.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ҷомеъа

Шаҳрнишин будан, ифтихор аст!

Авг 18, 2018
Диданд: 8

Ёд дорам, як нависандаи халқии Тоҷикистон (бо хоҳиши он кас номашро намегӯям) дар як пурсиши телевизионӣ гуфта буд, ки ба кӯча кам мебароянд. Агар бароянд, ба хона хеле хастаҳолона бармегарданд. Рафтору кирдори баъзе шаҳрнишинони имрӯза димоғи мардумони закиву бомаърифатро ноҷур мегардонад ва баъзан аз кӯча ба ҷои фароғати руҳу бадан гирифтан, парешонфикру мондашуда бармегарданд. Устод боз як мисоли аҷибе оварданд, ки вақте шаҳрҳои қадимаи тоҷикнишин, дар натиҷаи ҷангҳои хунин камодам мегаштанд, зарур мешуд, ки рустоиҳоро ба шаҳр кӯчонанд. Пеш аз ба шаҳр овардан муддатҳо онҳоро одобу фарҳанги шаҳрнишинӣ ёд медоданд. Яъне шаҳр дару дарвоза дорад, қонуну қоида дорад. Одоби шаҳрнишин бояд дигар ва намуна бошад.

Агар 26 соли даврони Истиқлоиятро қиёс карда назар андӯзем, нисбат ба солҳои навадуми асри сипаригашта ва даҳсолаи асри навин, одоби шаҳрнишинӣ куллан тағйир ёфтааст. Тавассути Воситаҳои ахбори омма,  тарғибу роҳандозӣ дар муассисаҳои таълимӣ оид ба ҳамин раванд  пешравиҳо ба назар мерасанд. Наврасону ҷавонон, ки ба қавле «хуни гарм» доранду аз рустоҳо ба шаҳр кӯчидаанд, ба тадриҷ урфу одати шаҳриҳоро пайгирӣ мекунанд.                                                                     

Мутаассифона, ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки то ҳол боиси нигаронианд. Ин ҳолатҳо бештар дар муассисаҳои таълимӣ, нақлиёт, бозор, роҳ, кӯча, боғҳои истироҳатӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба чашм мерасанд. 

Дар тангкӯча ва гардишҳо ронандаҳоеро дучор шудан мумкин аст, ки бо сигналҳои гӯшхарош, ҳуштаку фарёдҳои бемаънӣ боиси нороҳатии роҳгузарон ва мардуми шаҳр мегарданд. Дар баъзе давлатҳо, барои беасос халалдор кардани авзои руҳии одамони роҳгузар ва мусофирон, ба ронандаҳо ҷарима мебанданд.

Аксарияти ронандаҳои хатсайрҳо, аз он ҷумла, маршруткаҳо, ки воситаи асосии нақлиёти шаҳрӣ маҳсуб меёбанд, аз деҳот омадаву шаҳрнишин гаштаанд. Пулчинакҳои (контролёрҳо) деҳотӣ бо овози гӯшхарош оромии роҳгузаронро вайрон месозанд. Фарҳанги шаҳрнишиниро намедонанд, ё ин ки риоя намекунанд. Бисёр маврид кормандони БДА, ки дар паҳлӯи онҳо мебошанд, гӯшҳои худро ба «карӣ»» мезананд, ки ин боиси нигаронист. Ин бенизомиҳо бештар дар истгоҳҳои назди маҷмааи «Садбарг», бозорҳои Корвону Саховат, Деҳқон, Политехникум, истгоҳи Зарнисор ва дигар маҳаллаҳои сераҳолӣ ба чашм мерасанд. 

Дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» масъалаҳои ҷой доштани тамба, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ аз тарафи шаҳрвандон, бахусус дар маҳаллаи маҷмааи «Садбарг», масъалаи рӯз маҳсуб гардидааст. Барои мисол як муштарӣ чӣ менависад: «Имрӯз ҳам дар маҳаллаи «Садбарг» будам. Бетартибӣ ба ҳамаи маънояш. Мошинҳо овозҳои гӯшхарош медиҳанду ба қавле якдигарро тела додан мехоҳанд. Пулчинакҳои аз қишлоқҳо омадагӣ бо тамоми қувват аррос мезананд. Ҳамаи ин дар маркази пойтахт. Ин чӣ гап? Кормандони БДА- и МВД гӯё ин ки дар таку даванд. Ин тарафу он тараф ҳуштак мекашанд. Ба «қавли» онҳо ронандагонро идора кардан мушкил аст. Шоир гуфтааст: «Адаб сармояест, ки ҳаргиз зарар намекунад, аммо ба даст овардани он осон нест» 

Дар зиндагии инсон баъзан чунин бархӯрдҳое пеш меоянд, ки ҳам риққатовару ҳам дилхарошанд. Чанде пеш азм гирифтам, ки солҳои ҳаштодумро ба хотир овардаву савори душохаи оҳистарав сӯи хонаам, ки дар тарафи бозори Қаряи Боло аст, раҳсипор гардам. Ҳам вақт кифоят буду ҳам ёдрасӣ аз солҳои ҳаштодум доштам. Кайфиятам дар он буд, ки симои дигаргунгаштаи шаҳрро бо ҳаловати хосса тамошо кунам. Зеро троллейбус яке аз воситаҳои муҳими нақлиёти даврони пеш маҳсуб меёфт. 

