.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҷомеъа

Ҳалолат бод, зани тоҷик!...

Март 10, 2018
Диданд: 508

 

Як сол аст, ки бародару тағоямро надидаам. Модарам бошад, якуним сол боз бо бародарам фақат телефонӣ гуфтугӯ мекунад. Додари ягонаашро низ моҳҳост, ки надидааст ва ман эҳсос мекунам, модари ман хеле зиёд пазмони фарзанди дилбанду додари ягонааш шудааст. Чӣ гуна модар пазмони фарзанд набошад? Дар ҳоле, ки мани ҷавонмард гоҳо ба ёди додарам дилам бисёр танг мешавад. Чун ӯ дар ғарибӣ, ҳазорҳо километр дур аз мо қарор дорад. 

Ман ҳам як сол пеш дар мулки ғурбат бо бародарони ғариб будам. Аз модарон хубтару бештар аз шароити зисти фарзандони ғариб ва аз мушкилу муаммои мулки ғарибӣ медонам. Аммо, бо вуҷуди ин, мисли модар пазмони бародари ғарибам намешавам. Камтар дар фикри ӯстам. Модари бузургро дилаш гувоҳӣ медиҳад, ки фарзандаш дар чӣ ҳол аст!
Падару модареро мешиносам, ки 7 сол боз дар интизори фарзанди ягонаашонанд. Хонаи онҳо дар баландиест. Аз рӯи ҳавлиашон роҳи асосӣ, ки равуои мардуми деҳ танҳо аз ҳамин роҳ аст, намоён аст. Борҳо шоҳиди он шудаам, ки модари ин хонадон дар зери дарахти зардолуи калоне нишаста, ба роҳ нигаҳ дорад. Яъне бисёр мехоҳад, ки ҳар автомобиле, ки аз роҳ мегузарад, рост назди дарвозаи онҳо омада истад ва аз дохили он фарзанди дилбандаш фарояду "Модар! Ман омадам ..." гӯяд. 7 сол боз ин модар чунин орзуву умед дорад. Фарзанди ин модар низ дар ғарибист. Гоҳ-гоҳ бо модараш телефонӣ суҳбат мекунад. Аммо, аз чӣ бошад, модарашро ба дидораш мушарраф намегардонад. Бо ин ҳама модар ӯро дӯст медораду дар ҳақаш мудом дуои хайр мекунад...
Як зани дигари тоҷик 7 сол боз мунтазири омадани шавҳараш аз ғарибӣ аст. Вақте рӯзгор маҷбур кард, ки шавҳари ӯ ба ғурбат равад, фарзанди севумаш дусола буд. Ҳоло он кӯдаки кӯчак дар синфи дуюм мехонад. Офарини ин зан, ки 7 сол боз фарзандонашро танҳо тарбия мекунад ва намегузорад, ки ягон камие дошта бошанд. Шавҳараш кам-кам кӯмакпулӣ мефиристад. Ба ин хотир, ин зан кор мекунад ва намехоҳад доим ба шавҳар гӯяд, ки "Пул фирист". Ягона хоҳиши ӯ омадани шавҳараш ба назди ӯву фарзандонаш аст! Агарчи кай омадани ӯ ва сабаби то ин дам наомадани ӯро намедонад, боз ҳам вафодору дӯстдори азизи дилаш аст. Албатта, хело зиёд пазмони шавҳараш шудааст.
Як модари дигарро мешиносам, ки қариб 15 сол боз танҳост. Писари ягонаи ӯ низ дар ғарибӣ, сиҳату саломат, албатта аз дуоҳои неки модараш. Ин модар низ ба ягон чизи писараш ниёз надорад. Танҳо ба худи ӯ!
Ин мисолҳо аз ҳаёти онҳое буд, ки ман мешиносам. Имрӯз аксарияти занҳои тоҷик чунин рӯзгор доранд. Худашон ин ҷову яке аз азизони дилашон дар ким-куҷо. Зиндагии маҷозӣ. Зиндагӣ дар фарсахҳо. Зиндагии якранг, дилгир. Зиндагии зиндаҷудоӣ...
Ягон зани дунё қудрате чун зани тоҷик надорад, ки дар чунин шароит, дар чунин дуриву ҷудоӣ зиндагӣ кунад.
Зани тоҷик сабуртарин зани дунёст. Моҳҳову солҳо ҷудоӣ аз фарзанд, шавҳар, додару бародар ӯро намешиканад. Дар ғами дурии онҳо, ки ҳама ба хотири пешбурди рӯзгор аз зану модару диёр дур мешаванд, месӯзад, ғамгин мешавад, пазмон мешавад, гиря мекунад... ва бо ин ҳама сабр мекунад. Худованд нигаҳбони ту бод, эй зан - модари мунис, хоҳари дилсӯз, ҳамсари вафодор ва духтари дилбанд. Илоҳо азизони дили шумо ба наздатон оянд ва ҷойи лабхандҳои пурдард ба шумо хандаи самимӣ, шодии бепоён ҳадя оранд!

Бунëдҷон ПӮЛОДӢ

Хонданд 508

ЗАНИ НАМУНА, ЯЪНЕ, ЧӢ ГУНА?

