад ва бошандагони аҳли оила, алалхусус кӯдакон дар тарсу ҳарос қарор доштанд, ки ин амали онҳо боиси расонидани зарари маънавӣ низ гардидааст,- афзуд ӯ.
Мувофиқи мактуби раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таҳти №266/1 аз 29.03.2016, Санад оид ба дида баромадани ҳолати манзили истиқоматии Раҷабалӣ Юсупов тартиб дода шудааст, ки истиқомат кардан дар он манзилро ғайри имкон донистааст.
Ёдовар мешавем, ки санаи 2-юми апрели соли 2016 сомонаи «Радиои Озодӣ» навори видеоиро таҳти унвони «Корпартоӣ дар як ширкати сохтмонӣ» ба маърази тамошо гузошта буд, ки дар он дар бораи корпартоии кормандони ширкати мазкур аз сабаби напардохтани ҳаққи хизмат (маоши кормандон) сухан мерафт.
Аз ин бармеояд, ки ширкати номбурда қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарфи назар намуда, на танҳо Кодекси меҳнати ҶТ-ро нодида мегираду ҳаққи хизмати кормандонашро сари вақт намепардозад, инчунин ҷуброни зиёни расонидаи худро ба шаҳрванд Раҷабалӣ Юсупов пардохт карданӣ нест. Чунки борҳо ба онҳо муроҷиат намудему онҳо иҷрои амалро ба баъд вомегузоштанд. Чун аз мо роҳбарияти идора иҷроиши корро тақозо мекард, мо ҳам онро пайгирӣ кардем. Аммо кормандони ширкати мазкур ба ҷои ҳал намудани масъала ба таҳдид гузаштанд.
Ин дар ҳолест, ки мувофиқи талаботи моддаи 15 қ. 2 Кодекси граждании ҶТ «Зиён хароҷоте фаҳмида мешавад, ки шахси ҳуқуқаш вайронгардида масраф намудааст ё бояд барои барқарор намудани ҳуқуқи вайронгардида масраф намояд, аз даст додан ё хароб гардидани молу мулки ӯ (зиён) мебошад…, шахсе, ки ҳуқуқаш вайрон гардидааст, ҳақ дорад дар баробари зиёни дигари ҷуброни фоидаи аз даст рафтаро ба андозаи на камтар аз чунин даромад талаб намояд».

