.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҷомеъа

Роботи орзуҳо

Янв 13, 2018
Диданд: 313

Вақтҳое буд, ки агар одамон нафареро медиданд, ки “қуттича”-и пласмасие дар гӯш ҳарф зада истодааст, аз ақл бегонааш мепиндоштанд, ё бо ҳайрати зиёд ба ӯ менигаристанд. Ҳеҷ кас бовар намекард, ки маҳз бо ҳамин “қуттича” метавон аз ахбору навидҳои тамоми олам иттилоъ гирифт ва он кори даҳҳо коргару роҳнаморо ба сомон хоҳад расонд. Ин танҳо як муъҷиза менамуду халос. Аммо ҳозир ҳар як оила соҳиби қуттичаи шахсии хабаррасони хеш аст, ки онро дар лафзи умум телефони мобилӣ мегӯем. 

Айни замон телефони мобилӣ дастраси ҳамагон асту акнун мардум ва махсусан одамони серташвиш аз аксари масъулиятҳо озоданд. Масалан шумо маъракае карданӣ бошед, дигар бароятон одаме, ки ёру рафиқону хешу ақраборо огоҳ намояд, тамоман лозим нест. Як хизматрасонии телефони дастӣ кифоя аст. Агар донишҷӯй бошеду навиштани реферат ё маърӯзае бароятон мушкилӣ кунад, ё натавонед, бемонеа, ҷои гарматонро хунук накарда, бо телефонатон ба олами интернет ворид шуда, тамоми маълумоти лозимаро ба даст оварда метавонед, ё худ, омитар карда гӯем, луқмаи хоидаро ба даҳон меандозед.
Дар масъалаҳои талоқу никоҳ бошад, айни ҳол телефон вазифаи муфтиву шоҳиду шайхро ҳам иҷро карда истодааст. Эҳ, ин телефон не, “роҳати ҷон”. Аммо аз чӣ бошад, кампири ҳамсоя норозиёна “балои охирзамон” мегӯяд... Хайр, инро баъд мефаҳмему ана ман имрӯз ихтирои ҳамин “қуттичаи пласмасӣ”, “телефон” ё худ “балои охирзамон”-ро ба назар гирифта, ба дастоварди бузурге ноил гаштам, ки ҳоло касе аз он хабар надорад ва шумо аввалин шоҳиди он хоҳед гашт.
Камина дар як соати сари миз нишастан ихтирои техникие намудам, ки дар олам то ҳол назир надорад. Ин “роботи орзуҳо” аст. Шояд барои шумо боварнакарданӣ бошад. Аммо ин воқеият аст ва ман бовар дорам, ки дар замони набераву абераҳоямон чун имрӯза телефон дастраси ҳама хоҳад гашт. Айни ҳол бошад, танҳо як оригиналаш дар дасти ман вуҷуд дораду халос. Роботи орзуҳои ихтироъкардаи ман чунин аст, ки вақте хоҳишу матлабҳоятонро дар хотирааш сабт карда, ба системаи фаъолияташ ворид менамоед, техника дарҳол онро ба сомон мерасонад. Ана имрӯз ман барои санҷиш аз роботи орзуҳоям хоҳиш намудам, ки лаҳзае маро ба курсии вазири маориф нишонад. Ҳанӯз лаҳзае нагузашта худро назди бинои Вазорати маориф ва илми ҶТ ва баъдан дар курсии устод Нуриддини Саид дидам. Нигоҳ кунам, устод аллакай дар утоқ нестанд. Ва ба оина назар андохта дидам, ки банда ба сурати эшон даромадаам. Оҳо, ана ин гапи дигар. Қандата зан, роботҷон! Акнун касе намефаҳмад, ки ман вазири аслӣ нестам. Мӯйсарро ба боло шона задаму бовиқор ба курсии вазир нишастам. Аҷаб ҷои гарму бароҳате... боз дар рӯи миз қаҳваи ҳанӯз гармакаке меистод. Афсӯс, ки устод ҳанӯз фурсати нӯшидан наёфта, роботи орзуҳоям эшонро бардошта рафтааст. «Хайр, ин ризқи ман будааст»,- гуфтаму онро гирифта нӯши ҷон кардан хостам, ки ҳамин дам телефони вазир занг зад. Гӯширо бардоштам:
- Ассалому алейкум шогирд. Хуб ҳастед? Корҳову навигариҳо чӣ тавр? Маро шинохтед? Ман устодатон, Фалончиев Фалончӣ. Шуморо фалон вақт, дар фалон донишгоҳ, аз фалон фан, фалон соат дарс дода будам...
«Маълум аст, ки кадоме аз устодони эшон»,- гуфтам ба худ ва овозамро ғафстар сохта, ҷавоб додам:
- Бале, устод, шинохтам. Аҳволи худатон хуб аст?
- Ҳа, ҳа. Хубам шогирд. Лекин агар як хизмат мекардед, боз хубтар мешуд.
- Хуш, хизмат,- гуфтам ман.
- Як набераам омӯзгор шудаасту камтарак камдонишу камтарак камҳавсала аст ва маошаш ҳам хеле кам аст. Агар як “зангак”-и телефонӣ ин сӯ - он сӯ мекардеду ба ӯ камтарак “стаж” ва камтарак “категория” медоданду маошаш камтарак баланд мешуд, мо хело шод мешудем.
- Майлаш устод, майлаш. Ҳеҷ гап не, ман ин масъаларо мебинам,- гуфтам виқори вазириро аз даст надода ва худоҳофизӣ намуда, гӯширо гузоштам.
«Ана барои чӣ мӯйсари устод Нуриддини Саид баъди вазирӣ ин қадар бармаҳал сафед шуда будааст. Ба устод ҳалол бод, ки бо ин “фалониҳову камтаракхоҳҳо” мадоро мекунанд»,- андешидам ба худ ва дарҳол роботи орзуҳоямро фарёд кардам:
- Ин курсиат нашуд. Агар ду нафари дигар занг зада ҳамин камтарак ному камтарак мақом хоҳанд... Беҳтараш маро ба курсии устод Фарҳод Раҳимӣ бубар. Канӣ бинем, Академияи илмҳо чӣ аҳвол дорад?
Вале шукр, ки аз дари Академия надаромада, аз фикрам баргаштам:
- Охир, устод Раҳимӣ ҳам ёру ошнову устоду муаллим доштагистанд. Агар ягон нафари онҳо занг зада камтар мавзуи илмии тайёру камтар унвон хоҳад-чӣ?? Не, не, намешавад. Аз ҳама хубаш маро ба мақоми ягон сарояндаи ҷавони обрӯманди машҳур гузор. Охир, ин ҳозир беҳтарину сабуктарин навъи бизнесшоу гаштааст. Канӣ як бинем, асрораш дар чӣ бошад?
Хоҳишам дарҳол иҷро шуд. Вале боз аз уҳдаи андаке дар ин мақом истодан ҳам набаромадам. Охир, ин сарояндаҳои навбаромад ҳофиз ҳам худашон будаанду шоиру оҳангсозу танзимгару тарроҳ ҳам худашон. Ман куҷову аз уҳдаи ҳамаи ин “вазифаҳои пурмасъулият” баромадан куҷо?...
- Биё, бас роботҷон! Маро ба ҳамон ҷои оддиву осудаяки худам бубар. Аз вақт пешу аз қисмат беш хостан чӣ лозим? Агар системаатро боқувваттару мураккабтар созаму ба бозори иқтисод бароӣ, бемуҳобо ин курсиҳо худашон ба суроғам хоҳанд омад.
Ба курсии омӯзишиам нишастаму роботи орзуҳоямро ба қисматҳо ҷудо намуда, дар қуттӣ гузоштам. Ҳоло то комил намудани системааш вақти зиёд лозим. Эҳ, афсӯс! Баъди онро пора кардан ба ёдам омад. Кош лаҳзае дар вазифаи шефповари ягон ресторани боҳашаммат мешудаму баъд онро вайрон мекардам. Акнун маҷбурам боз дегчаи шӯрбои бобоиро ба ҷӯшиш орам...