Дар назди истгоҳи меҳмонхонаи навсохти «Сирена» ба троллейбуси хатсайри рақами 10 савор шудам. Дар истгоҳи дигараш, ба ин мошине, ки ҷойҳои холӣ дошт як гуруҳ ҷавонон нишаст карданд. Аз борхалтаву сумкаҳояшон маълум мегардид, ки онҳо донишҷӯянд. Магар «кайф»- ҳояшон баланд буд, ё ин ки аз чорабиние баргашта бошанд, якбора телефонҳои мобилиашонро ба мусиқӣ ҳамоҳанг карда дар долони охири троллейбус ба ҳофизиву рақс даромаданд. Аз гуфторашон маълум мегардид, ки аксарияти онҳо деҳотиянду навомад аз донистани одоби шаҳрнишинӣ ориянд. Рақсу бозии онҳо то варзишгоҳи марказӣ давом кард. Аз истгоҳи ба ном «Ҷазира», се нафар омӯзгорони ДМТ савор шуданд. Чунин «худфаъолиятӣ»-ро дида, ин омӯзгорон паси ҳам дар истгоҳҳо фаромаданд.   

Ман аз он пулчинак (контролёр) пурсон шудам, ки ягон илоҷе нест, то ин «манқуртҳоро» ором бигардонӣ. Охир ин ҷои ҷамъиятӣ маҳсуб меёбаду бо чунин рафтор онҳо мусофиронро мегурезонанд.

- Муаллимҷон, медонед чӣ, шумо барин ҳуҷҷатдорон ҳазорҳоянду чунин касоне, ки ҳақи роҳкироро медиҳанд, ангуштшуморанд. Пас, бигузор, истироҳату фароғат ва бозӣ кунанд. Шумо гӯшҳоятонро ба карӣ гиреду, аҳамият надиҳед ва аз паси коратон шавед. Ана, маслиҳати ман ҳамин. 

Фаҳмидам, ки барои чӣ он зиёиён паси ҳам аз мошин фаромаданд. Зери андеша мондам. Ба ин «контролёр» - и навакак аз қишлоқ омадагӣ чӣ гӯям, ки аз санге садо ҳасту аз ӯ не. Ӯ ҳанӯз, намедонад, ки нақлиёти ҷамъиятӣ чисту барои чӣ ин қадар ҳуҷҷатдорон ба он ворид мегарданд. 

Пас аз ин дидаҳо ва шунидаҳо, ман ва даҳҳо барин зиёиён чӣ бигӯянд, ки фарҳанги шаҳрнишинии мо дар  кадом сатҳ қарор дорад. Чаро  сарварони онҳо фарҳанги муомила ва муоширатро ба онҳо  намеомӯзонанд? Баъзе контролёрҳо чунон дағаланд, ки ҳатто ба шахсият, ки профессор ё академик ҳаст эътиборе намедиҳанд. Сабаби асосӣ дар бемаърифатӣ ва бефарҳангист. 

Аксарияти арбобони давлатӣ, адибон, фарҳангиён, зиёиёни шинохта аз  деҳу рустоҳоянд. Мисоли равшан: Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Мирзо Турсунзода, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Сорбон ва даҳҳо нафари дигарон. Ҳамаи онҳо ба шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон омада фарҳанги шаҳрдориро қабул кардаву садҳо нафар навшаҳриҳоро ба  маърифату одоби шаҳрнишинӣ ҳидоят намудаанд. Пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанберо ободу зебо ва бомаърифат гардониданд, ки имрӯз мо аз заҳмату зарофати онҳо дар ин шаҳри гулгулшукуфон тасмими кору эҷод дорем.

Дар ин маврид бисёр хушоҳанг мегардид, ки оиди сардору сарпараст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минатдории худро баён кунем. Президенти мардумӣ, бо вуҷуди он ки ҳамчун аксарияти мо зодаи деҳот аст, одоби шаҳрнишиниро аз рӯзҳои аввали ба шаҳр омаданашон эҳтиром дошта, ҳангоми донишҷуӣ ифтихор доштанд, ки шаҳрнишин мебошанд. Аз рӯи одоби накӯяшон Эмомалӣ Раҳмонро мардуми Тоҷикистон ба ин мартабаи баланд: ҳамчун Пешвои худ  пазируфтанд. 