Бибиҷон АШӮРОВА

Хонданд 368

МУШИ ПУЛХӮРИ РУСӢ

Янв 27, 2018
Хонданд: 430

ДОД АЗ ДАСТИ ЯҒМОГАР

Ёдгор ба соли нав тайёрӣ медид. Барои базм гӯсфанди бӯрдоқӣ мепойид, дар сарой тахмин сад килограмм ноки аълосифатро нигоҳ медошт, нақша дошт, ки дар арафаи ид онро ба бозор мебарораду мефурӯшад ва ба пулаш барои бачаҳо туҳфа мехарад. Се рӯз пеш аз соли нав ба сарой даромаду ҳангу мангаш канд, ки чунинашро дар гӯшаи хаёл ҷой надода буд. Аз нок фақат думчаҳояш боқӣ мондаанд. Ёдгор занашро наздаш хонда, манзараи дилхарошро нишон дода пурсид:
- Нок куҷо шудааст?
Ҳамсараш аз ӯ бештар ҳайрон шуда, ин тарафу он тарафи анборро дида гуфт:
- Ҳамаашро муш хӯрдааст.
- Муш? Наход сад килоро муш хӯрда тавонад?
- Ин калламушҳои лаънатӣ тоннаашро мехӯранд. Онҳо базми солинавӣ кардаанду мо бехабар мондем.
- Не, ин ба ақл рост намеояд, калламуш ба рафи ду метр баланди дошта, баромада наметавонад,- ҷавоб дод Ёдгор.
- Онҳо ба шифт ҳам мебароянд.
Ёдгори аламзада аҳд кард, ки то мушҳоро дошта, қасос наситонад, тафси дилаш паст намешавад, бо ин ният вай дар анбор камераи назоратӣ васл намуда, болои раф тахмин як-якуним килограмм нок гузошту дарро пӯшид.
Шабона борҳо ба анбор омаду паси дар хомӯш истод. Як вақт ба гӯшаш чӣ-чии муш ва хароши нохун расид. Фаҳмид, ки ба анбор мушҳо даромадаанд. Дарро кушода, чароғро фурӯзон кард ва дид, ки чанд калламуши калони ба гурбача шабоҳат дошта, аз раф ба поён ҷаста роҳи гурезро пеш гирифтанд. Ёдгор бо мӯзаи соқдор болои онҳо ҷаст ва фақат як мушро пачақ карда, кушта тавонист, дигаронаш гурехта, ба шикофе даромада рафтанд.
Вақти камераи назоратиро муоина намудан диданд, ки калламушҳо аввал болои мизи дар тарафи муқобили раф истода баромаданд, баъд қариб ду метр ҷаҳида болои раф расиданду ба нокхӯрӣ даромаданд.
Ёдгор он мизро худаш аз ошхона оварда, болояш сатили обро гузошта буд, зеро медонист, ки назди себу нок сатили обро гузоранд, мева сифаташро гум намекунад. Вай дар гӯшаи хаёл ҷой надод, ки он мизи гузоштааш ба калламушон зина мешавад.