Март 10, 2018
Диданд: 350

(АЗ СИЛСИЛАИ «ПОРАҲОИ АНДЕША»)

Нависандаи қӯрғонтеппагӣ Ҳасан Юсуфи Файзбахш бештар ба мавзуҳое даст мезанад, ки ба ҳимояи ҳуқуқи занону духтарон дар оила ва ҷомеа, ҳамчунин ба риояи адл
нисбати ин ҷинси латиф дахл доранд. Чанд порчае, ки аз силсилаи «Пораҳои андеша»-и ӯ пешкаши хонандагон мегардад, дар васфи занони азизу модарони мушфиқ
аст, ки аз панду ҳикмат ҳам холӣ нестанд.

Сухани маъмул ва саволомезе ҳаст: «Зани намуна, яъне, чӣ гуна?» Бо таври дигар, зани намуна чӣ гуна хислатҳоро бояд доро бошад?
Дар пиндори ман зани намуна онест, ки барои дигарон, алалхусус барои фарзандони хеш шоистаи пайравӣ аст. Аз ӯ дар хонаю кӯча, кору рӯзгор, нишасту хез,
рафтору кирдору гуфтор ибрати накӯ мегиранд. Зани намуна лаҳни зебо дораду хушбаён аст. Забони худаш ва фарзандонаш аз суханҳои дағалу қабеҳ пок аст.
Худашу фарзандонаш ҳамеша хушахлоқ, хушгуфтор, хушрафторанд. На танҳо сару либоси худаш, балки аз фарзандонаш, шавҳараш ва дигар аъзоёни оилааш ҳам
ҳамеша тозаю хушнамоянд. Зани намуна модару кадбонӯ, омӯзгору тарбиягар ва ҳамсари хуб аст. Ихчам мегӯям: Васфкунии ҳамаи сифату хислатҳое, ки зани
намунаро фарогир бояд бошад, тақрибан номумкин аст.

ЧЕННОПАЗИРИИ БУЗУРГИИ ЗАН-МОДАР

Ба нураш гарчи ин Хуршеди Ховар,
Фаро гирад ҷаҳонеро саросар,
Намегардад, валекин он баробар,
Ба ин пурқувватӣ бо меҳри Модар.

Мутаассифона кӣ будани ин муаллифи хушбаёнро ёд надорам. Аммо ёд дорам, ки Максим Горкий ҳамду санои Зан-Модарро басе арзанда баён доштааст: «Ҳамду
сано бод ба Зан – Модар, ба чашмаи хушкнашавандаи ҳаёти музаффар!» Боз ёд дорам, ки Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода низ фармудаанд:

Мард бошӣ, байрақи болои сар кун номи зан,
Сабт дар боби зафар бо хатти зар кун номи зан.
Номи зан то осмон бардор дар болои каф,
Машъали тобанда чун шамсу қамар кун номи зан.
Пешвои миллат, Президенти ҷумҳур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мазмуни зер таъкид кардаанд: - Ҷомеаи ба Зан-Модар ғамхорӣ мекардагӣ, ба ояндаи худаш ғамхорӣ
менамояд.
Намедонам, дар таърихи башарият буд ё мешуда бошад касе, ки ба бузургии Зан-Модар аз пайғомбари ислом Муҳаммад (с) дида, баҳои баландтар ва арзандатару
шоистатар дода бошад ва ё дода тавонад: «Ҷаннат зери қудуми Модарон аст». Аммо медонам: яке аз хунхортарин сарлашкарони дунё Темури ланг пеши қадамҳои
Зан-Модар сари таъзим фаровардааст. Бо вуҷуди ҳамаи ин, бузургӣ ва қадру манзалати Зан-Модар, алалхусус, меҳр, муҳаббат ва шафқати ӯ нисбати фарзандон
ченнашаванда аст ва гумон намекунам, ки ягон замоне барои ченкунии он ченаке пайдо мешуда бошад.

ҚАДРУ МАНЗАЛАТИ ЗАН-МОДАР ДАР ҶОМЕАИ МО

Халқи мо, ҳукумату давлатамон, хосса сарвари кишвари азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадру қимати занону модаронро арҷ мегузоранд. Қонун «Дар бораи
баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа» худ баёнгари ҳолати воқеии нақши занону модарон аст. Дар Тоҷикистон нест соҳае, ки дар он занон нақши бориз надошта
бошанд. Зани тоҷик имрӯз муовини сарвазир, роҳбари дастгоҳи сарвари давлат, сиёсатмадор, дипломат, вакил, рӯзноманигор, ҳуқуқшинос, табиб, омӯзгор, олим,
соҳибкор, тоҷир, ҷамоатчӣ ва ҳоказост. Ҳамаи ин нишони раднопазирест аз баландии қадру манзалти зан дар ҷомеаи мо.

МУВАФФАҚИИ ЗАНҲО ДАР ЧИСТ?

