.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҷомеъа

Умеда: маро аз “очаам” ҷудо накунед!

Ба идораи ҳафтаномаи “Фараж” зане ҳамроҳи кӯдаки хурдсолаш муроҷиат намуда, аз болои хешу табори шавҳари собиқаш ва ноадолатии суд шикоят кард.Тавре маълум гардид, ин зан Кабутова Шабистон ном дошта, духтаракро ном Умеда будааст.

Тавре Кабутова Шабистон мегӯяд, “соли 1998 бо шаҳрванд Махсудов Қ., сокини шаҳри Бохтар оила барпо намуда, 13 сол зиндагии якҷоя дошта бошем ҳам, вале дар ин муддат бо сабаби бемории шавҳарам соҳиби меваи умр –фарзанд нашудем. Ман тасмим гирифтам, аз хонаи ятимон кӯдакеро ба фарзандхонӣ қабул намоям. Дар ин вақт бо дахолати хусурам - бародари шавҳарам ва ҳамсараш, ки нав духтари дуюмашон таваллуд шуда буд, ба ман гуфтанд, ки онҳо аллакай як духтар доранд, аз ҳамин сабаб духтари навзодашонро мо ба фарзандӣ гирифта, тарбия намоем”. 

Дар идома Шабистон афзуд, ки: “Мақсудова Шамсия- зани ҳеварамба ман гуфт, ки шавҳарам барои дубора духтар таваллуд карданамбисёр чангу ҷанҷол менамояд, ҳатто чанд маротиба гуфт, ки агар боз духтар таваллудкунӣ, ҷавоби туро медиҳам.Шавҳарам низ гуфт, ки фарзанди бародарам аз хуни худам ҳаст, беҳтараш ӯро ба фарзандӣ мегирем. Ман низ розӣ шуда, кӯдаки он вақт 30 рӯза–ҳамин Махсудова Умедаи ҳоло 10 - соларо бо муҳаббати модарона ба тарбияи худ гирифтам. Ин воқеа соли 2010 сол буд. Соли 2012 шавҳарам бо сабабҳои номаълум аз ман ҷудо шуда, ба Федератсияи Русия рафт. Аз ҳамон сол кӯдак дар тарбияи ман монда, то аввали соли ҷорӣ хуб зиндагӣ доштем. Модари биологиаш Махсудова Шамсия ду-се маротиба ба аёдати Умеда омад, муносибати ман бо ӯ хуб буд. Аввали соли ҷорӣ бо сабабҳои номаълум Махсудова Ш. талаб намуд, ки кӯдакро ба ӯ диҳам. Аммо аз сабабе, ки кӯдакро ман модарвор тарбия намудаву ӯ ба ман меҳри зиёд дошт, бо модари биологиаш нарафт. Бинобар ин, Махсудова Ш. барои гирифтани кӯдак ба суди шаҳри Бохтар даъво намуд. Суд муроҷиатро баррасӣ намуда, бо сабаби ба расмият надаровардании фарзандхонии кӯдак аз ҷониби ман даъвои модари биологияшро қонеъ намуд.

Сабаби ба расмият надаровардани фарзанхондӣ ин буд, ки шавҳарам доим “баъд мекунем” гуфта, оқибат аз ман ҷудо шуда, ба Русия рафт ва ман, ки танҳо будам, барасмиятдарорӣ ғайри имкон буд. Инчунин,мо бо модари биологиаш муносибати хуб доштем, ман фикр намекардам, ки рӯзе ӯ кӯдакро гирифтан мехоҳад.

Пас аз баровардани ҳалнома оиди ба Махсудова Ш. додани кӯдак ман аризаи шикоятӣ навиштам, аммо мутаассифона, суд аризаи маро қонеъ нагардонид. Бинобар ин, ман 15.05.2018 ба суди вилояти Хатлон шикояти назоратӣ навиштам.

Хонандагони азиз, ман ҳамчун модар гуфтаниам, ки пас аз ҷудо шудан бо шавҳарам ман дигар шавҳар накардам ва тамоми меҳру муҳаббатамро ба Умеда бахшида, ӯро модарвор тарбия намудам ва вай низ то оғози мурофиаҳои судӣ аз он ки ман модари худаш нестам, хабар надошт.Умедаҷон дар мактаб бо баҳои хубу аъло мехонад ва ба дарсҳои иловагӣ барои забономӯзӣ меравад. Дар давоми ҳашт сол бо якдигар ҳамчун модару духтар меҳр бастаем ва ман ғайр аз ӯ каси наздик надорам. Ман Умедаро бо касби дӯзандагиам, яъне дар бозор халта дӯхта фурӯхтан калон кардам. Ҳамчунин дар рафти мурофиаи судӣ суд манфиатҳои кӯдакро умуман ба эътибор нагирифта, ваҷҳҳои оварда ва дархости маро ҷиҳати бо иштироки равоншинос ва дигар мутахассисони марбута пурсидани фикри кӯдакро қонеъ накард. Умеда, ки аз навзодӣ бо ман ба воя расидааст, хонаи Махсудова Ш. барои ӯ ҷои ношинос ва номаълум мебошад, ки кӯдак дар он одат накардааст ва ин метавонад ба равони ӯ таъсири манфӣ расонад. Худи Умеда низ модари биологиашро хуб намешиносад ва бо ӯ рафтан намехоҳад.”

Дар рафти суҳбате, ки хабарнигори “Фараж” бо Умеда дошт, ӯ худ чунин гуфт: “Ман дар мактаби миёнаи №4,дар синфи 3-и “г” таҳсил менамоям. Модари ман Кабутова Шабистон аст. Шамсия худашро модари ман мегирад, аммо ман ӯро ҳамчун модари худ қабул намекунам. Майда будам, маро тарк кард.Дар як кӯрпачаи рӯйпӯш маро баста ба очаам дод.Ман намехоҳамхонаи бобоям равам. Маро омада хабар мегирифтанд. Бад  ҳамаи онҳо кӯдакатро мегирем гуфта, очама ба суд  додан. Вақте ки маро тавваллуд кард, худаш нахост маро, дасти очамба дод, духтар шуд, шавҳарам маро талоқ мекунад,гуфта, аз ман рӯ гардонд.Падарамро фиреб карда, Русия равон карданд, гуфтанд, ки ӯ девонакасал шудагӣ, дигар омада наметавонад, мо ӯро табобат карда истодааем.Аз рафтани падарам 8 сол сипарӣ шуду ман ӯро то ҳол надидаам. Модарам маро танҳо калон кард...”

