.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҷомеъа

Макони касбу ҳунар дар Роғун

Дек 01, 2018
Хонданд: 251
Макони касбу ҳунар дар Роғун

Коллеҷи муҳандисию техникии шаҳри Роғун

16 ноябр, дар рӯзи таҷлили ҷашни ба истифодадиҳии нахустин агрегати НБО-и Роғун мо тасмим гирифтем, ки аз муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию техники шаҳри Роғун, ягона муассисе, ки махсус барои НБО-и Роғун мутахассис омода менамояд, дидан кунем. Зеро ҳунаристони мазкур яке муассисаҳои миёнаи касбии машҳури кишвар буда, ҳамқадами нерӯгоҳи бузурги Роғун аст ва чун ин нерӯгоҳ дар ҳолати рушду нумӯ қарор дорад. Қоллеҷи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31декабри соли 2008 №672 таъсис дода шуда аз 31 августи соли 2009 №38-ф аз тавозуни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавозуни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО-и Роғун” гузаронида шуда, моҳи декабр аз таъсиси он 10 сол пур мешавад.

Дар коллеҷ 28 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд, ки аз ин миқдор 2 нафар дотсент, 11 нафар муаллими калон ва 15 нафари дигар ассистент мебошанд.

 

Факултетҳо ва ихтисосҳо

Дар муассисаи таълимии Коллеҷи муҳандисию техникии шаҳри Роғун

2 факултет: - факултети таҳсилоти рӯзона ва факултети таҳсилоти ғойибона фаъолият дорад. Дар пояи ин ду факултает коллеҷ мутахасисонро аз рӯи ихтисосҳои зерин ба таҳсил фаро гирифтааст:

2 -36 10 01.02 - Мошинҳои куҳӣ ва таҷҳизот, 

2-43 0101 - Нерӯгоҳҳои барқӣ,

2-56 02 01.31 Геодезияи дар сохтмон.

Шумораи умумии муҳассилини муассиса 385 нафар мебошад, ки аз ин миқдор 145 нафар донишҷӯёни гуруҳҳои рӯзона ва 240 нафар донишҷӯёни гуруҳҳои ғойбона мебошанд. Аз ин шумора 155 донишҷӯ ба таври буҷавӣ ва 230 донишҷӯ ба таври шартномавӣ таҳсил менамоянд.

Ба хатмкунандагони коллеҷи номбурда ҳангоми хатм тахассуси техник - электрик, техник-заминсоз ва техник-механик дода мешавад.

 

Дарсҳои таҷрибаомӯзӣ

Коллеҷи муҳандисию техникии шаҳри Роғун ҳамасола дар асоси нақшаҳои таълимӣ донишҷӯёни гуруҳҳои рӯзона ва ғойибонаро ба таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ фаро гирифта, ба ҶСК “НБО-и Роғун” ва корхонаву сохтмонҳои зертобеи он равона месозад. Муҳассислин аллакай дар давраи таҳсил бевосита дар худи нерӯгоҳ фаъолият карда, ҳам дар пешрафти кори нергӯгоҳ саҳм мегиранд ва ҳам тахассуси худро боло мебаранд. 

Дарсҳои таҷрибавӣ дар нерӯгоҳи Роғун дар такмили маҳорати дарсазхудкунӣ ва сайқали савияи дониши донишҷӯ нақши муҳим бозида, барои мукаммал гардони тарбияи меҳнатӣ, омӯхтани таҷрибаи пешқадам, алоқаи донишҳои назариявӣ дар амал ва дар минбаъда фаъолияти кориву касби интихобкардаи ӯ нақши бориз мегузорад. 

 

Тағйироти ҷиддии 2 соли охир

Мушоҳидаи мо нишон дод, ки тайи ду соли охир бо сохтану ба истифода додани биноҳои комилан наву ҳозиразамон дар муассисаи таълимӣ тағйиротҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд. Аз ҷумла, дар шафати синфхонаи таълимӣ сохта ва ба истифода додани биноҳои иловагии дуошёна, бинои ҳуҷраи бойгонӣ, утоқи кории шуъбаи кор бо ҷавонон, хонаи омӯзгорон барои ҳайати профессорӣ-омӯзгорӣ, хонаи набатдории посбонҳои муассиса, хонавагонҳои ҳозиразамон барои утоқҳои корӣ, шуъбаи китобдорӣ, таъмир ва тармими бинои таълимӣ ва утоқи алоҳида бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, таъмир ва тармими пурраи хобгоҳи донишҷӯён аз навгониҳое буданд, ки ба ҳусни коллеҷ ҳусни нав зам намуда аст. Ҳамаи ин гувоҳ аз он аст, ки коллеҷи мазкур чун нерӯгоҳи Роғун пеш меравад ва рушд мекунад.

 

Иштирок дар олимпиадаҳо

Донишҷӯёни Коллеҷи муҳандисию техникии шаҳри Роғун тайи ду соли охир дар олимпиадаҳои фаннӣ, ки байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ баргузор гардида буд, ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, бо диплому ифтихорномаҳо сазовор гардонида шудаанд.

Зиёда аз ин дар дигар самтҳои фаъолияти корҳои назаррас низ пуркунандаи ҳаёти рангини коллеҷ буданд. Ишғоли ҷойи якум дар мусобиқаи варзишии “Волейбол” бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун, дарёфти Ҷоми Раиси шаҳр бахшида ба 20-солагии Ваҳдат миллӣ,-раҳматномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз, раҳматнома барои иштироки фаъолона дар мизҳои гирди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, ишғоли ҷойи дуюм дар мусобиқаи “Волейбол” байни ҷавондухтарони варзишгари шаҳри Роғун, ифтихорнома барои иштироки фаъолона дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ-“Андалеб-2018”, ифтихорнома барои иштироки фаъолона дар Фестивал-озмуни шаҳрии эҷодиёти халқ-“Бустон-2018” бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, диплом барои ишғоли ҷойи дуюм дар фестивал озмуни шаҳрии эҷодиёти халқ “Бӯстон 2018” бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, диплом барои ишғоли ҷойи дуюм дар Фестивали ҷумҳуриявии “Наввоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон” тахти унвони “Ҷавонон созандагони Ватан” аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷкистон муваффақиятҳое буданд, ки инъикосгари фаъолияти бомароми ҳайати профессорӣ-омӯзгорон ба донишҷӯён гардиданд.

 

Кор дар нерӯгоҳи Роғун

Коллеҷи муҳандисию техникии шаҳри Роғун аз он ҷиҳат машҳур аст, ки барои бузургтарин нерӯгоҳи барқии обии Роғун мутахассис омода мекунад ва аксари кулли хатмкунандагони он асосан ба нерӯгоҳи Роғун ба кор медароянд. Ҳатто аксари онҳое, ки баъд аз хатми коллеҷ ба донишгоҳҳову донишкадаҳои олии кишвар ҳуҷҷат месупоранд, асосан шакли ғоибонаи таҳсилро интихоб намуда, ғоибона таҳсил мекунанд ва дар нерӯгоҳ ба кор фаро гирифта мешаванд. Инро ҳам устодон ва ҳам донишҷӯён тасдиқ карда, дилпурона иброз доштанд, ки хамткунандагони муассисаи мазкур дар пайдо намудани кор ҳеҷ мушкилие надоранд. Маҳз ҳамин муҳассилинро водор менамояд, ки аз тамоми гӯшаву канори кишвар ба коллеҷи мазкур ҳуҷҷат супоранд. Зеро боиси ифтихори муҳассилин аст, ки пас аз хатми муассиса ба корхонаву сохтмонҳои зертобеи ҶСК “НБО- Роғун” ба кор таъмин карда мешаванд.

 

Холиқи Муҳаммадназар

Хонданд 251

АЗ ДИДАҲОЮ АЗ ШУНИДАҲО

Дек 01, 2018
Хонданд: 66

ҒАМХОРӢ

Дар Миси Айнаки вилояти Лугари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  ҷойи корам дар соҳаи аз ҳама баланд-сари Куҳи Айнак буд, ки нисбат ба ҳамвориҳо пурбарфу сардтар аст, дигар дӯстон дар соҳаҳои дар ҳамворӣ воқеъбуда кор мекарданд. Дар зимистони аввал устод Юсуфшоҳ Ёқубшоҳ, ки роҳбари гуруҳ буданд, мегуфтанд, ки бояд як пӯстини ғафс бигирам, ки агар мабодо касал шавам, дар ин мулки мардум чи кор мекунем? Ман ҳам мегуфтам, дар ин куҳ бо чунин пӯстин кор карда намешавад. 