Дар фаҳми ман, зани муваффақ пеш аз ҳама онест, ки агар Худованд ӯро сазовори номи Модар гардонида бошад, агар ӯ рӯшноӣ ва гармии хонадони худро нигоҳ
дошта тавонад ва бикӯшад, ки ҳамеша дар хонадонаш муҳити оромӣ, осоиштагӣ ва фараҳмандию хушбахтӣ ҳукмфармо бошад. Зеро оила сохтан мушкил нест.
Пойдору устувор нигоҳдории он мушкил аст. Оиларо асосан Зан-Модар устувор мегардонад. Аз ин бармеояд, ки оромии ҷомеа аз бисёр ҷиҳатҳо ба Зан-Модар
вобаста аст. Чунки оромию осоиштагии оила дар маҷмӯъ оромию осудагии ҷомеа мебошад.
Занҳо бо вуҷуди ҷисман камқувват буданашон, бисёр сабуранд, тобоваранд, бо таҳаммуланд. Онҳо синаи раҳманд, бахшандаанд. Шахси бахшанда бошад, ҳамеша
муваффақ аст. Зиёда аз ин Президенти мо, пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухане доранд, ки ман ба он пура мувофиқам: «Модарон дуюмин офарандагони
инсонанд, баъд аз Худо». Модоме, ки чунин аст, боз дар хусуси кадом муваффақияту дастоварди зан гуфтан мумкин? Охир, аз ин болотар дигар дастоварде нест ва
буда ҳам наметавонад!

АММО…

Кам нестанд занон, махсусан наварӯсон ва ҷавонзаноне, ки дар гузаштани роҳи пурпечи оила худ азоб мекашанд ва дигаронро ҳам азоб медиҳанд, ки асосан натиҷаи
бетаҷрибагист. Барои осонтар гузаштан аз ин роҳ зарур аст, ки ҷавонон, махсусан, навхонадорон, ҳамчунин занон ва шавҳарҳояшон, падар ва модароне, ки
фарзандони наврасу болиғ доранд ё соҳибкелину соҳибдомодҳоянд, аз китобҳое, ки ба масъалаҳои оилаю оиладорӣ, пешгирии низоҳои оилавӣ ва устуворгардонии
оилаҳо бахшида шудаанд, бештар истифода баранд. Масалан, бо истифода аз китобҳои устодон Нодир Одилов, Маҳмадулло Давлатов, Майрам Давлатова ва ба
ҳаминҳо монанд олимони оилашиносу руҳшинос ва равоншинос бисёр мушкилоти оиладориро ҳал кардан мумкин аст. Камина ҳам чанд китобе дорам, ки ба ҳамин
масъалаҳо бахшида шудаанд. Таъиноташон асосан барои оиладорон, хосса оилаҳои ҷавон аст. Муҳтавояшон ҳимояи ҳуқуқи зан ва риояи адолат нисбати ин ҷинси
латиф дар оилаю оиладорист. Ҳамчунин масоили аз лаҳзаҳои хостгорию никоҳ то замони ба пирӣ расидани ҳамсарон, тариқи тарбия ва таълими фарзандон аз раҳми
модар то ба камолот расиданашонро дар бар мегиранд, усулҳои устуворгардонии оилаҳоро аз назари дини мубини ислом ва ҳадисҳои ҳазрати Муҳаммад (с) нишон
медиҳанд. Дар онҳо таъкиду пешниҳодоти роҳбари давлату пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нигоштаҳои бузургони гузаштаю имрӯзаи халқамон дар
масъалаҳои оилаю оиладорӣ гӯё бо хатти сурх ишора гардидаанд.

ХИСЛАТҲОИ НАКУИ ЗАНОН БО ЧАНД «АММОЮ ВАЛЕЮ ЛЕКИН»

Эркагӣ, ноз, адо, карашма, ҷилва, ғамза, ишва - хислатҳои бисёр наҷиби занҳост. Агар зан, махсусан зани ҷавон ин хислатҳои худро дар вақташу дар ҷояш зоҳир кунад,
шавҳар, фарзандон ва умуман аҳли хонаро хушбахт мегардонад. Вале, ноҷою ноҳангом зоҳир кардани ин гуна ҳолатҳо, махсусан эркагӣ - зиндагиро ба талхӣ, хонаю
дарро ба вайронӣ мерасонад. Чуноне, ки «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта (нуқта ҳам равост) мақоме дорад», эркагӣ, ноз, адо, карашма, ҷилва, ғамза, ишва ҳам бояд ҷой,
вақт ва мақоми худро дошта бошад. Инҷиқӣ, суханчинӣ, пургӯйи, гапбарӣ… бошад, зебогии занонро коҳиш медиҳад, - ҳам зебогии ботинӣ ва ҳам зоҳириашонро. Зиёда
аз ин яке аз сабабҳои асосии ҷангу ҷанҷолҳо ва ҳатто пошхӯрии оилаҳо мегардад.

ЗАН ХУД БАҲОР АСТ

Баҳору зан тавъаманд. Бо ибораи дигар, зан худ баҳор аст. Баҳор бошад, яхҳоро об мекунад, оламро қабои сабз мепӯшонад, ҳамаҷоро гулпӯшу муаттар, зебою
пуртароват мегардонад. Таманно дорам, ки занону модарони мо дар ҳама ҷою дар ҳама ҳол ҳамин сифатҳои баҳоросои худро нигоҳ доранд. Мардонро бошад, даъват
мекунам, ки ҳамеша, дар ҳама ҷо ва дар ҳама ҳолат нигаҳбон ва парастори баҳорони худ бошанд ва бикушанд, ки онҳо ҳамеша шукуфону сарзабзу хуррам бимонанд.