Умеда бо дастони худ оби чашмонашро пок карда,пайдарпайба Шабистон, ки ӯро модар медонад,бо илтиҷо мегуфт, ки “очаҷон, маро ба онҳо надиҳед. Ман ягон ҷо намеравам. Модари ман шумо ҳастед...

Сипас, бо умед ба ман дида дӯхта, суханашро идома бахшид:

-Ман мехоҳам, ки бароҳат бо ҳамроҳи модари худам Кабутова Шабистон зиндагӣ кунам. Дар мактаби худам мехоҳам бо ҳамсинфонамбихонам. Дар синфамон сардори синф ҳастам. Забони русӣ ва англисиро омӯхта истодаам. Дар рӯзномаам фақат баҳои 4 ва 5 дорам. Муаллимони мактаб маро бисёр дӯст медоранд. Ман ҳам муаллимони мактабамро бисёр дӯст медорам, онҳо хеле хуб дарс медиҳанд...Қариб як моҳ мешавад, ки ман мактаб намеравам. Як рӯз дар мактаб дарс хонда истода будам, ки одамони суд ҳамроҳи милиса ва як занак тарафи ман хандида омада маро гирифта бурданӣ шуданд, ман гиря карда, дасташро сар додам, зеро намехостам ҳамроҳи онҳо ба такси шинам. Бобоям холааму очаамро дар пеши ман зад. Ҳатто дилашон ба ман ҳам насӯхт. Дар суди шаҳрӣ бошад, очаам маззааш нашуд, духтурҳо омада ба ману очам укол карданд. Чанд рӯз ман касал шудам...

Дар ҳамин ҳол падари биологии Умеда- Махсудов Ҳалим дар суҳбат бо мо гуфт, ки:

-Ман фарзанди худро бо маслиҳат ба бародари худам, ки фарзанд надошт, додам. Ман ба хотири он надодаам, ки ин зан ҳамроҳи худаш гирифта барад. Асосан мо ду бародарон маслиҳат карда, ин корро анҷом додем. Барои ба фарзандхонӣ қабул карданаш ман ягон ҳуҷҷат надодаам. Дар вақти бемор шуданаш  беморхонаи “Истиқлол” бурда табобат кардам. Кӯдакро гирифта рафт. Фишор овард, ки агар гирифтанӣ шавед, ман худамро ба дарё мепартом. Падарам гуфтанд, ки “бачаам, кордор нашав, мон тарбия кунад, фарзандат як рӯз худаш меояд. Бе ягон ҳуҷҷат, бе рухсати ман кӯдакро гирифта Қурғонтеппа омад. Вақте ман ба дидорбинӣ меомадам, рӯйи хуш намедод, муомилааш хуб набуд. Ба кӯдаки ман бисёр гап ёд медоданд. Ман бисёр мехостам, ки маслиҳат карда, ба як хулоса биёем, аммо ӯ ҳамроҳи хешовандонаш саркашӣ карда, гуфтанд, ки дигар ба дидорбинии кӯдак набиё. Рости гап, байни зану шавҳар чи гапе шуд, ман онқадар дар хотир надорам, барои чӣ аз ҳам ҷудо шуданд, намедонам. 

Махсудова Шамсия - модари биологии Умеда бошад,мегӯяд, ки барои дидорбинии фарзандаш Кабутова Шабистон бисёр мушкил эҷод мекард: “Намехост, ки ман кӯдакамро ба хона барам. Ҳатто ба ман даст бардошт, ман маҷбур шудам, ки ба суд муроҷиат кунам.Вақте ман фарзандамро ба дунё овардам, шавҳарам гуфт, ки акаам бефарзанд аст, биё, кӯдакро ба ӯ медиҳем. Рости гап, ман розӣ набудам. Ноилоҷ кӯдакамро додам. Кӯдаки ман якунимсола шуду муносибаташ дигар хел шуд. Байни зану шавҳар чи гап шуд, хабардор нестам... Ман дар як сол 4 маротиба Умедаро бо сару либос, бо хӯрока ёрдам мекардам. Вақте иҷозат медоданд, омада хабар мегирифтам. Соли гузашта кӯдак касал шуд. Якҷоя духтур бурда, табобат карда овардем. Дар ин миён ҳардуямон ҷанг шудем ва ӯ маро зад... Ман аз дилсӯзӣ фарзандамро ба вай додам, то ин ки зиндагиаш хуб шуда, ба қатори мо дарояд. Дигар худашро қанотшикаста ҳис накунад. Бар ивази ҳамин қадар хубиҳо ба ман даст бардошт. Оби рехтаро дигар ҷамъ карда намешавад ва ман ҳам аз алама маҷбур шудам, ки ба суд муроҷиат кунам. Ҳама қарорҳои суд ба манфиати ман ҳал шуд. Марҳамат, омада хабар гирад. Ман зид нестам. Лекин ман мехоҳам фарзандам ҳамроҳи ман бошад.

Равоншинос Заррина Кенҷаева мегӯяд, ки ҳамаи баҳсҳо ин як зарбаи психологӣ мебошад, ки духтарак аз ҷиҳати психологӣ корношоям хоҳад шуд. 

