.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҷомеъа

Парвандаи қалбакӣ

Фев 24, 2018
Хонданд: 970

Собиқ раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон чӣ тавр “говсуд” шуд?

Парвандаи Сайфиддин Назарзода шабоҳатҳое ба “хон”-ҳои Рустаму Исфандиёри “Шоҳнома” дорад. Танҳо фарқ ин аст, ки агар заминаҳои пирӯзии ҳақиқат ва адолати қаҳрамонони устураӣ ба салоҳдиди Фирдавсии бузург буд, мағлубияти собиқ раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистонро на қонунгузорӣ, балки воқеиятҳои талхи низоми адолати судӣ дар Тоҷикистон муайян карданд. Аз ин хотир, бо тамоми ҳақиқате, ки Сайфиддин Назарзода дошт, ҳеҷ ба адолат нарасид...
Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон (МТЖТ) парвандаҳои баҳсангези зиёдеро дидаву таҳқиқ кардааст, аммо он чӣ ҳангоми пайгирии ин парванда ошкор шуд, болотар аз як “кашфиёт” дар низоми адолати судии Тоҷикистон аст. Шояд ягона парвандае бошад, ки ҳеҷ кадом ваҷҳаш асос надорад ва ягон гуноҳаш исбот! МТЖТ ҳуқуқи маънавии гузаштан аз канори онро надошт...

28-уми сентябри соли 2017 Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сайфиддин Назарзода, собиқ мудири Китобхонаи миллиро ба пардохти 12,5 ҳазор (ҳудуди 1,5 ҳазор доллар) ва қудои ӯ - Тоҷиддин Ҳабибуллоев, як собиқадори меҳнатро ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима кард. Ҳарду аз рӯи моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон - риоя накардани қонунгузории танзими анъана ва ҷашну маросимҳо гунаҳкор дониста шуданд. Аммо ҳарду худро айбдор нашумурда, парвандаро “сохта” ва баррасии онро “ғайримунсифона” хонданд. Ба Суди шаҳри Душанбе шикоят бурданд, ки қарорро тағйир надод. Аризаи онҳо ҳоло дар Суди Олии Тоҷикистон баррасӣ мешавад...
Қисса ба соли 2017 бармегардад. 29-уми июл дар тарабхонаи “Сарез”-и шаҳри Душанбе оши никоҳ ва 30-юми июл дар тарабхонаи «Шоира-люкс» базми тӯйи арӯсии писари Назарзода - Фирдавс ва духтари Ҳабибуллоев - Ҳусноро баргузор шуд. 1-уми август Назарзодаро ба Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия (минбаъд - Агентӣ) даъват карда, ӯро ба нақзи Қонуни танзим муттаҳам карданд. Он ҷо ӯ фаҳмид, ки қудояшро низ ба ҷавобгарӣ кашидаанд...
Аз ҳамон рӯз то ба ҳол, Сайфиддин Назарзода, вакили маҷлиси шаҳри Душанбе, доктори илми филология, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳо, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур омадааст, ки дар ба дари мақомот гашта, на фақат бегуноҳӣ, балки сохтакорӣ будани парванда алайҳи худро исбот кунад.

“Сари калоба”
Ин парванда аз як санади хурде шуруъ мешавад, ки 29-уми июл (дар асл 1-уми август) бо имзои ду масъули агентӣ - Парвиз Одинамаҳмадзода, сарнозир ва Ҳасан Розиқзода, нозири калони Сарраёсати пешгирии коррупсия, ҳамчунин ду иштирокчӣ - Ҷамшед Қодиров ва Фахриддин Ҷумаев (сокинони шаҳри Душанбе) тартиб дода шудааст. Дар ин санад омадааст, ки ҳангоми гузаронидани маъракаи оши никоҳи фарзандаш Сайфиддин Назарзода 40 кг биринҷ андохта, зиёда аз 300 меҳмонро аз соати 8:00 то 11:00 қабул намудааст. Бино ба он, тамоми маҳсулоти оши никоҳ ва ҳаққи хизмати тарабхонаи «Сарез»-ро худи Сайфиддин Назарзода пардохт карда, аммо иҷозатномаи маърака ба номи қудояш Тоҷиддин Ҳабибуллоев гирифта шудааст.
Ҳамин тавр, Сайфиддин Назарзода ва қудояш барои нақзи моддаи 10-и Қонуни танзим муттаҳам шуданд. Агентӣ барои собит кардани ин иттиҳом баёноти Бухорӣ Аҳёев, маъмур ва Аҳтам Насриддинов, ошпази тарабхонаи «Сарез» ва ҳам сабти видеоӣ аз маъракаро замима карда, 3-юми август санадро ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон (минбаъд - Кумитаи дин) - нозири асосии иҷроиши Қонуни танзим пешниҳод кард.
Кумитаи дин низ ба умқи мавзуъ нарафт. Бар асоси бандҳои 1 ва 2-и моддаи 84-и Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон (минбаъд - КМҲМ) протокол ва қарор бароварда, парванда боз кард. 8-уми августи соли 2017 телевизиони Тоҷикистон дар пайи Агентиву Кумитаи дин низ бидуни ҳеҷ мӯшикофӣ ва ҳалномаи суд як гузоришеро пахш карда, дар он Сайфиддин Назарзода, як чеҳраи оммавиро ба нақзи Қонуни танзим муттаҳам намуд.
Ба хотири дифоъ аз шаъну шараф ва эътибори шахсӣ Назарзода ба раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон мактуб навишт. Аммо кор ранги дигар гирифт. Назарзода мегӯяд: “Рӯзи 15-уми август ёрдамчии Президент оид ба кадрҳо ба ман занг зад, ки соати 10:00 дар толори умумӣ кормандонро ҷамъ кунам. Асадулло Раҳмон, сарвари шуъбаи кадри Дастгоҳи Президент ва Абдусалом Мирализода ба Китобхона омаданд. Асадулло Раҳмон ҷаласаи кӯтоҳе гузаронд, сипас амри Президент дар бораи барканории банда ва таъини Мирализода ба ҳайси мудирро эълон кард. Аз камбудиҳои Китобхонаи миллӣ танҳо аз чанд дарахте гуфт, ки гӯё аз бефаъолиятии банда хушк шуда бошанд. Ин ниҳолҳоро аз Боғи Рӯдакӣ хушк оварда буданд, ки дар ҷойи нав сабз нашуданд. Санади зарурии онро ҳам таҳия карда будем. Ба банда сухан доданд. Аз роҳбарият ва махсусан Президенти кишвар ташаккур ва аз кормандон хоҳиш кардам, ки роҳбари нави Китобхонаи миллии Тоҷикистонро дар татбиқи сиёсати фарҳангии ҳукумат дастгирӣ кунанд. Ин як ҳодисаи ногаҳонӣ буд. Аввал даступо хӯрдам. Қариб ду ҳафта сари калобаи худро гум кардам...”.
Дар асл ин зарбаи дуюм ба Назарзода буд. Ӯ ҳанӯз ҳам дарк намекард, ки чӣ мегузарад. Агентӣ кори худро анҷом дод. Кумитаи дин жарф нарафт. Назарзода ҳамоно бар ин буд, ки ин як сӯитафоҳум аст. Охирин умедро ба суд баст. Профессор намедонист, ки “армуғону муъҷизаҳо” ҳанӯз дар пешанд.