Рӯзе ҳайати моро барои вохӯрӣ бо вазири маъодин ва петролиум ҷаноби Шаҳронӣ ба Кобул даъват карданд. Ҳамон рӯз бо кадом сабабе вохӯрӣ баргузор нагардиду устод Юсуфшоҳ ҳамаи моро ба дӯкони пӯстинфурӯшӣ, кӯчаи Мурғон, ки аврупоиҳо Cheeken Street ном мегиранд, бурд, ки чанде қабл бо фурӯшандаҳо шинос шуда будааст. (Воқеан, дар дӯконҳои ин кӯча тамоми осори атиқа ва ҳарчи аз ҳунарҳои дастӣ аст, пайдо кардан мумкин. Он сиккаҳое, ки дар ватани мо бо машаққат ба даст меоянд, дар он онҷо бо ҷувол рехта шудааст. Ордени Ситораи Сурхи шӯравӣ низ ҳамчунин, бо нархи сад доллар ба фурӯш меравад. Хулоса, дар кӯчаи Мурғон шири мурғ ҳам пайдо кардан имкон дорад.) Баробари ба дӯкон ворид шудан, моро барои интихоби бештар ба таҳхона таклиф карданд. Пӯстини дуввум ё севумро пӯшидам, ки доктор Раҳматшоҳ Маҳмадшоҳ садо кард, ки тамом, мешавад, мешавад. Қиматашро пурсидем. Дӯкондор ду ҳазор афғонӣ гуфту илова кард, ки ин хубаш ҳасту арзон намешавад. 

Дар роҳ ба Кобул кадоме аз ҳамроҳонам ба ман эрод гирифта буд, ки вақти харид кадом нархеро гӯянд, зуд пардохт мекунӣ, ки дӯкондоронро ин хуш намеояд. Бо мардуми ин кишвар агар дурудароз савдо бикунӣ, вақташон хуш мешавад ва молро арзон мекунанд. Ба ҳамин хотир нарху наво кор нагирифтам. Яке аз ҳамроҳон, ки гуфти гапо арзон карданро дӯст медошт, нархро якбора ба яку дусад овард,  вале фурӯшанда аз яку ҳашт поён намефаровард.  

Дӯкондор дид намешавад тасмимро ба устод Юсуфшоҳ ҳавола кард, ки устод ҳар қиматеро гӯяд, розӣ мешавад. Устод, ки аз мо хотирҷамъ шуда буду барои худаш пӯстин интихоб мекард, бепарвоёна гуфт:

- Мешава созай, бдеш ҳаму ҳазору ҳаштсадро, ҳатто тарафи мо нигоҳ накарда.

 

ХАР БИРАФТУ...

Мавлоно дар яке аз достонҳои “Маснавӣ”, ки онро аксар мардум медонанд, дар бораи пазироии дарвеше аз ҷониби дарвешони дигар чунин меорад. Дарвеши харсаворе ба шаҳре мерасад ва ӯро дарвешони дигар дида, ваъдаи меҳмондорӣ мекунанд. Вале чун мебинанд, ки барои зиёфат чизе надоранд, хари ӯро фурӯхта, шабона хеле базму бозӣ мекунанд. Ва яке аз дарвешон дар ҳоли шӯру шавқу рақсу бозӣ “хар бирафту хар бирафту хар бирафт”, гуфта, сурудхонӣ мекунад. Дарвеши меҳмон низ аз ин ҳолат ба ваҷд омада, аз ҷой бармехезад ва ба байни дарвешон даромада, ба қавле сари овозашонро гирифта, “хар бирафту хар бирафту хар бирафт”-ро суруда, давр мезанад. Субҳ дарвеши меҳмон аз хоб бармехезад ва мизбононро хаставу дар хоб дида, мехоҳад ба сафараш идома диҳад. Вақте ба сарой назар мекунад, мебинад, ки хар дар ҷояш нест. Аз саройбон ин аҳволро пурсон мешавад. Саройбон дар ҳайрат шуда мегӯяд, ки о, шаб ин қадар бо шӯру шавқ рақсидаву хар бирафтро хонда, магар хабар надорад, ин зиёфату базму бозӣ аз ҳисоби фурӯши хари худи ӯ буд... 

Пас аз ҳаштсад соли навишта шудани ин достон ҳамин ҳолат айнан дар деҳаи мо, деҳаи Дашти Гулҳои ноҳияи Ҳамадонӣ такрор шуд.

Муаллим Ҳасан Давлат додарарӯси муаллим Назар Талбак буда, ҳарду дар як мактаб аз фанни забон ва адабиёти рус дарс медиҳанд. Рӯзе мӯйсафеде ба Назар Талбак, ки аз дарвозаи мактаб берун мешуд, вохӯрда, аз пойи пиёда монданаш шикоят ва хоҳиш мекунад, ки агар аз ягон хари фурӯшӣ дарак ёбад, ҳатман хабараш кунад. Муаллим зуд ба Ҳасан Давлат, ки гоҳо ба хариду фурӯши чорво сару кор дорад, яъне говбизнес аст, занг мезанад ва аҳволро мегӯяд. Ҳасан Давлат дар ҷавоб мегӯяд, ки хар дар хонаи худаш аст ва харидорро гирифта биёрад, ҳоҷаташонро бароварда мекунад. 

Назар Талбак ҳамроҳи мӯйсафед ба хонаи, гуфти гапо, хардор меравад. Харро яксаду панҷоҳ сомонӣ нарх мекунанд. Ба қавле бо инобати ҷамъу тарҳи хешутаборию нонунамакхӯрӣ ва рустодорӣ хар бо сарафсору банд ва туқуму хурҷин ба сад сомонӣ ба савдо меравад. Пас аз он ки мӯйсафед қаноатмандона харро чорхез мезанонад, муаллими Талбакро як эҳсосе фаро мегирад ва то аз назар нопадид шудани мӯсафеду харро наззора мекунад. Каме баъд як панҷоҳ сомониро ба ҷайбаш халидани харфурӯш ӯро ба худ меорад ва гумони дар дилаш пайдо шударо дучанд мекунад. Гирифтани ҳаққи далолиро рад карда, ба хонааш бармегардад. 

Назар Талбак вақти ба ҳавлиаш ворид шудан, ба ҳамсараш, ки барои пешвозаш мебарояд, хушхабар мерасонад, ки хари бародарашро дар фурти чой фурӯхтаву, акнун хӯрокро биёрад ҳам мешавад. Вале баръакси чашмдошти ӯ ҳамсараш аз нишонаҳои хар пурсон мешавад. Пас аз гуфтани ранги хару хурҷину туқумаш, маълум мешавад, ки ӯ далолӣ карда хари худашро фурӯхта будааст. 

Гап сари он ки чанд муддат ин хари нобакор ба зироати Ҳасан Давлат медаромадааст ва ӯ харро гаравгон гирифта.

Аз чунин ранг гирифтани кор муаллими Талбак дарғазаб шуда, шарт мегузорад, ки ҳамсараш ё харро бармегардонад ё бо зиндагиаш падруд хоҳад гуфт. 

Ҳамсари Назар Талбак бо оби чашм дар бари рӯ назди додараш омада мегӯяд, ки шавҳараш сари талоқ хестаасту ба ҳар навъе бошад, бояд харро баргардонанд. Вале Ҳасан Давлати дар гапдонӣ моҳир апаашро дилбардорӣ мекунад, ки ҳаргиз ӯ ғам нахӯрад, агар сари талоқ, ки хест, ин бор худаш барои ӯ харидор пайдо мекунад ва мардаки аз хар халосхӯрда аз зан ҳам халос мешавад...

 

ФОТЕҲАХОНӢ

Салими Зарафшонфар ҳамроҳи чанд нафар аз ҳамкорон барои фотеҳахонӣ ба хонаи суратгири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” Нурулло Исобоев мераванд, ки чанд рӯз қабл ҳамсараш вафот карда буд.

Баъди изҳори тасаллият ва хондани оят ҳамагӣ сукут меварзанд ва ба мурооти хонадор “нон шиканед”, “насибу қисмат” будааст гуфта, боз ба ҳамон ҳолати пешина сарҳо хам хомӯш мешинанд. 

Нурулло Исобоев ба ин аҳвол дигар тоқат накарда, норозиёна мегӯяд:

- О, ақаллан як пиёла чой гиретон, охир, шумо чи ин қадар мотам гирифтед. Як нафараш гузашта бошад, ҳам шукр боз се нафари дигараш зиндааст-ку...  