-Албатта ин як проблемаи бисёр ҷиддӣ аст. Ҳам модари биологӣ ва ҳам модархонд бояд вақте ки кӯшиш мекунанд, фарзандро ба тарафи худ моил кунанд, бо ин амалҳои худ боз як зарбаи психологӣ ба кӯдак мерасонанд. Мумкин аст, ки духтарак аз ҷиҳати психологӣ корношоям шавад. Кӯдаке, ки аз ҷиҳати равонӣ мустаҳкам нест, ӯ ҳеҷ гоҳ ба ягон модар кӯмак расонда наметавонад. Ҳамон модароне, ки фарзандони худро бо розигиашон ба нафаре медиҳанду баъдан талаб менамоянд, ҳаёти кӯдакро ду тақсим мекунанд: Кӯдак дигар на дар ин оила солим буда метавонад, на дар дигар оила. Ба ҳамин хотир бисёр хуб мешуд, ки фарзандро фарзандхонӣ мекарданд. Аз рӯйи қонуну ҳуҷҷат мешуд. Ҳамчун равоншинос ман ба ҳарду модар тавсия медиҳам, ки модарандар нашаванд. Кӯшиш кунанд, ки модари ҳақиқӣ шаванд. Гумон мекунам, модаре, ки бефарзанд, буд, фарзанди дигар касро гирифта тарбият кард ва арзиши модарӣ дорад. Модари биологиаш бояд кӯшиш кунад, ки фарзандаш нороҳат нашавад. Агар аз фарзандаш ҷудо кунад, ҷабр мешавад, хушунат хисоб мешавад.Боварии комил дорам, ки ин фарзанд ҳам дар хонаи модари биологиаш нороҳат мешавад, ӯ ҳис мекунад, ки дигар баргашта наметавонад ва як қисмати ӯ мемонад. Агар фарзанд дошта бошад, ба хотири руҳан солим будани ин фарзандаш бахшад, бигзор фарзандаш бароҳат зиндагиашро пеш барад.

Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқшиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки:

-Ин масъала на танҳо ҳуқуқӣ аст, балки ҷиҳатҳои ахлоқию фарҳангӣ ва иҷтимоӣ низ дорад. Бояд таъкид кард, ки мо дар ҷомеаи анъанавӣзиндагӣ мекунем. Агар бисёр мавридҳо ҷонибҳо кӯшиш менамоянд, ки бо риояи урфу одат ва маросимҳои солҳои тӯлонӣ ташаккулёфта ин гуна масъалаҳоро танзиму ҳал намоянд, вале Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиавии шаҳрвандӣ бо дар назардошти таҷрибаҳои ҷаҳонӣ ба таври мушаххасу муфассал муносибатҳои ҷамъиятиро дар робита ба фарзандхонӣ танзим кардааст. Бинобар ин, агар аз лаҳзаи аввал ҷонибҳои манфиатдор бо назардошти омилҳои объективию субъективӣ ба таври ихтиёрӣ ва дарки паёмадҳои фарзандхонӣ чунин заруратро ба анҷом мерасонданд, эҳтимолияти ба вуҷуд омадани чунин баҳс пайдо намешуд. Ҳоло бояд мақомоти дахлдору ваколатдори давлат зимни баррасии масъала қарори дуруст қабул кунанд.

Нигора Саидбекова

Хонданд 108
Абуҳанифа – кашшофи ҷавҳари диалектика

Муаллимам. Муаллими фанни физика ва фалсафа. Агар устод ба толибилме савол бидиҳад, ки об дар чанд дараҷа меҷӯшад? Толибилм ҷавоб диҳад, ки об дар 100 дараҷа меҷӯшад. Дар ин ҳолат ҳам ба устод, ҳам ба толибилм баҳои “1” мегузорам.

Агар устод савол диҳад, ки об дар чанд дараҷа меҷӯшад? Толибилм ҷавоб диҳад, ки оби муқаррарӣ (Н2О), на обҳои шӯру вазнин (D2O) ё (Т2О) ... дар шароити нормалӣ (760 мм сут.сим) дар 100О С меҷӯшад. Дар ин ҳолат ба устод баҳои “1” ва ба толибилм баҳои “5” мегузорам. Дар ҳолати баракс ба устод баҳои “5” ва ба толибилм баҳои “1” мегузорам. Ҳамин тавр бо назардошти як чизи муҳиму муқаддас саволҳоро дигару дигар карда, гоҳ ба устод, гоҳ ба шогирд баҳоҳои қаноатбахшу ғайриқаноатбахш гузоштан мумкин аст. Он чизи муҳиму муқаддас чист?

 

1. Ҳақиқати ягона ва конкретӣ

Ҳар як илм методи омӯзиши худро дорад. Дар иншоям методҳои омӯзиши дигар илмҳоро мавриди баҳс қарор намедиҳам. Ин мавзӯи дигари банда аст. Аммо гуфтаниям, ки фанне, ки дар борааш сухан меронам диалектика (як қисми фалсафа) аст ва методаш диалектиктӣ. Шояд хонандаи зираки банда пай бурда бошад, ки мақсад аз баргузор кардани саволу ҷавоби боло “Мӯйро аз хамир ҷудо кардан” аст. Яъне, аз ботил ҷудо кардани ҳақро.

Дар омӯзиши дилхоҳ фан ба саволҳо бо таври “ҳа” ё “не” ҷавоб гуфтан ғайриилмӣ, метафизикӣ аст, ки моро хоҳу нохоҳ ба сӯи агностисизм мебарад. Роҳи дурусти омӯзиши оламу одамро фанни диалектика бо методи диалектикиаш меомӯзад.

Диалектика (як узви фалсафа) фаннест, ки қонунҳои умумитарини тараққиёти табиат, ҷамъият ва тафаккурро бо методи диалектикӣ меомӯзад. Методи диалектикӣ бархилофи методи метафизикӣ методест, ки ба саволҳо бо тариқӣ “ҳа” ё “не” гуфтан не, балки бо назардошти мавқеъ, шароит, гузоштани шартҳо, хусусан бо гузоштани шарти машҳури “агар” ба саволҳо ба “ҳа” ё “не” ҷавоб дода мешавад. Ин ҷавобро ҳақиқати конкретӣ ва ягона мегӯянд. Ин тарзи саволгузорӣ ва ҷавобёбиро методи диалектикӣ мегӯянд, ки аз конкретӣ ва ягона будани ҳақиқат шаҳодат медиҳад.