“Вакили халқ”
Як вакили дифоъ ба номи Зафар Ҳафизовро ба парвандаи худ ҷалб кард. Аммо мавсуф пас аз ҳамон рӯзи мурофиаи аввал дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ғайб зад. То ҳол хабаре аз ӯ нест. Назарзода маҷбур шуд худ худро ҳимоят кунад. Судя Хуршед Исозода ба ӯ иҷозаи ошноӣ бо сабтҳои видеоии Агентиро надод, ба ин далел ки ҳама наворҳо аз тӯйи худи ӯянд. Судя баъди ду мурофиа огоҳ шуд, ки Назарзода вакили халқи Маҷлиси шаҳри Душанбе аст ва инро Агентӣ ва Кумитаи дин намедонистаанд! Парвандаро ба Кумитаи дин баргардонд. Азизулло Мирзозода, муовини раиси Кумитаи дин, иштибоҳи худу кормандонашро ба сари Назарзода зад, ки огоҳ накардааст: тибқи Қонун ҳар парвандаи марбут ба вакили халқро прокуратура баррасӣ мекунад!
Ин ҷо “роҳ”-и қудоён ба суд ҷудо шуд. Парвандаи Ҳабибуллоев дар Кумитаи дин монд ва кори Назарзода ба прокуратура рафт. Кумитаи дин парвандаи Назарзодаро ба Прокуратураи шаҳри Душанбе, ахирӣ ба Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ фиристоданд. Ин ҷо қонун ҳам нақз шуд: баррасии парвандаи вакили халқи шаҳрро бояд прокуратураи шаҳр, на ноҳия анҷом диҳад.
Бо ин вуҷуд, Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ корро ҷиддӣ гирифт, аз ҷумла далоили 40 кило ош ва баёноти шоҳидонро рад кард. Дуввум нуктае, ки прокуратура таваҷҷуҳ кард, муҳлати тартиб додани протокол буд. Онро на 29-уми июл (рӯзи тӯй) ё се рӯз баъди он (тибқи талаботи моддаи 84-и КМҲМ), балки 7-уми август - 10 рӯз пас омода карданд! Дигар ин ки, ҳангоми омода кардани протокол намояндагони Кумитаи дин бояд ширкат мекарданд (тибқи моддаи 118-и КМҲМ, салоҳияти омода кардани ҳуҷҷату асноди нақзи Қонуни танзимро фақат Кумитаи дин дорад), ки дар мавриди мо - тартиб додани санади нақзи қонун - дар тӯйи Назарзода умуман ҳузур надоштанд ва идораи масъули назорати қонун ин корро 10 рӯз пас кард!
Агентӣ илоҷи корро ёфт. Ба прокуратура 53 акс аз маъракаро ҳамчун далел пешниҳод намуд, ки гӯё қонуншикании Назарзодаро исбот мекарданд. Хилофи интизор прокуратураи ноҳия онҳоро асос намуда, маводро такмил дод ва ба Прокуратураи шаҳр фиристод. Ахирӣ ҳам зуд қарор қабул кард ва маводро ба суд таслим намуд. Ҳамзамон ба муроҷиати Назарзода дар ин маврид, ки Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳам ба тақаллубкорӣ ҳамроҳ мешавад, чашм пӯшид.
“Охирин умеди мо ба суд буд, аммо он чӣ дар суд иттифоқ афтод, комилан дасту дили моро аз адолати судӣ шуст,- мегӯяд Сайфиддин Назарзода.- Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе амалан қонуншиканиҳои Агентӣ, Кумитаи дин ва Прокуратураи шаҳри Душанберо қонунӣ кард...”.