 

СИЁСАТ

Адиб ва рӯзноманигор Салими Зарафшонфар, ки мӯйи сари ҷингилаи дарозу мудаввару ба худ зебандае дошт, пас аз солҳои тӯлонӣ онро бо поку поки пок метарошад. Вақти ба ҳавлӣ ворид шудан, падараш дар аввал ӯро намешиносад ва баъдтар мегӯяд.

- Эҳ бачам, ҳамаи сиёсатат дар ҳамон мӯйи сарат будааст-ку. Бе мӯйи сарат, ҳатто худи ман нашинохтамат.

 

РӮЗИ МАВЛОНО

Соли 2009, соли аввали ба сифати мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе фаъолият карданам буд. Моҳи сентябр ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз ин Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-сентябрро Рӯзи Мавлоно тасдиқ кард. Ва чун яке аз вазифаҳои шуъба навиштани шиорҳо буд, мебоист фақат як шиор ба шарафи ин рӯз омода мекардам ва ҳам ба таври оҷил. Онро омода кардам: МАВЛОНО-САРОЯНДАИ ВАҲДАТИ ИНСОНҲО. Назди муовини идеологӣ бурдам. Қабул карду гуфт як бор бо Додихудо Саймуддинов (Ёдаш ба хайр!) мувофиқа бикунам. Ба устод Саймуддинов дар тамос шудам, ӯ инро навишта гирифту гуфт субҳ фикрашро хоҳад гуфт. Субҳи дигар барвақт ба устод занг задам чун ҳамон рӯз 29-сентябр буд ва шиор бояд дар баннери 4 ба 5 дар назди муҷассамммаи Исмоили Сомонӣ гузошта мешуд. Яъне вақт хеле кам буд. Устод гуфтанд, ки шаб қариб тамоми осори Мавлоноро дида баромаданду ба назараш аз ин беҳтар шиор буда наметавонад, ва навиштаи моро қабул карданд.

Хулоса, яке аз ширкатҳо шиорро омода карду кормандони Раёсати ободонии шаҳр дар майдон насб карданд. Вақте аз гузоштанаш ба ман хабар доданд, ба зудӣ  рафта онро дидам. Дар навишта ягон ғалат не, вале ба ҷойи тасвире, ки ҳамчун тасвири Мавлоно қабул шудааст, тасвири ба қавле як мӯсафеди дигаре аст. Дар ҳоле ки бо роҳбари ширкат суҳбат карда будам, гуфта буд, ки ҳама аксҳои шоирон нависандагони классику муосирро дар ихтиёр доранд. 

Аҳволро ба Самандар Бобоев, сардори Раёсати ободонии шаҳр гуфтам, ки бо ширкат қарордод дошт. Ӯ ҳам супориш дод, ки шиорро аз сари нав нашр кунанд ва бо тасвири аслии Мавлоно. 

Чун дар ҷойи кор интернет надоштем, зуд ба рӯноманигор Нуралӣ Давлат занг зада хоҳиш намудам, ки тасвири Мавлоноро пайдо карда ба ҳамон ширкат расонад ва худам ҳам ба ҳамон ҷо рафтам. 

Тақрибан давоми як соат шиор ба таври зарурӣ ва дар ҷойи муайяншуда насб гардид.

 

ГАВАНА

Мудири редаксияи географияи Энсиклопедияи Советии Тоҷик Олим Ӯлмасов ба Адушукур Раҷабзод (Тошев), ки акнун ба кор омадааст, навиштани мақолаи “Гавана”-ро супориш медиҳад. Мақола омода мешавад, вале ҳеч не ки мудир ба он имзо гузорад. Ҳамин тавр, ӯ мақоларо панҷ маротиба мегардонад. Аз таҳрири зиёд мудир ба ҷон расида, бори шашум онро худаш навишта бо имзои А.Тошев ба редаксияи назорати таҳрири адабӣ месупорад. Дар ҷамъбасти ҳафта мудири редаксияи таҳрири адабӣ устод Мутеулло Наҷмиддин корманди ҷавон, А. Раҷабзодро тавсиф карда, мегӯяд, мақоларо он қадар хуб таълиф карда, ки ҳатто ҷойе қалам назадааст, ин ҷавон ояндаи хуб дорад. 

Воқеан, имрӯз мудири редаксияи биология, химия, тиб Абдушукури Раҷабзод яке аз рукнҳои устувори Энсиклопедияи Миллии Тоҷик буда, муаллифи Энсиклопедияи мухтасари тиб (дар панҷ ҷилд), “ДДТТ-70 сол” “Фарҳанги тибби қадим” ва даҳҳо луғатномаи дигар аст.

 

ТААҶҶУБ

Лутфулло Давлатро замони дар синфи даҳум таҳсил карданаш падараш аз касби интихобкардааш мепурсад. Ӯ, ки ба санъат ҳавас дошту дар маҳфилҳои ҳунарии мактаб фаъолона иштирок мекард, дилбастагиашро ба санъат изҳор мекунад.

- Актёр мешам, ота. Дур ҳам бошам маро ҳамеша дар телевизор дида, зиқ намешавед.

Лутфулло, ки дар наврасӣ лоғару болобаланд буд, ин гуфтааш боиси таааҷҷуби падараш мегардад:

- О, бачам ту агар актиёр, ки шавӣ, бо ин қаду қоматат дар телевизор меғунҷида бошӣ...  

 

ЁДОВАРӢ

Лутфуллои Давлат мошини нав харида, бо он барои аёдати пайвандонаш ба ноҳияи Темурмалик меравад. Дар роҳи бозгашт ҳамсараш ба ӯ ёдоварӣ мекунад:

- Э мардак, ҳамон калиди мошинатро гирифтӣ, не. Боз фаромӯш накарда бошӣ, ки моро дар бало монӣ...

 

ПАРАШЮТ

Як ҳамдеҳаам дар хушанҷомию сариштакорӣ ном баровардааст. То он ҳаде, ки агар моли майдаро ба бозор бубарад, аввал ҳатман онро дар тарозу бармекашад ва қимати онро дақиқ муайян мекунад, то як мӯй ҳам аз он зарар набинад.

Ӯ боре аз касе мешунавад, ки агар дарахт камҳосил шавад ва ё аз ҳосил бимонад, танаи онро сӯрох карда чӯб ё ягон оҳан гузаронанд, соли дигар ҳатман борвар мегардад. Вақте дарахтони чормағзи ҳавлиаш камҳосил мегарданд, ӯ ин шунидаашро мехоҳад таҷриба бикунад. Баҳор дар ҳар кадом дарахтҳо ду-се оҳан мегузаронад. Тирамоҳ ба хотири он ки барояш маълум шавад, ки таҷрибааш то кадом андоза самар овардааст, ҷамъоварии чормағзро чун солҳои пешин ба касе аз аҳли хонадонаш бовар накарда, худаш ба болои дарахт мебарояд. Вақти чидани охирин чормағзҳо аз шохи баланд, яъне ҳаққи зоғон, навдаи нимахушкида садо мебарорад, ки ӯ дигар он тарафашро ба хотир надорад. Пас аз рехтани чандин сатил об ба сару рӯяш ва доду фиғони пайвандонаш ба ҳуш меояд. Аввалин нафареро, ки баъди чашм кушоданаш мебинад, ин ҳамон табиби ҳамсояи шиғдармиёнаш аст, ки ҳарду ҳаргиз якдигарро чашми дидан надоранд. Ва бехудона мепурсад, ки ӯ чи кор кардааст (манзур ба ӯ чӣ шудааст) ва дар куҷост. Посухи ҳамсояи табибаш ӯро бештар ба ҳуш меорад:

- Дар он дунё.

Ва каме баъд боз аз ҳуш меравад.

Ва барои ба ҳуш омаданаш ва дилбардориаш мегӯяд:

- Ҳеч гапе нест, парашют кушода нашудааст, хушбахтона дар ҳавлии худат афтидаӣ.  

 

ИНТУИТСИЯ

Барқ хомӯш шуду ба даҳлез баромадам. Масруршоҳи хазинадор ифтихорномаву ҷоизаҳои Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷикро, ки чанд рӯз қабл ба маъраз гузошта шуда буданд, тамошо мекард.

- Ин кай мешуда бошад, - ишора кардам ба дастгоҳи барқӣ, ки аз қатъ шудани барқ огоҳӣ медод?

