Мо ҳамеша барои хушбахт будан, муваффақ шудан, шоиста зистан имкон дорем. Танҳо бояд дар хотир дорем, ки ҳамеша ва дар ҳама ҳолат роҳе ҳаст.

Маъруф ва Мардон, ки довталабони мактаби олӣ буданд, бо вуҷуди аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон смс-паёмаки мусбат гирифтанашон ғамгину парешонхотир буданд. Ҳарду мехостанд тарҷумони забони немисӣ шаванд, вале аз рӯйи бали ба даст оварда ва тақсимоти ММТ ҳарду ҳам донишҷӯйи факултаи филологияи тоҷик қабул шуданд. Ба қавле донишҷӯйии тасодуфӣ дар насибашон будаасту онҳо ҳам ба ин тақдири азалӣ тан доданд.

Ҳарду дар хобгоҳи донишгоҳ ҷой гирифтанд. Ҳарду дар як ҳуҷра ҷойгир шуданд. Ҳарду болои рахти хоб нишастаанд. Хомӯшанд. Оромӣ. Сукути бадтар аз вою дод. Ногапии қаҳтӣ. Ба фикр фурӯ рафтанд. Чӣ кор карданашонро намедонанд. Ҳоло, ки дарсҳо оғоз нашудаанд, ҳоло, ки аз ҳисоби вақти донишҷӯйӣ чизе беҳуда сарф накардаанд, ҳоло, ки ба ихтисосу факултаи мехостаашон дохил шуда натавонистанд, ҳоло, ки фурсат доранд, бояд фикр кунанд.

Дар сари Мардон ин фикрҳо чарх зада истодаанд: “Аз кӯдакиам тарҷумон шудан мехостам, Худо нахост, ки ман ба факултаи тарҷумонӣ дохил шавам. Акнун ҳама умеду ҳавасҳоям ба таги хок рафтанд. Баробари ба факултети филологияи тоҷик дохил шудан, онҳоро дар мазористони хотираҳо гӯр кардам. Дигар барои ман хондану нахондан фарқе надорад. Зеро аз дусар ихтисоси ҳозираамро намефаҳмам ва шавқу ҳавас ҳам надорам. Ояндаи ман паҳну парешон шуд. Худамро гум кардам. Дигар зиндагӣ бароям он қадар муҳим нест. Ман ихтисоси ҳозираамро тамоман намефаҳмаму намедонам. Ман хуб медонам, ки маҳз бо айби ММТ даҳҳову садҳо нафари дигар монанди ман ба факултае шомил шудаанд, ки бар ивази нафаҳмидану нахостанашон, боз нисбати ҳамон ихтисос ғашу нафрат ҳам доранд. Эй вой, эй дод, эй фалак, эй…”.

Дар ин баробар ҳамкурсу ҳамхонааш Маъруф ҳам фикр мекард. Дар сари ӯ чунин фикрҳо чарх мезаданд: “Ба факултаву ихтисоси интихобкарда ва мехостаам нагузаштам ва маро тақдири кашидаи Худо ба факултаи филологияи тоҷик овард. Шукри ин тақдир мекунам, зеро хуб медонам, ки ҳатман дар ин кор ҳикмате ниҳон аст. Дуввум, ман ба факултети тарҷумонӣ дохил шуда натавонистам, вале ин маъноеро надорад, ки аз мақсаду нақшаҳоям даст кашида, вақтамро барои аз ёд кардани қоидаҳои исму сифату феъл сарф кунам. Дар ихтисоси мехостаам тақсил накарданам маънои ба пуррагӣ даст кашидан аз тарҷумониро надорад. Саввум, ман кӯшиш мекунам, ки дар ин чор соли таҳсил пеши худ 4 ҳадафи бузург гузошта, ҳар сол ба якеаш бирасам. Ҳадаф яъне касбе, шуғле ва ё пешаеро аз худ кардан аст. Чаҳорум, агар ман соли аввали таҳсил пурра ба омӯзиши забони немисӣ машғул шавам, маънои онро дорад, ки як забони хориҷиро, ҳамон забони хориҷиеро, ки тӯли чор соли донишгоҳ аз худ кардан мехостам, ёд гирифтам. Агар ман соли дуввуми таҳсиламро ба ёд гирифтани муҳимиятҳои технологияи муосир сарф кунам, ин маънои чанд қадам сӯйи пеш ҳаракат кардани маро дорад. Агар соли саввуми таҳсиламро ба омӯзиши муҳимиятҳои блогерӣ ва аудиторияи фазои маҷозӣ сарф кунам, ин маънои рушд ва пешрафти маро дорад. Агар соли чаҳоруми донишҷӯйиамро ба омӯхтани педагогика ё психология сарф кунам, ин маънои соҳиби касби иловагӣ шудани маро дорад. Дар маҷмуъ, метавонам бигӯям, ки дар чор соли таҳсил забондон, технологияи муосирро сарфаҳм мерафтагӣ, блогер ва психолог ё педагог мешавам ва ин ҳазор маротиба хуб аст бароям аз оне ки дар ихтисоси худам мегузаштам ва як чизро меомӯхтам. Ба фикрам ҳамин аст ҳикмати Худованд”.

Дар зиндагӣ ҳар кадоме аз мо метавонем Мардон ё Маъруф бошем ва ин пеш аз ҳама вобастагӣ дорад ба интихоби кардаамон.

Қазоват бар шумост!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here