 

2. Чернишевский ва ҷавҳари диалектика

Дар ташаккул ва инкишофи фалсафаи то марксистӣ хизмати демократҳои револютсионии рус В.Г. Белинский (1911-1848), А.И. Гертсен (1812-1870), Н.А. Добролюбов (1836-1861), Н.Г. Чернишевский (1828-1888) хеле бузург, фарқкунанда ва афзалиятнок аст. Хусусан ақидаҳои фалсафии Н.Г. Чернишевский аз дигарон дида чунон пешрафта ва фарқкунанда аст, ки донишманди бузурги диалектика, мантиқ ва гносеология (назарияи дониш) – В.И. Ленин ӯро гоҳ дар ақиб ва гоҳ дар паҳлӯи Ф. Энгелс мегузошт. Яке аз хизматҳои шоёнаш оид ба фаҳмиши диалектикии конкретӣ ва ягона будани ҳақиқат аст. Н.Г. Чернишевский ягона ва конкретӣ будани ҳақиқатро чунин баён мекунад: Агар маро пурсанд, ки борон фоида дорад ё зарар? Ман мегӯям, ки ин савол аблаҳона аст, чунки ба ин савол ҷавоб “ҳа” ё “не” гуфтан ҷавоби метафизикӣ, ғайридеалектикист, ки моро ба сӯи агностисизм мебарад. Барои ба ин савол бо тарзи илмӣ (диалектикӣ) ҷавоб додан шароит ва вақт, ҳолати зарурӣ ва дигарҳоро ба инобат гирифтан лозим. Бигирем барои онҳое, ки ғалла ҷамъоварӣ мекунанд, коҳ ғарам мекунад, бом мепӯшонад ... борон зарар дорад. Барои онҳое, ки кишту корро ба охир расониданд, нешзадани донро интизоранд, сабзиши алафи чорво, об додани дарахтон зарур аст, дар ин ҳолат барон фоида дорад. Ҷавоби дуруст, конкретӣ ва ягона мешавад. Ҳақиқат ягона ва конкретист.

 

3. Абуҳанифа ва ҷавҳари диалектикӣ

Донандаи дин, илми дин ва илм – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (699-767) ҳамаи илмҳои замони худро бо хубӣ аз бар карда буд. Вале аз ҳамаи илмҳо дида, илми фикҳ (илми масъала)-ро афзалтар меҳисобид ва ҳалқа ташкил карда аз он ба толибилмонаш бо тарзи саволу ҷавоб дарс мегуфт. Рӯзе дар ҳалқа саволе ба миён омад, ки касе аз шогирдон ба он савол ҷавоби воқеӣ гуфта натавонистанд. Ҳатто Абӯюсуф, ки донотарин шогирди Имом буд, мағрур ба донишаш шуда, ҳалқаи алоҳида ташкил карда буд, ба он савол ҷавоб ёфта натавонист.

Он савол чунин буд: Фақире ба косиби ранггаре ҷома мебарад, то косиб ҷомаро ранг кунад. Ранггар ҷомаро мегирад ва мегӯяд, ки баъди як ҳафта омада ҷомаатро бар. Фақир баъди як ҳафта ба суроғи ҷомааш меравад. Ранггар аз гирифтани ҷома мункир мешавад. Фақир ноумед ба хонааш бар мегардад. Ранггар баъди як ҳафтаи дигар ба фақир таъин мекунад, ки омада ҷомаи рангшудаашро барад.

Саволи матраҳ ин аст, ки фақир ба косиб барои ранг кардани ҷома музди рангкунӣ бидиҳад ё не?

Ҳамаи шогирдон, ҳато Абӯюсуф ҳам ба ин савол ҷавобҳои ғайриилмӣ (метафизикӣ) – “ҳа” ё “не” гуфтанд. Ба қавле Имом Абуҳанифа табассуме карду ба савол чунин ҷавоб гуфт:

Агар косиб баъди мункиршавии гирифтани ҷома ҷомаро ранг карда бошад, дар ин ҳолат фақир бояд ба косиб ҳақ надиҳад, чунки ӯ ҷомаро барои худаш ранг кардааст. Агар косиб ҷомаро баъди пушаймон шуданаш ранг карда бошад, дар ин ҳолат ҷомадор бояд ба косиб ҳақ диҳад, чунки косиб ҷомаро барои соҳибаш ранг кардааст.

Фиқҳи Имом Абуҳанифа саршори ана ҳамин хел масъалагузориҳову масъалаҳалкуниҳост.

 

4. Хулоса

Хулоса, ҳар кас чӣ ақидае дорад, ақидаашро гуфтан гирад. ба ақидаи банда фиқҳи Абуҳанифа диалектикаи ҳаёт бо методи диалектикӣ – ҷавҳари диалектика аст.

Хонандаи азиз, ба як чиз диққат диҳед. Чизе, ки дар асри XIX сотсиал демократи рус Н.Г. Чернишевский гуфтааст, онро Имом Абуҳанифа Нуъмон дар асри VIII гуфтааст. Акнун хонандаи азиз худ қазоват кунед, ки кашшофи ҷавҳари диалектика кист?

Бо ин гуфтаҳоям хизмати шоёни сотсиалистони демократи русро дар ташаккули тафаккури фалсафа паст задани нестам. Як кашфиётро бехабар аз якдигар метавонад садҳо кас кунад, лекин ҳар кас бо мурури замон мавқеи худро дорад.

Ҳоҷӣ Нуриддини ХАЙРИДДИН

Хонданд 47
Матбуоти озод - оксигени демократия

«Журналистика ҳам касб асту ҳам ҳунар, зеро хабарнигорон дорои малакаҳои ихтисосӣ буда, меъёрҳои умумиро риоя мекунанд. Пас, чӣ гуна журналистика аз дигар касбҳо, амсоли табиб ё ҳуқуқшинос фарқ мекунад? Тафовути калонтарин дар нақши вижаи воситаҳои ахбори омма дар ҷомеаи озод аст», - навиштааст Дебора Поттер дар китоби худ, ки куллан бо ӯ мувофиқам. 

Имрӯз ҷомеаи мо барои мутолиа ва ҳазми иттилооти зиёд аз сарчашмаҳои гуногун вақти кофӣ надорад. Бештар матни таҳлилӣ, ки дар тадқиқоти журналистӣ дида мешавад, ба хонанда ва бинанда имкон медиҳад, то бо далелҳои тасдиқшуда ва сабабҳои ин ё он ҳодиса (ҷиноят), ки шахсони манфиатдор мехоҳанд аз ҷомеа пинҳон кунанд, шинос шавад. 

Мутаассифона, журналистикаи тадқиқотӣ дар Тоҷикистон тайи чанд соли ахир рӯ ба таназзул ниҳода, пажӯҳишу таҳқиқоти ҳирфаӣ қариб, ки дигар вуҷуд надорад. Шояд яке аз омилҳои ин мушкил дар он бошад, ки ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ва умуман, шаҳрвандон ба ВАО - журналистон ба унвони ҳимоятгари худ эътимод надоранд.  Гузашта аз ин, худи журналистони тоҷик низ ба ин қудрати худ ҳамчун ҳокимияти чорум ва имкони саҳмгузор будан дар демократикунонии ҷомеа ва волоияти қонун боварӣ надоранд. 