Масруршоҳ, ки таваҷҷуҳашро дастовардҳои корхона сахт ба худ кашида буд, зуд ҷавоб дод:

- Панҷ рӯз баъд.

- Чӣ панҷ рӯз баъд,- пурсидам аз ӯ, ҳайрон шуда.

- Маош.

- О, ман дар бораи барқ пурсидам, медонам, ки маош баъди панҷ рӯз мешавад.

- Аз мо фақат дар бораи маош мепурсанд, на дар бораи барқ.

 

ТАФСИР

Барои сафари Кангурт ба хотири иштирок дар гиромидошти 150-умин солгарди Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ мувофиқи эълони пешакӣ дар назди бинои Академияи илмҳо ҷамъ омадем. Мерседеси спиринтер аллакай пур шуда буду дар тараддуди ба роҳ буд. Ману шоир Хайрандеш ва Илҳоми Мискин мондем. Амирхӯҷаи Абдураҳим, ки аз созмондиҳандагони ин маҳфил буд, куҷое занг заду тарафи мо гуфт, ки мерседес мешавад, мо ҳам гуфтем, албатта. Шоир Хайрандеш аз мо пурсид, ки маънои “Мерседес”-ро медонем, не ва маътали посухи мо нашуда, гуфт:

- Мерседес, яъне мир садис!

 

ГУМАНИСТ ВА ДАЛДА

Дар роҳи Душанбе-Кангурт Илҳоми Мискин аз хусуси шавқ доштан ва надоштанам ба варзиш пурсид ва дар бораи он ки ҳарчанд варзиш намекунад, вале мухлиси ҳамаи навъҳои он аст. Хусусан, муҳорибаи омехтаро дӯст медорад. Аз мусобиқаи Ҳабибу Конор бо як ифтихор ёдовар мешуд. Амирхӯҷаи Абдураҳим, ки дар курсии пеш менишаст, баргашта бо Илҳом дар баҳс шуд, ки наход як нафар сару рӯйи як нафари дигарро хунолуд кунаду миллионҳо нафар лаззат баранд. Ва ҷангҳои гладиаторҳоро мисол овард, илова карда, ки ба ҷойи пеш рафтан, ба қафо рафта истодаем. Шоир Хайрандеш, ки ин баҳсро бодиққат гӯш мекард, ба Амирхӯҷа муроҷиат кард:

- Шумо маълум, ки инсонпарвар, яъне гуманист ҳастед, ҳамин хел?

Амирхӯҷа сар ҷунбонида гуфт:

- Албатта, гуманист ҳастам.

Шоир Хайрандеш матлабашро баён дошт:

- Агар у қадар гуманист бошӣ, ку аз тунели дуюм баромаданда барои мо косаӣ далда бигир!

 

ЗАНИ ОҲАНИН

Дар чорабинии фарҳангии бахшида ба гиромидошти хотираи Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ дар Боғи фарҳангии ҳамноми ин шоири зарқалам дар Кангурт иштирокдорон то оғози нишасти расмӣ аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ, маҳсули эҷоди хонандагон, хусусан рассомиҳои шогирдони мактаб, ки симои ҳамдиёри ҷовидоносори худро хуб тасвир кардаанд, дидан намуданд. Дар баробари ҳамаи ин, тавҷҷуҳи устод Убайдуллоҳ Раҷабро пироҳани аҷиби зане, ки дар ғурфае дар курсӣ менишаст, ҷалб кард. Вақте устод ба он ғурфа расид, зан ба нишони эҳтиром аз ҷой бархост ва узромез гуфт, ки пироҳан хеле вазнин аст, аз ин рӯ хаста шуда, гоҳе менишинад. Ба гуфти ӯ ин пироҳани арӯсӣ буда, таърихи дусадсола дорад ва бибиву бибикалонҳояш онро дар арӯсиашон ба бар кардаанд ва ҳоло ҳам бонувони ин авлод суннати мазкурро идома медиҳанд. Остину домон ва пеши бари пироҳан ҳама бо нуқра ороиш ёфта. Устод Убайдулло Раҷабов, ба пироҳан, ки гӯё пур аз оҳан буд ва ҳатто ҳангоми суҳбат ҳам ларзида, садо мебаровард, синчакорона наззора карда, гуфт:

- О, баъд домод инро дида талхакаф намешуд, арӯс боз зани оҳанин набошад...

 

ГУМОН

Абдураҳмон Авғонов, мутриби дутор, лабчанг ва аккордеон, ки муддати бист сол навозандаи устод Одина буданд ва табъи шоирӣ низ доранд, мебоист дар барномаи “Субҳ ба хайр, Тоҷикистон” суҳбат мекарду оҳангҳое менавохт. Қабл аз сафар ба Душанбе, ба гумони он, ки мабодо дар бораи устод чи гуфта метавонӣ, суол диҳад, думбраашро ба такяи дари хона гузошта, сари зону ин мисраҳо менависад:

Эй Одина Ҳошим, ту фалак гар бисароӣ,

Сад дарду алам аз дили мардум бизудоӣ.

Овози ту мафтун бикунад халқи ҷаҳонро,

Нозем, ки як марди бузурги Ориёӣ.

 

ШПАРГАЛКА 

Бо ҳамкорам номзади илми филология Алишери Муҳаммадӣ атрофи китоби чанд сол қабл таҳиянамудааш “Ёднома”, ки роҷеъ ба имлои забони тоҷикист, суҳбат кардам. Андешаамро гуфтам, ки “Ёднома” маънии дигарро ҳам ифода мекунад ва пешниҳод кардам, ки дар нашрҳои баъдӣ шояд “Ёдовар” интихоб бикунӣ, беҳтар бошад. Ӯ гуфт, ки атрофи номи китоб зиёд фикр карда буд:

- “Ёднома” як шпаргалка аст. Имкон дорад, номашро ба “Ёдовар” тағйир додан, вале он дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” нест, охир.

Дар идомаи суҳбат гуфтам:

- Тоҷикистон ҳам дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” нест, хушбахтона онро барои мо сохтанд. 

 

ТАМАННИЁТ

Ҳамсояаам, муаллими фанни таърих Сайидаҳмад Сайид, ҳар гоҳ, ки  талабаҳо бидуни омодагӣ ба дарс меоянд, бо даст сӯрохии ҷойи лӯлаи бухориро нишон дода, чунин сарзаниш мекунад: 

- Кошкӣ аз ҳамин сӯрох як мори қреш барояду забонотонро аз ҳалқатон канда гирад. 

 

ҲАЙРАТИ УСТОД БОЗОР

Алишери Муҳаммадӣ дар Китобхонаи миллӣ устод Бозор ва Хайрандешро, ки суҳбати гарме доштанд, дида ба наздашон меравад. Хайрандеш ӯро муаррифӣ мекунад:

- Устод, ин кас ҳамин ҳам шоир аст.

Устод вақти вохӯрдӣ, ба ӯ бо табассум ва нигоҳи ҳайратангез мегӯяд:

- Эҳ бача, дар вақти набудани ман ҳама шоир шудааст-ку...

 

ВАЪДА

Шоир Хайрандеш зимни суханрониаш дар конфронси илмӣ бахшида ба бузургдошти Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ ибтидо аз тасмими зиёрати оромгоҳи шоири ширинкалом ёдовар шуд:

- Чанд сол қабл барои зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба Кӯлоб сафар намуда, назди ин бузургвор чунин ваъда карда будам:

Эй ҳазрати Амирҷон, алваъдаву дайн,

Кангурт мерам, зиёрати Ҳоҷӣ Ҳусайн. 

 

ЛАҲЗАҲОЕ БО УСТОД МАРАТ ОРИФ

Соли 2002 ё 2003 буд, ки бо устод Марат Ориф барои рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” суҳбате анҷом додам. Қабл аз нашр, барои мувофиқа наздаш рафтам. Ин дафъа ҳамроҳи суратгири редаксия Маҳмадюсуф Юнусов. Аз суҳбат хушаш омада буд. Ҳамроҳ акс гирифтем.

Соли 2007 дар рӯзномаи “Мароми пойтахт” кор мекардам ва тасмим гирифтам, ки як бори дигар бо устод ҳамсуҳбат шавам. Вақте ба хонааш наздик мешудам, аз дарвоза баромаду канори роҳро аз коғазу пакетҳо пок кардан гирифт. Наздик шуда салом додам. Вохӯрдӣ кардем, табъаш хира, ба сар пораи матои сафед печонида буд, сару рӯяш варам. Аҳволпурсӣ кардам, гуфт чанд рӯз аст, нотоб аст. Хоҳиши ба беморхона рафтан надорад. Гоҳе ба кӯча мебарояд. 

