Ба наздикӣ филмеро бо номи “The time” (вақт) дидам ва он сабаб шуд, ки дар мавзӯи вақт чанд ҷумларо бо ҳам пайванд кунам.

Филм дар худ дунёеро инъикос мекунад, ки он дунёи мо нест. Агар боигарӣ ва сарвату қудрати одамон дар дунёи мо бо пул ченак шавад, пас дар дунёи он филм бо вақт ченак мешавад. Чӣ хел? Ҳар нафаре, ки вақти зиёди умр дорад, ҳамон нафар қудратманд ва тавоно аст.

Дар он филм пул гуфтанӣ чиз нест. Ҳар кореро, ки иҷро мекунанд, бо асбобҳои махсус ба дастони коргарон вақт мегузаронанд. Ҳар чизе, ки хариданӣ мешаванд, аз дасташон ба воситаи дастгоҳе вақт медиҳанд. Яъне ҳамаи он чизеро, ки мо ба воситаи пул ҳал мекунем, дар он филм ба воситаи вақт ҳал мекунанд ва иловатан, агар вақти касе тамом шуд, ҳамон лаҳза вай мемирад. Ин ҳамон ҷумлаи машҳури қаҳрамони намедонам кадом асари детективиро ба хотир меорад, ки чунин буд: “Зиндагӣ карда наметавонӣ, бимир!”.

Тавре дар боло гуфтам, нияти тақриз навиштан надорам ва он чизе, ки вобаста ба ин филм гуфтам, марбут аст ба он чизе, ки ҳоло гуфтан мехоҳам. Агарчи филми “The time” маҳсули хаёлоти муаллиф бошад ҳам, ба мо як ҳақиқатро рӯшан мекунад: ҳар нафасе, ки мо мекашем, аз умри худ кам карда истодаем ва моро мебояд он нафасҳоро дар роҳи дуруст ва фоидаовард сарф кунем.

Вақт барои як қисми одамон ҳама чиз аст: хона, мошин, вазифа, саломатӣ, оила, истироҳат, мақомҳои баланд, омӯзиш…, аммо барои қисми дигар танҳо ҳаракат кардани сонияҳо асту халос. Аз вақт ҳар чизеро, ки хоҳиву интизор бошӣ, ҳамон чизро бароят медиҳад. Агар нек хоҳӣ, албатта, нек мегирӣ, агар бад хоҳӣ, албатта, бад мегирӣ.

Маълум аст, ки барои аксарият вақт танҳо маънои ҳаракат кардани сонияҳоро дорад ва аз бад будани ин ҳолат баъзеашон огаҳ шуда, хоҳиши дигар кардани зиндагӣ ва тарзи рӯзгузарониашонро мекунанд. Бо садоҳои баланду пас мегӯянд: “Ман дигар мешавам!”, “Ман бояд дигар шавам!”, “Ман аз ин ба баъд кӯшиши дигар шуданро мекунам!”.

Набояд инкор кард, ҳастанд нафароне, ки дар давоми зиндагиашон чандин маротиба кӯшиши қадр кардани вақташонро мекунанд, нақша мекашанд, аз диди дигарон худро диданӣ мешаванд, аз берун ба худ баҳо медиҳанд, видеороликҳои муфид мебинанд, маслиҳатҳои атрофиёнро гӯш мекунанд… хуллас, мехоҳанд дигар шаванд. Аммо бисёр вақт он ҳама кӯшишҳо бенатиҷа анҷом меёбанд. Зеро принсипи аввалини дигаршавӣ ва ё худ қадр кардани вақти худ — ин омӯзиши пайваста аст, ки мутаассифона соҳибвақтони мо инро сарфи назар карда, ҳатто ба ин нимнигоҳе ҳам намекунанд.

Барои чӣ омӯзиш? Мумкин ин савол дар зеҳнҳо аллакай пайдо шуд. Сабаб он аст, ки ягона роҳ ва рукни муҳим барои ба қадри худ расидан танҳо омӯзиш шуда метавонад. Ягона чизе, ки моро ба асли худамон шинос мекунад, ин китоб аст. Китоб нахонда, ҳеҷ кас наметавонад муваффақ шаваду ба қадри вақти дар ихтиёр доштааш бирасад. Ва чизи муҳими дигар ин аст, ки бояд мо ягон вақт касеро интизор нашавем, ки мисли қаҳрамонҳои филмҳои хаёлӣ ва ё асарҳои бадеӣ омада ҳаёти моро дигар мекунад, зеро интизорӣ ба ҷуз аз куштани вақт дигар чизеро ба мо оварда наметавонад.

Ва дар охир як савол: Шумо имрӯз чӣ кор кардед, ки ҳадди ақал қадаме шуда тавонад ба сӯйи мақсадҳои ояндаатон?

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here