Мо дар бораи калламушҳои нокхӯри Деваштич сухан кардем, акнун нақл дар бораи муши пулхӯри Русия меравад.

МУШИ ПУЛХӮРИ РУСӢ

Камбағал халта ёбад, чиз намеёбад, чиз ёбад, халта намеёбад гуфтаанд, ки беҳуда набудааст. Тавассути Интернет мо ҳасрати як муҳоҷири тоҷикро дидем, ки дар Русия мардикорӣ мекунад. Вай бо алам ба муш лаънат мехонд, ки пулашро пора- пора кардааст.
Муҳоҷир дар арафаи Соли нав мехост ба Ватан омада, зану фарзанд, волидонашро хабар гирад ва ба онҳо туҳфа барад. Барои ин як миқдор пул ҷамъ намуда, дар кунҷи манзилаш тахт карда монда буд ва рӯзе палосро бардошта дид, ки пулҳояш пора-пора шудааст.
Мусофир атрофро кофта, дар кунҷи девор шикоферо дид ва тахмин кард, ки он хонаи муш аст. Асбобҳои дуредгариро гирифта тахтаи фаршро канд, аз он ҷо муше баромада чор тараф давид. Муҳоҷир мушро пахш карда, болои пораҳои пул гузошту онро хеле таъна кард ва дашном дод:
- Бар падарат лаънат мушак, ин чӣ кори кардаат, охир ту биступанҷ ҳазор рублро корношоям кардӣ, ман барои ин маблағ дар зимистони хунук чӣ қадар заҳмат кашидаам, нахӯрдаму напӯшидам. Акнун маҷбурам, ки боз маблағ ҷамъ карда ба аёдати фарзандонам равам. Ин ба гуфтан осон!
Рафиқони Толиб омада ба вай ҳамдардӣ карда гуфтанд, ки пул ёфт мешавад, ғам хӯрда бемор нашавад, ки харҷаш дучанд мегардад.
- Барои чӣ мушак пули маро пора - пора кардааст?- пурсид рафиқашро Толиб. – Чаро курта, пойафзол ё ҷӯробамро пора накардааст?
Азамат марди босавод буд, маълумоти олӣ дошт, ӯ каме фикр карда посух дод:
- Ин мубориза барои марз аст.
- Чӣ хел марз? - ҳайрон шуд Толиб.
- Охир марзи мушро вайрон карда, ба хонааш даромадӣ ва халали осоишаш шудӣ. Пештар мушак дар ин таҳхона танҳо ё бо бачаҳояш мезист, ҳарчӣ мехост мекард, барои ҳамин мушак туро ҷазо дод, чизи аз ҳама қимататро маҳв сохт.
- Аз куҷо фаҳмид, ки пул аз ҳама чизи гаронарзиши ман аст?- ҳайрон шуд Толиб.
- Ҷонварон дақиқсанҷанд, онҳо муносибати туро бо пул фаҳмиданд, диданд, ки ту пулро эҳтиёт мекунӣ ва он бароят арзишманд аст.
- Бар ивазаш ҷон дод, - гуфт бо алам Толиб.
Ин ҳам заду вай ҳам зад, пасмонада муш ҳам зад,- гуфт Толиб.