ШАҲДНӮШ

Хонданд 313

Дасте, ки меофарад…

Янв 13, 2018
Диданд: 294

«Хоки мову меҳнат одамро месабзонад» таъкиди падар аст, ки ҳикматашро аз самари нахлу бори боғи бобоӣ рӯзмарра дидаем. Нахли дасти инсон ҳамеша зинатбахшу самаровар будаву ҳаст, агар реша дар санг бошад ҳам, ҷуръаи об ва боду зарраи хоки меҳан месабзонадаш.

Ҳар гаҳ аз бехи чормағзу сафедори гирду бунаи хона чашмаи тозае рӯ мезанад, падар мегӯяд: «Чашми офтоб баромад». Андешаест, ки моҳу офтоб рухи худро аввалан ба оби пок менамоянд. Аз сӯи дигар, ҳар ҷуръаи об барояшон чун нури офтоб азиз асту роҳу равиши корро дар сари обу чиму чашма аз ҳама хуб мефаҳманд ва вақте пайвандон пайравияшон мекунанд, мешунаванд: «Дасти пир гирифтаед - чӣ?». Нахли чормағз дар дили санги сари обшори хонаи амак, ки маркази Душанбешаҳрро макон аст, боз ҳам дарак медиҳад: ҳар куҷо об ҳаст, ободист.
Чанде қабл дар роҳ аз коргоҳ то макони зист ҳолатеро мушоҳида кардам, ки боиси эҷоди ин матлаб гашт. Аслан, дер боз ба мушоҳида гирифтаам, ки ҷойи сафедхоке, ки баъзан дар гулгаштҳо рехта, меҳнати зиёде сарф карда, сӯзанкаҳак мекоранду ду рӯз баъд аз неш задан зарду хушк шуда меравад, кормандони кордон чими шибарзамин оварда, ҷо ба ҷо карда истодаанд. Намедонам ин чимтолҳо аз дашту дамани Варзоб аст, Ҳисор, Вахш ё Файзобод. Вале, яқин медонам, ки сабзаи шибарӣ беҳ аз сӯзанкаҳаку тухми алафи русист. Оне, ки ин чимтолҳои замини сияҳхок аз обмонии саривақтии ходимони роҳкор набз пайдо кардаву рӯ ба сабзишанд, мардум шоҳид. Аммо, ҳоло он мушоҳидаро, ки барои бисёриҳо аҷибу як кори ғайримуқаррарӣ намудаву барои ман амали хайр, баён карданиам. Боз ҳам ҳамон мушоҳидаи роҳи коргоҳ. Дар бинои шафати роҳи коргоҳамон дар Гулистон ҳамеша айвоне ғарқи гул менамуд. Омадани зимистон ҳам дар диёри ҳамешабаҳори мо чандон асар надорад, ки борону нури офтобро дида, ҳанӯз гулҳои паси шишаҳои мардум гулпӯшанд, аз ҷумла ин айвон. Ростӣ, молики ин гулҳову парваришгар кист, намедонам. Вале ба бонувони обу ғизорасони ин гулу гиёҳҳо назари хушбинона дорам. Он рӯз ба соҳиби ин манзилу макон бархе офарин мехонданду баъзеи дигар ҳайрони ин кори ғайримунтазира, ки «об аз балкон?». Гап сари он, ки касе Худоҷӯ аз айвони хона бо воситаи махсус болои чиму гулу гиёҳҳои лаби роҳро шодоб гардонида буд. Ҳар субҳ ин ҷо кормандони зиёди роҳрӯб тозакориву обёрӣ менамоянд. Оё ба онҳо мусоидат метавонад ҷойи ҳайрониву кори ғайримаъмулӣ намояд?
Дар деҳ одати ҳамешагист, ки ҳар субҳ аҳли ҳар хонадон ба қавле чашми рӯз набаромада дару бари ҳавливу роҳи канори хонаашонро об задаву рӯбучин мекунанд. Барои ин кор касе онҳоро маҷбур намесозад. Чаро ин амал барои мардуми шаҳр одати ҳамешагӣ набошад? Озодагии ҳар як кӯчаву роҳу гузар аз мардуми дар он маҳал иқоматдошта сахт вобастагӣ дорад. Ин кор дар гузару ҳавлиҳои заминӣ як кори маъмулист ва мушоҳида мешавад. Аммо, бархе аз сокинони баландошёнаҳо ҳатто тозагиву озодагии атрофи хонаҳои хешро вазифаи ходимони роҳ медонанд. Ҳол он ки, роҳрӯбон муваззаф нестанд, ки то даромадгоҳи ҳар як хона рӯбучин намоянд. Вазифаи онҳо тозагиву озодагии роҳҳои марказист, ки бо имони комил метавон гуфт, холаҳои тозакор ин амали некро аз сидқ анҷом медиҳанд. Шояд аз ҳамин дидгоҳ, ки ободкории атрофу акнофро комилан ба онҳо вогузор кардаем, ин амали «об аз балкон» ҳатто барои бархе роҳгузарон хандахариш менамуд. Субҳ вақте мегузаштам, холаи бо духтараш гулкору марди миёнсоли обчикор хушҳолӣ доштанд, ки корашонро кадом рамузфаҳме хеле сабук гардонидаасту чимтолҳо сабзу дар замин тахт.
Ҳанӯз аз оғози баҳор хуррамгардонии гулгашту боғоти шаҳр дар авҷ буду кормандони роҳҳои пойтахт, хоса гулкорону роҳрӯбон на соатҳои башумор, аз сари субҳ то шом машғули кор буданд. Гулгаштҳои кӯчаву хиёбонҳои шаҳр гувоҳанду барои ман хосатан дигар гузаштан аз бари боғи сарсабзу зебо рӯ ба рӯи фурӯшгоҳи китоби «Килк» ва Маркази омӯзишии «Саманд», ки ҷойи гашти сокинон, хоса волидону наврасон гаштааст, хеле хушоянд аст. Дар ҳоле, ки аз дидаву шунидаҳо, зиёд кишварҳо ба таври сунъӣ бо обёрӣ ба мавзеъҳои марказии шаҳрашон мехоҳанд варзобҷое бисозанд, воқеан ҳам табиати табиии мо ҳазор бор болотар аз ҳамаи ин аст.
