.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҷомеъа

“Шоу”-и бебарор

Фев 03, 2018
Диданд: 474

“Танин” чӣ иштибоҳ кард?

Мурофиаи судии як сокини шаҳри Хуҷанд ва телевизиони “Танин” ба анҷом расид. 23-юми январ Суди шаҳри Хуҷанд 6 нафар - се масъули телевизион ва се ҳамсуҳбати онро 23 ҳазор сомонӣ ҷарима баст. Кормандони ТВ ҳар яке 5-ҳазорӣ, ҳамсари собиқи даъвогар низ 5, модари 79-солаи ӯ - 1 ва раиси занони маҳаллаи онҳо - 2 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд. Тибқи қарори суд, ин ҷуброни хисороти маънавӣ бояд ба ҷабрдида Гулнора Аминова супорида шавад. Илова бар ин, аз ТВ “Танин” тақозо мешавад, ки раддия пахш кунад.
Ҳарчанд феҳристи ҷаримашудагон баёнгари як парвандаи соддаи оилавист, дар асл беш аз як сол тӯл кашидани он ишора ба содда набуданаш мекунад. Ин як баҳси марбут ба рӯзноманигорист, аммо гиреҳхӯрда бо масоили оилавӣ. Маҳз ин нукта Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистонро ба пайгирии парванда таҳрик дод. Ҳамон натиҷае ба даст омад, ки аз оғоз дар ҳадсу гумонҳои мо вуҷуд дошт. Мо ҳам бештар рӯи баҳси марбут ба пешаи худ - рӯзноманигорӣ тамаркуз кардем ва ҳоло хулосаи мо.

“Зулму ситам”
20 (21)-уми декабри соли 2016 ТВ “Танин” барномае аз рӯзгори як марди “бесарпаноҳ”-ро пахш кард. Қурбон Миробидов - ҳамсари собиқи Гулнора Аминова дар ин барнома (сабташ дар ихтиёри мо қарор дорад) нақл мекунад, ки дар гузашта соҳиби чанд хонаву дар буд, аммо дар пайи “ҷабру зулм”-и ҳамсари собиқ умуман бехона монда, худ дар манзили модар ва ҳамсари кунуниаш бо тифли 11-моҳа дар хонаи падар, ҷудо аз ҳам зиндагӣ мекунанд. Дидани ин навор ҳиссеро ба вуҷуд меорад, ки маҳз “зулму ситам”-и ҳамсари собиқаш ӯро дарбадар кардааст ва ҳам ин сарнавиштро барои ӯ суд аз роҳи қонун рақам задааст. Дар баҳсҳои қаблии судии ин оилаи собиқ як ҳавлӣ, ду ҳуҷра дар баландманзил, 3 гараж, ҳатто дӯкони тиҷоратии оилаи собиқи ӯ моли як тараф - Гулнора Аминова ва се фарзандаш эътироф шудаанд. Аз нақли Қурбон ва модару ҳамсараш бармеомад, ки суд ҳама корро кардааст, то аз ҳама чӣ маҳрум ва дар кӯча монанд.
10-уми январи соли равон Гулнора Аминова аз ТВ “Танин” ва ҳамсуҳбатҳояш ба Суди шаҳри Хуҷанд шикоят бурда, 800 ҳазор сомонӣ, бештар аз 90 ҳазор доллар, ҷуброни маънавӣ талаб кард.
Дар нигоҳи аввал, барномае, ки “Танин” омода кардааст, як ҳисси раҳму ҳамдилӣ ба Қурбон ва бадбинӣ ба Гулнораро ба вуҷуд меорад. Аммо он чӣ Гулнора бо мо дар миён гузошт...
Ӯ моҳи июл ба МТЖТ муроҷиат кард. Ин ҳама пас аз он буд, ки ташхисҳои мақомоти зидахл дар амри ошкор кардани ҳақиқати кор ба ҷое нарасиданд. Як таҳқиқи хурди қаблии МТЖТ нишон дод, ки ин барномаи “Танин” ҳақиқатро комилан чаппа нишон дода, як мушкили ошно, аммо таърифнашудае дар рӯзноманигории моро бармало кардааст...

“Дар барномаи оянда...”
Он ҳам адами тавозун ё баланс аст, ки ин барномаи “Танин”-ро метавон намунаи барҷастатаринаш номид. Қурбони 40-сола, модари 79-солааш Саиднисо Рустамова ва ҳамсари кунуниаш Зулайхои 28-сола, ҳамагӣ сокини деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Гулнора Аминова ва Суди шаҳри Хуҷандро дар мушкилоти худ, қабл аз ҳама бесарпаноҳӣ, гунаҳкор медонанд. Хуб, ҳақ доранд! Аммо аҷобат дар ин аст, ки аз аввал то охир, расо 30 дақиқа, на номи Гулнора Аминова зикр мешавад ва на суду судяи шаҳр ё ноҳияе, ки ҳукмро содир кардаанд!
Аз ин роҳ гӯё ТВ хостааст хатарҳои эҳтимолиро аз худ дур кунад, аммо инро ба назар нагирифт, ки як доираи муайян аз наздикон ва ё ҳамдеҳаву ҳамшаҳриҳо мухотаби онҳоро ҳатман мешиносанд. Дигар ин, ки дар ҳамчунин баҳсҳо мухотаб хаёлӣ буда наметавонад.
Муаллиф Парвона Аҳророва дар интиҳои барнома зикр мекунад, ки “дар барномаи оянда” назари “ҳуқуқшинос, иҷрочии суд ва ҳамсари собиқаш”, манзур Гулнора Аминоваро ҳам хоҳанд овард. Ҳатто вақте муаллиф мегӯяд, ҳадаф аз овардани ин саргузашт “поймол кардани ҳуқуқи ягон тараф нест” ва таҳиягарон ҳар як барномаро “аз чаҳорчӯбаи қонун набаромада” таҳия мекунанд, бехабар мондааст, ки хеле барвақт ҳуқуқи “ягон тараф”-ро поймол кардаву аз чаҳорчӯбаи қонун ҳам баромада рафтааст. Қисса кӯтоҳ, барнома бидуни тавозуну яктарафа пахш шуд ва ба таври худкор, ба Гулнора Аминова заминаи ба суд кашидани ТВ “Танин”-ро фароҳам сохт.