БОБО РОҲЗАН БУДААСТ

Бобои барфӣ бо ҷомаи дарозаш барфи кӯчаро рӯфта бошитоб мерафт. Вай ба бачаҳои сӯяш кунҷкобона нигариста аҳамият надода, ба тарафи дӯконе, ки дар пештоқаш навиштаҷоти «Ломбард» дошт наздик шуда, аз зинаҳо боло баромаду дарро кушод.
Дар дӯкон ҷавонзане нишаста, маҷалла мехонд. Ӯ сар бардошта Бобои барфиро диду хурсандона қарсак зада гуфт:
- Биёед Бобои барфӣ, ба табрики ман омадед?
- Овоз набароварда, сандуқро кушо, - аз бағалаш корд баровард Бобои барфӣ ва ба гулӯи ҷавонзан теғро наздик оварда афзуд. - Тезтар, агар «лом» гӯи мекушам.
Ҷавонзан тарсида дари сандуқро кушод ва Бобои барфӣ як каф ҷавоҳиротро гирифта ба кисааш заду боз таҳдид карда, хост қафо гардад. Ҳамин вақт ҷавонзан ба ғоратгар чангол зад, ниқоб аз рӯйи вай канд. Бобо ҷавонзанро як мушт зада афтонд ва ниқобашро аз дасти ӯ гирифта ба рӯяш кашиду аз дӯкон баромада рафт.
Ҷавонзан ба худ омаду аз ҷой хест ва варами рӯяшро молида ба оина нигаристу ғирев кард. Ба ӯ аз ғорат шуданаш кабудии чашмаш бештар алам кард, хориаш омад, акнун дар тантанаҳои солинавӣ чӣ тавр иштирок мекунад, худро бо ороиши беҳтарини дар «Ломбард» буда зиннат медиҳад. Акнун бо ин рӯйи вараму чашми кабуд куҷо меравад?
Ҳазор лаънат, ба Бобои барфӣ, ҳамаи нақшаҳояшро барбод дод! Ӯ ашкрезон ба милитсия телефон кард.
Навбатдори шуъбаи корҳои дохилӣ Сулаймонов, - шунида шуд аз гӯшак.
- Ман аз «Ломбард»-и шаҳр гап мезанам, - базӯр гуфт ӯ. - «Ломбард»-и моро ғорат карданд.
- Худро ба даст гиред, аввал ному насабатонро гӯед.
- Ман Назира Абдуллозода мебошам.
- Ломбардатон дар куҷо ҷой гирифтааст? - пурсид навбатдор.
- Назди даромадгоҳи варзишгоҳи Спартак.
- Акнун чӣ воқеа рӯй доданашро гӯед.
- Ба дӯкон Бобои барфӣ даромаду кордро ба гулӯям гузошта, талаб кард, ки сейфро кушоям, баъди онро кушодан ҷавоҳиротамро гирифту ба кисаи ҷомааш андохт.
- Шумо муқобилият накардед?
- Хостам, вале як мушт зада афтонд…
- Ҳамон ҷо бошед, ҳозир мо расида меравем. Чанд дақиқа пас се корманди милитсия расида омад. Онҳо маҳалли ҳодисаро муоина намуда, аризаю баёноти Назира Абдуллозодаро гирифтанд.
- Шумо гуфтед, ки ниқоби Бобои барфиро кашида гирифтеду рӯяшро дидед, бигӯед, ки вайро пештар дар ягон ҷо дида будед? - пурсид Назираро муфаттиш.
- Не, Боборо надида будам.
- Симои вай бояд дар камера монда бошад, хулоса баровард муфаттиш. Ҳозир мо ҳам андоми вайро мебинем, шояд ягон «шиносатон» бошад.
- Навори видеоиро аз назар гузарониданд. Муфаттиш хоҳиш намуд, ки бори дигар симои Бобои барфиро нишон диҳанд. Чанд маротибаи дигар андоми гумонбарро муоина намудан пас муфаттиш шарикашро пурсид:
- Боборо шинохтӣ?
- Ҳа, - гуфт афсари ҷавон.
- Ман вайро дар шаби торик ҳам мешиносам, охир ӯ қаллоби гузаро
Валӣ седой аст, борҳо суд шудааст, дар қайди мо мебошад.
- Офарин, - таъриф кард ҳамроҳашро муфаттиш, ҳозир тезтар вайро дошта, ҷавоҳироти тилловории бурдаашро мусодира намудан лозим, вагарна фурӯхта ба эҳтиёҷоти худ сарф менамояд. Муфаттиш, ба ҷонишини сардори шуъбаи корҳои дохилии шаҳр оид ба корҳои фаврӣ занг зада, аз рафти тафтиш маълумот дод ва гуфт, ки онҳо ба ҷустуҷӯи Валӣ седой мераванд.
- Офарин, - гуфт муовини сардор. – Ман ҳам ҳозир гуруҳи дигарро ба ҷустуҷӯи вай сафарбар менамоям.
Кори ҷӯяндагон омад кард. Бобои барфӣ либосашро иваз намуда, аз хонааш мебаромад, ки вайро дошта, кисаҳояшро кофтанду ба дасташ завлона заданд, корд ва амволи аз Ломбард ба яғмо бурдаашро қисман аз худаш, боқимондаашро аз манзилаш дарёб намуда, мусодира карданд.
- Ақалан як сол дар озодӣ бе моҷаро зиста натавонистед?- пурсид вайро муфаттиш.
- Одати ба шир омада бо ҷон барояд,- ҷавоб дод вай ва ба гуноҳаш пурра иқрор шуд.

