Кадоме аз вакилони Маҷлиси намояндагон ба саволи мушаххаси ман посухи “Ман!” дорад?

Иҷлосияи ахири Маҷлиси намояндагон рӯзи 30-юми июн баргузор гардид. Воқеан, ин барои вакилони огоҳ санаи муҳим аст. Зеро дар дунё маҳз ин рӯзро ба сифати Рӯзи байналмилалии парламентаризм мешиносанд. Дуруст, мо хеле шуд парлумон дорем, аммо парламентаризм чӣ?

Ин савол, мутаассифона, ҷавоби қотеи худро надорад.

Ба ҳар ҳол, ёд надорам, ки вакиле аз палатаи поёнии парлумони мо дар ин бора изҳори назари хеле муҳиму ҷиддӣ карда бошад. Сухан аз вакилонест, ки аз 1-уми июл ба таътил рафтанд ва акнун то нимаҳои август истироҳат хоҳанд кард. Дар хабарҳо мехонем, ки тибқи Қонун танҳо Президенти Тоҷикистон ҳуқуқ дорад дар рӯзҳои таътил иҷлосияи ғайринавбатии парлумонро баргузор кунад. Ба эҳтимоли зиёд гап дар бораи эълони рӯзи интихоботи президентӣ меравад, ки нимаҳои август Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар иҷлосияи якҷояи худ бояд онро расмӣ кунанд. Аз ҳамин хотир, маҷбуранд вакилони муҳтарамро аз “хоби ноз” бедор карда, ба толори иҷлосия биёранд.

Банда, ки ба ҳайси хабарнигори парлумонӣ фаъолият мекунам, дар 2 моҳи фаъолияти МН дар тамоми ҷаласаҳои палумонии соли 2020 иштирок доштам. Ба ҷуз ҷаласаҳои ахир бо сабаби зуҳури КОВИД-19 дар кишварамон. Дар омади гап, бояд гуфт, ки ин бемории сироятӣ бархе аз вакилони қабати поёни парлумонро ҳам ба худ гирифтор намуд. Ҳатто раиси парлумон Маҳмадтоҳир Зокирзода ва вакилони нисбатан фаъоле чун Саидҷаъфар Усмонзодаро. Шояд дигарҳо низ буданд, аммо онҳо мисли бисёр фаъолиятҳои худ онро “пинҳон” доштанд.

Бояд гуфт, ки аз фаъолияти Маҷлиси намояндагон муддати зиёд нагузаштааст. Интихоби онҳо моҳи март сурат гирифт. Гуфта ҳам наметавонем, ки маъракаи сахти интихоботӣ доштанд ва ин ҳолат онҳоро сахт монда намуд ва барои истироҳат водор сохт. Оре, дар ҳисоботи расмиашон мехонем, ки дар ин 3 моҳи фаъолияти худ онҳо беш аз 55 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 5 қонуни мукаммал, 27 тағйиру илова ба қонуну кодексҳо ва 19 созишномаро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор додаанд.

Вале интихобкунандаи оддӣ саволи оддӣ дорад: то куҷо вакилонашон барои беҳбуди ҳаёти онҳо талош доштанд? Махсусан дар давраи буҳрони коронавирус.

Хуб, мардум заҳмат ва талошҳои Пешвои миллатро дид, кӯмаки соҳибкорону шахсони хайрхоҳро ҳам. Вале кадом вакили Маҷлиси намояндагон боре изҳори назар намуд, ки дар ин давра фалону бисмадон корҳоро бояд анҷом дод? Албатта ба ғайри раиси ҲДТ Саидҷаъфар Усмонзода, ки гуфт, бояд дар Тоҷикистон вазъияти ҳарбӣ эълон шавад, ки он ҳам баҳсҳоеро ба миён овард. Чанд вакили дигар дар нашрияҳои ҳукумативу парлумонӣ фақат навиштанд, ки ин шабу рӯз ҳарчи бештар бояд дар атрофи давлату Ҳукумат сарҷамъ шуд. Гӯё агар инро намегуфтанд, мардум инро намедонист. Имрӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки тамоми тоҷикони дунё дар атрофи Президентамон якҷоя ҳастанд ва ҳамеша аз сиёсати ӯ ҷонибдорӣ менамоянд.