Чиро гуфт...
Ҳамсуҳбатони “Танин” - Қурбон, модар ва ҳамсари кунуниаш аз ҳукми Суди шаҳри Хуҷанд, ҳамзамон Гулнора Аминова интиқод карданд. Ҳаққи қонунӣ доранд, аммо вақте иттиҳом зада мешавад, бояд далелу ҳуҷҷат низ медошт. Аз наворе, ки дар ихтиёри мост, чанд нуктаи асосиро мавриди зикр медонем, то рӯшан шавад, ки асли гап чӣ асту иштибоҳ дар куҷо содир шудааст. Муҳимтарин нуктаҳо, ки аз даъвои Қурбон ва бар асоси маводи “Танин” бармеоянд, чунинанд: 1) Ӯву Гулнора соли 1997 хонадор шуданд. Соли 2000 бо хоҳару додар ва ҳамсарони бародарони Қурбон муросо накарда, дар микрорайони 32-и шаҳри Хуҷанд як дуҳуҷрагӣ харида, кӯчида рафтанд; 2) Як сол баъд дар шафати дуҳуҷрагӣ Қурбон боз як якутоқа харид; 3) Соли 2010 ҳамсараш Гулнора “хасу чӯб”-у латукӯбро баҳона карда, тақозои ҷудошавӣ намуд; 4) 3 гараж дошт, ки Гулнора онҳоро пас аз ҷудо шудан фурӯхт; 5) Қурбон ҳамон ду ва якҳуҷрагиро ба фарзандонаш, ки аллакай се нафар (як писар ва ду духтар) шуда буданд, бахшид; 6) Писарашон Далер бо ӯ монд. Аммо пас аз дигарбора хонадор шудани падар дар соли 2013 ба назди модар рафт. Сабаб: латукӯб шудани ӯ аз сӯи падар ба он хотир, ки ҳар гапе, ки дар хонаи ӯ мешуд, писар ба модараш хабар медод. Модараш Гулнора писарашро ба экспертиза бурда, зидди падараш тавтиа кард; 7) 8 ҳазор долларро аз хонааш дар баландманзил дуздиданд; 8) Ҳавлии падариашро Гулнора тақсим карда, дар миён девор андохт. Хона мероси падари Қурбон буда, ба 7 меросхӯри ӯ тааллуқ дорад, на фақат Қурбон, аммо Гулнора нисфи онро соҳиб шуд; 9) Баъди як моҳи рафтани писар Гулнора дӯкони Қурбонро “кашида гирифт”. 1 - 1,5 сол бар дараш “муҳр заданд”, дар ҳоле ки Қурбон аз бонк қарздор буд ва ҳар моҳ бояд 600 сомонӣ алимент месупурд; 10) Дӯкон ё “контейнер”-е, ки Гулнора “кашида гирифт”, 120 ҳазор сомонӣ мол дошт ва бояд тақсим мешуд; 10) Қарори суд “сохтакорона” буд. Тамоми амволи муштаракро ба Гулнора дод, ҳатто дӯкон ё “контейнер”-еро, ки ба номи модараш - Саиднисо Рустамова буд. Ҳамин тавр, 2 хона дар баландманзил, 3 сотих ҳавлӣ бо хонаи истиқоматӣ ва 3 гараж (1 - 1,5-ҳазордолларӣ) пурра ба Гулнора гузашт. Маблағи “контейнер” (80 ҳазор сомонӣ) ва мошини “Жигули” (5 ҳазор сомонӣ) миёни онҳо тақсим шуд ва Қурбон ҳаққашро пурра барои алименти фарзандонаш пардохт намуд...
Он чӣ овардем, нуктаҳои асосии баҳс буд, ки рӯзноманигори “Танин” ба таври ҳатмӣ бояд месанҷид, сарашон тамаркуз мекард, зеро ин ҳама маҳз ба обрӯву эътибори Гулнора Аминова ва ҳукми суд рабт дошт. Кори сангин аст, аммо даъвоҳо бояд бо ҳуҷҷат тасдиқ мешуданд.

