.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҷомеъа

Дар истиқболи рӯзи Арафа

Авг 26, 2017
Диданд: 764

Таърих ва фазли рӯзи арафа

Дар таърихи Ислом рӯзе бо номи арафа зикр мегардад, ки он барои мусалмонон аз бузургтарин рӯзҳои сол ба таври мутлақ ба ҳисоб меравад. Худованд як солро иборат аз 12 моҳ гардонида, аз миёни ин дувоздаҳ моҳ чор моҳи онро ҳамчун моҳҳои ҳаром қарор додааст ва аз миёни он чор моҳ моҳи зулҳиҷҷаро аз беҳтарини онҳо гардонида, даҳ рӯзи аввали ин моҳро аз беҳтарини рӯзҳои сол унвон кардааст. Дар Қуръони карим ба чунин оят дучор меоем, ки Худовандфармудааст: “Савганд ба субҳгоҳон ва савганд ба шабҳои даҳгона” (Сураи Фаҷр, ояти 1). Шоҳи муфассирон Ибни Аббос ва ду муфассири барҷастаи Қуръон, ибни Зубайр ва Имом Муҷоҳид ин оятро тафсир намуда, гуфтаанд, ин даҳ рӯзе, ки Худованд ба онҳо савганд ёд кардааст, бешак даҳ рӯзи аввали моҳи зулҳиҷҷа аст, ки рӯзи даҳуми он рӯзи арафа мебошад. Мусаллам аст, ки ба ҳар он чизе, ки Худо савганд ёд мекунад, далели бузургии он чиз мебошад. Барои таърифи фазилату бузургии ин даҳ рӯз ҳамин кофӣ аст, ки уламои Ислом ихтилофи назар кардаанд, ки кадоме аз ин ду даҳрӯза, даҳ рӯзи аввали моҳи зулҳиҷҷа ва ё даҳ рӯзи охири моҳи рамазон афзалтар аст. Ва беҳтарин баррасиро атрофи ин масъала олимони мазҳаби ҳанафӣ ба анҷом расонидаанд. Онҳо хулоса намуда, зикр мекунанд, ки даҳ рӯзи аввали моҳи зулҳиҷҷа аз даҳ рӯзи охири моҳи рамазон беҳтару бофазилаттар аст ва даҳ шаби охири моҳи рамазон аз даҳ шаби аввали моҳи зулҳиҷҷа беҳтару бофазилаттар аст. Онҳо таъкид ба амал овардаанд, ки вобаста ба ҳалли ин савол аз ин ҷавоби боло дида, дигар андешаи солиму савоб пайдо намудан ғайри имкон аст. Маҳбубтарин амал оне аст, ки дар даҳ рӯзи аввали моҳи зулҳиҷҷа ба анҷом мерасад, чунки дар он айёми даҳгона рӯзи арафа, рӯзи наҳр (қурбонӣ) ва рӯзи тарвия (нӯшидан аз оби зам-зам), мавҷуд аст. Ва дар рӯзи арафа ҳоҷиён дар хонаи Худо яке аз муҳимтарин маносики ҳаҷро ба анҷом мерасонанд, ки он истодан дар болои куҳи арафот мебошад. Куҳи арафот аз Маккаи мукаррама 22 километр дуртар воқеъ гаштааст. Паёмбари Худо (с) бо уштур дар болои куҳи мазкур истода, хутбаеро бо номи “Ҳаҷҷатулвадоъ” хондааст, ки дар таърихи Ислом бузургтарин хутба ба шумор меравад.
Таърихнигорон вобаста ба номгузории ин рӯз бо номи арафа, андешаҳои мухталифро ироа доштаанд, ки аз ҷумла Муфассири тобеин Заҳҳок мегӯяд, замоне Худованд Одам (а)-ро ба осмони дунё фиристод, ӯ дар сарзамини Ҳиндустон қарор гирифт. Аммо Ҳавво бошад дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ қарор гирифт. Ҳамин тариқ Одам ва Ҳавво ба ҷустуҷӯи ҳамдигар шуруъ намуданд ва бо ҳамдигар дар Арафот во хӯрданду якдигарро шинохтанд аз ин сабаб ин рӯзро рӯзи арафа ном гузоштанд, яъне рӯзи шиносоӣ. Вобаста ба ин масъала андешаи дигарро Имом Суддӣ гуфтааст, ки замоне Ҳоҷар, ҳамсари ҳазрати Иброҳим (а) бо Исмоил ҳомила буд, аз назди Сора, ҳамсари дигари Иброҳим ба дигар макон рафт. Дар он ҳангом ҳазрати Иброҳим (а) дар хона набуд, вақте ӯ ба хона баргашт, дар ҳоле, ки Сораро дар хона пайдо накард ва аз пайи ҷустуҷӯи ӯ рафту онҳоро дар куҳи Арафот пайдо кард ва писараш Исмоилро дар онҷо диду шинохт. Пас он рӯзро рӯзи арафа, яъне рӯзи шиносоӣ ном ниҳоданд. Ё аз он ки мардуми мусалмон ҳар соле баҳри адои ҳаҷ дар арафот бо ҳам мулоқот мекунанд ва бо ҳамдигар таоруф ва шиносоӣ пайдо мекунанд, шояд аз ин сабаб чунин номгузорӣ шуда бошад. Сабабҳои дигар низ аз ҷониби донишмандон зикр гардидаанд, аммо ба назари аксари уламо қавли савобтару саҳеҳтар қавли аввал мебошад.