“Амалиёти фаврӣ - ҷустуҷӯӣ”
Инак, суд чиро ба назар нагирифт, ки адолати судӣ таъмин нашуд? Аввал, собит карда натавонист, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сурат гирифтааст. Дуюм, рӯйрост ба ин чашм пӯшид, ки на Сайфиддин Назарзода ва Тоҷиддин Ҳабибуллоев, балки мақомот - Агентӣ, Кумитаи дин ва прокуратура ҳуқуқи инсонии онҳоро барои баргузор кардани маърака поймол кардаанд. Чӣ тавр?
Бахтиёр Насруллоев, вакили дифоъи Назарзода ва Ҳабибуллоев, мегӯяд, парванда бо нақзи қонунгузорӣ ва бар асоси ҳамон тахминҳое, ки аз сӯи Агентӣ пешниҳод шуданд, шуруъ шуда, мақомоти баъдӣ - Кумитаи дин, прокуратура ва суд аслан ба онҳо чашм пӯшиданд: “Бубинед, корманди Агентӣ дар суд гуфт, ки 29-уми июли соли 2017 дар тарабхонаи “Сарез”, яъне ҳангоми маъракаи оши никоҳ, на рейд, балки амалиёти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ гузаронданд. Ин чӣ маъно дорад? Рейдро мақомот алайҳи шахсони номуайян ва холисонаву ошкоро, на махфӣ мегузаронанд, масалан, барои муайян кардани истифодаи ғайриқонунии мошинҳои хизматӣ, ё шишасиёҳ. Барои ошкор кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, нақзи қонунҳои андозу фаъолияти аудиторӣ ва ғайра ҳам, санҷиш ва амалиётҳои тафтишотӣ ошкоро гузаронида мешаванд. Аммо амалиёти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ, тибқи моддаи 1-и Қонуни фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ, махфӣ ва танҳо барои ошкор кардани таҷовузҳои ҷинояткорона гузаронида мешавад. Қонун барои ошкор кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ амалиёти фаврӣ - ҷустуҷӯии махфиро пешбинӣ накардааст”.
Ба қавли вакили дифоъ, ҳолатҳои кор, нишондодҳои корманди Агентӣ дар мурофиаи судӣ, наворҳои видеоӣ ва суратҳо пурра махфӣ ва ғайриқонунӣ анҷом шудани ҷараёни ошкор кардани “қонуншиканӣ”-ро собит мекунанд. Аз ҷумла, кормандони Агентӣ 1) ба тӯйхона махфӣ ворид мешаванд; 2) худро ба соҳибони маърака шинос намекунанд; 3) махфӣ маъракаро ба навор мегиранд; 4) як гуруҳ комилан нохонда, аз ҷумла шахси холис ва шоҳидонро бо худ ҳамроҳ меоранд; 5) дар қатори меҳмонон нишаста, ош мехӯранд... Ҳол он ки, тибқи талаботи моддаҳои 7 (банди 6), 13 (қисми 1) ва 21-и КМҲМ онҳо ҳуқуқ доштанд ошкоро вориди маърака шуда, худро шинос кунанд ва озодона навор гиранд, яъне парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро беғараз ва ошкоро таҳия кунанд.
Ҷараёни пешбурди ғайриқонунии парванда, ба қавли вакили дифоъ, заминаи ғайриқонунии таҳия шудани санад аз сӯи кормандони Агентиро фароҳам сохт. Ба қавли ӯ, ҳангоми таҳияи санад, “ҳуқуқвайронкунандагон” ё “қонуншиканон” - Ҳабибуллоев ва Назарзода иштирок накарданд, яъне санад ҳам махфиёна ва аз роҳи сохтакорӣ тартиб дода шуд: “Сохтакорӣ аз ин ҷо бармало мешавад, ки санад 29-уми июли соли 2017 дар ҷои ҳодиса омода нашудааст. Дар санад баёнотҳои маъмури тарабхонаи “Сарез” Бухорӣ Аҳёев ва ошпаз Адҳам Насриддинов ҳамчун исботи қонуншикании Назарзода ва Ҳабибуллоев замима шудаанд. Аҳёев дар суд ва Насриддинов ба мақомоти Кумитаи дин ва Агентӣ гуфтанд, ки баёноти онҳоро на 29, балки 31-уми июли соли 2017 дар бинои Агентӣ гирифтаанд. Ҳ. Розиқзода, корманди Агентӣ дар суд гуфт, ки санади мазкур дар ҷояш, яъне дар назди тарабхона тартиб дода шудааст, ки мантиқ надорад, зеро ҳангоми маърака ошпаз Насриддинов ба кашидаи ош машғул буд, яъне имконияти додани баёнотро надошт ва ҳатто аз ҳузури кормандони Агентӣ хабар набуд. Далели дигари сохтакорӣ ин аст, ки Агентӣ ба ҳайси далел ба суд сабти телефонии суҳбати кормандаш бо Насриддиновро пешниҳод кардааст ва ин суҳбат рӯзи дигар сурат гирифтааст, на рӯзи маърака”.
Меоем, сари нукоти муҳими санад: 1) 40 кило ош; 2) Вақти маърака; 3) 300 меҳмон ва 4) Иҷозаи баргузории маърака.
Агентӣ санад кард, ки дар маърака 40 кило ош пӯхта шудааст. Аммо санади ташхиси дег (№63 дар парванда) нишон медиҳад, ки дег 35-килоӣ аст ва 40 кило биринҷро намебарад. Фурӯшандаи биринҷ ҳам баёнот дод, ки ба Ҳабибуллоев 35 кило биринҷ фурӯхтааст. Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ далели “35 - 40 кг биринҷ” барои “зиёда аз 300 нафар меҳмон” (1 кг ош барои 8 нафар x 40 кг = 320 нафар) аз сӯи Агентиро рад кард. Аммо судя Хуршед Исозода баёнотҳои пешниҳодкардаи прокуратура, ду ҳуҷҷати расмӣ (маълумотномаи тарабхонаи “Сарез” ва санади ташхиси дег)-ро рад карда, танҳо “мушоҳида” ё маълумоти тахминии Аҳёев дар бораи “на кам аз 250 нафар”-ро ба эътибор гирифт.
Назарзода дар бораи вақти баргузории маърака, ки тариқи телевизион 3 соат эълон шуд, мегӯяд: “Тибқи санад, бояд маърака аз соати 08:00 то 11:00 мегузашт, вале бо маслиҳати тарафайн на се, балки ду соат - аз 08:00 то 10:00 идома ёфт. Ҳатто ин ҳаққи қонунии моро ҳамчун далел алайҳи мо истифода бурданд ва шарм накарданд”.
Далоили мақомот дар бораи теъдоди меҳмонон ҷолибтарин қисмати парванда аст, ки тамоми сохтакориву саҳлангориҳои онро ба намоиш мегузорад. Агентӣ дар санади худ теъдоди меҳмононро “зиёда аз 300” гуфта буд. Аммо замоне, ки вакили халқ будани Назарзода маълум гардиду парвандааш ба прокуратура рафт ва парвандаи Ҳабибуллоев дар Кумитаи дин монд, арқом ба бозӣ даромаданд. Сухан дар бораи як маърака меравад! Аммо бино ба парвандаи Кумитаи дин алайҳи Ҳабибуллоев, дар он зиёда аз 250 - 300 меҳмон ширкат карда, ин ваҷҳ бо нишондоди шоҳидон ҳам тасдиқ мешавад. Дар қарори прокуратураи шаҳр пас аз баррасии парвандаи Назарзода оварда шудааст, ки дар оши никоҳ 247 меҳмон ширкат кардаанд. Ин ваҷҳро бо санади ҳисоби меҳмонон аз рӯи 37 дона сурати маърака асоснок кардаанд. Аҷобат ҳам дар он аст, ки судя Исозода аслан ба ин рангорангии ду парвандаи як “ҳуқуқвайронкунӣ” таваҷҷуҳе намекунад, балки дар қарори худ ба он як ранги дигар зам намуда, теъдоди меҳмононро беш аз 200 нафар муайян кард ва бидуни ягон санаду далел!
Қиссаи суратҳо боз ҷудост. Агентӣ ва Кумитаи дин теъдоди меҳмононро аз рӯи “мушоҳида”-ву тахминҳои шоҳидон маълум карданд. Вақте Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ асосе барои субути парванда наёфт, Агентӣ ба кӯмакаш шитофт ва 53 аксро пешниҳод кард. Прокуратура 37 адади онро қобили истифода донист, аммо дар ҳисоби меҳмонон ба иштибоҳҳои ҷиддӣ роҳ дод. Аз ҷумла, 1) омӯзиши суратҳо ва амалиёти мурофиавӣ - ҳисоб кардани меҳмононро бо ширкати фарзандони Назарзода ва Ҳабибуллоев, на худи онҳо анҷом дод, ки хилофи қонун (моддаи 26-и КМҲМ) аст; 2) дар аксари суратҳо меҳмонон “такрор” шудаанд ва прокуратура ҳам онҳоро такрорӣ ҳисоб кард; 3) ҳатто одамонро аз як қисми бадан, масалан, даст, қафои сар ва ғайра ҳамчун меҳмон ба ҳисоб гирифт. Тибқи моддаи 15 (қисми 3)-и КМҲМ, шубҳаҳое, ки бартараф нашуданд, бояд ба манфиати ҷавобгари маъмурӣ истифода шаванд. Дигар ин ки, 37 дона сурат бо нақзи қонун ва поймол кардани ҳуқуқҳои Назарзода ҷамъ оварда шудаанд ва бино ба моддаи 48 (қисми 3)-и КМҲМ, истифодаи далелҳои ғайриқонунӣ манъ аст.
Аз рӯи ҳисоби профессор Назарзода, аз 247 нафаре, ки дар суратҳо дида мешаванд, 143 нафар меҳмони даъватшуда, 48 нафар “такрорӣ”, 19 нафар “меҳмони нохонда”, 13 нафар хизматрасон, 7 нафар афроди шубҳанок ва 9 нафар корманди Агентии зидди коррупсия мебошанд. Ба қавли ӯ, 143 меҳмон ва 13 хидматрасон, ҷамъ 156 нафарро фақат метавон ба ҳисоб гирифт ва шахсияти бақия 91 нафар бояд муайян шавад.
Дар аксҳое, ки Назарзода дар ихтиёри мо қарор дод, дида мешавад, ки (ба бовари ӯ) кормандони Агентӣ дар маърака нишаста, мисли меҳмон ош мехӯранду ҳатто хизматрасонӣ ҳам мекунанд ва ба онҳое монанд нестанд, ки дар амалиёти фаврӣ - ҷустуҷӯӣ ё рейд бошанд (баръакс, онҳо дар 4 сурат “такрор” шуда, аз сӯи прокуратура ҳисоб ҳам шудаанд!). Судя Исозода ба ин маворид аслан таваҷҷуҳ накард.
Суоли хеле ҷолиби дигар ин аст, ки оё Назарзода бо ин маърака чӣ рабт дорад? Оши никоҳ расман аз номи қудояш - Ҳабибуллоев гузаронида мешавад. Мавсуф тавсияномаи Кумитаи динро дошт. Аммо Агентӣ санад кард, ки тамоми маҳсулоти оши никоҳ ва ҳаққи хизмати тарабхонаи «Сарез»-ро Сайфиддин Назарзода пардохт кардааст. Оё ин хилофи қонун аст? На. Дар тафсири Қонуни танзим (саҳ. 55. Тафсири моддаи 10. Тӯйи домодию арусӣ) омадааст: «Мумкин аст дар асоси урфи қадима ҷониби писар барои баргузории оши тӯйи духтар саҳмгузор бошад. Яъне барои ташкили ош барои то 200 нафар, ки дар он 40 - 50 кг биринҷ, 20 - 25 кг гӯшт ва дигар маҳсулот сарф мешавад, қисман ҷониби писар саҳмгузор бошад”. Пас гуноҳи Назарзода чист, вақте ҳиссагузорӣ кардааст? Худ ин далел собит мекунад, ки боз кардани парванда алайҳи Сайфиддин Назарзода аз ибтидо ғайриқонунӣ аст, агар он аз рӯи ғараз ё фармоиш набошад.