Ҳасан Юсуфи Файзбахш

Хонданд 350

Зан зиндагию зиндагӣ мадюни номи зан

Март 10, 2018
Диданд: 212

Вақте ки роҷеъ ба зан суҳбат мекунем, дар ҳама ҳолат, бидуни эҳсосу авотиф ҳарф задан мушкилӣ пеш меорад, чаро ки зан маҷмӯаи эҳсосу отифат ва самимияту муҳаббат аст. Аз бомдоди таърихи башарӣ то имрӯз зан ба сифати ҷинси муҳим ва калидии зиндагӣ дар масири умри инсонӣ гом мебардорад ва бо муҳаббату латофат, самимияту назокат, меҳру шафқат, вафову садоқат ва билохира шарофату наҷобат зиндагиро рангину дӯстдоштанӣ месозад. Беҳуда нест, ки ин Олиҳаи зиндагиро бузургони башар дар баробари Худо «Офаридгори Дувум» унвон додаанд ва ин тавсиф бад-он хотир аст, ки зан ва модар тавлидгари насли инсонист ва шабеҳи Худованд, ки дар адёну мазоҳиб холиқи башар шинохта шудааст, офаридгор аст, офаридгори насл, офаридгори асл ва офаридгори васл.

Ростӣ, агар асли зан, ки дар зиндагибахшӣ, муҳаббатсозӣ, меҳрварзӣ, вафопарешӣ ва бурдборӣ ғунҷоиш меёбад, намебуд, ҷаҳону ҳастӣ, аслан қобили таҳаммулу зист намебуд, чунки ваҳшату даҳшат онро фарогир мешуд ва зиндагӣ бемаънӣ ва беҳадаф мегардид. Чун зан бо асли худ - зиндагипарастӣ ва меҳрварзӣ ба ҷаҳону ҳастии бемаънӣ ва беҳадаф ворид гардид, онро, бидуни тардид тағйир ва бар манфиати башар тарҷеҳ дод. Ин аст, ки «Меҳр дар дил парваридан расму ойини ман аст» гӯён зан бо зиндагӣ созгор шуд ва васл (якҷо кардан, пайванд додан)-ро дар муқобили фасл (ҷудо ва пора кардан) ба майдони талошҳо ва гирудорҳо овард. Васле, ки аз асл реша мегирад, инсонсоз ва ҳувиятшинос аст ва он, қабл аз ҳама, ба фитрат, фикрат, малоҳат, муҳаббат, латофат, самимият, шарофат, наҷобат, балоғат, фазилат, матонат, ҷасорат ва инсонияти зан бастагӣ дорад. Сифоти мазкур, ки ҳар як дар мавқеъ ва ҷойи худ чида шудаанд, дар маҷмуъ, комплекси ҳаста ё ядрои зиндагӣ - Занро таҷассум мекунанд. 