Ҳамакнун бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати шаҳрвандон, сокинону меҳмонон ва бахусус ҷавонон дар пойтахт, ҳамчунин бахшида ба Соли ҷавонон Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон» таъсис дода шуд. Дар ин бора қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 29-уми декабри соли 2017 ба тасвиб расид. Бино ба маълумотҳо аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, боғи мазкур дар рӯ ба рӯи шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар масоҳати 13 гектару 74 садяк доман паҳн намуда, дар дохили он 21 суҳбатгоҳ, 2 қаҳвахона, 1 майдони варзишӣ ва 1 картодром бунёд мешавад. Ин тасмим боз ҳам омиле мегардад, то баҳри шукуфоии бештари Душанбешаҳр заминаҳои хубтаре пайдо шавад.
Чун ин боғи фарҳангӣ наздик ба яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар - ДМТ аст, барои донишҷӯён метавонад маркази на танҳо истироҳативу фарҳангӣ, балки маънавӣ бошад. Ёдам ҳаст, ки чун давраи имтиҳонот пеш меомад, баробари рӯ овардан ба китобхонаҳо бо ҳамкурсон даври «Кӯли ҷавонон» гашта, бо ҳам мавзуҳои дарсиро суолу ҷавоб менамудем, то дар хотира хубтар нақш бандад. Аз он рӯзҳо на танҳо маълумот дар хотиротамон ёддошт шуд, балки чун бо дӯстони ҳамкурс Наимаву Мавзуна пешорӯ меоям, ба сони наззораи маҷрои об ёдвораи хуш рӯ мезанад. Ҳар замон, ки бо бародарону пайвандон ин ҷо меоем, хотири давр гаштан атрофи обшору сояи чанор аст. Чанд сол қабл хотири наззораи вазъи боғҳои фарҳангии кишвар ба ин маркази фарҳангӣ ворид шудаму суҳбатам худохоста бо муаллимае ҳамоҳ бо фарзандонаш ва духтаракону ҷавонони донишҷӯи бахши тиббиву технологӣ иттифоқ афтод. Ҳамагӣ аз вазъу ҳолати боғ сухан гуфта, таъкидан як чизро зикр мекарданд: тозаву озода нигоҳ доштани боғ, хоса оби кӯли он. Зеро буданд ҳолатҳое, ки атрофи кӯл зарфи холӣ ё халтаву дигар боқимондаҳои ғизо мушоҳида мешуд. Айни замон, ки ба арзиши об ва покизагии он зиёд арҷ гузошта мешавад, яқинан чунин ҳолат ба назар нахоҳад расид. Табиист, ки боғи «Ҷавонон» маркази фарҳангии ҳама донишомӯзон хоҳад буд. Воқеан, ҳанӯз мушаххас нест, ки ин 21 суҳбатгоҳ чӣ гуна имконоту хизматрасонӣ хоҳанд дошт. Вале, бовармандам хости дили зиёд донишомӯзон мебуд, агар дар ин суҳбатгоҳҳо маҳфилҳои саволу ҷавоб, ҳозирҷавобӣ барои такмили дониш аз ҷониби устодону толибилмони тамоми донишгоҳҳои кишвар роҳандозӣ мегашт. Саволу ҷавобе, ки баробари дастрасӣ ба маълумоти зарурӣ тарғибгари таърих, фарҳанг ва тамаддуни мо бошад. Дигар, дар ободиву озодагии ин макон ба холаҳои гулкорамон итминон дорем. Ахиран, дар зиёд боғоти кишвар бо истифода аз фурсати зимистонӣ, гарчи ҳавои кунунӣ баҳорро мемонад, тармиму таҷдид ва навсозӣ ҷараён дорад. Барои ман хосатан таваҷҷуҳбарангез аст, ки боғи кӯдакону наврасон бо чӣ тарҳи наве нумӯ меёбад. Зеро хушҳолии кӯдакон нишоти дунёст. Тибқи эълонномаҳо, мебояд боғи мазкур дар наздиктарин фурсат бо ободкориҳо боз шаваду аминем, Наврӯзу баҳор он макони дилхушии кӯдакон хоҳад буд. Айни замон дар дилхоҳ боғоти кишвар барои кӯдакону наврасон имконоти сайру фароғат дар назар дошта шудааст.
Воқеан, вақте боғи хушманзари пойтахт - «Ирам» ба истифода дода шуд, шоҳид будам, ки аз навоҳӣ ба ин ҷо тамошогарон меомаданд. Вале на ҳамеша барояшон хостаҳо амалӣ мегашт. Зеро, маъмулан шанбеву якшанбе рӯзи истироҳат дар назар дошта меомаданду гоҳе дари боғ баста. Бо хонаводае аз Регар дар дари ин боғ суҳбат низ доштам, ки дар чунин ҳолат афтода буданд ва дархосташон ин буд, то оид ба фаъолияти боғоти фарҳангӣ тариқи расонаҳо иттилоъ пахш шавад. Чун соли равон аз аввали соли ҷорӣ то моҳи ноябр дар тамоми боғҳои кишвар рӯзҳои шанбе ва якшанбе барномаҳои фарҳангӣ ташкил карда шуд, яқинан, хостаҳои дили мардум як андоза амалӣ гашт. Итминон аст, ки соли равон боғҳои фарҳангиву фароғатии кишвар руҳбахши мардум ва болобарандаи фарҳангу маънавиёти насли наврасу маърифатомӯз хоҳанд буд.
Ногуфта намонад, ки дар саҳифаи интернет бахши иттилоотие бо нишонии https://mgis.tj/tj пайдо гашт, ки дар хусуси қароргоҳи марказҳои маъмуриву маданӣ ва фарҳангии кишварамону сохтору соати фаъолияташон бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маълумот медиҳад. Аминем, ки расонаҳои кишвар ва ин гуна сомонаҳо мусоидатгари дастрасии омма ба марказҳои фарҳангие бо имоконоту шароити хеле хуб хоҳанд буд.