Чанде аз амалҳои солеҳ

Ба он маънӣ бояд дарк намоем, ки амали солеҳ анҷом додан хоси як солу як моҳ ва рӯзу соат нест. Чунон, ки баъзеҳо худро ба бандаи мавсимӣ табдил медиҳанду моҳи рамазон дар зумраи обидину солиҳин худро ворид намуда, пасон тарки амали нек мекунанд ва то рамазони дигар тамом. Ба он маънӣ бояд дарк намуд, ки амали солеҳ ҳамеша, дар ҳар лаҳзаву соату дақиқа аз бандаи муъмин матлуб мебошад, аммо чунин вақтҳои хосе мавҷуд аст, ки Худованд савоби амалро бештар гардонидааст.
Ба ин маънӣ метавон гуфт, ки яке аз амалҳои солеҳ, ки дар айёми арафа анҷом дода мешавад, албатта баъди адои фарзҳои Худо, ин рӯза гирифтан ба шумор меравад. Ин ба он тавр аст, ки рӯза доштани нуҳ рӯзи аввали моҳи зулҳиҷҷа суннат буда, рӯзи даҳумаш ҳаром аст, чунки рӯзи даҳуми он рӯзи наҳр, яъне иди қурбон, ё худ иди азҳо мебошад. Чун, рӯзи ид рӯзи хӯрдану нӯшидан ва хушҳолӣ мебошад, аз ин сабаб рӯза доштани онро қонунгузор мамнуъ ва ҳаром гардонидааст. Таъкид бояд кард, ки баъзан нафарон надониста рӯзҳои идро рӯза медоранд, ки ин амал айни ҷаҳолат ва хато буда, эшон аз ин амали хеш савоб не, балки гуноҳу маъсият касб менамоянд. Дар баъзе ҳадисҳо ворид гаштааст, ки расули Худо (с) нуҳ рӯзи аввали зулҳиҷҷаро ҳамеша рӯза медоштанд. Ҳафса ривоят мекунад, ки “Чор амале буд, ки расули Худо ҳаргиз онҳоро тарк намекарданд. Рӯза доштани рӯзи Ошуро, рӯза доштани нуҳ рӯзи зулҳиҷҷа, рӯза доштани се рӯз аз ҳар моҳ ва ду ракаат суннати намози бомдод” (Ривояти Аҳмад). Уламои ислом иттифоқи назар доранд, ки рӯзаи рӯзи арафа баъди рӯзаи моҳи рамазон бузургтарин рӯза ба шумор меравад. Ҳазрати Оиша (р) гуфтаанд: “дӯстдоштатарин рӯзае, ки дар давоми сол мегирам, ин рӯзаи рӯзи арафа мебошад”. Мавриди зикр аст, ки агар ба касе рӯза доштани нуҳ рӯзи моҳи зулҳиҷҷа муяссар нагардад, ҳаддалақал як рӯзи онро, яъне рӯзи нуҳумашро рӯза бидорад. Чунки касе ин рӯзаро аз рӯи ихлосу имон адо мекунад, гуноҳони як сол қаблу як сол баъдаш маҳв карда мешавад. Дар ин маврид дар ҳадис зикр мегардад, ки расули Худо фармудаанд: “Худованд гуноҳони як сол пеш ва як сол баъди рӯзи арафаро маҳв месозад”. Дар дигар ҳадис мефармоянд: “Ҳар мусалмоне, ки як рӯзро дар роҳи Худо рӯза медорад, бешак Худованд бо он як рӯз рӯзааш, чеҳраи ӯро ба масофаи ҳафтод тирамоҳ аз оташи ҷаҳаннам дур месозад”. Имом Нававӣ шореҳи саҳеҳи Муслим таъкид намудааст, ки “Рӯза доштани “Айёми ъашр” яъне даҳ рӯзи зулҳиҷҷа бо шиддат мустаҳаб мебошад”.