Дудила будам, ки мақсадамро гӯям ё не. Таклифи дар хона нишастан карданд. Вале ман гуфтам вақтам камтар асту саломатиашон беҳтар шавад, барои рӯзнома, ки навтаъсис аст, омада суҳбат анҷом диҳем. Сахт нафорид устодро. Гуфт як бор омада, таги дилам даромада, ҳама гапи нагуфтаамро кашида гирифтӣ, ҳамон бас аст. Дигар гапи гуфтан намондааст дар муддати ин қадар солҳо. Аз ҳунармандони дигар мусоҳиба гиред. 

Дигар ҳеч чиз нагуфтам, ба ҷуз худоҳофизӣ. Барои шумораи оянда як саҳифа монда будам. Ҷойи кор омада, ба рӯзноманигор ва театршинос Муҳаммадуллоҳ Табарӣ дар тамос шуда, матлабамро гуфтам. Хушбахтона, ваъда  кард, ки дар бораи устод як навишта дорад ва онро меорад.

Унвони зебое дошт навиштаи Табарӣ. Вале, онро тағйир додам “Ӯ офарандаи нақшҳои Рӯдакию Синост”.  Ду рӯз баъд устод занг заданд. Аз саломатиашон пурсон шудам. Гуфтанд ҳоло хуб асту вале аз он ки ман ранҷидаам, худро нороҳат ҳис мекунад. Гуфтам, ки ман наранҷидаам, пас аз чопи рӯзнома ҳатман меоям. 

Якчанд рӯзнома гирифта, хонаи устод рафтам. Матлабро дар борааш дида, хурсанд шуд. Гуфт ҳоло ҳар саволе дорӣ, пурсидан гир. 

Дар бораи писараш журналисти маъруф Андрей Бабитский суҳбат кардем, ки соли 2001 бо ӯ таҳти унвони “Андрей Бабитский: Падари ман тоҷик аст” мусоҳибае анҷом дода будам. Дар бораи насаби писараш гуфта буд, ки пас аз ҷудо шудан бо модараш ҳамин насабро ӯ гузоштааст, агар не насаби ӯ низ Орифов будааст. Аз писараш миннатдорӣ карда буд, ки ҳар гоҳ ба Душанбе ояд, ба хабаргириаш меояд.

Андрей Бабитский ҳоло дар Донетск зиндагӣ мекунад.

Он рӯз бо ҳунарманди маъруф суҳбати хубе доштем. 

Ёдаш ба хайр!  

 

ДАБАФКА

Устод Муҳаммад Ғоибро ҳунарманди маҳбуб Баҳодур Неъмат ба оши наҳор даъват мекунад. Ош он қадар хуб пухта шудааст, ки устод аз қанди худро фаромӯш месозад, ки лаълии якумро ба танҳоӣ холӣ карда,  дуюмро пеш мекашад. Ҳамроҳонаш дар ташвиш шуда, мегӯянд:

- Устод, илтимос мондагиашро мева гиред, оши зиёд қандатонро баланд мекунад.

Устод мегӯяд:

- Баҳодурро аз овозашда ҳамин ошаш беҳтар аст, гӯед дабафкаро овардан гиранд. 

 

Ҷумъахон САЙИДАЛӢ

Хонданд 66

Хуршеде дар осмони касбият

Нояб 17, 2018
Хонданд: 109
Хуршеде дар осмони касбият

Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе

Бо соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди техникаву технология зарурияти таъсиси литсейҳову коллеҷҳои касбие ба миён омаданд, ки бояд вобаста ба талаботи замон кадрҳои баландихтисос тайёр намоянд ва дар рушду равнақи кишвар саҳмгузор бошанд. Ин аст, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар як муддати кӯтоҳ омӯзишгоҳҳои касбӣ техникӣ бо шароити нав мутобиқ кунонида шуда, ба литсейҳои касбӣ ва коллеҷҳои сатҳи ҷаҳонӣ табдил дода шуданд. Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе низ, ки зодаи истиқлолият мебошад, яке аз муассисаҳои беҳтарини миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, нахуст дар заминаи омӯзишгоҳи касбию техникии №47-и шаҳри Душанбе таъсис дода шуда, барои иттиҳодияи нассоҷӣ, дӯзандагӣ ва пойафзолдӯзии шаҳри Душанбе кадрҳои коргарӣ тайёр мекард ва дар соли аввали таъсис ҳамагӣ 90 донишҷӯ қабул карда буд.

Дар асоси қарори ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва тайёр кардани кадрҳои коргарӣ аз 29.05.1992, №334  «Дар бораи табдил додани Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №47-и шаҳри Душанбе ба литсейи  техникӣ»  ва фармони Раиси Кумитаи номбурда аз 23.06.1992 №118 аз “Омӯзишгоҳи  касбӣ-техникӣ” ба “Литсейи техникии саноати сабук”  табдил дода шуд. Тибқи қарори Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат  аз 25.02.1997, №6 «Оид ба натиҷаи тафтиши комплекси ҷараёни таълиму тарбияви дар литсейи техникии саноати сабуки шаҳри Душанбе» ва фармони Вазорати мазкур аз 17.11.1997, №111  6 дар базаи “Литсейи саноати сабуки шаҳри Душанбе”  “Литсейи техникии информатика ва техникаи компютерӣ “таъсис дода шуд. 

“Литсейи информатика ва техникаи компютерӣ” 03.11.2003 ба “Литсейи касбии информатика ва техникаи компютерӣ табдил дода шуда, дар ниҳоят бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми ноябри соли 2012 таҳти №630 литсей ба “Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе табдил дода шуд. Коллеҷ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дорои иҷозатномаи АУ №0001695 соли 2014 ва шаҳодатномаи акредитатсияи давлатӣ ИА №0000745 аст, ки 03.06.2015 аз тарафи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Роҳбарии коллеҷро дар айн замон номзади илмҳои педагогӣ Одинаева Латофат Амиршоевна ба ӯҳда доранд. 

 

Факултетҳо ва шуъбаҳо

Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе феълан 2- факултет:- факултетҳои “Иқтисодӣ” ва “Технологияи иттилоотӣ ва телекомуникатсионӣ”,  9 шуъба:- шуъбаи таълим, шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ, шуъбаи кор бо ҷавонон, шуъбаи ҳисобдорӣ, шуъбаи кадрҳо, корҳои махсус ва бойгонӣ, шуъбаи банақшагирӣ, шуъбаи хоҷагидорӣ ва 4 кафедра: - кафедраи “Баҳисобгирӣ ва иқтисодиёт”, “Технологияи иттилоотӣ ва телекомуникатсионӣ”, “Фанҳои гуманитарӣ” ва “Фанҳои табиӣ-риёзӣ” фаъолият менамоянд.

Дар муассиса 15 – номзадони илм ҳамчун кормандони асосӣ ва ҳамкор фаъолият менамоянд. 9-нафар омӯзгорони коллеҷ барои меҳнатҳои шоён ва саҳми назаррас гузоштан дар таълиму тарбияи насли ҷавон  бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидаанд.

Дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ айни ҳол дар муассиса 1261 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 400 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бошад 165 нафар хонандагон таҳсил менамоянд, ки 40 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Дар соли хониши 2018-2019 ба муассиса 513 нафар хатмкардагони мактабҳои ҷумҳурӣ ба курси якум қабул шуданд.

 

Ихтисосҳо

Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои зерин мутахассисон омода мекунад:

   2-250135- “Ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат”;

   2-250132 –“Кори бонкӣ”;

   2-260203 –“Маркетинг”;

   2-250131 –“Буҷет ва баҳисобгирии буҷетӣ”;

   2-250110.08 – “Фаъолияти тиҷоратӣ дар бозори воситаҳои радио ва хизматрасонии иттилоотӣ”;

   2-250110.31 – Фаъолияти тиҷоратии корхонаи савдо;

   2-450103 – Шабакаи телекоммуникатсионӣ;

   2-400101- “Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ”;

   2-400101.35 –“Таъмини барномавии коркарди маълумоти иқтисодӣ ва иттилооти корӣ”;

   2-430103 - “Таъминоти барқ”;

   2-450102.34 – “Системаи радиошунавонӣ ва телевизионӣ”

   2-27013102 – “Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаи тиҷоратӣ”.