Зулолаи НУР

Хонданд 294

Чаро худро мекушем?

Янв 13, 2018
Диданд: 473

Афзоиш ва авомили худкушӣ

Мувофиқи гузориши Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, ҳамасола дар олам 800 ҳазор одам аз амали худкушӣ ҷони худро аз даст медиҳанд ва тибқи дигар оморҳо дар ҳар 40 сония як нафар ба ҷони худ қасд мекунад. Бино ба иттилои созмони мазкур, худкушӣ дуюмин омили марги инсоният дар олам гаштааст. Дар соли 2012 аз миёни ашхоси худро ба марг расонида, теъдоди зиёдро наврасону ҷавонони синну соли аз 15 то 29-сола ташкил додааст.

То солҳои 1970 ин падида бештар миёни пиронсолон ба назар мерасидааст, аммо шуруъ аз соли 2012 инҷониб бештар ҷавонон ба ин амал даст мезананд. Ағлаби онҳое, ки ба ҷони худ қасд мекунанд, мардонанд ва ҳар сол аз 10 то 20 миллион нафар кӯшиши қатли нафси хеш мекунанд. Оморҳои расмӣ нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон соли 2015 ҳудуди 692 нафар ба ҷони худ қасд карда, аз ин теъдод 520 нафарашон ба ҳалокат расидаанд. Мувофиқи оморҳои расмӣ дар Тоҷикистон ҳар рӯз як нафар ба ҷони худ қасд мекунад. Иброҳим Қурбонмадови 27-сола, ки 27-уми декабри соли 2017 дар назди рӯдхонаи Душанбе худро кушт, мисоли рӯшан буда, ҷомеаи моро бештар аз пештар нигарон мекунад. Равоншиносон ва ҷомеашиносон яке аз сабабҳои умдаи ин падидаро ба ҳолатҳои равонӣ нисбат медиҳанд, ки ба қавли эшон 90 дарсади қотилони нафс ба ҳолати равонӣ дучоранд. Инчунин, вазъи нохуби иқтисодӣ, раванди давомдори муҳоҷирати меҳнатӣ, истифода бурдани баъзе доруҳо, анҷом додани ҷиноятҳои сангин, муътод гаштан ба маводи мухаддир, бекорӣ, мубтало гаштан ба қарз, аз ҷомеа канор рафтан ва гӯшанишиниро интихоб намудан, инчунин ҳолатҳои тиббӣ, ки миёни амали худкушӣ ва мушкилоти тандурустӣ иртиботи зич дорад, мебошанд. Кишваре, ки бештари аҳолии он аз ҳисоби бемориҳои ҷисмонӣ даст ба худкушӣ мезананд, Ҷопон мебошад. Ба андешаи равоншиносон воситаҳои ахбори омма низ, махсусан, Интернет метавонад боиси интишор намудани падидаи худкушӣ гардад. Чун тавассути Интернет роҳҳои мухталифи қатли инсон ба намоиш гузошта мешавад ва ҷавонон тавассути Интернет роҳҳову василаҳои мусоиди ин амалро меомӯзанд. Ин андеша ва хулосаҳои аксари равоншиносону донишмадони дунё мебошад, ки аз ҷумлаи асбобу авомили худкушӣ унвон мегарданд. Аммо коршиносону мутахассисони улуми динӣ таъкид мекунанд, ки набояд омилҳои зикргардида дар самти худкушӣ маҳаки асосӣ бошанд, гарчанде ки онҳо ба асбобияти нисбӣ будани авомили боло бовар доранд. Уламои дин дар ин радиф андешаи дигар низ доранд, ки дар поёни матлаб зикр хоҳем намуд.