Хуб, Ҳукумат вақти пандемия ҳама талоши худро кард. Дар ин миён мушкилоти зиёде буданд, ки вақти иҷро пеш омаданд. Масалан мавзӯи пулакӣ ё бепул будани табобат. Инро одамон борҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуот навиштанд. Оё шунидед, ки вакиле инро муҳокима карда бошад?

Пас, аз ин бармеояд, ки вакилон ба мушкилоти мардум худро машғул надоштанд. Гарчанде раиси Маҷлиси намояндагон Зокирзода Маҳмадтоир боисрор мегӯяд: “Бо қаноатмандӣ изҳор менамоям, ки дар давраи авҷ гирифтани короновируси намуди нави COVID-19 дар миқёси ҷумҳурӣ вакилони Маҷлиси намояндагон бо тамоми ҳастӣ дар паҳлуи мардуми Тоҷикистон буданд ва талош варзиданд, ки дар ҳама шароит барои рафъи мушкилоти пешомада ба интихобкунандагони худ кӯмак расонанд”, мардум ҳақ доранд, ки пурсанд:

— Кадом мушкилот? Кадом вакил?

Ба ғайр аз ин, Маҷлиси намояндагон дар ҳамин давра ба Кодекси ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бобати пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қоидаҳои зиддиэпидемиявӣ тағйироту иловаҳо ворид намуд. Тибқи он акнун ба журналистон ва кормандони ВАО, ки “хабарҳои бардурӯғ” паҳн мекунанд, ҷазо таъин мешавад. Ин чунин маъно дорад, ки мо дигар бо иттилооти алтернативӣ кор карда наметавонем, зеро он расмӣ нест. Ҳоло биёед ба хотир биёрем, ки журналистон кай дар бораи ҳолатҳои аввалини пайдоиши коронавирус дар Тоҷикистон хабар доданд? Оё дурӯғ гуфтанд? Пас тағйироти нави Қонун магар рӯирост бастани даҳони матбуот нест?

Аз ин ҳам бигзарем, вакилоне, ки худро “интихобкунандагони мардум” муаррифӣ мекунанд, магар метавонистанд Қонуне қабул намоянд, ки барои напӯшидани ниқоб то 200 сомонӣ бояд ҷарима супурд? Ин ҳам дар кишваре, ки карантин эълон нашудааст. Мардум тайи ду моҳ қариб бекору бепул монд. Оё шунидед, ки мисли вакилони қирғиз як вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар бораи вазнинии ҷарима чизе гуфта бошад? Дар масъалаи баланд гардидани нархҳо чӣ?

Ҳоло ҳам ин мушкилот ҷой доранд. Ку вакили додшунав?

Ҳатто раиси Маҷлиси намояндагон иқрор мекунад, ки ба онҳо беш аз 66 муроҷиати хаттии шаҳрвандон ворид гардидааст ва ҳолатҳои такроран воридшавии муроҷиатҳо ба назар мерасад, ки албатта боиси нигаронист. Сабаби асосии такроран воридшавии муроҷиатҳо қаноатманд нашудани одамон аз дархости худ мебошад.

Оё ягон вакили нави парлумон гуфта метавонад, ки аз пушти мактубу аризаи интихобкунандааш то охир рафтааст?

Ман омодаам посухи вакилеро думболагирӣ намоям, ки боҷуръатона гуфта метавонад: “Ман!”.

Ҳастед? Марҳамат, минбар ба шумо.

Ё дар вақти таътил худро “ғам” доданӣ нестед?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here