 

Дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои зерин мутахассисон омода карда мешаванд:

   3-250152.01 – «Ҳисобдор  (бо донистани компютер)»;

   3-400252.01 – «Системаи компютерӣ ва Интернет - технология»;

   3-390252.01 – «Радиомеханик оид ба таъмир ва хизматрасонии радио ва телевизион»;

   3-430151- «Истифодабарии техникии таҷҳизоти нерӯгоҳҳои барқӣ ва шабакаҳо»;

   3-450151.04 – «Оператори алоқа».

Тибқи иҷозатнома дар муассиса инчунин аз рӯйи зиёда аз 25 - ихтисос касбҳои коргарӣ омода карда мешаванд.

 

Заминаҳои моддию техникӣ ва таълимию лабараторӣ

Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе аз лиҳози моддӣ-техникӣ, бо васоити техникии таълимӣ ба қадри зарурӣ таъмин аст.  Илова ба ин, ба ҳар кафедра 3-4 синфхона вобаста шудааст, ки  онро  вобаста ба моҳият ва хусусиятҳои ихтисосҳое, ки аз рӯи он кафедра мутахассис тайёр мекунад, ҷиҳозонида  аз ҷиҳати илмӣ-методӣ низ бо лавҳаю овезаҳо оро додаанд. Лабораторияҳои компютерие, ки дар назди ду факултет ва шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ташкил шудааст, дорои 56 адад компютер  буда, самаранокии дарсҳои амалиро бештар намудаанд. Биноҳои таълимии муассиса дорои 30 синфхонаи таълимӣ ва 6 устохонаи таълими истеҳсолӣ мебошад, ки аз ин шумора 26-адади он ба видеотасвирҳо муҷҷаҳаз гардонида шуда, дар ҳамаи ҳуҷраҳои кории масъулини зерсохторҳои коллеҷ аз 1 то 2 адад ва аз ин ҳам зиёд компютерҳо омодаи хизматанд.  

 

Шароити манзилию маишии хонандагон

Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе дорои як бинои чорошёнаи хобгоҳ мебошад. Дар бинои хобгоҳи коллеҷ ҳам устодону кормандон ва ҳам донишҷӯён истиқомат намуда истодаанд. Маъмурияти коллеҷ дар моҳи августи соли 2017 хобгоҳи коллеҷро пурра аз таъмири капиталӣ бароварда, барои зисти донишҷӯён дар ҳуҷраҳо катҳои хоб, ҷевон, мизу курсӣ ва тамоми шароитҳои зиндагонӣ ва дарстайёрнамоиро муҳайё намудааст. Бо мақсади беҳтар намудани шароити зисти хонандагон дар хобгоҳ ошхонаи алоҳида барои хӯрокпазии донишҷуён бо тамоми лавозимотҳои зарурӣ омода карда шудааст.

 

Низоми кредитӣ

Айни замон дар Коллеҷ низоми кредитии модулии таълим ба роҳ монда шудааст, ки ин намуди нави ташкили раванди таълим барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва рақобатпазир дар бозори ҷаҳонии меҳнат ба ҳисоб меравад. Татбиқи ин раванд яке аз қадамҳои аввалини муассиса барои ворид гаштан ба низоми таълимии аврупоӣ мебошад. Дар шароити кунунии рушди бемайлони илму техника ислоҳоти соҳаи маориф ба он равона гардидааст, ки низоми анъанавии таҳсилро ба стандартҳои умумиҷаҳонии таълим ҳамоҳанг намуда, дар ин замина барои боз ҳам беҳтару хубтар амалӣ намудани низоми бисёрзинагии таълим ва низоми кредитӣ - модулии таҳсилот шароит фароҳам оварда шавад. Низоми кредитӣ - модулии таълим ин шакли аврупоии гузаронидани кредитҳо (European Credit TransferSystem-ECTS) мебошад, ки дар доираи созишномаи Болония амалӣ гардида истодааст. Ин созишномаро вазирони маорифи  29 давлати Аврупо, аз ҷумла Фаронса, Британия Кабир, Олмон, Италия, Испания бо мақсади ташаккулёбии фазои ягонаи умумиаврупоии таҳсилоти олӣ 19 июни соли 1999 дар шаҳри Болонияи Италия ба имзо расониданд. Боиси ифтихор аст, ки ҶумҳурииТоҷикистон ба созишнома дар соли 2005, имзо гузошта, яке аз давлатҳои баробарҳуқуқи раванди ислоҳоти соҳаи маориф гардид. 

 

Шуъбаи робитаҳои хориҷӣ

Дар санаи 5-7 марти соли 2018 проректор оид ба таълими Донишгоҳи Давлатии Полоцскийи шаҳри Белоруссия Юрий Петрович Голубев бо намояндаи намояндагии  Сафоратхонаи Белоруссия дар Тоҷикистон дар асоси мактуби Сафоратхонаи  Белоруссия дар Тоҷикистон бо даъвати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд Донишгоҳу Донишкадаҳо ва инчунин коллеҷҳои шаҳри Душанбе ва тобеи марказ ва ба Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе  ташриф овард.  Дар толори китобхонаи коллеҷ бо донишҷӯён намояндаи Донишгоҳи Давлатии Полоцкий шиносоӣ пайдо намуда, оид ба қабули хатмкунандагони коллеҷ, ба Донишгоҳи Давлатии Полоцскийи шаҳри Белоруссия  презентатсия намоиш дода шуд.

Шуъбаи илм ва робитаҳои хориҷии коллеҷ аз рӯйи нақша ва барнома чорабиниҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Дар ҳар як кафедра маҳфили илмии донишҷӯён фаъолият менамояд ва ҳар як кафедра аз рӯйи нақшаи корӣ ва ҷашнҳои дар нақша бударо иҷро менамоянд. Ҳар моҳ аз тарафи кафедраҳои фанҳои гуманитарӣ, Баҳисобгирӣ ва иқтисодиёт, табиӣ-риёзӣ ва технологияи телекоммуникатсионӣ конференсия, мизи мудаввар, вохӯриву мулоқотҳо бо адибону забоншиносон ва ходимони илму фарҳанг ва маҳфилҳои зиёде гузаронида мешавад.

Аз он ҷумла, як чанд маҳфилҳо ва конференсияҳои илмӣ дар мавзӯҳои гуногун: «Ҳимояи Ватан рисолаи мо ҷавонон аст», «Рукнҳо ва омилҳои асосии таҷлили ваҳдати миллӣ», «Пешгирии зуҳуроти номатлуби хариду фурӯши одамон», «Нақши Пешвои миллат дар тарбияи насли наврас», «Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028», «Нақши Президент дар рушди иқтисоди миллӣ» «Пешвои миллат поягузори сулҳу ваҳдат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра гузаронида шуд. 

    

Дастовардҳо

Рӯзҳои 18-19-уми майи соли ҷорӣ дар коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ даври ҷамъбастии озмуни  ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз фанҳои таълимӣ  бо иштироки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуридин Саид баргузор гардид. Дар озмун  дар миёни 64 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе аз фанни «Таърихи халқи тоҷик» донишҷӯйи курси 3-юми гурӯҳи таълимии №47 Кенҷаев Расулҷон сазовори ҷойи дуввум шуд. 

Соли равон барои тамоми омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ соли фаромушношуданӣ ва хотирмон ба ҳисоб меравад, чунки тибқи мактуби даъватии  коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Академик М. Осимӣ  аз 26 -  30.10 – 2018 барои иштирок дар мусобиқаи варзиши намуди волейбол байни омӯзгорон ва донишҷӯёни 16 – муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии кишвар иштирок намуда, дастаи волейболбозони донишҷӯён ҷои якум ва дастаи омӯзгорон ҷои дуюмро ба даст оварда бо медалҳо, ифтихорномаҳо маблағҳои пулӣ мукофотонида шуданд. 

Моҳи октябри  соли ҷорӣ дастаи волейболбозони коллеҷ дар мусобиқаи ҷумҳуриявии волейбол байни коллеҷҳо сазовори ҷойи якум гаштаанд. 

Дар санаи 06-04-2018 дар толори китобхонаи коллеҷ бахшида ба 140-солагии зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Қаҳрамони Тоҷикистон, аввалин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон устод Садриддин Айни бо иштироки васеи омӯзгорон ва  донишҷӯён конференсияи илмӣ-адабӣ ва викторина баргузор гардид. Баргузор гардидани чунин ҷамъомади илмӣ бори дигар донишҷӯёнро ҷиҳати такрор намудани адибони қаблӣ ва бедор намудани ҳисси ватандӯстиву қавииродагӣ дар рушди фарҳангӣ забони давлатӣ бедор менамояд. 