Дигар амали хайр дар рӯзҳои арафа зикри Худо мебошад. Гарчанде, ки зикр дар тамоми вақтҳо мустаҳаб ва савоб аст, аммо савобу фазилати он дар даҳ рӯзи аввали моҳи зулҳиҷҷа даҳчанду садчанд хоҳад гашт. Дар мавриди афзалияти зикри бисёр дар ин даҳ рӯз уламо оятеро ҳамчун далели қотеву равшан зикр мекунанд: “Ва дар рӯзҳои муайян онҳо (ҳоҷиён) Худоро зикр мекунанд...” (Сураи Ҳаҷ, ояти 28). Таъкид бояд кард, ки ҷумҳури уламои Ислом рӯзҳои муайянро ҳамин даҳ рӯзи аввали моҳи зулҳиҷҷа гуфтаанд.
Дигар аз амалҳои неки рӯзи арафа ин бо ихлос ва умеди қабул дуо намудан аст. Паёмбари Худо (с) дар ин бора таъкид кардаанд, ки “Беҳтарин дуо, дуои рӯзи арафа аст ва беҳтарин сухане, ки ман ва паёмбарони пеш аз ман гуфтаанд, ин гуфтани ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу лаҳул мулку ва лаҳул ҳамду ва ҳува ало кулли шаёъин қадир, мебошад”. Бештар аз ҷониби уламо матлуб он аст, ки дуои озодӣ ва раҳоӣ аз оташи дузах бошад. Чунки ҳазрати Али бештар ин дуоро мекард, ки “Боро Худоё гардани маро аз оташи ҷаҳаннам халос бинамо”. Имом Нававӣ низ таъкид мекунад, ки “Бузургтарин рӯзҳои сол барои дуо кардан ин рӯзи арафа мебошад”.
Дигаре аз амалҳои солеҳ дар айёми даҳгона ин қиёми лайл, ё худ ба намоз ва қироати Қуръон гузаронидани қисмате аз шабҳои он мебошад. Ин амал дар шабҳои мазкур беҳтарин василаи тақарруб ва наздикӣ ба Худо ба ҳисоб меравад. Саҳобаҳои паёмбари Худо ин даҳ рӯзро мавсими тоату ибодат пиндошта, барои ба тоату ибодат сипарӣ намудани он рӯзҳо кӯшиши зиёд ба харҷ медоданд. Ҳамчун намуна метавонем Саъид ибни Ҷубайрро зикр намоем, ки ӯ дар ин даҳ рӯз чунон ба тоату ибодат машғул мегаштааст, ки дигар аз ҳаракат боз мемондааст. Ҳатто аз ӯ ривоят аст, ки мегуфт “Дар ин даҳ рӯз шабҳо чароғҳоятонро хомӯш накунед” (Ҳадиси Имом Муслим). Мақсади ӯ аз равшан намудани чароғ дар он аст, ки соҳибони он хонаҳо кӯшиш намоянд, то хонаҳояшон бо қиёми лайл, бо қироати Қуръон ва зикр равшану нӯронӣ бошад.
Дар умум ҳар як мусалмонро зарур аст, ки даҳ рӯзи моҳи зулҳиҷҷа, махсусан рӯзи арафаро бо амалҳои солеҳ сипарӣ намояд. Чунки даҳ рӯзи арафа дар назди Аллоҳ нисбат ба дигар рӯзҳо маҳбубтар ва афзалтар аст. Ин ба он ваҷҳ аст, ки аҷру подоши амал дар ин рӯзҳо даҳчан мегардад, инчунин аҷру подоши соҳиби амал дар назди Худо аз муҷоҳиди роҳи Ӯ афзалтар мебошад.

Абдулваҳҳоби АБДУЛМАННОН 

Хонданд 764

Ҷинояти волидон

Авг 18, 2017
Диданд: 476

Он чӣ таъсире ба ҳолати равонии кӯдакон мерасонад?

Бино ба пажӯҳишҳо, кӯдакон қишре ҳастанд, ки аз ҷангу фақр зиёни бештар мебинанд. Дар кишварҳои ҷангзада ва фақир вазъи зиндагии кӯдакон хуб набуда, то кунун фавти хеле зиёди кӯдакон ба назар мерасад. Ҳифзи нокифояи саломатии кӯдакон, набудани имкониятҳои зарурии гирифтани таҳсилоти оддӣ мушоҳида мегардад. Бар замми ин, вазъи кӯдакони ҷабрдидаи низоъҳои мусаллаҳона боиси нигарониҳои боз ҳам бештаре шудааст.

