Ҳафтаи сипаригашта ду ниҳод — Вазорати фарҳанг ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузор намудани як нишаст аз Ҳукумати кишвар хостанд, то барои ҳунармандоне, ки матни бе вазну қофия ва таҳқиромез месароянд, ҷавобгарӣ таъйин намояд.

Ҳамчунин, ин ду ниҳод ба Ҳукумат пешниҳод кардаанд, ки сабту нашри суруду клипҳо бо ризоияти Вазорати фарҳанг сурат бигирад. Муроҷиатномае, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанг ва Кумитаи забон ва истилоҳот ба унвонии Ҳукумати кишвар ирсол гардидааст, аз 12 банд иборат мебошад. Аз ҷумла, дар муроҷиатномаи мазкур гуфта мешавад, ки бояд ҳунармандон аз ашъори ниёгон, сурудҳои маъруфи халқӣ ва шоирони машҳури муосир матн интихоб намоянд. Дар муроҷиатнома омадааст, ки Кумитаи телевизион ва радио пахши сурудҳои ғайримеъёриеро, ки тариқи телевизиону радиои мустақил садо медиҳанд, зери назорати ҷиддӣ бигирад. Дар идома пешниҳод мегардад, ки «Шӯрои мувофиқсозии матну оҳанги сурудҳо дар назди Вазорати фарҳанг таъсис дода шавад».

Муроҷиатномаи Вазорати фарҳанг ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба саройидани суруду таронаҳои бе вазну қофия ва таҳқиромез аз ҷониби ҳунармандон дар ҳоле таҳия ва ба Ҳукумат пешниҳод мегардад, ки тӯли чанд соли охир мавзуи мазкур баҳсбарангез боқӣ мемонад. Афзудани овозхонҳои булҳавасу кӯчагӣ, нашру пахши суруду клипҳои «лаҳшу фаҳш» дар майдони шоу-бизнес, «шиори рӯз»-и бархе ҳунармандон қарор гирифтани «шеъри худам, оҳанги худам ва худам месароям» дар чанд соли охир обрӯ ва нуфузи санъати мусиқии тоҷикро воқеан коста гардониданд.

Давоми чанд соли охир майдони санъати мусиқии тоҷик ба андозае аз ҳунармандони хасакиву булҳавас, матну оҳанги «гоҷу фач» ва «дуздӣ» лабрез гашт, ки гӯё гулзори санъати мусиқии тоҷик ба хорзор табдил ёфта бошад. Ҳатто беҳунартарин нафаре, ки дар дил як зарра ҳаваси сароянда шудан дошту аммо ҳарфи «а»-ро аз «б» фарқ карда наметавонист, вале дар ҷайб як тин дошт, мардум огоҳу ноогоҳ унвони «сароянда» ва «ҳунарманд»-ро ба номаш часпониданд.

Фикр мекунам дер боз фазои бемори санъати мусиқии тоҷик ба чунин як шӯрое эҳтиёҷ дошт, то бо муолиҷа ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ин фазои дардмандро табобат намояд. Фаъолияти чунин шӯро зарур ва ҳатмист, аммо ба фирки инфиродии банда, бояд чанд пахлуи онро ба инобат гирифт:

— Шӯрои мазкур бояд аз оҳангсозон ва сарояндагони боистеъдод иборат бошад, то тавонад ҳатто ба ҳунармандон дар таҳияи матну оҳанг кӯмак намояд.

— Худое накарда ин шӯро ҳунармандонро ба рӯйхати «сафед» ва «сиёҳ» ҷудо кунад (набояд санъат ва ҳунарро ба бою камбағал, сафеду сиёҳ ва худию бегона ҷудо кард).

— Шӯрои номбурда набояд дар назари ҳунармандон ҳамчун «садди мушкилгузар» ҷилва намояд, балки ҳар ҳунарманд бояд дар симои он пуштибон ва дастгири худро бубинад.

— Ба ҳунармандони ятим ва нафарони болаёқат аз ҷониби шӯро имтиёз дода шавад (дар таҳияи матн, ё оҳанг).

— Шӯрои мазкур бояд бо оҳангсозон ва таронанависону шоирон ҳамкории зич дошта бошад, то ба овозхонони эҳтиёҷманд дар ин масъала ёрӣ расонад.

— Ҳадафи шӯро танҳо имтиҳон гирифтани ҳунармандон набошад, балки дар ҳолатҳои зарурӣ ба онҳо кӯмаки маънавӣ расонад, роҳнамо ва маслиҳатгар бошад.

— Шӯрои мазкур бояд даргоҳи солими иртиботи эҷодии ҳунармандон бошад.

Дар хотир бояд дошт, ки танҳо ҷарима бастану ҷазо додан роҳи ҳалли масъалаву мушкилот нест. Барои ислоҳ кардани камбудӣ бояд роҳи дурустро нишон дод, намунаи хубтару беҳтар пешниҳод кард. Мутассифона, дар кишвари мо чунин анъана шудааст, ки дилхоҳ мушкилотро мехоҳем бо ҷазо додану ҷарима бастан ислоҳ намоем. Мисле, ки «Шаҳри бехатар» таъсис ёфту ҷаримаҳои дандоншикан ба ронандагон таъйин гашт ва умед буд, ки қонуншиканиҳо дар ин самт рафъ хоҳанд гашт. Вале таҷриба нишон дод, ки ҳатто пардохти ҷаримаҳои ҳангуфт натавонист қонуншиканиҳоро аз сӯи ронандагон кам кунад.

Умедворем, ки Шӯрои мувофиқсозии матну оҳанги сурудҳо дар назди Вазорати фарҳанг таъсис ёфта, як фазои мусоиду солимро дар санъати мусиқии тоҷик ба миён меорад.

 

Хусрав ШОҲСАИДОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here