... ва чиро нагуфт?
Аммо ҳуҷҷату асноде, ки Гулнора Аминова дар ихтиёри мо гузошт, тамоми даъвоҳои болоро ботил бароварданд. Аз рӯи ҳуҷҷатҳо, даъвоҳо на фақат сиҳат надоранд ё таҳриф шудаанд, балки ба дурӯғи маҳз табдил меёбанд ва барнома ҳам ба як матлаби ғайриҳирфаӣ. Далелҳои Аминова бояд дар баробари ҳар нуктаи даъвоҳои Қурбон ва наздикони ӯ оварда мешуданд. Ҳоло бубинед, ки Гулнора Аминова дар муқобили онҳо чӣ пешниҳод кард: 1) Хонаи дуҳуҷрагиро дар микрорайони 32-и шаҳри Хуҷанд на ӯву Қурбон, балки падари Гулнора харидааст. Онҳо ҳеҷ ҳаққе ба ин хона надоштанд, балки иҷоранишин буданд; 2) Якҳуҷрагии шафати онро ҳам на Қурбон, балки падар ва бародари Гулнора барои нигоҳ доштани моли тиҷораташон хариданд. Ҳарду хона ба номи модари Гулнора - Биҳурмат Аминова ҳуҷҷат шудаанд; 3) Соли 2010 Гулнора на барои “хасу чӯб”, балки дар пайи латукӯб (бино ба хулосаи Маркази экспертизаи вилояти Суғд аз соли 2010) ва дигар далелҳо тақозои талоқ кард; 4) “3 гараж” ба Қурбон рабте надоранд. Дар асл гап дар бораи 2 гараж меравад, ки моли падари Гулнора буданд; 5) Вақте хонаҳо аз Қурбон набуданд, мантиқан, ҳаққи бахшидани онҳоро ба фарзандонаш надошт; 6) Писараш Далер бо падар монд. Аммо пас аз дигарбора хонадор шудани ӯ дар моҳи январи соли 2013 моҳи майи ҳамон сол ба назди модар омад. Сабаб (ба қавли Гулнора): а) писар бо падару моиндар рост нагирифт; б) Далер бо падар ва соҳиби тиҷорат буд. Аммо пас аз соли 2013 Қурбон ӯро аз тиҷорат барканор карда, ба ҷои ӯ ҳамсари кунуниашро мегузорад. Далер аз ин кор ранҷида, ба назди модараш меояд; 7) 8 ҳазор долларе, ки дуздида шуд, ба қавли Гулнора, ҳеҷ рабте ба Қурбон надорад. Он чӣ ба яғмо рафт, ҷавоҳирот ва либосҳои пурқимати Гулнора буд, ки ниҳоят пайдо нашуд; 8) Ҳавлии падарии Қурбон дар асл 13 сотих аст, ки бародаронаш 6 сотихи онро ба ӯ дода буданд, яъне ҳеҷ кас ба он даъво надорад. Хонаро соли 2004 - 2007 онҳо (Гулнора ва Қурбон) бо пули тиҷорати худ сохтанд, на соли 2013, ки Қурбон мегӯяд. Ҳасан ва Комил Миробидовҳо, бародарони Қурбон дар суд эътироф кардаанд, ки ин хона солҳои 2004 - 2007 сохта шудааст, на 2013; 9) Дӯконро Гулнора бо кӯмаки падараш дар “Евроряд”-и бозори “Сомон”-и шаҳри Чкаловск ба 4 ҳазор доллар харида, соли 2009 ба номи Қурбон ҳуҷҷат кардааст; 10) “Контейнер” ҳамагӣ 20 ҳазору 300 сомонӣ бор дошт, ки ҳама бо ширкати ҷонибҳо (Гулнора ва Қурбон) ва иҷрочии судӣ ҳисоб шудааст.
Як нуктаи дигар ҳам ба суд рабт мегирад, аммо азбаски суд қарори худро баровардааст, онро дар барнома мешуд ҳамчун посухи расмӣ овард. Гулнора мегӯяд: 11) “Азбаски суд ошкор кард, ки аксарияти амвол ба ӯ тааллуқ дорад ва ҳама бар асоси ҳуҷҷат аст, чунин қарор баровард. Дӯкон ё “контейнер”-е, ки соли 2009 ба номи Қурбон сабт шуда буд, соли 2013, вақте гапи ҷудоии ҳамсарон баромад, бо таърихи гузашта - соли 2009 - ба номи модараш - Саиднисо Рустамова ҳуҷҷат шудааст. Ин сохтакорӣ аст. Ҳоҷӣ Карим, собиқ соҳибмулки бозори “Сомон” дар суд шаҳодат додааст, ки дӯкон ё “контейнер” танҳо як бор соли 2009 ба Қурбон Миробидов фурӯхта шудааст ва танҳо соли 2013 бо Саиднисо Рустамова шартномаи хариду фурӯш ва иҷора бастаанд. Суд маблағи “контейнер” (80 ҳазор сомонӣ) ва мошини “Жигули” (5 ҳазор сомонӣ)-ро, ки аллакай фурӯхта шуда буд, миёни онҳо тақсим кард ва ҳаққи Қурбон пурра барои алименти фарзандонаш то 18-солагиашон дода шуд...
Ин ҳама далелҳои Гулнора аст, ки тавре гуфтем, бо ҳуҷҷатҳо тасдиқ шудаанд. Мо ҷузъиёти масъаларо намеорем, зеро ҳамаро суд баҳсу баррасӣ карда, хулоса баровардаст, аммо он ҳама аз сӯи “Танин” нодида гирифта шуданд. Агар рӯзноманигор ин ҳамаро ба назар мегирифт, ҳам як барномаи “кори калон” мекард ва ҳам кораш ба суд намекашид. Вақте чунин хатоҳои сирф касбӣ содир мешаванд, дигар ҷойи баҳс ҳам бо ҳукме, ки баромад, намемонад.

“Обрӯ”
7 моҳе, ки ин қазияро МТЖТ пайгирӣ мекард, бархе иттифоқоти ҷолибе низ афтода буданд. Аз ҷумла, мо натавонистем ниҳоят муайян кунем, ки “Танин” пас аз пахши барнома пушти вокуниши Гулнора Аминова шуд ё не, зеро аз ҳарду ҷониб ҷавоби мухталиф гирифтем: ТВ мегӯяд, ки даъвогарро даъват кардем, наомад, аммо ба суд дод, аммо даъвогар мегӯяд, ки то муроҷиаташ ба суд даъват нашудааст, балки эътирози ӯро нодида гирифтанд (чизе монанд ба “ҳар куҷое хоҳӣ, рав муроҷиат кун!”) ва маҷбур шудааст, ки ба суд муроҷиат кунад.
Дар ин миён, Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон низ аризаи Гулнора Аминова ва вакили дифоъашро дар мавриди ҳамон барномаи “Оила”-и “Танин” ба баррасӣ гирифт ва ба ТВ маслиҳат дод, ки раддия нашр кунад. Зимни тамосҳои мустақими мо бо масъулини “Танин” (мудири ТВ - Шермуҳаммад Шерматов ва сармуҳаррир Қудратуллоҳ Раҳматуллоев), ба мо гуфтанд, ки омодаанд раддия пахш кунанд, аммо Гулнора Аминова онро қабул накардааст. Замоне, ки баҳси раддия мерафт, мурофиаи судӣ баргузор шуд ва қарори худро баровард.
Дар замони мо фоҷиаҳои оилавӣ кам нестанд. Ин хоси як ҷомеаи зинда аст. Аммо азбаски дар Тоҷикистон бахусус вақтҳои охир ин мавзуҳо ҳассос шудаанд ва зиёд мушоҳида мешавад, ки рӯзноманигорон маъмулан аз як ҷониб иттилоъ пахш мекунанд, хавфи дастбагиребониҳои судӣ низ ба миён меоянд. Зану шавҳар метавонанд тариқи суд ё муомилаҳои инсонӣ ба ҷое расанд, зеро ё фикри ояндаи худу фарзандонашонро мекунанд, ё сари ягон иттифоқи назаре меоянд. Аммо иштибоҳеро, ки рӯзноманигор мекунад, оё метавон ҷуброн кард?
Ҳанӯз дар оғози таҳқиқ Гулнора Аминова дар посух ба суоли мо - “чаро аз ҳалли мусолиматомези баҳсаш бо “Танин” худдорӣ кард ё ҳадафаш рӯёндани ҷуброни калон дар ҳаҷми 800 ҳазор сомонӣ аст?” чунин посух дода буд: “Агар боигарии дунёро диҳед ҳам, обрӯи инсонро баргардонда наметавонед”.
Шояд ТВ “Танин” бар ин буд, ки як “шоу”-и монанд ба барномаҳои русӣ кунад, аммо хатои ҳирфаӣ кард ва ҳоло бояд бо қарори суд онро ислоҳ кунад...