Кумита оид ба ҳуқуқи кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид дар гузоришаш, ки аввали соли равон нашр шуд, аз ҳузури беш аз дусад навраси тоҷик, аз ҷумла 91 духтар ва 115 писар дар Сурияву Ироқ хабар дода буд.

Раҷабмо Бадриддинова, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар робита ба ин гузориш тасдиқ карда буд, ки “ҳамаи онҳо шаҳрвандони мо ҳастанд ва албатта, бар сари наҷоти онҳо андеша мекунем. Ин кӯдакон бо падару модарашон ба Ховари Миёна рафтаанд ва онҷо дармондаанд”.

Дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз пешниҳоди омори расмӣ дар мавриди кӯдакони тоҷике, ки дар ин кишварҳои ҷангзада қарор доранд, худдорӣ меварзанд. Абдураҳим Абдулҳасаниён, сардори Раёсати назорати амнияти миллии Прокуратура дар нишасти ахири матбуотии ин ниҳод аз пешниҳоди омор дар мавриди теъдоди иштирокчиёни ҷангҳои Сурияву Ироқ, ҳамчунин омори занону кӯдакони тоҷикистонӣ дар ин кишварҳо худдорӣ намуда буд.

Чанде пеш созмони байналмилалии “Save the Children” бо нашри таҳқиқоти худ гуфта буд, ки таъсири ҷангҳои тӯлонӣ дар Сурия ба ҳолати равонии кӯдакон таъсири амиқ расонидааст. Бино ба гузориши ин созмон, айни ҳол беш аз 730 миллион кӯдак дар саросари ҷаҳон аз даврони тифлият маҳруманд. Ин созмон дар ин гузориш фақр, адами дастрасӣ ба беҳдошт, набудани заминаҳои таҳсилӣ ва даҳҳо мушкили дигарро зикр кардааст, ки ба зиндагии кӯдакон бошиддат таъсир мегузоранд. Созмони мазкур бо таҳқиқи вазъияти зиндагии кӯдакон дар 172 кишвари ҷаҳон ба ин натиҷа расидааст, ки ҷанг, хушунатҳои шадид, оворагӣ ва беҷосозии иҷборӣ, кори кӯдакон, хурдии сол, ҳомилагӣ дар синни поин, набудани маводи хӯрока ва системаи саломатии заиф сабаб гардидаанд, ки даврони кӯдакии беш аз 730 миллион кӯдак барбод равад. Гуфта мешавад, ин рақам чаҳор дар яки тамоми кӯдакон дар саросари ҷаҳонро ташкил медиҳад.

Тибқи пешбиниҳои Хазинаи байналмилалии ҳифзи кӯдакон (ЮНИСЕФ), дар сурати бетаваҷҷӯҳӣ ва наандешидани чораҳои зарурӣ то соли 2030 аз беморӣ ё дигар омилҳои осебрасон наздики 69 миллион тифли то синни 5-сола ба ҳалокат мерасанд.

Калонсолон (волидон) дар бадбахтии кӯдакон гунаҳгоранд

Амирҷон Абдураҳмонов, сокини 27-солаи ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон моҳи майи соли 2015 ҳамроҳ бо ҳамсару ду фарзанд, бародар ва аммабачааш аз Русия ба Сурия рафта, баъдан дар сӯҳбати телефонӣ ба модараш гуфтааст, ки вазъи амниятӣ дар Сурия даҳшатнок гардида, ӯ намедонад чӣ тавр ду фарзанд ва ҳамсари ҳомилаашро аз ин кишвар берун кунад.

Гулрӯ Олимова, зодаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон соли 2014 бо се фарзанди ноболиғ ва ҳамсараш Лоиқ Раҷабов аз Русия ба Сурия рафта буд ва соли 2015 шавҳараш кушта шудааст. Радиои «Озодӣ» аз қавли модари Гулрӯ Олимова иттилоъ дода буд, ки духтараш баъди марги ҳамсараш мехостааст ба Тоҷикистон баргардад, аммо ду духтар ва як писари хурдсолашро надодаанду гуфтаанд, ки моли ДИИШ ҳастанд ва аз ин рӯ, онҳоро гузошта, худаш танҳо ба ватан баргардад.