Ромиши Фирдавс

Хонданд 430

Аз сигор ор бояд кард!

Янв 27, 2018
Хонданд: 612

Салом, дӯстам!
Нуралӣ, ба ту як хабари хушро гуфтан мехоҳам. Медонӣ, ки аз аввали соли 2018 инҷониб сигоркашӣ дар биноҳои маъмурӣ, идораҳои давлатию хусусӣ, гузаргоҳҳои зеризаминӣ, фурудгоҳ, истгоҳ, осоишгоҳ, хобгоҳ, қаҳвахонаву тарабхонаҳо, нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ пурра манъ шудааст. Ахиран калонҳои мо ҳам муҳим будани инро дарк карданду ба қонуне, ки соли 2010 қабул карда буданд, тағйирот ворид намуданд.
Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров пешниҳод кардааст, ки дар ин қонун банде ворид карда шавад, ки бар асоси он роҳбарони коргоҳҳо новобаста аз шакли моликияташон вазифадор гарданд, то барои сигоркашӣ макони махсусе бисозанд. Ин гуна ҷойҳои барои сигоркашӣ пешбинишуда бояд дар дохили бинои идораи корхона набошанд.
Нуралӣ! Хуш бош, ки дигар аз дуди сигор дар нақлиёти ҷамъиятиву ошхонаҳо дами биниамонро бо рӯймолчаи бо атр олуда намедорем. Гап байни худамон, аз дуди сигори устодамон Хуршед Атовулло низ на танҳо кормандони МТЖТ, балки кормандони маҷаллаи «Хорпуштак» низ ба дод омада буданд. Баъд аз он, ки ин хабарро ба онҳо расонидам, аз шодӣ чӣ кор карданашонро намедонистанд. Бисёр хуб шуд, ки дигар дар коргоҳҳо кормандон дуди сигорро баҳона карда, барои "ҳавои тоза" ба берун баромада, ғайб намезананд. Хуб шуд, ки дигар баъзеҳо худро Шерлок Холмс тасаввур карда, утоқашонро пур аз дуди сигор намекунанд. Охир, вақте ба ҳуҷраи кории бархе одамон ворид мешавӣ, худро дар замони Шерлок Холмс ва дар ҳуҷраи ӯ тасаввур мекунӣ. Ҳарчанд Шерлок Холмс маҳорати баланди детективӣ дошт, вале зараровар будани сигорро намедонист.
Дар ҷое хонда будам, ки дуди сигор назар ба сигоркаш ба одамони атроф зарари калонтар мерасонад. Шояд нафарони сигорӣ низ ба дигарон зарар расондан мехоҳанд?! Вале аз ин пас қонун ба онҳо иҷозаи ин корро намедиҳад. Аз ин пас вақте онҳоро хумори сигор мегирад, бояд аз назди издиҳом дур раванду дар маконҳои хос хуморашонро шикананд. Аммо ман фикр мекунам, ки ин ҳам лозим нест, чунки метарсам, ҷойҳои махсусе, ки барои сигоркашҳо омода карда мешаванд, ба монанди корхонаҳои асфалтбарорӣ фазоро пур аз дуд мекунанду табиатро ифлос.
Чанд нафар ба мо шикоят карданд, ки сигоркаширо пурра манъ кардан лозим. Дӯстам, ин шикояти онҳо воқеан ҷон дорад. Худат як бор фикр кун. Барои барномаҳоро дар "Соли рушди сайёҳӣ" пурра амалӣ кардану рушд додани сайёҳӣ низ бояд сигоркаширо манъ кунем. Барои сайёҳонро ба кишвар ҷалб кардан ҳам ҳавои тозаю беғубор лозим. Шояд эътироз намоӣ, ки ин дудҳои заҳрноки корхонаҳое, ки дар пойтахт ҷойгиранд, магар ҳаворо ифлос намекунанд. Эътироз накун, чунки он корхонаҳо дастгоҳҳои дудтозакунанда доранд, вале сигор он гуна дастгоҳ надорад.
Дӯстам, Нуралӣ! Ростӣ, ҳайрон мешавам, ки чаро нафарони сигорӣ дидаю дониста ин дуди пур аз заҳрро фурӯ мебаранд. Охир, он ба саломатии инсон зарари ниҳоят калон дорад. Медонӣ, ки сигоркашӣ ба узвҳои ҳозима, узвҳои нафаскашӣ, рагҳои хунгард таъсири ҷиддӣ мерасонад. Инчунин сигоркашӣ мардонро безурёт ва занонро ба қавле “мурдазо” (яъне зане, ки доим фарзанди мурда ва ё нуқсдор таваллуд мекунад) мегардонад. Нафарони сигорӣ ба саломатии худ диққат намедиҳанд, вале мо бояд ба саломатии онҳо диққат диҳему маҷбурашон кунем, то ин корро тарк кунанд. Чунки онҳо низ узви ин ҷомеа мебошанд ва чи тавре мегӯянд:
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Барои ҳамин, ман ба мақомот пешниҳод карданиям, ки сигоркаширо дар ҳама ҷо комилан манъ кунанд ва бовар дорам, ки ту ҳам бо ман ҳамфикр ҳастӣ. Ҷавобатро интизорам, ошно!
Хайёми САРАХОН

Буҳрони сигоркашӣ

Ростӣ, дӯсти азиз - Хайём, пас аз хондани ин номаат алек гирифтанро ба саломат раво надонистам! Ҳамаи шумо ва қонунбарорҳо ғами худатонро мехӯреду ғами мардуми сигоркашро на. Вақте ки ин номаат ба ман расид, аллакай қонуни манъи истифодаи сигор имзо шуда буд. 