Тавассути сиёсати ғамхоронаи Президенти мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ҳукумати шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти кишварамон ва бисёр дигар ноҳияву шаҳрҳо аз ҷиҳати ободонӣ ношинохтанӣ гардиданд, ки ин боиси ифтихори баланд аст. Хонаҳои баландошёни навсохт, ҳамавақт харидорони худро доранд. Аксарияти харидорон рустоӣ, ё худ деҳотиён мебошанд. Ин амри тақдир аст.  Волидон ва фарзандони онҳоро зарур аст, ки рӯ ба фарҳанги шаҳрнишинӣ оваранд. Падару модарон фарзандонро биомӯзанд, ки фарҳанги шаҳрнишинӣ дигар аст. Дар ин шаҳри дилнишин чунин Қаҳрамонҳои халқи Тоҷикистон чун Шириншоҳ Шоҳтемуров, Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон барои пешбурди миллат ва ҷаҳонигардонии миллати тоҷик заҳматҳо кашидаанд. Мутобиқ гаштан ба ҳама гуна шароити шаҳрдорӣ яке аз масоилҳои муҳими рӯз аст, вагарна шаҳрӣ ё шаҳрнишин гуфтани ҳар як каси номуродифу номақбул нодуруст мебошад. 

Иловатан, оид ба ҳамин мавзуъ гуфтание дорем, ки агар Кумитаи ислоҳоти забон дар нақшаҳои ояндаи худ қоидаи шаҳрнишин ва шаҳрӣ буданро бо як такмилу коркарди дуруст, ҳамчун як қонун муайян гардонида ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекард, кори хайре мебуд. Ё ин ки мақомотҳои дахлдорро ба ин раванд ҳамоҳанг мегардонид. Зеро, тибқи пешгӯиҳо бисёр рустоиҳо бо сабабҳои гуногун кӯч ба шаҳр, алалхусус, ба пойтахт мебанданд. Бисёриҳо иҷоранишин буда, аъзеҳо ҳатто ҷои зист надоранд.  Илоҷи ягона, тибқи гуфтаи он устоди бузург, онҳоро омӯзиш ба шаҳру шаҳрнишинӣ ва пойтахти кишвари гулгулшукуфон намудан ҳам қарзу ҳам фарз аст. То ин ки нагузорем навшаҳриҳои Душанбе дар кӯчаву хиёбонҳо, бозору таълимгоҳҳо, донишкадаву донишгоҳҳо, роҳраву маҳаллаҳо ва дигар ҷойҳои пураҳолӣ беҳуда фарёду овоз бароварда, амалҳои номатлуб содир намоянд.

Убайдулло РАҲИМОВ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Хонданд 8

ДУ ВОХӮРИИ ХОТИРМОН БО ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

Авг 18, 2018
Диданд: 8

Ашъори шӯрангезу ҳикматомези шоирон Бозор Собир, Гулрухсор, Лоиқ Шералӣ мо ҷавонони солҳои 60-80-уми асри гузаштаро дар руҳи худшиносӣ ва меҳанпарастӣ тарбия намуда, пас аз мутолиаву аз бар кардани мисраъҳои ба қалбу дил фараҳоваранда сарҳои худро боло бардошта, аз тоҷик будану дар Ватани азизамон - Тоҷикистони офтобрӯя зиндагӣ ва кору эҷод кардан ифтихор доштем.

 

Махсусан, каломи заминӣ ва пандомӯзи шоири шаҳир Лоиқ Шералӣ моро даъват мекард, ки ба зиндагии нобасомон ва ба ҳаёти пур аз печутоби дурӯғину таҳқировар бо чашми дигар нигарем. Ва табиист ҳар яки мо дар дил орзу мепарварид, ки боре бо шоири маҳбуб ва писандида рӯ ба рӯ, паҳлӯ ба паҳлӯ нишаста, аз суҳбату гуфтораш баҳра бардорем.

Чунин орзуро ман низ дар қалби худ мепарваридам ва он тасодуфан тавассути як марди накӯкор ҷомаи амал пӯшид. Моҳи августи соли 1980 пас аз хатми факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) маро ҳамчун судя - коромӯз ба суди ноҳияи Фрунзе (айни ҳол Сино), ки дар маҳаллаи 82-юми пойтахт ҷойгир буд, барои таҷрибаомӯзӣ фиристоданд.

Бо иҷрочии суд Муҳаммадбашир Назиров муносибати дӯстона барқарор кардам, ки ӯ рӯзе марди қоматбаланди нурониеро ба ман муаррифӣ намуд.