Суди ноҳияи Рӯдакӣ 25-уми майи соли равон Абдулфайз Вазирови 33-соларо ба 13 ва ҳамсараш Моҳира Салимоваи 32-соларо ба 12 сол аз озодӣ маҳрум кард. То адои ҷазои ин хонавода се фарзанди ноболиғи онҳо зери парастории пайвандонашон хоҳанд монд. Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ин хонаводаро аз Зоҳидони Эрон ба Тоҷикистон оварданд, ки талош доштанд ба ДИИШ дар Афғонистон бипайванданд.

Пешгӯӣ кардан душвор аст, ки ноболиғоне, ки дар чунин шароит қарор мегиранд, чи гуна ба воя мерасанд. Қудбиддин Каримов, устоди риштаи равоншиносии ДМТ мегӯяд, ҳар гуна мушкилоте, ки ба амал меояд, ҳатман ба ҳолати равонии кӯдак таъсири худро мерасонад. Аз нигоҳи калонсолон ин чиз ноаён аст, гӯё кӯдак ин ҳолатҳоро намефаҳмад: “Аз нуқтаи назари психологӣ, мушкилотро аз кӯдак пинҳон доштан мумкин нест, кӯдак онро ба таври худ дарк мекунад. Баръакс, мушкилиро бо фаҳмиши кӯдак мувофиқ намуда, фаҳмондан зарур аст. Аз он ҷумла, ҳолатеро, ки гап сари рафтори носозгори падар ё модар меравад”.

Ин устоди донишгоҳ мегӯяд, аз оилаҳои ҷинояткор фарзандҳо ҳам бисёр вақт бо роҳи бад мераванд, ки инро таҳлилҳои оморӣ низ тасдиқ мекунанд: “Чаро кӯдак ба ин роҳ меравад?! Дар ин ҷо нақши муҳити маҳдуд баъд аз падару модар (онҳое, ки тарбияи кӯдакро ба дӯш мегиранд: бобо, бибӣ, тағо, амак) ва таъсири ҷомеа калон аст. Мутаассифона, аксар вақт ба кӯдак он гуна, ки ба волидайнаш баҳо медиҳанд, ҳамин гуна баҳо медиҳанд. Масалан, мегӯянд, “аз морзода мор рӯяд...”, “оқибат гургзода гург шавад”. Ҳол он ки, дар оилаи сернизоъ ва криминалӣ низ кӯдакони солим ба воя мерасанд. Ҳарчанд ин ҳолат кам аст”.

Таъсир аввал ба кӯдакон мерасад

Тибқи иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон, як соли гузашта аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо 693 ҷиноят содир шудааст. Ба бовари равоншинос Қудбиддин Каримов, дар сурати набудани волидон аз муҳити маҳдуди оила (бобо, бибӣ, тағо, амак ва дигар пайвандони ин ноболиғ) вобаста аст, ки ин нафарон бо кӯдак чи гуна муносибат мекунанд ва худашон чи гуна тарбия доранд: «Омили дигар - дараҷаи инкишофи қобилияти ақлии кӯдак то ҳамин давра аст. Агар кӯдак дуруст инкишоф ёфта бошаду худ қобилияти таҳлил карданро дошта бошад, пас мебинад, ки падар ё модараш кори хилофе карданду оқибаташ ҳамин шуд, ман намекунам».

Қудбиддин Каримов, устоди риштаи равоншиносӣ мегӯяд, онҳое, ки тарки фарзандони худ менамоянд ё маҳрум аз озодӣ ҳастанд, фарзандонашон якбора ду зарба мехӯранд: “Нигоҳи ҷомеа ба ин ноболиғон чунин аст, ки фарзанди ҷинояткор аст. Аз тарафи дигар, бе волидайн ба воя мерасанд, ки ин зарбаи шадид ба инкишофи кӯдак аст. Албатта, ҳисси бадбинӣ, дар якҷоягӣ бо ҳиси памзоншавӣ дар кӯдакон ба вуҷуд меояд. Агарчи ҳисси пазмоншавӣ мусбат арзёбӣ мегардад, вале дар асл паёмади манфӣ ҳам дорад. Мутаассифона, ҳиссиёти дугуна сабаби вайроншавии ҳолати равонии кӯдак мегардад. Маҳз ҳамин ҳиссиёт оянда метавонад ба кӯдак таъсир расонад, ки ӯ рафтори зиддииҷтимоӣ анҷом диҳад”.

