Бо вуҷуди он, ки мо тифл будему забони гӯё надоштем, модарамон моро дарк мекард, вале дар идомаи хаёт мо кӯшиши донистану дарк кардани забони модарамонро намекунем…

Занги саввум шунида шуд. Шаҳло бо дафтари махсусаш ба тахтаи синф баромад. Инак, дар синфхонаи рақами 18, ки одатан онҷо дарсҳои хонандагони синфи 10-ум мегузаштанд, лаҳзаи деринтизор ва форам барои ҳар як хонанда фаро расид. Чандест, ки Шаҳло як дафтар дошт. Он дафтар ба мисли дафтари хотираи ҳаррӯза буд, аммо дар он танҳо ва танҳо шикоятномаҳояшро менавишт. Шикоят танҳо аз як нафар буд: модар!

Сукут лангар андохт. Ҳама гӯшбақимор буданд. Садои Шаҳло баромад:

— Бачаҳо, имрӯз суханҳои ман бисёртар аст ва ба ин хотир мехоҳам зуд-зуд гап занам.

Ин ҷумларо гуфтан замон ҳамсинфаш Раъно аз дари синфхона баромад. Одатан дар чунин баромадҳои Шаҳло Раъно иштирок намекард. Дар синфхона намондани Раъно ба ҳама маълум буд, яъне ӯ намехост суханҳоеро шунавад, ки аслан бояд онҳо гуфта нашаванд. Ба ин нигоҳ накарда, Зулола ба назди тахтаи синф курсиеро оварда, гуфт:

— Шаҳло, шин, тез-тез гап зан-ку, мурдем аз интизорӣ…

Шаҳло дафтарро болои зонувонаш гузошта, оғоз кард:

— Дӯстон, дирӯз “мамаша” ба ман гуфт, ки сухани муҳимат дорам. Ман ҳам фаҳмидам, ки аз сухани муҳимаш боз метавонам чанд варақ гап нависам барои шумо, аз ин хотир хурсанд шудам. Дар охир медонед чӣ шуд? Ба ҷойи он ки аз навигариҳои замонамон, аз пешравиҳои пай дар пайамон ба ман лексия хонад, аз хонадорию хонадоршавӣ, аз хӯрокпазию ҷомашӯйӣ, аз камтар хоб кардану саранҷом кардани кору бори хона гап зад. Оё модарони шумо ҳам ҳамин тавр ҳастанд? Наход дар асри XXI бо духтарат аз ҷомашӯйӣ суҳбат кунӣ!? Наход дар ин замон, ки ҳамагон барои хабарҳои шавқовар ва аксу видеоҳои ҷолибро аз даст надодан то дергоҳи шаб бедор ҳастанд, аз саҳархезӣ бигӯйӣ!? Наход дар ин вақте ки ҳар қадам ошхонаву тарабхона аст, аз хӯрокпазиро натавонистани духтар модар ғам хӯрда, насиҳат кунад, ки ҳоло ҳам дер нашудааст, хӯрокпазиро ёд гир!?…

Ӯ ҳамарӯза дар назди ҳамсабақонаш баромад мекард. Аз «хатоҳои» ҳаррӯзаи модараш матнҳои калон менавишт, ки боис мегашт шунавандаҳо то баромади навбатиаш биханданд. Намунаашро мо дар боло овардем.

Ин аз он сарчашма мегирифт, ки Шаҳло худро замонавӣ мепиндошт ва ба ҳар сухану амали модараш эрод мегирифт. Бехабар аз он, ки замонавӣ будан — ин худаш бо модар ҳамфикру ҳамзабон будан аст.

Ин хаторо на танҳо Шаҳло ва дигар ҳамдарсонаш, балки ҳазорҳо-ҳазор нафарони дигар содир мекунанд. Забонро фаҳмидан маънои онро надорад, ки ду нафар бо забони тоҷикӣ суҳбат мекунанд ва ба имову ишораи якдигар “бале” ё “не” мегӯянд. Забони нафареро фаҳмидану дарк кардан маънои бо ҳамсуҳбат соатҳо нишастану суҳбат карданро надорад. Забонро дарк кардан оне нест, ки дар охири ҳар суҳбат мо мегӯем: “Шуд, туро фаҳмидам!”. Забони нафареро, хусусан модарро фаҳмидан он аст, ки ба рӯяш як табассум мекунем. Басанда аст як табассуми самимӣ барои дили модар ва замони модарро фаҳмидану дарк кардан.

Модаронро фаҳмидан даркор аст, зеро онҳо барои ҳар яки мо оинаро мемонанд. Оинае, ки дар ҳоли ҳозир 20, 30, 40 соли баъдии моро нишон медиҳад. Биёед модаронро гӯш мекунем, эҳтиром мекунем, дарк мекунем ва бо онҳо ҳамзабон мешавем.

Идатон муборак, модарони миллат!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here