- Зарифҷон, шинос шавед, Раҳим - ака Бобоев. Ӯ ронандаи такси мебошад. Марди саховатпеша ва хушмуомила буда, гоҳ - гоҳе ба назди ман барои суҳбат меояд. Баъд ба ман рӯй оварда илова кард:

- Дӯсти ман, Зарифҷон Ғуломов. Айни ҳол судя - коромӯз аст. Табъи нависандагӣ дорад. Баъзан - баъзан навиштаҳояш дар матбуот чоп мешавад.

- Агар шеър нависад, - Раҳим - ака Бобоев бо эҳтиром дастамро фишурд, - Ман ӯро бо шоир Лоиқ Шералӣ мешиносонам.

- Не, ман ба шеърнависӣ рағбат надорам, - аз шунидани номи шоири маҳбуби хушҳол гардида, зуд хоҳиши диламро баён кардам, - аммо кайҳо орзу дорам, ки бо адиби дӯстдоштаам ҳамсуҳбат шавам.   

- Рафтем! - Раҳим - ака аз дастам гирифт. - Лоиқ Шералӣ солҳои зиёдест, ки ҳамсояи ман аст. Ҳоло ӯ дар хона мебошад ва ман шуморо ба он кас шинос менамоям.

Дарро ба рӯямон худи устод бо чеҳраи кушод ва лаби пурханда боз намуда, дарҳол ба шикоят гузашт.

- А - а, Раҳимҷон! Хуш омадӣ! Чанд рӯз боз бедарак будӣ? Агар имрӯз ҳам пайдо намешудӣ, худам ба суроғат мерафтам. Ин ҷавон кист?

- Охири моҳ серкорам, -  худро сафед кард Раҳим - ака. - Нақшаро бояд иҷро кунам. Ҳозиракак маблағро супоридаму ба назди шумо шитофтам, - баъд ба тарафи ман рӯй гардонда, суханашро давом дод. - Ин ҷавон судя - коромӯзи суди худамон. Ному насабаш Зарифҷон Ғуломов. Ба маълумоти шумо расонам, ки ӯ низ қиссаву ҳикояҳо менавиштааст.

- Баъзеашонро хондам, -  мизбон меҳрубонона дасти маро фишурд ва барои ба хона даромадан ба тарафи худ кашид. - Дароед! Нури дида тоҷи сар!

Мо гирди хонтахта нишастем. Муносибати меҳрубонона ва оддию хоксоронаи устод мисли ҷоруб ҳаяҷони дили маро рӯфта партофт. Гӯё мо кайҳо бо ҳам шинос будем, ки шоир ба насиҳату маслиҳат гузашт.

- Дар адабиёти мо адибони моҷаронавис ангуштшуморанд, - пиёлаи чойро аз дастам гирифта, шоир зуд ба сари мақсад омад. - Дар бораи ҷинояту ҷинояткорӣ як ҳикояи Фазлиддин Муҳаммадиев ҳасту як қисса аз Абдумалик Баҳорӣ. Михаил Левин асарҳояшро ба забони русӣ менависад. Аз ин хотир, дӯстам, аз маводи судӣ фаровон истифода бурда, як қисса навишта то охири сол ба маҷаллаи «Садои Шарқ меоред.

- Кӯшиш мекунам, - зуд ваъда додам.

- Адиби писандидаат кист? - Лоиқ Шералӣ ба рӯям синчакорона нигарист.

- Лев Шейнин, - посух додам. - Асари «Қайдҳои муфаттиш» китоби дӯсдоштаам ба шумор меравад.

- Ин асарро ман ҳам хондаам, - устод аз ҷой хеста ба хонаи дигар гузашт ва дақиқае пас китоби Л.Р.Шейнин дар даст баргашта, онро ба ман дароз кард. - Басо ҷолиб менависад.           

- Бештари ҳикояю қиссаҳои муаллиф ба ҳодисаҳои солҳои 20-ум дахл дорад, ки он солҳо ҷинояткорӣ дар Русия ҳамчун касб шакл гирифта буд, - дар худ ҷуръат пайдо карда, андешаамро иброз намудам. - Дар мо одатан ҷиноят хислати иҷтимоӣ - оилавӣ гирифтааст.

- Ба ҳар ҳол, - бо табассум фикри маро тасдиқ намуд сардабири маҷалла. - Ба ҳар ҳол ҷӯянда ёбанда аст. Фаромӯш накунед. То охири сол ман интизори қиссаи шумоям.

Бо аломати ризо сар ҷунбонидам ва азбаски истироҳати нисфирӯзӣ ба итмом мерасид узр пурсида аз ҷой хестам. Соҳиби хона маро то дари баромад гусел карда, бори дигар таъкид намуд, ки то охири сол ҳатман қиссаро пешкаш намоям.