“Нақш”-и судя
Ҳамоно “ихтиёр ба дасти Бахтиёр” буд. Судя Исозода салоҳияти қонунӣ дошт, то мӯйро аз хамир ҷудо сохта, ҳақро ба ҳақдор расонаду адолати судиро таъмин кунад, аммо накард. Баръакс, ӯ тамоми кӯшишҳояшро ба харҷ дод, то “далел”-ҳои ҷамънамудаи Агентӣ, Кумитаи дин ва прокуратураро ҳимоят намояд, ҳарчанд қонун (моддаи 58-и КМҲМ) талаб мекунад, ки ягон далел барои суд муайянкунанда нест. Аммо Хуршед Исозода дар мурофиа Назарзода ва Ҳабибуллоевро “ҳуқуқвайронкунанда” меномид. Ҳатто ба қавли Назарзода, вақте судя дид, ки далелҳои мақомот “обакӣ”-ву беасосанд, ба таҳрифи нишондоди шоҳидон гузашт: “Масалан, аз номи маъмури тарабхонаи “Сарез” гуфт, ки ману домодам Илҳом ду рӯз пеш ба тарабхона омада, масъалаи баргузории маъракаи оши наҳорро баррасӣ кардем. Ҳол он, ки ин маъмур (Аҳёзода) дар мурофиаи судӣ гуфта буд, ки ду рӯз пеш ману домодам ба тарабхона омада будем, аммо бо маъмурият чӣ гуфтем, намедонад, зеро дар ин суҳбат ширкат накардааст. Маъмур мегӯяд, ки дар суҳбат набуд, судя мегӯяд, ки буд. Дурӯғи маҳз!”.
Судя Исозода ҳама корро кард, ки далелҳои сохтакоришудаи Агентӣ, Кумитаи дин ва прокуратураро на фақат таҳти шубҳа гузорад, балки ҳақ барорад. Ҳамин тавр, рӯйрост ва хилофи қонун 1) ҳатто шоҳидони асосӣ (П. Одинамаҳмадзода, корманди Агентӣ ва шахсони холис - Фахриддин Ҷумъаев ва Ҷамшед Қодиров)-ро умуман ба мурофиа даъват накард; 2) Аз экспертизаи расмҳои пешниҳодшуда даст кашид, зеро дар ҳоли исбот шудани камбудиҳои онҳо дар кул парванда рад мешуд; 3) Ягон далели “ҳуқуқвайронкунанда” (С. Назарзода) ва вакили дифоъашро ба назар нагирифт. Ҳатто вақте ӯро рад намуданд, қабул накард (аз “каромот”-и қонунгузории Тоҷикистон аст, ки рад шудани судя дар дасти худи ҳамон судя аст!) 4) ҳатто инро ба назар нагирифт, ки ҳама актҳои ҳуқуқвайронкунии Агентӣ ва прокуратура бе иштироки Назарзода таҳия шуда, имзои инҳоро надоранд!

Нақша ё фармоиш?
Ҳама далоил ба он ишорат мекунанд, ки парвандаи Сайфиддин Назарзода, собиқ мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон сар то по қалбакӣ ва бофташуда аст. Телевизиони “Тоҷикистон” якуним моҳ пеш аз қарори суд ӯро хилофи усули “эҳтимолияти бегуноҳӣ” гунаҳкор эълон намуд. Прокуратура, Агентӣ, суд ва дигар мақомоти салоҳиятдор ба ягон муроҷиати ӯву қудояш таваҷҷуҳ накарданд. Парвандааш аз “ҳеҷ чӣ” сохта шуд. Чаро? Беобрӯ кардани Назарзода ба кӣ даркор буд?
Яке бар ин аст, ки вазифааш ба касе лозим омад. Аммо худи Назарзода мегӯяд, ин вазифа моли шахсии ӯ нест, балки як мақомест, ки бо фармони худи Президент таъин мешавад: “Таъин карданд, кор кардем, озод карданд, рафтем. Ман бар инам, ки ин кори як гуруҳи маҳдуд аст...”.
Дигарон бар инанд, ки “иҷрои нақша” буд. Он ҳам ин, ки як мансабдори калонро маҳз барои нақзи Қонуни танзим муттаҳам кунанд ва интихоб сари Назарзода афтодааст. Бигзор чунин бошад. Аммо имкон надошт, ки ҳама қонунӣ ва бидуни ҳеҷ баҳсу шак анҷом ёбад? Назарзода мегӯяд: “Ҳама гумон мекунанд, ки ман барои вазифаам мекӯшам. Чунин нест. Обрӯву эътибори шахсии ман матраҳ аст. Ин матраҳ аст, ки як гуруҳи маҳдуд хостанд маро пеши мардум беобрӯ кунанд. Ин гуруҳ зиндагии писару келини навхонадорамро ба мусибат кашиданд. Хуб, агар ҳақ мебуданд, аз ҳамон оғоз ман ҳамаро тан мегирифтам. Аммо ноҷавонмардона буд ва аз ин хотир, то охир мубориза мекунам”.
Мо ҳам дар аҷабем: агар бо вакили маҷлиси шаҳри Душанбе, доктори илми филология, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳо, Корманди шоистаи ҷумҳурӣ ва замони шуруъи парванда мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон чунин карданд, бо як шаҳрванд оддӣ чӣ кунанд?