Қонунгузорӣ масъулияти тарбияи фарзандони беназоратмондаи ҷинояткоронро ё ба бозмондагонашон, ё ба давлат вогузор менамояд. Тибқи талаботи моддаи 176-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон, “агар дастгиршуда ё ба сифати чораи пешгирӣ таҳти ҳабс қарордошта фарзандони ноболиғи бидуни сарпараст ё ғамхор, падару модари пиронсол ё дигар шахсони эҳтиёҷманд дошта бошад, муфаттиш вазифадор аст онҳоро барои парасторӣ ба падару модар ё дигар шахсон супорад ё дар муассисаҳои барои кӯдакони бепарастормонда ё иҷтимоӣ (муассисаҳои тарбиявӣ, табобатӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои дигар) ҷойгир мекунад”.

Аҳад Содиқов, сардори шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар посух ба суоли мо гуфт, дар ҳақиқат, ҳолатҳое мешаванд, ки падару модар бо ин ё он сабаб кӯдакони худро тарк мекунанд. Дар чунин ҳолатҳо кормандони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар доираи салоҳиятҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки принсипи “Таъмин намудани беҳтарин манфиатҳои кӯдак” амалӣ карда шавад. Дар ин раванд ба кӯдак ёрии маҷмӯӣ расонида мешавад.

- Пас аз муайян намудани ҳамаи ҷанбаҳои масъала, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор кӯдак тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ё ба тарбияи хешовандон вогузор карда мешавад, ё ба мактаб-интернат ҷойгир карда мешавад,- менависад Аҳад Содиқов, сардори шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар посухи хаттӣ.

Сафарбек КАБИРОВ,

Бознашр аз “ИмрӯзNews”

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.

 

Хонданд 476

Меҳмондории мо

Авг 12, 2017
Диданд: 1236

Салимҷон ҳайрон мешуд, ки чаро ҳамватанони ӯ ин қадар ба муваффақиятҳои дигарон шод мешаванду худ кӯшиш намекунанд, ки муваффақиятеро ба даст оваранду дар ҷаҳон машҳур гарданд. Агар нафаре аз ягон давлати дигар машҳур гардад, ҳама мухлиси ӯ мегарданд. Ин дуруст аст ё не намедонам, вале чаро ки мухлисии мо аз ҳад зиёд мешавад, ки аз як ҷиҳат хуб нест. Салимҷон ҳамин хел фикр мекард ва хеле шармаш меомад, аз он ки халқ бо дидани ягон одами машҳури бегона ҳамагӣ давида мераванду ба мисли нодидаҳо мечаспандаш. Ҳатто дилхоҳ кори заруриро партофта, барои дидани он нафари машҳуре, ки ба монанди дигарон инсони оддӣ аст медаванд. Салимҷон дар ин маврид низ бо Ҳалимҷон баҳсро оғоз мекунад ва мехоҳад, ки назари худро боло гузорад, аммо Ҳалимҷон низ таслим нашуда, зӯр зада, фикрашро мегузаронад. 