Муҳлати таҷрибаомӯзӣ ба охир расида, маро барои кор ба Раёсати мақомоти судии Вазорати адлия даъват намуданд. Ба кор ғутида надонистам, ки аз байн аллакай панҷ сол гузаштааст. Як бегоҳӣ аз корхона баромада, дар истгоҳи боғи марказӣ мунтазири троллейбуси 1 меистодам. Таксие бо шаст омада дар наздам истод ва аз он бо лаби пурханда Раҳим - ака баромада, бо дасташ ишора кард.

- Шинед!

- Сафар ба хайр? - гӯё ман ронанда бошаму Раҳим - ака мусофир бошад  нимҳазлу нимҷиддӣ савол додам.

- Ба назди устод Лоиқ Шералӣ меравем, - бо тааҷҷуб сӯям нигарист ронанда. - Чӣ, дигар бо устод вохӯрдан намехоҳед?

Ман сабаби иҷро накардани ваъдаамро ҳадалимкон баҳона пеш овардаму аз Раҳим - ака хоҳиш намудам, ки таксиро нигоҳ дорад.

- Ҳеҷ гап не, - маро таскин бахшид Раҳим - ака. - Устод шахси бадкина нестанд.

Мошин босуръат ҷониби Қарияи Боло роҳ пеш гирифт. Ба маҳаллаи 91 - ум расидан баробар ронанда таксиро ба ҷониби хонаҳои ҳукуматӣ гардонд.

- Магар роҳро фаромӯш кардед? - ҳайрон савол додам. - О, устод дар маҳаллаи 82 - юм зиндагӣ мекунад - ку.

- Набиев ба шоир Лоиқ Шералӣ барои саҳмаш дар адабиёт бе навбат аз бинои ҳукуматӣ як хонаи панҷҳуҷрадор тақдим намуд, - бо мамнуният посух гардонд Раҳим - ака ва мошинро дар қафои бино нигоҳ дошт.

Дар саҳни ҳавлӣ кати калони чӯбине гузошта буданд, ки болои он устод ба болишт такя карда, машғули мутолиа буданд. Маро дидан замон қомат бардошта, бо чеҳраи шукуфон истиқбол гирифтанд.

- Ҳа, ҷавони ваъдахилоф, - даст барои вохӯрӣ дароз кард шоир. - Хайр, қисса тайёр нашуда бошад, пас чаро аз мулоқот мегурезед?

Гунаҳкорона серкориамро баҳона кардам ва узр пурсидам.

- Қабул, - бо аломати ризомандӣ устод даст болои китфам гузошт.

Гӯё куҳи азимеро аз шонаҳоям бардошта бошанд, ки худро дарҳол сабук ҳис кардам.

- Гузаред, аз боло гузаред, - устод бо дасташ тарафи кат ишора карда, пасон ба Раҳим - ака муроҷиат карданд. - Аз ҳамон доруят як бутал барор, то ки суҳбатамон ширин шавад.

То нисфи шаб суҳбату базми тараб давом кард. Шоири ширинкалом гоҳ шеър қироат мекарданду гоҳ аскияю латифаҳои намакин қисса мекарданд. Ва дар байни ин ҳама хушгуфториҳо мавриди кулай маро огоҳ мекарданд, ки аз навиштани асарҳои моҷароӣ даст накашам.

Аслан ин хотиротро кайҳо омода намуда будам. Вале аз чопаш бо кадом сабабе худдорӣ менамудам. Ба наздикӣ нашрияи «Самак» ба дастам афтид. Дар он мусоҳибаи хабарнигор Шервони Умриддин бо ҳамсари Шоири халқӣ Зебунисо Қутбиддинова чоп шуда буд. Мавсуф Раҳим - акаро яке аз дӯстони беҳтарини шоир номбар карда буд. Зуд маводро ба даст гирифта, боз як бори дигар аз назар гузаронида, бо баъзе таҳрир ба чоп омода кардам. Зеро ки маҳз тавассути Раҳим - ака, ин марди шарифу накӯкор ба фарзанди фарзонаи миллат - шоири ҳақгӯю тавоно Лоиқ Шералӣ ду маротиба вохӯрда будам.                  

Дар фарҷом қайд карданиям, ки васияти устодро хеле дер бошад ҳам ба иҷро расонидам. Маҷаллаи «Садои Шарқ» пас аз соли 2004 чанд ҳикояю қиссаҳои моҷароиямро пешкаши хонандагони гиромӣ гардонд.

Аз даргузашти шоири дӯстдошта ҳаждаҳ сол гузашта бошад ҳам бо туфайли ин ду вохӯрӣ, ки барои ман муқаддасу хотирмон мебошад, Лоиқ Шералӣ бароям доимо зинда ва ҳидоятгари мувафаққиятҳои адабиам мебошад.