Худкушӣ дар ҳама динҳо ҷиноят аст

Дар Афинаи қадим касе ҳуқуқ надошт, бидуни мувофиқаи давлат даст ба амали худкушӣ бизанад, агар ин корро мекард, ӯро дафни одӣ намекарданд ва нисбаташ баъди марг эҳтиром гузошта намешуд. Чунин шахсро аз шаҳр берун ва танҳо дафн мекарданд ва ба қабраш аломате намегузоштанд. Дар Рими қадим дар ибтидо худкушӣ амали ҷоиз буд, баъдан бо сабаби масрафҳои иқтисодӣ, ки барои худкуштагон харҷ мегардид, мамнуъ ва ҷиноят эълон карда шуд. Людовики чорум, чордаҳум подшоҳи Франсия соли 1670 барои ҷазои ин амал қарор содир намуд, ки ҷасади шахси худкуштаро ба замин сарозер карда, дар атрофи шаҳр чанд маротиба давр медоданд, пасон ӯро пора мекарданд ва ё дар партовгоҳ мепартофтанд. Гузашта аз ин, тамоми дороии он шахсро баъди маргаш мусодира мекардаднд. Дар дини Яҳуд худкушӣ ҷиноят маҳсуб гардида, пайравони он кам ба ин амал даст мезананд, чун ҳадафи ниҳоии онҳо зиндагии дунёист ва намехоҳанд аз ин ҳаёт ба зудӣ канда шаванд. Ин андеша дар Қуръон зикр гардидааст ва асоси илмӣ дорад. Дар дини масеҳӣ низ худкушӣ ҷиноят маҳсуб мегардид ва анҷомдиҳандаи ин амалро ҷазоҳои мухталиф интизор буд. Агар нафаре аз муътақидон ва пайравони дини масеҳӣ кӯшиши худкушӣ мекард, ҷазояш ин буд, ки ӯро аз калисо меронданд ва барои вуруди ибодатгоҳ дигар ҳуқуқи маънавӣ пайдо намекард. Аммо онҳое, ки пас аз даст задан ба амали худкушӣ ҳалок мегаштанд онҳоро низ ҷазои баъдимаргӣ медоданд ва аз қабристонҳои муқаддас берун дафн мекарданд. Дар охирҳои асри 19 дар Британияи Кабир сӯиқасд ба ҷони худ баробари сӯиқасд ба ҷони дигарон буд ва ҷазои соҳиби ин кирдор ин буд, ки ба дор овехта мешуд. Аммо дар Аврупо амали худкушӣ ҳамчун як кори хато унвон мегашт, ки дар асри 19 аз амали хато ба дараҷаи амали маҷнуну девона табдил ёфт. Бояд гуфт, ки дар қазияи мазкур миёни адёни дунё ва равияҳои мухталиф, мавқифи муътадил ва мантиқиро дини Ислом гирифтааст. Қонуни Ислом мисли қавонини адёни дигар шахси ба ҷони худ сӯиқасдкунандаро ҷазо намедиҳад, балки насиҳат ва фаҳмондадиҳӣ мекунад. Оне, ки дар натиҷаи ин амал мурдааст, мурдаро дар ин дунё низ ҷазо намедиҳад, балки ӯро бо икрому эҳтиром ҷаноза намуда дафн мекунад. Бо принсипи илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ амал намуда, одамонро ба ҷазои ухравӣ бештар ваъда мекунад, то дар дунё ба ин амали ваҳшатнок даст назананд. Шояд аз ин дидгоҳи назар аз олимону донишмандони дин ва пайравони он кам афродеро метавон дарёфт, ки ба худкушӣ даст зада бошанд. Мо бисёр шахсиятҳои маъруфу машҳури оламро мешиносем, ки бо вуҷуди илму маърифати андӯхта даст ба қатли хештан задаанд. Эрнест Милле, нависанда ва журналисти амрикоӣ, ки соли 1961 бо тапонча ба сари худ паррондааст, Адолф Гитлер, сиёсатпеша ва фармонравои олмонӣ, ки соли 1945 бо тапонча ва ё тавассути дору худро ба ҳалокат расонидааст, Исмоил Адҳам, нависандаи мисрӣ, ки худро соли 1940 ба баҳри Искандария андохт ва ҳангоме ҷасади ӯро пайдо карданд, аз ҷайбаш номае дарёфтанд, ки навишта, аз рӯияъсу ноумедии зиндагӣ худро куштааст. Соли 1982 артиши исроилӣ қисмати ҷануби Лубнонро иҳота мекунад, ки яке аз шоирони маъруфи ин кишвар Халил Ҳовӣ дар Австралия қарор дошта, аз шунидани ин хабар ғаму андуҳи зиёд фаро мегирадаш ва ноумедӣ маҷбураш мекунад, ки ҳаёти худро ба поён расонад. Мерлин Монро, Майкл Ҷексон, Тайсир Сабул Адиби Урдунӣ, Ҷозеф, Айман Сувайдӣ, Арво Солеҳ, нависандаи мисрӣ, Далида, сарояндаи Фаронса, Дипендра валиаҳди Непал, ки ҳама аҳли оилаашро оташ зада пасон худашро мекушад. Робин Уилямс, ҳунарпешаи амрикоӣ, соҳиби ҷоизаи Оскар, бо тасмаи шимаш худашро овехтааст. Ба ғайр аз инҳо метавон теъдоди зиёди шахсиятҳои маъруфу машҳурро номбар намуд, ки бо вуҷуди фароҳам будани тамоми шароити зисту зиндагӣ, ба ин амал даст задаанд.