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

Хонданд 970

Инқилоби мӯд

Фев 17, 2018
Хонданд: 340

“Бархеҳо маърифати либоспӯширо намедонанд ва бо галстук ба варзишгоҳ мераванду ҳатто баъзе кормандон ба маҷлиси вазорат бо “бриджа” ҳозир мешванд”. Ин нуктаро ахиран вазири фарҳанги кишвар зимни нишасти матбуотии ниҳодаш ба намояндагони ВАО-и ҷумҳурӣ иброз доштааст. Нигаронии вазир дар ҳолест, ки вазорат тасмим дорад китобчаеро ба нашр расонад, ки дар он ба шаҳрвандон этикаи либоспӯширо тавсия медиҳад. Мо низ тасмими пешгирифтаи роҳбарияти вазоратро дастгирӣ карда, як-ду сухан дар бораи фарҳанги либосбабаркунӣ дар омади гап мегӯем.
Вобаста ба ҳар давру замон ва тараққиёту пешрафти соҳаҳои гуногуни фаъолият тарзи рафтору кирдори мардум низ тағйир меёбад. Дар солҳои 20-30-юм мардҳо танҳо ҳаракати занҳоро бо фаранҷиҳои ба бар кардаашон медиданд, аммо ҳоло бошад, тамоми андому ... занҳоро мебинанд. Аҳмади Дониш дар саёҳатномаи ба Петербург кардааш лаҳзаеро меорад: “Мо дар кӯча ҳангоми роҳ гаштан бо занҳое рӯ ба рӯ шудем, ки қариб урён буданд (яъне ҳадаф бо мини юбка буданд). Вақте ки онҳо ба ман наздик шуданд, банда пушт ба онҳо кардам, то гузаштанашон сарамро набардоштам. Ин ҳолати маро ҳамсафаронам дида ҳайрон шуданд, зеро дар Бухоро одат шуда буд, ки вақте зане дар кӯча бо марде рӯ ба рӯ афтад, ҳатман то гузаштани зан мардҳо ба онҳо пушт гардонида меистоданд ва ё ин ки баръакс”.
Аз ин лавҳа ҳар як шахс ба худ хулосае бароварда метавонад, аммо чаро пас аз 100 сол аллакай дар этикаи либоспӯшии мардуми мо таҳаввулоти манфӣ ба вуҷуд омад, на мусбат? Пӯшида нест, ки имрӯз Аврупо тавонист бо як ҷаҳиши мақсаднок фарҳангу тамаддуни хешро ҷойгузини фарҳанги ниёгони мо кунад. Қариб 80%-и этикаи либоспӯшии мо ба этикаи либоспӯшии аврупоиҳо шабеҳ аст. Ҳоло аз як тараф фарҳанги ғайри мардуми араб моро таҳдид карда истода бошад, аз ин сӯй таҳдиди фарҳанги Ғарб аст. Суоле ба миён меояд, ки чи тавр ва ё бо кадом роҳ муқобили фарҳанги ғайр истодагарӣ карда метавонем? Роҳҳои ғалаба кардан зиёданд, аммо як нуктаро набояд фаромӯш кард, ки агар мардумро талаботи дохил қонеъ карда натавонист, онҳо ба талаботҳои бурун аз марз рӯй меоранд, ки ин асоси таҳдиди нестшавии фарҳанги миллӣ мегардад. Бонувону ҷавонони кишварро барои пӯшидани либосҳои хусусияти миллидошта ҷалб бояд кард. Ба тарроҳону дӯзандаҳои тоҷик тарзи таҳияву дӯхти либосҳои миллиро бояд омӯзонд, то бурун аз кишвар низ муаррифгари фарҳанги либоспӯшии миллат бошанд. Дар баробари ин, аз ҳама нуктаи асосӣ ин вуруди либосҳои ғайрро ба кишвар аз хориҷа манъ кунанд, ба мисли шимҳои дарида, юбкаҳои аз ҳад зиёд калта ва амсоли либосҳое, ки пӯшидани онҳо ба фарҳанги мо рост намеояд. Аммо этикаи минбаъдаи либоспӯшӣ мисли фармони вазири маориф ва илми кишвар нашавад, ки соли гузашта бахшида ба истиқболи ҷашни Наврӯз ба тасвиб расида буд? Ҳамон вақт фармон тасдиқ шуда буд, ки мувофиқи он муаллимаву донишҷӯдухтарон аз 1-уми март то гузаштани иди Наврӯз бояд бо либоси миллӣ - атлас, адрас ва чакан ба дарс меомаданд. Аммо ҳайҳот, ки ин тавр нашуд ва ё ин ки мисли гузаронидани чорабиниҳои ҷоизасупориву ҳамоишҳои идона бо либосҳои сирф аврупоӣ ҳузур кардани бонувони тоҷик ва амсоли инҳо.
Нуралӣ КАРИМ