- Руҳат шод ва хонаи охиратат ҳамеша пурнур бод, устоди гиромиқадр! 

 

Зариф ҒУЛОМ, адиб 

Хонданд 8

Маълумоти олӣ ё шавҳар?

Авг 11, 2018
Диданд: 54

Инсон ҳамеша талош меварзад то зиндагии хубу осуда ва беминнат дошта бошад. Аммо дар танҳоӣ ба даст овардани муваффақият душвор аст. Барои дар шоҳроҳи зиндагӣ ба мақсад расидан инсон бояд ҳамсафару ҳамроҳи боваринок ва вафодоре дошта бошад, то тай намудани роҳи пурпечутоби ҳаёт якранг нагардад.

Дар баробари ин, қонуни зиндагӣ чунин аст, ки инсон аз даврони тифлӣ дар пайи дарёфт намудани илму дониш аст. Дар боғча бо илм шинос шуда, дар мактаби миёна ва донишгоҳ онро вусъат медиҳад. Вақте ба ҳаёти мустақилона қадам мегузорад дониши андӯхтааш барои дар ҷомеа мавқеи худро ёфтан кифоягӣ намекунад. Дар чунин ҳолат инсонҳо дар зиндагӣ раҳгум мезананд ва роҳи ҳалли мушкилашонро пайдо карда наметавонанд. Агар ҳар як инсон бо роҳи андӯхтани илм ва таҷриба ба ҳаёти мустақилона омода гардад, дар зиндагӣ душворӣ намекашад.

Оилаи солим ва устувор замоне ба вуҷуд меояд, ки зан ва шавҳар якдигарро эҳтиром намоянд, байнашон якдигарфаҳмӣ бошад. Ташкили оилаи солим танҳо дар он вақт имконпазир аст, ки сатҳи фарҳанг ва дониши ҳамсарон мувофиқи ҳам бошад. Танҳо ду нафари бофарҳанг метавонанд оилаи солим ва намунавӣ ташкил диҳанд. Дар чунин ҳолат, фарзандони онҳо низ бофарҳангу ботарбия ба воя мерасанд. Эҳтироми мутақобилаи зану шавҳар барои фарзандон дарси намуна аст.

Гурӯҳе аз одамон бар он ақидаанд, ки устувории оилаи ҷавон аз маълумоти хуб ва илми онҳо вобаста нест, зеро зиндагии баъзе аз нафарони маълумоти олӣ надошта садҳо маротиба беҳтар аз он оилаи онҳое аст, ки дорои маълумоти олианд. Метавон шумораи зиеди чунин оилаҳоро дар ҷомеи мо вохӯрд.

Дар замони муосир парокандашавии оилаҳои ҷавон зиёд ба назар мерасад. Ҳама медонанд, ки бидуни фарҳанги оиладорӣ мустаҳкамии муносибатҳои оилавӣ ниҳоят душвор аст. Зану шавҳар дар оиладорӣ ашхоси масъул ба шумор мераванд, яъне онҳо дар оянда фарзандонеро бояд тарбия намоянд, ки худшинос, бофарҳанг, донишманд, ҳунарманд, эҷодкор шуда, барои мустаҳкам гаштани ваҳдати миллӣ ва ватандӯстӣ хизмат карда тавонанд. Баъзе аз сарварони оила ҳамчун мард афзалият доштани худро дар назди занҳояшон нишон медиҳанд. Шояд ин дуруст бошад, аммо аз ҷиҳати маърифату фарҳанг афзалият бештар насиби занҳо аст.

Дар мамлакати мо оилаҳои ҷавон бо сабабҳои гуногун аз ҳам ҷудо мешаванд. Мутаассифона аз ин касе сабақ намегирад. Волидайн чунин ҳолатро дида боре ба худ савол намедиҳанд, ки чаро фарзанди фалонӣ аз ҳамсараш ҷудо шуд? Сабаб чӣ бошад? Ман бояд чӣ кор кунам, то фарзанди ман хушбахт бошад? Зеро дар бисёр мавридҳо ҷавонон бо розигии волидон оиладор мешаванд. Пас ин масъулияти падару модар аст, ки пеш аз оиладор намудани фарзанди худ дар бораи сабаби ҷудошавии оилаҳои ҷавон амиқ андеша намоянд. Солҳои охир оиладор намудани ҷавонони синни 18 – 19-сола ва ҳатто дар баъзе ҳолатҳо 17-сола мӯд шудааст. Ин яке аз сабабҳои зуд харобшавии оилаҳои ҷавон мебошад, зеро онҳо ҳанӯз ҷаҳонбинӣ ва тафаккури васеъ надошта, аз ӯҳдаи зиндагии мустақилона намебароянд. Бисёре аз паҳлӯҳои ҳаётро инсон ҳангоми омӯхтани ҳаводиси ҷаҳон ва ҳаёти ҷамъият, инчунин ҳангоми васеъ намудани илми худ меомӯзад. Аз ин рӯ, пеш аз оиладор шудан барои ҳар як ҷавон зарур аст, то маълумоти худро пурра намоянд.

