Роҳи раҳоӣ аз сармоягузориҳои зиёду шубҳаовари Хитой вуҷуд дорад?

 Бо супориши бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармояҳои хориҷиву мустақим дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор”-ро дар таҳрири нав таҳия мекунанд. Мақсад аз таҳрири нав ҷалби бештари сармоягузорон, дастгирии соҳибкорон, бартараф намудани мухолифати санадҳои қабулгардида дар соҳаи андоз ва талаботи иловагӣ ҳангоми бақайдгирӣ, ҳолатҳои андозбандии фаъолияти резидент ва ғайрирезидентӣ дар соҳа, кам кардани иҷозатномадиҳӣ ва ғайра арзёбӣ мегардад.

Дар ҳамин ҳол, мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ бисёрии вақт мехонему мебинем, ки таҳлилгарону коршиносон аз сармоягузориҳои барзиёди Чин ба Тоҷикистон изҳори ташвиш мекунанд. Гуфта мешавад, дар мисоли кишварҳои Амрикои лотинӣ ва бархе мамолики африқоӣ, сармоягузориҳои Чин боис ба халал ёфтани истиқлоли давлатҳо гаштааст. Ин кишварҳо баъд аз сармоягузории зиёди Чин дар қарзҳо ғӯтта зада, ҳоло намедонанд чи гуна аз қарзҳо раҳо шаванд.

Тибқи маълумоти расмӣ, 52 фоизи қарзҳои Тоҷикистон аз қарзи умумии доштааш ба Чин рост меояд. Масъулин инро хатарзо намедонанд, зеро ин кишвар танҳо ба кишвари мо не, ба мамолики дигари дунё ҳам қарз медиҳад, сармоягузорӣ мекунад. Аммо дар гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистон дар шумори 8 кишвари дунёст, ки қарзҳои Хитой барояш хатарзо унвон мешавад.

Хуб, мақомот мегӯянд, ки ин ҷои тарс надорад, чун сармоя аст ва он бояд ҷалб шавад. Вале гоҳо ин суолҳо ҳам пеш меоянд, ки қарзҳои ҳангуфти Хитойро то куҷо сармоягузорӣ гуфтан мумкин бошад? Зеро бисёрии вақт шоҳид мешавем, ки дар лоиҳаҳои Чин аксаран шаҳрвандони ин кишвар ҷалб мешаванд. Яъне пулеро, ки ба Тоҷикистон меоранд, боз ҳамчун маош мегиранду ба кишвари худ мераванд…

Мавзуи дигар баҳснок ин аст, ки Чин ба кадом давлате, ки сармоягузорӣ мекунад, ҳатман ба захираҳои табиии он, аз қабили тилло, маъдан, металҳои қиматбаҳову ранга, нуқраву лаъл соҳиб мешавад ё пакети асосии саҳмияҳоро аз худ мекунад.

Дар муқобил, вазорату идораҳои давлатӣ мисол меоранд, ки аз моҳи августи соли 2007 Корхонаи муштараки «Зарафшон» аз тарафи ширкати куҳиву саноатии «Зиҷин»-и Чин дар як якҷоягӣ бо саҳми Ҳукумати Тоҷикистон таъсис ёфта, ба корхона зиёда аз 4 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ворид карда шуд. Ҳарчанд баҳсҳои зиёд аз кормандони маҳаллии ин корхона пеш меоянд, ки дар масъалаи маош ё ҳуқуқҳои меҳнатӣ байни онҳову хитоиҳо фарқияти калон вуҷуд дорад.

Баҳсҳое ҳам пеш омада буданд, ки чаро чиниҳо кони нуқраи «Якҷилва»-ро ба берун мебаранд ва дар ҳудуди Чин аз он нуқра месозанд? Агар сармоягузори воқеӣ бошад, магар ворид кардани техникаву технология барояшон мушкил аст, ки ҳам истеҳсолот ба вуҷуд меояд ва ҳам мардуми бе ин ҳам зиндагии мушкилдоштаи ноҳияи Мурғоб бо ҷойи кор таъмин мешаванд?

Пас, куҷо кафолат аст, ки ашёи хоми тоза ва “худӣ” дастрасамон мегардад?

Роҳи ягонаи пешгирӣ аз чунин ҳолатро коршиносон дар бештар шудани корхонаҳои истеҳсоли ватанӣ мебинанд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон имкони пайдо кардани сармоягузорҳои ватаниро дар ихтиёр дорад. Ҳоло соҳибкорону тоҷироне, ки дороиашон аз миллионҳо доллар бештар аст, дар мо кам нестанд. Танҳо он тавре Пешвои миллат борҳо зикр намудааст, “омилҳои инсонӣ”-ро бояд бартараф намуд, то онҳо сармояи худро дар иқтисоду истеҳсолот бештар намоянд.

Воқеан, ин сармояе хоҳад буд, ки мисли хитоиҳо аз он ҷои тарс вуҷуд дошта наметавонад. Ба таври дигар, ин сармояест, ки зери соя пинҳон нест. Пас чаро онро пинҳон намоем?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

1 бинависед

  1. Эй хоҷа чаро дар ин ҷаҳон бехабарӣ,
    Рӯзону шабон дар талаби симу зарӣ.
    Сармояи ту дар ин чаҳон як кафан аст,
    Он ҳам ба гумон аст, ки барӣ ё набарӣ.
    Саъдӣ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here