Зиндагӣ гар хӯрдану хобидан аст,

Ман талоқи беҳисоб кардам вро.

 

Ӯ бисёр хоб кардан мехоҳад.

Ӯ бисёр бекор гаштан мехоҳад.

Ӯ бисёр дар “Ютуб” нишастан мехоҳад.

Ӯ бисёр бо телефон суҳбат кардан мехоҳад.

Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр нависонавис кардан мехоҳад.

Ӯ дар фикре нест, ки имрӯз ба хотири фардояш коре кунад.

Ӯ хостгори илмомӯзӣ нест.

Ӯ дар талаби дигаргуншавӣ нест.

Ӯ кӯшиши ивазкунии зиндагиашро надорад.

Ӯ аз худ бехуд аст.

Ӯ чӣ кор карданашро намедонад.

Ӯ мунтазир аст, ки касе пайдо мешаваду ба зиндагиаш дигаргуние ворид мекунад.

Ӯ дар дараҷаи олии тамбалӣ қарор дорад.

Ӯ ҳоло мехоҳад, ки ин навиштаро нахонад ва ҳатто саҳифаи “Фараж”-ро дарронад, зеро бо ном бурдани ҳама ҷузъҳои зиндагияш асабӣ шуд.

Ӯ дар зиндагӣ танҳо вуҷуд дорад, нафас мегирад, мехӯрад, мепӯшад, мегардад, мебинад, эҳсос мекунаду халос. Ва инро наметавон зиндагӣ номид, чунки дар дохили чунин умр ба ҷуз вуҷуд доштан дигар чизеро дидан мумкин нест. Вале бадбахтона ӯ инро зиндагӣ мешуморад.

Ҳар нафар метавонад “ӯ” бошад ва “ӯ” ягон одамӣ конкрет нест. Аммо агар ҷумлаҳои дар боло омада ҷузъе аз зиндагии нафареро ташкил диҳанд, пас вай “ӯ” аст ё ба “ӯ” шудан наздик шуда истодааст. Ва камбахтона, имрӯз дар ҷомеаи мо зиёданд чунин нафароне, ки дар зиндагиашон зиндагӣ намекунанд, балки танҳо вуҷуд дошта, нафас мекашанд.

Ҳамчунин, агар мо ҳолати мазкурро аз равзанаи дигар назар кунем, чанд “стик”-еро меёбем, ки онҳо дар худ навиштаҳои гуногун доранд.

Зиндагӣ ба мо имконияти бисёр чизро омӯхтан, истифода кардан, аз худ чизе мондан, ба мардум хидмат кардан медиҳад. Мо имкон дорем, ки худро кашф кунем. Барои кашфи дигарон ба онҳо кӯмак кунем. Худро ёбем. Дигаронро кӯмак кунем, то ки онҳо ҳам худро ёбанд. Барои худ мақсад гузорем. Ба дигарон барои мақсад гузоштану ёфтанашон кӯмак кунем. Ҳамаи ин имконотро мо дорем. Вале агар онҳоро мо истифода накунем, бекора ва бенатиҷа ҳастанд. Барои ба инҳо расидан бояд фикр кард. Фикри дигаргунӣ илова кардан. Фикри ивазкунии ҷузъҳои зиндагӣ. Фикри ба худ омадану дар дохили худ зистан. Ва фикри бо имконоти мавҷуда мувофиқ кардани орзуву мақсадҳои доштаамон.

Дар ин баробар танҳо бояд аз баъзе корҳои нодаркор даст кашид. Аз корҳое бояд даст кашид, ки ба мо ба ҷуз бадбахтӣ ва нокомӣ дигар чизе намеоранд. Аз корҳое бояд даст кашид, ки ба ҷуз вақти моро гирифтан дигар нақше намебозанд. Аз корҳое бояд даст кашид, ки ба ҷуз бадномӣ ва бадбахтӣ ба мо чизе намедиҳанд.

Бояд дар хотир дошт, ки дигаргуншавӣ ва дасткашӣ аз корҳои беҳуда зуд ба мо муяссар намегардад. Зеро мо ба тарзи зиндагии қаблиамон дар чанд муддат одат карда будем ва табиист, ки барои дигаргун кардани он бояд чанд вақти дигар сарф кунем. Ва Худо кунад, ки мо ба ҳама хостаҳоямон бирасем.

 

P.S. Ҳамеша имкони аз варақи тоза оғоз кардани зиндагӣ ҳаст, ба шарте, ки худамон хостгори ин бошем.

Добавить комментарий