Акнун меоям сари масъалаи манъи сигор. Рости гап, ман ҳам он қадар тарафдорӣ аз сигоркашӣ намекунам, танҳо як-ду сухан дар омади гап ба ту аз забони сигоркашҳо мегӯям. Бодиққат гӯш деҳ ва баъд ба боло бурда расон!
Боре аз як журналист, вақте ки ин қонунро нав лоиҳакашӣ мекарданд, мепурсанд, ки шумо пас аз ин сигоркаширо мепартоед ё на? Дар ҷавоб мегӯяд: “Агар парронанд ҳам, ман сигоркаширо тарк намекунам!”. Ҳмм, ҳайрон машав, дӯстам, ин танҳо гапи як журналист аст. Акнун як кунҷи майнаи саратро ҷунбонда фикр кун, ки як мансабдор, як раисбобо, як вазир, як ...и сигоркаш пас аз огаҳӣ ёфтан аз қонуни мазкур чӣ мегӯяд? Худо медонаду забони гӯёи он табақа. Хуб, майлаш, мо розӣ, бигзор манъ шавад. Чӣ, ба манъ кардани сигору нос, каляну чилим ва папиросу электронний сигор буҷети давлат пур мешавад! На, ҷӯра, хестед, ки хобед! Як бори дигар хуфта хезед ва гуфти Расул Ғамзатов, “аз хоб хеста, дарҳол аз ҷойгаҳ нахезед, аввал фикр кунед, ки шаб чӣ хоб дидаед”.
Ҳа, гуфтагӣ барин, ту мегӯйӣ, ки дар соли рушди сайёҳӣ бояд сигоркаширо ба тамом аз байн баранд. Ҳой бародар, як чашматро калон кушо, ки гирду атроф чӣ гапу кор! Аввал ин ки, ҳамон сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон меоянд, аз 100%-ашон 99%-аш сикоркаш аст. Ҳа, як гапи дигар ба гӯшат мегӯям: “мегӯянд, ки дар парлумон ҳам одамони носкаш ҳастанд”. Ооо, дар омади гап-да. Лекин чаро маҳз сигорро сахт маҳкум мекунанд? Хайр, ба ҳар ҳол, ин масъала ҳам ҷониби мусбат дорад, ҳам манфӣ. Як мисоли дигар, ту гумон мекунӣ, имрӯз пас аз ҷорӣ шудани қонуни мазкур сафи сигоркашон кам мешаванд? На, баръакс зиёд мешаванд. Як сигоркашро ҳамгоми дар ҷойи ҷамъиятӣ барои қонуншиканияш нозири минтақавӣ боздошт карда пурсуҷӯйро сар мекунаду гапаш ба охир нарасида, одами сигоркаш ба даҳони нозир як-дурӯза пули сигорашро мезанаду роҳашро давом медиҳад. Нозир ҳам “даҳони баста сад танга” гуфта, аз пайи кораш мешавад. Ана гапу кор! Боз ту дар чӣ фикру хаёлҳоӣ, дӯстам!?
Дар бобати саломатӣ гап мезанӣ, ки дидаву дониста сигоркашҳо худро ба дом меандозанд. О, кори туву онҳо чӣ, бигзор андозад, аз пули кисаи ту худро табобат намекунад-ку, аз маблағҳои дуздидашудаи ин ё он корхонаи давлатӣ намекунад-ку ё аз дигару дигарҳояш. Ту бачаи хуб ҳастӣ, ба як-ду ҷумла гап маро мефаҳмӣ. Аммо оё намедонӣ, ки имрӯз паси девору ҳоҷатхонаву ҳаммому ину он ҷой пур аз сигоркашҳо шудааст? Дар ҳоҷатхонаи донишгоҳ медароӣ, устод ҳамроҳи шогирдаш дуд доранд. Инаш мегӯяд «устод, носа гир», ваяш мегӯяд «шогирд, оташафрӯзакро гир!». Демократия аст, бародар, мон мардум то сараш дар ягон ҷойи сахт назанад, сигор кашидан гирад. Бигзор кашанд, ту магар ғами фарзандону аҳли аёли он мардуми сигорфурӯшро намехӯрӣ ё носбизнесҳоро ва ё бераҳм шудӣ!? Як бурида нонашро ба ҳамин роҳ меёбад. Мон ин гапу корро. Дар мисоли гап, ман як сигорфурӯшро нею арақфурӯшро меорам. Як ҳочии истаравшанӣ дар як ҷамъомад бо такаббуру ғурури баланд мегӯяд, ки «ман худам май наменӯшам, боре ҳам нанӯшидаам ва минбаъд низ наменӯшам, аммо ман тамоми мағозаҳои машруботии Истаравшанро бо арақ таъмин мекунам». Наханд, ибрат гир! Аз кӣ? Аз ҳамин хел одамон.
Дар охир ҳаминро гуфтаниам, ки сигоркашҳоро ба ҳолашон мон. Аввал барои онҳо ҷойи сигоркашии махсус муҳайё намоянд ва баъд аз пайи манъи он шаванд. Боқӣ, дӯстам, дигар ба ин мавзуъ барнамегардем!
Нуралӣ КАРИМ