Хушахтона, дар даврони истиқлол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати оила ва оиладорӣ ба тавр ҷиддӣ муносибат мекунанд. Аз ин сабаб, як қатор санадҳои муҳим дар самти ба танзим даровардани оила, тӯю маросимҳо қабул гардида, қонуни махсуси муайянкунандаи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, таҳия ва ба амал бароварда шуд.

Мутаассифона сатҳи фарҳанги оиладорӣ дар ҷомеаи мо дар зинаи паст қарор дорад. Маҳз ҳамин тафовут барои барқарор шудани оилаҳои ҷавон монеа эҷод мекунад. Хеле  зарур аст, ки пеш аз оиладор шудани фарзандон онҳоро ба расму оини оиладорӣ, тарбияи фарзанд, эҳтироми зану шавҳар ва дигар анъанаҳои неки тоҷикона ошно намоем.

Ҷавонон бояд бидонанд, ки оиладорӣ пеш аз ҳама масъулиятро ба дӯш гирифтан аст. Бидуни ин оилаи мустаҳкаму солим сохтан басо душвор аст.

Дило Доробшоева,

донишҷӯи курси 2-юми факултаи журналистикаи ДМТ

Хонданд 54

Хумори дидори ҳамсинфон

Авг 11, 2018
Диданд: 47

Якуми сентябри соли 1991 дар ҳаёти ман хотирмону ёдрас мебошад. Бори аввал падарам аз дасти ман гирифтанду сӯи мактаб равон шудем. Он вақт ман як кӯдаки аз баду неки дунё ва роҳҳои пурпечутоби зиндагӣ бехабар будам. Ба падарам ҳаргуна саволҳои кӯдакона дода, дилгираш мекардам. 

Он рӯз ҳеҷ аз хотири ман фаромӯш намешавад ва нахоҳад шуд. Ман дар тан куртаи нимостини кабудранг ва шими сиёҳ дар бар доштам. Тасмаҳои ҷузвдонро ҳар замон пеш мекашидам, чунки интизори дидану хондани китоби рангаи «Алифбо» будам. Дар саҳни мактаб омӯзгорону хонандагон ҷамъ шуда, ба якдигар оғози таҳсилро шодбош мегуфтанд. Моро омӯзгорон Эгамов Эвазбердӣ ва Холов Тошмурод  падарвор бо хушнудӣ пешвоз гирифта, саф кашонданду аз сабаби бисёр буданамон ба ду гуруҳ тақсим намуда, ба синфхонаҳо дароварданд. Бо меҳрубонӣ бо қоидаву рафтор ва лаҳзаҳои дарс шинос намуда, фаҳмониданд. Дар мактаб ман бо онҳое, ки минбаъд дар як синф ва дар як мактаб таҳсилро оғоз мекардем, шинос шудам.

Ҳамин тавр, бо ғамхории зиёди устоди аввалинамон чор сол сипарӣ шуд, баъдан дигар устодон ба таълиму тарбияи мо машғул шуданд.

Аҳамият ва зарурати илму донишро дарк карда, кӯшиши зиёд ба харҷ медодем, то ки оянда тавонем таҳсилро дар донишгоҳу донишкадаҳо давом диҳем. Дарсҳоро аз худ мекардем, байни ҳамдигар баҳс мекардем, шӯхиҳо мекардем, ба бозиҳои варзишӣ машғул мешудем ва чӣ тавр гузаштани ин лаҳзаҳои ширинро надониста мондем. Дарсҳо ба охир расиданд, занги охир садо дод. Баъд аз супоридани имтиҳонҳои хатм маслиҳати шабнишиниро ба миён гузоштем. Шабнишинӣ дар мактаб гузашт, ҳама ҷамъ шудем. Хурсандиву рақсҳо, суханҳои самимонаро ба якдигар гуфта, орзуҳои ширинро таманно намуда, аз лаҳзаҳои хотирмони айёми мактабӣ ёдовар мешудем. Баъзеҳо ғамгин буданд ва дигаре шод аз он буд, ки ба шаҳр мераваду таҳсилашро дар донишгоҳ давом медиҳад.

Занги охир бурд моро ҳар куҷо аз ҳам ҷудо,

То ҳанӯзам гиряи занги ҷудоӣ дар дил аст.

Баъд аз ин бо даъвати зангӯла ҳатто лаҳзае

Назди мактабхона моро ҷамъ кардан мушкил аст.