Чанд соли ахир Шабакаи ҷаҳонии журналистони тадқиқотчӣ (Global Investigative Journalism Network) барои журналистоне, ки ба тадқиқот машғуланд, дар ин ё он кишвар конфронсҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва осиёӣ баргузор мекунад. Имсол ҳамоиши журналистони тадқиқотчӣ дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея баргузор шуд. Дар ин нишаст беш аз 400 нафар журналистону ҳуқуқшиносон ва блогерҳову фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ, намояндагони созмонҳои байналмилаливу ташкилотҳои ғайридавлатӣ иштирок карданд. 

Зимни конфаронс мавзӯъҳои хеле муҳим барои ҷомеаи журналистии имрӯза мавриди баррасӣ қарор гирифт: аз қабили хабарҳои бофта (фейк-хабарҳо) ва мубориза бо он, ҳимояи ҳуқуқи журналистон, мубориза бо таҳдидҳо алайҳи журналистон, тадқиқотҳои марзиву наздимарзӣ – пайгирии ҳаводиси марбут ба пулшӯӣ, амнияти рақамӣ, ҳифзи худ ва сарчашмаи иттилоот, инчунин чанд масоили марбут ба кору фаъолияти журналистика дар ҷаҳони муосир. 

Яке аз мавзӯъҳое, ки барои журналистон, ва умуман ҷомеаи тоҷикистонӣ, имрӯз хеле муҳим аст – хабарҳои бофта ва далелсанҷӣ мебошад. Барои дода нашудан ба ҳар гуна фиреб ё манипулятсия, на танҳо журналист, балки ҳар инсони комил бояд иттилои шунида ва мехондаи худро таҳлил кунад. Барои ин ба таври фишурда ба се маҳаки асосӣ дар хабару акс бояд диққат дод: сарчашма, сана ва маҳалли ҷойгиршавӣ. 

Барои кишвари мо муҳоҷирати меҳнатӣ ва муҳоҷирони корӣ яке аз мушкилоти хеле муҳим ба шумор меравад, чун ин гурӯҳи осебпазир ҳамеша ба хатари гирифтор шудан ба ғуломӣ, пардохт нашудани ҳаққи хизмат, лату кӯб шудан аз ҷониби «ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ» ва боз даҳҳо проблемаи дигар рӯ ба рӯ мешаванд. Дар маҷмӯъ, муҳоҷирони корӣ, ки 60% аз 244 миллион муҳоҷири байналмиллалии ҷаҳонро дар бар мегиранд, махсусан ба зӯроварӣ, ба монанди хариду фурӯши одамон ва фоҳишагӣ, гирифтор мешаванд. Дар пешгирӣ кардани чунин қонуншиканиҳо ва кӯмак ба ин гурӯҳи ҷомеа, журналистони тадқиқотчӣ метавонанд нақши назаррасе гузоранд. 

Баъди нашри мақолаи тадқиқотӣ имконияти кушодан ва паҳн кардани ҷиноят, ки мансабдорон мехоҳанд ва кӯшиш мекунанд, то онро аз ҷомеа пинҳон доранд, ба миён меояд. 

Дар тамоми ҷаҳон матбуоти озод - оксигени демократия номида мешавад. Сиёсатмадори фаронсавӣ Алекс де Токвиле ҳанӯз 200 сол пеш гуфт буд: «Шумо наметавонед бе демократия рӯзномаҳои воқеӣ дошат бошед, ҳамон тавре ки наметавонед демократияи воқеиро бидуни рӯзномаҳо ба даст овард».

Воқеан, ин суханони оддӣ дар тӯли таърих чӣ қадар арзиш доштанд ва ҳақиқати ҳолро то ба имрӯз исбот кардаанд, ки дар баҳсу баррасии он дигар шакку тардиде нест. 

Дар ин росто, банда ҳам ба унвони як журналисти тадқиқотчӣ боварӣ дорам, ки  агар хабарнигорони мо дар ҳамкорӣ бо ҷомеа ба тадқиқоти журналистӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир кунанду рисолати аслии худро анҷом диҳанд, ҳатман дар демократикунонии ҷомеа саҳми бузург хоҳанд гузошт.

Барои маълумоти журналистон: Конфаронси байналхалқии журналистони тадқиқотчӣ соли оянда дар Олмон баргузор мешавад ва ҳар хоҳишманд метавонад довталаби бурсия (грант) барои сафар бошад. 

Дар интиҳо, ба роҳбарияту масъулини “Институти «Ҷамъияти кушода” Бунёди мадад дар Тоҷикистон, ки сафари маро ба конфронси мазкур маблағгузорӣ кард, арзи сипос менамоям. 

Муҳайё Нозимова,

Душанбе-Сеул-Душанбе

Хонданд 57

Афсонаҳои «Боми ҷаҳон»

Окт 22, 2018
Хонданд: 49
Афсонаҳои  «Боми ҷаҳон»

Мо ба Помир меравем

Соат шаши субҳ аст, аммо гармии фавқуллодаи чанд ҳафтаи нимаи дуюми моҳи июл кори худро кардааст. Пойтахти кишвар аз тафси гармии чандрӯза аллакай дар субҳ гӯё аз танӯре гармии боқимондаро ба машом мерасонад. Тағирёбии иқлимаш ҳамин будагист. Солҳои пеш чунин гармиҳо қариб, ки набуданд. Аммо мо қаноатмандем. Зеро ҷое меравем, ки ҳама куҳ асту об асту насимаки сарди дарёи Омӯ моро навозиш мекунад. Фоли нек буд, ё баракати Соли рушди сайёҳӣ, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистони имсола бо як сафари хидматии омӯзишӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги кишвар роҳ сӯи Бадахшони куҳӣ пеш гирифтем. 