Ислом ва худкушӣ

Худованд бандагони мусалмонашро аз қатли нафс қатъан манъ мекунад. Ин баробар аст, ки худашро бикушад, ё каси дигарро. Аммо қатли хештан ҳамоно мудҳиштар ва расвотар унвон мегардад. Худованди бузург гуфтааст: “Ва худатонро накушед, чунки Худованд нисбати шумо бениҳоят бораҳм аст”.
Бояд гуфт, ки ба андешаи уламои Ислом худкушӣ аз ҷумлаи гуноҳони кабира маҳсуб гардида, паёмбари Худо (с) анҷомдиҳандаи ин корро азобҳои алиму дарднок ваъда додааст. Чунки худкушӣ қатъ намудани ҳаётест, ки Худо онро ба инсон ато мекунад ва танҳо Ӯ ба гирифтанаш ҳуқуқ дораду бас. Аз ин дидгоҳ метавон гуфт, ки ҳаёт моли инсон нест, балки амонати илоҳӣ мебошад. Худкушӣ аз заъфу сустии имон ва сатҳи пасти динӣ сар мезанад. Чунки муъмини ҳақиқӣ ба худкушӣ ҳаргиз иқдом намекунад, гарчанде, ки мусибатҳову сахтиҳо ва мушкилоти дунё болои ӯ ҳуҷум кунанд. Балки шахси мусалмон дар ин ҳолати сахтӣ сабрро пеша мекунад, талаби аҷру подош менамояд ва ба паёмбарони илоҳӣ пайравӣ мекунад, чун эшон бештарин мардуме буданд, ки онҳоро Худо ба имтиҳону балоҳо ва мушкилоту сахтиҳои дунё гирифтор намуда буд. Аммо ҳеҷ яке аз онҳо ба амали худкушӣ даст назадаанд. Инчунин, муъмин дарк мекунад, ки дунё худ макони балову имтиҳон ва мушкилот аст ва бояд аз имтиҳоноти дунё, ки пуле барои расидан ба ҳаёти ҷовидонӣ аст, сарбаландона гузашт. Баҳри дарки ин мақсад чанде аз аҳодиси саҳеҳи паёмбари Худоро, ки дар мавриди худкушӣ зикр гардидаанд пешкаши хонанда мекунем.
Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки расули Худо (с) гуфтаанд: “Ҳар ки бо заҳр худро мекушад, дониста бошад, ки абадан дар ҷаҳаннам заҳр мехӯрад. Ва ҳар ки худро бо олоти оҳанин бикушад, дониста бошад, ки абадан дар ҷаҳаннам бо он оҳан дар шиками худ мезанад. Ва ҳар ки худро аз баландии куҳ ба поён партояд, дониста бошад, ки абадӣ дар ҷаҳаннам худро аз баландиҳо мепартояд. Ва ҳар ки худро дар дунё бо оташ мекушад, дониста бошад, ки абадӣ дар ҷаҳаннам худро ба оташ месӯзонад. Ва ҳар ки худро ба дор меовезад, дониста бошад, ки абадӣ дар ҷаҳаннам низ худро меовезад” (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).
Аз Собит ибни Заҳҳок ривоят аст, ки расули Худо (с) гуфтаанд: “Ҳар ки дар дунё худашро бо чизе мекушад, бидонад, ки дар рӯзи қиёмат бо ҳамон олат азоб карда мешавад” (Ривояти Абудовуд).
Аз Алӣ ибни Шайбон ривоят аст, ки расули Худо (с) гуфтаанд: “Ҳар ки дар болои хонае хоб мекунад, ки сақф ва монеае надорад, ки қадамҳои инсонро аз афтидан ҳифз кунад ва ӯ афтаду мирад, бе шубҳа аҳди ӯ бо Худо канда мегардад ва ҳар ки бо дидани талотуми амвоҷи баҳр ба киштӣ менишинаду мемирад, низ аҳди бандагияш бо Худо қатъ мегардад”.
Аз Ҷундуб ибни Абдуллоҳ ривоят аст, ки расули Худо (с) фармудаанд: “Қабл аз шумо як марде буд, ки дар дасташ ҷароҳате зуҳур намуд. Ӯ аз ин ҷароҳат нороҳат ва беқарор гашта, кордеро гирифта макони он ҷароҳатро бурид. Дар натиҷа аз хунравии зиёд он мард ба ҳалокат расид. Пасон Худованд нидо фармуд, ки ин бандаи ман шитоб намуду пеш аз ман ҷони худро гирифт ва ман ҷаннатро барои ӯ ҳаром гардонидам” (Ривояти Бухорӣ).

Ба ҷои хулоса

Бо такя ба аҳодиси боло ва андешаҳои соҳибназарон, метавон хулоса намуд, ки сабаби асосии амали худкушӣ дур мондан аз эътиқодоту арзишҳои динӣ мебошад. Ин хулосаи ниҳоиро аз ҳаёти миллатҳои бедине, ки дар кураи замин ба сар мебаранд, бароварда метавонем. Чун аз ҳама бештар онҳо ба ин амал даст мезананд ва ин гувоҳи он аст, ки заъфи диндорӣ ва масофа гирифтан аз арзишҳои волои динӣ, яке аз сабабҳои асосии худкушӣ мебошад. Ҳатто дар дунё баъзе ҷомеаҳое вуҷуд доранд, аз қабили ҷопониҳо ва сокинони шимоли Эскимос, ки ҷашнҳои махсус барои нафарони худкуш барпо мекунанд ва тавассути расонаҳо мехоҳанд ин кори худро дар миёни ҷавонон интишор диҳанд. Онҳо худкуширо баҳри вафо ба ишқ, талаби шарафмандӣ ва фидокорӣ барои дигарон қаҳрамонӣ унвон намуда, аз ҷумлаи арзишҳо меҳисобанд. Ин дар ҳолест, ки ташвиқу тарғиб намудан ба худкушӣ ҷиноят маҳсуб гардида, дар бештари кишварҳо барои ин амал ҷазо муайян гардидааст, аз ҷумла ҳукми қатл низ дода мешавад. Айни ҳол дар қонунгузории Судон барои тарғиби дигарон ба худкушӣ қонуни ҷазо муайян гардидааст, ки тибқи он анҷомдиҳандаи ин кор ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Абдулваҳҳоби АБДУЛМАННОН

Хонданд 473

Оростаи Ниёз яке аз чеҳраҳоест барои бисёриҳо ошно. Дар мавриди ӯ мақолаҳои зиёде нашр шудаву худи ӯ низ муаллифи чанд китобест.