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

Хонданд 474

РОҲИ БЕБОЗГАШТИ РУХШОНА

Фев 03, 2018
Диданд: 335

Ин воқеа дар деҳаи калону ободи назди маркази вилоят рух дод. Ҷавонзан Рухшона пагоҳӣ ҳамроҳи ду кӯдакаш Рухсораи сесола ва Далери яксола ба хонаи дугона ва ҳамсояаш Нигина омад. Нигина, ҷавонзани боодоби меҳмондӯст аз ташрифи дугонааш хурсанд шуда, Далерро аз дасти ӯ гирифта, Рухшонаро ба оғӯш кашида бӯсиду ҳис кард, ки чашмони меҳмон аз гиря сурх, рӯяш варам аст, аён мегашт, ки вай хеле ашк рехтааст.

- Тинҷӣ, ба ту чӣ шуд, чаро ин қадар гиря кардӣ?
- Ҳеҷ гап не, андаке тобам нашуд, - ҷавоб дод Рухшона.
Нигина аз бозуи Рухшона гирифта ба хона даровард ва ба роҳаткурсӣ ҷой кард, Рухсораро ба курсии дигар шинонду дастархон густурд ва онро бо нону мева зеб дод.
- Ташвиш накаш, ман саросема, фақат бо илтимосе наздат омадам, -матлаб гуфт Рухшона.
- Саросемаҳо куҷо рафтанд, ки мо мондем, - ҳазл намуд соҳиби хона. - Ту чанд вақт ин ҷониб ба хонаи мо наомадӣ, пазмонат шудам.
Нигина ба ошхона баромад ва чанде пас дар дасташ чойники чой оварда, рӯ ба рӯи Рухшона нишаста, ба пиёлаҳо чой рехт, ба Рухсора шоколад дароз карда нон шикасту гуфт:
- Ба дастархон нигар, як пиёла чой нӯшу гап зан, ки чӣ воқеа шуд, чаро ошуфтаӣ, гиря кардӣ, кӣ туро ранҷонд?
- Қиссаи ман хеле ҷонкоҳ аст, - як қулт чой нӯшида гуфт Рухшона.
- Маро ба тори туҳмат печонданд…
Рухшона нафасгир шуда, маҷоли гап заданро гум кард, - Нигина наздаш омада ӯро ба оғӯш кашида, тасалло доду хоҳиш кард, ки воқеаро нақл намояд.
- Ҳафтаи гузашта дар хонаи мо пул гум шуд, касе сандуқро кушода маблағи пасандоз кардаи оилаамонро дуздидааст. Хушдоман, хусур, Комил ва хоҳарарӯсамон Асал ҷамъ шуда, хеле ин тарафу он тарафро кофтанду аз пул нишон наёфтанд ва дар охир ба ман бало монданд.
- Чӣ хел аз ту гумонбар шуданд, ягон асос ё далел ёфтанд?
Нигина Рухшонаро хуб мешинохт, аз вақти ба ин хонадон арӯс шуда омаданаш риштаи дӯстӣ пайваста буд, дар ин муддат ягон маротиба кирдори бади ӯро надид ва якбора ин ҷавонзан модари ду кӯдакро дузд хонданро тасаввур намекард. Вай аз қиссаи ба ин деҳа арӯс шуда омадани Рухшона хабар дошт. Дугонааш сокини ноҳияи Ҳисор буд ва чор сол пеш Комил ҳавлии онҳо рафта, ҳавлиашонро сафолакпӯш мекунаду ба духтари хонавода Рухшонаи зебо ошиқ мешавад. Духтар ҳам нисбати ҷавон бетараф набуд ва ба вай дил баст.
Баъди ба анҷом расидани сафолбандии ҳавлӣ Комил ба хонааш бармегардад ва назди волидони Рухшона хостгор мефиристад. Падари духтар, ки марди боғурур буд, розӣ нашуд, аммо модари Рухшона тарафи духтарашро гирифт.
Тахмин мерафт, ки Рухшона модарашро ба гап гирифта розӣ кардааст, фаҳмондааст, вай ба Комил майл дорад ва нисбаташ бетараф нест.
Хостгорон розигии падари духтарро гирифта натавониста баргаштанд, вале Комил онҳоро ба ҳолашон намемонд. Мегуфт, ки ваю Рухшона ҳар рӯз тавассути телефон гуфтугӯ мекунанд, духтару модараш розиянд, фақат розигии падарашро гиранд.
Падар намехост, ки духтарашро ба ҷойи дур баранд, вале ба занашу духтараш зӯраш нарасид ва билохир ба хостгорон розигӣ дод, вале шарт гузошт, ки духтарашро намеранҷонанд, дур аз волидон гӯён зулм намекунанд.
- Не, қудоҷон! Мо Рухшонаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекунем, -ҷавоб дод модари Комил, қасам, ки келинро баробари духтар мехонем.
Тӯй дар шаҳри Хуҷанд барпо гашт, аз он ҷо арӯсро ба деҳа оварданд. Зиндагии ҷавонон хуш ибтидо гирифт, аз чизе камбудӣ надоштанд. Рухшонаро дар деҳа хуш пазируфтанд, занону духтарон ба вай унс гирифтанд.
Аз байн чор сол гузашт. Комилу Рухшона соҳиби ду фарзанд шуданд ва зиндагии ҷавонон рангинтар гашт. Асал шавҳар кард, вале зиндагиаш нобарор сурат гирифт ва соле пас ба хонаи волидон бо тифлаш баргашт. Вай асабию дағал шуда омад ва нобарориашро дар хонаи волидон гӯё аз дигарон мегирифт.