Сафар кардан дар диёри худ дар ҳақиқат фараҳзост ва махсусан чун ба ингуна сафари тӯлонитар мебароед, эҳсос мекунед, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳе кӯчак нест. Шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Ваҳдат, Норак, Данғара, Восеъ ҳар кадом ба монанди навори сабтшуда пеши чашм ба ҷилва меоянд. Соати дувоздаҳи рӯз ба ошхонаи «Помир-Кулоб» расидем. Ронандагоне, ки ба сӯи Бадахшон ҳаракат мекунанд, гӯё иттифоқе доранд. Аксаран дар инҷо таваққуф мекунанд. Мусофироне, ки дар пойтахт барои худ нақлиёт меҷустанд, алакай дар инҷо чун шиносҳои дерин ба ҳамдигар салом медиҳанд.  Аз куфти роҳу бардошти сафар аз ҳамдигар пурсон мешаванд. Баъди таваққуфе боз ба роҳ мебароем. Акнун роҳи суӣ Шуробод пеш мегирем. Аз баландиҳои ағбаи Шуробод ҳама деҳоту манзилҳо зебо ба назар мерасанд. Поиндаштро аз баландӣ дидан аҷаб ҳаловате дорад. Ба оғуши куҳҳои давомдору тӯлонии Бадахшон ворид мешавем. Ронандаи «Старекс» Бекмуҳаммад ҷавони андаке шӯх аст. Мошинро босуръаттар меронад. Барои аввалин бор сафаркунандагон чунин суръат дар роҳҳои пурпечутоб андаке ташвишдор бошад ҳам, аммо аксарият он қадар парво надоранд. Аз нақли Бекмуҳаммад бармеояд, ки ӯ таҷрибадор аст. Ҷавон ҳам намояд, аммо ба қавли худаш бисту як сол собиқаи ронандагӣ дорад. Ба ҳар сурат тез мошин ронданаш оромии хотир нест. Зеро болои сар шахҳои пурваҳм ва поин дарёи ҳайбатнок шуморо андешаманд месозанд. 

Қиссаҳои роҳ

Роҳи Бадахшон афсункор будани табиатро ба шумо собит месозад. Теғаҳои куҳҳои баланд ва дарёи бадхашму тезсуръати Омӯ бинандаро мафтун менамоянд. Баъди фосилаҳои гуногуни роҳ ҳам аз чапу ҳам аз рост аз оғуши куҳҳои баланд аз рудҳои шӯхи куҳӣ обҳои ширмонанд ба дарёи Омӯ мерезанд. Чашмаҳои сарду гуворо бошанд дар ин роҳ як неъмати арзону фаровон аст. Дар он тарафи дарё низ зиндагӣ ҷараён дорад. Мардуми Афғонистони ҳамсоя  низ дар паи зиндагии худ овораанд. Маълум, ки дар Бадахшони Афғонистон низ ҳар як ваҷаб замини куҳистони камзамин арзиш ва онҷо ҳатман бӯи зиндагӣ дорад. Дарахтони сабзу қадафрохта, полезҳои кабудранг, гову гусолаву гусфанд, бузу хару асп ва даҳҳо ҷузъиёти деҳоти кӯҳӣ дар онҷо низ чун навори филме ба чашм мерасанд. Сафар дар оғуши куҳистони Бадахшон як асрор дорад, ки онро ҳар нафари дар онҷо буда бояд эҳсос карда бошад. Шумо ҳам аз ин ҷониб ва ҳам аз ҷониби Бадахшон чун ба сафар мебароед, фақат манзараҳои Афғонистонро мебинед. Бадахшон гӯё шуморо ба сайри ҷаҳон мебарад. Ба Чину Қирғизистону Покистон бо ин роҳҳо пайваст шудан мумкин аст. Гӯё табиати афсункор шуморо водор менамояд, ки дуриҳоро бинед. Манзили худамон дар пеши чашми худамон аст ва дар домани диёри худ қарор дорему онро ҳар замон мебинем.   Бинанда намедонад, ки ба кадоме аз ин ҷилваҳои ин гӯшаи табиати диёр нигарад. Бадахшон мулкест, ки онро гӯё дар соҳилҳои дарёи Омӯ меҷуед. Дар ҳақиқат қудрату ҳашамати Омӯ низ ба куҳҳои сарбафалаки Бадахшон бастагӣ дорад. Он обҳои шаффову ширине ки аз дилу синаи куҳҳо метаровад, гӯё иродаи аз макони худ рафтанро надоранд. Ҳамин аст, ки чун ба Омӯ мерезанд, гилолуду тираранг мешаванд. Бегоҳирӯзӣ муқобили ин дарё ба сӯи Хоруғ ҳаракат кардан даҳшату ваҳшати ин дарёро нишон медиҳад. Акси офтоб дар мавҷҳои хурушону босуръати ин дарё ба чашм зада, ба дил ваҳмеро ҷо мекунанд. Махсусан дар ҷойҳое, ки харсангҳои бузург қарор доранд, бархурдани мавҷҳои саркаш ҳашамати онро нишон медиҳанд. Аммо Бекмуҳаммад бепарво мошин меронад. Барои ӯ ин ҳама шояд як чизи муқарарӣ бошад. Охир дар як ҳафта 2-3 маротиба бо ин роҳ меояду меравад.  

Дарвозу Ванҷ паси сар гардид. Собиқ Девдараю имрӯз Гулдара акнун тобеи инсон гаштааст. Бо тасмиму талошҳои бевоситаи Пешвои миллат ин роҳ имрӯз ба роҳи ҳаёт табдил ёфтааст. Ба истилоҳ «Дулан»-ҳои дарози боркаш дар синаи куҳҳо хазида-хазида ба ин тарафу он тараф ҳаракат менамоянд. Чанд ҷо таваққуфи кутоҳ доштем. Зардолуву гелос себу нок ва дигар анвои меваҳоро алакай дар сари роҳҳо чашидан мумкин аст. Ҳатто аҷиб буд, ки дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз анҷири маҳаллиро медидем. Обҳои зулоли чашмаҳои Бадахшонро нӯшидан ҳузури ҷон аст. Аз ҳавои сарду салқини кӯҳистон бо фараҳ нафас мекашеду шукронаи неъматҳо менамоед. 