Кай аз миён боло меравем?
Либос, либос, либос!!! Яке аз масъалаҳое, ки дар Тоҷикистон ҳамаи одамон новобаста аз самти фаъолият кӯшиш мекунанд, то ба он дахолат кунанд, ин тарзи либоспӯшии мардум аст. Яке дар мавзуи чӣ гуна ҷӯроб пӯшидан мақола менависаду дигаре дар бораи таҳпӯшҳои бегона рисолаи илмӣ ҳимоя мекунад, сеюмӣ барои тадқиқоти илмӣ оид ба юбкаҳои миллӣ соҳиби унвон мешавад. (Ҳайрон нашавед! Юбка либоси миллии мост, агар аз матои атлас омода шуда бошад. Шакли он муҳим нест, муҳим нақшу нигораш аст).
Рӯзе нест, ки дар бораи тарзи либоспӯшӣ чизе нашунида бошем. Ҳар рӯз мегӯянду ҳоло ҳам гуфта истодаанд. Аз ин рӯ, бисёр сухан гуфтан намехоҳам, танҳо мисоле меорам, то худатон қазоват кунед.
Ман донишҷӯям. Шимҳои даридаву куртаҳои номувофиқ мепӯшам. Дар кӯча мисли саг рафтор мекунам. Дар нақлиёту байни мардум беодобӣ мекунам, ҳеҷ касеро гӯш намекунам. Медонед барои чӣ? Барои он ки ман инро тамаддун медонам, бароям ин кор хуб аст, чунки дар кишварҳои пешрафтаи дунё ин чиз вуҷуд дорад. Агар шумо ҳазор бор ҳам ба ман насиҳат кунеду либоси миллиро бароям ташвиқ кунед, онро намепӯшам, вале агар ба сатҳи дониши ман аҳамият диҳед, коре кунед, ки муаллимон пуламро неву донишамро ба назар гиранд, ман тағйир меёбам. Агар таҳсил кардан дар донишгоҳ ин гунае, ки имрӯз осон аст, набошад, ман тағйир меёбам. Агар маро барои либосам неву барои дониши бадам ҷазо диҳед, ман тағйир меёбам. Агар маро ба хондан водор карда тавонед, ман тағйир меёбам. Вақте тафаккурам баланд шуд, ман дигар эҳтиёҷ ба маслиҳатҳои шумо надорам, ки чӣ гуна либос пӯшам. Худ аз он либосе ки пеш мепӯшидам, шарм медорам. Ба фикрам кофист.
Ман намегӯям, ки шумо бо ин корҳоятон беақлед. Шумо боақлтарини боақлтарҳоед, вале дороиятонро нодуруст истифода мебаред, муҳтарам ақлҳо!

Хайёми САРАХОН

 

Хонданд 340

14-уми феврал рӯзи чист?

Фев 17, 2018
Хонданд: 284

Санаи 14-уми феврал тамоми ошиқони рӯи дунё рӯзи Валентини муқаддас - «Рӯзи ошиқон»-ро ҷашн мегиранд. Дар Тоҷикистон низ дар ин рӯз аксар ҷавонони нимааврупоӣ ба ҳамдигар изҳори муҳаббат мекунанд, туҳфаҳо ҳадя менамоянд ва баъзеҳо онро ҷашн мегиранд.
«Рӯзи Валентин» гӯё ҳаждаҳ аср пеш дар Рими қадим ба вуҷуд омадааст. Он вақтҳо ин ҷашн Lupercalia ном доштааст. Ҳар сол дар ҳамин рӯз одамони зиёде дар яке аз маҳаллаҳои шаҳр ё деҳаашон ҷамъ омада, ба ҳамдигар роз мегуфтаанд. Баъд аз ҷашн дилдодагон ба орзуи худ мерасидаанд, яъне оила барпо мекардаанд.
Шарҳи таърихи пайдоиши «Рӯзи ошиқон», ки ба номи Валентини муқаддас ёд мешавад, гуногун аст. Баъзеҳо аз асри чор дар Рим ёдовар мешаванду баъзеи дигар онро ба асрҳои минбаъда мутааллиқ медонанд. Таърихнигори англис Сэмюэл Пепис дар асри 17 дар бораи ҷашни мазкур ёдовар шуда, гуфтааст, ки «рӯзи Валентини муқаддас дар кулли мамлакатҳои христианитабор ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз ошиқон ба ҳамдигар изҳори муҳаббат намуда, сувенир: дастпӯшакҳо, ангуштарӣ ва қанду қандалоту шириниҳо, ки сурати дил дошта бошанд, тақдим мекунанд».
Тасмим гирифтем, ки дар «Рӯзи ошиқон» бо суоли «Рӯзи ошиқонро чи гуна ҷашн мегиред ва ба ҳамсар (дӯстдошта)-атон чӣ туҳфа карданӣ ҳастед?» ба чанд нафар аз журналистон муроҷиат намоем. Фишурдаи суҳбатро пешкаши шумо, хонандагони азиз мегардонем.

Хуршед АТОВУЛЛО:
- 14-уми феврали соли 1990 хиёбонҳои шаҳри Душанбе аз хуни 21 навҷавон рангин шуда буд ва таҷлили ин ҷашнро кори нафароне медонам, ки аз таърихи рӯзи Валентин ва таърихи Ватани хеш бехабаранд. Валентин касе буд, ки никоҳи пинҳонӣ мекард, ҳамон тавре, ки имрӯз мансабдорону сарватмандони мо зани дуюму сеюму чорум мегиранд. Аз ин шахс чеҳра сохтан кори аблаҳон аст.
- Шумо худатон зани дуюм надоред?
- Хушшеее! Сарриштаи якеаш намераваму…
Ду не, ман шаш зан доштам, ҳозир ҳафто: «Самак», «Ману Ту», сайти тоҷикӣ, сайти русӣ, «Фараж», «Суғд-нюс» ва занам!

Абдувоҳиди ЗЕВАР:
- Ин ҷашн ба мо бегона аст. Аммо ҳамчун ҷашни бародарони насоро эҳтиром мегузорам. Боре ҳам таҷлил накардаам. Таърихашро ҳам медонам. Ҷашни қадимист. Ҳанӯз дар Рими қадим асос гузошта шудааст. Барои ҷомеаи мо низ чунин ҷашне лозим аст, ки ба ормонҳо ва расму русуми миллии мо ҷавобгӯ бошад.
- Агар Шумо ҷашн нагирифта бошед, пас чаро дар эҷодиётатон ишқ ҷои аввалро мегирад?
- Дар зиндагӣ ошиқ набудан маънои зинда набуданро дорад. Ман ҳар рӯз сад маротиба ошиқ мешавам. Ошиқи зебоӣ, фаросат, нафосат, назокат, ошиқи кулли офаридаҳои зебои Худованд.

Шоҳин ОБЛОҚУЛЗОДА:
- Ман маъшуқа надорам ва аз ин хотир гулҳои зеботарини рӯи дунёро мехоҳам барои ошиқони лайливу маҷнунӣ, ки даста - даставу тора - тора ҳастанд, ҳадя кунам, ки номаш бахт аст, то хушбахти ҷаҳон бошанду ҳар рӯз дар рӯзгорашон бӯи муаттари ин гулҳо бошаду чаҳ - чаҳи андалебон аз хоби ноз бедорашон намояд, то дар ғафлат намонанд.
- Янгем чӣ?
- Барои янгетонам беҳтарин туҳфа гул аст.

Хусрав ШОҲСАИДОВ:
- Ҳаҳаҳа, саволи аҷиб! Аз он ки маъшуқа надорам, ба ҳеҷ кас ҳеҷ чиз туҳфа намекунам. Агар медоштам, албатта чизе туҳфа мекардам. Ман, дӯстам, дигар он қадар завқу ҳаваси ошиқӣ ҳам надорам. Ҳавасҳо мурдаанд дигар...

