Мо вақте донишҷӯ будем, ҳар чизеро, ки пеш омад, хондем ва шахсе набуд, ки гӯяд, “инро хону онро нахон”.

Бозор Собир

Шоири шаҳири мо суханеро гуфтааст, ки имрӯз аксари китобхонҳо ин мушкилро доранд. Ба қавле чизе ки пеш омад, хуш омад. Вале китобхонӣ ва бардоштани номи китобхону китобдӯст осон нест. Ба ҳеҷ ваҷҳ хонандагон ва дӯстдорони китоб дар дарку фаҳмиши асарҳои хондаашон муваффақ намешаванд, агар чӣ хондану барои чӣ хонданашонро надонанд.

Аз ҷониби дигар, ин умри кӯтоҳи мо барои мутолиаи ҳар навиштае, ки дар шакли китоб аст, басанда нест. Умр кӯтоҳ, китоб ва китобгунаҳо хеле зиёданд. Дар ин росто бояд танҳо ва танҳо асарҳои зарурӣ ва муҳимро хонд. Ва ин дар ҳолест, ки мутаассифона имрӯзҳо ҳар нафари пулдор бе ягон эбу истиҳола “китоб”-ашро чоп мекунад.

Ва чизи дигар ин ки, дар китобхонӣ миқдор не, балки сифат муҳим аст. Зеро ба қавле аз зиёди нофаҳмову нодаркор дида, ками дорои муҳимият хубтар аст. Ҳамагӣ чанд рӯз пеш духтараке пешам омаду гуфт: “Ман фалонӣ, хонандаи мактаби миёнаи фалон ҳастам. То имрӯз зиёда аз 200 китоб хондаам ва дар бисёр озмунҳои вобаста ба китобу китобхонӣ иштирок кардаам ва хушбахтона ба гирифтани ҷойҳои намоён низ сазовор шудаам. Хоҳиш мекунам, ки дар мавзуи аҳамияти китобхонӣ аз номи ман як мақола нависед”.

Тасаввур кунед, нафаре, ки 200 китоб хондааст, аз китобҳои хондааш ҳамон қадар донише гирифта натавонистааст, ки дар бораи аҳамияти китобхонӣ варақеро сиёҳ кунад ва ба болои ин ҳама барои аҳамияти китобхониро ба ҷомеа фаҳмонидан назди нафаре меояд, ки дар умраш шояд 20 китоб нахонда бошад. Дар ин ҳолат табиист, ки мо аз 200 китоб хондани нафари китобхон танҳо як чизро мефаҳмем: ӯ дар вақти китобхонӣ танҳо ба рақами саҳифаҳо диққат медодааст, на ба калимаву ибораву ҷумлаҳои хондааш. Ва бадбахтона сафи чунин китобхонҳо рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст.

Дар ин бобат боиси хушнудист, ки аъзои китобхонаҳо, яъне хонандагони доимии китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар ҳоли афзоиш аст. Имрӯзҳо баробари оғоз шудани дарсҳо мо дар китобхонаҳо китобхонҳои зиёдро мебинем. Ҳоло, ки мавсими имтиҳонот нест, мо тестхонии хонандагонро мушоҳида намекунем, балки ба ҷуз аз оне ки қисме дар интернет мешинанд, дигар ҳамагӣ китоб дархост мекунанд. Яъне қисми зиёди нафарони ба китобхона омада унвони китобхону китобдӯстро гирифтаанд. Ҳар китоберо, ки дархост намуда варақ мезананд, ҳатман, ки дар рӯйхати китобҳои хондаашон қайд карда, зераш аломати “галочка” мегузоранд. Дақиқтар “ман ин китобро хондам”. Агар ба китобхонии бархе хубтар зеҳн монем, ба хубӣ дарк мекунем, ки онҳо барои адабиёти супоришдодаи муаллимро супоридан, кори мустақилонаро рӯбардор кардан ва вазифаи хонагиро иҷро кардан китобҳоро ба даст мегиранд. Мутаассифона, ин тасдиқи он аст, ки китобхонии мо барои ҳисобот ва “галочка” аст. Агар ҳамон корҳои мустақилона, ҳамон адабиёти ба зӯрӣ додаи муаллим ва вазифаҳои хонагӣ набошанд, оё китоб мехонем? Ман фикр мекунам теъдоди китобхонҳову китобдӯстон то дараҷае кам мешавад, ки дигар картаи китобхона бепул ҳам шавад, фоидае надорад.

Дар ҳақиқат саволи “мо китоби зиёд мехонем, вале чаро чизеро намедонем?”-ро аксарият ба худ ё атрофиёни худ медиҳанд, вале бисёр вақт ба ҷойи ҷавоб ҷумлаҳои “айби муаллим аст, ки супориши хондани китоби бемаъноро дод”, “ман ҳам хело мехонам, аммо чизеро намефаҳмам”, “нафаҳмем ҳам, супоришҳоро иҷро мекунем” ва боз чанди дигар. Аммо ҳайҳот, ки касе фикри дигар хел хондани китобро намекунад.

Ҷавоби савол: барои он ки мо китобро барои супоришҳои гирифтаамон мехонем ва фикри ба воситаи он дарку фаҳмишу ҷаҳонбиниамонро васеъ кардану дар охир тағйир додани зиндагиамонро намекунем.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here