Аҷобати сафари роҳи кӯҳӣ хеле зиёд буд. Муҳимтарину ҷолибтарин мушоҳида ин ба чашм расидани сайёҳони хориҷие буд, ки дучархасавор пеш мераванд. Назар ба қавли Бекмуҳаммад онҳо имсол хеле зиёд шудаанд. Онҳо бештар ҷуфт-ҷуфт ба назар мерасиданд. Дар баъзе мавридҳо панҷ-шаш нафарӣ равон будани онҳоро низ медидем. Аз мушоҳидаи онҳо нахустин хулоса он аст, ки кишвари мо тинҷу осуда аст ва онро ҷаҳониён чун як минтақаи амну сайёҳӣ пазируфтаанд. Гоҳе аз тирезаи мошин ба онҳо менигарем, ки хандону хушҳол дастафшонӣ мекунанд. Дар мавзеъҳои тамошобоби ҷаззоб онҳо таваққуф намуда, табиати моро наззора мекунанд. Дар баъзе ошхонаҳои куҳии камодам бо онҳо якҷоя хурок тановул менамоем. Касоне, ки каму беш забони англисиро медонанд, бо онҳо ҳамсӯҳбат мешаванд. Онҳо бештар аз Аврупову Амрико мебошанд. Тавре аз баъзе сӯҳбатҳо фаҳмидем, онҳо аз Италияву Белгия, Украинаву Литва, Фаронсаву Олмон, Испанияву Юнон будаанд, ки бо мақсади сайру сайёҳӣ ба кишвари мо омадаанд. 

Инҷо Бадахшон аст

Сафари мо дар тамоми навоҳии ВМКБ ҷараён дошт. Мақсади мо тавре дар оғоз ишора гардид, шиносии кутоҳ бо вазъи матуботи маҳаллии ин навоҳӣ ба ҳисоб мерафт. Аммо бо истифода аз фурсатҳо мо аз лаззати тамошоҳо бенасиб набудем. Баъди як рӯзи дар ноҳияи Рушон будан, ба шаҳри Хоруғ омадем. Сафари тақрибан яксоатаи мо то Хоруғ дар субҳи босафои кӯҳистон роҳатафзо буд. Ҳамаҷое, ки деҳаву манзили зисти одамон аст, сабзу хуррам мебошанд. Инро мо дар қиёс бо навоҳии қисмати ҷануби кишвар мегӯем, ки аксаран аз тафси гармои тобистон ҳама зарду хазоннамо мебошанд. Аммо инҷо олами дигари диёри мост. Сари роҳҳо бештар дарахтони ар-ар ба назар мерасанд. Гирди заминҳои ҷо-ҷо корам аз санг ҳандақпечанд. Касе юнучқа медаравад, касе ба хишоваи замин машғул аст ва сеюмӣ ба обмониву дигар корҳои кишоварзӣ банд мебошад. 

Дар Хоруғ дар меҳмонхонаи «Дое Назарбайр» ҷойгир шудем. Амаки Алиназар соҳиби ин меҳмонхона аст ва марди хандону кушодачеҳра аст. Ӯ мегӯяд, ки тақлидкорӣ карда номи ғарбиёна наҷустааст ва меҳмонхонаро ба номи падараш гузоштааст. Дое Назарбайр маънии амаки Назарбойро доштааст. Дар корвонсарои ӯ ба ғайр аз меҳмонони дохилӣ чанд нафар меҳмонони хориҷӣ низ буданд. Махсусан марду зани тақрибан 50-60 сола бо мо зуд унс гирифтанд. Дар субҳонаву хуроки шом бо ҳамдигар салом дода, дар ошхона менишастем. Хоруғро шаҳри тангу хурд номидан чандон дуруст нест. Дар домани соҳили дарёҳо шаҳри зебову диққатрабоест. Агар он шабу рӯз дар Душанбе гармии ҳаво то 40-43 дараҷа расад, инҷо дар бораи гармӣ қариб, ки фикр намекунед. Чунин ба назар мерасад, ки Хоруғ шаҳри сайёҳист. Меҳмонон бештар ин шаҳҳро пур сохтаанд. Зуд-зуд ба чашм меҳмонхонаҳои замонавии хурде ба назар мерасанд, ки барои қабули меҳмонон омода шудаанд. Аз рӯи гуфти амаки Алиназар шумораи меҳмонони хориҷӣ имсол ба маротиб афзудааст.

Шуғнон ва Чашмаи Носир

Ноҳияи Шуғнон аз маркази вилояи чандон дур нест. Ним соат кифоя аст, ки ба онҷо расида равед. Биноҳои маъмурии ҳукумати ноҳия дар ҷои баландӣ воқеъ гардидааст. Ҷолибтарин хусусияти ин ноҳия он аст, ки аз баландӣ озодонаву бидуни монеа манзараҳои куҳистони Афғонистонро  мебинед. Он тарафи Омӯ низ сабзу муаттар ба назар мерасад. Аз маркази ноҳия пиёда то Чашмаи Носири Хусрав омадем. Дар бораи ин чашма хеле зиёд шунидаву хондаем. Шеъри маълуми М.Миршакар васфи ин чашмаи афсонавиро дар пояи баланд қарор додааст. Бисмилои кор гуфта нахуст аз оби чашмаи овозадор нӯшидем. Болотар низ аз ин чашма об нушидан мумкин будааст. Чашма дар пояи куҳ қарор дорад. Зери сояи дарахт дар чанд санг бо ҳуруфи арабӣ чизе навишта шудааст ва онро ҳар як зиёратчӣ тавоф карда баъдан об менӯшад. Дар муддати ним соате ки онҷо қарор доштем, даҳҳо нафар об менушиданду он сангҳоро тавоф менамуданд. Ба осорхонаи хурде, ки дар инҷо амал мекунад, даро баро зиёд буд. Тақрибан 20-30 нафар кудакони аз чор то шашсола дар дохили осорхона бо мураббиҳояшон кадом як саҳначааи худро омода мекарданд. Намоишномаеро низ тамошо карданду баъд ба гирди чашмаи муқаддас омаданд. Мо низ осорхонаро дидем ва саҳначаеро, ки аз рӯи ривоятҳо сохта шудааст, тариқи монитор тамошо кардем. Харитаи сафарҳои шайх Носири Хусрав, китобҳои ин адибу мутафаккири шинохта ва чанд экспонати дигар ба ҳар як бинанда тааассуроти хосро бахшида метавонанд. Дар Шуғнон дар хонаи яке аз шогирдон меҳмон шудем ва аз наздик ба расму таомули мардум, хӯрокҳои миллии онҳо ва фарҳангу санъати хонасозиву ороишот шинос гардидем. Соҳиби хона, ки Ширин ном дошт, моро ба як нуқтае бурд, ки гӯё замоне аз онҷо Мир Саид Алли Ҳамадонӣ гузар карда бошад. 