Бояд қайд кард, ки кормандони муҳандисию педагогии коллеҷи мазкур  барои дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоӣ касбӣ», дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи маориф,  дастуру супоришҳои Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси «Низомнома» ва «Оиннома» кори таълиму тарбия ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос саҳми зиёд гирифтаанд ва алъон барои муҳассилин ҳама шароиту имкониятҳо муҳайё карда шудааст. Бинобар ин ба ҳар нафаре, ки дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе ба таҳсил фаро гирифта мешавад, кафолати пурраи аз худ намудани касби дӯстдоштааш дода мешавад.      

Холиқи Муҳаммадназар,

Маркази тадқиқоти журналистӣ

Хонданд 109
Муҳаббат! Бузургтарин яроқ дар муқобили зӯроварӣ!

Ё чанд пешниҳод барои пешгирии зӯроварӣ дар оила 

Муҳаббат ва зӯроварӣ - ду мафҳуми мухолиф ва инкоркунандаи якдигар. Ду мафҳуме, ки ҳеҷ вақт наметавонанд паҳлӯи ҳам бошанд ва ё якдигарро пурра намоянд. Вақте аз муҳаббат сухан мегӯем ва ба зӯровариву зулму шиканҷа дар оила рӯ ба рӯ мешавем, ҳатман ба хулосае меоем, ки пояи ин оила аз ғишти муҳаббат бунёд наёфтааст, зеро агар пояи оила аз ғишти муҳаббат бунёд мешуд, ҳатман бо лойи меҳр сиришта мешуд ва муқаддасоте чун оиларо гиромӣ медошт.  Коршиносон эътироф кардаанд, ки зӯроварӣ танҳо дар оилаҳое арзи вуҷуд мекунад, ки муқаддасоте бо номи муҳаббат вуҷуд надошта бошад. Ҳама гуна зӯровариву нофаҳмӣ дар оила ҳамон вақт сурат мегирад, ки миёни аҳли оила муҳаббат, вафодорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми тарафайн вуҷуд надошта бошад. 

 

Оила, давлати кӯчаке дар дар таркиби давлати бузург!

    Оила худ муқаддас аст ва ҳар ки ин муқаддасотро поймол мекунад, ӯ хиёнат ба аҳли оила, аз ҷумла ба фарзандон мекунад. Фарде ки ба оила хиёнат кард, ӯ хатман ба муқаддасоти дигар, аз ҷумла ба Ватан низ хиёнат хоҳад кард. Оиларо беҳуда пояи давлат ва давлатдорӣ намегӯянд, зеро давлат аз оила сарчашма мегирад ва оила худ як давлати кӯчак низ ҳаст. Давлате, ки сарвар, мақомоти иҷроия ва шаҳрвандони худро дорад. Ободии давлати бузург маҳз аз ҳамин давлати кӯчак сарчашма мегирад. Агар дар ин давлати кӯчак аҳли оила бо ҳам тифоқ бошанду фарзандони худро дар доираи ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳру муҳаббат тарбия намоянд, ҳатман аҳли ин оила оянда давлатро низ бо меҳру муҳаббат бунёд хоҳанд кард ва ҳар давлате ки бо меҳру муҳаббат бунёд мешавад, пояндатарин давлат аст. Бинобар ин, барои пешгирии зӯроварӣ дар оила, пеш аз ҳама бояд оиларо дар асоси ишқи пок ва садоқату вафодорӣ бунёд намоем. Дар мазраи диле, ки муҳаббат парварида мешавад, гули вафо, устуворӣ, матонат ва фазилатҳои неки инсонӣ шукуфон мегардад. Дар ҳолати баръакс, яъне бе ишки пок, бе муҳаббати самимӣ ва бе эҳтироми тарафайн бунёди оилаи солим ғайриимкон аст. Оқибати ҳама гуна беэҳтиромӣ бошад, дар ниҳоят ба зӯроварӣ, ҷудошавӣ ва ҳатто худкушиҳо оварда мерасонад. 

Чи бояд кард, ки ҳам пеши роҳи зӯроварӣ гирифта шавад, ҳам вайроншавии оилаҳо кам гарданд? Чи бояд кард, ки боварӣ ва эътиқод дар оила ҳукмфармо ва зӯровариву шиканҷа ба кунҷи фаромӯшӣ равад? Чи бояд кард, ки қонунҳо ва қарорҳо на ба ном, балки дар амал фаъолияти худро нишон дода, пеши роҳи зӯроварии оилавиро гиранд ва худкушиҳоро пешгирӣ намоянд? Инҳо суолҳоеянд, ки омӯзиши дақиқ ва посухи ҳаматарафа мехоҳанд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ набояд ба он бетарафӣ зоҳир намояд. Мехоҳам дар ин мавод барои пешгирии зӯроварии оила якчанд пешниҳодҳо намоям. Пешниҳодҳое, ки ба назари банда каме ҳам бошад, метавонад зӯроварӣ ва вайроншавии оилаҳоҳоро пешгирӣ кунанд.

 

Бештар кардани ҷавобгарӣ

бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо 

Ба назари банда, барои решакан кардани зӯроварӣ нисбат ба зан Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки дар Қонун "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила" ва “Кодекси ҷиноятӣ” якчанд тағйирот ворид намуда, ба онҳое ки дар оила даст ба зӯроварӣ мезананд, ҷазои сангинтаре муайян созад. Зеро агарчӣ Қонун “ДАР БОРАИ ПЕШГИРИИ ЗУРОВАРИ ДАР ОИЛА” муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ танзим намуда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зуроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда муайян менамояд, вале таҷриба нишон медиҳад, ки ҳанӯз камбудиҳо зиёданд. Бинобар ин, нахуст бояд бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузориҳои ҷории кишвар  нақши воқеан баробари зану шавҳар аз рӯзи аввали бунёди оила ба таври қнунӣ таъмин карда шавад. Зеро ҳар як амали зӯроварӣ нишон медиҳад, ки ҳанӯз ҳам баробарии зану мард дар оила таъмин нест ва ҳанӯз гурӯҳе аз мардон занҳоро на ҳамчун ҳамрадифу ҳаммаром дар бунёди оила, балки чун хизматгор, итоаткор ва танҳо иҷрокунандаи дастуру фармонҳо медонанд. Агар вазифаҳои ба дӯшаш гузошташударо зан дар вақташ иҷро накунад, ӯ аллакай мавқеи худро дар оила гум мекунад ва мавриди сарзанишу танбеҳ ва ҳатто зӯроварӣ қарор мегирад.  Бинобар ин қонуне зарур аст, ки аз рӯзи оғози ҳамзистии муштарак, баробариро дар оила кафолат диҳад ва вайронкунандагони онро ба ҷавобгарӣ кашад. Бояд ҳам зан ва ҳам мард ба таври қонунӣ дарк кунанд, ки бунёди оила аз ду нафар иборат аст ва нигоҳдориву равнақи онро низ маҳз ин ду нафар асос мегузоранд. 

 

Дастгирии бештари оилаҳои ҷавон аз тарафи давлат

Ба назар чунин мерасад, ки яке аз омилҳои дигаре, ки мавриди бештари зӯроварӣ дар оила қарор мегирад, ин нақши камранги давлат дар пешгирии зӯроварӣ дар симои Кумитаи кор бо занони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Зеро агарчӣ Кумитаи кор бо занон салоҳиятҳои зиёд дорад, вале салоҳиятҳо ва масъулиятҳои худро на ҳамеша ба таври бояду шояд иҷро мекунад. Таҷриба нишон медиҳад, ки нақши созмонҳои ғайридвалатии кӯмакрасон ва ҳимояи ҳуқуқи занон нисбат ба Кумитаи кор бо занон бештар аст. Барои далел метавонам, мисолеро орам, ки зане аз ноҳияи Панҷакент ба Раиси Кумитаи кор бо занон, ба шӯъбаҳои Кумитаи кор бо занон дар ноҳияҳои Истаравшан ва Панҷакент борҳо муроҷиат карда бошад ҳам, ҳатто натавонист, ки чизу чораи худро аз хонаи шавҳараш бозпас гирад ва ё ба фарзандаш алимент ситонад. Зеро на Кумитаи занон кӯмакаш кард ва на роҳпулие дошт, ки аз Панҷакент ба Истаравшан рафта, чизу чораашро бозпас гирад ва ё адвокат киро кунад. Нодорию камбағалӣ ба чунин занҳо имконият намедиҳад, ки ҳуқуқҳои худро ҳимоя кунанд ва аз зӯроварӣ эмин бошанд. Бинобар ин, бояд нақши Кумитаи занон дар ин самт бештар бошад.