Абдумудассир АҲМАДЗОДА:
- Зани ман дар бораи ин рӯз танҳо аз ТВ медонад. Замони ошиқии мо кайҳо гузаштагӣ. Бо мурури солҳо танҳо эҳтироми байниҳамдигарӣ (ин ҳам як навъ ишқ аст) мемонад. Ман ба занам танҳо дар рӯзи 8-уми март ва рӯзи мавлудаш туҳфа медиҳам. Так что, не дождётесь!
- Ба маъшуқаатон чӣ?
- Кӣ гуфт, ки ман маъшуқа дорам? Шумо ин гапро аз ман шунидед? Маъшуқаҳо марди пулдору ҷавонро мекобанд. Мо ҳам пирему ҳам бепул, Бибиҷон!
- Ман бовар надорам, ки Шумо маъшуқа надошта бошед. Худатон гуфтед, ки замони ошиқиатон бо занатон гузашта. Пас, аз бе ошиқӣ зиндагӣ кардан дилгир намешавед?
- Боз гапҳои байни ҳардуямонро чоп накунӣ? Ин сирҳоро на тариқи агент, балки рӯ ба рӯ мепурсанд.

Фарангиси МУЗАФФАР:
- Ҳаҳаҳа. Ошиқ нестам ва ба касе туҳфа ҳам омода накардаам ва ҳатто аз касе интизори туҳфа ҳам нестам. Дар ин рӯз мисли дигар рӯзҳо кор мекунам. Мехостам дар ин рӯз ошиқонро табрик гӯям, аммо ошиқи асил ҳам намондааст. Ба ҳар ҳол, "ошиқони забонӣ"-ро табрик мегӯям.

Алишер ЗАРИФӢ:
- Рӯзи ошиқон ё Valentine Day ягон ҷашни хосе нест барои ман ва ин санаро ба ростӣ ҷашн ҳам намегирам. Чун, агар ба таърихи Valentine Day назар афканем, он ҳеҷ пайванде бо фарҳанги мо надорад. Аммо гуфтанӣ ҳам нестам, ки аз таҷлили он бояд ҷилавгирӣ шавад. Онҳое, ки мехоҳанд, бигузор ҷашн гиранд ва фикр мекунам, бар асоси қонунгузории кишвар низ ҷашни Valentine Day мамнуъ нашудааст. Фақат ҳаминро таъкид карданиам, ки мо ҳарчи бештар ба идҳову ҷашнҳое, ки ба фарҳангу суннати мо тоҷикон рабт доранд, таваҷҷуҳ ва онҳоро бештар тарғиб намоем, беҳтар аст.

Майсара ҚУРБОНОВА:
- О, азизам, ман каме барвақттар ба дунё омадаам ва ба ин савол ҷавоб дода наметавонам, чун синну солам кайҳо аз ин давра гузаштааст.
- Ишқ пирӣ надорад… Ақаллан фикратонро дар бораи ҳамин рӯз иброз мекардед?
- Фикрам ин аст, ки мо мехоҳем ё намехоҳем, ҷомеаи ҷавони Тоҷикистон аллакай ин рӯзро ҳамчун рӯзи ошиқон қабул кардаву ҷашн мегиранд. Ҳарчанд муқобилони он ҳам кам нестанд. Ин кори баде нест, бигузор ошиқон ин рӯзро ҷашн гиранду ҳамдигарро қадрдонӣ намоянд ва туҳфаҳо бахшанд.

Санҷар ҲОШИМӢ:

- Ман ин рӯзро мисли ҳар рӯзи Худо бо шукргузорӣ ва чеҳраи кушод истиқбол мегирам. Ва аслан, барои мани ошиқ ҳар рӯз ид аст ва шукр, ки ҳамеша идҳоямон бо хурсандӣ мегузаранд. Ба завҷаам бошад, фикр мекунам, ҷуз дили пур аз муҳаббату алфози ширин, ки ҳамарӯза ҳадяаш мекунам, туҳфаи гаронтареро ёфтан ғайримумкин аст.

Маҳмадалӣ МАҚСАДУЛЛО:
- Ман ин рӯзро аслан ҷашн намегирам. Ҳар рӯз барои ман рӯзи ошиқон аст. Ман худам барои занам туҳфаи беҳтарин ҳастам.


Таҳияи Бибиҷон АШӮРОВА

Хонданд 284

Соли 2018 бо Фармони президенти кишвар дар Тоҷикистон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид. Ин далели таваҷҷуҳи хосаи ҳукумат ба ин соҳа аст. Пас масъулин ва сокинони кишвар бояд ба ин соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд ва дар рушди туризм дар кишвар саҳми босазо гузоранд.

Тоҷикистон бо табиати зебо ва қуллаҳои осмонбӯсаш таваҷҷуҳи сокинони хориҷиро ҷалб намудааст. Таваҷҷуҳи бештари сайёҳони хориҷиро Бадахшон - бо унвони “Боми Ҷаҳон”, водии Зарафшон, аз ҷумла Искандаркӯл, Ҳафткӯл, Кӯли Аловиддин, шаҳраки Саразм, шаҳри Душанбе, минтақаи Хатлон ва ғайраҳо, ки дар гузашта аз ин мавзеъҳо хатсайрҳои шоҳроҳи бузурги Абрешим мегузашт, ҷалб менамоянд.
Мувофиқи маълумоти пешниҳодкардаи Кумитаи рушди сайёҳӣ, давоми соли 2017 ба Тоҷикистон 490 888 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ворид гардидаанд, ки аз ин нишондод 430 992 нафарашон ба ҳайси сайёҳ омадаанд. Ин шумора нисбат ба соли 2016-ум 86019 нафар ё ба андозаи 24,9% зиёд мебошад. Соли 2015 ба кишвар 414 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ворид шуда буданд, ки нисбат ба соли 2014 ду баробар зиёд буд.
Аммо на ҳамаи сайёҳони хориҷӣ аз сафари худ ба Тоҷикистон ризо ҳастанд. Қисме аз сайёҳон дар блогу видеоблогҳо ва ё саҳифаи иҷтимоияшон дар ин бора навишта, аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва гумрук шикоят мекунанд. Тамаъҷӯии кормандони милиса аз сайёҳони хориҷӣ дар расонаҳои хабарии ватанию хориҷӣ низ борҳо ба нашр расида буд. Ҳатто Вазорати корҳои дохилӣ 25 нафар аз кормандонашро дар пайи шикояти як сайёҳи турк ҷазо дода буд. Ин сайёҳи турк дар саҳифаи фейсбукияш навишта буд: “Агар дар Тоҷикистон ҳама ҳуҷҷатҳо дуруст ҳам бошад, маҷбуред ба милисаҳо 1-2 доллар бидиҳед... Дар роҳ ба сӯи Бадахшон, қариб ҳар соат нақлиётро кормандони БДА манъ мекарданд ва ронанда ба онҳо ришва медод”.
Навори ришва гирифтани милисаҳои тоҷик дар сомонаҳои интернетӣ, махсусан портали видеои «Ютуб» рӯз ба рӯз меафзояд.