Якбора ба ин хонадон чашм расид. Он рӯз ба хушдоман пул лозим шуд ва ӯ сандуқро кушода маблағи гузоштаашро наёфту доду вой кард, аҳли оиларо ба наздаш даъват намуд. Аз ҳар яке пурсид, ки пулро нагирифтааст? Зан гоҳ аз яке шубҳа мекард, гоҳ аз дигаре, бо алам мегуфт, ки дар сандуқ ду ҳазор доллар ва даҳ ҳазор сомонӣ маблағ гузошта буд, вай мехост бо ин маблағ мошин харад, вале ба қавли худаш акнун хар ҳам харида наметавонад.
Асал ба хонаи фолбин рафта фол кушода хабар овард, ки ба хона каси бегона наомадааст, дузд аз худӣ аст. Аз ину он шубҳа карданд ва тирчаи шубҳа ба Рухшона расид.
- Ман пулро чӣ кор мекунам, онро куҷо мебарам, - худро сафед мекард ҷавонзан.- Дар оилаамон серию пурӣ ҳукмфармост, онҳо ба чизе муҳтоҷ нестанд, пули худашон ба зиндагӣ мерасад, сониян ман ба хонаи волидон нарафтаам, онҳо ҳам наздам наомадаанд.
- Дар хонаи мо ягон маротиба пул гум нашудааст,- мегуфт Асал.- Ин бори аввал аст, нафари бегона ба ҳавлиамон наомадааст, ки аз вай шубҳа кунем.
- Магар ту аз ман шубҳа мекунӣ? - ҳайрон шуд Рухшона.- Ман дар умрам тини касеро нагирифтаам ва дар чунин оила ба воя нарасидаам.
- Хушдоман ҳам ба тарафи Асал майл намуду аз ман шубҳа кард,- бо алам ба Нигина гуфт Рухшона. - Ман ба қадрам сӯхтаму ду кӯдакамро гирифта аз хона баромадам.
- Ту вазнин шав, шояд пул аз ягон ҷой барояд,- маслиҳат дод Нигина.
- Ту равӣ онҳоро аз худат гумонбар мекунӣ.
- Бало ба паси гумону шубҳаҳояшон. Медонам, ки як рӯз дузд маълум мешавад, аммо ман ба ин таҳқири кардаашон тоб намеорам, то мурдан инро фаромӯш намекунам.
- Дигар барнамегардӣ? - пурсид Нигина.
- Ҳозир меравам ва роҳи ман бебозгашт аст.
- Ҳозир ман додарамро таклиф мекунам ва мо туро то мошинистгоҳ мебарему роҳкиро дода, гусел мекунем.
Нигина он рӯз Рухшонаю ду кӯдакашро гусел кард, ӯ медонист, ки ба дугонаи мусофираш туҳмат карданд ва аз сабаби бекасӣ нафаре ёфт нашуд, ки тарафи ӯро гирад.
Аз байн ду ҳафта гузашт. Он рӯз пагоҳӣ мошине назди дарвозаи ҳавлии шинос истод ва ҷавони либоси ҳарбипӯш аз дарича дод зад:
- Комил, ту дар куҷоӣ, ин ҷо биё.
Комил назди дарвоза омад ва нозири минтақаи деҳаро дида салом дода, вохӯрӣ карду пурсид:
- Чӣ хизмат сардор?
- Дарвозаро кушо,- фармуд нозир.
Комил дарвозаро кушод ва мошини сияҳшиша ба ҳавлӣ даромад. Аз нишастгоҳи қафо се нафар берун шуданд, ду марди либоси ҳарбӣ дар бар ва марди дар даст завлонадоре. Хушдоман, Асал ва хусур ҳайрон шуда, ба пешвози онҳо омаданд.
- Худаш чӣ гап, тинҷӣ? - пурсид соҳиби хона.
- Не, нотинҷ,- гуфт нозир. - Ба хонаатон дузд даромада пулатонро бурдаасту шумоён ба милитсия хабар надодед ва қозӣ шуда, келинатонро дузд хондеду, аз хона рондед.
- Нафаҳмидам, дузд кӣ будааст?
- Ҳозир ҳамаашро мефаҳмонем,- гуфт нозир ва афзуд. - Комил дарвозаро пӯш.
Марди завлонадорро ба мобайн гирифта, хона дароварданд. Вай сархам буд, маҷоли ба чашми дигарон нигаристан надошт.
- Нишон деҳ, чӣ хел ба хона даромадӣ ва чӣ кор кардӣ?- дӯғ зад ба мард нозир.
- Аз дар даромадам, сандуқро кушодам, пулро гирифтаму ба сандуқ қулфи худашро зада рафтам.
Рафтору гуфтори мардро ба навор гирифтанд. Аҳли оила моту маҳбут буданд, касе маҷоли ҳарф задан надошт.
- Чанд пул гирифтӣ?- пурсид вайро нозир.
- Ду ҳазор доллари амрико ва даҳ ҳазор сомонӣ
Милисаҳо рафтанд. Воқеа дере нагузашта дар деҳа овоза шуд, Нигина ба Рухшона телефон карда ин хабарро расонда афзуд:
- Ҳамашон ба хонаатон рафта, аз ту узр мепурсанд. Тезтар биё дугона, туро пазмон шудем.
- Ман ба ту гуфта будам, ки роҳи ман бе бозгашт, кушанд ҳам барнамегардам, - гиря кард Рухшона.- Волидонам ҳам рафтан намемонанд…
- Гуноҳи Комилро бахш вай дар ин моҷаро айб надорад.
- Чӣ хел айб надорад, марди тарафи занашро нагирифта манфиати ҳамсару ду кӯдакашро ҳифз накарда магар мард аст?...
Оқибати ин моҷаро бо чӣ анҷом меёфта бошад?