Донишмандону муҳаққиқини асотири бостонии иронӣ (форсӣ-тоҷикӣ), минҷумла Манучеҳри Ҷамолӣ ҳадс мезананд, ки вожаи «зан» маънои зиндагӣ, зинда будан, намирандагӣ, абадият, ҷовидониро далолат мекунад ва калимаи «мард» маънои мурдан, мирандагиро ифода менамояд. Бад-ин манзур, шинохти ҷинси зан, ҳам аз назари зоҳирӣ ва ҳам ботинӣ, пеш аз ҳама, дар бархӯрд бо маргу мурдан ва мирандагӣ имконпазир мегардад ва аз ин ҷо асли фалсафии мафҳуми зан, ки бо зиндагӣ тавъам аст, пеши назар меояд. Ба сухани сареҳтар, зан фарогири зиндагӣ аст ва бар ин мабно зиндагӣ мавзӯи баҳси фалсафист. Азбаски фалсафа зиндагӣ ва маргро мавзӯи баҳс қарор медиҳад, мафоҳими марбут ба зан, қабл аз ҳама, дар доираи баҳси фалсафӣ матраҳ мегарданд ва мунтаҳо асли фалсафӣ доранд.
Қадимтарин асотири иронӣ аз он иттилоъ медиҳанд, ки фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ бо занмеҳварӣ ба арсаи тамаддун қадам ниҳодааст ва устураи Симурғ муҳимтарин қолаби устурасозии иронист, ки дар маркази он Модархудо Симурғ қарор доштааст. Симурғ ҳазорҳо сол қабл аз зуҳури Зардушт ва ойини зардуштӣ миёни мардуми форсу тоҷик ҳамчун мафкураи фарҳангӣ арзи ҳастӣ намуда, рамзи бузургӣ, шарофат, некхоҳӣ, асолат, мардумшиносӣ, инсонсолорӣ, мададгорӣ, меҳрпарастӣ ва адолатпарварӣ дар фарҳанги иронитаборон будааст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо, Модархудо Симурғ дар ҳама ҳолат, новобаста аз тааллуқоти динию маҳабӣ, фикрию ақидатӣ наҷотбахши одамӣ талаққӣ шуда, дар мавридҳои ба мушкилтарин хатарот мувоҷеҳ шудани мардум ҳозир гардида, барои наҷоти онон мешитобида, корафтодагонро мадад менамудааст. Ойини симурғӣ тайи асрҳои тӯлонӣ ба як фарҳанги мардумӣ бадал шуда, баданаи онро меҳрварзӣ, садоқат, дӯстдорӣ, тараҳҳум, хирадгаройӣ ва амсоли инҳо барин мақулаҳо ё категорияҳои инсонсози ахлоқӣ ташкил додаанд. Ҳифзи Зиндагӣ ва наҷоти инсонӣ аз маҷмӯаи балоҳои заминию осмонӣ рисолати Модархудо Симурғ буда, ҷонибдорӣ аз Ҳаёт ва муқобилият бо Мамот аслу бунёди ойини симурғӣ мебошад.
Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ки беҳтарин бозгӯкунандаи фарҳанги бостонии миллист, симои Модархудо Симурғ муҷассам гардидааст ва албатта, на ба шакли қадимӣ ва қабл аз зардуштӣ. Мусаллам аст, ки Зардушт барои он ки ойинаш тавсеа ёбад, мазоҳиби қаблиро ба гӯшаи фаромӯшӣ супурд ва дар қатори ойинҳои пешин, фарҳанги сумурғӣ низ қарор дошта, меъёрҳои он, бо назардошти талаботу муқтазиёти дини Зардушт тағйир дода шуданд. Ин аст, ки дар осори паҳлавӣ функсия ва вазифаҳои худоёни пешин тағйир хӯрда, онон дар қолабҳои фариштагон ғунҷонда шуданд. Бар ин мабно Симурғ низ тағйири вазифа кард, аммо бисёр мушаххасоти ӯ дар фарҳанги миллӣ боқӣ монд. Дар «Шоҳнома» Фирдавсӣ хасоили мададрасонӣ, наҷотбахшӣ, хайрхоҳӣ, меҳрварзии Симурғро ҳамчун фариштаи аҳуроӣ таҷассум мекунад. Парвариш намудани Золи Зар, наҷот додани Рудоба ҳангоми тааваллуди Рустам бо хоҳиши Зол, ёрӣ расонидани Рустами Дастон дар набарди ҳалкунанда бо Исфандиёри Руинтан намунаи барҷастаи мададгории Симурғ дар «Шоҳнома» мебошад.