-Не, охир ту як худат нағз фикр карда бин, наход ки халқ ба ин дараҷа нодида шавад, ки як одами оддиро ба осмони ҳафтум бароварда шинонад?! О, хайр меҳмондорӣ- ку расм аст, вале аз ҳад зиёдаш хуб нест. Ба ин ранг нуфузи миллат низ паст мефарояд.
-Ту чи гуфтанӣ ҳастӣ, ки ягон меҳмон ба Тоҷикистон ояду онро бояд иззату эҳтиром накунем-а? Оё ин шармандагӣ намешавад? Бо кадом ақлат ту чунин мегӯӣ -а?! Ё ту ҳам аз Ватан гурехтанӣ ҳастӣ?!
-Э, неее. Ту мақсади маро нафаҳмидӣ каллаварам. Ман гуфтаниям, ки ҳангоми омадани ягон меҳмон ба ватан набояд худро тарзе нишон диҳем, ки гӯйё ба ӯ зор ҳастем. Охир, онҳо ҳам ба мисли мо инсонанд ва ҳангоме, ки чунин муносибат мекунем ҳайрон мешаванд, ҳатто метарсанд ки бори дигар меҳмони мо шаванд.
-Хайр чӣ? Ту кадом меҳмонро дар назар дорӣ, ки мо гӯйё онро тоҷи сар кардаему "тарсондаем"?
-Ана ба наздикӣ яке аз чемпионҳои машҳури дунё, оид ба муҳорибаи бидуни қойида Ҳабиб Нурмагамедов меҳмонамон шуд. Ваҳ, Худоё тавба, ки халқ ҳама барои дидани як ҷанговараки доғистонӣ баромада, кору борашонро партофта, тамошои Ҳабибро доштанд. Ҳатто дар бозорҳо савдогарон молҳояшонро пеш кашида, гӯё ӯ президенти ягон мамлакат бошад. Охир маълум аст, ки ӯ машҳур аст, баъд чӣ? Як камтар худатонро ба даст гиред охир. Эҳсосотатонро, дӯстдориатонро, ишқатонро нисбати ӯ каме пинҳон кунед, то ки он нафар аз худ наравад.
-Ҳаҳаҳаҳа. Ҳамин ҳам гап шуд-мӣ?! Наход, ки ту ҳаминро нодидагии халқ ном барӣ? Охир ҳама ҷавонон мухлиси ӯ ҳастанд ва интизори омадани ӯ буданд.
-Ээ, он ҷо танҳо ҷавонписарон дида намешуд, балки духтарон ва ҳатто занҳо ҳам дида мешуданд, ки ба дидани ӯ омада буданд. Охир, наход мардум ҷангро дӯст дораду нафаре, ки ҷанг мекунаду бояд ба ӯ тахаллуси "ҷангара" дода шавад, ошиқ шаваду ҳамеша дар орзуи дидани ӯ шавад? Ҳайрон мешавам, ки дунё ба куҷо ҳаракат карда истодааст. Барои он ки ту як нафари бегуноҳу бечораро то қариби мурдан мекубӣ, пулат медиҳанду дӯстат медоранд ва боз хостори он мешаванд, ки ту ба ватани онҳо равию ягон нафари онҳоро ҳам дар ватанашон занӣ. Харро аз амали мардуми имрӯзаи дунё ханда меояд. Корҳои бобову бибиҳои мо тамоман дигар буд…
-Ҳмм, ҳоло замона ҳамин шудагӣ. Ба ин хел чизҳои оддӣ аҳамият додан чандон кори хуб нест, зеро ин гардишҳо ислоҳнашавандаанд.
-Як бор аҳмият намедиҳӣ, ду бор аҳамият намедиҳӣ, маротибаи сеюм мебинӣ, ки халқ аз ҳад мегузаронад ва баъд маҷбур мешавӣ, ки як ду калима гӯйиву дарди дилатро холӣ кунӣ. Агар ба ёдат бошад якчанд сол пеш, силсилафилми туркии "Ҳомиён" хеле маъруф гашта буду дар ҳама ҷо номи Йигиту дигар қаҳрамонҳои асосии ин филм гирифта мешуд. Ин филм ба он дараҷае машҳур гашт, ки халқ дигар тоқат накарду Йигити актёрро ба Тоҷикистон даъват кард, вале баъд аз вохӯрӣ чӣ шуд? Эҳааа, пойафзору куртаҳояшонро ҳатто кашида гирифтандее. Шармандагӣ!!!
-Ҳаҳаҳаа. Ҳаминро ҳам ба ёд дорӣ-а?
-Охир чӣ тавр мешавад, ки пойафзоркашиву пойафзорпартоиро фаромӯш кард? Ин нодидагии халқро нишон медиҳад, ки ким-кадом як ҳунарманди кӯчагии як мамлакати бегонаро тоҷи сар мекунаду ҳунармандони худро таги по. Ин беинсофию бесаводист, нодидагарист, ки нуфузи моро миёни дигар мамлакатҳо паст мекунад.
-Ҳаҳаҳа. Офарин дӯстам, ба ин мушоҳидаҳоят!!!

ҒУРМАГАС

Хонданд 1236

Ку ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ?

Авг 12, 2017
Диданд: 987

Пеш аз оғози мавзӯи мазкур латифаи халқие ба ёдам расид, ки чунин аст:

Дар давраи авҷи ҷанги шаҳрвандӣ ҷавоне бо тайёра аз шаҳри Душанбе ба Хуҷанд омадааст. Ӯ пеш аз парвоз аз ошхонае хӯроки шабмонда хӯрда будааст, ки ишкамаш тоб додааст. Ҷавон то аз тайёра фаромадан базӯр тоқат кардааст. Чун ӯ аз тайёра поин шудааст, банди эзораш дар даст ба ҷустуҷӯи ҳоҷатхона даромадааст. Ниҳоят ҷавон посбони фурудгоҳро дида, пурсидааст:
- Бобо, ишкамам тоб дода истодааст, дар куҷо дашт кунам?
- Ҳамин ҷо кардан гир, фурудгоҳ дашти калон аст,- маслиҳат додааст мӯйсафед.
- Не, айб аст, ин ҷо одамон гашта истодаанд,- гуфтааст ҷавон.
- Душанберо дашт кардед, шарматон наомад? Дашт кардан гир, писарам,- гуфтааст ҷиддӣ мӯйсафеди хуҷандӣ.
Дар суҳбате як нафар, ки аз Ҳиндустон баргашта буд, хотираҳои сафарашро аз ин кишвари афсонавӣ ба ваҷд нақл мекард. Яке аз ҳозирин аз лаҳзае хомӯш мондани суҳбаторо истифода карда, аз ӯ пурсид: «Ба наздикӣ аз телевизиони Русия барномаеро оид ба Ҳиндустон тамошо кардам. Дар навор дидам, ки мардум дар кӯча қазои ҳоҷат мекунанд, оё ин воқеият дорад?».
- Бале, дуруст аст. Ман ҳам инро дидам,- тасдиқ намуд ноқил бо таассуф.
- Мардуми бефарҳанг будаанд,- луқма партофт яке.
- Тамаддуни онҳо аз мо ҳам пешрафта аст,- гуфт дигаре ва афзуд:- Агар вазъ чунин идома ёбад, дар Душанбе ҳам мардум ба қазои ҳоҷат кардан дар кӯча одат мекунанд. Кадоме аз шумо ягон ҳоҷатхонаи ройгони ҷамъиятиро дар пойтахт медонед?,- суол кард ӯ.
- Пеш, дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар бозору паркҳо ва хиёбону гулгаштҳои серодам ҳоҷатхонаҳои бепул буданд,- гуфт яке.
- Ҳозир чӣ?,- боз пурсид ӯ.
Ҳама хомӯш буданд. Касе аз ҳозирин намедонист, ки дар Душанбе ҳоҷатхонаи ҷамъиятии ройгон ҳаст ё нест?
Воқеан ҳам, ба маълумоти ин ҷониб дар шаҳри Душанбе кайҳо боз ҳоҷатхонаи ҷамъиятии ройгон вуҷуд надорад. Баъди бозсозии горбачёвӣ ва пайдоиши соҳибкорӣ ашхоси корчаллон ба пулакӣ кардани ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ пардохтанд. Зеро ҳоҷатхонаҳои пулакӣ бизнеси камхарҷ ва сердаромад маҳсуб мешавад. Имрӯз ҳатто ҷавонони ҳузарб сари дарвозаи ҳоҷатхонаҳо нишаста, аз муштариён як сомонӣ хизматона талаб мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ҳоҷатхонаҳо чиркин буда, ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нестанд. Воқеан, кор ба ҷое расидааст, ки ҳоҷатхонаҳои муассисаҳои давлатиро низ пулакӣ кардаанд. Аз ҷумла, 19-уми июли соли равон пирзане, ки худ базӯр ҳаракат мекард, дар назди дари ҳоҷатхонаи шуъбаи бақайдгириву имтиҳоноти Раёсати БДА-и Тоҷикистон меистод ва аз издиҳоми рақамивазкунандагон истифода намуда, аз муштариён пул мегирифт.
Ба мушоҳидаи мо, ҳоло танҳо дар дохили бинои фурудгоҳи шаҳри Душанбе ҳоҷатхонаҳои ройгон фаъоланд. Шояд аз шарми хориҷиҳо онро пулакӣ накардаанд. Вагарна чунин бизнеси сердаромад ин ҷо аз чашми корчаллонҳо дур намемонд.
Дар кишварҳои Аврупо ва ИМА дар ҳамаи муассисаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла, мағозаву бозор, фурӯшгоҳҳои сӯзишвории нафтӣ ва ғайра ҳоҷатхонаҳои тозаву озодаи ҷамъиятии ройгон фаъоланд. Ашхоси ҳоҷатманд корафтодаи ин муассисаҳо набошанд ҳам, ройгон аз ҳоҷатхонаҳо истифода мебаранд.
Ин амал аз як тараф барои дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон равона шуда бошад, аз тарафи дигар, барои тозаву озода мондани шаҳрҳо роҳандозӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки маданияти соҳибхонаро аз ҳоҷатхонааш баҳо медиҳанд. Агар ҳоҷатхона тозаву озода бошад, пас шахс озодаву тозакор аст.
Ин нуктаро ба назар гирифта, умед ба он мебандем, ки роҳбарияти нави шаҳрдории пойтахт шабакаҳои ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятии ройгонро дар бозору мағозаҳо, паркҳо ва дигар муассисаҳои хизматрасонӣ роҳандозӣ менамояд. Бовар дорем, ки ин амали некро сокинони пойтахт ва меҳмонони он истиқбол мекунанд.

Ҷовид МУҚИМ

Хонданд 987

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.