Ромиши Фирдавс

Хонданд 335

«Муҳаммад-2009» аз касе наметарсад?!

Янв 27, 2018
Диданд: 329

Раҷабалӣ Юсупов, истиқоматкунандаи кӯчаи Х. Назаров-1-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, бо даъвои он, ки аз тарафи ширкати сохтмонии «Муҳаммад-2009» таҳти роҳбарии Қурбонов Ҳокимҷон, ки дар наздикии манзили зисташ сохтмони бинои бисёрошёнаро оғоз намудаву ҳангоми иҷро намудани корҳои сохтмонӣ, аз он ҷумла кандани таҳкурсии бино, истифодабарии воситаҳои техникии зарбазании таҳкурсии бино, лағжиши замин ба амал омада, боиси вайроншавии қитъаи роҳгузар ва девори ҳавлиаш гардидааст, ба мо муроҷиат намуд.
Раҷабалӣ Юсупов афзуд, ҳамчунин дар натиҷаи чунин амалҳои сохтмонӣ боз деворҳо ва шифти бинои манзили истиқоматии ӯ хароб гардида, ба ҳолати садамавӣ дучор шудааст, ки айни замон дар дохили он истиқомат кардан хатарнок мебошад.
- Ман чандин маротиба ба роҳбари ҶДММ «Муҳаммад-2009» ва масъулини сохтмони мазкур оид ба ҳолати ба миён омада муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш кардам, ки фаъолияти худашонро дуруст ба роҳ монанду бехатарии дигар бошандагони гирду атрофи бинои бунёдкардаашонро таъмин намоянд. Вале онҳо ба муроҷиати ман ягон аҳамияте намедоданд. Ман ба Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи ҶТ муроҷиат кардам ва мувофиқи хулосаи мутахассис таҳти №21-4401/16 аз 9-уми декабри соли 2016-ум, арзиши эҳтимолии зарари расонидашудаи манзили истиқоматии маро, барои барқарор намудани он, бо асъори миллӣ маблағи 9427,38 сомонӣ арзёбӣ карданд. Ғайр аз ин, дар давраи бунёди бинои бисёрошёнаи мазкур, ки муддати қариб се сол давом карда буд, аз тарафи сохтмончиён аз техникаҳои зарбазани мустаҳкамкунии таҳкурсии бино, шабонарӯз реҷаи истироҳатии истиқоматкунандагони гирду атроф ва аз он ҷумла аҳли оилаи моро, ки аз ҳама наздиктар мебошем, вайрон намуда, ҳангоми истифодаи техникаҳо манзили зистамон ба ларза меомад ва бошандагони аҳли оила, алалхусус кӯдакон дар тарсу ҳарос қарор доштанд, ки ин амали онҳо боиси расонидани зарари маънавӣ низ гардидааст,- афзуд ӯ.
Мувофиқи мактуби раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таҳти №266/1 аз 29.03.2016, Санад оид ба дида баромадани ҳолати манзили истиқоматии Раҷабалӣ Юсупов тартиб дода шудааст, ки истиқомат кардан дар он манзилро ғайри имкон донистааст.
Ёдовар мешавем, ки санаи 2-юми апрели соли 2016 сомонаи «Радиои Озодӣ» навори видеоиро таҳти унвони «Корпартоӣ дар як ширкати сохтмонӣ» ба маърази тамошо гузошта буд, ки дар он дар бораи корпартоии кормандони ширкати мазкур аз сабаби напардохтани ҳаққи хизмат (маоши кормандон) сухан мерафт.
Аз ин бармеояд, ки ширкати номбурда қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарфи назар намуда, на танҳо Кодекси меҳнати ҶТ-ро нодида мегираду ҳаққи хизмати кормандонашро сари вақт намепардозад, инчунин ҷуброни зиёни расонидаи худро ба шаҳрванд Раҷабалӣ Юсупов пардохт карданӣ нест. Чунки борҳо ба онҳо муроҷиат намудему онҳо иҷрои амалро ба баъд вомегузоштанд. Чун аз мо роҳбарияти идора иҷроиши корро тақозо мекард, мо ҳам онро пайгирӣ кардем. Аммо кормандони ширкати мазкур ба ҷои ҳал намудани масъала ба таҳдид гузаштанд.
Ин дар ҳолест, ки мувофиқи талаботи моддаи 15 қ. 2 Кодекси граждании ҶТ «Зиён хароҷоте фаҳмида мешавад, ки шахси ҳуқуқаш вайронгардида масраф намудааст ё бояд барои барқарор намудани ҳуқуқи вайронгардида масраф намояд, аз даст додан ё хароб гардидани молу мулки ӯ (зиён) мебошад…, шахсе, ки ҳуқуқаш вайрон гардидааст, ҳақ дорад дар баробари зиёни дигари ҷуброни фоидаи аз даст рафтаро ба андозаи на камтар аз чунин даромад талаб намояд».

