Чуноне ки калонсолон мехоҳанд кӯдакон бо онҳо ҳамзабону ҳамфикр бошанд, кӯдакон низ чунин хоҳишро доранд.
Шерзод ҳар вақте ки ба назди ҳамсолони худ бо мақсади бозӣ кардан меомад, агар он бозӣ футбол мебуд, голи охирин зада мешуд, агар рустшавакон мебуд, интиҳои даводаву рустшавӣ мешуд, агар барфбозӣ мебуд, дарҳол бачаҳо баҳонаи хунукхӯрӣ карда, ба ҳар тараф мерафтанд. Ошкоро, аз миёни бачаҳои маҳал касе бо Шерзод бозӣ кардан намехост. Аввалан, сари ӯ зарб хӯрда буд, зарби шаппотии модари «ғамгусор»-ро. Дуввум, меҳрубонӣ надида буд, меҳрубонии падари «мушфиқаш»-ро. Саввум, вай аз атрофиёнаш сухани хушро нашунида буд ва дар баробари ин, ҳар он чизе, ки мешунид, дашному бадгӯӣ буд. Сухане ҳаст, ки волидон бояд то 7-солагии фарзанд ғуломи ӯ бошанд, аз 7 то 14-солагиаш фарзандро ғуломи худ кунанд ва пас аз он бо ӯ рафик шаванд. Вале мутаассифона, Шерзод ҳанӯз дар яксолагиаш барои гиристани кӯдаконааш рӯйи турши падарро медид. Дар дусолагиаш, ки барои ҳоҷатхона рафтан забони гӯё надошт, аз модараш шаллоқ мехӯрд. Дар сесолагӣ падараш ба ӯ таваҷҷуҳ намекард, дар ҳоле, ки нав сухангӯ шуда истода буд. Дар чорсолагиаш ҳамин ки як қадамаш аз хоҳишоти модар берун мебаромад, таҳдид мешунид. Таҳдид бо он, ки қаҳрамони фалон филми даҳшатнок дар пушти дар аст. Дар панҷсолагиаш дар боғча барои он ки ба ҷойи хоб кардан бозӣ мекард, аз мураббия «таҳсинномаҳо» мегирифт. Дар шашсолагиаш барои он ки соли оянда мактаб мераваду алифбои забони тоҷикиро бо чанд шеър намедонад, зери мазоҳу масхараи ҳамсолонаш монда буд. Дар ҳафтсолагиаш барои баҳои ду гирифтанаш ҳамсояҳо ба ӯ механдиданд. Ӯро таҳқир мекарданд. Ба иззати нафсаш мерасиданд. Одам ҳисобаш намекарданд. Дар натиҷа дар миёни мардум худро зиёдатӣ мешуморидагӣ шуд. Бо ҳамин тамом, ҳафт соли подшоҳии кӯдак ба охир расид. Агарчи дар 20 соли оянда вайро подшоҳ таъин кунанд ҳам, фоидае надорад, зеро аллакай вақташ гузаштааст. Пас аз ҳафтсолагӣ, яъне солҳое, ки бояд гапгӯшкунак ва корбудкунаки волидон бошад, касе ба ӯ аҳамият намедод. Ҳатто падараш дар рӯзномааш имзо намегузошту модараш ба маҷлисҳои мактабӣ намерафт.
Ҳамин тавр, рӯзҳо гузаштанд ва ба имрӯз расидем. Гузаштани рӯзҳо амали табиист, аммо дар рӯзҳои сипаригардида пешравие, муваффақияте, дигаргуние дар ҳаёт кардан кори тақдиру интихоб ва ақл аст. Аммо Шерзод ақлашро истифода намекард. Интихоб, ки вазифаи ақл буд, карда намешуд. Тақдир бо «шрифти» сиёҳи серранг рӯзҳои ҳаёташро менавишт. Ин умри як нафар аст. Метавонад ҳаёту зиндагии ҳама кӯдакон шавад. Ба мо аз он ҳушдор медиҳад, ки пеш аз фарзанд хостан тайёр будан ҳамчун волидро тасдиқ кунем ва пас аз фарзанд додани Худованд бо забони ӯ гап заданро омӯзем.
Кӯдак қаблан аз волидон забони гарм ва ширин мехоҳад. Ҳар забоне, ки ба ӯ фаҳмо бошад, ҳамон ширин ва нарм аст. Дарк кардан ё накардани кӯдак ба забони гуфтори водилон аз ҳама ҷиҳат ба падару модар дахл дорад. Боварии комил дорем, ки ҳеҷ кадоме аз Шумо тақдири фарзандатонро мисли тақдири Шерзод нахоҳед кард.
Худованд барои омӯхтани забони фарзанд ба ҳама волидон кӯмак расонад!

Сино ТОҲИРОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here