Ин ҷамъ омадани мо ҷамъомади хело вазнину душвор буд, зеро маро, ҳамсинфонамро аз якдигар ҷудо менамуд.

Мо - парандагони як лона, фикр мекардем, ки бо пайдо шудани аввалин пару боли кӯчаки худ ба тамоми самти дунё парвоз хоҳем кард. Аммо бехабар аз он будем, ки дар пеш моро гармиву сардӣ, сахтиҳову хубиҳо ва билохира уқёнуси беохире интизор буд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ҳамсинфон ҳама ба чор самти зиндагӣ парешон шуданд. Духтарон оиладор шуданд, писарҳо яке ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафту дигарон барои идомаи таҳсил ба шаҳрҳои калон раҳсипор гардиданд. Ман низ барои идомаи таҳсил омодагӣ дидаму роҳи шаҳри Душанберо пеш гирифтам. Бори аввал шаҳр дар назари ман бегона намуд. Ёди деҳаи кӯчакамро мекардам. Ҳар рӯз модарамро ёд мекардам, наздикону ҳамсинфонам ва устодонамро ёд мекардам. Хумори дидор мегирифт. Ҳамсояҳову кӯчаамон ва ҳатто ҳар буттаву хасу хори зодгоҳро ба хотир оварда, зиқ мешудам. Мехостам бори дигар ба гузашта баргардам ва он лаҳзаҳои ширини гуворо беохир бошанд. Ин фақат хаёлу орзуҳои ширин буду халос. Бо расидани моҳи сентябр ман девонатар мешудам, мехостам боз ба мактаб равам, бо ҳамсинфонам бошам, вале дигар илоҷи ба қафо баргаштан набуд.

Таҳсил дар донишгоҳ оғоз шуд. Бо шахсони бегонаву ношинос вохӯрдам ва бо онҳо унс гирифтан барои ман - як бачаи деҳотӣ хело душвор буд. Бо мурури замон одат кардам, мушкилиҳову нофаҳмиҳои пешомадаро паси сар карда, ба шароити шаҳр мутобиқ мешудам. Дар донишгоҳ дӯстони зиёде пайдо кардам ва ҳис намудам, ки рафтору кирдор, фикру ақидаю ҷаҳонбиниам нисбат ба дӯстиву рафоқат ҷиддитар гаштааст. Ман дар ақидае будам, ки ибтидои илм аз мактаб оғоз ёфта, дар донишгоҳ онро танҳо сайқал додам.

Пас аз хатми донишгоҳ (соли 2009) кору фаъолият намуда истодаам, лек чеҳраҳои ҳамсинфонам, шӯхиву гуфтору рафторашон ва муҳиту атрофи мактаби деҳаам ҳеҷ аз ёдам намеравад. Бо амри тақдир риштаи умри ду ҳамсинфам - Хуҷамов Содиқ ва Аминов Нозим (ёдашон ба хайр бод), ки барои ман хело азиз буданд, дар айёми ҷавонӣ канда шуд ва аз байни корвони ҳамсинфон дар тӯфони зиндагӣ нопадид гаштанд. Инчунин, устодони бузурги рӯзгордида, падари бузургворам Аслиддин Эсоев, Разоқбердӣ Атобуллоев, Тошмурод Холов, Абдуқаҳор Сафаралиев, Раҳмонбердӣ Холиқов ва Азизмурод Азизов ба мисли олимони бузурге буданду танҳо унвоне надоштанд, ба мо навиштану хондан ва дарси ҳаётро омӯзониданду имрӯз дар байни коллективи омӯзгорон нестанд. Ҳар лаҳза ёдашон мекунам…

Дар ин миён пас аз хатми мактаб дар 16 баҳори умр сабзаҳо дамиданд, 16 гармои фасли тобистон гузашт, 16 маротиба хазонрезӣ шуд ва 16 маротиба барф борид. Дар ин ҳама лаҳзаҳо ҳамсинфонам аз ёди ман дур набуданд ва хотираҳои ширини дар ҳар як фасли сол бо онҳо доштаамро аз ёди худ дур накардаам. Лаҳзаҳои мактабӣ беҳтарин лаҳзаҳои тақсимоти умри одамизод аст ва ҳеҷ гоҳ чеҳраҳои ширини ҳамсинфонам аз назарам дур намераванд. 

Ҳамсинфони азиз, бо расидани анҷоми соли хониш, ҳамон рӯзе, ки хайр мактаб,  хайр хамсабақон гуфтану аз ҳам ҷудо шуданамон ба ёдам меояд ва хумори дидоратон маро мегирад, шуморо ёд мекунам…

Нуъмон ЭСОЕВ,

ҷонишини директори Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ

Хонданд 47
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 

Хабари рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.