«Камераҳои симошинос» оё ҳамаи ҷинояткоронро пайдо карда метавонанд?

 

Хабари насб шудани камераҳои симошинос дар шаҳри Душанберо  мардум хеле хуб истиқбол намуд. Чун то имрӯз ҷиноятҳои зиёде ҳастанд, ки нокушода боқӣ мондаанд. Камераҳои мазкур аз камераҳои қаблӣ дар он фарқ доштааст, ки онҳо симои ҷинояткоронро шиносоӣ мекунанд ва фавран ба мақомот аз будубошашон хабар медиҳанд.

Барои Тоҷикистон чунин навгонӣ бори нахуст аст, онро таҷриба мекунад ва албатта чеҳраҳо тавассути аксҳо шинохта мешаванд, зеро тамоми аксҳои ҷинояткорон дар махзани ВКД нигаҳдорӣ мешавад. Камераҳои нав қудрати то 30 дарсади шинохти ҷинояткорро дорад, на беш аст он. Ва пас аз шиносоии афроди дар чустуҷӯ қарордошта сигнали махсус ба хадамоти назорати ин камераҳо меравад, ки дастгир кардани ҷинояткоронро осон мекунад.

Барои амалӣ кардани тарҳи мазкур Ҷумҳурии мардумии Чин мусоидат намудааст ва он ҳам албатта бо қарз. Вале то ҳол дастгир кардани ҷинояткоронро ВКД нашр накардааст ва то куҷо бо камераҳои чеҳрашинос ба натиҷаи дилхоҳ хоҳад расид, вақт нишон медиҳад. Кори масъулини баландпояи ВКД-ро мардум метавонанд баҳо диҳанд. Зеро камераҳое, ки қаблан «Шаҳри бехатар» насб карда буданд, чандон шаффоф набуданд ва нестанд. Зеро, аксарият нафароне, ки «тағо» доранду ба баъзе масъулини баландпояи БДА наздикӣ ва «дили бузургашон»-ро ёфтаанд, ҳам қоидавайронкунӣ мекунанду ҳам ҷарима намесупоранд. Аксарият месупоранд, вале на ба буҷети давлат, балки ба «буҷети янга» меравад ва он ҳам пурра не, балки 50 дарсадаш.

Камераҳои «Шаҳри бехатар» баъзан бӯсу канори баъзе ҷавонҳоро дар боғу хиёбонҳо мушоҳида намуданд, ки дар натиҷа онҳо ҷарима шуданд.

Мақомот бештар вақт табли шодӣ мезананд, ки камераҳо кӯмакгаранд. Вале дар аксарияти ҳолатҳо дуздии пулу тиллоро, чун мардум муроҷиат мекунанд, дар ҷавоб мегӯянд: «Охир, дар уҷа камера ҳастаю кор намекунад». Ва такя намудан ба камера ҳам дигар бенатиҷа аст. Пас, масъулияти таъмири камераҳо ба зиммаи кист?

Мушоҳидаҳо ҳамчунин аз камераҳои «Шаҳри бехатар» ба чунин хулоса меоранд, ки фақат нафарони камбизот дар рӯйхат ва сабти он ҳамеша бе гуфтугӯ ворид мешаванд. Фурӯхтани мошинҳои арзон ҳам маҳз бо «шарофат»-и ҳамин камераҳо ба вуқуъ пайваст, чун зӯри соҳибонашон ба супоридани ҷаримаҳои ҳангуфт дигар нарасид. Хуллас, ноадолатиро мардум зиёд дидаву таҷриба карданд.

Масалан, нафароне, ки маъюбҳоро ба нуқтаҳои серодам барои талбандагӣ меоранд ва пулашонро шом байнашон тақсим мекунанду мехӯранд. Чаро камераҳои назоратӣ «криша»-и онҳоро пайдо карда наметавонанд?

Ва бештар садамаи писарони мансабдорон, ки ба ҷойи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, албатта, ба хориҷа фиристонида мешаванд, низ боиси нобоварии мардум ба камераҳои назоратӣ аст. Мардум бо асабоният баъзан нимшӯхиву нимҷиддӣ мегӯянд: «Камераҳо туф кардани як носкаша сабт мекунанду писари зани якуму дуввуми мансабдоронро дар садамаи маргбор сабт намекунанд? Аҷаб камераҳои раҳмдил!».

Тавре Пешвои миллат дар баромадҳояшон ҳамеша таъкид мекунанд, кормандони мақомот ҳатто камераҳои назоратиро фиреб мекунанд. Як рақамро 10 маротиба нишон медиҳанд ва рақами дигарро пок мекунанд ва онро сарвари давлат «нанотехнологияи тоҷикӣ» ном бурд.

Ҳоло мардум умед доранд, ки рӯзе мерасаду Сарвари давлат ҳам аз камбудиҳо, норасоӣ ва қонуншикании худи кормандони «Шаҳри бехатар» суҳбат мекунанд.

 

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

Добавить комментарий