Овардани намунаҳои ноқис аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва нишон додани образи Модархудо Симурғ бад-он манзур аст, ки дар гузаштаи дури фарҳанги мо мардум ба зан ва модар эҳтироми махсус қоил будаанд ва дар иҷтимоъ ин ҷинс (зан) мақоми барҷаста ва шоиста доштааст. Илова бар ин, модарсолорӣ ё матриархат беҳтарин давраи таърихи инсонӣ талаққӣ шудааст ва дар он давра ҷаҳлу ҷаҳолат ва қатлу ғорат мунбасит набудааст, чунки зан меҳру самимият дорад ва ин сифот ҷомеаро аз дарун тағийр дода, имконоти ситезу хашмро, ки дар мардон ҷӯш мезананд, пойин бурдаанд. Ба сухани дигар, дар қадимтарин замонҳо зан ва модар ба сифати арзишу муқаддасоти мардумӣ дар миқёси фарҳанги миллӣ ва иҷтимои маданӣ ҷойгоҳи вижа дошта, мавриди парастишу қадрдонӣ қарор мегирифтааст. Истилоҳи «ритасия» дар байни ҷавомеи қадимаи форсӣ-тоҷикӣ маънои зани асилзода ва шарофатмандро ифода мекардааст ва ба касоне аз ҷинси зан итлоқ мешудааст, ки ҷуръату ҷасорат ва меҳру садоқат доштаанд.
Вожаи «бону», ки имрӯз дар шакли ҷамъи «бонувон» мустаъмал аст, маънои рӯшанӣ, покӣ, беолоишӣ, шукуҳу шаҳоматро дорад ва шукуҳмандии ҷомеаи инсонӣ, бешубҳа, ба латофату малоҳат, самимияту муҳаббати зан ва модар нисбат ба насли башар вобастагӣ дорад. Ва ҳар ҷо ки бону бо муҳаббату самимият ва ҳалимию меҳрубонӣ ворид мегардад, он макон майл ба нишоту хурсандӣ мекунад ва зиндагӣ ҷӯш мезанад. Бону занест ростину покдоман ва некуройю некандеш ва бо пиндор, гуфтор ва кирдори нек инсон меофарад, ба воя мерасонад, тартибу тарбият мекунад. Хатти марказии зиндагии бонувон меҳрпарварӣ ва меҳроварист ва дар партави меҳроварӣ ҷомеаи инсонӣ тарбият меёбад ва рушду тараққӣ мекунад. Бад-ин мазмун шоир фармудааст:
Чу бону биёмад бад-он базмгоҳ,
Ҳама гирду атроф гаштӣ нигоҳ…
Агар ҳаст бону чунин некрой,
Намонад бадӣ дар дили мард пой.
Ба меҳр андар орад ҳаме ӯ сухан,
Бубин, дар шигифтанд ин анҷуман.
Дар замони нав ва асри навин, шуруъ аз соли 1910 ба баъд бонувони рӯшанфикр ва озодихоҳи ҷаҳонӣ дар симои Клара Сеткина, Роза Люксембург, Симона де Боувар, Фурӯғи Фаррухзод ва соири занони озода ва мубориз нақши воқеии занро дар низоми зиндагии башарӣ таъйин намуда, аз ҷавомеъ талаби эҳтиром ва арҷгузорӣ карданд. Таҷлил намудани 8 март ба сифати Рӯзи байналмилалии зан-модар маҳз бо талошҳои бевоситаи бонувони урупоӣ, махсусан Клара Сеткина сурат гирифт, ки нодида гирифтани толошҳои ҷасоратмандонаи ин зани диловари ғарбӣ гуноҳи кабира маҳсуб меёбад. Занону бонувони мамолики мутараққии дунё мадюни ин гуна занони ҷасуранд ва минбаъд ҳаракати феминизм, ки масоили марбут ба занон, аз ҷумла озодии ононро дар кулли дунё матраҳ мекунад, бар мабнои саъю кӯшишҳои бонувони ҷасури урупоӣ (Клара Сеткина, Роза Люксембург ва дигарон) созмон ёфт.
Имрӯз, ки дар арафаи ҷашни бонувон қарор дорем, ба бонувони тоҷик ва дар симои онҳо ба кулли занони сайёра тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорем. Бигзор, меҳру муҳаббати онҳо ҳеҷ гоҳ поён наёбад ва дар партави меҳру самимияти ин ниҳоди меҳровар зиндагӣ рангину зебо шавад ва оташи ҷангу хунрезӣ, ки аз ғурури нобаҷо ва таассубу ҷаҳолати мардон рӯйи кор меояд, бо оби меҳрубонию самимияти занону модарон абадан хомӯш гардад.