Ороста хеле ҷавон аст, ҳамагӣ 26 сол дорад, аммо ба қавле, аллакай талхиҳои зиндагиро чашидааст. Аввалин вохӯрию суҳбати мо дар муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак (МИ №3/8) ду сол қабл баргузор шуда буд. Он замон ҳам дар лабони Ороста табассум буд, аммо дар чашмонаш андуҳ. Мо тӯлонӣ суҳбат кардем. Ӯ дар бораи лаҳзаҳои хубу бади зиндагиаш то зиндону дар зиндон нақл карду оид ба нақшаҳояш бо мо қисса намуд.
- Давоми 5 соли дар зиндон буданам, албатта рӯзҳои хуб ҳам буданду рӯзҳои сахт низ. Новобаста ба он, ки дар ин муассиса ҳама муносибати хуб доранд, пушти панҷара будан хело дарднок аст. Он қадар дарднок аст, ки бо сухан иброз карда намешавад,- гуфта буд Ороста.
Имрӯз Ороста яке аз духтарони муваффақ аст. Феълан ӯ дар Амрико кору фаъолият мекунад. Чӣ тавр ӯ тавонист баъди «шикастаболӣ» дубора ба по рост хезад, аз ӯ пурсон шудем.
- Ростӣ, дар мавриди зиндон суҳбат кардан намехоҳам, аммо танҳо ҳаминро гуфта метавонам, ки вақте инсон зиндонист, ҳаққи овози худро дар ҷамъият аз даст медиҳад.
Ягона хушбахтии ман дар он буд, ки замони паси панҷаро буданам, аввалин китобам бо номи «Панҷаи нарми шамол» бо дастгирии собиқ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шуд.
Баъди раҳоӣ аз пушти миллаҳои зиндон, чор китоби дигарам бо номҳои «Аз сафари гиристанҳо», «Муҳаббат бозмегардад», «Ман намемирам» ва «Даст бар захми куҳнаам магзор» рӯйи чоп омаданд. Ду китоби охирам дар Амрико нашр шуданд.
Пешгуфторҳои китобҳоямро маъруфтарин нависандаҳо ва шоирон, амсоли Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, Масъуди Сипанд, Раҳматуллоҳ Раҳимӣ ва Дориюш навиштанд, ки боиси сарафрозии банда аст.
- Вақте бори аввал ба озодӣ баромадӣ, баъди ин муддати тӯлонӣ, чӣ эҳсосе туро фаро гирифт?
- Замоне зиндонӣ шудам, ҳеҷ бовар надоштам, ки ба озодӣ мебароям, чун ҳолати руҳафтодагӣ ва ноумедӣ инсонро хеле пахш мекунад. Ҳар замоне дар назди чашмонам як зане дунёро падруд мегуфт, умедам аз озодӣ боз ҳам аз ман дуртар мерафат. Дар ин ҳама мушкилӣ, падарам маро дастгирӣ мекард, ҳар боре ба дидорбиниам меомад, дилбардориам карда мегуфт, ки бояд бо рағми ин ҳама мушкилию ноадолатиҳо устувор бошам.
Эҳсоси тасвирнашавандае маро фаро гирифт, вақте аз дари зиндон озод шудаму аз ҳавои озодӣ нафас кашидам…
- Агар ҷойи пӯшида нест, кӣ ва чӣ тавр роҳи туро ба Амрико кушод?
- Дар зиндагӣ ду чиз барои ҳар як инсон хеле муҳим аст. То замони зиндон шудан, ман дар курсҳои забонӣ (англисӣ ва русӣ) мехондам. Ва ҳатто дар маҳбас ҳам курсҳои омӯзишӣ буданд, аз қабили курсҳои компютерӣ, дӯзандагию пазандагӣ ва машшотӣ (ороишгари мӯй) ва ман ҳамаи ин курсҳоро низ хондам ва ҳатто шаҳодатнома ҳам гирифтам. Яъне дониш яке аз калидҳои асосӣ барои роҳкушоӣ ба сӯйи муваффақият аст.
Дуюм чизи зарур барои расидан ба мақсад - кӯмаки наздикон, агар ҳатто моддӣ ҳам натавонанд, кӯмаки маънавӣ хеле муҳим аст. Дар мисоли ман, бароям падарам кӯмак карданд, ки ба Амрико сафар кунам. Дар ин ҷо дӯстони зиёд пайдо кардам ва имрӯз шукр аз он мекунам, ки як тиҷорати хурд ҳам дорам ва зиндагиамро пеш мебарам.
- То ҷое огоҳам, дар суҳбати қаблиамон гуфта будӣ, ки баъди ба озодӣ баромадан, он донишу малакаеро, ки дар курсҳои омӯзишӣ (дӯзандагӣ, қаннодӣ) дар маҳбас аз худ карда будӣ, барои пешрафти зиндагиат истифода мекунӣ. Ва ҳатто нияти кушодани як коргоҳи дӯзандагӣ ҳам доштӣ. То чӣ андоза нақшаҳоятро амалӣ кардӣ?
- Ман дар Амрико дар як кошонаи хурде бо ҳашт нафар кор мекунам, тарзи корбурди онро ҳам аз муассиса омӯхта будам. Ҳоло банди китобе ҳастам, ки рӯзҳои наздик бо ду хат (кирилӣ ва форсӣ) нашр мешавад.
- Чӣ нақшаҳо дорӣ ва ба дигар духтарони ҷавон, бонувоне, ки ҳамтақдири ту буданд, чӣ гуфтан мехоҳӣ?
- Нақшаҳо хеле зиёданд. Мехоҳам, ки дар Ватан як китобхонаи хурдакаке аз китобҳои худам боз кунам. Ба дигарон таманно дорам, ки ҳеҷ гоҳ даст ба ягон ҷурме назананд, то аз умри худ солҳои беҳтаринашро паси панҷара нагузаронанд.


М. НОЗИМӢ


Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Ҳимояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда дар Тоҷикистон», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии Олмон оид ба рушд ва ҳамкории иқтисодӣ маблағгузорӣ мешавад, ба табъ расидааст. Мундариҷаи маводи мазкур мояи масъулияти муаллиф буда, ифодагари нуқтаи назари маблағгузорон намебошад.

Хонданд 539

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.