“Норизогии сайёҳонро медонем”
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотиаш чунин гуфт: “Мо норизогии сайёҳонро аз кормандони мақомоти қудратӣ медонем, барои ин чораҳои зарурӣ андешида истодаем”. Раҳимзода боз қайд намуд, ки «имсол ҳама кӯшишамонро барои беҳтар намудани муносибати коркунони милиса бо меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ равона хоҳем намуд».

“Меҳмондорӣ”
Як сайёҳи хориҷии дигар дар интернет натиҷаи сафари худро ба Тоҷикистон дар шакли видеоӣ пахш намудааст. Дар навор сайёҳ мегӯяд, ки ӯро корти муҳоҷиратии Тоҷикистон хеле ҳам ба завқ овардааст, дар паси корт рекламаи кушод (аз «Мегафон») ҷойгир кардаанд. Дар давоми сабт сайёҳ ба шикоят аз кормандони милиса оғоз менамояд, ки ӯро дар роҳ дошта, бесабаб мавриди пурсиш қарор додаанд: «Маро ба милисахона бурданд, ҳама кормандон ба гирди ман ҷамъ шуданд. Ман ҳуҷҷатамро ба онҳо нишон дода гуфтам, яке аз сайёҳони машҳур ҳастам. Баъд яке аз онҳо ба ин ду милисае, ки маро оварда буданд, хитоб карда гуфт, барои чӣ ту ӯро инҷо овардӣ? Вай меҳмони кишварамон аст. Рав бародар, рав, гуфта маро ҷавоб дод. Он нафаре, ки мегуфт, ба мисли Украина ҳал намоем, гуфт: Ман дар Украина будам, милисаҳои онҷо маро дошта аз ман пул гирифта буданд...”.
Монанди ин видеоҳо дар интернет хеле зиёд ҳастанд, ки онҳоро зиёда аз садҳо, миллионҳо нафар тамошо мекунанд. Ин ба имиҷи кишвари мо таъсири манфӣ мерасонад.

«Аз ман ришва талаб намуданд»
Ҷаҳонгарди тоҷик Саид-Аҳмад Давлаҳмадов, ки зиёда аз 100 кишвари дунёро гаштааст, мегӯяд, дар давлатҳои Аврупо ӯ ба ин ҳодиса дучор наомадааст: “То имрӯз ягон корманди ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷӣ аз ман ришва талаб накардааст. Дар Аврупо тамоман ин гап нест. Баръакс, кӯмак мерасонанд. Ин гуна зуҳурот танҳо дар давлатҳои Осиёи Миёна ва Африқо ба чашм мерасад”.
Ин ҷаҳонгард ба он назар аст, ки сабаб шароити иқтисодии паст, маоши ночизи кормандони ҳифзи ҳуқуқ аст.

Ришваситонӣ ба фарҳанги миллӣ табдил ёфтааст?
Коршинос Шокирҷон Ҳакимов оид ба масъалаи мазкур чунин нуқтаи назар дорад: “Ришваситонӣ тамоми соҳаҳои муносибатҳои ҷамъиятиро фаро гирифта, ба воқеияти фарҳанги миллии мо табдил ёфтааст. Бинобар ин, новобаста аз паёмадҳои манфии чунин падидаи номатлуб ба иқтисодиёти миллӣ ва эътибори байналмилалии Тоҷикистон баъзе кормандони ваколатдори давлатӣ бидуни водору моил намудани сайёҳони хориҷӣ ҷиҳати додани пора кори онҳоро ба анҷом намерасонанд. Вақтҳои охир содир шудани ин гуна амалу кирдорҳои ношоиста бештар дастраси воситаҳои ахбори омма мегардад”.

Аробакаш аз сайёҳ пул талаб мекунад
Ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова мегӯяд, ки бархӯрди масъулин бо сайёҳони хориҷӣ дар сатҳи пасттарин қарор дорад: “Кам набуданд сайёҳони хориҷӣ, ки аз муносибати кормандони қудратӣ ва ниҳодҳои интизомӣ шикоят намудаанд ва ҳатто дар шабакаҳои интернетӣ сабти навори бархӯрд бо сайёҳон дар Тоҷикистон ба чашм мерасад. Бубинед, аз фурудгоҳ тамаъҷӯӣ оғоз мешавад, то кормандони гумрук, сарҳадбонон, милиса ва ҳатто аробакашаш аз сайёҳ пул талаб мекунанд. Борҳо бо чашми худ дидаам, ки сифати хизматрасонӣ ва бефарҳангии миллати моро дар фурудгоҳ дида, хориҷиён дар ҳайрат мемонданд. Ин ҳама дар маҷмуъ ба имиҷи давлат ва худи ниҳодҳои қудратӣ таъсири манфӣ мерасонад”.

Ҳар чашмгурусна соҳиби вазифа нагардад
Ин масъала бори аввал нест, ки матраҳ мешавад ва аз коршиносон то ҳукуматдорон тарафдори рушди сайёҳӣ ҳастанду дар ин роҳ назару пешниҳодҳои худро пешниҳод мекунанд. Соли 2018-ро «Соли рушди майёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон кардан низ ба ин мақсад аст. Аммо ба гуфтаи коршиносон, фақат эълон кардани соли сайёҳӣ ва шиорпартоӣ кам аст. Азизи Нақибзод заминаи асосии ислоҳи камбудиро дар интихоби кадрҳо медонад: “Барои пеши роҳи ин амали нанговарро гирифтан ба интихоби кадр бояд аҳамияти ҷиддӣ дод, то ҳар чашмгурусна соҳиби вазифа нагардад. Як нафар масъуле, ки андаке виҷдон дораду каме ғуруру нанги миллӣ, аз мусофиру меҳмон талабу тамаъ намекунад”.
Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик бар он назар аст, ки баробари интихоби кадрҳо маоши онҳоро низ бояд ба назар гирифт, то онҳо аз ҳама ҷиҳат таъмин бошанд: “Агар ба фаъолияти кормандони ниҳодҳои низомӣ дар замони шӯравӣ аҳамият диҳед, онҳо аз як қатор имтиёз бархӯрдор буданд. Барои хизматрасонии коммуналӣ, аз қабили об, барқ, андоз 50 фисад озод буданд. Маоши хуб доштанд. Дар як сол як маротиба роҳхат ба фароғатхонаҳо ройгон дода мешуданд. Нақлиёти ҷамъиятӣ барояшон ройгон буд. Имрӯз онҳо аз ҳамаи ин имтиёзҳо маҳруманд ва маоши ночиз мегиранд”.
Шокирҷон Ҳакимов бошад, пешниҳод дорад, ки барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ курсҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ташкил карда шавад: “Барои пешгирии ришваситонӣ аз сайёҳони хориҷӣ иродаи сиёсӣ, мавриди амал қарор додани меъёрҳои марбутаи Кодекси ҷиноятӣ ва анҷоми корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни кормандони мақомати ваколатдори давлатӣ хеле муҳиму зарур аст».

Мӯсои БОБОҲОҶӢ

Хонданд 499

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.