Нозим Нурзода, муҳаққиқ

Хонданд 212

Биё, ки фолат бинам!

Март 03, 2018
Диданд: 414

(Қиссае аз шайтониҳои фолбин)

Беҳуда фолибинро шайтон намегӯянд. Зеро воқеан барои фолбин шудан шарт нест, ки инсон ситорашинос ва ё олиме бошад, ки ояндаи ҳар нафарро пешгӯӣ карда тавонад. Муҳим шайтон бошаду гапдон. Баъдан фолбинӣ кори мушкиле нест. Анқариб ҳама инсонҳо зиндагии якранг доранд. Дар зиндагии ҳар нафаре тӯй, мотам, беморӣ, шодиву хурсандӣ ва ғаму ғусса ҳаст. Вақте аз ин ё он паҳлуи зиндагӣ сухан меронед, ҳатман мувофиқатҳое дучор меоянд, ки муроҷиаткунанда худ ба фолбин эътиқод пайдо мекунад. Як замоне банда ҳам ба таври шӯхӣ фолбинӣ карда, чи тавр ба фолбин мубаддал гаштанамро ҳатто худам надониста монда будам.

Соли 1994 буд. Банда дар гимназияи №1-и шаҳри Панҷакент муаллим будам. Амаки худораҳматиам (равонашон шод бод) дар шифохонаи шаҳр табобат мегирифтанду ман гоҳ - гоҳ ба ҷои писарашон он касро нигоҳубин мекардам. Шабҳо чун зиқ мешудам, баъди хобонидани бемор ба берун баромада, бо духтурҳо ва ҳамшираҳои шафқат дар мавзуҳои гуногун суҳбат мекардам. Чун сухан дар бораи фолбинҳо рафт, ман гуфтам:
- Ман ҳам аз рӯи хатҳои даст фол дида метавонам.
Яке аз ҳамшираҳои шафқат дасташро дароз карда, гуфт: «Канӣ як маро фол бинед».
Гуфтам:
- Коғазу қалам биёр.
Ӯ овард. Ман бо қалам дар кафи дасташ, дар канори хатҳо чандин рақамҳоро навишта карда, баъдан онҳоро ба коғаз кӯчонида, ҷамъу тарҳ карда, рақами ниҳоиро бароварда, аз дирӯзу имрӯзу ояндааш хеле чизҳоеро гуфтам, ки рост буданашро тасдиқ кард.
Вақте гап намеёфтам, китоби дар дастам бударо кушода, боз чанд лаҳзае фикр карда, ҳатман сухане ёфта, илова мекардам. Шояд касе бовар накунад, вале китоби дасти ман на ягон фолнома, балки «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, чопи Эрон буд. Он вақт на ҳама форсӣ хонда метавонистанд ва бахусус ҳамшираҳои шафқат бо чунин китобҳо коре надоштанд. Ин аст, ки «фолбин китоб кушод» гуфта, бовар ҳам мекарданд. Ҳамин тавр, як муҳлат ман фолбин шудам. Давоми тақрибан 15 рӯзи дар шифохона буданам, аксари беморону ҳамшираҳову духтурҳоро фол дидам. Овозаи фолбинии ман то берун аз шифохона ҳам баромад. Барои ҳалли мушкилоти муроҷиаткунандагон маслиҳатҳо низ медодам. Ба яке мушкилкушо мефармудам, якеро назди мулло мефиристодам, якеро «худоӣ кун» мегуфтам. Умуман, маслиҳатҳо гуногун буданд. Рӯзе ҳодисае рух дод, ки баъд аз он ба фолбин будани ман ҳеҷ шубҳае намонд ва дар ноҳия машҳур шудам.
Маро ба як ҳуҷра ба назди боздоштшудае оварданд, ки ӯро аз худкушӣ наҷот дода, ба шифохона оварда, ҷарроҳӣ карда буданд. Боздоштшуда аз Ургути Ӯзбекистон буда, бо ҷинояти вазнине ба даст афтода, хостааст, ки худкушӣ кунад, вале милисаҳо сари вақт аз ин аъмолаш огоҳ шуда, ӯро наҷот дода, ба шифохона оварда буданд.
Милисаи посбон гуфт:
- Канӣ як фол бин ва бигӯ, ки ин боздоштшуда чанд сол ҳукм мегирад?
Ман ба кафи дасти боздоштшуда нигариста, чандин рақамҳо навишта, ҷамъу тарҳу тақсим кардам, ки ҳосили он сифр (0) баромад. Шӯхиам гирифту эҳсосоти милисаро фаҳмиданӣ шуда, натиҷаро ба ӯ нишон дода, гуфтам:
- Дар хати дасти боздоштшуда ягон сол маҳбас нишон дода нашудааст. Баръакс, дар пеш ӯро рӯзҳои хурсандӣ интизоранд.
Милиса ваҳ-ваҳ хандиду гуфт:
- Рав, ки дурӯғ мегӯӣ. Ӯро на камтар аз 10 сол маҳбас интизор аст.
Ман «ба худам зиён нарасад» гуфта, як серублии милисаро гирифта, аз дар баромадам.
Шаби дигар милисаҳои бисёре дар шифохона ҷамъ омаданд. Ҳама ҳайрон шудем, ки чӣ гап шуда бошад. Маълум шуд, ки боздоштшуда фирор кардааст. Новобаста ба ҷустӯҷуҳои зиёд ӯро пайдо накарданд. Баъдтар маълум шуд, ки ӯ аз сарҳад гузашта, ба Ургут фирор кардааст. Рӯзе милисае, ки ӯро посбонӣ мекард, ба наздам омада, гуфт:
- Ака, воқеан фолбин будаӣ. Чаро нагуфтӣ, ки ӯ мегурезад?
Ман гуфтам:
- Ман гурехтанро пешгӯӣ карда наметавонам. Вале ман воқеан дидам, ки дар хати дасти ӯ зиндон дида намешавад.
Гуфт:
- Мехоҳам маро ҳам фол бинӣ.
Гуфтам:
- Туро чӣ фол бинам?
Гуфт:
- Ду духтар дорам, вале писар надорам. Бубин, ки ман соҳиби писар мешавам ё не?
Ба хати дасташ нигариста, гуфтам:
- Ду фарзанди аввалат як хел аст ва ду фарзанди дигарат дигар хел. Ин маънои онро дорад, ки агар ду фарзанди аввалат духтар бошанд, ду фарзанди дигарат писар мешаванд, агар ду фарзанди аввалат писар бошанд, ду фарзанди дигарат ҳатман духтар мешаванд.
Ва боз ба кафи дасташ нигариста маслиҳат додам, ки занашро хеле эҳтиёт кунад, зеро эҳтимолияти афтонидани бача низ вуҷуд дорад.
Милиса як даҳрублиеро ба ман дода, ташаккуркунон рафт. Баъди як ҳафта боз ҳамин милиса омада, гуфт:
- Акаҷон, дигар ба фолбинии ту ман ҳеҷ шубҳае надорам, зеро то имрӯз ман чунинашро надида будам.
Гуфтам:
- Тинҷӣ аст? Ошуфта менамоӣ?
Гуфт:
- Занам тифли батнашро афтонд.
Даст ба гиребон бурда, гуфтам:
- Дигар ягон хавфе намонд. Иншооллоҳ, баъди ин туро ду писари солим интизор аст.
Чунин мувофиқатҳо гоҳо худамро метарсонд. Зеро ман дидаву дониста дурӯғ мегуфтам ва дурӯғи ман рост мебаромаду бечораҳо мардум ба ман эътиқод мекарданд. Чунин мувофиқатҳо кам набуданд.
Як рӯз ба шифохона ба наздам зани ҷавоне омада, аз бефарзандӣ шикоят кард ва хоҳиш намуд, ки ман бояд ӯро фол бинам. Хатҳои дасташро санҷида, боз ҳам рақамҳои ҳархела навишта, онҳоро ба варақа кӯчонида, ҷамъу тарҳ карда, гуфтам:
- Бонуи азиз. Шумо соҳиби се фарзанд мешавед. Ман дар хати дасти Шумо онҳоро дида истодаам. Барои ҳамин ҳам бо дили пур зиндагиро идома диҳед ва интизори он рӯзи хуш бошед.
Гуфт:
- Аз арӯсшавиам 5 сол гузашт. Пас чаро то имрӯз ман бачадор намешавам?
Гуфтам:
- Фардо шавҳаратро ҳам биёр. Ман хати дасти ӯро ҳам мебинам, баъд хулосаамро аниқ ба ту мегӯям.
Вақте ӯ рафт, ҳамшираҳо гуфтанд:
- Шавҳари ин айбе надорад, айб дар худаш аст.
Гуфтам:
- Аз куҷо медонед?
Гуфтанд:
- Ин зан сабукпо аст, бо ҳар нафаре хуфту хоб мекунад. Агар айб дар шавҳараш мешуд, ӯ кайҳо аз дигарон бордор мешуд.
Гуфтам:
- Пагоҳ мефаҳмем.
Рӯзи дигар ӯ воқеан бо шавҳараш омад. Шавҳарашро ба ҳуҷрае дароварда, дар алоҳидагӣ ӯро фол дида, кунҷковиам боло гирифту хеле ҷиддӣ истода гуфтам:
- Акаҷон, маро бубахш. Дар хати дасти ту ман ду фарзанд дида истодаам. Ман нафаҳмидам, чаро зани ту бефарзанд аст?
Гуфт:
- Акаҷон, рост гуфтӣ, ман ду фарзанд дорам, вале аз зани асосиам не. Фарзандонам аз зани дигарам аст.
Гуфтам:
- Занат инро медонад:
Гуфт:
- Не.
Боз чанде ба кафи дасташ нигариста, гуфтам:
- Агар хуб табобат кунӣ, аз ин занат ҳам фарзанддор мешавӣ. Зеро хатҳои дасти ту нишон медиҳанд, ки ту се зан дорӣ ва соҳиби шаш фарзанд мешавӣ.
Гуфт:
- Акҷон рост, ман аз як занам аллакай ҷудо шудам. Ин зани сеюмам аст, вале ӯ аз зани дуюмам огоҳ нест.
Ба худ мегуфтам: «Ё аҷабо, чунин мувофиқат ҳам мешудааст». Ӯро ҷавоб додаму занашро аз нав ба ҳуҷра даъват карда, такроран фол дида гуфтам:
- Ман як ҳақиқатеро мегӯям, ки гуфтанам мумкин нест. Агар гӯям, ба худам зиён мерасад. Зеро мо филбинҳо баъзе ҳақиқатҳоеро бинем ҳам, гуфта наметавонем.
- Илтимос, ҳарчӣ дидед, гӯед, ман зиёнатонро ҷуброн мекунам,- гуфта, чанд рубле наздам партофт.
Гуфтам кам аст, боз партофт.
Гуфтам:
- Он чӣ ман мегӯям, бояд миёни ҳардуямон монад ва шавҳарат нафаҳмад.
Вақте ӯ қасам хӯрд, ки ба касе намегӯяд, гуфтам:
- Ту ҳатман соҳиби фарзанд мешавӣ. Ман дар хати дасти ӯ фарзанди туро ҳам дидам. Лекин хати дасти ту нишон медиҳад, ки ту ба шавҳарат хиёнат мекунӣ. Рост бигӯ, ту чаро ин корро кардӣ?
Ӯ нохост худаш гуноҳашрро эътироф карда, гуфт:
- Акаи фолбин. Ман ин корро фақат ба хотири фарзанд кардам. Чунки ман худро чандин бор ба духтур нишон додам, онҳо гуфтанд, ки айб дар ман нест. Ман аз шавҳарам шубҳа доштам ва худро бо дигаре санҷидам, аммо фарзанд нашуд.
Ба ӯ мушкилкушо фармудам. Ӯ ба ман боз як 10-рублиеро дода, «илтимос байни худамон монад» гуфта, рафт.
Баъди ин на танҳо ба ин касб, балки ба ҳар нафаре, ки фолбинӣ мекард, нафрат мекардам ва барояшон аз фолбиниҳои худам қисса мекардам, то онҳо ба шайтон будани фолбин бовар кунанд, вале ба фолбиниаш не.
Як ҳодисаи дигаре дар деҳаамон шуда буд, ки ҳатто ҳамдиёронам ба фолбинии ман бовар карда буданд. Як нафар аз хешовандон, ки дар моҳи 9-уми ҳомилагӣ будааст, аз ман хоҳиш кард, ки тифли батни ӯро фол бинам, ки писар аст ё духтар. Он солҳо УЗИ гуфтанӣ чиз набуд ва то таваллуд касе ҷинсияти тифлро муайян карда наметавонист. Ӯ якчанд духтар дошт, аммо писаре надошт. Ба кафи дасташ нигариста, дар ҳузури ҳама пурсидам:
- Ин чандум фарзандат аст?
Гуфт:
- Чорум.
Шӯхиам гирифту гуфтам:
- Бовар кун, инаш ҳам духтар аст. Баъди ин писар мешавад.
- Илоҳӣ даҳонат пушти сарат гардад,- гуфта, маро дуои баде карду рафт. Зеро ӯ то фолбинии ман назди чанд фолбини дигар рафта будаасту онҳо ҳама писар гуфтаанд.
Вале чун рӯзи дигар ӯ боз духтар ба дунё овард, бо ҳамин на танҳо ӯ, балки аҳли деҳа ҳам ба фолбинии ман бовар карданд, вале ман аз ин пешаи шайтонӣ даст кашидам.
Ин хотиротро барои он овардам, ки мардум ба фолбину ҷодугарон рӯ наоранд ва ба эшон эътиқод набанданд. Зеро ин амал ҷуз дурӯғу шайтонӣ чизе нест ва беҳуда нест, ки фолбину фоландозро ҳатто кофир ҳам мегӯянд.

Холиқназар ҶУМЪАЕВ

Хонданд 414

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.