Нақши дуюме ки давлат метавонад барои солим нигоҳ доштани оилаҳо дошта бошад, ин сиёсатӣ иҷтимоӣ аст. Зеро яке аз сабабҳои муноқишаҳои оилавӣ ин сатҳи пасти зиндагӣ, қашшоқӣ ва нодорӣ аст. Давлатро зарур аст, ки аз ҷиҳати иҷтимоӣ ба оилаҳои ҷавон кӯмак кунад. Алъон кӯмакпулии давлат, ки ба модару кӯдак дода мешавад, дар як моҳ ҳамагӣ 50 сомониро ташкил медиҳад ва бояд иқрор кард,  ин кӯмакпулӣ на ба модар кӯмаке мешаваду на ба оила ва ҳатто папмерси якмоҳаи кӯдакро таъмин намекунад. Барои бардоштани вазъи иҷтимоии оила бояд ин кӯмакпулӣ аққалан ба ҳадди аққали маош, яъне ба 400 сомонӣ баробар карда шавад. Ин муқаррарарот, дар моддаҳои 165 ва 219-и Кодекси қаблии меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ном вуҷуд дошту расман амал намекард вуҷуд дошт ва то якунимсола шудани тифли навзод аз тарафи давлат кӯмакпулии оилавӣ, алалхусус пардохти яквақтаина ва «кӯмакпулии ҳармоҳа» дар ҳаҷми 100% (фоизи) ҳадди ақали моҳонаи музди меҳнат» муайян карда шуда буд, вале ба ҷои ҳадди ақали маош модару кӯдак ҳамагӣ 40 сомонӣ мегирифтанд. Дар Кодекси нав ин муқаррарот барҳам дода шуд ва алъон ба модару кӯдак ҳамагӣ 55 сомонӣ дода мешавад.

 Кумитаи кор бо занони назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи оиларо зарур аст, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба барқарор намудани муқаррароти моддаҳои 165 ва 219-и Кодекси қаблии меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон яъне  «кӯмакпулии ҳармоҳа» дар ҳаҷми 100% (фоизи) ҳадди ақали моҳанаи музди меҳнат»  расман муроҷиат намуда, дархости қабули онро кунанд. Дастгирии иҷтимоӣ аз тарафи давлат ва ба ҳадди ақали маош баробар  кардани кӯмакпулӣ метавонад, каме ҳам бошад, сатҳи зиндагии оилаҳои ҷавонро баланд бардошта, низоъу зӯровариро дар оила камтар намояд. Тибқи маълумоти оморӣ солона наздик ба 500 занон қасди худкушӣ мекунанд, ки аксари он дар натиҷаи зӯроварӣ ва омили иҷтимоӣ ба амал омадааст.

 

Ҳамоҳангсозии ҷиддии фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ

бо мақомотҳои марбутаи давлатӣ

Пешниҳоди дигаре, ки барои барҳамдиҳии зӯроварӣ дорам, ба назари ман бояд фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии Лоиҳаи PDV-ро густурдатар намуда, нақши ин лоиҳа дар пешгирии зӯроварӣ бештар карда шавад. То онҷое огоҳем ҳанӯз 30 нояби соли  2017 дар меҳмонхонаи  Ҳаят, бо мақсади муттаҳид намудани саъю кӯшишҳои дастгирии татбиқи Қонун “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва Барномаи давлатии пешгирии зӯровари дар оила   дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2014-2023 ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсозии лоиҳа бо иштироки намояндагони донори лоиҳа, Ҳукумати Шветсария ва намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, Вазорати корҳои дохилии ҶТ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми ҶТ, Вазорати адлияи ҶТ, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ  ва инчунин як катор ташкилотхои байналмалалӣ ба мисли   Helvetas, UNDP, UNFPA ва ғайра баргузор гардида буд, вале дар фаъолияти яксола мушоҳида шуд, ки ин Шӯро агарчӣ хеле фаъолияти густурда дошт, ҳанӯз ба натиҷаи назаррас ноил нашудааст. Бисёр хуб мешуд, ки дар оянда корҳои фаҳмондаиҳиро байни оилаҳо ба роҳ монда, тамоми ниҳодҳои марбута ва созмонҳои дар он ширкаткунанда дар атрофи ҳам муттаҳид шуда, оддитарин зӯровариро мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор диҳанд ва занони нодору камбағалеро, ки мавриди зӯроварӣ қарор мегиранд, зери муҳофизати худ гиранд. 

 

Барҳам додани ташхисҳои маҷбурӣ,

аз ҷумла сертификати бакорат

    Чанде пеш Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Идораи ҳуқуқи башар ва бахши СММ дар умури занон дар изҳороти муштараки худ даъват ба амал оварданд, ки ба “таҷрибаи бисёр дардноку таҳқиромез ва осебгузори санҷиши бакорат, дар ҳолате, ки зарурати тиббии анҷоми чунин санҷиш вуҷуд надорад, хотима дода шавад”.

Мутахассисони СММ санҷиши бакоратро як ҳолати бисёр таҳқиромез меноманд ва мегӯянд, ки он ҳуқуқи занону духтаронро поймол мекунад ва ба сиҳатии табииву равонии онҳо таъсири манфӣ мегузорад. Ҳатто Шӯрои уламои Тоҷикистон аз ҳодисаҳои зиёди ташхиси бакорат дар кишвар изҳори нигаронӣ карда, ҳушдор дод, ки бо ин баҳона набояд шаъну шарафи занон поймол шавад. Масъулини Шӯро мегӯянд, бакорат масъалаи хусусӣ аст ва аз ин роҳ бо обрӯи занон бозӣ кардан дуруст нест. 

   Тақдири Мастонаи Асо, як сокини ноҳияи Балҷувон  нишон дод, ки ҳатто сертификати тиббии пешниҳодшуда натавонист ӯро аз зӯроварӣ ва таҳқиру тӯҳмат ҳифз намояд. Пас чӣ заруряте барои чунин сертификат вуҷуд дорад? Бояд чунин ташхис танҳо дар сурате роҳандозӣ карда шавад, ки агар арӯсу домод қабл аз издивоҷ нисбати якдигар шубҳа дошта бошанд, дар ҳолатҳои дигар бояд комилан чунин ташхисот аз байн бурда шавад.

Равоншиносоне, ки дар мавзӯъҳои зӯроварии оилавӣ дар рӯзҳои нахустини оиладорӣ  тадқиқотҳо анҷом додаанд, мегӯянд, ки  дар аксар ҳолатҳо шаби якум низоъ аз бетаҷрибагии ҳарду тараф оғоз меёбад. Онҳо ҳатто иброз медоранд, ки “баъзе аз занон шаби аввали ҳамхобагиашонро чун хоби дахшатноке нақл мекунанд”. Чунки қабл аз издивоҷ на ба духтар на ба писар оини ҳамхобагӣ ҳаматарафа омӯхта намешавад ва ин омил низ боиси пайдоиши нофаҳмиву зӯроварӣ мегардад. Барои он ки ҳанӯз аз шаби аввали ҳамзистии муштарак ҳамдигарнофаҳмиву зӯроварӣ сурат нагирад, ба ҷои пешниҳоди сертификат, бояд ба навхонадорон аз тарафи равоншиносон ё шахсони таҷрибадори ба онҳо наздик дарси муҳаббат, эҳтиром, садоқат ва ҳатто дарси ҳамхобагӣ гузаронида шавад. 

Ин буд чанд пешниҳоди банда барои бунёди оилаи солим ва пешгирии зӯроварӣ, ки умедворам мавриди пуштибонӣ қарор мегирад. Зеро, мо бояд иззати хонаро дар дӯстӣ, сарвати хонаро дар шодӣ, зебогиро дар покизагӣ, устувориро дар тарбият, гармиву сафои хонаро дар муҳаббат дарёфт намоем на дар зӯровариву шиканҷа.

 

Холиқи Муҳаммадназар 

Маркази тадқиқоти журналистӣ

Хонданд 169

Хабари-рӯз

Календар

« Январ 2019 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Нигоҳи хос

  • Баҳонаи зистан

    Мақсад доштан маънои баҳонае барои нафас гирифтанро дорад. Соли 2018…
  • МАСЛИҲАТ

    Аз дидаву шунида Салом, хонандагони гиромии ҳафтаномаи «Фараж»! Мо аз…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.