Бибиҷон АШӮРОВА

Хонданд 329

МУШИ ПУЛХӮРИ РУСӢ

Янв 27, 2018
Диданд: 386

ДОД АЗ ДАСТИ ЯҒМОГАР

Ёдгор ба соли нав тайёрӣ медид. Барои базм гӯсфанди бӯрдоқӣ мепойид, дар сарой тахмин сад килограмм ноки аълосифатро нигоҳ медошт, нақша дошт, ки дар арафаи ид онро ба бозор мебарораду мефурӯшад ва ба пулаш барои бачаҳо туҳфа мехарад. Се рӯз пеш аз соли нав ба сарой даромаду ҳангу мангаш канд, ки чунинашро дар гӯшаи хаёл ҷой надода буд. Аз нок фақат думчаҳояш боқӣ мондаанд. Ёдгор занашро наздаш хонда, манзараи дилхарошро нишон дода пурсид:
- Нок куҷо шудааст?
Ҳамсараш аз ӯ бештар ҳайрон шуда, ин тарафу он тарафи анборро дида гуфт:
- Ҳамаашро муш хӯрдааст.
- Муш? Наход сад килоро муш хӯрда тавонад?
- Ин калламушҳои лаънатӣ тоннаашро мехӯранд. Онҳо базми солинавӣ кардаанду мо бехабар мондем.
- Не, ин ба ақл рост намеояд, калламуш ба рафи ду метр баланди дошта, баромада наметавонад,- ҷавоб дод Ёдгор.
- Онҳо ба шифт ҳам мебароянд.
Ёдгори аламзада аҳд кард, ки то мушҳоро дошта, қасос наситонад, тафси дилаш паст намешавад, бо ин ният вай дар анбор камераи назоратӣ васл намуда, болои раф тахмин як-якуним килограмм нок гузошту дарро пӯшид.
Шабона борҳо ба анбор омаду паси дар хомӯш истод. Як вақт ба гӯшаш чӣ-чии муш ва хароши нохун расид. Фаҳмид, ки ба анбор мушҳо даромадаанд. Дарро кушода, чароғро фурӯзон кард ва дид, ки чанд калламуши калони ба гурбача шабоҳат дошта, аз раф ба поён ҷаста роҳи гурезро пеш гирифтанд. Ёдгор бо мӯзаи соқдор болои онҳо ҷаст ва фақат як мушро пачақ карда, кушта тавонист, дигаронаш гурехта, ба шикофе даромада рафтанд.
Вақти камераи назоратиро муоина намудан диданд, ки калламушҳо аввал болои мизи дар тарафи муқобили раф истода баромаданд, баъд қариб ду метр ҷаҳида болои раф расиданду ба нокхӯрӣ даромаданд.
Ёдгор он мизро худаш аз ошхона оварда, болояш сатили обро гузошта буд, зеро медонист, ки назди себу нок сатили обро гузоранд, мева сифаташро гум намекунад. Вай дар гӯшаи хаёл ҷой надод, ки он мизи гузоштааш ба калламушон зина мешавад.
Мо дар бораи калламушҳои нокхӯри Деваштич сухан кардем, акнун нақл дар бораи муши пулхӯри Русия меравад.

МУШИ ПУЛХӮРИ РУСӢ

Камбағал халта ёбад, чиз намеёбад, чиз ёбад, халта намеёбад гуфтаанд, ки беҳуда набудааст. Тавассути Интернет мо ҳасрати як муҳоҷири тоҷикро дидем, ки дар Русия мардикорӣ мекунад. Вай бо алам ба муш лаънат мехонд, ки пулашро пора- пора кардааст.
Муҳоҷир дар арафаи Соли нав мехост ба Ватан омада, зану фарзанд, волидонашро хабар гирад ва ба онҳо туҳфа барад. Барои ин як миқдор пул ҷамъ намуда, дар кунҷи манзилаш тахт карда монда буд ва рӯзе палосро бардошта дид, ки пулҳояш пора-пора шудааст.
Мусофир атрофро кофта, дар кунҷи девор шикоферо дид ва тахмин кард, ки он хонаи муш аст. Асбобҳои дуредгариро гирифта тахтаи фаршро канд, аз он ҷо муше баромада чор тараф давид. Муҳоҷир мушро пахш карда, болои пораҳои пул гузошту онро хеле таъна кард ва дашном дод:
- Бар падарат лаънат мушак, ин чӣ кори кардаат, охир ту биступанҷ ҳазор рублро корношоям кардӣ, ман барои ин маблағ дар зимистони хунук чӣ қадар заҳмат кашидаам, нахӯрдаму напӯшидам. Акнун маҷбурам, ки боз маблағ ҷамъ карда ба аёдати фарзандонам равам. Ин ба гуфтан осон!
Рафиқони Толиб омада ба вай ҳамдардӣ карда гуфтанд, ки пул ёфт мешавад, ғам хӯрда бемор нашавад, ки харҷаш дучанд мегардад.
- Барои чӣ мушак пули маро пора - пора кардааст?- пурсид рафиқашро Толиб. – Чаро курта, пойафзол ё ҷӯробамро пора накардааст?
Азамат марди босавод буд, маълумоти олӣ дошт, ӯ каме фикр карда посух дод:
- Ин мубориза барои марз аст.
- Чӣ хел марз? - ҳайрон шуд Толиб.
- Охир марзи мушро вайрон карда, ба хонааш даромадӣ ва халали осоишаш шудӣ. Пештар мушак дар ин таҳхона танҳо ё бо бачаҳояш мезист, ҳарчӣ мехост мекард, барои ҳамин мушак туро ҷазо дод, чизи аз ҳама қимататро маҳв сохт.
- Аз куҷо фаҳмид, ки пул аз ҳама чизи гаронарзиши ман аст?- ҳайрон шуд Толиб.
- Ҷонварон дақиқсанҷанд, онҳо муносибати туро бо пул фаҳмиданд, диданд, ки ту пулро эҳтиёт мекунӣ ва он бароят арзишманд аст.
- Бар ивазаш ҷон дод, - гуфт бо алам Толиб.
Ин ҳам заду вай ҳам зад, пасмонада муш ҳам зад,- гуфт Толиб.