Хонданд 612

Азоби виҷдони “Алик-малик”

Янв 20, 2018
Хонданд: 633

Ҷин занад... чанд соат мешавад, ки сари миз нишастааму андеша дорам, аммо ҳеҷ не, ки ягон фикри хуб ба сарам ояд. Мисли он, ки майнаам тамоман кор намекарда бошад. Лекин ҳисси аҷибе ғамам медод.

Рости гап, ягон бор чунин азоби сахти виҷдонро эҳсос накарда будам. Ин чӣ гап аст? Донишгоҳро партоям гӯям, намешавад. Аз як тараф фикри падару модар ва аз ҷониби дигар бовариву ғамхории Ҳукумату Вазорати маориф ва илм чӣ мешавад? Охир, онҳо фикри моро намуданду Маркази миллии тестиро ташкил карданд, то ки ягон нафар аз таҳсилот дур намонад.
Падарам дар муҳоҷират ҳасту маҷбурӣ ҳам бошад, бо ҷанҷолҳои доимии модарам ёфту тофташро бароям мефиристад, то коре карда донишгоҳро ба итмом расонам. Ман бошам, чӣ кардам? Мактаби миёнаро низ бо фориғболиву сарсариҳо тамом намудаму дар имтиҳоноти қабқулшавӣ саволҳои тестиро бо методи “алик-малик” пур кардам ва боз ҳам бо ҳиммати толеъи накӯ соҳиби номи “пурифтихор”-и донишҷӯй гаштам. Дар давоми ин ду сол бошад, бо 50 бали танҳо барои иштирок муайянгардида ва ду-се бали дар атрофи сар чарх занонда мондаи муаллимони аз бесаводии ман баринҳо ба ҷон расида ва маблағҳои барои қарзи кредитӣ супоридаам, коре карда имтиҳону санҷишҳои нимсолаву солонаро паси сар намудам. Аммо имрӯз ҳолати аҷибе бароям рух дод. Банохост фикре ба сарам омад, ки ман дар давоми ин ду соли таҳсилкардаам аз касбе, ки омӯхта истодааму омӯзгорони зиёд ҳар рӯз ҷон коҳондаю гулӯ дарронда лексия мехонанд, чӣ омӯхтаам?
Аҷабо! Чизе ба сарам намеояд. Дар давоми ин ду сол ба ҷуз симои “шкатур”-кардаи духтарони ҳамкурсам ва нақлҳои як муаллими фориғбол, ки ба ҷои дарс гузаштан аксар вақт воқеоти ҳаёти шахсиашро нақл менамуд, чизи дигаре дар ёдам намондааст. Пас, ин ду соли умрам чиву куҷо шуд?