Роштқалъа низ зебост!

Ноҳияи Роштқалъа аз маркази Хоруғ дар масофаи 40-50 километр ҷойгир аст. Рӯзи дигар субҳҳангом ба ҷониби Роштқалъа роҳ пеш гирифтем. Ба назари мо чунин намуд, ки ин ноҳия заминҳои бештар дорад. Зеро қад-қади роҳ деҳаҳои зиёде ба назар мерасанд. Ба ҷамоати ба номи Мирсаид Миршакар расида, ба бинои он сар халондем. Ҳавои бино салқину сарду форам аст ва аз оғуши кӯҳҳо насими фораме бо бӯи гиёҳҳову алафҳои сабзи табиӣ ба машом мерасад. Табиат худ гӯё кондитсионер аст. Ҷурғоти Роштқалъа ба қаймокҳои Душанбе монанд аст. Зардолуву гелосҳои тутҳои бомазаи Роштқалъа тамъи ширине доранд.  Ватану диёри ин шоири маҳбуби кудакон хеле зебову диданӣ буд. Боз ҳам ҳамон гапи кӯҳна, ки дар чунин табиат шоир нашудан аз рӯи инсоф нест.  

Ишкошим дуртар ва ҳам пурафсун аст

Сафар ба ноҳияи Ишкошим андаке душворӣ доштааст. Ин ноҳия аз маркази вилоят дар масофаи 110 киломиетр воқеъ гардидаст ва нақлиёт ба онҷо камтар меравад. Баъди соати интизориҳо савори мошини сабукрави ҷопонӣ ба ноҳияи Ишкошим раҳсипор гардидем. Мошинҳои ҷопонӣ гӯё дар ин роҳҳо қулай ва муносиб будаанд. Ронанда Ҷамшед ном дошта, тақрибан марди 50-55 солае буд, ки соҳиби ҷаҳонбинии васеъ аст. Ӯ дар кадом ташкилоти байналхалқӣ замоне панҷ сол ба сифати ронанда кор карда будааст. Дар онҷо забони англисиро омӯхтааст. Ин забондонии Ҷамшед ба мо кор дод. Зеро ҳамсафари мо дар мошини он кас марду зани италиявие буданд, ки чун сайёҳ ба ноҳияи Ишкошиму Мурғоб қасди сафар доштаанд. Ҷамшед бо онҳо аз ҳар хусус саволҳо медод. Аз касбу кори онҳо ва таассуроти сафар пурсон мегардид. Онҳо низ аз мо баъзе чизҳоро мепурсиданд. Масалан дар бораи забон ва баъзе анъанаҳои мардуми кӯҳистон донистан мехостанд. Баъди Гармчашма ба чашмаи Нарзан расидем. Ду қадам онтарафтар дарёи шитобон қарор дорад. Ана обу мана об. Оби газноки қиматеро ки табобатӣ гуфта дар пойтахт ба шумо мефурушанд, дар назди ин об ҳеҷ арзише надорад. Сард, хуштамъ ва  хеле гуворо аст. Ҳар як мошини дар роҳи Ишкошим ҳаракаткунанда ҳатман дар назди он таваққуф менамояд. Мусофирон аз чашмаи Нарзан об менушанд ва бо худ дар зарфҳо об мегиранд. Дар ин роҳ аз ҳама бештар сайёҳони хориҷиро дидан мумкин аст, ки велосипедсавор ба боло ҳаракат кардан мехоҳанд. Назар ба қавли Ҷамшеди ронанда бештари онҳо ба чашмаи Бибифотимаи Заҳро рафтан мехоҳанд. Ишкошим ноҳияи баландкӯҳ мебошад. Ин ноҳия низ дар рӯ ба рӯи Афғонистон қарор дорад. Баъди нисфирӯзӣ шамоли аҷибе дар ин ноҳия ба вазидан медарояд. Касе асрори ин шамоли ногаҳониро гуфта наметавонад ва онро низ чун як неъмати табиат медонанд. Шаб тиреза кушода буд. Ҳис мекунед, ки ҳаво сард аст ва маҷбур мешавед, ки кӯрпаро ба рӯи худ гиред. Охири моҳи июл аст, аммо зардолӯ дар шохаи ниҳолҳо ҳанӯз сабз аст. Ҷо-ҷо заминҳои ғалла ба назар мерасанд, ки ғаллазорони моҳи апрели вилояти Хатлонро мемонад. Кучаҳои маркази ноҳия пур аз оби чашмаҳои кӯҳӣ аст. 

Дил мехоҳад…

Дил мехоҳад, ки дар Бадахшон таваққуфи тӯлонӣ дошта бошед. Аммо зиндагист, ки боз ба сӯи хонаҳои худ роҳ пеш мегиред. Таассуроти мо аз ин сафар зиёд аст ва наметавон он ҳамаро дар чанд саҳифа баён кард. Бадахшиҳо мардумони пурмуҳаббату бомаданият ба назар мерасанд. Кучаву роҳҳову биноҳои худро дар ҳолати тоза нигоҳ медоранд. Меҳмондӯстанд ва дили танг надоранд.  Як мушоҳида он буд, ки хурду бузург дар ин гушаи кӯҳсор забони англисиро меомӯзанд. Охир ин бесабаб нест. Шумораи сайёҳони хориҷӣ ба ин минтақа торафт меафзояд ва наметавон, ки бо имову ишора ҳама матлабро фаҳмида гирифт. Аз мушоҳидаҳои чандрӯза аз Бадахшони кӯҳсор танҳо як хулоса аст: Ин гӯшаи зебои Тоҷикистон алакай чун як минтақаи сайёҳӣ нуфуз пайдо кардааст ва барои ҳар як меҳмони дохиливу хориҷӣ ин мавзеъ барои сайру сайёҳат меарзад. Зеро Бадахшон бо осмонбӯс будани қуллаҳои худ ин сайри ҷаҳон аст.

Мурод Муродӣ,

Бахтиёри Қутбиддин

Хонданд 49

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.