БОБО РОҲЗАН БУДААСТ

Бобои барфӣ бо ҷомаи дарозаш барфи кӯчаро рӯфта бошитоб мерафт. Вай ба бачаҳои сӯяш кунҷкобона нигариста аҳамият надода, ба тарафи дӯконе, ки дар пештоқаш навиштаҷоти «Ломбард» дошт наздик шуда, аз зинаҳо боло баромаду дарро кушод.
Дар дӯкон ҷавонзане нишаста, маҷалла мехонд. Ӯ сар бардошта Бобои барфиро диду хурсандона қарсак зада гуфт:
- Биёед Бобои барфӣ, ба табрики ман омадед?
- Овоз набароварда, сандуқро кушо, - аз бағалаш корд баровард Бобои барфӣ ва ба гулӯи ҷавонзан теғро наздик оварда афзуд. - Тезтар, агар «лом» гӯи мекушам.
Ҷавонзан тарсида дари сандуқро кушод ва Бобои барфӣ як каф ҷавоҳиротро гирифта ба кисааш заду боз таҳдид карда, хост қафо гардад. Ҳамин вақт ҷавонзан ба ғоратгар чангол зад, ниқоб аз рӯйи вай канд. Бобо ҷавонзанро як мушт зада афтонд ва ниқобашро аз дасти ӯ гирифта ба рӯяш кашиду аз дӯкон баромада рафт.
Ҷавонзан ба худ омаду аз ҷой хест ва варами рӯяшро молида ба оина нигаристу ғирев кард. Ба ӯ аз ғорат шуданаш кабудии чашмаш бештар алам кард, хориаш омад, акнун дар тантанаҳои солинавӣ чӣ тавр иштирок мекунад, худро бо ороиши беҳтарини дар «Ломбард» буда зиннат медиҳад. Акнун бо ин рӯйи вараму чашми кабуд куҷо меравад?
Ҳазор лаънат, ба Бобои барфӣ, ҳамаи нақшаҳояшро барбод дод! Ӯ ашкрезон ба милитсия телефон кард.
Навбатдори шуъбаи корҳои дохилӣ Сулаймонов, - шунида шуд аз гӯшак.
- Ман аз «Ломбард»-и шаҳр гап мезанам, - базӯр гуфт ӯ. - «Ломбард»-и моро ғорат карданд.
- Худро ба даст гиред, аввал ному насабатонро гӯед.
- Ман Назира Абдуллозода мебошам.
- Ломбардатон дар куҷо ҷой гирифтааст? - пурсид навбатдор.
- Назди даромадгоҳи варзишгоҳи Спартак.
- Акнун чӣ воқеа рӯй доданашро гӯед.
- Ба дӯкон Бобои барфӣ даромаду кордро ба гулӯям гузошта, талаб кард, ки сейфро кушоям, баъди онро кушодан ҷавоҳиротамро гирифту ба кисаи ҷомааш андохт.
- Шумо муқобилият накардед?
- Хостам, вале як мушт зада афтонд…
- Ҳамон ҷо бошед, ҳозир мо расида меравем. Чанд дақиқа пас се корманди милитсия расида омад. Онҳо маҳалли ҳодисаро муоина намуда, аризаю баёноти Назира Абдуллозодаро гирифтанд.
- Шумо гуфтед, ки ниқоби Бобои барфиро кашида гирифтеду рӯяшро дидед, бигӯед, ки вайро пештар дар ягон ҷо дида будед? - пурсид Назираро муфаттиш.
- Не, Боборо надида будам.
- Симои вай бояд дар камера монда бошад, хулоса баровард муфаттиш. Ҳозир мо ҳам андоми вайро мебинем, шояд ягон «шиносатон» бошад.
- Навори видеоиро аз назар гузарониданд. Муфаттиш хоҳиш намуд, ки бори дигар симои Бобои барфиро нишон диҳанд. Чанд маротибаи дигар андоми гумонбарро муоина намудан пас муфаттиш шарикашро пурсид:
- Боборо шинохтӣ?
- Ҳа, - гуфт афсари ҷавон.
- Ман вайро дар шаби торик ҳам мешиносам, охир ӯ қаллоби гузаро
Валӣ седой аст, борҳо суд шудааст, дар қайди мо мебошад.
- Офарин, - таъриф кард ҳамроҳашро муфаттиш, ҳозир тезтар вайро дошта, ҷавоҳироти тилловории бурдаашро мусодира намудан лозим, вагарна фурӯхта ба эҳтиёҷоти худ сарф менамояд. Муфаттиш, ба ҷонишини сардори шуъбаи корҳои дохилии шаҳр оид ба корҳои фаврӣ занг зада, аз рафти тафтиш маълумот дод ва гуфт, ки онҳо ба ҷустуҷӯи Валӣ седой мераванд.
- Офарин, - гуфт муовини сардор. – Ман ҳам ҳозир гуруҳи дигарро ба ҷустуҷӯи вай сафарбар менамоям.
Кори ҷӯяндагон омад кард. Бобои барфӣ либосашро иваз намуда, аз хонааш мебаромад, ки вайро дошта, кисаҳояшро кофтанду ба дасташ завлона заданд, корд ва амволи аз Ломбард ба яғмо бурдаашро қисман аз худаш, боқимондаашро аз манзилаш дарёб намуда, мусодира карданд.
- Ақалан як сол дар озодӣ бе моҷаро зиста натавонистед?- пурсид вайро муфаттиш.
- Одати ба шир омада бо ҷон барояд,- ҷавоб дод вай ва ба гуноҳаш пурра иқрор шуд.

Ромиши Фирдавс

Хонданд 386

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.