Афсӯс, хело эҳсоси нороҳативу азоби виҷдон мекунам. Охир, дар як дарс дар мавзуи “Ҷашнвораҳои устод Рӯдакиву Мавлавии Балхӣ” соати тарбиявӣ доштему ман “Балхӣ дар Панҷруд ба дунё омада, бо эҳсоси заъфи пирӣ “Найнома”-ро навиштааст” гуфтам. Аксари ҳамкурсонам ба ҳолам хандиданд ва омӯзгор бошад, бо зарда “арвоҳи Балхӣ ду-сето ту барин бесаводҳоро занад, баъд мефаҳмӣ, ки дар заъфи пирӣ чӣ хел “Найнома” менависанд” гуфт. Ростӣ, бори аввал аз нодониам хеле хиҷолат кашидам. Акнун фаҳмидам, ки бо роҳи “алик-малик” тест пур кардану имтиҳон супоридан маро ба чӣ вартае кашонидааст. Хайр, ҳеҷ гап не, ҳоло ҳам сари вақт фаҳмидам. Метавонам то расидани имтиҳоноти хатм ҳамаи мавзуҳои намедонистаамро омӯзам. Лекин, медонед-чӣ, ман бесавод ҳам бошам, имрӯз коре карда, майнаро об карда як фикре намудам. Ба назарам, бисёр хуб мебуд, агар ягон пункти дигаре ба низоми тестӣ ворид менамуданду мисли ман “алик-малик”-ҳо ба даст меафтоданд ва барои худу дигаронро фиребиданашон ҷазо медиданду сари вақт ҳушёр мешуданд, то солҳои умрашон барҳадар наравад.
Ё, шояд дар ин танбаливу худфиребиҳои мо омилҳои дигар низ сабабгор бошанд? Шояд зиндагониву муносибати волидони мо, ки аксар вақт “ради галочка” сурат мегирад, сабабгор бошад, ки мо ҳам бо гуфти ин панд - “Мева аз зери дарахт дур намеафтад” тамоми фаъолиятамонро чи дар кору бори хона ва чи дар илмомӯзӣ ҳамин тавр анҷом медиҳем.
Дар воқеъ, намедонам кирову чиро сабабгори номуваффақиам донам. Шояд атрофиён, ёру дӯстон низ гунаҳгор бошанд. Чунки ман баъди фаҳмидани бали гузариш бо ифтихор “мешудааст, бо алик-малик кор карда гузаштам” гуфтаму онҳо бошанд, ба ҷои он ки маро баъд аз ин ба илмомӯзии воқеӣ тарғиб намоянд, гуфтанд:
- Медонӣ, онро “алик-малик”-не, ин тавр мегӯянд: “Миш, миш, миш. Бигирум ай кадомиш? Худо бта ай ҳамиш” ва баъд дилхоҳ варианти тестро интихоб менамоянд...
Ана бо сабаби ҳамин ҳамфикриҳои хирсона ва аз худ қаноатманд буданҳои ноҷо ман ба ҳамин ҳол расидам, ки чаҳор соли тиллоии умрам бо бесариву бесамарӣ паси сар шуд.
Эҳ, азоби виҷдон, азоби виҷдон. Акнун аз ту чӣ гуна раҳоӣ ёбам???

ШАҲДНӮШ

Хонданд 633

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

Яндекс.Метрика

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.