Мо бояд дар бораи гузаронидани таътил чиҳоро донем?

 

Кош ҳар яки мо ҳадди ақал як маротиба кӯшиши ба ин савол ҷавоб доданро карда, ҳар чизе, ки зарур ояд, аз худ намоем.

Имрӯз рӯзи сеюми моҳи якуми таътили думоҳаи моаст. Шояд пас аз хондани ҷумлаи аввалӣ баъзеҳо фикри чӣ гуна зуд ва ноаён гузаштани рӯзҳоро намоянд. Шояд баъзеҳо нофаҳмида мондаанд, ки барои онҳо давраи хеле муҳим сипарӣ шуда истодааст. Шояд баъзеҳоро фикри бемақсадию бенақшагиашон азоб диҳад. Шояд қисме ҳоло ҳам дар хоб бошанд. Шояд баъзеҳо ба худ омада натавонанд. Шояд ашхосе имконоташонро истифода карда натавонанд. Шояд баъзеҳо аз имрӯз ба по хеста, таътилро ба маънои томаш мешиносанд. Ва Шояд баъзеҳо дар ҳоли ҳозир чӣ ҷавоб доданашонро медонанд…

Таътил, хусусан таътили тобистона вақтест, ки агар фикри хуб истифода кардану барои сипарӣ намуданаш кӯшиш кунем, бисёр корҳоро анҷом дода метавонем. Дар ду моҳ, ки чандон вақти кам нест, шахси нақша ва мақсади муайян дошта оҳиста-оҳиста паҳлуҳои нопурра ва ё каму кости худро пурра карда метавонад. Ва ҳамин аст, ки аксари одамони оқилу доно ба таътил баромаданро ҳаммаънои холигиҳои худро пур кардан медонанд. Ду моҳ, ду моҳи холигӣ, ду моҳи берун аз машғулиятҳои дарсӣ, ду моҳи кори мустақилона накардан, ду моҳи дар «линейка»-и пагоҳирӯзӣ 30 дақиқа наистодан, ду моҳи ба «причестка» аҳамият надодан, ду моҳи дар ҷустуҷӯйи галстук набудан, ду моҳи ба дигарон вазифаи хонагӣ омода накардан, ду моҳи барои худ зиндагӣ кардан, ду моҳи аз худ будан, ду моҳи танҳоӣ, ду моҳи хубу хотирмон, ду моҳ… Ду моҳе, ки барои азнавбарқароршавӣ ба мо тақдим мегардад.

Ду моҳи охири тобистон, ки ба таътили мо рост меоянд, дар барқароршавӣ ва бо қувваи нав ба сентябр расидани мо хеле зиёд метавонанд саҳм дошта бошанд. Ва дар асл ин вақт барои қисме аз одамон айёми хуби азнавбарқароршавӣ маҳсуб ёфта, барои анҷом додани корҳои монда кӯмак мекунад.

Пеш аз ҳама барои хуб гузаронидани таътил бояд то омадани он нақшаи муайяне дошт. Бисёранд нафароне, ки маҳз бо надоштани нақшаи муайян таътили худро бефоида ва бенатиҷаи дилхоҳ сипарӣ мекунанд. Нақша доштан ин маъноеро дорад, ки вақти дар ихтиёр доштаамонро сарфакорона истифода кардан мехоҳем. Барои гузаронидани таътил нақша надоштан ҳаммаънои дар тобистон барф бориданро дорад, ки бо сабаби надоштани либоси гарм вақтро дар хона ва ё ҷойи гарми дигар кӯр кардан мехоҳем. Омадани барф дар тобистон ва фаро расидани таътил барои нафароне, ки аслан дар бораи ду моҳи доштаашон фикр накардаанд, ҳаммаъно шуда метавонад. Зеро ҳар ду ҳам ғайриинтизор ва тасодуфан меоянд ва ҳар чизеро, ки қадр накунем ё аҳамият надиҳем, он зуд аз мо меравад.

Ба ҳеҷ ваҷҳ таътили тобистонаро ба мисли рӯзи охири ҳафта накунем. Мо як одати бад дорем, ки давоми ҳафта гоҳ бекору гоҳ бакор вақтамонро мегузаронем ва ҳама корҳоямонро ба охири ҳафта мегузорем. «Рӯзи якшанбе ҷомашӯйӣ мекунам, хонаи хешу табор меравам, корҳои мустақилонаро менависам, барои фалон ҳафтанома мақолаву барои фалон сомона мусоҳиба менависам, бозорӣ мекунам, камтар истироҳат мекунам, дар қурутобхонаи «Ҳамадонӣ» қурутоб ташкил мекунам…» мегӯем ва то охири ҳафта худамонро тасалло медиҳем, вале дар рӯзи муқаррар намудаамон хоҳиши иҷрои кореро надорем, чунки давоми корҳоеро, ки бояд давоми ҳафта анҷом медодем, ба ин рӯз мондем ва яку якбора ҳама корҳои нокардаро дида, дигар аз ҳамааш даст кашида, амалеро анҷом медиҳем, ки аслан интизораш набудем. Масалан, «дар як ҳафта ман ҳам ҳуқуқи як филм диданро дорам» гуфта, дар ҷустуҷӯйи филм мешавем ва он як филм дуто ва баъзан сето ҳам мешавад, ки дар интиҳо рӯзи барқароршавиямон кӯр мешавад ва боз аз пагоҳ ба дарс ё кор меравем.

Бояд дар хотир дошт, ки давоми соли таҳсил агар мо ҳама корҳоямонро ба таътиламон вогузор кунем, дар таътил интихоби кадомашро анҷом додан мушкил гашта, метавонад ба роҳгумӣ ва нодуруст гузаронидани ду моҳи дар даст доштаамон сабаб шавад. Ва ин ҳамон ҷумлаи болоиро ба хотир меорад: «Барои хуб сипарӣ кардани таътил бояд нақшаи муайян дошт».

Барои он, ки чӣ гуна гузаронидани таътиламонро дарк намоем, бояд қабул кунем, ки ду моҳи дар пеш истода барои хоб кардан нест.

Барои он, ки чӣ гуна гузаронидани таътиламонро дарк намоем, бояд қабул кунем, ки вақти дар ихтиёр доштаамон махсус барои истироҳат кардан ба мо дода нашудааст.

Барои он, ки чӣ гуна гузаронидани таътиламонро дарк намоем, бояд қабул кунем, ки ду моҳи берун аз дарс доштаамон барои тарбузу харбуза, помидору бодиринг, караму гулкарам, картошкаву пиёз ва боқилоҷону шалғамкорӣ ё онҳоро нигоҳубин ва калон кардан нест.

Барои он, ки чӣ гуна гузаронидани таътиламонро дарк намоем, бояд қабул кунем, ки ду моҳи дар пеш буда маънои бо китобҳо ва устодон ногап шуданро надорад.

Барои он, ки чӣ гуна гузаронидани таътиламонро дарк намоем, бояд қабул кунем, ки моҳҳои июлу август барои азнавбарқароршавӣ ва бо қувваи нав ба мизи мактабамон нишастан метавонанд мусоид бошанд.

Барои он, ки чӣ гуна гузаронидани таътиламонро дарк намоем, бояд қабул намоем, ки барои баду нохуб ва бефоида гузаронидани моҳҳои тобистон фардо пеши виҷдону волидон ва давлату миллат ҷавобгар ҳастем.

 

Сино ТОҲИРӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here